Вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон ва таъсири пандемияи коронавирус ба он

01 Июн 2020, Душанбе

Ҷавобан ба буҳрони шадиди иқтисодӣ, ки онро бемории сроятии  коронавирус ба вуҷуд овард,  давлатҳои ҷаҳон чӣ гуна чораҳоро меандешанд?  Ба ҷомеаи ҷаҳонӣ,  хусусан ба кишварҳои рӯ ба инкишпф чӣ гуна кумакҳои иқтисодӣ лозим аст? Таъсири буҳрони иқтисодию молиявӣ ба шуғли аҳолӣ ва соҳаҳои муҳимми хоҷагии халқи кишвар чӣ гуна хоҳад буд? Чандест, ки ин савол ва саволҳои дигари муҳимми ба ин монанд  ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии моро ба ташвиш овардаанд.

Дар ҳоли ҳозир тадқиқи дақиқи тағйирёбии иқтидори иқтисодиёти  ҷаҳон кори ниҳоят мушкил аст. Ин ба он вобаста аст, ки эпидемияи коронавирус то кай  давом меёбад ва оқибатҳои он чӣ гуна хоҳанд буд.

Ба ҳар ҳол, дар ин мақола кушиш мекунем  масъалаи мазкур ва масоили дигари бо паҳншавии коронавирус вобастаро таҳлил кунем.

Имрӯз пандемияи коронавирус инсониятро ба тарсу ваҳм дучор намуда, бисёре аз соҳаҳои иқтисодиёти ҷаҳонро зараровар гардонида, ҳамаи кишварҳои дунёро зери таъсири манфии худ қарор додааст. Сироятёфтагони ин беморӣ дар ҷаҳон рӯз аз рӯз зиёд гардида, ба вазъи ноустувори равонии аҳолӣ таъсири манфӣ  мерасонанд, дар ин замина қобилияти кории онҳо паст мешавад, ки ин мушкилоти иқтисодиро боз ҳам печидатар гардонида, метавонад заминаи хатари асосиро барои сар задани буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ гузорад. Дар пасманзари ларзишҳое, ки имрӯз дар ҷаҳон рух медиҳанд, дар иқтисодиёт ва шароити бозори ҳамаи кишварҳо ва қитъаҳои алоҳидаи олам тағйироти ҷиддӣ ба амал омада истодаанд. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ низ омилҳои зуҳур ёфтани буҳроне, ки ба монанди пандемияи коронавирус рух медиҳанд, ҳамзамон ба чунин номутавозинии  иқтисодӣ, ҳамчун рессесия (таназзул) ва депрессия, оварда мерасонанд. Пас, таназзулро чашмдор будани ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан аз рӯи мантиқ аст.

Дар таърихи афкори иқтисодӣ олимону муҳаққиқони равияи илми иқтисодшиносӣ дар бораи сабабҳо ва механизми давраҳои иқтисодӣ ақидаву андешаҳои гуногуни худро баён намудаанд. То́мас Ро́берт Ма́лтус муаллифи назарияе мебошад, ки тибқи он афзоиши назоратнашавандаи аҳолӣ ба гуруснагӣ оварда мерасонад. Ба ақидаи ӯ афзоиши аҳолӣ дар шакли прогрессияи геометрӣ ва зиёдшавии воситаҳои рӯзгузаронӣ бошад, дар шакли прогрессияи арифметикӣ сурат мегирад. Ба ҳисоби миёна ҳар 25 сол вақте ки шумораи ахолӣ  дар шароити муосид ду баробар афзун мегардад, агар омилҳои дигари боздоранда мавҷуд набошанд, чунин номувофиқатӣ боиси ба миён омадани коллапси иҷтимоиву иқтисодӣ мегардад. 

Пайравони равияи дигари илми назарияи иқтисодӣ бо роҳбарии К.Маркс  зикр намудаанд, ки дар ҷомеаи капиталистии саноатӣ, ки дар он 3-4 фоизи аҳолии деҳот тамоми кишварро хӯронда метавонад, зиёдшавии нисбии аҳолӣ – барзиёдии қувваи корӣ, ки бар асари мухолифатҳои ҷамъиятию иқтисодӣ ба миён меояд, аз ҷумла, бекорӣ, коҳишёбии талабот, ихтисор шудани ҷойҳои корӣ, табақабандии иҷтимоӣ, авҷ гирифтани инҳисорот, метавонад бе афзоиши аҳолӣ низ пайдо шавад.

Олими маъруф Николай Кондратиев Консепсияеро тадқиқ ва таҳия намуда буд, ки то ҳол бисёр муҳаққиқон дар тадқиқоти худ онро ба таври васеъ истифода мебаранд. Тибқи мушоҳидаҳои Кондратиев Н. дар динамикаи дарозмуддати баъзе нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ҷараёни муайяни даврӣ мушоҳида карда мешавад, ки дар давоми он марҳилаҳои афзоиши нишондиҳандаҳои мувофиқ бо марҳилаҳои пастравии нисбии онҳо бо давраи хоси ин ҷунбишҳои дарозмуддат тақрибан дар 50 сол иваз мегарданд. Ҳамзамон, Ҷозеф Шумпетер дар паҳн кардани  ғояҳои Кондратиев Н., ки яке аз муҳимтарин шаклҳои татбиқи принсипҳои  истеҳсолоти саноатӣ мебошанд, саҳми асосӣ дошта, дар баробари давраҳои истеҳсолӣ шуғли 7-11 сола кашф намуда буд. Аксарияти  муҳаққиқон тағйирёбии мавҷҳоро ба рушди шаклҳои технологӣ нисбат медиҳанд.

Ҷиҳатҳои мусбат ва манфии назарияҳои мазкурро аз нуқтаи назари муосир баён намудан мумкин аст.

