Вазъияти имрўзаи ҷаҳон ва инкишофи минбаъдаи ҳаёти ҷомеа

11 Июн 2020, Панҷшанбе

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос, дар арафаи ҷашни бузурги миллиамон Ваҳдати миллӣ, ки аз азал рисолаташ ба ҳам овардану муттаҳид гардонидани оммаи халқ, тавлиди афкори солим, интихоби роҳи росту дуруст буд, дар бобати нақши ин вабои аср дар тақдири ояндаи ҷомеа суҳбат ороста, зимни баёни андешаҳо метавон чунин изҳори назар кард.
Имрўзҳо афкори инсониятро масоили марбут ба пандемияи вируси COVID-19 ва таъсири оқибатҳои он ба пешрафти устувори соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифтааст. Дар чунин даврони пуртазод ин ҳама диду пешгўиҳо вобаста ба сатҳи таъѓирёбии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва бештар ба арзишҳои мавҷудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ гуногун мебошанд.
Қобили ёдоварист, ки то паҳншавии  бемории коронавирус бештар масоили глобализатсия ва оқибатҳои он ба фарҳанги миллӣ мавриди омўзишу баҳси ҷомеашиносон гардида, атрофи моҳият ва мазмуни ҷомеаи истеъмолӣ маҳокимаҳои доманадор ба вуқўъ мепайваст. Аз оѓози асри XX эътиборан омӯхтани омили истеъмолот ҳамчун падидаи муҳими рушди ҷомеа барои илмҳои иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо карда буд. Истеъмолот омили асосии рушди сармояи инсонӣ буда, ҷузъи ҷудонашавандаи пешрафти ҷомеа ҳисобида мешуд. Мавқеъ, нақш ва вазифаҳои истеъмолот дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ бетағйир боқӣ мемонанд. Равандҳои соҳаи истеъмолот бо равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ алоқаманд буда, ба андозаи муайян аз ҷониби омилҳое, ки хусусияти миллӣ-этникӣ доранд,  муайян карда мешаванд. Ин зарурати баррасии истеъмолот дар заминаи таърихӣ ва хусусиятҳои низомии муайяни иҷтимоӣ, инчунин ба назар гирифтани намуди ҷомеаро талаб менамояд. Ҷомеашиносон низ кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки чунин хусусиятҳоро ҳангоми баррасии ин масъала ба инобат гиранд.
Паҳншавии пандемия дар ҳаёти миллионҳо нафар одамон тагъйиротҳои куллӣ ба вуқўъ пайвастааст ва дар ин замина омўзиши ҷомеа низ куллан дигаргун шуда истодааст. Тибқи мушоҳидаҳо мавзўи хабару мақолаҳое, ки имрўз дар тамоми расонаҳо ба чоп мерасанд, атрофи масъалаи паҳншавии бемории сироятӣ ва оқибатҳои он мебошад, ки ин табиист. Дар ҳоли ҳозир таҳқиқи дақиқи тағйирёбии ҳамаи иқтидорҳои  ҷаҳон кори ниҳоят мушкил аст ва  куллан тагйирёбии ҷомеа низ номуайян аст, аммо ба ақидаи дигар, дигаргуншавии ҷомеа аз ҳақиқат дур нест. Зеро дар тӯли якчанд моҳ, дар назари мо, он арзишҳои инсонӣ, ки дар заминаи таҷрибаи ҷаҳонии давлатдориву ҷомеасозӣ ба вуҷуд омад, ташаккул ёфт ва дар роҳи фаъолияти чандинасраи худ зинаҳои нав ба нави густаришу пешрафтро сипарӣ намуд ва дар даҳсолаҳои пешин низ  муҳим арзёбӣ мешуд, имрўз чандон мубрам нест, яъне ҷомеаи истеъмолӣ ба ҷомеаи амният табдил ёфтааст. Пандемия тасдиқ кард, ки ҳатто дар асри XXI – асри гипперглобализатсия ва ҷомеаи истеъмолӣ, амният ҳамчун арзиши олӣ боқӣ мемонад ва ба хотири пойдории он инсоният омода аст, ки  манфиатҳои муқаррарии тамаддунро бидуни дудилагӣ қурбон кунад. Дар арзишҳо ва тарзи ҳаёти одамон тагйиротҳо ба вуҷуд омада истодаанд ва ҳеҷ кас дақиқ муайян карда наметавонад, ки пас аз карантину маҳдудиятҳо вобаста ба пешгирии беморӣ ҳаёти одамон чӣ гуна тағйир меёбад, яъне, вобаста ба ин  дар ояндаи наздик тасвири нави дунё чӣ гуна мегардад.
