Пешвои миллат – бунёдгузори сулҳу ваҳдат

24 Июн 2020, Чоршанбе

Ваҳдати миллӣ, ки 27-уми июни соли ҷорӣ 23-солагии онро ҷашн мегирем – арзишмандтарин дастоварди давлатдории халқамон мебошад, ки тамоми пешрафту тараққиёт, комёбиҳову муваффақиятҳои Ватани азизамон ва рӯзгори пурсаодати мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, бо гузашти солҳо аҳамият ва мақому манзалати ин рӯйдоди сарнавиштсози миллати куҳанбунёди тоҷик боз ҳам баланд мегардад.
Дар рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистони азизамон ҳодисаҳои мудҳишу даҳшатовари ба ҳамагон маълум ба вуҷуд омаданд. Бо айби баъзе аз қудратҳову гурӯҳҳо ва душманону ҳасудони миллати тоҷик Тоҷикистони ҷавон ба коми оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва хатари аз байн рафтани давлат ба миён омад. Сохторҳои ҳокимияти давлатӣ қабл аз ҳама мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии он фалаҷ гардиданд. Он замон, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мақоми олии салоҳиятдор ва дорои ваколати конститутсионӣ буд. Аз ин рӯ, дар ин вазъияти душвори сиёсии ҷомеа 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд, ки минтақаи нисбатан  ороми кишвар буд, оғоз ёфт.
Дар ҳамон вазъи мураккаби сиёсӣ мардуми кишвар ба роҳбари кордону ботадбир, дурандешу олиҳиммат, хайрхоҳу хирадманд, ғаюру далер ва шуҷоатманду шикастанафс ниёз дошт. Хушбахтона 19-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд ва сокинони мамлакат дар шахсияти ӯ наҷотбахши давлату миллатро пайдо намуданд. Миллатдӯстиву ватанпарастӣ, нотарсиву далерӣ, қатъияту устуворӣ маҳз хислатҳои фарқкунандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданду ҳастанд.
12-уми декабри ҳамон сол Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфтанд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
1-уми июни соли 1993 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муроҷиатномаи телевизионӣ ба фирориён рӯ оварда, аз онҳо даъват ба амал оварданд: «Ба Ватан баргардед. Аммо мо ба шумо кӯҳи тилло ваъда намекунем. Як бурида ноне, ки дорем, якҷоя мехӯрем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Паҳлуи ҳамдигар истода, Ватани вайроншудаамонро обод мекунем, иқтисоди харобгаштаамонро барқарор менамоем. Ватан бе шумо холист, аммо донед, ки шумо ҳам бе Ватан пурра нестед… Халқи азизам, падару модарон, хоҳару бародарон ва фарзандон! шуморо хонаатон, заминатон, боғатон, мактабатон интизор аст! шумо тоҷику тоҷикистониед, Тоҷикистон шуморо интизор аст».
Дар заминаи ин муроҷиати самимиву саршор аз меҳру муҳаббати Сарвари давлат нисбат ба халқи шарифи Тоҷикистон, дар кӯтоҳтарин муҳлат тақрибан як миллион мардуми гурезаву сарсон ба Ватани аҷдодии худ баргаштанд ва аз ҳаёти осудаву осоишта бархӯрдор гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ваҳдати миллӣ ва таҳкиму мустаҳкам намудани истиқлолияти давлатӣ машаққати зиёдро аз сар гузаронида, борҳо ҷон дар хатар гузоштанд, то ки миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик ва давлати Тоҷикистон аз вартаи таназзулу маҳвшавӣ раҳоӣ ёфта, сулҳу субот, тинҷию амонӣ дар кишвар поянда бошад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 дар Муроҷиатнома ба муносибати имзо гардидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» қайд намуданд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5-6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Вале агар шумо раванди расидан ба ин рӯзи муборакро пеши назар оред, дарк мекунед, ки мо дар ин чанд соли охир чӣ қадар монеаю мушкилот ва гирифторию печидагиҳоро пушти сар кардем».
Бо баимзорасидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» дар Ватани азизамон - Тоҷикистон барои рушду нумӯи мамлакат дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар заминаи мусоид муҳайё гардид. Имрӯзҳо кулли сокинони мамлакат зери ливои сулҳу ваҳдати миллӣ дар фазои орому осудаи кишвари биҳиштосоямон фаъолият мекунанд ва сарбаландона умр ба сар мебаранд.
