Парлумон ба рушду нумўи муассисаҳои хусусии тиббӣ диққати ҷиддӣ медиҳад

08 Июн 2020, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораиворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҳоким Холиқзода  зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»» иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида барои рушду нумўи муассисаҳои хусусии тиббӣ ва аз ҷониби онҳо дар сатҳи баланду босифат анҷом додани хизматрасониҳо ба аҳолӣ равона мегардад.

Дар лоиҳаи Қонуни мазкур пешниҳод шудааст, ки дар қисми 2 моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои «ва барои хизматрасонии таълимӣ» ба калимаҳои «, барои хизматрасонии таълимӣ ва хизматрасонии муассисаи хусусии тиббӣ» иваз карда мешаванд.

Баъд аз қабули лоиҳаи Қонун, минбаъд хизматрасониҳои муассисаи хусусии тиббӣ бо меъёри 5% андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ мегарданд, ки то ин вақт ин меъёр   18%-ро ташкил медод. Ин имконият фароҳам меорад, ки тарофаҳои хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббии хусусӣ паст карда шаванд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба аъзои Шӯро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода муаррифи намуда изҳор намуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳтобшозода А., Раҷабзода М. ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқова Н. пешниҳод шудааст.

Мақсади лоиҳаи Қонуни мазкур мутобиқгардонии меъёрҳои Кодекси мазкур ба қонунҳои соҳавӣ, таъмини истифодаи мафҳуму ибораҳои якхела ва инчунин зарурати аз байн бурдани мухолифати дохилӣ дар моддаи 161 Кодекси амалкунанда ва муайян намудани тобеияти идоравии тафтишоти пешакии парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти марбута мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро низ ба аъзои Шӯро Эмомалӣ Насриддинзода муаррифи намуда таъкид намуд, ки мақсади асосии лоиҳаи мазкур ҷиҳати пешгирӣ намудани бе қайди мақомоти андоз анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон барои қонунгузории андоз таҳия гардидааст.

Дар лоиҳаи Қонуни мазкур тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки тибқи он дар санксияҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 617 калимаҳои «аз сӣ то чил» ва «аз ҳаштод то сад» мувофиқан ба калимаҳои «аз ҳафтод то ҳаштод» ва «аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ» иваз карда мешаванд.

Тибқи муқаррароти моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 1740 то 2320 сомонӣ) ва барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани ин кирдор ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ҳаштод то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 4640-5800 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад.

Бинобар ин тибқи лоиҳаи Қонуни мазкур андозаи ҷаримаи маъмурии қисмҳои 1 ва 2 моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ба шахсони воқеӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни бақайдгирии давлатӣ минбаъд ба андозаи аз ҳафтод то ҳаштод нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ҳангоми дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани ҳамин кирдор аз яксаду сӣ то яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ шудааст.

Аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои дигари муҳокимагардида қарорҳои дахлдор  қабул намуд.

Илова кунед