Тадбирҳои муассир роҳи раҳоӣ аз мушкилот аст

03 Июн 2020, Чоршанбе

Соли равон башарият гирифтори мушкилоти ҷиддӣ ва нигаронкунандае гардид, ки то ба имрӯз ҳама талоши раҳоӣ аз онро менамоянд. Мафҳуми «Коронавирус» имрӯзҳо боиси ташвишу изтироби мардуми тамоми дунё гаштааст, ки Тоҷикистони азизи мо низ аз ин истисно нест.
Мутобиқ ба андешаи мутахассисони соҳаи тандуристӣ  ангезандаҳои бемориҳои сироятӣ мавҷудоти зинда ба мисли бактерияҳо, вирусҳо, занбурӯғҳои касалиовар ва паразитҳо мебошанд, ки аз байни инҳо вирусҳо хатарноктаринанд. Бадани одам ва ҳайвонот дорои макроорганизмҳо мебошанд, ки ин ангезандаҳоро микроорганизмҳо меноманд, ки андозаашон бениҳоят хурд аст: як миллиметр дорои ҳазор микрон ва як микрон дорои ҳазор нанометр аст.
Сабаби сар задани бемориҳои сироятии шадид дар бисёр кишварҳои Осиё, бахусус Чин - Яке аз омилҳо иқлими тропикӣ ва субтропикии ин кишварҳост. Дар чунин иқлим паррандаҳо қариб ки дар як ҷо зиндагӣ менамоянд ва дар мавсими сармо ба дигар кишварҳо кӯч намебанданд ва афзоиш меёбанд. Омили дувум ин хислати мардумони ин кишварҳост, ҳар гуна ғизоро истеъмол менамоянд. Омили сеюм зичии аҳолӣ аст. Дар шаҳри Ухан зиёда аз 11 миллион аҳолӣ сукунат дорад ва зичии аҳолӣ ниҳоят баланд аст. Дар паҳншавии шадиди бемориҳои меъдаю рӯда ва дигар бемориҳои сироятӣ зичии аҳолӣ низ вобастагӣ дорад. Ҳар қадаре ки зичӣ наздик бошад, ҳамон қадар тамос зиёд ва эҳтимолияти аз нафари бемор ба шахси солим гузаштани бемориҳо баланд мегардад.
Бино бар гуфтаи олимони вирусшинос дар натиҷаи омезиши ду вирус, ки онро мутатсия мегӯянд, вируси нав пайдо гардида, дар сатҳи пардаи луобӣ мечаспид. Организм онро бегона наҳисобида, ҳатто ҳуҷайра онро аз худ кард, агарчи ретсептор ҳам надошт. Рӯзҳои якум ва дуюми гирифторшавӣ ба ин коронавирус аломатҳояш аз зуком қариб ки фарқ намекунад: дарди сар, баландшавии ҳарорати бадан, хасташавӣ, дарди мушакҳо. Баъдан ба қисмҳои поёнии узвҳои нафаскашӣ фуромада, ҳуҷайраҳои шушро иллатнок мекунад ва ба бемории илтиҳоби шуши ниҳоят вазинин, (пневмония) мерасонад ва мутаассифона, дар аксари ҳолатҳо бо фавт меанҷомад.
Коронавирусро дар зиёда аз 200 кишварҳои ҷаҳон ба қайд гирифтаанд.  Ин маънои онро надорад, ки вирус бо ҳаво километрҳоро убур карда, ба кишвари дигаре  интиқол ёбад. Он аз шахси сироятёфта ба шахси солим дар масофаи 1 - 2 метр мегузарад. Аз сӯи дигар, ин вирусҳо ноустуворанд ва аз таъсири нурҳои офтоб дар ҳарорати беш аз 56 дараҷа зуд нобуд мегарданд. Вирусҳо, бактерияҳо, микроорганизмҳо ҷисмҳои зинда мебошанд, ки ба ғизо ниёз доранд. Манбаи ғизо барои онҳо бадани одам ва ҳайвонот, ё ин ки ғизоҳои сунъӣ метавонанд бошанд. Азбаски дар ҳаво ғизо нест, онҳо тез нобуд мешаванд.
Давлату ҳукумати кишвар барои рафъи ин беморӣ ҳануз аз он рузҳое, ки ин беморӣ дар мамлакат ба қайд гирифта нашуда буд тадбирҳои муҳиму мақсаднокро роҳандозӣ карда, роҳу равиши пешгирӣ аз ин беморӣ ва мубориза ба муқобили онро мушаххас намуд. Дар ин ҷода тадбирҳои саривақтӣ ва бесобиқа андешида шуданд, ки ҳамаи ин аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дар сатҳи матлуб баҳогузорӣ гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таърихи 17 апрели соли равон таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакатро ба ин масъалаи бисёр муҳимму рузмарра ҷалб намуда, бо қатъият таъкид намуданд, ки «Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо мо ба масъалаи ҳифзи саломатии мардуми худ эътибори аввалиндаҷа медиҳем».
Зимнан таъкид бояд намуд, ки масъалаи солимии аҳолӣ дар таваҷҷӯхи ҳамешагии сарвари мамлакат қарор дорад. Чуноне, ки дар ин мулорқот низ таъкид намуданд: «Дар доираи нақшаи корҳои созандагӣ ба ифтихори си солагии истиқлолияти давлатӣ тайи солҳои 2018-2019 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ 253 муассисаи нави тандурустӣ бунёд ва 466 муассиса таъмиру таҷдид гардида, илова бар ин, то ҷашни бузурги миллиамон бунёди боз 163 муассисаи тандурустӣ ва таъмиру азнавсозии 125 муассиса ба анҷом расонида мешавад