Мавриди ёдоварист, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид соли 2000-ум дар ҷаҳон Соли байналмилалии фарҳанги сулҳ эълон карда шуд ва боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпарасти Тоҷикистони азиз аст, ки дар ин иқдом таҷрибаи сулҳи Тоҷикистон низ ба эътибор гирифта шудааст.
Гузашта аз ин, соли 2002-юм дар шаҳри Душанбе ба муносибати панҷсолагии «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» вобаста ба таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон ва истифодаи он дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон Конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, инчунин дигар созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд. Онҳо таҷрибаи сулҳофаринии тоҷиконро дар ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ падидаи нодир арзёбӣ намуданд ва барои дигар кишварҳову минтақаҳои ҷангзада ҳамчун намуна барои татбиқ тавсия доданд.
Мӯҷиби сарафрозист, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби роҳбарон ва сиёсатмадорони барҷастаи ҷаҳони муосир баҳои баландро сазовор гаштааст.
Президенти Федертсияи Россия Владимир Путин, вобаста ба сиёсати сулҳоварии Сарвари давлати тоҷикон навиштааст: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Тамоми кӯшишҳои ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳу осоиш ҳамоно амиқтар реша меронад ва дар қиёс ба нуқтаҳое, ки вазъияташон муташанниҷ аст, ин комёбӣ ба худ назир надорад. Он чӣ дар Тоҷикистон ба амал меояд ва рух медиҳад, барои бисёр халқҳо ва мамлакатҳо намунаи ибрат аст». Президенти Ҷумҳурии Сенегал Абдулло Вад чунин гуфта буд: «Тоҷикон халқи хушбахтанд, зеро Парвардигор ба онҳо чунин марди оқил ва дурандешеро ба ҳайси сарвар ва пуштибон додааст. Таҷрибаи сулҳофаринии ӯ дар таърихи инсоният нодир аст».
Собиқ Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан қайд намудааст: «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд».
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ, қариб 20 сол мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонро вобаста ба об дар чаҳорчӯбаи рӯзномаи глобалӣ фаъолона пеш мебарад. Маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон гардида, барномаҳои «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Боиси ифтихор аст, ки пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» имрӯзҳо аз ҷониби ҷомеаи умумибашар амалӣ мегардад. Даҳҳо пешниҳодҳои дигари Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои умумибашарӣ низ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудаанд, ки ҳамаи онҳо ифодагари нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими мақоми байналмилалии Тоҷикистон мебошанд.
Маҳз самараи сулҳу ваҳдат аст, ки имрӯзҳо барои расидан ба се ҳадафи асосӣ: таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки натиҷаи рушду инкишофи диёри арҷманди мо маҳсуб меёбанд, қадамҳои устувор гузошта мешаванд.
Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҷомеаи адолатпарвар, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир ва нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшиданд ва дар рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон хизматҳои бузургу арзишманд намуданд.
Хизматҳои пураризшу қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999, таҳти №923 бо унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» (аз 14-уми ноябри соли 2016, таҳти №1356) қабул гардид ва ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
Бинобар ин, мо халқи шарафманду сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ, ки неъмати беназиру бебаҳо буда, моро ба сулҳу осоиштагӣ ва сарҷамъиву муттаҳидӣ расонид, бирасем ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид бошему ба халқу Ватан содиқонаву садоқатмандона хизмат намоем.
 
 
 
Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон

Илова кунед