Ваҳдати миллӣ – рамзи иттиҳоду ягонагии мардум

23 Июн 2020, Сешанбе

Имрўзҳо дар саросари кишвар мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои сулҳу оромӣ ба таҷлили ҷашни фархундаву таърихӣ ва тақдирсози миллату давлати тоҷикон 23-юмин солгарди баимзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ омодагӣ мебинанд. Санади тақдирсози сулҳу ваҳдати тоҷикон, воқеан рамзи баҳамоиву сарҷамъии миллат ва иттиҳоду ягонагии мардум, рамзи пирӯзии ақлу заковати солим ва тантанаи сулҳу субот дар саросари кишвар гардида, моро ба кохи бегазанди ваҳдати миллӣ расонид ва роҳи ояндаро ба сӯи нақшаҳои бузурги созандагӣ ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкорӣ оғоз намуд.
Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик барои бунёди давлати соҳибистиқлол пайроҳаҳои душвору марҳилаи сангини зиндагиро паси сар намудааст. Баъди пош хўрдани иттиҳоди шўравӣ низ бо иѓвою дасисаҳои душманони хориҷиву дохилӣ ҷанги шаҳрвандӣ оѓоз гашт ва садҳо фарзандони халқ мубталои фитнаи хоинони миллат гашта, муқобили давлату миллати хеш баромаданд ва дар ин ҷанги бемаънии бародаркуш ҷони садҳо нафари онҳо аз даст рафт. Дар ин лаҳзаҳои барои миллат сарнавиштсоз фарзанди фарзонаи халқ, шахси абарқудрат ва сарсипоҳи халқу ватани хеш, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои халқи худ гашт ва бо ақлу хиради азалии хеш тавонистанд миллату давлати худро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшанд.
 Даъвати нахустини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини сулҳ ва оғози музокироти сиёсӣ ҳанӯз дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ садо дода буд, ки зимни суханронии худ Сарвари давлат ҷангу зӯроварӣ ва муборизаи мусаллаҳонаро ҳамчун василаи ба эътидол овардани ҷомеа қатъиян маҳкум намуда, ба тарафҳои мухолиф роҳи осоиштаи ҳалли низои сиёсиро пешниҳод карданд. Дар он рӯзҳо ва минбаъд низ ин пешниҳод намунаи нодири таҷрибаи сулҳофарӣ ба шумор мерафт, ки бо роҳи задухӯрдҳои мусаллаҳона ва идомаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳал намудани ихтилофоти сиёсиро маҳкум намуда, фурӯ нишондани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ниҳоят ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамдигарбахшӣ расидани ҷонибҳои мухолифро талқин мекард. Ин ташаббуси нахустини сулҳофарӣ, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд барои миллати мо чун қутбнамои оянда хизмат карда, роҳи минбаъдаи моро ба сӯи ваҳдати миллат боз намуд.   
 Имрӯз ҳар яки мо бояд шукрона ва ифтихор кунем, ки тавонистем тамоми душвориҳоро дар роҳи эҷоди сулҳу ваҳдати миллӣ таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф созем, арзишҳои бузурги умумимиллӣ - соҳибистиқлолӣ, давлату давлатдории миллӣ ва ягонагии марзу буми Ватани азизамонро аз манфиату ғаразҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло гузоштем, тадриҷан пойдории сулҳу субот ва оромиву амнияти кишварамонро таъмин намудем.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ шаҳодати пирӯзии хиради мардуми сулҳпарвар ва фарҳангдўсти тоҷик мебошад, ки сиёсати пешгирифаи давлатро дар он рӯзҳои душвор самимонаву дилгармона дастгирӣ намуданд. Дар ин раванд бояд хотирнишон сохт, ки миллати тоҷик аз азал бо сулҳу салоҳ ва муросову мадоро мушкилоти сиёсиву иҷтимоии худро ҳал намудааст ва музокироту созишро чун роҳи ягонаи расидан ба сулҳ ва наҷоти миллӣ пазируфтааст. Дар ҷараёни музокироти қариб чорсола мо хуб дарк намудем, ки ҷанги бародаркуш ғолибу мағлуб надорад ва идомаи он ба парокандагии миллат ва аз байн рафтани давлату давлатдорӣ сабаб мегардад. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси падидаи нодири ҳалли низоъҳои сиёсӣ ва бӯҳрони миллӣ эътироф гардидани таҷрибаи сулҳофарии  тоҷикон далели возеҳи ин матлаб мебошад, ки эътибори моро дар арсаи байналмилалӣ чун миллати мутамаддину фарҳангӣ  боло бардоштааст.
Ба қавли собиқ Муншии Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар армуғон оварданд». Татбиқи давра ба давраи раванди сулҳ ва таҳкими фазои боварӣ ба ҳамдигар ҷонибҳоро мутмаин  сохт, ки роҳи ягонаи ҳалли ихтилоф маҳз гузашту ризоияти тарафайн, даст кашидан аз мухолифати мусаллаҳона ва хунрезӣ, барқарор намудани сулҳу субот дар Тоҷикистон, фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва рӯ овардан ба нақшаву ҳадафҳои неки созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар ин маврид ҳанўз соли 2004 Сарвари давлатамон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шудаанд: «Имрўз ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа возеҳ дарк кардааст, ки агар дар мамлакат сулҳу субот ҳукмфармо бошад, ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тадриҷан ҳалли худро меёбанд ва танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи ниҳоии худ қарор додаем, идома диҳем ва барои шаҳрвандони мамлакат шароити сазовори зиндагиро муҳайё намоем».
Ин аст, ки рўзи Ваҳдат дар байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад. Чунки мо ба ин рўзи пурсаодат бар ивази талафоти бузурги моддиву маънавӣ, ҷони ҳазорон қурбоншуда, заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд расидем. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ба имзо расидани ин санади воқеан тақдирсоз яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад. Меъмори сулҳи тоҷикон бешубҳа мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки аз рўзи аввали ба сари қудрат омадан барои дар саросари кишвар барқарор намудани сулҳи пойдор талошу ҷонбозиҳо карда, оқибат Тоҷикистонро ба хонаи умеди тоҷикон ва Ватани сулҳу ваҳдат мубаддал сохтанд.
23 соле, ки пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гузашт, марҳилаи таҳкими  худогоҳии таърихӣ ва эҷоди тафаккури миллӣ буд. Оштии миллӣ дастоварди бузурге  гардид, ки кишвари тозаистиқлоли моро аз хатари парокандагӣ наҷот дод. Аммо он наметавонист ба муддати дароз субботу оромиро дар ҷомеа таъмин кунад, фазои сиёсиро барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар фароҳам биоварад. Ҷомеаи кишвар ба сатҳи болотари камолоти ѓоявию сиёсӣ ва маънавию фарҳангӣ зарурат дошт. Ба ин хотир дар ҷараёни таҳақуқи оштии миллӣ аз ҷониби Президенти кишар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати нав, сиёсати ваҳдати миллӣ ба миён омад, ки мебоист ҷомеаи моро ба дараҷаи нави сифатӣ бирасонад.
Аз ин хотир ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус ҷавонон имрўзҳо шукронаи Ваҳдати миллӣ, соҳибдавлатӣ, ободии ин сарзамини биҳиштосоро бояд кунанд. Зеро Ваҳдати миллӣ тавассути худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими эҳсоси ватандорӣ ба даст меояд, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар ин роҳ талош бикунад.
 
Солеха ХОЛМАХМАДЗОДА,
вакили Мачлиси намояндагони
Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон.
 

Илова кунед