Ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат

16 Июн 2020, Сешанбе

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии худ, аз пойдор шудани Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад, ки дар он солҳо миллат ва давлати тоҷик рӯ ба эътидол оварда буд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ иқтисодиёти мамлакат рӯ ба коҳишёбӣ ниҳода, вобаста ба нооромиҳои вазъи сиёсии кишвар  иқтисодиёт низ ба фалачшавӣ рӯ меовард.

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аҳолии кишвар танқисии дастрасӣ ба маводи ѓизоии аввалияро доштанд, ки боиси ба азобу машақат дучор омадани онҳо гардид. Дар қисми ҷанубии мамлакат ин зиёдтар ба чашм мерасид, ки вилояти Хатлони имрӯза (вилоятҳои Кӯлоб ва Курѓонтепа)  дар он давра ба муҳосира  (блакада)-и нооромиҳо афтода, мардум аз норасоии ѓизо ба истеъмоли маводҳои ѓайричашмдошт, ки на барои хӯроки инсон тайёр шуда буд, аз ноилоҷи шурӯъ намуданд, ки ба бемориҳои гуногун боис гашта, сабаби беш аз 8 ҳазор гирифтори одамон ба беморӣ дар вилоятҳо гардида буд.

Ҳисороти дар ин давра ба вуҷуд омада 10 млрд доллари ИМА-ро ташкил медод. Гузариш аз иқтисоди планӣ ба иқтисоди бозоргонӣ барои давлати навине, ки аз собиқ СССР қариб чизе мерос нагирифта буд, бисёр душвор ба назар мерасид. Дар соли 1991 истеҳсоли ММД нисбат ба соли 1990 шаш фоиз кам шуда бошад, соли 1992 якбора ба 40 фоиз поён рафт. Дар ин давра сатҳи иқтисодиёт рӯ ба рукуд дошт. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ,  саноатӣ ва истеъмолӣ на зиёдтар аз 68 фоизи соли 1991-ро  ташкил медод.

Ҳамаи нишондиҳандаҳои иқтисодии соли 1992 якбора ба поён майл кард. Сатҳи тавварум бо асъори миллии ҳамонвақта то 2000 фоиз мерасид. Коҳишёбии ММД дар соли 1991-1996 ба 46 фоиз мерасид, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ натиҷагирӣ мегардад. Ба ин нигоҳ накарда шурӯъ аз соли 1993  сатҳи иқтисодии давлат рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳам бошад маҳз аз Муроҷиати Раиси Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон аз 12 –  декабри соли 1992, ки дар он ба барқарорсозии фаъолияти тамоми субъектҳои иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои бозаргонӣ дар кишвар даъват шуда буд, амалан лаҳзаи муайянкунандаи ташаккули иқтисоди конститутсионии бозори озод дар мамлакат гардид.  

Пас аз истиқрори сулҳи тоҷикон рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ мушоҳида мешавад. Дар давраи солҳои 1996-1999 дараҷаи афзоиши солонаи ММД ба 3.5 фоиз баробар шуда, бар сари аҳолӣ сатҳи рушди истеҳсоли ММД 1.6 фоизро ташкил додааст. Вобаста бар ин, миқдори корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ зиёд шуданд, яъне  иқдори корхонаҳо ва ташкилотҳои моликияти давлатӣ аз 4588 то 5102 ва корхонаҳои моликияти хусусӣ аз 6834 то 9663 афзуданд. Вобаста ба барқароршавии асоси ҳуқуқи конститутсионии субъектҳои иқтисод, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якқатор қонунҳоро мавриди амал қарор доданд, аз ҷумла «Дар бораи буҷети фавқулодаи давлатӣ» (соли 1993) «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон» (соли 1993), «Дар бораи хусусигардонии фонди манзил ва хусусигардонии моликияти давлатӣ» (соли 1995.соли 1997), «Дар бораи фаъолияти иқтисодии берунӣ ва танзими асъор ва назорат»  ( соли 1994.соли 1995), «Дар бораи бонки миллӣ» ( соли 1996), «Дар бораи муҳоҷират» (соли 1999), «Кодекси замин манзил ва меҳнат» (соли 1996. Соли 1997) ва ѓайра.