Оқибатҳои эҳтимолии беморӣ ва таъсири он ба ҷомеа пеш аз ҳама дар дигар шудани тафаккури одамон зоҳир мегардад. Дар хабару мақолаҳои таҳлилӣ вобаста ба таъсири беморӣ андешаву ақидаҳои гуногун мавҷуд мебошанд. Бештари онҳо чунин маъно доранд, ки имрўз одамон ба хотири осудагии рӯзгори хеш аз ҷомеа дурӣ мекашанд, дигар инсон барои ба даст овардани натиҷаи татбиқи ниятҳои созандааш дар ҷомеа озод буда наметавонад, муттаҳидию сарҷамъӣ шарти муҳими пирузӣ аз ин беморӣ аст, ва ё дар як фурсати кӯтоҳ миллату давлатҳо дар алоҳидагӣ аз ин бўҳрони шадид баромада метавонанд, инчунин, андешаҳои дигар вобаста ба таъсири манфии беморӣ ба ҷомеа ва оқибатҳои он баррасӣ мешаванд. Ба андешаи мо, ин давоми баҳсҳо вобаста ба ҷаҳонишавӣ ва ҷомеаи истеъмолӣ мебошад, аммо ҳоло бештар моҳияти амнияти инсон ва фарҳанги миллӣ дар кишварҳои олам муҳимтар гардидааст.
Таърихшиноси ҷавони яҳудӣ Ювал Ной Харарӣ, ки муаллифи китоби машҳури «Sapiens: Таърихи мушаххаси инсоният» мебошад, чунин ибрози ақида менамояд, ки ҳоло ҷаҳонишавӣ ноком гардидааст, зеро бесарусомонӣ дар ҷаҳон ҳукмрон аст ва ҳар як давлат дар ин раванд мустақилона амал мекунад. Андешаи Харарӣ дуруст аст, ки давлатҳои дунё барномаи ягонаи мубориза бар зидди ин вирусро надоранд. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зери тозиёнаи танқид гирифтор шудааст ва пешниҳоди созмон барои табобати ин беморӣ низ мухолифини худро дорад. Барои пешгирии паҳншавии беморӣ саъю кӯшишҳои ҳамгироии  ҳамаи давлатҳои дунё заруранд ва бо мақсади барқарор намудани рушди устувори ҷаҳонӣ бояд нақшаи ҳамкории кишварҳо ба роҳ монда шавад. Имрӯз, вақте ки кишварҳои рӯ ба инкишоф дар вазъияти мураккаби иқтисодӣ қарор доранд, вазифа ва ташаббуси кишварҳои абарқудрати ҷаҳон дар ҳамоҳангсозии глобалӣ оид ба бартараф кардани мушкилоти марҳалаи нави буҳрони ҷаҳонӣ боз ҳам ҷиддитар арзёбӣ мегардад.
Воқеан ҳам, имруз бидуни нақшаи умумии мубориза бо ин беморӣ, инсоният аз он ба осонӣ халос намешавад. Давлатҳои абарқудрате, ки дар гузаштаи наздик ба худ вазифаи нозири ҷаҳониро касб намуда буданд, имрўз саъю кўшишҳои таъсиррасонии худро ба тамоми ҷаҳон кам намудаанд. Дар ҳоле, ки давлатҳои абарқудрати дунё баҳри роҳандозӣ намудани ҳадафҳои олии хеш ногузир буданд ва хусусияти бузургманиширо дар давраи ҷаҳонишавӣ доштанд, имрўз бо маҳкумкунии якдигар дар пайдоиш ва авҷи короновирус машѓул мебошанд.
