Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

15 Июн 2020, Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмуроди Рустам зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» иброз намуд, ки Лоиҳаи Қонуни зикршуда аз 7 боб ва 36 модда иборат буда, бо мақсади иҷрои банди 58 нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, инчунин риояи Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», муайян намудани мафҳумҳои «коррупсия», «муқовимат ба коррупсия», «ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд» ва дигар меъёрҳо дар самти муқовимат ба коррупсия, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 140 таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шуданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ»-ро ба аъзои Шӯро Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҳоким Холиқзода муаррифи намуда изҳор намуд, ки лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида аз 5 боб ва 30 модда иборат буда, бо мақсади амалӣ кардани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва банди 48 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён намуданд, пешниҳод гардидааст.

Баҳодиҳӣ яке аз воситаи муҳими ба танзим даровардани муносибатҳои иқтисодӣ ба шумор рафта, барои амалисозии муносибатҳои молӣ ва ғайримолӣ нақши муҳим дорад.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» мутобиқ  намудан ба шароити муосири иқтисодӣ, аз ҷумла ҷорӣ кардани стандартҳои баҳодиҳӣ, муайян намудани салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ  ва танзими фаъолияти баҳодиҳии ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми ба гарав гузоштани молу мулк ва танзими самаранокии фаъолият дар ин самт мебошад.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ (нархгузорӣ)» яъне, Қонуни амалкунанда мафҳумҳои баҳодеҳ, усули баҳодиҳӣ, стандартҳои миллии баҳодиҳӣ Шӯрои машваратӣ оид ба рушди фаъолияти баҳодиҳӣ, Шӯрои экспертӣ оид ба фаъолияи баҳодиҳӣ ба таври мушаххас муайян карда нашудаанд, ҳамаи ин масъалаҳо дар лоиҳаи Қонуни пешиниҳодшаванда пурра танзим гардидаанд.

Зимни баррасии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло таъкид намуд, ки мақсади ба имзо расонидани лоиҳаи «Барномаи ҳамкории техникӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия, ин баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисони авиатсияи гражданӣ, ҷалби онҳо ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар Академияи авиатсионии шаҳри Тулузаи Ҷумҳурии Франсия, ҷалби коршиносони Франсиявӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ барои рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, табодули маълумот, таҷриба ва ѓайраҳо мебошад.

Созишномаи мазкур ҳамкориро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия дар соҳаи алоқаи ҳавоӣ ва авиатсияи гражданӣ ба танзим дароварда, заминаи мусоидро барои ҷалби сайёҳон ва сармоягузорон аз кишварҳои Иттиҳоди Аврупо хоҳад гузошт.

Аъзои Шӯро аз рӯи ҳамаи масъалаҳои дигари муҳокимагардида қарорҳои дахлдор  қабул намуд.

Илова кунед