Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун

26 Июн 2020, Ҷумъа

Ҳар гоҳ дар бораи ба миён омадани консепсияи Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сухан доир гардад, давраи расидан ба истиқлолияти давлатӣ пеши назар меояд. Дар солҳои 80-90-ум асри ХХ дар заминаи буҳрони ҷанги Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеологияи давлатӣ на танҳо дар байни пайравони ислом, балки дар миёни муътақидони дину мазҳабҳои амалкунандаи дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесобиқаи боло рафтани ҷаҳонбинии динӣ шиддат гирифт. Баъди берун овардани нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон даъвоҳои қудратхоҳӣ ва мавқеъгирии сиёсию динӣ дар фаъолияти аксари ҳизбу созмонҳои исломӣ аз рӯйи мазмуну муҳтаво тағйир ёфта, дар зери таъсири вазъияти сиёсию иҷтимоии Эрону Афғонистон дар ҷумҳуриҳои мусулмоннишини Иттиҳоди Шӯравӣ низ овози ҳаводорону пуштибонони исломи сиёсӣ баланд шудан гирифт. Ба арсаи сиёсат даромадани ҷараёнҳои динию мазҳабӣ дар ду ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Озарбойҷон ва Тоҷикистон ҳам обрӯю эътибори исломро коста кард ва ҳам ба таҳкими иттиҳоди миллӣ ва пайвандҳои суннатию таърихии ин ду миллат зарбаи ҷонкоҳ ворид намуд.
Вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурии мо падид омад, ба ҳукми тақдир ё таври тасодуф бо омилҳои таназзули давлати Сомониён монандӣ пайдо кард. Дар ҳамон даврони дур ҳам арбобони давлатию шахсиятҳои рӯҳонӣ ба ҷойи он, ки ҳиммат ва заҳмати худро барои ҳаллу фасли масъалаҳои миллию давлатӣ ва бартараф кардани шӯру ошӯбҳо ва ҳамлаю ҳуҷумҳои душманони хориҷӣ сафарбар кунанд, баръакс ҳар кадом мубталои ғаразҳои шахсӣ ва манфиатҳои иҷтимоии худ шуданд. Шигифтовар он аст, ки ин ҳақиқати талхи таҷрибаи рӯзгор дар солҳои 90-уми асри ХХ дар шаклу муҳтавои андаке дигаргун боз гиребонгири давлати ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Афсӯси дигар он аст, ки раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озодиҳои демократӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина муҳайё сохт ва тадриҷан ба таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид. Ин ҳизб арзишҳои воло ва муқаддасоти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғаразҳои сиёсии худ ва хоҷагонаш истифода мебурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок менамуд, вале тасаввуроти бисёрҳизбию ҷаҳонбиниии дигарро эътироф намекард. Мутаассифона, пешвоёни созмонҳои ҳизбӣ тавонистанд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ва арзишҳои қурунивустоӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. Маълум аст, ки дар доираи тафаккури динӣ пайванд додани равандҳои ҷамъиятӣ ҳеҷ вақт боиси пешрафт шуда наметавонад ва ин ҳолат дар вазъи муҳтоҷию дастнигарӣ нигоҳ доштани шаҳрвандони ҷумҳуриро осон мегардонад. Таърих гувоҳ аст, ки дар солҳои 1992-1997 ҳар неку баде, ки шуданӣ буд, дар ҷаридаи аъмоли кишвари мо сабт шуд. Дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-уми садаи сипаришуда дар кишвари мо хатару таҳдиди ҷиддӣ барои бархӯрди бардавоми мусаллаҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд. Қумондонҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд ва дар асоси дастуру супоришҳои “устодону падарони маънавӣ”-и худ амалиёт мебурданд. Аз ҷониби дигар, бояд донист, ки баъди имзои “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон” ва таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ҳам пешгӯӣ кардани вазъияти сиёсӣ ва ояндаи ҷумҳурӣ норавшану мураккаб боқӣ монда буд. Вазифаи нахустин дар чунин вазъият аз тафаккури шаҳрвандон ва насли ҷавон берун андохтани андешаи ботили тафриқаангезӣ буд ва консепсияи ваҳдати миллии тоҷикон ҳамин рисолати бузурги таърихӣ ва тақдирсозро сарбаландона иҷро карда тавонист.