Дар ин раванд ба тамоми маҳаллу минтақаҳои мамлакат кӯмакҳои башардӯстонаи Пешвои миллат иборат аз таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маҳсулотҳои озуқаворӣ расонида шуд, ки мардуми шарафманди мамлакат онро бо хушнудӣ пазируфтант.
Пешвои муаззами миллат аз мардуми шарафманди кишвар дар ин мулоқот даъват ба амал оварданд, ки: «Дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем
Ҳамин ибораи инсондустонаи Пешвои муаззами миллатро ба инобат гирифта, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони ватандӯсти мамлакат ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони муҳтоҷ дасти ёрӣ дароз намуданд.
Дар пайравӣ ба  сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон низ иқдомҳои хайрхоҳона анҷом доданд.
Пӯшида нест, ки дар рузҳои аввали ба қайд гирифтани ин беморӣ мардуми мамлакат ба таҳлука афтоданд, ки дар он нақши сомонаҳои мухолифин, ки ҳар руйдодро муғризона баҳогузорӣ менамоянд хело калон аст. Ҳаминро ба инобат гирифта, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «Мо бояд ба таҳлука наафтем, ба воҳима дода нашавем, баръакс, босабру таҳаммул бошем, фидокорона ва аҳлона кор кунем, заҳмат кашем, кишту кори баҳориро сари вақт ва босифат анҷом диҳем, зеро бори дигар таъкид месозам, ки таъминоти ҳар як оила ва сатҳи зиндагиву рӯзгори сокинон бевосита аз заҳмати ҳаррӯзаи худамон вобаста аст
Яке аз тадбирҳои муҳиму рузмарра дар ин самт, ки бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат ба миён оварда шуд, зери  роҳбарии Сарвазири мамлакат таъсис додани Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мулоқоти Роҳбари давлат бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат, ки 20 майи соли равон баргузор гардид роҳу равиши мубориза бо ин бемориро муайяну мушаххас гардонида ҳамчунин дар тақвияти маърифати саломатии мардум такони ҷиддӣ бахшид. Пешвои миллат низ ҳадафи ин мулоқотро  баррасии воқеии вазъи ҷорӣ, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд, инчунин, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда арзёбӣ намуданд.
Суханронии Пешвои миллат дар ин мулоқот барои мубориза бо ин беморӣ такони ҷиддӣ бахшида, аз ҷониби тамоми қишварҳои ҷомеа ҳамовозиро ба миён овард.
Табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи  тоҷикистон  қарор дошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар менамоянд.
Мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ дар ташвиқи усулҳои пешгирии ин бемории сироятӣ низ фаъолияти хуб нишон дода, тавассути воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳиро ба таври муассир роҳандозӣ намуда,  варақаҳои тавсиявӣ чоп карда, миёни аҳолӣ паҳн намуданд. Чунин амалҳо боис гардид, ки шаҳрвандони кишвар аз оқибатҳои даҳшатбори ин беморӣ сари вақт огоҳӣ пайдо намоянд ва дар андешаи  саломатии худ ва наздикони худ бошанд.
Риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, роҳи самараноки пешгирӣ кардани паҳншавии ин вирус буда, аз ҷониби аҳолӣ ба таври ҳатмӣ  риоя карда мешавад.
Зуҳури  бемории  коронавируси COVID-19 моро водор ба он менамояд, ки дар партави ҳадафи чоруми миллӣ саноати кунонии босуръати  мамлакат истеҳсоли таҷҳизоти аввалияи тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва доруворие, ки аз гиёҳҳои шифобахши кишвар омода мешаванд, ба роҳ монда шавад. Зеро дар шароити кунунӣ ба ин маҳсулотҳо дар кишвари  ниёзи бештаре пайдо гардидааст. Барои ҳарчи бештар мусоидат намудан дар ин иқдомҳои хайр заминаҳои мусоиди қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, барои истеҳсокунандагон имтиёзҳо муқаррар намудан лозим меояд.
Итминон дорам, ки ин пешниҳод, ки аз иқдомҳои Пешвои муаззами  миллат маншаъ мегирад боиси ҷонибдорӣ қарор хоҳад гирифт.
 
Маҳмудов Музаффарҷон 
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Кумита оид ба энергетика, саноат,
сохтмон ва коммуникатсия.

Илова кунед