Меваи нодиртарини даврони истиқлолият – ваҳдати миллист

17 Июн 2020, Чоршанбе

Рӯзи Ваҳдати миллӣ – ҳамчун рӯзи муқаддас ва санаи таърихиву сарнавиштсози баҳамоиву оштии миллӣ, сулҳу суботи комил, асоси рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон башумор меравад, ки ҳар як фарди Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзӣ бояд аз ин дастоварди нодир ифтихор дошта бошанд. Зеро дар сарзамине, ки ҷангзада буду бародар хуни бародарашро мерехт ва нобовариву ноумедӣ руҳияи инсониро фаро гирифта, ин сарзамини ҳамешабаҳор ба як боғоти харобаву хазонгашта табдилёфта буд, барқарор намудани пояи сулҳу ваҳдат, оромиву осоиштагӣ ғайриимкон буд.
Маҳз бо шарофати ҷонбозиҳои хастанопазири фарзанди фарзонаву бохирад, оқилу ҷонсупурдаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар ин сарзамини биҳиштосо субҳи умед дамида, ба ҳадди бузург пояҳои Ваҳдат мустаҳкам гашта, барои боварӣ ба ояндаи нек устуворӣ бахшид.
Дар ин замина мо тавонистем бо муттаҳид сохтани нерӯҳои сиёсӣ, таъмин кардани ризоияти ҷомеа, ки истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии кишварамонро ҳифз кунем ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистонро дар пояи бахшишу сулҳу оштӣ Ваҳдати миллиро таъмин намоем.
Инак, бо ифтихор гуфта метавонем, ки Ваҳдате, ки дар пояи бахшишу сулҳу оштӣ ба миён омад ва аз ҳастии миллати бузургу тамаддунофари тоҷик ба ҷаҳониён паём расонид.
Ваҳдат барои мо номаи тақдири миллат, омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷамъият аст. Воқеан бузургтарин дастоварди миллати мо дар садсолаи гузашта истиқрори сулҳи поянда дар Тоҷикистони соҳибистиқлол буд.
Халқи тоҷик асолати фитрӣ ва рисолати таърихии худро ба ҳам оварда, аз имтиҳони сангини таърих гузашт, аз гирдоби бало раҳоӣ ёфт. Имрӯз миллати баваҳдатрасида ин суботу осудагии ватанро болотар аз ҳама манфиатҳо гузошта, онро ба ягон арзиши дунёӣ иваз намукунанд. Зеро барои онҳо Ваҳдат ин муқаддастарин ва нодиртарин меваи шаҳдбори даврони истиқлолият, суботи ҷомеа, сарҷамъӣ ва амнияти сарзамини аҷдодист.
Барои Ваҳдате, ки тоҷикон аз ҷодаи хештаншиносӣ ба он расидаанд, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштҳои зиёд карданд. Маҳз бо ташаббуси наҷибу ватандӯстонаи Пешвои миллат сатҳи зиндагии мардуми тоҷик боло рафт, бунёди иншоотҳои хурду бузург, шоҳроҳҳову нақбҳои азимҷусса, ободонии шаҳру деҳаҳо, корҳои ободонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ дар сатҳи ниҳоят баланд ба роҳ монда шуданд. Гузоштани чандин пайкараҳои бузургони халқи тоҷик, таҷдиди биноҳои Китобхонаи миллӣ, осорхонаҳои ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ, донишгоҳу муассисаҳои таълимии замонавӣ, бунёди мақбараҳо, боғу чойхонаҳо, таъмиру бунёди роҳҳо ва сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо далели ин гуфтаҳост.
Вале дар ҷараёни амалисозии ин ҳадафҳои басо наҷибона баъзан аз дохил ва хориҷи кишвар кӯшишҳои бо ҳар роҳу восита, бахусус паҳн кардани маълумоти бардуруғу иғвоангез ва дар ҳамин замина халалдор кардани муҳити орому осоиштаи мардум ба мушоҳида мерасанд. Аммо кори онҳо ҳеҷ гоҳ барор нахоҳад гирифт. Чунки тӯлӣ кариб ин солҳо мардуми тоҷик меваҳои шаҳдбори сулҳу оштиро чашидаанд ва дар ҷисму ҷони худ эҳсос намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ин замина занону модарони тоҷик бо хислати таҳаммулпазирӣ, сулҳпарвару сулҳдӯстӣ аз рисолати азалии хеш оқилона истифода бурда, дар лаҳзаҳои басо тақдирсоз сиёсати пешгирифтаи роҳбарити давлатро дастгирӣ намуда, зиндагии осоишта, сулҳу субот ва Ваҳдати миллиро аз хусумат ва ҷангу хунрезӣ болотар дониста,ин дастгирӣ барои пойдор гардидани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ омили асосӣ гардид. Зеро занон худ синаи раҳму сарчашмаи меҳранд, аз азал бештар ваҳдатхоҳу машъалафрӯзи дӯстӣ ва ҳамбастагӣ мебошанд. Ҳам дар хонадону ҳам дар ҷомеа посбони бошарафи амониву оромӣ, ба иффату дурандеш буда, дар ҳама давру замон дар хонаводаву ҷомеа калиде ҳастанд, ки дар пешбурди ҷомеа нақши асосӣ доранд. Хушбахтона, дар он рӯзҳои гирудори бесару сомониҳо, занону модарон ба унвони такягоҳ ва оромишдиҳандаи хонавода нақши муҳиме бозида, баҳри расидан ба Ваҳдати миллӣ талошҳо намуда ва Ваҳдати ҷовидониро ба даст оварданд.