Тибқи назарияи яке аз ҷомеашиноси машҳури асри ХХ Арнолд Тойнби дар давраҳои ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа бояд “ақаллияти созанда (creative minority)” пайдо шавад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба ҳар гуна чолишу хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз чунин ақаллияти фаъолу созанда бақо ва пойдории давлату фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини сарвари ҳамин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардиданд, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонистанд масъулияти сангини посух додан ба муаммоҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гиранд. Бояд гуфта шавад, ки дар шахсияти Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон се сифати қавианосир барои меъмори сулҳи тоҷикон будан таҷассум гардид: 1) ҷасорати ба дӯш гирифтани масъулият ва фидокорӣ дар марҳилаи муайяни таърихӣ; 2) эътимоди қишру табақаҳои гуногуни минтақаҳои ҷумҳурӣ ба маҳорати сарварии Эмомалӣ Раҳмон; 3) эътирофи роҳбари нави давлати тоҷикон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва нерӯҳои сиёсии минтақавию ҷаҳонӣ. Ҳамин падидаҳои равшан дар шахсияти Пешвои миллат дар ниҳояти кор мардуми шарифи Тоҷикистонро ба зиндагӣ ва ояндаи умедбахш дилгарм кард. Қазову қадар, қисмату сарнавишт, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки тай намудани ин роҳи пуршебу фарози истиқлолият ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст – Эмомалӣ Раҳмон таҳаққуқ пазирад. Пӯшида нест, ки масъалаи соҳибӣ кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини якпорчагии қаламрави он дар он солҳои пурташвиш хусусияти ниҳоят буҳронӣ касб карда буд, ҳатто хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун афтодани номи кишвари мо саратонвор таҳдид мекард. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вале муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдату якдилии саросарӣ ва сапедадами ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» расонид. Аз ин ҷиҳат, санаи 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии онро ҳам собит намуд. Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид. 
Ҳарчанд кишвари маҳбуби мо ҳоло дар шароити сулҳу субот ва истиқрори миллӣ кору фаъолият мекунад, вале таъсири нооромиҳои солҳои 90-уми қарни гузашта дар рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишвар то ҳанӯз бараъло эҳсос мешавад. Ин ҳолат аз ҳама бештар дар осебпазирии насли ҷавон ба раванду ҷараёнҳои номатлуб ва гароиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ зоҳир мегардад. Ҳоло муборизаҳои геосиёсии кишварҳои бузурги олам, ба таъбири Пешвои миллат, дар шакли «моҷароҳои вазнини сиёсӣ, ҷангу хунрезиҳои зиёди мазҳабӣ, инқилобу муноқишаҳои бешумори сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ» зуҳур ёфта истодааст. Илова бар ин, пандемияи сироятии марговар балои дигареро зам кардааст, ки дар тафсиру баёни он низ андешарониҳои динию эътиқодӣ таъсиргу­зор шудааст. Дар матни геополитикаи ҷаҳонӣ омили динӣ, алалхусус дини мубини исломро ба зербинои таҳрикдиҳанда ва абзори асосии ҳар гуна нооромиҳо табдил дода истодаанд. Бадбахтона, эътиқодоти динӣ василаи таҳмил ва содироти иҷбории арзишҳои бегона, харобкунандаи пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ёдгориҳои таърихи куҳани инсоният шудааст, ки аксарашон дар кишварҳои мусулмононӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар фазои иттилоотии мамлакат то ҳанӯз кӯшишҳои нигаҳдории ҷаҳонбинии динӣ ва тарғиби равандҳои номатлуби исломи сиёсӣ вуҷуд дорад. Ҳолатҳои истифода аз навъҳои ғайрирасмии таълими динӣ бошад заминаи хатарноки ташаккули идеяҳои ифротӣ шуда метавонад. Дар чунин марҳилаи масъули ташаккули миллатсозӣ ва давлатсозӣ танҳо мутахассисону кадрҳои баркамолу худшинос ва худогоҳу соҳибмаърифат ё ба таъбири маъмул «аз нигоҳи сиёсӣ озмудашуда» ормонҳои озодихоҳӣ ва ватандории тӯли садсолаҳо дар замири мардуми ватандӯстамон нуҳуфтаро соҳибӣ карда метавонанд. Дар ин шароити ниҳоят мураккаб танҳо миллати ба рақобат тобовар ва содиқ ба муқаддасоти марзу буми аҷдодӣ бақои худро таъмин карда метавонад ва ба баланд кардани сифати сармояи инсонӣ мушарраф мегардад. Бо зоҳирпарастию шиорбозӣ ба ганҷи мақсуд расидан номумкин аст, чун миллату давлат дар пояи андешаҳои созандаи илму ҳикмат сохта мешавад, на бар мабнои арзишҳои тахайюлию хурофотӣ.
Ба андешаи мо, дар ташаккули падидаи расидан ба санаи фараҳбах­ши сулҳи деринтизор ва Ваҳдати миллии тоҷикон ба инобат гирифтани омилҳои зерин ҷойгоҳи калидӣ дорад:
  1. Ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон. Ин интихоб ба раванди ҳар лаҳза тағйирёбандаи сиёсӣ ва амалияи зуд-зуд иваз кардани роҳбари аввали ҷумҳурӣ хотима бахшид. Гузашти айём нишон дод, ки ҳамин қарори иҷло­сияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ оғози истиқрори сиёсии бардавом ва заминаи поягузории рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёт дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ будааст. Зеро дар шахсияти Пешвои миллат дар баробари ормонҳои умумимиллӣ орзуву умеди ҳамон минтақаҳои ҷуғрофии Тоҷикистон таҷассум ёфта буд, ки ба сабаби нооромиҳо нисбат ба сокинони шаҳру ноҳияҳои дигар бештар зарари иқтисодию молиявӣ ва маънавию равонӣ дида буданд. 