Тавре болотар ишора кардем, дар миқёси олам ба таври расмӣ то ҳол муносибати ягона дар мубориза бар зидди беморӣ пешниҳод нагардидааст ва ин сабаби пайдоиши ақидаю афкори гуногун дар ҷомеа гардидааст. Аз ҷумла, ақидаҳои мазкур ва ақидаҳои дигари ба ин монанд имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии моро ба ташвиш овардаанд, ки чунин мебошанд: ин вирус сунъӣ буда, аз ҷониби ин ва ё он давлат баҳри манфиати иқтисодӣ паҳн карда шудааст ва дар ин асно давлатҳои абарқудрати дунё ҳамдигарро гунаҳкор эълон намудаанд; аз ҷониби гурўҳи махсуси сарватмандони трансмиллии манфиатдор барои пешбурди сиёсати хеш паҳн гардидааст; ҷазои офаридгор ба ҷомеаи истеъмолӣ; натиҷаи беэҳтиётии инсон; аз ҷониби ин ва ё он давлати абарқудрат баҳри таҳти ҳукмронии тоталитарӣ қарор додани кишварҳои рў ба инкишоф ва  бо воситаи эмкунӣ дохил намудани чипҳо ба организми одамон паҳн карда шудааст.
Итминон аст, ки дар ояндаи наздик олимони соҳаи тиб роҳҳои табобати ин бемориро дарёфт менамоянд. Аммо айни замон, ки раванди паҳншавии беморӣ дар кишварҳои дунё хисороти зиёди ҷониро ба бор оварда истодааст, масъалаи аз ҳама муҳим - ин бартараф  намудани оқибатҳои манфии ин беморӣ ба ҷомеа мебошад.  
Коршиносон аз таҷрибаи кишварҳои дунё ду роҳи муборизаро бо ин вирус дар ҷаҳон нишон додаанд. Якум карантини шадид, ки мувофиқи он корхонаҳо аз кор мемонанд ва барои аз хона баромади одамон бидуни эҳтиёҷоти зиндагӣ баромадан манъ мешавад. Дар чунин ҳолат тамоми хароҷоти мардум аз ҳисоби буҷети давлат пардохт мешавад.  Дуюм ин карантини нарм мебошад, ки хатари сироятшавӣ дар чунин намуд зиёд мебошад ва аз аъзои ҷомеа барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва нигоҳ доштани масофаи иҷтимоӣ муносибати ҷиддӣ намуданро тақозо мекунад. Чунин карантин имконият медиҳад, ки одамон низ барои пеш бурдани зиндагии худ бевосита иштирок намоянд. Хамзамон, омилҳои асосии коҳиш ёфтани иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар айни замон ин пастравии сатҳи истеҳсолот, коҳишёбии ҳаҷми савдои ҷаҳонӣ, кам гардидани ҳаҷми маҷмӯи талабот ва пешниҳод, таъсири манфӣ ба соҳаи хизматрасонӣ мебошад, ки дар шароити кунунӣ ба иқтисодиёти давлатҳои алоҳида низ таъсири худро мерасонад.
Бо вуҷуди талошҳои пайвастаи кишварҳои олам ва созмонҳои умумиҷаҳонӣ дар роҳи  аз байн бурдани  ин вабои аср  таъсири пандемия аллакай ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятии саросари дунё, аз иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маънавиёти инсоният сар карда, то муносибатҳои байналмилалӣ  расидааст. Бояд қайд намуд, ки дар ҳолати ба эътидол омадани вазъи ҷаҳони муосир, яъне пас аз бартарафсозии окибатҳои беморӣ эҳтимол ҳаст, ки пеш аз ҳама амнияту суботи давлатҳо боз ҳам актуалӣ гардад. Таҳкими давлат бо татбиқи амалияҳои нав – ҳамчун маҳдудсозӣ, назорат, интизом ва низоми мустаҳками сохторҳои давлатӣ амалӣ гардад. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷаи мардум таъмин карда шуда, тамоми нерў ва иқтидори давлатҳо барои мустаҳкамӣ ва рушди иқтисодиёти дохилӣ равона гардад.  Дар навбати худ кишварҳое, ки иқтидори пасти истеҳсолӣ доранд, ба мушкилоти зиёд рў ба рў мешаванд ва вобастагии онҳоро аз давлатҳои мутараққии дунё тақозо менамояд. Ҳамин тариқ, аз як тараф пандемияи коронавирус ба иттиҳодяҳои минтақавию ҷаҳонии иқтисодӣ зарба зада бошад, аз тарафи дигар барои ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, дар айни замон ақидае низ вуҷуд дорад, ки пасманзари пандемия метавонад соҳибихтиёрии давлатҳо ва миллатгароиро мустаҳкам кунад. Ҳама давлатҳо ҳам демократӣ ва ҳам тоталитарӣ як қатор чораҳои фавқулоддаро барои рафъи бӯҳрон ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андешида истодаанд. Аксарияти онҳо намехоҳанд аз ваколатҳои дар давраи бӯҳрон ба дастомада, ҳангоми таҳдиди хатар даст кашанд. Чунин андешаҳо ҷомеаро ба ҳадаф намерасонад. Ҳар як қавму миллат новобаста аз чунин ҳолат ҳуқуқи нигоҳ доштани соҳибихтиёрии худро дорад ва сари ин имрўз баҳс нодуруст аст. Пандемия ва бӯҳрони ҷаҳонӣ танҳо дар суръати ҳамкорию ҳамгироии ҳамаи кишварҳо аз байн хоҳад рафт.
