Ба илми кимиё дастдарозӣ кунӣ

21 Август 2020, Ҷумъа

Дар олам илмҳои дақиқ хеле зиёданд, ки асосашонро математика, физика, химия ва қисми биология ташкил медиҳанд. Инсоният аз асрҳои хеле қадим ба ин илмҳо рӯ оварда, дар натиҷаи омӯзишу таҷриба ба муваффақиятҳои шоён ноил гаштааст. Аз ҷумла, тоҷикон дар омӯзишу ғанӣ гардонидани илмҳои дақиқ собиқаи беандоза бой доранд. Чунончӣ, таърих гувоҳ аст, ки ҷашни миллии мо-тоҷикон Наврӯзи оламафрӯз таърихи беш аз 6000 сола дорад. Оё бе донистани илмҳои дақиқ, муайян кардани дарозу кӯтоҳ ва баробаршавии шабу рӯз, офтобтарозу, рӯзи наву оғози кишту кор  ва ҷашн гирифтани наврӯз имкон дошт?! Ин худ далели он аст, ки ниёгони некноми мо ҳодисаҳои табиатро хуб омӯхта, дар ҳаёти рӯзмараашон аз илмҳои дақиқ фаровон истифода менамуданд.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ аввалин шуда бобулиҳо, мисриҳо, баъдтар юнониҳо, хитоиҳо ва ҳиндуиҳои қадим рӯ овардаанд. Охирҳои асри 8 ва ибтидои асри 9 дар Осиёи миёна ва Ҳиндустон низ ин илмҳо хеле пеш рафт ва бо кашфиётҳои навин ғанӣ гашт. Дар ин давра донишманди бузурги Шарқ, асосгузори фанни алгебра - Муҳаммад Хоразӣ асаре бо номи “Ҳисоб ал-ҷабр в-ал-муқобала” таълиф намуд, ки аз рӯи он ин илм ҳамчун фанни мустақил таълим дода мешуд. Устодони бузурге, чун Умари Хайём, Закариёи Розӣ, Абӯнасри Форобӣ, Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Алӣ Кушчӣ, Баҳоваддин Омулӣ, Наҷмиддин Алихон ва садҳои дигар низ бо кашфиёту дастовардҳои нодирашон дар рушди илмҳои дақиқ саҳми сазовор доранд ва башарият то ба имрӯз аз онҳо фаровон истифода мебарад.
Дар рӯзгори пурсаодати мо, ки кишвари азизамон дар фазои сулҳу ваҳдати комил, озодиву истиқлолият зери роҳбарии одилонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи бунёдкориву созандагӣ ва фатҳи қуллаҳои нав ба нав қадамҳои устувор мегузорад, омӯзиши илмҳои дақиқ низ моҳияти хоса касб кардаанд. Зеро, дар замони муосир ки, техника ва технологияи навин ба суръати кайҳонӣ пеш меравад, танҳо дуруст омӯхтану хуб донистани илмҳои дақиқ роҳро ба сӯи ояндаи дурахшон барои насли наврас кушода метавонад. Маҳз илмҳои дақиқ ҷавононро ба мантиқан фикр кардан, хулосаи дуруст баровардан, таҳамулпазиру дақиқкор будан, ҳодисаҳои табиатро дуруст таҳлдил карда тавонистан, аз олами коинот воқиф шудан, хубро аз бад, сафедро аз сиёҳ фарқ карда тавонистан, ва ғайра ҳидоят менамояд. Тафаккури математикӣ на танҳо барои натиҷаҳои дилхоҳ ёфтан дар соҳаҳои имлмҳои дақиқ, балки дар рушди дигар соҳаҳо, чун иқтисодиёт, иҷтимоиёт, тандурустӣ, фарҳанг, умуман барои ҳаёт зарур аст. Ҳамин аст, ки математикаро шоҳи ҳамаи фанҳо мегӯянд. Донистани илмҳои дақиқ барои аз худ намудани дигар илмҳо низ кӯмак менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш доимо аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди фанҳои дақиқ ҳарф мезананд. Маҳз ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои инкишофи тафаккури техникии насли наврас ҳангоми ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намуданд.
Ба ин масъалаи ниҳоят муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо олимону аҳли зиёи кишвар 18.03.2020 бори дигар дахл намуда, аз ҷумла қайд намуданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.
Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд, мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал, ҷавононро тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем.
Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад».
Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш низ (17.08.2020) аз ҷумла иброз намуданд, ки “Моҳи июли соли ҷорӣ Қарори Ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ  эълон намудани соҳои 2020-2040” қабул гардид.
Дар ин санад дар марҳалаи аввал таҳия ва татбиқи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025 ба нақша гирифта шудааст”.