Ба воқеияти Ваҳдати миллат расидан ба хотири он буд, ки модарон осуда фарзандонашонро ба хизмати Ватан фиристанду ба онҳо итминон бахшанд, ки ин сарзамин чун модар барояшон муқаддас аст. Ваҳдат ба хотирест, ки оянда аз хандаи беғаши тифлон оҳанги сурур эҳсос шавад ва он мисли нурҳои хуршед дар ҷаҳон танинандоз гардад.
Бо меҳру фазилат ба фарзандони гумроҳ ва ҷудоиандоз фаҳмонданд, ки бақои Ватан ва давлату миллат дар дӯстиву ваҳдат аст. Агар шири модарро пос медоранд, агар хоҳанд, ки модарон дар дуолам аз онҳо ризо бошанд, кинаро аз синаҳо дур бикунанд, ханҷару силоҳ ба замин партоянд. Оғуши меҳру садоқат ба ҳамдигар бикшоянд, дар фазои сулҳу ваҳдат ба раҳми бадхоҳон сарзаминро сарсабзу шодоб намоянд.
Воқеан пойдории Ваҳдати миллӣ аз бисёр ҷиҳат ба иродаи солим, дилу нияти пок, хираду заковат ва заҳмати пайвастаи модарони мо барои дар руҳияи бузурги меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ,ҳифзи марзу бум, инчунин омӯзишу эҳтироми таъриху фарҳанги ғании ниёгон тарбия кардани фарзандон вобаста аст.
Маҳз модар фарзандро дар руҳияи таҳаммулпазирӣ, ватандустиву меҳанпарастӣ тарбия менамояд, ки ин ҳама хислатҳои асосии ташаккулёбии ваҳадати саросарии миллиро ташкил медиҳанд. Занон олитарин нақши созандаро ба унвони ҳамсар, духтар ва модар дар чархи зиндагӣ ифода менамояд. Ва ҳамин далел аст, ки агар занон дар ҷомеабо камоли ахлоқӣ ва инсониро тай мекунад.
Бонувону модарони мо дар ҷомеаи мутамаддини инсонӣ ҳамеша нақшу мақоми хосро соҳиб буданд. Таърихи куҳанбунёди мо қаҳрамониҳои занонеро дар хотир дорад, ки дар шуҷоат ҷасорат на камтар аз мардон буданд, балки ба гунаи модару ҳимоятгар, кадбону ва шаҳбоную сарлашкар ҷонбозиҳо карданд.
Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат ҳам ҷашнест, ифодагари эҳсоси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватансозию ватандорӣ,ин шоҳроҳи бунёдӣ, яъне худогоҳиву худшиносии шахсро водор месозад, ки ба қадри модар  - Ватан, муқаддасоти миллӣ – истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ,  инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти аламшумул ва таъриху фарҳанги кӯҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани ин меросҳои арзанда, ки рисолати пурмасъули зан модар аст, кӯшишу талош варзанд.
Ҳоло замоне расидааст, ки барои ободонӣ ва шукуфоии кишвар ҳама сарҷамъона саҳм бигирем, нисбат ба ояндаи Ватан бетараф набошем. Ин беҳтарин дастовард дар таърихи миллат буда, бо шарофати он сарҷамъию ягонагӣ ва вуҷуди миллат ҳамчун миллати соҳибтамаддуну давлатдор ва соҳибтоҷ таъмин карда мешавад.
Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти занони тоҷик таъсири амиқи худро гузошт. Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ҳамчун ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гашатанд. Зеро маҳз дар шароити ваҳдату соҳибистиқлолӣ онҳо тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарӣ, рисолати ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ метавонанд сарлабандона иҷро намоянд. Ин шинохти қудрати фитрии зани тоҷик имконият дод, то ҷомеа ҳам инро эътироф намояд. Таҳлили фаъолияти занон дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ нишон медиҳад, ки имрӯз раванди рушди демократикунонии ҷомеа бечунучаро тақозо менамояд, ки чи дар идоракунӣ ва чи дар масъалаҳои дигар набояд ҷинсият асос барои маҳдудияти фаъолияти шахсиятҳо гардад.
Дар робита ба ин қайд намудан зарур аст, ки иродаи сиёсии роҳбарияти давлати мо, бахусус Президенти кишвар, Пешвои миллат хусусияти устувор дорад. Ин пеш аз ҳама нишона аз эътимоди Роҳбари давлат ба нерӯ, ақлу заковат, садоқату самимият ва ҷуръату ҷасорати занону модарони тоҷик аст.
Чун сухан сари шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик рафт, дар назар бояд гирифт, ки зан ҳамчун тарбиятгари фарзандони худогоҳу хештаншинос ва  ҳифзкунандаи Ваҳдат ва кафили амнияту сулҳу субот дар хона ва ҷомеа буда, ҳамчун қисми таркибии муносибатҳои ҷамъиятӣ истифода аз рисолати хеш ва самти фаъолият аз ҳар як фарзанд ва наздикони хеш, донишу малака, азму талош, масъулияту ташаббус ва иродаи мустаҳкамро талаб намояд.
Зеро равандҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пайвастаҳушдор медиҳанд, ки нерӯҳои таҳрибкорӣ ба амнияти давлатҳо таъсирашон хеле зиёданд ва кӯшиш менамоянд, ки дар ин ё он шакл таъсири ғаразноку манфиатхоҳонаи худро ба вазъи иҷтимоию сиёсии кишварҳо расонанд.
Ҳифзи ваҳдати миллӣ истиқлолият дар замони муосир аҳамияти бағоят муҳим дорад. Воқеаҳои солҳои охири кишварҳои араб ва Украина нишон медиҳанд, ки аз маҷрои муътадили рушд баровардани кишварҳо ба онҳо ба осонӣ даст дода истодааст. Вале таъмини суботи аздастрафта ҳеҷ гоҳ ба осонӣ ба даст намеояд. Имрӯз воқеияти ин кишварҳо парокандагӣ, хунрезию қатл, сӯзондану пора шудани ин давлатҳост. Мо таҷрибаи талхи чунин муборизаҳоро дорем ва медонем, ки онҳо ба ягон ҷониб қудрати иловагӣ ва ё нуфузу бартарӣ кафолат дода наметавонад.
Коршиносон дуруст қайд мекунанд, ки равандҳои сиёсию иҷтимоии ҷаҳони имрӯза мисли мавҷеанд, ки дар ҷое бо шиддати баланд  ва дар ҷойи дигар бо шиддати пасттар аз худ дарак дода меистад. Бинобар ин муҳимтарин талабот дар чунин вазъ ин нигоҳ доштани ҳушёрию зиракии сиёсист. Ҳар як воқеаю ҳодисот ва зуҳуротро ҳаматарафа омӯхта, таҳлил ва баҳогузорӣ намуда,сипас мавқеи худро муайян намудан зарур аст.
Дар ин раванд бечунучаро нақши оила бояд калон бошад. Чун қадами аввалини иҷтимоишавии шахс аз оила сар мешавад, бояд ҳар як падару модар талош баҳри он дошта бошанд, ки ин қадамҳояшон огоҳонаю бошуурона бошанд. Агар мо сулҳи ҳақиқиро дар ҷаҳон мехоҳем, бояд аз кӯдакон оғоз намоем. Яъне тарбияи таҳаммулу инсондӯстӣ, арзишҳои волои инсонӣ, дасткашӣ аз зуроварӣ ва муҳаббат ба инсоният бояд омили муҳими тарбияи насли наврас ва ҷавон бошад. Зеро маҳз дар оила, фарзанд чун инсони комил ба камол мерасад. Маҳз оила дар замири фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва ваҳдати миллиро мекорад, то ояндаи насли навраси мо ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба воя расанд.
Аз ин лиҳоз, густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар шуури наврасону ҷавонон бояд  яке аз самтҳои муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия бошад.
Фазои имрӯзаи сиёсии минтақа ва ҷаҳон моро водор мекунад, ки тамоми нерӯҳои созандаи ҷомеаро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат равона созем. Дар ин амри хайр ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи пешрав ва бенёдкори ҷомеа бояд нақши арзанда дошта бошанд.