Бархе аз муҳаққиқон омори нодурусти муҳоҷиратро истифода бурда, механизмҳои худтанзимкунии шумораи инсониятро, ки гузариши демографиро ба вуҷуд меоранд,  ба инобат нагирифтаанд. Лекин дар замони зиндагии онҳо чунин падида танҳо дар шаҳрҳои калон, ки дар онҳо аҳолии кам зиндагӣ мекард, мушоҳида мегардид, ҳоло бошад,  аҳолии сайёра тамоми минтақаҳоро пурра, аз ҷумла кишварҳои рушдёбандаро низ, фаро гирифтааст. Ба андешаи олимон зичии аз ҳад зиёди аҳолӣ, камбизоатӣ, таваллудшавии кам ва фавти зиёд, шароити барои зиндагӣ номусоид, ҷазои табиат ба одамон барои афзоиши шиддатнок ва беандешона мебошад. Ҳамзамон, онҳо чунин меҳисобиданд, ки на ҷамъшавии сармоя ва на пешрафти илму техника маҳдуд будани захираҳои табииро ҷуброн карда наметавонанд.

Воқеан, бо назардошти афкори олимону муҳаққиқон ва  ҳодисаҳои гуногуни табиат, гуруснагӣ, хушксолӣ, бадбахтиҳои арзиву самоӣ, бозиҳои геополитикӣ, манфиатҷӯии бархе аз сиёсатмадорони ба манфиатҳои иқтисодию сиёсӣ рағбатдошта, ҷангу хунрезиҳо, ки  дар гузашти таърих хеле зиёд буданд ва ҳоло низ идома доранд, хусусан муноқишаҳои геополитикии солҳои охир сабабгори чунин ҳодисаҳои ғайричашмдошт, аз ҷумла ҷанги биологӣ ва бемориҳои сироятӣ гардида, оламиёнро ба ташвиш овардааст. Мутаассифона, имрӯз-дар ҳазорсолаи сеюм, ки ҷаҳон ба арсаи баланди рушд расида, технологияҳои пешрафта барои тавсеаи истеҳсолот ва ташаккули сохтори нави технологӣ, нанотехнология ва робототехнология имкониятҳои васеъ фароҳам овардаанд, инсоният дар мубориза бо ин вабои аср оҷиз мондааст ва бемории сироятӣ яке аз омилҳои зиёд талаф ёфтани насли одам гардидааст.

Доман паҳн кардани ин беморӣ ба иқтисодиёти кишварҳо низ хисороти зиёде расонда, боиси гусаста  шудани риштаҳои иқтисодӣ ва коҳиш ёфтани табодули молу маҳсулот гардидааст. Олимону коршиносони замони муосир пандемияи нави COVID - 19-ро ба буҳрони шадид, ки солҳои 30-юми асри XX рух дода буд, шабоҳат медиҳанд. Тибқи пешгӯиҳо пандемияи коронавирус бо камбизоат гаштани тақрибан 500 миллион нафар одамон дар саросари ҷаҳон таҳдид мекунад,  аз ин рӯ, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ин яке аз санҷишҳои вазнинтарини аср ба ҳисоб рафта,  дар солҳои 2021-2022 эҳтимолияти сар задани ресессия ва боздошти рушди босуръати иқтисодиёти ҷаҳонӣ вуҷуд дорад. Ҳамзамон, оқибатҳои он,  аз ҷумла талафоти инсонӣ ва тақдири тиҷорату савдои байналмилалӣ, ки дар кишварҳои аз пандемия зарардида мушоҳида мешаванд, барои тамоми давлатҳои дунё аз ҳолати чашмдор ҷиддитар хоҳанд буд. Ҷиҳатҳои  норавшани ин хатари ҷиддӣ хеле зиёданд, вале дар сурати амалӣ шудани сенарияи ресессияи шадид иқтисодиёти ҷаҳонӣ  боло рафтани  сатҳи коҳишёбиро нишон медиҳад, инчунин бӯҳрони иқтисодӣ нисбат ба бӯҳрони молиявии соли 2008 вазнинтар арзёбӣ мегардад. Пандемия метавонад як қатор кишварҳоро ба ҳолати он нишондодҳои камбизоатӣ, ки тақрибан се даҳсола пеш мушоҳида  шуда буданд, баргардонад ва сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар ҷаҳон аз нишондиҳандаи солҳои 1990 зиёдтар бошад. Ҳамзамон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бузургтарин суқути иқтисодии ҷаҳонро пас аз депрессияи бузурги солҳои 1929-1933 чунин пешгӯӣ мекунанд, ки оқибатҳои бадтарини иқтисодии бемории аср аз оқибатҳои буҳрони пас аз “Депрессияи бузург” вазнинтар хоҳанд буд ва ҳатто бо беҳтарин сенарияи соли 2021, танҳо қисман барқароршавии иқтисодиётро интизор шудан мумкин аст, аммо вазъ метавонад мушкил гашта, соли равон рушди иқтисодии ҷаҳонӣ ба ҳолати манфӣ расад.

Ҳамзамон, интизор меравад, ки соли 2022 дар муҳити глобалӣ  беҳбудии назаррас ба даст оварда мешавад ва рушди иқтисодӣ дар муқоиса бо соли 2020- 5,8 дарсадро ташкил хоҳад дод. Бо вуҷуди ин, назорати ҷиддӣ, барқарор кардани фаъолиятҳои иқтисодӣ ва шарти иҷрои ин дурнамо танҳо дар нимаи дуюми соли равон пайдо мегардад. Тибқи пешгӯӣ, коҳишёбии ММД дар минтақаи Аврупо -7,5%, дар Олмон - 7% ва дар Италия - 9,1% -ро ташкил хоҳад дод. Дар соли 2021 иқтисоди минтақаи Аврупо  метавонад 4,7%, Олмон - 5,2% рушд кунад. Соли равон коҳишёбии иқтисодиёти Русия 5,5%, Украина 7,7% ва  Беларус 6% пешбинӣ шудааст. Аммо, дар аввали соли оянда, иқтисодиёти ин кишварҳо низ рӯ ба беҳбудӣ меоранд: ММД дар Русия ва Беларус 3,5%, дар Украина - 3,6% афзоиш хоҳад ёфт.