  2. Бояд дуруст фаҳмида шавад, ки Созишномаи сулҳ байни Ҳукума­ти қонунии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи Тоҷикистон ба имзо расидааст. Бартарӣ додан ба амалкарди фавқулодаи ин ё он гурӯҳ ва ҳизби алоҳидаи сиёсӣ дар баргузории даврҳои музокирот аз рӯи адолат ва одобу инсоф нахоҳад буд. Ва ҳеҷ ниҳоди ҷамъиятию сиёсӣ ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ин дастоварди умумимиллиро натиҷаи фаъолияти маҳдуди худ баҳогузорӣ намояд.  
  3. Ҷамъбасти фаъолияти Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони Пешвои миллат буданро ҳанӯз дар ҳамон вазъияти ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсӣ ошкор намуда буд. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале боварӣ ба мардум ва иродаи дар муҳити хидмати ҳарбии нерӯҳои баҳрӣ обутобёфтаи Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнопи­сан­дӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Худо карданро дар шахсияти он кас гӯё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Сарвари давлат на танҳо тавонистанд, ки гурӯҳи ҳамфикрони созандаи худро дар ҳайати роҳбарии олии сиёсии кишвар муттањид созанд, балки инчунин аз байни анбӯҳи нерӯҳои мухолифин ақаллияти конструк­ти­виро пайдо карда, онҳоро ба ҳамкории ҷиддӣ сафарбар намоянд.
  4. Суннати миллии гузашт ва афв кардани ҳамдигар дар фарҳанги мардумсолории ниёгони пурифтихори мо низ барои таҳкими пояҳои сулҳу Ваҳдат сахт мусоидат кард. Таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгашти наслҳо ба рӯзгори асли хешро осон гардо­нид, эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон боло рафт ва дар ниҳояти кор фалсафаи пурҳикмати «сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ»-ро устувор кард. Ҳам акнун 23 сол мешавад, ки миллати тоҷик дар шароити сулҳу субот ва истиқ­рори миллӣ кору фаъолият ва рушду пешрафт мекунад. Ва бояд ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин бидонад, ки дар ҳамон солҳои мудҳиши 1992-1997 миллати тоҷик тамоми масъулияти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми диниро тани танҳо ба дӯши худ гирифта, бар ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ садди роҳи ин раванди номатлуб шуд ва паҳншавии онро дар минтақа ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ муваффақона пешгирӣ кард. Насли ҷавони мо бояд аз ин ҳақиқати талх, вале бисёр наҷиби таърихи навини миллати мо огоҳ бошад, ба қадру манзалаташ бирасад ва онро арҷгузорӣ намояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти мураккаби пандемия бо такя ба таҷрибаи сулҳ ва кон­сеп­си­яи мукаммали ваҳдатофаринии худ корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ, фаъолияти густурдаи беҳдоштию табобатӣ ва тамоми фишангҳои молиявию иқтисодии ҷомеапазири­ро таҳким бахшида, чораҳои заруриро барои паст кардани шиддати таъсиргузории бемории коронавируси навъи нави COVID-19 муваффақона роҳандозӣ карда истода­аст. Албатта, барои расидан ба ин ҳадафҳо мушкилоти зиёде дар рӯёрӯи тамоми давлатҳои ҷаҳон вуҷуд доранд. Ҳамчунин бояд ба эътибор гирифт, ки нерӯҳои размандаи ваҳдатзудо ва миллатбадбин тобиши сиёсӣ додани масъалаҳоро дар атрофи мубориза бо вабои фарогир аз мавқеи манфиатҷӯӣ суиистифода хоҳанд кард. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тамоми нерӯҳои созандаи ҷомеа барои ҳимояи манфиатҳои давлатдории миллӣ аз фитнаи ноҷавонмардонаи мухолифин, шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмакҳои иғвоангез овоз баланд кунанд ва бо ҷавобҳои сазовор асли воқеиятро ба ҷаҳониён расонанд. Фарҳанги Ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфи­ат­ҳои давлатдорӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки таъмини бомароми стратегияи рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи беш аз ҳазор сол дар замири поки ниёгони пурифтихора­мон нуҳуфта аст ва ҳеҷ гуна қувват, ҳатто бемории сироятии фарогир ҳам садди роҳи расидан ба ин ҳадафҳои наҷиб нахоҳад шуд. Баръакс, мо бояд саъю талошамонро бар он равона созем, ки андарзи пандомези устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода «То тавонӣ дӯстонро гум макун» дар шакли густурдаи ҳамкории ҷомеаи ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон татбиқи амалӣ ва тавсеаи бештар пайдо кунад ва некӯ дарёфтани ҳикмати гуҳарбори «Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун» бароямон насиб ва манфиатбахш гардад.
 
Файзулло Баротзода –
раиси Комиссия оид ба одоби вакилони
Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ,
узви фраксияи ҲХДТдар Маҷлиси Намояндагон

Илова кунед