Парчам - намоди ғурур ва амнияти миллӣ

23 Ноябр 2022, Чоршанбе

Парчамҳои мутавофити кишварҳои дунё  нишона аз он ҳастанд, ки  одамон  ба ин ё он ҷомеа, сарзамин ё миллат тааллуқ доранд ва соҳиби ақоид, аҳдоф, қавонин ва муқаррароти муштарак мебошанд. Парчам ва парчамдорӣ яке аз суннатҳои қадимии давлатдорӣ буда, таърихи  хеле  ғанӣ ва беш аз даҳҳазорсола дорад. Тақрибан 195 кишвари мустақил дар дунё арзи вуҷуд дорад, ки ҳар кадом аз ин кишварҳо дорои парчами хос бо намоду рангҳои махсус аст. Паси ҳар як парчами кишвар як достоне ниҳон аст ва рангҳову намодҳо фарҳанги ҳар миллатро ба намоиш мегузорад. Парчамҳо рамзҳои миллӣ буда, дар нигоҳи аввал парчами ҳар кишвар таркибе аз ду ё се ранг ва тарҳҳои мутафовит аст ва гоҳе ҳам аломат ё шиор дорад. Аммо дақиқтар,  ки менигарем, ин парчамҳо баёнгари таърихи муборизот ва арзишҳои як миллат ва қавме мебошад.
Парчам намоди ғурур ва амнияти миллӣ аст. Илми мутолиаи парчамҳоро Ваксилологӣ (Vexillology) ном мебаранд. Аз вожаи лотинӣ Ваксилиум ба маънои парчам  гирифта шудааст.
Вожаи флаг (flag) дар забони англисӣ ва русӣ аз забони қадимии саксонҳо флакен (fflaken) гирифта шудаву ба маънои парвоз ё шиновар будан дар ҳаво ишора дорад. Интихоби ранги мавриди истифода дар тарҳи як парчам тасодуфӣ нест. Ҳар кадом аз рангҳои парчамҳо рамзе дорад, ки баъзе аз онҳоро инҷо қайд хоҳем кард:

Сафед: намоде аз сулҳ ва садоқат;
Сурх: рамзе аз шуҷоат, қудрат ва далерӣ;
Сабз: намоде аз умед, сарсабзӣ, ишқ;
Зард: намоде аз бахшандагӣ;
Обӣ: рамзе аз ҳушёрӣ, вафодорӣ ва адолат;
Сиёҳ: намоде аз иродаву азм, ағлаб бозтобӣ аз мероси қавми як миллат.

Тибқи омӯзиши илми мазкур оид ба парчамдории миллати мо далелҳои таърихии зиёд мавҷуданд, зеро нахустин парчамҳо дар Эронзамини бостонӣ, Чин ва Мисри қадим ба вуҷуд омадаанд. Парчамро мардуми форснажод «дирафш» меномиданд ва аввалин дирафше, ки мо ба василаи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома » аз таърихи он огаҳем, Дирафши Ковиёнӣ ё худ Дирафши Кова  аст. Дирафши ковиёнӣ нахустин ишора дар таърихи асотири тоҷик аст, ки парчам ба қиёми Коваи оҳангар алайҳи зулм ва ситами  аждаҳои Заҳҳок ба вуҷуд омадааст. Дар он ҳангом Кова барои он ки мардумро алайҳи Заҳҳок бишӯронад, пешбанди чармии худро бар сари чӯбе кард ва онро боло гирифт, то мардум гирди ӯ ҷамъ шуданд. Сипас кохи фармонравои хунхорро дар ҳам кӯбид ва Фаридунро бар тахт нишонд. Фаридун низ пас аз он фармон дод, то чарми пешбанди Коваро бо дебоҳои зард, сурх ва бунафш оростанд ва дар ӯ гуҳар афзуданд, онро дирафши шоҳӣ хонданд ва бадин сон дирафши ковиёнӣ падид омад.
 
Биёрост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.
Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дурафш».
 