Гарчанде, ки ҳоло бемории пандемия ба кишварҳои ҷаҳон таъсири  ҳамаҷонибаи худро расондааст, вале бояд ҳақиқати дарднокро қабул кард: айни замон ҷаҳон танҳо дар марҳилаи аввалини як қатор буҳронҳои оянда қарор дорад, ки бо ҳам алоқаманданд ва дар тамоми ҷаҳон таъсири онҳо эҳсос мегардад.        Марҳалаи аввал буҳрони низоми  тандурустии ҷаҳон буд. Марҳалаи навбатӣ - фалаҷ шудани иқтисодиёт дар миқёси ҷаҳон мебошад.

Кӯшиш менамоем якчанд оқибати муҳими  пандемияи коронавирусро барои иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва иқтисодиёти миллӣ баррасӣ намоем.

Тибқи таҳлили созмонҳои байналмилалӣ Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Хитой, ки кишвари пешсафи ҷаҳон ҳисобида мешавад, аз кишварҳои дигари дунё бештар зарар мебинад. Рушди иқтисодиёти калонтарини Осиё тибқи пешгӯиҳо дар соли ҷорӣ 4,9 фоизро ташкил мекунад. Ин нишондиҳанда аз нишондиҳандаи пешгӯишудаи  аввала  5,7 фоиз камтар мебошад ваба таври назаррас поён рафтани рушди иқтисодиёти Хитой метавонад ба таназзули иқтисоди ҷаҳонӣ оварда расонад, зеро Хитой солҳои охир 35-40 фоизи иқтисодиёти ҷаҳонро ташкил мекунад. Агар рушди иқтисодии Хитой ба таври назаррас суст шавад ё ҳатто ба таназзул афтад, пас иқтисодиёти BRICS дар Бразилия ва Россия, ки дар ҳолати таназзул қарор доранд, оқибат бисёр кишварҳои рӯ ба инкишоф низ ба онҳо пайравӣ хоҳанд кард. Ҳамзамон, агар  кишварҳои рӯ ба инкишоф ба ресессияи иқтисодӣ рӯ ба рӯ гарданд, танҳо иқтисодиёти кишварҳои пешрафта иқтисодиёти ҷаҳонро аз таназзул боздошта наметавонанд. Дар маҷмӯъ вазъи иқтисодӣ барои кишварҳои рӯ ба инкишоф ва бозорҳои рушдёбанда мушкил ба назар мерасад, зеро савдои ҷаҳонӣ ба онҳо вобастагии зиёд  дорад. Ҳамзамон, дар тули семоҳаи охир пай дар пай ва ба таври назаррас суст шудани  қурби пули миллии кишварҳои рӯ ба инкишоф ба кам ворид гардидани сармояи хусусӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар нимаи дуюми соли ҷорӣ сабаб мегардад.

Ҳамин тариқ, суст шудани иқтисодиёти кишварҳо, метавонад боиси афзоиши мушкилоти хизматрасонӣ, додани қарзҳо, муфлисшавӣ дар бахши молиявӣ ва сармоягузорӣ гардад. Коҳиш ёфтани  ҳаҷми маҷмӯи талаботи ҷаҳонӣ яке аз омилҳои асосии монеаэҷодкунандаи  тавсеаи сармоягузорӣ мебошад. Сатҳи ноустувори сармоягузорӣ дар навбати худ ба маҳсулнокии меҳнат ва музди меҳнат таъсир мерасонад, ки тамоюли коҳишёбӣ дорад. Дар натиҷа, дар шароити глобалӣ марҳалаи нави буҳрони молиявии ҷаҳонӣ иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишофро суст мекунад ва ин дар навбати худ, вазъи иқтисодиёти ҷаҳонро бадтар мегардоднад.

Барои афзоиш додани маҷмӯи талаботи ҷаҳонӣ, саъю кӯшишҳои ҳамгироии  кишварҳои пешрафта ва давлатҳои рӯ ба инкишоф заруранд. Бо мақсади барқарор намудани талаботи устувори ҷаҳонӣ ва самтҳои ояндаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ бояд нақшаи ҳамкорӣ барои ҳавасмандгардонии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва таъмини шуғли пурраи онҳо ба роҳ монда шавад, ки ин пеш аз ҳама барқароркунии маҷмӯи талаботи устувори ҷаҳонро тақозо мекунад. Имрӯз, вақте ки кишварҳои рӯ ба инкишоф дар вазъияти мураккаби иқтисодӣ қарор доранд, вазифа ва ташаббуси кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар ҳамоҳангсозии глобалӣ оиди бартараф кардани мушкилоти марҳалаи нави буҳрони ҷаҳонӣ боз ҳам ҷиддитар арзёбӣ мегардад.

Аз таҳлилҳои зикргардида аён мегардад, ки омилҳои асосии коҳиш ёфтани иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар айни замон инҳоянд: пастравии сатҳи истеҳсолот, коҳишёбии ҳаҷми савдои ҷаҳонӣ, кам гардидани ҳаҷми маҷмӯи талабот ва пешниҳод; таъсири манфӣ ба соҳаи хизматрасонӣ.

Ҳоло кӯшиш мекунем ба таври мухтасар сабабҳои пайдоиш  ва чораҳои бартарафсозии  онҳоро баррасӣ намоем.

Марҳалаи нави буҳрони ҷаҳонии молиявӣ. Имрӯз иқтисодиёти ҷаҳон дар марҳалаи нави буҳрони молиявии ҷаҳонӣ қарор дорад, ки коҳишёбии онро бо давраи миёнамуҳлати Жугляр ва доираи 6-уми Кондратиев Н. муқоиса кардан мумкин аст. Марҳилаи нави буҳрони молиявии ҷаҳонӣ барои кишварҳои рӯ ба инкишоф, муаммоҳои устувории қурби доллар ба коҳиш ёфтани қурби асъори миллӣ, паст шудани нархи моли содиротӣ ва қарзи зиёди ҷамъшудаи кишварҳо алоқаманд аст.

