Суханронии Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дар “Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

24 Ноябр 2022, Панҷшанбе

Ҳоло ба ман ифтихори бузурге даст додааст, ки ҳамаи шумоёнро ба  Рӯзи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи муқаддаси Ватани азизамон мебошад, самимона табрик ва муборакбод намоям.
Парчам яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда, дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хосса дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ парчамдории мардуми мо таърихи зиёда аз 4000 - сола дошта, аӽамияту моҳияти асосии он муттаҳид кардани мардум барои ба даст овардани ҳадафҳои ягона, ба мисли озодӣ, ободӣ, истиқлолият ва ғайра аст.
Ҳокимони давр барои ифода кардани мавҷудияти давлати худ рамзу нишон, ишора, аломат ва дигар воситаҳоро қабулу истифода мекардаанд. Аз миёни рамзу нишонаҳо парчам таърихи қадима дорад. Таҳқиқоти бостоншиносӣ собит намудааст, ки парчамсозии халқи ориёӣ аз давраи давлатдории Пешдодиён ва Каёниён ибтидо мегирад, ки ин аз ливобардории мардуми тоҷик дар оғози давлатдории башарият гувоҳӣ медиҳад.
Гуфта шуд, ки дар адабиёти оламшумули тоҷику форс, аз ҷумла дар ашъори  безаволи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Дақиқӣ, Носири Хусрав, Низомии Ганҷавӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон бузургии парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ васф шудааст. Дар замони муосир ҳар як давлати мустақил соҳиби муқаддасоти миллӣ - парчами давлатии худ мебошад. Воқеан ҳам, қабули парчам ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо низ мазмуну мундариҷаи нав бахшид.
Агар ба таърихи халқамон назар андозем мебинем, ки миллати некноми тоҷик таи садсолаҳо парчамҳои зиёде доштааст ва вобаста ба ҳаводиси рӯзгор ва гирудорҳои таърих, шикастанҳову шукуфтанҳои миллат, парчамҳо низ дигар мешуданд.
Чунончи, бо таъсисёбии ҷумҳурии автономӣ ва баъдтар Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1924 – 1929 ранги Парчами кишвар саропо сурх буд. Дар канори чапи Парчам акси досту болға, ситора, пахта ва навиштаҷот бо хатти форсӣ, “Пролетарҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!” ҷой гирифта буд. Пас аз ин Парчами Тоҷикистон дар соли 1953 боз тағйир ёфт. Парчами нав аз боло то поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борику сафеду сабз, дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷой доштанд. Ин тарҳи охирини Парчами Тоҷикистони Шуравӣ буд, ки то соли 1991 арзи ҳастӣ карда, ба ҳукми таърих ворид гашт.
Парчами даврони соӽибистиқлолии ватан, ки ифодакунандаи орзуву ормонҳои ӽамаи мост, дар шароите қабул ва тасдиқ гардид, ки Тоҷикистони соҳибихтиёри мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ нахустин қадамҳои худро мегузошт. Душманони дохиливу берунӣ ба ҳар роҳу восита оромии кишвари моро халалдор мекарданд. Вазъият нотинҷ буд. Ба сари миллати мо ҷанги шаҳрвандии дар кадом гӯшаи олам тарҳрезишудаи таҳмилиро бор карданд. Дар чунин шароити ниӽоят душвор, Парчами давлатии Ҷумҳурии Соҳибистиқлоли мо 24 – ноябри соли 1992 бо ҷаӽду талошӽои зиёди Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Шӯрои Олӣ қабул гашт, ки аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат буда, ҳар кадом рамз ва решаҳои қадимаи суннатии хоси худро доранд, ки аз Авастои бузург сарчашма мегиранд. Дар замонҳои Зардушт ранги сурх ҳамчун рамзи рӯсурхиву сарбаландиву хушҳолӣ, сафед - равшанӣ, покиву покизагиву покзодагӣ ва сабз - ҷавонӣ, зебоӣ, шукуфоӣ маънидод мешуд, ки то ба имрӯз мазмуну моҳияти худро гум накарда, тобишҳои нав касб карданд. Парчами миллат дар муттаҳидгардонии ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва қувваҳои солими амалкунанда нақши бузург  гузошт.
12 - майи соли 2007 аз ҷониби Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Рамзҳои  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки моҳият ва тартиби истифодаи расмии Парчам, Нишон ва Суруди Миллиро муқаррар мекунад.
3 - ноябри соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи рӯзҳои ид” пешниҳод гардид, ки мувофиқи он 24 - ноябр Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон эълон гардида, ба ӽамин тариқ бо ибтикори Сарвари давлат дар тақвими таърихи халқамон боз як рӯзи ҷашн илова шуд.
