Ваҳдати мо Тоҷикистонро мунаввар кардааст

18 Июн 2020, Панҷшанбе

Бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу субот, ҳамдилию якраъйӣ имсол (27-уми июн) мардуми сарбаланди кишвар 23 - юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро зери сиёсати сулҳпарварона, хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рўҳи болида истиқбол менамоянд.

Тавре аз саҳифаҳои таърихи навин маълум аст, кишвари хуршедии мо то соли 1997 пойбанди моҷарои таҳмилӣ буд. Миллате, ки дар Меҳани худ бо як забон, як фарҳанг, як дину мазҳабу оин дўстона кору зиндагӣ менамуданд бо фитнаҳои бегонагон ба роҳи нобасомонӣ ҳавола шуданд. Дар чунин як шароити ҳассоси таърих, ки миллат аз ҳам гусаставу дарвозаҳои мурувату дўстӣ баста шуда буданд, шахсияте лозим буд, ки бо иродаи матин аламҳоро аз синаҳои мардум пок намудаву мардумро дар сари як мафҳум: ваҳдати миллӣ муттаҳид намояд. Тавре ба ҳамагон маълум аст, давлати амалкунандаи вақт ҳатто кафолати баргузории як ҷаласаро дар пойтахти кишвар дода наметавонист. Дар чунин як шароити сангин шахсияти миллию фидокор – Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вуҷудаш руҳи миллӣ туғён менамуд рўи саҳнаи нанг омад ва бар мардуми хеш паёми иттиҳод расонид.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти бонизоми кор дар ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии хоҷагии халқ, мутобиқкунонии низоми идорӣ ба иқтисоди бозоргонӣ, барқароркунии буҷаи харобшуда ва роҳҳои дарёфти ғанӣ гардонидани он, инчунин аз ҳама муҳиму аввалиндараҷа, ин хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба Ватан баргардондани фирориёнро вазифаи аслии худ ва давлати навташаккули Тоҷикистон медонист.

Дар ин ҷараён, саҳми ҳамсоядавлатҳо ва давлатҳое, ки воқеан ҳам сулҳи тоҷиконро мехостанд, аз ҷумла: Федератсияи Русия, Ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Покистон, Қазоқистон, Қирғизистону Туркманистон ва дигар давлатҳо боризу назаррас буд. Зеро, ин давлатҳо бехатарии гурўҳҳои музокиракунандаи ҳарду ҷонибро дар ҳудуди кишварашон таъмин намуда, шароит муҳайё мекарданд, ки гурўҳҳое, ки сулҳи Тоҷикистонро намехостанд дар ин раванд халал нарасонанд ва давраҳои навбатии гуфтушунидҳои тарафайн дар фазои орому ҳамдилӣ гузаронида шаванд. Дар он шабу рўз бо назардошти ноустувор будани вазъи сиёсии кишвар баргузории чунин вохўриҳо кори саҳл набуд.

Солҳои зиёди талошу муборизаҳо дар таҳкими давлатдории навини миллӣ, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол далели возеҳи он аст, ки тамоми шохаҳои ҳокимият дар атрофи аҳдофи сулҳпарваронаи Президенти кишвар муттаҳид будаанд, аз ҷумла Парламенти кишвар низ, ҳамеша дар хизмати мардум будааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми парламенти касбиро мушаххас ва ҳамаҷониба муқаррар сохтааст. Тағйироту иловаҳое, ки моҳи сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд, ба тарзи куллӣ мақоми конститутсиониву ҳуқуқии парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дигаргун намуданд. Дар асоси тағйироту иловаҳо Маҷлиси Олӣ ба ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ташкил ёфт.

Ташкилёбии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ин шакли дупалатагии мақомоти қонун ҳамчун ҷамъбаст ва натиҷаи истиқрори сулҳ, ризоияти миллӣ ва ваҳдати миёни тоҷикон зоҳир гардида, аз нахустин рӯзҳои фаъолияташ дар қатори вазифаҳои касбии худ – амри қонунгузорӣ ва намояндагӣ - ҷиҳати таҳкими бунёди сулҳу ваҳдати миллӣ, ризоияти ҷомеа густариши ҷараёни демократикунонӣ хидматҳои арзишманде ба анҷом расондааст.

Қобили тазаккур аст, ки дар тамоми комёбиҳо ва пешравиҳои соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар нақши Маҷлиси намояндагон, қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи он имрўзҳо равшан аён аст. Имрӯз кишвари тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ва байнипарламентӣ дар баробари дигар дастовардҳои даврони истиқлолият бо парламент ва қонунҳои замонавиаш мешиносанд ва эътироф менамоянд. Бояд қайд кард, ки дар баробари фаъолияти касбӣ, Парламенти кишвар ҷиҳати тарбия, соҳибкасб намудан ва ба камол расонидани кадрҳои миллӣ мактаби бузурге буда, саҳми созгор дорад. Дар давраи фаъолияташ кадрҳоеро омода карда, ба сиёсат ва соҳаҳо хоҷагии халқ равона кардааст, ки онҳо то ҳол ба давлату миллати хеш содиқона ва софдилона хизмат намуда истодаанд. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадри ин макони муқаддас буда, дар Иҷлосияи XVI таърихӣ ба ҳайси Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Дар ин Иҷлосияи тақдирсоз миллати тоҷик тавонист, таҳти роҳбарии ин шахсияти сарсупурдаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарор намудани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар камари ҳиммат банданд ва қадамҳои нахустинро гузоранд.