Коҳиш ёфтани ҳаҷми умумии савдои ҷаҳонӣ. Паст шудани суръати рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ якбора кам шудани маҷмӯи талаботи ҷаҳонӣ ва қатъ гардидани зинаҳои мавҷудаи тиҷоративу иқтисодиро ба миён овард, ки дар навбати худ боиси ба таври ҷиддӣ кам шудани   савдои ҷаҳонӣ гардид. Коҳишёбии савдои ҷаҳонӣ бошад, пеш аз ҳама ба иқтисодиёти кишварҳои рӯ ба инкишоф таҳдид мекунад ва соли равон савдои байналмилалӣ беш аз 13-32% коҳиш меёбад.

Норасоии маҷмӯи талаботи ҷаҳонӣ. Раванди тӯлонии коҳишёбии  маҷмӯи талаботи ҷаҳонӣ ба он вобаста аст, ки ҳиссаи музди меҳнат дар ММД-и кишварҳои пешрафта, инчунин кишварҳои рӯ ба инкишоф ихтисор шудааст, аз ин рӯ, даромади аксари мардум дар ҷаҳон кам гардидааст. То охири соли равон, кормандон метавонанд аз 860 миллиард то 3,4 триллион доллар даромади худро аз даст диҳанд, ки дар натиҷа қобилияти харидории аҳолӣ низ коҳиш меёбад. Бинобар ин, идомаи сиёсати ҷилавгирӣ аз афзоиши даромади меҳнат ва коҳиш додани хароҷоти давлатӣ вазъро бо нарасидани талабот ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар миқёси ҷаҳонӣ шиддатнок мегардонад.

Пастравии сатҳи истеҳсолот. Ин ҳолат сабаби асосии бекорӣ дар саросари ҷаҳон гардида, тақрибан 25 миллион нафар метавонанд ҷои кории худро аз даст диҳанд. Бо сабаби қисман аз фаъолият бозмондани корхонаҳо қобилияти корӣ ва вазъи иҷтимоии зиёда аз 2,7 миллиард нафар аҳолии қобили меҳнат дар тамоми ҷаҳон бад мегардад, ки онҳо 81 фоизи қувваи кории ҷаҳонро ташкил медиҳанд. СБМ якчанд сенарияи таъсири пандемияро ба динамикаи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ таҳия намуд, ки мувофиқи он аз 5,3 то 24,7 миллион нафар бекор мемонанд. Барои муқоиса чунин маълумотро овардан мумкин аст, ки дар давраи буҳрони ҷаҳонии солҳои 2008-2009 -22 миллион нафар ҷои кории худро аз даст дода буданд. Ин дар навбати худ ба соҳаи тиҷорат ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ зарба мезанад. Дар соҳаи истеҳсолот, аз 8,8 то 35 миллион нафар аҳолӣ ба камбизоатӣ дучор хоҳад шуд.

Бояд қайд намуд, ки барои коҳиш додани таъсири коронавирус ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарур аст, ки чораҳои воқеии иқтисодӣ андешида шаванд, чунки айни замон оқибатҳои камтарини он ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, мудофиа ва инфрасохтор низ таъсир расонида истодааст. Дар давоми ду соли оянда талафоти иқтисодиёти  ҷаҳон ба маблағи 5,5 триллион доллар мерасад, ки ин маблағ аз истеҳсоли солонаи мол ва хизматрасонӣ  дар Ҷопон зиёдтар аст. Тибқи пешгӯиҳо, таназзул дер давом нахоҳад кард ва бо сатҳи ҳавасмандкунии молиявӣ ва фискалӣ, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то  соли 2022 ба тамоюлоти пешазбуҳронӣ баргашта метавонад.

Ихтисоршавии бахши хизматрасонӣ. Соҳаи хизматрасонӣ аз эпидемияи сирояти коронавирус ва чораҳои мубориза бар зидди он бештар зарар дидааст, чунки коҳишёбии хароҷоти истеъмолӣ дар навбати худ ба савдои чакана, фаъолияти тарабхонаҳо ва соҳаи ҳавопаймоӣ низ таъсири манфӣ расондааст. Ҳамзамон, дар соҳаи хизматрасонӣ бештар соҳаҳои савдо, нақлиёт, туризм, варзиш,  хӯрокворӣ, истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, косметология ва бахши хизматрасонии зеҳнӣ зарари зиёд диданд.

Пастравии нархи нафт. Коҳиш ёфтани фаъолнокии истеҳсолӣ дар тамоми ҷаҳон боиси он гардид, ки талабот ба нафт кам шуда, дар натиҷа арзиши он поён рафт. Тибқи таҳлил пастравии нарх ҳанӯз дар ҳоле оғоз гардида буд, ки кишварҳои ОПЕК+ дар хусуси кам кардани истеҳсоли нафт ба созиш омада натавониста буданд.

Таъсири манфӣ ба низоми бозорҳои фондӣ ва кам шудани даромаднокии вомбаргҳо. Паҳншавии беморӣ ба фаъолияти сармоягузорон низ таъсири манфӣ расонд, ки он дар навбати худ сабаби паст рафтани нархи коғазҳои қиматнок дар бозорҳои молиявӣ  гардид. Ҳамзамон, он сабабгори кам шудани  даромаднокии вомбаргҳо гашта, фаъолияти сармоягузорон маъмулан ноустувор ва номуайян  шудааст. Даромаднокии вомбаргҳои амрикоӣ моҳи гузашта  аз  1 фоиз камтарро ташкил намуд,  ки пештар чунин ҳолат мушоҳида нашуда буд. Даромаднокии вомбаргҳои 10-сола то сатҳи пасттарини  таърихӣ поён фаромада, 0,3 фоизро ташкил намудааст. 

