Иштироки Маҳмадтоир Зокирзода дар кори Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД

15 Июн 2020, Душанбе

15 июни соли 2020 Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД таҳти раёсати Раиси Думаи давлатии Федератсияи Руссия Вячеслав Володин, ки айни ҳол  раисии Ассамблеяи Парлумонии СААД-ро низ бар ӯҳда дорад дар реҷаи фосилавӣ (видеоконференсия) баргузор гардид, ки дар кори он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Иштирокчиёни ҷаласа, нахуст рӯзномаи кориро бо масъалаҳои зерин: «Дар бораи афзалиятҳои Федератсияи Россия дар давраи раисӣ дар Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 2020»,  «Дар бораи натиҷаҳои ҷаласаи ноябрии (2019) Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, вазъ дар соҳаи масъулияти Созмон, чораҳо оид ба муқовимати таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ ва тасдиқи аҳдномаҳои байналмилалии дар доираи СААД қабулшуда», «Дар бораи тасдиқи раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи Парлумонии СААД оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи натиҷаҳои иҷрои Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2016-2020», «Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2021–2025», «Оид ба маблағгузории фаъолияти Ассамблеяи парлумонии СААД»,  «Дар бораи сана, макони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯро, ҷаласаи сенздаҳуми Ассамблеяи Парлумонии СААД ва рӯйхати масъалаҳои ворид шуда ба лоиҳаи рӯзнома»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи фосилавии Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД баромад намуда, аз ҷумла иброз намуд, ки Тоҷикистон кӯшишҳои муштараки кишварҳои узвро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи Ассамблеяи Парлумонии СААД нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Мо итминон дорем, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди мо кӯмаки ҷиддӣ на танҳо дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, балки воситаи боэътимоди таъмини субот ва таъмини амният дар соҳаи масъулияти Созмон мебошад.

Изҳори итминон мекунам, ки мубодилаи афкори имрӯза ба ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва дар ҳамбастагӣ ба вазъият дар соҳаи масъулияти Созмон, инчунин арзёбии объективии таҳдидҳо ва чораҳои амниятӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам раисии фаъоли Федератсияи Россияро дар Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қайд намоям ва дар иҷрои минбаъдаи вазифаҳо дар самтҳои афзалиятнок муваффақият орзу намоям.

Тоҷикистон барои татбиқи барномаҳо ва стратегияҳои СААД пайваста талош меварзад ва барои амалӣ намудани қарорҳо оид ба таъмини дастгирии ташкилӣ ва ҳуқуқии Созмон чораҳо меандешад,- таъкид намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Инчунин дар ҷараёни ҷаласаи фосилавии Шӯро иштирокчиёни чорабинӣ инчунин таҷрибаи парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД-ро дар самти дастгирии қонунии тадбирҳои андешидашуда, дар мавриди паҳншавии COVID-19 ва масъалаҳои ҳамкорӣ дар шароити нав муҳокима намуданд.

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас ба Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД дар бораи вазъи иҷрои масъулиятҳои Созмон, чораҳо оид ба муқовимат ба таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ ва тасвиби аҳдномаҳои байналмилалии дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иттилоъ дод.

Ҳамзамон дар кори Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД дар реҷаи фосилавӣ-видеоконференсия аз ҷониби Тоҷикистон Раиси кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи  ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустами Шоҳмурод иштирок намуданд.

Таъкид менамоем, ки Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ фаъолияти Созмони мазкурро ба роҳ монда, ба ин ниҳод роҳбарони парлумонҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Руссия ва Тоҷикистон шомиланд. Дар айни замон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Руссия Вячеслав Володин раисии Ассамблеяи Парлумонии СААД-ро бар ӯҳда дорад.

Илова кунед