Созишномаҳо ба тасвиб расиданд

17 Июн 2020, Чоршанбе

Имрӯз ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  баргузор гардид.

Дар иҷлосия масъалаҳои зерин-Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба Рушди Байналмилалӣ оид ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод)», Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд», Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», . Дар бораи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо», Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ мавриди баррасӣ ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Аз руи масъалаҳои рӯзнома, дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Ҳамрализода Фаррух, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Султонзода Сулаймон, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром, муовини якуми вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳури Тоҷикистон Муҳсинзода Муҳсин, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам, вакилони Маҷлиси намояндагон Холбойзода Неъматулло, Аҳмадзода Бахтиёр, Қудратов Рустам, Назирӣ Гулбаҳор, Ашурзода Гулбаҳор, Ғаффоров Абдуҳалим, Равшан Раҷабзода  баромад намуда, роҷеъ ба тағйиру иловаҳои ба лоиҳаҳои Қонунҳо ворид гардида таклифҳои мушаххас пешниҳод намуданд.

Сипас, аз рӯи ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

 




Илова кунед