Арҷгузорӣ ба Парчам- арҷгузорӣ ба миллат аст

24 Ноябр 2022, Панҷшанбе

Баъди садо додани суруди миллӣ имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки  вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи ин мақоми олии қонунбарор ҳамоиш баргузор гардид.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни мубораки миллӣ табрику шодбош гуфта, иброз дошт, ки ҳамасола бистучоруми ноябр мардуми шарифи кишвар ҷашни яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ – Парчамро дар шароити сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ истиқбол мегирад.
Таманнои онро дорам, ки парчами давлати мо ҳамчун нишонаи ифтихору сарбаландии миллати тоҷик дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварию роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷовидон парафшон бошад.
Парчам ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб рафта, рангу аломатҳои он ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи куҳанбунёди мост.
Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо – тоҷикон муқаддас аст. Зеро дар назди парчами давлатӣ аз Президенти кишвар то сарбози одӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд.
Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.
Ҷашни Рӯзи парчам - эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд.
Яъне ин эҳтиром ба рӯҳу равони Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи мост.
Бинобар ин, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ - Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ бояд дар миёни мардум ва пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон ҳамчун рамзи нангу номус ва шарафи миллӣ вусъат пайдо намояд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим,  раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Қурбонзода Маҳмадалӣ,  вакилони Маҷлиси намояндагон Маликзод Парвина,  Қосимӣ Файзулло,  Ашурзода Гулбаҳор баромад намуданд.
Ҳамоиши тантанавиро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷамъбаст намуда, таъкид намуд, ки Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб ёфта, таърихи ба даст овардани он ба кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди абадӣ дорад.
Воқеан ҳам, Парчами давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тавонист, ки ваҳдату ягонагӣ, ҳисси баланди миллӣ, инсондӯстиву фарҳангсолорӣ ва саъю талоши созандагии мардумро таҷассум намояд ва ормону орзуҳои деринаи моро дубора зинда гардонад.
Бигузор парчами мо - рамзи давлатдории тоҷикон, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллӣ дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди неки созандагиву ободгаронаи ватани маҳбубамон бошад,-гуфт дар фарҷом Маҳмадтоир Зокирзода.



Илова кунед