Ҳолати имрузаи ҷаҳон, муноқишаҳои пайвастаи сиёсатмадорону сарварони кишварҳои абарқудрати дунё бори дигар собит месозад, ки  хатари беморӣ ба амнияти одамон назаррас аст. Таърих гувоҳ аст, ки рақобати давлатҳои бузург дар чунин ҳолатҳо хотима намеёфтанд. Имрўз мо шоҳиди он гаштаем, ки новобаста аз таҳдиди хатар ба инсоният гурўҳҳои ҷудогона  манфиатҳои ѓаразноки худро аз амнияту суботи инсоният болотар мегузоранд. Аз вазъияти ба амаломада истифода бурда ба воситаи расонаҳои гуногун мардумро ба таҳлука меандозанд. Мушкилоти дигари ҷомеа ин дар шабакаҳои иҷтимоии интернет бардоштани масоили чолишбарангез аст, ки зиёде аз онҳо ѓайриобъективона  мебошанд. 
Ягон ниҳод дар ҷаҳон мутлақан комил ва аз камбудӣ холӣ намебошад. Аммо, ҳоло низ дар ҷомеа ашхосе ёфт мешаванд, ки фазои ободу озод, муҳити орому осудаи кишварамонро нодида мегиранд. Бо истифода аз иғвову дасиса ва нотавонбинии худ дар зеҳну шуури сокинон ақидаҳои бадбиниро бунёд месозанд.
Аз ҷумлаи нотавонбинони давр роҳбари созмони “Паймони миллии Тоҷикистон” Муҳиддин Кабирӣ ва думравони онҳо мебошанд, ки имрӯз берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пиёда сохтани ҳадафҳои ғаразноки худ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои зиёд кардани тарафдорону пайравони хеш кӯшиш меварзанд. Чунин ба назар мерасад, ки бо пайдо шудани бемории коронавирус дар Тоҷикистон ва зиёд шудани миқдори сироятшудагону фавтидагон барои  ин тоифа маъвои хушҳолӣ бошад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе афрод ягон камбудиро дида онро ҳамчун як парчами тафриқаандоз бод медиҳанд, вале намегўянд, ки барои чӣ мо бетарафем?
Воқеан ҳам, чунин аст ва ҳар боре чанд нафар аз ин тоифаи гурезаи ватангумкарда дар паноҳи хоҷагони хориҷиашон истода, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гумонашон «аз дарду доғҳои аҳли ҷомеа сухан мегӯянд», бинобар беасосию бебунёдии даъвоҳояшон худро дар назди алҳи башар расвотар месозанд. Ба гуфти шоир:
Зишт дар силки накӯён менамояд зишттар,
Пои товус аз пари товус расво мешавад.
Мутаассифона, ин тоифа роҳгумкардагон ва бадхоҳони давлату миллат моҳияту ҳикмати «Аз мардумаки дида бибояд омӯхт: Дидан ҳама касрову надидан худро!» ва панди хирадмандонро сарфи назар намуда, тавре амал менамоянд, ки хислату рафторашон исботи бешак ва собитгари амалҳои хиёнаткорона мебошад. Гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои мухталифи террористиву экстремистӣ доштаи ин тоифа бахусус таҳти парастории молиявӣ, сиёсиву иттилоотӣ ва дигар шаклҳои дастгирии кишварҳо ва созмонҳои алоҳида қарор гирифта, фаъолияти харобкоронаи худро идома медиҳанд. Мақсади асосӣ аз «булбулрафторӣ»-и ин қавми хоину ватанфурӯш бо кадом роҳу усул ва воситае набошад, нодида гирифтани пешравию дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, рушду нумӯи кишвари азизамон мебошад.
Ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «… террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад. Муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад».
Дар ин радиф шеваи нишон додани камбудию норасоиҳо аз ҷониби Кабирӣ ва пайравонаш чирккобӣ аз зери нохунро ба хотир меорад. Онҳо як камбудӣ ё норасоии ночизро дида метавонанд, вале ҳазорон пешравию муваффақиятро нодида мегиранд. Хушбахтона, мардуми мо аз ин шеваю усул кайҳо боз бохабаранд ва бо акси садову вокуниши худ ба бадхоҳони давлату миллат ҷавоби сазовор медиҳанд.
Воқеан ҳам, замони муосир замони хеле печидаву мураккаб буда, пайдоиш ва босуръат паҳншавии беморӣ онро боз ҳам печидатару мураккабтар сохт. Бар асари ин вабо ба иқтисодиёти мамлакатҳои олам хисороти азим расида, ҳатто пешрафтатарин кишварҳо дар муқобили он истодагарӣ карда натавонистанд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, дар диёри мо низ мушкилоти ҳаёт бештар шуда бошад ҳам, ба шарофати ғамхорию дастгирии доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳо давра ба давра аз байн рафта, ҳаёт ба маҷрои пешинааш баргашта истодааст. Агар мо сабру тоқатро пеша намуда, бунёдкорию созандагиро ривоҷу равнақ бахшем, муаммою мушкилоти рӯзгорамон ба зудӣ ҳалли худро меёбанд.
Президенти кишвар зимни баргузории ҷаласаҳои ҳукуматӣ, чорабиниҳои ҷашниву мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа ҳамеша аз он ёдовар мешаванд, ки бо вуҷуди пешравию муваффақиятҳои назаррас, ҳанӯз муаммою мушкилоти ҳалталаб дар зиндагиамон зиёд аст. Вазифаи аввалиндараҷа ҳамин аст, ки дар ҳамҷоягӣ роҳи ҳалли онҳоро ёбему аз паи ислоҳи камбудиҳо шавем. Яъне роҳбарияти мамлакат, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳаргиз камбудию норасоиҳоро аз назари сокинони Тоҷикистон пинҳон намесозанд, ба ин кор зарурат ҳам нест ва бо ин роҳ мо пеш рафта ҳам наметавонем.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун такягоҳи боэътимоди мардуми кишвар дар чунин шароити ҳасоси сиёсиву иҷтимоӣ баҳри пешбурди андешаи миллӣ ва татбиқи меъёрҳои таъхирнопазир барои пешгирии ин вабои вазнини аср ҳама чораҳои заруриро пайваста андешида истодааст. Бинобар ин, баҳри бартараф намудани мушкилиҳо Ситоди Ҳукуматии зидди паҳншавии бемории сироятӣ таъсис дода шуд, ки он ҳамаи чораҳоро саривақт андешида истодааст. Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда сарҳадоти заминиву ҳавоиро баст, зеро дар мамлакат амнияти шаҳрвандон дар навбати аввал меистад.
Яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеа ин эълони карантин дар мактабҳои таҳсилоти миёна ва олӣ мебошад. Вобаста аз имкониятҳои мавҷуда Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои тадриҷан нигоҳ доштани сатҳу сифати раванди таълимро андешида, ба карантин баромадани хонандагону донишҷўёнро ташкил намуд.  Бо мақсади ҳифзи солимии ҷомеа аттестатсияи хатми хонандагони синфҳои 9 ва 11 – и таҳсилоти миёнаи умумӣ дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона бе иштироки хонандагон ташкил карда шуд.  Инчунин, дар бораи сари вақт пардохт намудани музди меҳнат ва рухсатпулии устодону омўзгорон чораҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Як ҳолатро тоифаи тафриқаандозу дасисабоз дарк кардан намехоҳанд ва ё дарк мекунанду иқрор намешаванд, ки дар Тоҷикистон тамоми имконияту шароит барои ҳифзи саломатии мардум, рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ва баланд намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, пеш аз ҳама, дараҷаи донишу маърифатнокӣ ва соҳибкасбу соҳибҳунар будани афроди ҷомеа мавҷуд мебошад.
