Минбаъд 6 май ҳамчун « Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ» муайян карда мешавад.
23 Ноябр 2022, ЧоршанбеИмрӯз таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар оғози иҷлосия вакилон лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюмро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26 апрели соли 2013 ва дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2019 таҳия гардидааст.
Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонпешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои якум, дуюм ва сеюм ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад.
Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» мавриди баҳрабардории вакилони мардумӣ қарор гирифт.
Таъкид карда шуд, ки мувофиқи лоиҳаи Қонуни пешниҳодшуда ба моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати бисту чорум илова гардида, тибқи он минбаъд 6 май ҳамчун « Рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ» муайян карда мешавад.
Дар ин замина, муайян намудани рӯзи кормандони соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ имконият фароҳам меорад, то даҳҳо ҳазор кормандони соҳаҳои касбу кори гуногун, ки бевосита бо маълумоти дорои сирри давлатӣ сару кор доранд, рӯзи касбиро ҷашн гирифта, дар ҳошияи он ҳамасола масъалаҳои мубрами соҳаи мазкурро баррасӣ ва ҳал намоянд.
Ёдовар мешавем, ки масъалаҳои баррасишавандаро ба вакилони мардумӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан, сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам, Раиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломтӣ Сумангул Тағойзода, вакилони Маҷлиси намояндагон Маҷидзода Сарвиноз, Солеҳа Холмаҳмадзода, Толибхон Азимзода, Сураё Дустмуродзода баррасӣ намуданд.