Бояд зикр намоям, ки дар марҳилаи ҳозираи инкишофи илму техника барои ҳамқадами замон будан, эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» амали зарурӣ ва саривақтист. Дар тақвият ба ин гуфтаҳо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи корхонаву идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дастгирӣ аз ин амали нек корҳои зиёдеро амалӣ сохтан зарур аст. Аз ҷумла, иҷрои барномаҳои дар ин самт қабулгардида, хусусан қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» хеле зарур аст. Пӯшида нест, ки имрӯз дар як қатор муассисаҳои таълимии кишвар кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ мавҷуд нест ва ҳамчунин дар роҳи дарёфти таҷҳизоти лабораторӣ ва аёниятҳои таълимӣ мушкилот мавҷуд аст. Дар баъзе муассисаҳои таълимӣ дарсу дигар машғулиятҳои фаннӣ бе истифода аз айёниятҳо дар синфҳонаҳо (на дар кабинетҳои фаннӣ) гузаронида мешаванд. Инчунин дар баъзе муассисаҳои таълимии дигар кабинетҳои фанҳои дақиқ куҳнаву корношоям шуда, асбобҳои аёнию маводи омӯзишии онҳо қобили истифода нестанд.
Бо сабаби нарасадинаи омӯзгорони соҳибтахассус ҳолатҳое низ мавҷуд аст, ки дарсҳои физика, химия ва техналогияи иттилоотӣ ба омӯзгорони ғайриихтисос вобаста карда шудааст, ки ин ҳама садди роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар ин гуна муассисаҳои таълимӣ гардидааст. Дар асоси ин барномаи тарҳрезишуда, ташкили кабинети муҷаҳҳаз бо тамоми шароити зарурӣ, дастрасӣ бо тахтаҳои электронӣ, ташкили шабакаҳои дохилии интернетӣ ва таъмин бо кадрҳои  омӯзгорӣ  амали саривақтист.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳаёт ба илмҳои гуногун дучор мешавем. Баъзан илмҳое ҳастанд, ки вақту мавриди истифодаи хос доранд, бо таъбири дигар дар зиндагии ҳамарӯзаи мо истифода намешаванд. Вале ҳамаи илмҳои дақиқ, ки бевосита дар асоси эҳтиёҷоти инсон пайдо шудаанд, зиндагии ҳамарӯзаи моро бе истифода аз онҳо тасаввур кардан душвор аст.  
Боиси хушнудист, ки имрӯз маорифи кишвар ба усули нави таълим - таълими салоҳиятнокӣ гузаштааст. Ҷавҳари таълими салоҳиятнокиро асосан тарбияи хонандаи мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, сазовору содиқ ба Ватан ва муқаддасоти он, шахсе, ки донишҳои андӯхтаашро дар ҳаёт татбиқ карда метавонад, ташкил медиҳад.
Таҳлилҳо ва омӯзиши соҳа нишон медиҳад, ки барои ноил шудан ба дастовардҳо дар ин самт амалӣ намудани аҳдофи неки Пешвои миллат корҳои хеле зиёд дар пеш аст. Худи таълими салоҳиятнокӣ имкон медиҳад, ки дарсу дигар машғулиятҳо боз ҳам шавқовартару дилчасп гузаронида шаванд. Барои босалоҳият намудани насли ҷавону ободкор ва сазовору содиқи ватан моро зарур аст, ки  пеш аз ҳама сатҳу сифати таҳсилотро вобаста ба талаботи рӯз дар ҳама зинаҳои таҳсилот баланд бардорем. Кори маҳфилҳои фанниро ҷоннок созем, ҳафтаҳои фаннӣ, озмуну сабқатҳои зеҳнӣ ва дигар чорабиниҳои шавқафзо гузаронида хонандагони фаъолро ҳавасманд намоем. Бо хонандагон бештар суҳбату конфоронсҳо доир намудан, ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мактаб, робитаи қавӣ  бо падару модарон низ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.
Хуллас, дар самти омӯзиш ва иҷрои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» корҳои зиёдро бояд анҷом дод. Агар хоҳем, ки дар оянда фарҳангу маърифати шаҳрвандӣ, ҷаҳонбинӣ ва донишҳову ҳувияти миллии ҷавонони мо рушд ёбад, чун шахсиятҳои комилу меҳнатқарину ватандӯст ба воя расанд, аҳли ҷомеаро лозим ва зарур аст, ки дар ин росто фаъолияти илмӣ, амалӣ ва таълимии худро боз ҳам бештар намуда, баҳри амалӣ гардонидани ин амали некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созем. Насли наврасро ба китобхонӣ, хоса азхуд намудани илмҳои дақиқ раҳнамун созем. Зеро бузургонамони саодатмандамон барҳақ фармудаанд: 
Ба илми кимиё дастдарозӣ кунӣ,
Яқин дар ҷаҳон сарфарозӣ кунӣ.
 
 
Ф. Наҷмиддиниён
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Илова кунед