Сарварӣ аз Пешво бояд омӯхт!

26 Август 2020, Чоршанбе

Қиссаи пирамарди оқил бевосита фикрҳоро ба дуриҳои дур мебарад, ки ба писараш мегуфт: «Рӯз дар миён кор мекунӣ, фикр мекунӣ, гӯш мекунӣ, мебинӣ, мехӯрӣ, ҳамаи узвҳои баданат ба ту кумак мерасонанд, дасту пойи ту бароят кор мекунанд. Аммо шабонгаҳ, ҳангоме, ки ту хоб меравӣ тамоми аъзои баданат низ истироҳат мекунанд. Танҳо як узве ҳаст, ки ҳеҷ гоҳ истироҳат намекунад, ҳеҷ гоҳ ором нест ва доимо баҳри ту дар таппиш аст, ки ту зинда бошӣ. Албатта ин узв дили туст. Ин аст ки, дар ҳама ҳолат дили ту аз ҳама ноҷӯриҳои аъзои бадан огоҳ  аст. Ба ин хотир, ба дили худ гӯш дор, ба хоҳиши дилу виҷдон амал куну, онро пос дор ва эҳтиёт намо…».
Агар инсонро дили ӯ дар ҳаракат биёраду ҷону тани онро зинда нигоҳ бидорад, пас ҷомеаро кӣ метавонад ором аз тапишҳои ғамангез ва бесарсонӣ нигоҳ бидорад? Кист оне, ки қудрату тавоноӣ дораду барои оромиву осоиштагии давлату миллат ва пайвандони хеш ҳамчун дил шабу рӯз дар тапиш бошаду хизмати мардонаву фарзона ба ҷо биёрад. Албатта, дар миллат ва сарзамини тоҷикони баруманду фарҳангӣ, шаҳрдору шаҳрсоз, китобдор ва  созандаву ободкори тоҷик, дили он  – марди асилу фарзона, хирадманду сиёсатмадори ҷаҳонафрӯзи миллат - Эмомалӣ Раҳмон шуд, ки тавонист дар як марҳилаи муайян оташи ҷангҳои таҳмилиро хомӯш намуда, мардумро ба ҳам оварда, Ваҳдати миллиро таҳкиму безавол гардонад.
Чун ба таърих назар афканем, шоҳид мегардед, ки ҳар як давлати муқтадир дар раванди таърихиаш шахсиятҳоеро тарбия додааст, ки дар ҳама ҳолатҳои сахту сангин заминаи эҳё, барқарор ва пешравии фарҳангу маданияти он кишварҳо шудааст. Сабабгори ба зудӣ барқарор шудани сулҳу субот, сохти давлатдории ҳуқуқбунёду дунявии тоҷикон ва бори дигар дар талотуми таърихи муосир эҳё гардидани миллати тоҷик ва рушди минбаъдаи он – абармарди майдони сиёсат, Пешвои муаззами миллати тоҷик аст.