30 августи соли 2011 бошад бо иштироки Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои  муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти ватани азизамон - шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, дарозии матоъ 60 ва бараш 30 метрро ташкил дода, вазнаш ба 420 килограмм мерасад. Он то 23 сентябри соли 2014 ҳамчун баландтарин парчами дунё дар Китоби рекордҳои Гиннес сабт гардид, ки ин нишонаи арҷгузорӣ ва эҳтиром ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Эӽтиром ва арҷгузорӣ ба рамзӽои давлатӣ, хоса парчами миллӣ, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 3 ба таври зайл дарҷ гардидааст: «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст».
Инак, 13 сол мешавад, ки  24- ноябр дар ҷумҳуриамон рӯзи парчами миллӣ, ки рамзи иқболу хушбахтӣ, иттиҳоду якдилӣ, озодиву соҳибистиқлолӣ, рамзи бахту саодат, нангу номус, ватандориву ватанпарастӣ ва хушрӯзиву пирӯзист бо ифтихору эҳтироми сазовор таҷлил мегардад. Зери парчами парафшони ватан ҷавонони саодатманд-ӽомиёни марзу буми кишвар, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони касбу кори гуногун савганди садоқат ба Ватан-Модар ёд мекунанд, навхонадорон маросими ақди никоӽ анҷом медиӽанд, мактабиён дарси далериву мардонагӣ меомӯзанд. Бо ба даст овардани дастовардӽои шоён аз ҷониби варзишгарон дар мусобиқоти гуногун Парчами давлатии кишварамон барафрохта мешавад.
Илова бар ин, ба хотири арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории сокинони кишвар, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон солҳои охир дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин, шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида, ҳоло дар онҳо ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон парафшонӣ мекунад.
Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар бинои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон насб гардида, мардуми моро дар ҷодаи сарсабзиву ободӣ ва зиндагии босаодат рӯҳу илҳом мебахшад.
Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки ҳар яки мо ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқатро ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бояд дар зеҳну шуури фарзандонамон аз синни кӯдакӣ тарбия намоем, зеро рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам, таҷассумгари гузаштаи пурифтихори таърихӣ ва ояндаи дурахшони халқамон мебошанд.
Мо вазифадорем, ки Парчами миллии худро ҳифз намоем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолияту озодӣ ва арзиши бебаҳои миллӣ ба ҷо оварем.
Ҳамчунин, хотиррасон менамоям, ки Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муқаддаси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри тоҷикон бояд нишони сарисинагии ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номуси ҷомеа бошад.
Мо бо Парчами давлатиамон, ки моро ба далериву шуҷоатмандӣ, муттаҳидиву ягонагиву вафодорӣ даъват менамояд, ба мо руҳи озодихоҳӣ мебахшад, ба ҳифзи тамомияти арзишҳои кишвар ҳидоят мекунад, арҷ мегузорем. Дар ин рӯзгори босаодат ӽамаи моро зарур аст, ки зери парчами парафшони ватан боз ӽам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси ватанамонро ҳифз намоем, дар ободонии он саҳм бигирем, парчамбардорони миллатамон бошем.
Мардуми Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери Парчами давлатӣ ба ҳам омада, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд. Имрӯз Парчами давлатии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ барафрохта шудааст, ки ин бегумон мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад, шукр мекунем, ки  пушту паноҳ ва саробони мо Пешвои миллат ҳамчун шаҳсутуни давлат, кафил ва ҳомии ҳаёти шоистаи мо мебошанд.
      Пас, биёед  ҳамаи мо дасти ба даст гирифта, дар муҳити  сулҳу амонии  Тоҷикистони биҳишти рӯи замин  баҳри амалӣ намудани  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яктану якдил  буда, бештар  саъю кӯшиш намоем, то ки Ватанамонро боз ҳам ободу зеботар гардонем.

Илова кунед