Зеро ояндаи ҳар як давлату миллат ба ҷавонон вобаста мебошад. Ин нукта дар нисбати Тоҷикистон маънии хоса дорад, зеро аксарияти аҳолии кишвари моро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Бинобар ин, мо ҷавононро дар татбиқи сиёсати давлатӣ такягоҳи асосӣ медонем. Тавре, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд».
Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистонсанаи 26 декабри соли 2019вобаста ба ин мавзуъ қайд гардид, ки ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дастудили гарм ва нерӯи бунёдкорона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Талошҳои пайвастаи ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушу нумӯи кишвари азизамон бовар бар он месозад, ки ҷавонони мо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои мутараққӣ сафарбар менамоянд.
Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо бошад. Афкору андешаҳои тозаи ҷавонони мо набояд гузорад, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизамонро ғуборолуд созанд.
Дар навбати худ тамоми мардуми кишвар, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ дар борабари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон бевосита ба ваҳдату ягонагии ҳалқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад. Дар ин самт ҳамбастагии оила бо мактаб метавонад нақши муассир дошта бошанд. Зеро имрӯз дар ҳақиқат ҳам барои як нафар ҷавоне, ки таҷрибаи кофии зиндагӣ ва сатҳи баланди донишҳои сиёсӣ надорад мустақилона муайян намудани мавқеи худ мушкиласт.
Бисёр зарур аст имрӯз то мо тавонем эҳсоси муқаддаси ватандӯстиро дар вуҷуди фарзандонамон аз хурдӣ ҷой намоем, то онҳо тавонанд дарк намоянд, ки боигарии аз ҳама бузургу муқаддаси инсон – Ватан ва сулҳу субот аст.
Имрӯз мутассифона мушунавем, ки бархе аз ҷавонони мо даъвои салафию таҳририю дигар гурӯҳҳо дошта ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгароӣ шомил мешаванд ва ё рӯ ба Давлати ба ном исломӣ  оварда ҳаёти худро ба доми бало задаву, сари наздикони худро хам месузонанд ва ба ватани баҳиштосои худ хиёнат мекунанд, ки боиси таассуф аст.
Дар ин раванд пурзӯршавии омезиши шадиди арзишҳо масъалае мебошад, ки баҳри пойдории фарҳангҳо таззодҳои зиёдро пеш меовард. Пурзӯршавии ин раванд, инчунин ба қувватгирии таъсирҳои гуногуни иттилоотӣ низ вобаста буда, рушди технологияҳои иттилоотӣ баҳри ин замина фароҳам меоварад.
Бинобар ин, нигоҳ доштани ҳуввияти фарҳангӣ дар шароити муосир басо муҳим мебошад. Либос ҳам дар ин раванд яке аз василаҳои муассири муаррифии миллат ба ҳисоб меравад. Мо имрӯзҳо дида истодаем, ки Пешвои миллати мо, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муаррифии фарҳангу забони миллат дар арсаи ҷаҳонӣ чи гуна талошҳо карда истодаанд. Вале, бархе аз занону ҷавондухтарон, ҷавонону фарзандони мо ба ҷои муаррифии фарҳанги миллии худ, баръакс ба таблиғи фарҳанги бегона машғуланд, ки ин хеле нигаронкунанда буда боиси хавфи аз байн рафтани арзишҳои миллӣ ва сар задани нофаҳмиву душвориҳо дар роҳи суботи ҷомеаи мегардад.
Ҷавонони мо бояд бо истифода аз дастуру супоришҳо ва эътимоду эътиқоде, ки Пешвои муаззами миллат нисбаташон дорад, баҳри ҳифзи Ватани азизамон Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза баранд. Ҷавонони созандаи ватани хеш бошанд, аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош варзанд.
Имрӯз фарҳанги давлатсозӣ ва давлатдорӣ ба зиндагии ҷомеаи мо бо шаклу мазмуни нав ворид шуда, марҳала ба марҳала такмил меёбад ва моро ба бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамояд.
Ҳамзмон бо ин, ғояи ваҳдати миллӣ ҳамчун андешаи зиндагисозӣ ҷомеаи мо рӯз то рӯз решадору мустаҳкам мегардад, зеро хурду бузурги мардуми Тоҷикистон ҳамеша хостори ободиву озодӣ ва оромиву осудагӣ мебошанд.
Айни замон вақти он аст, ки пеш аз ҳама мо талош барои тоҷику тоҷикистонӣ буданамон кунем. Зеро имрӯз таъмини амнияту якпорчагии кишвар муҳимтар аз ҳама дигар даъвоҳост.