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои калонтарини иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб рафта,  даромади соҳаи мазкур то 5,7 триллион долларро ташкил мекунад. Дар соҳаи сайёҳӣ қариб 319 миллион нафар одамон ё тахминан 10 фоизи аҳолии коршоями сайёра фаъолият менамоянд. Илова бар ин, бисёр кишварҳо ба соҳаи сайёҳӣ  ба сифати  яке аз бахшҳои асосии  рушд ва даромад вобастаанд. Аз ин рӯ, муаммои наҷоти бахши сайёҳӣ бо мақсади пешгирии суқути фалокатбор, ки то 75 миллион ҷойи кориро зери хатар гузоштааст, ташвишовар гардидааст. Ҳамин тавр, ба таври ҷиддӣ маҳдуд шудани  соҳаи сайёҳӣ  сабаби фаъолият накардани тарабхонахо, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои ҳавоӣ ва ширкатҳои дигари нақлиётӣ гардиданд ва ба сайёҳии ҷаҳонӣ зарари калони молиявӣ расида, аз моҳи январи соли равон то инҷониб  даромадро ба маблағи миллардҳо доллар аз даст додааст.

Вобаста ба коҳиш додани оқибатҳои буҳрони молиявӣ дар кишварҳои рӯ ба инкишофи ҷаҳон чӣ гуна чораҳо андешида шуда истодаанд?

Ба ақидаи коршиносон кӯмак расондан дар мубориза бо паҳншавии бемории COVID-19 ва сабук кардани оқибатҳои манфии он ба кишварҳои рӯ ба инкишоф  бо пешниҳоди грантҳои молиявӣ  ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд. Бо ин мақсад созмони бонуфузи байналмилалӣ СММ ва ЮНКТАД стратегияро пешниҳод намуданд, ки он аз чор зина иборат мебошад ва ба шарофати он андешидани чораҳои мушаххас аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ имконпазир хоҳад гашт. Нақшаи амалиёт аз ҷудо намудани маблағ аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор ба андозаи як триллион доллари ИМА барои дастгирии молиявии кишварҳои рӯ ба инкишофи дорои иқтисодиёти осебпазир, барҳам додани қарзи ин кишварҳо ба маблағи як триллион доллари ИМА дар соли 2020, назорати нигоҳдории низоми молиявӣ, пардохтнопазирии дороиҳо ва пешгирии поён рафтани қурби асъор иборат мебошад.

Дар асоси таҳлилҳои болозикр ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки  умуман, ду воситае вуҷуд дорад, ки тавассути онҳо  садамоти  Covid-19  фишори молиявиро  ба кишварҳои рӯ ба инкишоф пурзӯр карда метавонанд.   

Воситаи якум – фишор овардан ба буҷети давлатӣ бо сабаби сар задани буҳрон дар соҳаи тандурустӣ. Масофаи иҷтимоие, ки барои қатъи паҳншавии сироятёбӣ заруранд, аллакай боиси бозистии иқтисодиёт дар аксар мамлакатҳои мутараққӣ ва рӯ ба инкишоф гардидааст. Аллакай якбораву ногаҳонӣ коҳиш ёфтани шуғли аҳолӣ мушоҳида мегардад. Дар ҳоле, ки кишварҳои мутараққӣ барои дастгирии низоми ҳифзи иҷтимоии худ  иқтидори маъмурӣ ва фазои молиявӣ  доранд ва даромади хусусиро ҳимоя мекунанд, якбора кам шудани даромад дар кишварҳои мутараққӣ дар баробари коҳиш ёфтани даромади буҷет амри мутлақо ногузир мебошад.  Фазои нисбатан маҳдуди молиявӣ ва низоми заифи тандурустӣ, имконияти давлатҳои рӯ ба инкишофро ба вокуниш маҳдуд сохта, доираи хатарнок ва ноилоҷро ташкил мекунанд, ки дар натиҷа  ҳифзи иқтисодию иҷтимоии аҳолии ин  кишварҳо дучори талафоти зиёди инсонӣ ва молиявӣ мегарданд. Бар замми ин, бо сабаби эҳтиёҷоти тез афзоянда ба воридоти молҳои махсусгардондашуда ва хизматрасонӣ, ҷиҳати раҳо ёфтан аз буҳрон дар  соҳаи тандурустӣ эҳтимол  меравад, ки маҳдудшавии тавозуни пардохтӣ шиддат ёбад.

Воситаи дуюм – савдои байналмилалӣ. Ҳатто пас аз баррасии масъалаи ҷорӣ намудани ҳавасмандкунии босамар дар ҳаҷми  1,4 трлн. доллар дар кишварҳои дорои иқтисодиёти пешрафта ва Хитой боздошти рушд то соли 2020 рӯй медиҳад.  Ин чунин маъно хоҳад дошт, ки талабот ба содирот дар кишварҳои дигари рӯ ба инкишоф бениҳоят кам мешавад. Коҳиш ёфтани  ҳаҷми содирот бо сабаби якбора паст рафтани нархи шомили неру ва ашёи хом, ки мисли пешин аксарияти молҳои содиршавандаи кишварҳои рӯ ба инкишофро ташкил мекунанд,  шиддат мегирад. Умуман, пешгӯӣ чунин аст, ки дар соли 2020 кишварҳои рӯ ба инкишоф дар умум (ба ғайр аз Хитой) тахминан 800 млрд. долларро дар шакли маблағи содиротӣ аз даст медиҳанд.  Чунин якбора коҳиш ёфтани воридоти асъории онҳо мушкилоти ба беқурбшавии асъор нисбат ба доллар вобастаро боз ҳам мураккаб мегардонад. Гарчанде ки воридот тибқи баъзе пешгӯиҳо  ба маблағи 575 млрд. доллар  кам мешавад, поёнравии умумии тавозуни савдо тахминан дар ҳаҷми 225 млрд. доллар ба талаботи онҳо дар соҳаи рушд, дигаргуниҳои нақшавӣ ва қобилияти неруғункунӣ ба ҳаҷми истеҳсолот ва идома додани иҷрои уҳдадориҳои берунаи молиявӣ бетаъсир нахоҳад буд. 

