Баромади вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Маликзод дар “Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”

24 Ноябр 2022, Панҷшанбе

Ман мехостам чанд андешаро дар баромадам аз таърихи пайдоиши парчами миллӣ изҳор намоям.
Ҳак бар чониби Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои    миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Рахмон мебошад, ки гуфтаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарчамъӣ, нангу ному, ватандустиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст».
Парчам - бешубҳа, як рукни муқаддасот ва рамзи давлатдории ҳар як халқу миллат мебошад. Соҳиби парчам будан ин ифодагари соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории миллатҳост.
Дар вокеъ халқи тоҷик дар оини давлатдории хеш аз қадимулайём аз ин рукни давлатдорӣ истифода менамуд. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои устуравию таърихӣ, сохиби парчам будани аҷдодони мо ба замони ҳукмронии сулолаи Пешдодиён ва қиёми Коваи оҳангар алайҳи зулму куштори Заҳҳок - шоҳи бедодгар, рафта мерасад.
Ҳамон тавре ки маълум аст, Коваи оҳангар барои хотима гузоштан ба хушунату ситами шоҳ Заҳҳок, ки ҳадду андоза надошт, пешбанди чармини хешро чун дирафш алвонч дода, оммаро барои саркуб кардани ин тирагӣ ва бунёди саодату адолат даъват намуд. Мардуми ба дод омада, зери дурахши он дирафш ба мубориза хеста, манбаи ҷаҳлу ҷахолатро сарнагун намуданд. Дар ин муковимат Фаридун ҳамроҳи бародаронаш Каëнуш ва Пурмон, ки аз насли шоҳ Ҷамшед буданд, иштирок доштанд. Пас аз ин ғолибият мардум подшоҳиро ба Фаридун, ки аз насли шоҳони гузашта буд, сазовор донист.
Ҳамин тариқ шоҳ Фаридун парчамдориро, чун яке аз суннатҳои давлатдорӣ асос гузошта, парчами Коваро бо номи «Дирафши Ковиёни» оро дода, мукаддас эълон медорад.
Мувофики навиштаи Фирдавсӣ ва Балъамӣ шоҳ Фаридун дирафшро зиннат бахшид, ки ин анъанаро шоҳони дигар низ идома доданд. Баъдхо «Дирафши Ковиёнӣ» чунон зиннатёб шуд, ки шабонгах аз тиллою ëқут ва зару зевар медурахшид ва ҳангоми ҳукмронии ҳар сулолаи ориёи дар ин сарзамин ба «Дирафши Ковиёни» як дигаргунии хосае ворид мешуд. Аммо ин дигаргуниҳо як рамзу хосияти махсусе дар ниходи худ доштанд, ки ифодагари яке аз арзишхои фарҳангию таърихии эшон ба хисоб мерафт. Дар аҳди Каёниён баъзан Дирафши Ковиёниро нишони Ҷамшед ва Фаридун ҳам меномиданд. Дар баробари зуҳури Зардушт ва интишори дини зардушти дар ин Давра (тахминан дар асрҳои XVII-XVI пеш аз милод) махсусан, дар замони подшоҳии Гуштосп (Виштосп) ва минбаъд баъзе нишонахои дини зардуштӣ дар парчамҳо тасвир меёфтанд.
Бостоншиносони фаронсавӣ ва эрони аз харобаҳои Тахти Ҷамшед акси парчами замони Ҳахоманишиҳоро пайдо намуданд, ки аз ранги сурх иборат буда, дар маркази он акси уқоби болкушода тасвир ёфтааст. Тибки маълумоти китоби Авесто» хар як ранг ифодагари касбу кори гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоии ҷомеа буд. Масалан, ранги сурх рамзи хокимону харбиён, ранги сафед рамзи аҳли илму дониш ва ранги сабз рамзи барзгарон ба хисоб мерафт. Парчамхое, ки сурх буданд, аслан ҳангоми шуришу набардҳо боло бардошта мешуд. Тасвири уқоб ин рамзи соҳибдавлатӣ ва нерумандӣ ҳисобида мешуд. Бо ин шаклу намуд давлатҳои Ашкониён, Юнону Бохтар, Кушониён, Ҳайтолиён ва Сосониён низ соҳиби парчамҳои худ буданд. Аммо ин парчамҳо бо баъзе чузъиёти махсус аз хамдигар фарк мекарданд.
Парчами замони Сосониён (солҳои 224-651) бо номи «Дирафши Ковиёнӣ» шукуҳу шаҳомати хоcae дошт. Бинобар навиштаи Ҷаририи Табарӣ «Дирафши Ковиёнӣ» дар давраи Сосониён аз пусти паланг тайёр шуда, бо дурру гуҳар чунон оро ёфта буд, ки аз пуст ҷое нишон намонда буд. Дар «Дирафши Ковиёнӣ»-и замони Сосониён акси нишони чоргӯша ва дар қисми болоии он тасвири уқоби болкушода нақш ёфта буд. Аз ин рӯ, инъикоси тасвири нишони чоргӯша, дар парчами Сосониён ин рамзи чор унсури ҳастӣ: об, оташ, хок ва бод мебошад.