Бадон нахустин парчамҳои давлати тоҷикон аз рангҳои парчами ковиёнӣ ранг мегирифт. Дирафши ковиёнӣ сирф афсонавӣ набуда ва ба истиноди таърих то пеш аз ҳамлаи тозиён ба Эрон, ба вижа дар замони Сосониён ва Ҳахоманишиён Парчами миллӣ ва низомии мардуми форсро  дирафши ковиён мегуфтанд. Муҳаммад Ҷарири Табарӣ дар китоби худ “Таърихир русули валмулук ” менависад: “дирафши Ковиёнӣ аз пӯсти паланг дуруст шуда, ба дарозии дувоздаҳ арш, ки агар ҳар аршро фосилаи байни ангӯштони даст то баногоҳи оринҷ аст, 60 сантиметр ба ҳисоб оварем, тақрибан панҷ метр арз ва ҳафт метр тӯл мешавад” .
Дар замони Сосониён ин дирафш бо он тағйир меёфт, ки ҳар подшоҳ ба сари қудрат мерасид, теъдоди ҷавоҳирро зиёд менамуд ва аз пӯсти шер ё паланг дуруст мекард. Ривояте ҳаст, ки ба ҳангоми ҳамлаи аъроб ба Ирон, ҷанге дар атрофи шаҳри Наҳованд  даргирифт, дирафши ковиён ба дасти онон афтод ва чун онро назди Умар ибни Хатоб бурданд, халифа аз бисёрии гуҳарҳо, дурҳо ва ҷавоҳироте, ки бар дирафш овехта шуда буд, дар шигифт афтод ва тибқи навиштаи Фазлуллоҳ Ҳусайни Қазвинӣ “сипас бифармуд то он гуҳарҳоро бардоштанд ва он пӯстро сӯзонданд”.
 Дар таърихи фарҳанги парчамдорӣ  дирафш ё парчами  Куруши бузург низ ҷойи вижа дорад. Қабл аз ба подшоҳӣ расидани Куруш рӯи парчами иронинажод гови болдор мунъакис шуда буд, бо зуҳури ҳукумати Куруш ин нақш ба тасвири парандаи шикорӣ бо номи шаҳбоз тағйир ёфт, ки тибқи ривояте, ин паранда ноҷии ориёиҳо мешавад ва онҳоро ба самти Ирон ҳидоят мекунад.
Баъд аз ҳамлаи аъроб ба Хуросону Мовароуннаҳр тайи 200 сол ҳеч нишонае аз дирафш ё парчами хос бо нақшҳои заррин боқӣ намонд то он замоне, ки сулолаи ғазнавиён сари қудрат омаданд, ба истиснои чанд шахсияти таърихие, ба монанди Абӯмуслими Хӯросонӣ ва Бобаки Хурамдин, ки яке байрақи сиёҳ ва дигаре байрақи сурх доштанд ва пайравони онҳоро ҷомасиёҳону ҷомасурхон мегуфтанд, ки алайҳии халифа Аббос ҷангидаанд.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки сулолаи Сомониён ҳам дорои парчами хос  набуданд, зеро тибқи муқаррароти шариати исломӣ тасвиргароӣ ва нигоргароиро қабул надоштанд, яъне тасвири шаклу сурат дар китоб, деворҳо ва дар парчам ҳаром маҳсуб меёфт.
Ба истиноди таърих миллати тоҷик парчами Хонигарии Бухоро ва баъдан Аморати Бухоро то соли 1920, Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро аз соли 1921 то соли 1924, Ҷумҳурии  Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз соли 1924 то соли 1929, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоқикистонро аз соли 1929 то 9 сентябри соли 1991 бар сари хеш афрохтааст, ки ҳар яке намоде вобаста аз таърих, сохти давлатдорӣ ва идеологияи онро дошт.
Даврони бузург ва муҳими парчамдории миллати тоҷик аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва то имрӯз идома дорад, маҳз шурӯъ аз ин санаи муборак миллати тӯли таърихи дароз ранҷкашидаи тоҷик соҳиби муқаддасоти хеш гашт, ормонҳои миллӣ маҳз аз ин санаи ҳумоюнфол бо фикри равшанбини Сарвари эъморгари миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амалӣ шудан оғоз намуданд.   Парчами Тоҷикистон рамзи давлат буда, намоду рангҳои он аз фарҳанги қадимиву ғанӣ орзуву ниятҳои миллати мо достон мекунад.
 
Сафедӣ бахту иқболи туву ман,
Бувад сурхӣ ҷилои хуни меҳан.
Ба ранги сабз рӯяд нахли ҳастӣ,
Самар ёбад ҳам аз мазмуни меҳан.
 
Дар паёми шодбошии хеш ба шарафи Рӯзи Парчами давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд:“ Парчами давлатӣ муаррифгари тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад. Воқеан, Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва нерӯи муттаҳидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад”.
Дар радифи гуфтори хеле пурмуҳтаво моро месазад, ки фарҳанги парчамдориро риоя намоем ва муқадассотро воқеан ва комилан дӯст дорем ва ба қадру манзалати он дар ҳама лаҳза бирасем, то ҳар  амалкарди мо сабақе барои ҷавонон ва наврасон гардад. Бигзор  ҷилваи парчами миллӣ дар фазои соҳибистиқлолии кишвар ҷовидона эҳсоси ватандории моро ба туғён биёварад ва ифтихори якояки моро афзун намояд ва садоқату эҳтироми моро нисбат ба Тоҷикистон, Пешвои миллат ва кулли муқаддасоташ ҷӯшон бисозад!
             
Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ.

Илова кунед