Дар соли 2020 иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар баробари аз даст додани триллионҳо доллари даромади ҷаҳонӣ дучори таназзул, яъне ресессия мегардад, ки он дар навбати худ барои кишварҳои рӯ ба инкишоф мушкилоти зиёдеро эҷод мекунад.  Бо сабаби бадшавии вазъи ҷаҳонӣ шадид гаштани маҳдудиятҳои фискалӣ ва асъорӣ дар назар аст. Мутобиқи арзёбӣ, кишварҳои рушдёбанда дар муддати якчанд сол бо дефитсити  молиявӣ дар ҳаҷми 2-3 триллион доллари ИМА дучор мегарданд. Пас аз се моҳи паҳншавии вирус  аксари кишварҳои рушдёбанда аллакай оқибатҳои иқтисодии онро, ба монанди кам гаштани сармоя, беқурбшавии асъори миллӣ  ва аз даст додани даромади содиротӣ, инчунин пастравии нархи ашё ва зарари аз боздоштани фаъолияти соҳаи сайёҳӣ ба миёномадаро эҳсос намуданд. Ҳамаи ин омилҳо дар оянда бо миқёси калонтарин ба кишварҳои рушдёбанда таъсири хуро расонда, ноил шуданро ба рушди устувор кашол медиҳанд. Пандемияи COVID-19 метавонад дар аксари ин кишварҳо боиси талафоти калони инсонӣ,  молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гардад. Лекин, вобаста ба ин, имконияти дубора баррасӣ намудани афзалиятҳо дар сиёсати фискалӣ ва иқтисодӣ, афзун намудани маблағгузорӣ ва беҳбуд бахшидан ба  соҳаи тандурустию таъминоти иҷтимоӣ  пайдо мешавад.   

Ҳамин тариқ, пандемияи коронавирус  дар ин ду соли наздик ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ зарар мерасонад. Тахмин меравад, ки ин коҳишёбӣ  кӯтоҳмуддат хоҳад буд, лекин пас аз он, ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои барқароршавӣ вақти зиёд лозим мешавад. Новобаста ба ҳавасмандгардонии монетарию фискалӣ, ки кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон амалӣ мекунанд, танҳо дар соли 2022 то ба  ҳадди пешазбуҳронӣ расидани ММД-и ҷаҳонӣ, ба гумон аст.

Оқибатҳои пандемияи коронавирус барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна хоҳанд буд?

Сарфи назар аз душвориҳои вазъи имрӯза, кишварҳои ҷаҳон барои пешгирии таназзули иқтисодиёт ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани суръати рушди иқтисодиёти худ чораҳои ҷиддӣ андешида истодаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пешгирӣ аз паҳншавии ин бемории сироятӣ ва ҳифзи солимии аҳолии кишвар, суботи молиявии кишвар, дастгирии корхонаҳо, таҳким бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазири аҳолии кишвар ва  зиёд намудани хароҷот ба соҳаи тандурустӣ ҳамаи имкониятҳоро васеъ истифода бурда истодааст.

Мувофиқан рушди иқтисоди миллӣ дар заминаи пандемияи муосири COVID-19 ва таъсири он ба муҳити микро- ва макроиқтисодӣ, инчунин вазъи амнияти озуқаворӣ ва иқтисодии кишвар тағйир ёфта, дар семоҳаи якуми соли 2020 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат 7,0 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 банди фоизӣ кам мебошад ва суръати рушди соҳаҳои кишоварзӣ 1, 5 банди фоиз, сохтмон 18,0 банди фоиз, савдо 3,1 банди фоиз, гардиши бор 1, 9 банди фоиз, хизматрасонии меҳмонхонаю тарабхонаҳо 2,3 банди фоиз коҳиш ёфтааст. Сатҳи таваррум (индекси нархҳои истеъмолӣ) дар моҳи марти соли 2020 назар ба моҳи феврали соли гузашта 1, 6 фоиз зиёд гардидааст. Айни замон бошад, тибқи пешгӯиҳо коҳиш ёфтани иқтисодиёти Тоҷикистон дар соли равон то 2 фоиз шудани касри умумии буҷет эҳтимол дорад.

Ҳамзамон, дар баробари ҷой доштани омилҳои таъсиррасони дохилӣ, инчунин омилҳои беруна, аз қабили паҳншавии пандемияи короновирус дар як қатор давлатҳои шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки низоми савдои хориҷии кишвар бо онҳо дар самти воридот ва содирот коҳиш ёфтааст, ба рушди нишондиҳандаҳои иқтисоди миллӣ таъсири худро расонда истодааст: аз ҷумла, баста шудани сарҳад бо як қатор давлатҳои асосии шарики тиҷоратии кишварамон, ки низоми савдои хориҷӣ дар самти воридот ва содирот бо онҳо қатъ гардидааст (Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Италия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон); коҳиш ёфтани сармоягузории хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз ҷумла хизматрасонии молиявӣ, алоқа, сохтмон, ҷустуҷӯи геологӣ ва истихроҷ, истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ ва газ ва соҳаи кишоварзӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва грантӣ дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъмин карда мешаванд (ҳамагӣ 87,6 фоиз таъмин гардида, 72,3 млн. сомонӣ ворид нагардидааст),  кам гардидани даромади корхонаҳои азими давлатӣ бо сабаби дар сатҳи нокифоя фаъолият намудани онҳо ва дар бозори ҷаҳонӣ паст шудани нархи баъзе аз намудҳои моли ба содирот нигаронидашуда, паст шудани қобилияти андозсупории як қатор корхонаҳои соҳаи саноатӣ, коҳиш ёфтани мусофиркашонӣ  боиси кам гардидани маблағҳои ҳисобшуда ва пардохтшудаи фурудгоҳҳои байналмиллалӣ,  коҳиш ёфтани маблағҳои ҳисобшуда ва пардохтшудаи бонкҳо ва паст гардидани даромаднокии онҳо аз ҳисоби бад шудани вазъи молиявии қарзгирандагон ва кам шудани шумораи коргарон дар корхонаю ташкилотҳо дар бахши хизматрасонӣ.