Аз соли 2000-ум арзёбии  фаъолият сиёсати пуливу қарзӣ ташаккул ёфта, иқтисодиёти кишвар ба ҷараёни инкишофи устувор ворид гардида, натиҷаҳои иқтисодӣ бо асъори  миллӣ - сомонӣ сурат гирифт. Вақте, ки давлат имкони аз нигоҳи конститутсионӣ таъмин кардани кафолати озодии иқтисодӣ чун принсипи асосии иқтисодиёти конститутсионии бозори озодро ба даст овард, ки дар ин давра аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи энергетика, нақлиёт ва арзёбии замин» (соли 2000 соли 2001), «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» (соли 2002), «Дар бораи лизинги молиявӣ» (соли 2003), «Дар бораи кафолати пасандозҳои шахсӣ» (соли 2003), «Дар бораи дурнамои давлати, консепсияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоӣ иқтисодӣ» (соли 2003), «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» (соли 2004) ва «Кодекси андоз ва гумрук» (соли 2004) ба имзо расиданд.

Имрӯзҳо дар иқтисодиёти мамлакат дар баробари моликияти шаҳрвандони дохилӣ, моликияти шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳуқуқи фаъолиятро пайдо намудаанд, ки ба даромади буҷет аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ва андоз роҳандозӣ мегардад. Дар соҳаи аграрии мамлакат имрӯзҳо зиёда аз 100 ҳазор  хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба соли 1997-11 маротиба зиёд аст, ки дар ихтиёри онҳо 2.5 млн. гектар заминҳои таъйиноти кишоварзии мамлакат мебошад. Дар баробари мӯътадил гаштани вазъияти макроиқтисодӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд стратегияҳои давлатиро қабул намуд, ки ислоҳоти ҷиддии сохториро дар бахшҳои муҳими мамлакат, аз ҷумла низоми молиявӣ - қарзиву бонкӣ, соҳаи воқеии иқтисодиёт, соҳибкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои муҳимро дар давраҳои нақшавӣ низ ба анҷом расонида шуд.

Дар роҳи тадбиқи ҳадафҳои рушди мамлакат Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ барои солҳои 2007-2009 ва 2010-2012, дар баробари ин Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 қабул гардида, паи ҳам иҷро гаштанд, ки вобаста бар ин камбизоатӣ 2 маротиба коҳиш ёфта, рушди устувори иқтисодӣ дар сатҳи миёнаи 7-фоиз таъмин гардид. Инчунин Барномаи миёнамӯҳлати Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 қабул шуда, соли ҷорӣ ба анҷом мерасад, ки ҳадафи ин барнома баланд бардоштани самаранокӣ ва гуногуншаклии захираҳо ва иқтидори бахши воқеъӣ ва қобилияти рақобати иқтисодиёт ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои бахши иҷтимоӣ мебошад.

Имрӯзҳо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи 2030 роҳандози шудааст, ки марҳалаҳои аввали он амалӣ гашта истода,  барои пешрафти некуаҳволии мардум равона карда шудааст. Яке аз ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи-2030, ин вусъатдиҳии шуѓли пурмаҳсул мебошад, ки бо сохтмони корхонаҳои хурду азим ва ба истифода додани онҳо дар мамлакат ин ҳадаф амалӣ карда шуда истодаанд. Воқеан ҳам халқи тоҷик бо ин ҳама маънавияти бузурги худ дар роҳи бунёди иқтисоди пойдори милливу давомдор мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ин ҷода талошҳои бе мисл анҷом медиҳанд.

Дар ҷараёни бунёди давлати навини соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон рисолати ваҳдати миллӣ олитарин арзише буд, ки бемайлон дар роҳи истеҳком ёфтан ва тараққӣ кардани он мусоидат намуда аст. Аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро чун санади гаронбаҳои тақдирсоз хуш истиқбол кард, ки ҳар сол дар тамоми қаламрави  мамлакат ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад.

 

Вакили Маҷлиси намояндагон

Ғиёсиддин Ашуров

Илова кунед