Мулоқоти Маҳмадтоир Зокирзода бо Вираҷ Синх

14 Август 2020, Ҷумъа

Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатии Тоҷикистону Ҳиндустон ва робитаҳои байнипарлумонии ин ду кишвари ба ҳам дӯст, имрӯз дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду густариши муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори гурӯҳи дӯстии байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лок Сабҳаи Ҷумҳурии Ҳиндустон, ҳамчунин иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар тасдиқу татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон имзошуда, муҳиму манфиатбор шуморида шуд.
Аснои мулоқот таъкид карда шуд, ки пояи қарордодӣ – ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 70 созишномаю ёддоштҳои тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳад ва миёни ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 80 ширкати ҳиндустонӣ фаъолият доранд ва дар реестри давлатӣ зиёда аз 1083 номгӯи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ сабт шудааст.
Зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон буда, ҷонибҳо бояд дар доираи имкониятҳои мавҷуда, дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, махсусан омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ ва тарбияи кадрҳои тахассусӣ ҳамкориҳои худро ҷоннок намоянд.
Дар ростои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони тоҷик ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон давраҳои мухталиф дар доираи Барномаи омӯзишии ҳамкориҳои иқтисодӣ (ITEC) ва Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон (ICCR) дар Ҳиндустон гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон Раиси Маҷлиси намояндагон дар мулоқот  Вираҷ Синхро ба муносибати Рӯзи миллии Ҳиндустон табрик намуда, таъкид кард, ки «дар симои Шумо тамоми мардуми Хиндустонро ба муносибати Рӯзи миллии Ҳиндустон, ки ҳамасола дар кишвар рӯзи 15 август ҷашн гирифта мешавад табрику муборакбод менамоем. Ҳамчунин аз номи Парлумон  барои он кумакҳое,  ки дар давоми солҳои охир ба Парлумон ва соҳаҳои гуногуни кишварамон расонидаед  ташаккур мегӯем. 
Мо аз сатҳ ва мӯҳтавои муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ мекунем. Ва барои густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар дар заминаҳои гуногун имконоти фаровони истифоданашуда ҳанӯз бисёр аст, -таъкид кард Маҳмадтоир Зокирзода.
Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх дар навбати худ Маҳмадтоир Зокирзодаро ба муносибати Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданашон табрику муборакбод намуда ба вакилони парлумони касбии мамлакат комёбиҳо орзу намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин аз раванди густариши робитаҳои сиёсию иқтисодии Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, комплекси агросаноатӣ,  маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ пешниҳодҳои судманд иброз гардид.

Илова кунед