Семинар-машварат баргузор гардид

12 Июн 2020, Ҷумъа

Бо ташаббуси Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар китобхонаи Маҷлиси намояндагон семинар – машварат дар мавзӯи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ин семинар – машварат аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон, Сафарзода Зайниддин ва Зафар Файзуллозода баргузор шуда, дар он масъалаҳо доир ба вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима ва шарҳу тафсир гардид.

Семинари мазкур бо иштироки васеи кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мушовирони кумитаву комиссияҳо ва дигар кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон сурат гирифт. Аз рӯи масъалаи мазкур Сафарзода Зайниддин ва Зафар Файзуллозода, ки аъзоёни Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ мебошанд маърӯза намуда, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маxлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро аз рӯи моддаҳо шарҳу тафсир намуда, нуктаҳои асосии ин қонунро аз тариқи барномаҳои компютерӣ ва барномаҳои слайдӣ манзури ҳозирин гардониданд.

Дар интиҳои семинар вакилони мардумӣ ба саволҳои сершумори кормандони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон посухҳои амиқу дақиқ гардониданд.

Ёдрас мешавем, ки ин қонун ҳуқуқ, вазифа, масъулият ва кафолатҳои ҳуқуқию иҷтимоии узви Маxлиси миллӣ ва вакили Маxлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, аз ду боб ва 39 модда иборат мебошад. Қонуни мазкур 28 июни соли 2001 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ратификатсия шуда, 23 июли соли 2001 дар Маҷлиси Миллӣ ҷонибдорӣ ёфтааст. 6 августи соли 2001 бошад аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расидааст.


Илова кунед