Иродаи қавӣ ва рӯҳияи хастагинопазир

03 Июн 2020, Чоршанбе

Маҳз дар ин замина метавон бо коронавирус муборизаи беамон бурд
Зуҳури коронавирус инсониятро бо имтиҳони хеле ҷиддӣ мувоҷеҳ кард. Ин беморӣ, ки терроризм бо вуҷуди даҳшатафканӣ дар пасманзараш қарор гирифтааст, моро ҳушдор дод, ки танҳо бо иродаи қавӣ, рӯҳияи шикастнопазир ва муттаҳидӣ метавонем, муқобили он истодагарӣ намоем, муборизаи беамон барем ва ғолиб оем.
Хотиррасон мешавам, ки аз моҳи декабри соли гузашта бемории сироятии коронавирус аввал дар кишварҳои алоҳида ва дар як муддати кӯтоҳ дар тамоми сайёра паҳн гардида, сокинони дунёро ваҳшатзада кард. Арзандаи арҷгузорӣ аст, ки сохторҳои зиддахл зери васояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз марҳилаи аввали зуҳури бемории мавриди назар бетаъхир тадбир андешиданд. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки барои табобати беморон ва гирифтани пеши роҳи паҳншавии вирус тамоми имконият сафарбар шуда, ин раванд зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар чунин вазъият вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон равобитро бо интихобкунандагон беш аз пеш тавсеа бахшиданд. Дар ин бобат далелҳои зиёд мавҷуданд, вале бо овардани чанде аз онҳо иктифо мекунем: Вакилон бо истифода аз васоили замонавӣ мунтазам бо интихобкунандагон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тамос барқарор карданд. Сониян, роҳбарияти Маҷлиси намояндагон ва аксари вакилон дар доираи имконият интихобкунандагонро бо озуқаворӣ, ниқоб, маҳлулҳои пешгирикунанда таъмин карданд. Ибтикори дар ин марҳила амалинамудаи намояндагони мардум дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат далели бебаҳси он аст, ки онҳо баҳри рафъи мушкилоти мардум меандешанд ва барои беҳбуд ёфтани вазъият кӯшиш мекунанд.
Хурсандиовар аст, ки дар заминаи тадбирандешиҳои бетаъхир дар ҷумҳурӣ гирифторшавӣ ба коронавирус тамоюли коҳишёбӣ дошта, шифоёбии беморон афзоиш касб намудааст. Ҳолати мавҷуда бори дигар собит намуд, ки агар мо бовар дошта бошем бо донишу таҷриба ва маҳорату малакаи хеш аз ин вазъият раҳо мешавем. Вазъияти бамиёномада вежагиҳои фарҳанги мардуми тоҷикро ба маъраз гузошт. Сабру таҳаммулро пеша кардан, ба воҳимаву таҳлука дода нашудан ва дар лаҳзаҳои душвор дар паҳлуи якдигар будан, аз ҳамон ҷумла аст.
Дар ин замина, бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат дасти якдигарро гирифтем, кумаку ғамхорӣ ба ятимону маъюбон, шахсони ниёзманду бесаробон ва оилаҳои камбизоатро тавсеа бахшидем. Муҳим он аст, ки дар ин кори хайр соҳибкорони бонангу номус ва дигар шахсони ватандӯсту саховатманд пешсаф буданд.
Коронавирус моро ҳушдор дод, ки саломатии ҳар як инсон дар дасти худи ӯст ва ба риояи талаботи беҳдоштӣ вобаста мебошад. Ҳарчанд баъзеҳо дар борааш бисёр муҳобот мекунанду аксар маврид воҳимаро ба иғроқ мерасонанд, вале собит гардидааст, ки беморӣ бевосита аз одам ба одам мегузарад. Ба ибораи дигар, сирояткунанда ё интиқолдиҳандаи вирус танҳо инсон маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, риояи тозагӣ ва қоидаҳои беҳдошти шахсӣ дар ин раванд бояд ҳатмӣ бошад.
Аз он бояд ёдовар шавем, ки бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда барои аҳолӣ ҳаҷми зарурии маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву доруворӣ захира шуд. Муҳимтар аз ҳама, фаъолияти муназзами бозору марказҳои савдо, беморхонаву дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ таъмин ва зери назорати Ситоди доимамалкунанда қарор гирифт.
Беморхонаҳо ва дармонгоҳҳои кишвар бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, табибон ва ҳамшираҳои шафқат омода ҳастанд, ки ба ҳар як муроҷиаткунанда сари вақт кумаки аввалия расонанд ва маслиҳати зарурӣ диҳанд. Илова бар ин, табибони оилавӣ вазифадор шудаанд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон ба хонаҳо рафта, ба онҳо ёрии амалӣ расонанд. Бо супориши Пешвои миллат роҳбарияти шаҳру навоҳии кишвар тамоми имконияту захираро сафарбар сохтанд, то барои шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам бошад. Ҳолати кунунӣ шаҳодати он аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин лаҳзаҳои барои халқамон душвор шабу рӯз бо мардуми шарифи Тоҷикистон ва дар фикри ҳар як фарди Ватан ҳастанд ва ба хотири ҳифзи саломативу ҳаёти сокинони кишвар ҳама тадбирро андешида истодаанд.
Ҷои баҳс нест, ки дар давоми рӯзҳои охир теъдоди онҳое, ки ба бемории мазкур гирифтор шуданд, афзуд, вале дар ин баробар шумораи офиятёфтагон низ кам нест.
Мутаассифона, бо сарфи назар шудани ин ҷанба (манзур шифоёбии беморон аст) дар зеҳни як идда андешае шакл гирифтааст, ки коронавирус табобатнашаванда аст. Ҳол он ки чунин нест.
Шоҳид ҳастем, ки пизишкон ҳамчун ворисони арзандаи Синои бузургвор дар хизмати халқи тоҷик қарордошта ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона муборизаи беамон бурда истодаанд. Ин амали неки онҳо моҳиятан қаҳрамонист ва табиист, ки ҳар аъмоли наку подош хоҳад дошт.
Дар Паёми табрикӣ бахшида ба Иди Ғалаба Пешвои миллат зикр карданд, ки «мардуми мо рӯзҳои аз ин ҳам сахттарро борҳо аз сар гузаронидаанд ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо мушкилоти имрӯзаро низ бо сабру тамкин, иродаи мустаҳкам ва сарҷамъу аҳлона сипарӣ мекунем. Мо бояд ба ояндаи неки худамон, фарзандонамон ва Тоҷикистони маҳбубамон умеди қавӣ дошта бошем».
Ин суханони пурҳикмату рӯҳбаландкунанда, ибтикори қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиши Роҳбари мамлакат дар робита ба пешгирии коронавирус, табобати гирифторони ин беморӣ ва дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд эътимоди моро ба фардои дурахшон афзун кард.
Биноан сокинони кишварро даъват мекунам, ки ба ҳар гуна овозаву хабарҳои дурӯғу ғаразнок бовар накунанд, босабру таҳаммул бошанд ва умеди қавӣ дошта бошанд, ки мо дар муддати кӯтоҳ бо саъю кӯшиши муштарак аз ин вабои аср раҳо меёбем.


Ғиёсиддин Шарифзода,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед