Пиндоштӣ, ки решаи пайванди ман гусаст?.

04 Июн 2020, Панҷшанбе

Ҳамасола рӯзи 27-июн дар кишварамон ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ  ҷашн гирифта мешавад

                                

Ба зиёда аз 150 ҳазор нафар фавтидагони

ҷанги шаҳрвандӣ мебахшам, ки аз

инҳо 50000 ятими кӯл  буда, қисме  аз

тоҷикон.мазор дар Афғонистон  монда,

қисми зиёде. дар дашту саҳро, заҳбуру

теппаҳо  аз тири нобакорон бекафан манзили

охират интихоб кардаву,  иддае  ба коми

моҳиҳои дарёи Вахшу Панҷ рафтаанд,

 

Чун даргириҳои оламро мебинам, беибо пеши назарам воқеаҳои даҳшатбори солҳои 90-уми асри ХХ  ҷилвагар мегардад.

Оҳ, чӣ даҳшате буд, он солҳо. Тоҷик, дар ватани худ сарсону саргардон, дар пайи як бурда нону сарпаноҳ худро ба ҳар кӯҳу дар мезад.  Чун ба хонаи бародар мерафт дар во буду худи ӯ аз тири ноҳақе кушта, табассум дар лаб, ҷон ба Ҷаббор супорида. Ӯ хуб эҳсос мекард, ки азизе ба суроғаш ҳатман меояд, аз ин рӯ табассум дар лаб дошт, бо сад ормон. Ба хонаи хоҳар мерафт ӯро зору ҳақир ва таҳқирдида меёфт, ба хонаи хеш сар мезад, аз зору низории ӯ худро ноҳинҷор ҳис мекард, ба дари дӯст мерафт, дӯст дар пай ҳимояи фарзандони хеш сарсон буд, умед аз замину само канда, дар биёбони сӯхта ва хонаҳои валангоре, ки онро Ватан мегуфт, зору ҳайрон даст ба сар бурда бо овози майда-майдаи бемадорона зор-зор гиря мекард. Охир, чанд вақт пеш ин мулк биҳиштӣ буду мардумаш шоду сарбаланд. -Эй Офаридгор, чӣ гуноҳе аз мо гузашт? Ин балоро чаро ба сари мардуме оварди, ки дар ягон давру замон камон ба даст ба мулке чашми тамаъ надоштанд, ё мардуми ҷангӣ набуданд,- гӯён хок бар сар мекарду мегирист, тоҷик,  эй Худо, эй Худо, эй Худо…

Фарзанд дар суроғи падар худро ба ҳар кӯҳу дар мезаду падаре дар пайи суроғи фарзанд пойи пиёда талу теппаҳоро тай намуда, садҳо фарсах роҳ мерафт, ки кош фарзандашро зинда дарёбад, агар зинда пайдо накард, ҳеч набошад бо дастони худ ба хок супорад, то хотираш ҷамъ шавад, ки мабодо ҷигарбандаш ё азизаш, дӯсташ, ё ҳамсояааш тӯъмаи сагони гурусна дар ин сармои зимистон нагардад. Падар ё писар ё духтар ё бародар, амаву амаку тағою хешу табору ҳамсояҳо аз рӯйи имконияти доштаашон дар миён суфи сафед баста, ба суроғи азизони дил, аз чашми нобакорон паноҳ ба роҳ мебаромаданд. Нафари пайдокардаашонро мурда пайдо кунанд, ҳатман ба кафани дар даст доштаашон мепечониданду ба хок месупориданд. Ҳарчанд кандани гӯр дар мазҳаби мо ба зан раво нест мегуфтанд, аммо духтарони зиёде ба падарон, модарон ба фарзандон, апаҳову аммаҳову холаҳову арусони пурармон ба мардони хонаводагиашон дар он шабу рӯз кафан мепечониданду гӯр меканданд.

Аз ягон гӯшае боди саҳроие ҳатто намевазид, ки бӯйи ошноро ба димоғ биёрад. Само гӯё бо заминиён қаҳр карда буд, ки доманашро абри сиёҳ печонида, аз назар кардан бо чеҳраи кушодаи офтобиаш ба замин шарм медошт. Осмон низ мисли фарзандони сарсони заминиаш сукут карда буд, ки ин даҳшатро аз сарзамини офтобиву биҳиштӣ чӣ гуна бартараф намояд?

Шаб. Душмани нобакору хунхор дари хонаеро тирборон намуда, мехост зану фарзанди ин хонаводаро гирифтори зулми беақлонаи худ намояд ва марди хонаро дар назди зану фарзандон, наздикон бо сад ҷаҳолат ба қатл расонад. Аз ин даҳшат ҳамсояҳо хабардор шуда ҳама сарҷамъ роҳи гурезро пеш мегиранд, аз ҷумла соҳиби хонае, ки нобакорон пушти дар истода буданд. Ягона роҳи наҷот дар он тирагиҳои шаб, роҳ ба сӯйи- сарҳад, сӯй дарёи Панҷ ба марзи Афғонистон буд.

Ғалоғулаи мардум, садои гиряи онҳо гӯё ба гӯши касе намерасид. Ҳама сарсону саргардон. Яке бо кулвори пур аз нон, дигаре бо либосҳои сабуки хонагӣ, сеюмин бо гаҳвораҳои тифлон ба сари китф роҳ ба сӯи дарёи Панҷ гирифта буданд. Ин роҳ ҳарчанд дар гузаштаи начандон дур барои ин миллат бегона набуд, лекин имрӯз марз, марзи Афғонистон буда, дар он мардуми мусалмон умр ба сар мебаранд ва тоҷикон дар ин сарзамин хеле зиёданд. Марз убур шуда, тоҷикон ба сарзамини ҳамсоя аз ҷабри нобакорону ҳасудхурони ин миллат паноҳ ҷустанд. Чун дар марзи ҳамсоя макон карданд, аз зиёдии мардум ҳама наздиконашонро меҷустанд. Як қисми мардум ба дарё ғарқ шуда буданд, қисми дигар аз хунукӣ ва гуруснагӣ дар роҳ ҳалок шуданд, қисме бо сад ранҷу азоб худро то манзили дӯст расонида буданду халос.

Ҳама аз якдигар азизони дил ва фарзандонашонро суроғ мекарданд. Садои гушхароши зане мардуми аз гуруснагӣ ва сармои зимистон ях бастаро боз ба худ овард. Чӣ даҳшате? Зан аз тарси нобакорон фарзанди 3-солаи худро гирифта ру ба гурез дошт, ба хотири он, ки шавҳар духтари дар гаҳворабударо бо гаҳворааш бардошта меояд, лек афсӯс на гаҳвора пайдо шуду на фарзанд. Шоҳидон гуфтанд, ки мард аз сармои зимистон дар дарё шино карда натавониста ғарқ гаштааст. Зан умед дошт, ки гаҳвораро марди хона бо худ гирифтааст, мард умед дошт, ки тифлонро модар бо худ бурдааст, аммо афсӯс…

Садои гиряи занон ва ҳуқ-ҳуқ гиряи мардон  дар пушти симхорҳои сарҳад то қиёмат бар гӯшам овоз медиҳад, - мегӯяд як нафар шоҳиди ин ҳодисаҳо. Ҳар рӯз то чанд нафари аз мардуми гуреза дар мулки ғарибӣ дур аз Ватан, бо сад ҳасрат дар дил мемурданд. Дар ин сарзамин мазори ғарибон аз ҳисоби мардуми саргардону парешон ва зору ҳайронмондаи тоҷик тавлид шуд. Бале, бале хонандаи азизу гиромии ман. Дар мулки Афғонистон садҳо ҳазор ҳамватанони мо манзили охират бар по карда, ҷовидона мисли ниёгони худ дар давраҳои тақсимоти табарӣ[1], дур аз манзил ва макони хеш монда, қисме бо ҳазор ормон дар дил мурдаву қисме зинда монда, то ҷовидон бо номи Тоҷикистон -Ватанам дар лаб, дар ҳасрати дидори Ватан-Модар  фарзандони падар, хешу табор ва азизони дил, дӯстон фавтидаанд.

Бо умеди дидор, оромии мулки биҳиштӣ, рӯ ба сӯйи осмон мекарданду бо дуои бобоӣ даъват аз осмон доштанд, ки ба ҳоли бечораву сарсонашон раҳматеро бирасонад.

Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,

Дустонро шод гардон, душманонро кур кун.

Ин  садо бар гӯши шунавою муҳаббатофари само расид, ки офтоб бо рушноии оламгираш ба ин мардуми заҳматкашидаву ғамзадаи фозилу хирадманд, аз тухмаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳамон бузургмарде, ки давлат офариду ҳанӯз ин миллату ин фарҳангу забонро дар асри 9-10  ҷаҳонӣ карда буд,  фарзона мардеро подшоҳи ин мулк амр кард, то аз пайи ба ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвари азизаш бошад.

Эмомалӣ Раҳмон, ин амр аз осмон ба замин омада буд, ки мардуми сарбаланд онро дар иҷлосияи тақдирсозашон, яъне Иҷлосияи XY1-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбаландӣ ва умеди ба даст овардани ободиву озодӣ, оромиву осоиштагии ин мулки пора-пора гашта интихоб карда, орзуҳояшонро барояш иброз доштанд.

Аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли 1997 дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Туркманистон музокироти тулонӣ ба хотири тинҷиву амонӣ дар Тоҷикистон идома ёфта, он бо хирадмандӣ ва заковати хоси доштаи Президенти ҷавону хирадманди тоҷик ба имзо расид, ки зиёда аз 40 ҳуҷҷати барои миллат хеле муҳим ба ҳисоб мерафт, ки яке аз онҳо «Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд».

Ҳарчанд рӯзҳои ба имзорасии Созишнома гарм буд, он гармӣ аз муҳаббату самимияти тоҷиконаи мардуми шариф зиёдтар мешуд. Мардум бо даъвати Пешвои маҳбуби миллат  ба ватан бармегаштанд, аз пайи суроғи хешу таборашон сар ба кулбаҳои вайронаву валангори онҳо мезанданд, касеро он ҷо пайдо намекарданд. Ҳавлиҳо боғҳо, растаҳо, ҳотаҳо  буйи борут мекард, ин ҷо насими ошно ба суроғи гурезаҳо омада буд, ки гоҳ- гоҳ буйи дӯстро ба димоғ меовард.

Арӯси хонавода, ки фикр дошт фарзанди дар гаҳворабударо шавҳараш, яъне падари тифл ба он соҳили мурод бурдааст, чун ба хона омад, чашмаш ба гаҳвора афтод, ки пур аз чангу хок дар байни хонаҳои сӯхтаву валангор истодааст. Худро ба сари гаҳвораи тифли як сол қабл дар гаҳвора бастааш зад. Ҳуш аз сарраш рафтаву девона шуда буд. Касеро ба гаҳвора наздик рафтан намемонд ва бо тифли дар гаҳвора аз гуруснагӣ ва ташнагӣ шох шудаву фавтидааш суҳбат мекард, ба ӯ суруди алла мехонд, болои гаҳвораро мепӯшонид. Аз паи кори рӯзгор мерафт, худ бо худ гап мезад, боз ба сари гаҳвора менишасту алла мегуфт. Девона шуда буд аз ҳоли дар гаҳворадоштаи фарзандаш арӯси хона. Охир ин тифл аз  гиряву гуруснагӣ ва ташнагӣ дар гаҳвора ҷон додаст, чӣ қадар азоб доштааст ин тифл?

Бисту сесола аст, фарзанди мо, ки Ваҳдат ном дораду боз мисли ҳазорсолаҳои гузаштаи ниёгон мардумро ба ҳам оварда, аз тинҷиву амониву ободии сарзамини ниёгони баруманду сулҳофараш меболад. …

Охир таърих гувоҳ аст, ки ба сари миллати баруманду арҷманди тоҷик чӣ қадар тохтутозҳои шадид аз ҷониби душманони ин сарзамину миллат омадааст. Душмани мо ба покизагии ин диёр, ба сарзамини биҳиштосои мо, ба мардуми хирадманду закӣ, ба забону фарҳанги оламгири мо аз рӯзи азал ҳасуд дошт ва имрӯз дорад. Ӯ гумон мекард, ки ин миллати арҷманд дар тули қарнҳо, ки он аз тохтутози аҷнабиёни ҳасудхуд ва беватан  пора-пора гаштааст, шояд нотавон гаштаасту,  ғурури худро бишканад, ё ифтихор аз худшиносӣ ва ватандӯстиро дар давоми асрҳо аз даст додаст. Шояд бо ин роҳ мо метавонем миёни як миллати шаҳрдору шаҳрсоз ва китобдору фарҳангиро бишканему мисли  асрҳои гузаштаи ниёгони ғоратгарашон соҳиби хонаҳои ободу, сарзамини саршор аз муҳаббату самимияти якдигардоштаро аз худ намоему билохир соҳиби Ватан бошем. Хушбахтона ин ғурур ва ин ифтихору худшиносӣ ва ин муҳаббату самимият ба Ватан-модар доштаи моро пас аз ҳазораҳои беохир наметавонад, миллати дигаре соҳиб шавад. Ҳарчанд ин сарзамин, ки душманон ва ҳасудхурони миллат онро пора-пора ғабс кардаанд, тоҷик боз соҳибватан мондаасту дар шарёнҳои хунаш хуни ниёгони бузург ва фарзонаи диёрро дорад, ки он аз вафову садоқат ва дӯстдорӣ ба ватану миллат месарояд.

Имрӯзҳо мо шоҳиди онем, ки дунё дар ҳалқаи оташ қарор дораду мардумаш сарсону саргардон ба хотири як бурда нон, ба хотири оромиву тансиҳатии хонаводагиашон  сарҳадҳоро убур карда ба мулки бегона мераванд, дур аз ватан, аз муҳаббату самимияту вафо ёд надоранд, хандаи беғаши тифлонашонро кайҳо боз орзуманданд. Шукри тинҷиву оромиву амонии ин диёри биҳиштиамонро дорам, ки баъд аз ҳазорсолаҳои беохир боз мардуми ваҳдатпарасту худшинос ба ҳам омада, душманашро, ки қасди парешониву сарсонии ин миллатро дошт, боз ноумед карда огоҳонид, ки ин миллати сарфарозу фарҳангӣ дар қалбҳояшон ҳазор Хуросони дигарро зинда нигоҳ медоранд, арҷ мегузоранд ва мепарастанд. Ин ҳамон чанори шинондаи бобоӣ аст, ки дар қалбҳои хурду бузурги миллати худшиносу огоҳ реша давонда, аз шарёнҳои хуни ин фарзандон безаволу сарсабз аст.

Чун ҷавони 40-сола, марди аз тарбияи тоҷиконаи модари азизаш нерӯи инсонӣ гирифта, бо дуои падару модар ва аҳли ҳамсояву хешу ақрабо ба воя расида, худшиносу ватандор, идора кардани ин сарзаминро бар ӯҳда гирифт, ҷаҳониён ангушти ҳайрат ба даҳон бурда, аз дур тамошобин шуданд, ки чӣ гуна ин ҷавони 40-сола метавонад, як мулки аз дасти душманон сузондашуда ва валангору ноободро обод гардонида, фарзандони сарсону саргардон ва ғарибашро, ба ҳам биёрад?  Бинандагон бехабар аз он буданд, ки ин ҷавони 40-сола аз авлоди шоҳмардҳои бузурги  аҳли Хуросон асту дар ҳастии худ мактаби бузурги Исмоили Сомониро аз ниёгон ба мерос дорад. Агар асри Х барои ин сарзамин ва мардумаш ба ҷаҳониён ҳамчун асри тиллоӣ муаррифӣ гардида бошад, пас аз 1000 соли дигар боз фарзона марде, бо номи Эмомалӣ Раҳмон тавонист ин мактаби бузурги ниёгонро барқарор намуда, мардумро сарҷамъ сохта ваҳдат биофарад.

Ин мактаб, мактаби идоракунии давлатӣ ва сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аст, ки он  ҷаҳониёнро ба омӯзиш ва таҳқиқи нави идоракунандаи давлат ва сиёсатмадори хирадманд будан, даъват намуда, аз сулҳофариву ваҳдатсозии Пешвои миллати тоҷикон, ки он беҳтарин намунаи давлатдорист, сабақ бигиранду ба саволи беҷавобашон, ки чӣ гуна тавонист як ҷавони чилсолаи миллату сарзамин ваҳдат офараду мардумашро  сарҷамъ зери Парчами ягонаи миллат, нигоҳ дошта,  сиёсати хирадмандонаву оқилонаро барои  беҳбудии кишвари азизаш такия ба арзишҳои милливу ҷаҳонӣ пеш  барад, ҷавоб ёбанд..

Аз ин рӯ, даъват аз ҳамватанони гиромӣ намуда, ин шоҳбайтро,ки бо қалами устод Искандари Хатлонӣ навишта шудааст, бо ифтихор зери лаб замзама менамоям, бале, бале! сарфарозона зам-зама менамояму муроҷиат ба ҳасудхурону бадхоҳони мулки азизам карда мегуям,

 

                    Ғурури ниёгон
Дар xуни ман ғурури ниёгон нуҳуфта аст,
Хашму ситези Рустами Дастон нуҳуфта аст.
Дар тангнои синаи ҳасраткашидаам,
Гаҳвораи басирати мардон нуҳуфта аст.
Хоки маро ҷазираи xушке гумон мабар,
Дарёи бекарону xурӯшон нуҳуфта аст.
Холӣ дили маро ту зи тобу тавон мадон,
Шери жиён миёни найистон нуҳуфта аст,

Пиндоштӣ ки решаи пайванди ман гусаст.
Дар синаам ҳазор Хуросон нуҳуфта аст.

 

Гавҳар Шарофзода

Вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

[1] Р.Массов «Таърихи таќсимоти табарї»

Илова кунед