Ҳангоми ҳуҷуми арабҳо ба Эронзамин махсусан, дар муҳорибаҳо  эшон «Дирафш Ковиёнӣ»-ро ба даст оварданд. Бинобар навиштаи Балъамӣ, арабҳо «Дирафши Ковиёни»-ро назди халифа Умар ибни Хаттоб бурданд, вай аз дидани «Дирафши Ковиёнӣ», ки хеле зебою дилрабо буд, дар шигифт монд.
Пас аз зуҳури дини ислом дар парчамҳои давлатҳо акси моҳи ҳилол чун рамзи дини ислом инъикос меёфт ва ин анъана то имрӯз дар парчами давлатхои исломӣ мушоҳида мешавад. Аммо дар таърихи давлатдории тоҷикон асосан,  то соли 1924 дар парчамҳо тасвири моҳи ҳилол ба назар мерасид.
Давраи шуравӣ яке аз давраҳои таҳавуллот дар таърихи парчамдории миллати мо ба ҳисоб меравад. Тавре ки маълум аст, соли 1920 пас аз сукути аморати Бухоро дар ҷои он давлати шуравӣ бо номи Ҷумхурии Халқии Шуравии Бухоро таъсис ёфт. Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро давоми 4 соли мавҷудият (1920-1924 )  3 маротиба парчам иваз намудааст.
Дар натиҷаи тақсимоти миллию марзии соли 1924 дар Осиёи Миёна Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтори Шӯравӣ дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯрави Сотсиалистии  Ӯзбекистон таъсис ёфт. Аз ин рӯ, зарурати аз нав қабул намудани парчам низ ба миён омад. Дар давраи мухторият 2 маротиба парчами давлатӣ иваз гардид.
Ҳамин тавр, дар давраи шӯравӣ халқи тоҷик 7 маротиба Парчами давлатии худро иваз намудааст. Гарчанде парчами Иттиходи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ  аз ранги сурх иборат буд, аммо ин ранг ҳамон тавре ки қаблан  ишора ва хотирнишон намуда будем, ба таърихи ниёгони мо алоқамандӣ дошт. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатҳои нави соҳибистиқлол пайдо шуданд. Табиист, ки ҳамаи онҳо соҳиби парчами миллии худ гаштанд.
Точикистон низ  санаи 24 августи соли 1990 дар Анҷумани 11-и Шӯрои Олии Ҷумхурии Шӯрави Сотсиалистии Точикистон даъвати 12-ум «Эъломияи истиқлолияти Ҷумхурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд.
Мувофики моддаи 18-и ин санади ҳуқуқӣ Нишон, Парчам ва Суруди миллии рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумхурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дахлнопазирии онҳоро Қонун химоя мекунад.
Бо мақсади ҳарчи зудтар қабул намудани шаклу намуди рамзҳои давлатӣ аз 28 июни соли 1991 Қарори Шӯрои Олии Ҷумхурии Точикистон «Да бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Точикистон» қабул шуд. Ҳамзамон ҳамон вақт озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба шаклу намуд ва мазмуну моҳияти рамзҳои давлатӣ эълон гардид. Барои натиҷагирӣ аз кори ин озмун комиссия таҳти роҳбарии Президенти  Академияи илмҳои Ҷумхурии Точикистон, академик Муҳаммад Осимӣ таъсис ёфт.
Мутаасифона, ҷанги шахрвандӣ ба қабули рамзҳои давлатӣ дар кишварамон имкон надод. Танҳо дар Ичлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумхурии Точикистон, ки чанде пеш 30 - солагии онро тамоми мардуми кишвар бошукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд, барои кабули рамзҳои давлатӣ шароит муҳайё шуд.
Воқеан, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳак гуфтаанд: «Парчами миллӣ имрӯз хамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзараамон ҳаммароми «Дирафши Ковиёнӣ»-и аҷдодони ориётаборамон бо тобиши се ранг: ранги сурх - озодиву истиқлол. ранги сафед - сулху оромӣ, ранги сабз - ободию хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву кахрамониҳои родмардони  сарзаминамон башорат медиҳад.
Бале, Парчами мо чун рамзи сохибистиклоли имрӯз дар қатори дигар давлатҳо дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои рӯи дунё партавафшон аст.
 
                            Эй парчами боми Ватан!
                            Эй шӯҳрату шони Ватан!
                            Эй чатри зебо бар сарам,
                            Тахти зарафшони Ватан
                                                                                     
Зиндаву поянда бод ин  парафшонӣ!
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.
                                                                                                                                            
 

Илова кунед