Созишномаҳо ба тасвиб расиданд

18 Ноябр 2022, Ҷумъа

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар оғози иҷлосия вакилон Созишнома оид ба масъалаҳои тобеияти ҳуқуқӣ ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба парвандаҳои марбут ба будубоши муваққатии ҷузъу томҳои қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро ба тасвиб расониданд.
Зимни баррасии Созишномаи мазкур таъкид карда шуд, ки Созишномаи мазкур аз дебоча ва 22 модда иборат буда, бо мақсади зарурати ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои тобеияти ҳуқуқӣ ба парвандаҳои марбут ба будубоши муваққатии ҷузъу томҳои қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои ҳамин  Созмон имзо гардидааст.
Дар моддаҳои  1-6 мафҳумҳои асосии истифодашаванда ва мақсади Созишномаи мазкур, мақомоти ваколатдори Тарафҳо ва ҳамкории онҳо, истифодаи забон дар муносибати мақомоти ваколатдори Тарафҳо, инчунин тобеияти ҳуқуқӣ ва таъқиби ҷиноятии шахсон мутобиқи қонунгузории миллии Тарафҳо муайян гардидаанд.
Дар иҷлосия ҳамчунин Созишнома оид ба таъминоти муштараки моддиву техникӣ ва тиббии Қӯшунҳои (Қувваҳои дастаҷамъонаи) Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба фаъолияти сулҳоваронаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6 октябри соли 2007,  Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон,  Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба мубодила ва ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфӣ ба тасвиб расида, аз рӯи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ, муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Муҳаммад, вакилони мардумӣ Азимзода Толибхон, Одинаев Ҳаёт, Одиназода Ҳуснигул, Ғаффорзода Абдуҳалим, Латифзода Рустам, Матробиён Саодатшо,  Исмоилиён Комрон, Раҳматзода Рустам баррасӣ намуданд.










Илова кунед