Ҳамзамон паҳншавии пандемияи коронавирус ба коҳишёбии интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ, кам гардидани гардиши савдои хориҷӣ аз давлатҳои алоҳида, паст шудани қурби асъори миллӣ, коҳиш ёфтани хизматрасонӣ, пурра фаъолият накардани баъзе корхонаҳои саноатӣ ва бонкҳо, ҳамзамон коҳиш ёфтани қобилияти харидории шаҳрвандон таъсири худро расонда, хатари  зарари молиявӣ ба соҳаи иқтисодиёти кишвар ва дар маҷмуъ хавфи иҷро нагардидани нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар соли 2020 вуҷуд дорад.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии беморӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин барои таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо озуқаворӣ, воситаҳои ҳифзкунанда ва маводи доруворӣ аз ҳисоби Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 11,3 млн сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо карда шуд. Дар баробари ин, бо мақсади ҷалби маблағи иловагӣ ба соҳаи тандурустии кишвар 3 апрели соли 2020 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии рушд Созишнома оид ба татбиқи «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат бо вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» ба маблағи 11,3 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонда шуд.

 Адиби машҳур Муҳаммади Ҳиҷозӣ дар осори гаронбаҳои худ “Ҳазорсухан” ишораи хубе дорад, ки ба ҷаҳони имрӯзаи пуртаззод алоқамандӣ дорад: “Он қадар аз нури офтоб баҳра бояд гирифт, то он дар зулмоту сардиҳо ба мо кор диҳад”.Ҳикмати ин гуфтаҳо борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидааст. Ин сиёсатмадори беназир, покизаназар ва дурбин ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо назардошти таъсири  равандҳои геополитикӣ ҷомеаи кишварро таъкид намуда буданд, барои захира кардани маводи ғизоии аввалия, хусусан ғалла барои ду сол кушиш кунанд. Ба хотири пешниҳоди бунёдии худ 75 ҳазор гектар заминҳои обиро ба сокинон тақсим намуданд, ки ин заминҳо то ҳол чун заминҳои “президентӣ” маъруфият доранд. Аммо каме каммасулиятии  солҳои охир ба он оварда расон, ки аксари ин заминҳо ба чарогоҳҳо табдил ёфта, бештаре аз истифодабарандагон беаҳамиятӣ зоҳир намуданд.  Натиҷаи ин ба истилоҳ  “сер” шудани мо ба он оварда расонд, ки  имрӯз камбудии ғалла ва гароншавии орд бинобар паҳн шудани бемории короновирус эҳсос гардид. Яъне, на ҳар хонавода захираи ғалларо таъмин карда тавонист. Яке аз омилҳои боло рафтани нархи орд низ ба ин вобастагии калон дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол зиёда аз 1 миллион тонна ғалла истеъмол мекунад, 60 фоизи он истеҳсоли дохилӣ буда, 40 фоизи он воридот карда мешавад ва айни замон товони таъмини пурраи аҳолиро бо ин ғизои аввалия надорад. Ба ҷумҳурӣ ғалла бештар аз Қазоқистон ворид мегардад ва ин ҳамсоякишвар низ айни ҳол содироти ғалларо ба дигар кишварҳо муваққатан манъ намудааст. 

Кишвари мо дар истеҳсоли пахта дар минтақа пас аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойи дуюмро ишғол мекунад ва ҳар сол то 350 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда мешавад, аммо ҳанӯз моҳҳои октябр - ноябри соли гузашта нархи он дар биржаи ҷаҳонӣ  коҳиш ёфт. Бо таъсири ин беморӣ ҳамон нархи арзон ҳам, ки 1527 доллар барои ҳар тонна арзиш дошт то 1210 доллар поён рафт. Мутаассифона, на ҳар хоҷагии деҳқонӣ тавонист маҳсулоти худро ба бозор барорад. Гузашта аз ин, дар мавсими нави кишт деҳқонон бо руҳияи начандон болида ба кори кишоварзӣ даст мезананд. Зеро гарон шудани нархи нуриҳои минералӣ, ки аксар аз хориҷи кишвар ворид мешуданд, хароҷотро зиёд мекарданд. Агар пештар як халта нурии минералӣ 130 – 150 сомонӣ арзиш дошта бошад, ҳоло нархи он ба 170 – 200 сомонӣ расидааст.  Дар ин росто бо мақсади дастгирии маҳсулоти истеҳсолкунандаи ватанӣ тақвияти коргоҳҳои истеҳсолӣ, хоса саноати сабук, истифодаи матои пахтагин ва эҳёи  хонакорӣ бо ҷалби занону бонувон ҳам барои фароҳам овардани ҷойи корӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли моли ватанӣ ба манфиати кор аст. 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо истеҳсол ва нигаҳдории меваи шаҳдбор дар минтақа ном баровардааст, ҳар сол то 100 ҳазор тонна меваро ба хориҷи кишвар содир менамояд. Имсол бошад, соҳа ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гардида истодааст, зеро баста шудани роҳҳо имконият намедиҳад, ки захираҳои мавҷуда интиқол ёбанд,  дар натиҷа ҳаҷми содирот коҳиш меёбад. Гузашта аз ин, сард омадани ҳаво дар миёнаи моҳи апрел ба боғоти зиёди минтақаи Зарафшон ва водии Фарғона зарари калон расонд. Ин омил низ дар  рушди соҳа бетаъсир нахоҳад буд. Деҳқонони чашмикордони мо бо вуҷуди 162 ҳазор тоннаю 578 килограмм зиёд истеҳсол кардани картошка натавонистанд кишварамонро бо нони дуюм таъмин кунанд. Якбора то 15 сомонӣ расидани нархи ин намуди сабзавот бори дигар собит сохт, ки дар кишвар ҳанӯз картошкапарварӣ дар ҳаҷми зарурии талаботи мардум ба роҳ монда нашудааст. Дар натиҷаи воридоти беш аз 80 ҳазор тонна картошка ба ҷумҳурӣ ва ташкил кардани кишти барвақтии он имрӯз нархи он каме ба эътидол омада истодааст. Ҳамзамон, баҳри иҷрои супориши Роҳбари давлат оид ба таъмин намудани ҳадафи стратегии мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани майдони кишти картошка, босамар истифода бурдани замин, рӯёндани се-чор ҳосил аз замин, таъминот бо тухмии хушсифат ва сафарбар намудани кишоварзон барои дар муҳлати муносиб  анҷом додани кишт чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Инҳо омилҳои калидиеро ҳастанд, ки ба носозгории иқтисодиёт таъсир мерасонанд, бинобар ин таҳлили масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ дар айни замон барои кишварамон масъалаи муҳими ҳалталаб ба ҳисоб меравад, чунки вобастагии коҳиши амнияти озуқаворӣ ба афзоиши бекорӣ ва баланд гардидани сатҳи камбизоатиро асоснок месозад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи канданиҳои фоиданок дар Осиё яке аз сафи пеш ҷой гирифтааст.  Дар қаламрави вилояти Суғд зиёда аз 214 кони бойтарини захираи табиӣ мавҷуд аст. Бо сабаби  пурра фаъолият накардани корхонаҳои муштарак дар ин самт ва баста шудани роҳҳо ба буҷети кишвар зарари молиявӣ расида истодааст.