Лаҳзае чашмам ба наворе афтод, ки галаи охӯвони саҳроӣ бо ғурур сайр мекарданду баногаҳ тудаи шағолон бар онҳо дарафтода, оҳувонро пароканда карда, қисме аз онҳоро ишкам дарридаву зумраи дигарро пову даст харошиданд. Дар он лаҳзаи таҳлука, оҳу ба як тараф, оҳубара ба сӯи дигар мерамиданд. Баъди фурсати тӯлонӣ, ки шағолон оҳубараеро шикор намуда, барои ба даст овардани луқмаи калонтар байни худ масруфи ҷангу ҷидол буданд, дар қисмати дигари ҷангал галаи сайдон ҷамъ шуда, аз чашмони модароҳу маълум буд, ки барраи худро меҷӯяд. Аммо ҳарчанд бӯид, пӯид ва ба гирду атроф давутоз кард, оҳубараашро наёфт…
Наворро дида, хоҳу нохоҳ рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги таҳмилӣ пеши назар меояд. Мардум сарсону парешон, оилаҳои пароканда, яке фарзанд гум кардаву дигаре бародар, зумрае аз хешу ақрабо дур, ба куҷо рафтану дар куҷо паноҳ бурданашонро намедонистанд. Душманони миллату давлати тоҷик бо афроди муғризи дохилӣ «ҳамзабонӣ» карда, барои роҳандозӣ намудани аҳдофи нопоки худ кишварро бар хато бурданд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассосу пурандуҳ фарзанди баору номуси тоҷик,  Эмомалӣ Раҳмон чун рӯҳи ниёкон ба майдони сиёсат омад, мардуми парокандаро сарҷамъ намуда, сулҳу ваҳдати миллиро барқарор кард. Модару падарро ба фарзандон, бародарро бо бародарару хоҳарон васл кард, яъне хонадони тоҷикро ҷамъ намуда, ҳисси баланди бахшиданро дар тиннати мардум бедор намуд, ки миллат якдигарро бахшиданд. Агар моҳиятан ба масъала назар намоем, ин Мактаби давлатдории хирадмандонаву, таҳаммулпазирии Сарвари мо – Эмомалӣ Раҳмон аст.
Мактаби давлатдории Пешвои миллат мактаби бузургест, ки ҳар лаҳзаи онро бояд  омӯхт ва барои наслҳои оянда ҳамчун мактаби сиёсат, мактаби ватанпарварӣ, мактаби вафодорӣ ва созандагӣ ба мерос гузошт.
Олимони кишвар вобаста ба такмилу роҳандозӣ намудани маҳорати сарварӣ таҳқиқоти зиёди илмӣ карда, усулҳои нави тарбияи заминаҳои сарвариро муайян намудаанд. Бо вуҷуди ин қайд кардан зарур аст, ки маҳорати сарварӣ агар дар вуҷуди инсон набошад, онро тарбия кардан ва дар мафкураи одам ҷой додан душвор ва ҳатто номумкин аст. Вобаста ба ин барои омода намудани ҷавонон, ҳамчун пайравони Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ мактабҳои тайёр намудани сарварони оянда, аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд ташкил карда шудааст, ки ҷанбаҳо ва паҳлуҳои гуногуни мактаби давлатдории Пешвои миллатро меомӯзанд. Зеро ин мактаби сарварӣ метавонад чун мактаби бузурги давлатдорӣ на танҳо барои насли ояндаи миллати тоҷик, балки барои ҷаҳониён низ чун намунаи воло хидмат намояд.
Имрӯзҳо мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмонро марҳила ба марҳила сиёсатмадорони дунё омӯхта, таҷрибаи онро барои барқарор намудани сулҳу суботи давлатҳои ҷангзадаву азияткашида истифода мебаранд. Чунки Эмомалӣ Раҳмон – сиёсатмадори асил, абармарди қавиирода, банангу номус, дурбину озодфикр тавонист ҷасурона ва хирадмандона давлатро баъди таллаву тороҷ, сӯхтаву валангор шуданаш, бо мардуми азияткашидаи сарсону саргардон идора карда, ҳамагонро сарҷамъ намояд ва бо мухолифин ҳамчун бародари гумроҳгашта бо меҳру муҳаббат муроҷиат карда, нақшаҳои софдилонаи худро нисбат ба ояндаи ватану миллат равшан намояд ва ҳамагонро бовар кунонад, ки ҳадафи асосии ӯ -  ба ҳамаи он бесарусомониҳо хотима додан ва барқарор намудани ваҳдати миллӣ дар кишвар аст. Ҷасуриву далерии Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳар қадами сарварии ӯ тамоми ҷаҳон дид ва баҳо дод. Бузургон гуфтаанд, «Инсон донишу малакаро дар раванди зиндагӣ меомӯзад, аз бар мекунад, аммо хирад доди Худо аст». Хиради Сарвари мо, доди Иллоҳӣ аст, ки аз рӯзҳои аввали роҳбарии ӯ баръало муайян гардид.