Бо мақсади иҷрои беғаразона ва дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳои созанда Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Қаҳрамони ҷонфидо ва воқеан дилсузу ғамхори миллати сарбаланди тоҷик намунаи аз худ гузаштанҳоро нишон дода, ҳамаи ҷонибҳои ба сулҳи тоҷикон манфиатдорро гирди ҳам овард ва дар ниҳоят, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия ба имзо расид.

Марҳилаҳои созиши миллӣ дар таърихи Тоҷикистон ҳодисаи фаромӯшнашаванда маҳсуб шуда,  дар ин марҳила хосса нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун наҷотбахши миллат беназир арзёбӣ гардидааст. Агар кӯшишу заҳматҳои доимии Пешвои миллатамон намебуд, на танҳо ба созиш ва ваҳдати миллӣ намерасидем, балки қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амсоли кишвари ҳамсоя - Афғонистон ба майдони тохтутозҳои бемаънии худхоҳони дохиливу хориҷӣ табдил меёфт. Натиҷаи чунин ҷонисориҳои беғаразона буд, ки  номи кишвари моро ҳамчун “Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва миллати тоҷикро дар симои Пешвояш чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Миллати Тоҷик” мешиносанду эътироф кардаанд.

Маҳз ин рўйдоди муҳими таърихӣ тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу ваҳдат оварад, барои устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва навини тоҷикон дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва ҷаҳонишавӣ замина фароҳам созад.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсози мардуми Тоҷикистон шароите фароҳам овард, ки истиқлолияти давлатӣ пойдор бошад, дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободии кишвар ва ояндаи неки давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таври дигар худ бузургдошти арзишҳои истиқлолият маҳсуб меёбад. Зеро маҳз Ваҳдати миллӣ тавонист миллати тоҷик, забони тоҷикӣ ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонад.

Ваҳдати мо Тоҷикистонро мунаввар кардааст,

Нури ваҳдат тоҷиконро тоҷ бар сар кардааст.

Таҷрибаи бадастовардаи сулҳи тоҷиконро дар миқёси ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодир дар ҷодаи сулҳофарӣ маънидод карда, пайваста мавриди омўзишу таҳқиқ ва васфу ситоиш қарор медиҳанд, ки ҳар як фарди бедордилу соҳибватанро огоҳ мекунад, дар пойдору устувор нигоҳ доштани ин фазои орому осуда бояд, ки камари ҳиммат бандад.

Тибқи иттилои мавҷуда то имрӯз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 190 кишвари олам шинохта, беш аз 173 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доранд. Намояндагиҳои дипломатии наздики 50 давлат дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Тоҷикистон узви беш аз 55 созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Метвон гуфт, ки ин санаи воқеан таърихӣ барои халқи азизи мо бисёр муҳиму муқаддас мебошад, зеро он давлати ҷавону соҳибистиқлоли тоҷиконро аз хатари нобудӣ ва миллатро аз парокандагӣ раҳо намуд ва оғози раванди барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва созандагии Ватани маҳбубамон гардид.

Дар фароварди ин гуфтаҳо мехоҳем қайд намоем, ки ҳамаи мо сокинону шаҳрвандони ин кишвари азизу мабубамон ҷиҳати пойдории сулҳу субот аз як гиребон сар бароварда, барои таблиғи ваҳдати миллӣ, тақвияти маърифати сиёсӣ, ҳифзи марзу бум ва таҳкими истиқлоли миллӣ корҳои таблиғотиро бештар ба роҳ монем, бо роҳандозӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва соатҳои сиёсӣ аҳамияти ғояи Ваҳдати миллиро ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеа ба сокинону шаҳрвандонамон ба таври возеҳ фаҳмонем, ки бояд ҳар фарди бонангу номуси миллат бо бардоштани сабақи таърихӣ аз ҳодисоти гузаштаи халқамон шукронаи сулҳу суботи сарзамини аҷдодиямонро ба ҷой оварда, ба қадри ин неъмати бебаҳо – Ваҳдати миллӣ бирасад ва барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми софдилонаву содиқонаи худро бигузорад.

 

Вакилони Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

н.и.и., Раҳмонзода З. Ф., Юсуфӣ М. –

аъзоёни Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин.

Илова кунед