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми иқтисодиёти миллӣ мебошад ва маълум гардид, ки маҳз ҳамин соҳа ба эпидемияи коронавирус аз ҳама осебпазир аст. Тавре медонем, дар баробари солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021 соли гузашта наздики як миллион сайёҳ ба кишвари мо омада буданд, имсол бошад,  вазъи соҳаи мазкур  ташвишовар гаштааст. Тибқи тадқиқоти соли 2019 анҷомдодашуда  рушди сайёҳӣ назар ба соли пешин 20 фоиз бештар гардидааст. Дар ин радиф бояд ҳамоҳангсозии талошҳоро барои наҷот додани ширкатҳои сайёҳии кишвар, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои технологӣ, агентиҳои сайёҳӣ,  тарабхонаҳо, кормандони мустақили сайёҳӣ ва тамоми зинаҳо захираҳо барои нигоҳ доштани садҳо ҷойҳои корӣ, ки ба бахши сайёҳӣ ҳамчун манбаи воситаи зиндагӣ вобастаанд, истифода бурда шаванд.

Дар вазъияти бамиёномада  бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии миллӣ - саноатонии босуръати кишвар, мусоидат ба рушди содирот, рақобатпазир гардондани молу маҳсулоти ватанфӣ дар бозори ҷаҳонӣ оид ба татбиқи чораҳои зиддибуҳронӣ дар маҷмуъ, Ҳукумати кишвар якчанд бастаҳоро баҳри дастгирии иқтисодиёти миллӣ татбиқ намуда истодааст. Маҷмӯи аввали чораҳо ба пешниҳоди намудҳои мухталифи батаъхирандозии пардохтҳо, андоз, қарз, мавқуф гузоштани иҷораи амвол, инчунин мутобиқсозии қонунгузорӣ оид ба кор дар шароити кунунӣ нигаронида шуда буд. Маҷмӯи дуввум ба пешниҳоди чораҳои дастгирии молиявӣ ва тавсеаи барномаҳои қарзии қабулшуда равона гардидааст. Ҳамин тариқ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пандемия ба иқтисодиёти миллӣ ба як қатор омилҳо таъсири мустақим ва ғайримустақим дорад. Ба ин омилҳои иқтисоди миллӣ коҳишёбии гардиши савдо, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, соҳаи хизматрасонӣ, ки боиси афзоиши бекорӣ мегарданд, бештар вобастагӣ доранд. Омилҳое, ки таъсири мустақим доранд, коҳиш ёфтани даромади хонаводаҳо ва кам гардидани қобилияти пардохтпазирии аҳолиро дар бар мегиранд. Омилҳои бавосита дар афзоиши пардохтҳои иҷтимоӣ, кам шудани андозҳо ва пур нагардидани қисми даромади буҷет вобаста мебошад.

Бинобар ин, Ҳукумати кишвар айни замон ҳамаи чораҳои фавриро барои қонеъ намудани талаботи маблағгузории тавозуни пардохт ва буҷет, барои пешгирӣ намудани номуътадилии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ҳамзамон нигоҳ доштани имкониятҳои буҷет баҳри хароҷоти зарурӣ ба соҳаи тандурустӣ ва талаботи иҷтимоӣ равона намудааст.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки ҳатто кишварҳои абарқудрати олам натавонистанд пеши роҳи гирифторшавии шаҳрвандони хешро аз ин сироят бигиранд. Вазъи баамаломада моро ҳушдор медиҳад, ки ба саломатии худ, аҳли оила диққати аввалиндараҷа дода, тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагиро дар хона, корхона ва ҷойҳои дигари ҷамъиятӣ қатъиян риоя намоем. Ҳамзамон, аз ҳамаи мардум, аз ҷумла соҳибкорони ватандӯсти тоҷик, даъват менамоем, ки ба тарсу ҳарос ва таҳлука роҳ надода, ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накунанд. Дар вазъияти имрӯза мо бояд ҳисси баланди ватандӯстӣ, нангу номус ва меҳру шафқати худро нишон дода, дар атрофи Роҳбари давлат бошем.

Итминони комил дорем, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин таҳти роҳнамоии Пешвои муаззами миллат, амалҳои неку хирадмандонаи мардуми Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба ин вабои аср пирӯз хоҳем шуд.

 

Гулбаҳор Назирӣ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини Раиси Фраксияи ҲХДТ

Илова кунед