Бо боварии комил метавон иброз намуд, ки мардуми мо, дигар хатову иштибоҳоти гузаштаро такрор намекунад. Кӯшишу ғайрат ва талошу заҳмати дастҷамъонаамон ҳатман моро комёб, ояндаи дурахшонамонро таъмин намуда, Тоҷикистонро ба кишвари пешрафтаю обод табдил медиҳад. Аммо хоинону ватанфурӯшони гуреза бадном хастанду гумном мегарданд.
Сарвари хирадманду адолатпешаи мо ҳамчун кафили рушди босуботи кишвар барои пешгирӣ ва роҳҳои сабук намудани оқибати иқтисодии пандемия тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Вазъияти имрўзаи кам гардидани шумораи сироятёфтагон дар ҷумҳурӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон дуруст ва мақсаднок  мебошад.  Давлатҳое, ки ҳолати фақуллода ва карантини сахт эълон карданд, ҳоло тадриҷан ба карантини нарм гузашта истодаанд. Ин ҷо ақидаи хешро дар бораи фитрати азаллии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон кардан мехоҳам. Ҳанўз аз рузҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президенти мамлакат аз тамоми минбарҳо дар бораи пешбурди таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо ѓизои хушсифат таъмин намудани аҳолии кишвар, ки яке аз ҳадафҳои олии мамлакат мебошад, чораҳои зарурӣ роҳандозӣ менамоянд, ҳамзамон оиди риояи сарфакорӣ,  озодагӣ, захиранамоӣ ва ободкорӣ дар мамлакат  таъкид менамоянд, ки имрўз мо шоҳиди натиҷаҳои ин сиёсати созандаю бунёдкорӣ мебошем.
Фармони навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 июни соли 2020, шаҳодати ѓамхории ҳамарўзаи Сарвари давлат барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад.
Ба гуфтаи сиёсатшинос Марк Лоуренс Шрад, пандемия мафҳуми ватандӯстиро таҳрир хоҳад кард. Милитаризми анъанавӣ онро тарк хоҳад кард, зеро ҷанг барои мубориза бо вирус кӯмак нахоҳад кард. Ҳоло ватандӯстони асосӣ ва ҳимоятгарон одамони бо либоси ҳарбӣ нестанд, балки табибон, ҳамшираҳои шафқат ва дорусозон мебошанд. Аксари онҳо бо хатари ғайричашмдошти сироят ба марг рӯ ба рӯ мешаванд  ва ҳақиқат дар он аст, ки муносибат ба соҳаи тиб низ дар оянда дигар хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, таҳлили вазъи имрўза нишон медиҳад, ки пандемияи коронавирус ҳамчун боз як санҷишу дарси зиндагӣ барои ҳар як инсон боқӣ мемонад ва набояд моро ба дилшикастагиву ноумедӣ биёрад. Ин рўзҳои мушкил мегузарад, танҳо ваҳдати миллӣ, ягонагӣ, сарҷамъӣ, иродаи қавии мо, инсондўстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ ва ватандории мо бояд ногусаста бошад.
Мо орзуи онро дорем, ки мардуми сарбаланду ваҳдатофари тоҷик дар фазои солими амнияту осоиштагӣ хушбахтона умр ба сар барад. Ҳар як фарди ҷомеа имруз вазифадор аст, ки дар рушди минбаъдаи кишвари азизамон ба хотири наслҳои оянда саҳмгузор бошад. Зимнан, моро зарур аст, то фазои эътимод, таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмиро миёни ҷомеа ва тамаддунҳо тавсеа бахшем, ки ин дар навбати худ имкониятҳои моро дар муқовимат бар зидди хатару таҳдидҳои муосир бештар месозад.
 
Содиқӣ Насиба,
Раиси Кумита оид ба илм, маориф,
фарҳанг ва сиёсати ҷавонони
Маҷлиси намояндагони МО ҶТ,
узви фраксияи ҲХДТ.
Доктори илмҳои фалсафа.
 

Илова кунед