Мо имрӯз ба қадри он неъмате, ки аҷдодони мо садсолаҳо орзу мекарданд бирасем! Мо бояд талош дошта бошем, ки моро ҳамчун миллати соҳибтамаддуну давлатдор ёд кунанд. Чаро мо кӯшиш надошта бошем, ки аз худ сарзамини шукуфон мерос намонем? Дар борабари ин ҳама дар назар бояд гирифт, ки ватандорӣ ҳам аз гушаи имондорист.
Имрӯз ҳар яки мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки ин сарзамин бо ҳама пешрафту муаффақият бо ҳама мушкилоту камбудӣ ватани мост. Маҳз дар ин давра мо имкони таърихӣ пайдо кардем, ки ба воситаи андешаи ваҳдати миллӣ ҳамчун василаи ифодакунандаи фикру ақидаи аксарияти сокинони кишвар пояҳои давлатдоримонро мустаҳкам карда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум нақшаҳои созандаву бузургро тарҳрезӣ намоем, мушкилоти зиндагии имрӯзаро ҳал кунем, шабу рӯз заҳмат кашида, Ватанамонро обод гардонем ва ба наслҳои оянда як мулки ободу давлати пешрафтаро ба мерос гузорем.
Пешрафту муваффақияти он аз худи мо вобаста аст. Ягон дасти тавонои ободгаре аз берун омада, онро барои мо обод карда намедиҳад. Худ бояд онро созему обод намоем. Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии фарҳанги давлатдориву давлатсозии мо мебошанд, ки ҳамдигарро нерӯи тоза тақвият мебахшанд.
Агар дар ҳақиқат ҳам мехоҳем ватани худро пешрафтаю обод бинем, бояд ҳар кас аз худ сар кунад. Ҳар касе, ки мехоҳад ҷаҳонро такон диҳад, бояд аввал худро такон диҳад. Ҳар як инсони худогоҳро мебояд барои пойдории сулҳу Ваҳдат, ки ҷумлаи пойдорию муваффақиятҳо мо дар пояи он қарор дорад, эҳсоси масъулиятшиносӣ дошта бошад. Онро дар қалби худ ҳис намояд. Зеро баъди даргириҳову хунрезиҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ 27 июни соли 1997 боз як санади хело муҳиму тақдирсоз Созишномаи умумии сулҳи тоҷикон ва истиқрори ризоияти миллӣ баста шуд, ки ин санад бо талошу заҳматҳо, ҷонсупориву ҷоннисориҳо ва корҳои хастанопазими Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, ба мардум шодиву фараҳ овард.
Ҳамин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки миллати моро аз парокандагӣ наҷот дода, ҷомеаросӯи ободиву пирӯзиҳо бурд.
Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон, мавқеву мақоми онро дар миқёси ҷаҳон овозадор намуд. Сулҳу ваҳдат, ҳамигарфаҳмӣ осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёни ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон гардид.
Ваҳдатро фарзанди зодаи хиради тоҷикон метавонномид. Тоҷиконе, ки дар таърихи башар ба инсондӯстиву хайрхоҳӣ шинохтаву эътироф гаштаанд, ба ҳайси як миллате ҳамчунон хоҳанд монд.
Зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Ваҳдати миллӣ  шукуфоии Ватан аст.
Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ гӯё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар, танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Ба воситаи ин ғояи асосии умумимиллӣ мо метавонем ҳамаи табақаҳои ҷомеаро муттаҳид гардонем ва рушди бемайлону устувори самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро ба роҳ монем. Бо ин мақсад нигоҳ доштани фазои мусоиди сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ. Эҳтироми ақидаву мавқеъҳо, ризоияти ҷомеа, таҳаммулгароӣ ва мароми созандаву устувори ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ниҳоят зарур аст.
Ҳамгироӣ ва дар муҳити солим, яъне бо иттиҳоду иттифоқ ва муруввату мадоро зистан аз ҷумлаи фаризаҳои асосии ҳамбастагии башарият дар ҳама давру замонҳо ба ҳисоб меравад.
Тавре, ки бузургони мо фармудаанд, тавоноӣ ва некбахтии ҳар як миллат ба иттиҳоду ваҳдати афроди он вобаста мебошад.
Маҳз бо кушишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар ҷеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта, онро фарзанди бузурги ин сарзамин Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ бахшида, такягоҳи тоҷикони ҷаҳон гардидааст.
Бо ҳамин шодиву фараҳ ҷашни бузурги пояндадори тоҷикон Ваҳдати миллиро бароятон шодбош гуфта барои ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ сулҳу субот, амнияту сарҷамъиро таманно дорам.
 
 
Қосимзода Идигул Тағо –
узви Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ,
иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Узви Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон.
 

Илова кунед