Наворҳои телевизиониро тамошо карда, вуҷуди ҳар як инсони ватандӯстро меҳри беандоза нисбати Пешвои миллат фаро мегирад. Чунки ҳанӯз ҳамчун роҳбари давлат интихоб шудани ӯ маълум набуд, аммо ӯ ҳамчун Пешво танҳо барои некуаҳолии мардуми шарифи Тоҷикистон, оромиву осоиштагии он, аз ояндаи дурахшони кишвари тоҷик бо самимияти беандоза, аз қалби худ сухан мегуфт.  Ин буд, ки ӯро  мардуми шарифи тоҷик дӯст дошт, бовар кард ва ҳамчун роҳбари шафиқу меҳубон, ташаббускору созанда, худшинос ва наҷотдиҳандаи худ интихоб намуда, аз пайи даъватҳояш рафтанд, ба суханҳояш гӯш доданд, қабул карданд, пешниҳодоташро иҷро намуданд, ба ваъдаҳояш бовар карданд ва дар охир сарбаланд гаштанд. Пас инҷост маҳорати суханварӣ, сарварӣ ва Мактаби давлатдории  Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон.
Имрӯзҳо дар арсаи ҷаҳонӣ равандҳое ҷараён доранд, ки ҷиҳати ноором гардондани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии давлату миллатҳои гуногун тамоми қувваҳои ғаразноки худро равона месозанд. Дар чунин вазъияти ҳассос ҳар як фарди соҳибхиради ватанро лозим аст, ки бо иродаи қавӣ кӯшиш намояд, ки ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифротгарову тундрав ба марзи муқаддаси меҳани азизамон роҳ наёбанд.
Ҷавонон қувваи бузурганд, агар аз як ҷиҳат қувваи бузурги бунёдкор бошад, аз ҷониби дигар аз ҳама осебпазири қишри ҷомеа мебошанд, ки бархе аз ватанфурӯшон барои амалӣ намудани аҳдофи нопоки худ аз бетаҷрибагӣ ва нокифоягии донишу малакаи ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба гумроҳӣ мебаранд. Бархе аз ҷавонони мо худ фирефтаи найрангҳои сиёсии ин афрод гардида, ба амалҳои хатарзо рӯй меоранд. Маҳз ба ин хотир аст, ки Ҷаноби Олӣ баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавононро ҳамеша таъкид намуда, равона намудани нерӯи ин қишри ҷомеаро ба як мақсад – бунёдкорӣ, пешравӣ, пойдории сулҳу суббот авло медонад.
Президенти кишвар аз рӯзҳои аввали сарварӣ таваҷҷӯҳи хоса ба ҷавонон равона карда, онҳоро қувваи ояндасози миллат интихоб кард. Дар шакли нави хусусияти давлатидошта – сиёсати давлатии ҷавононро, ки ба сохти идоракунии давлатӣ хос мебошад, ташаккул дод. Ин қарор дар он ҳолате рӯйи кор омад, ки дигар низоми ташкилию амалӣ идораи соҳаи кор бо ҷавонон ба шакли муташаккил арзи вуҷуд надошт. Сарвари ҷавону дурбин дар ҷавонон ва ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ояндаи дурахшони миллатро дида, ҳанӯз ҳамчун вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки дар ҳафтумин моҳи истиқлолияти давлатӣ бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 1992 қабул гардид, саҳми арзандаи худро гузоштанд.
Дигар саргузашти арзишманди сиёсати ҷавонпарваронаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар 70-мин рӯзи сарварӣ – 2 феврали соли 1995 мебошад, ки он ба рӯҳияву тавони ҷавонони миллат, ки дар вазъияти ногувор қарор доштанду тафаккури сиёсии миллӣ ташаккул наёфта буд, ки роҳи зиндагии худро интихоб кунанд, нақши калидии таърихӣ гузошт. Ин вохӯрӣ ҷавононро бовар кунонд, ки ватану миллат ба кӯмаку дастгирии онҳо ниёз дорад, онҳоро водор сохт то ин ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, барои баланд бардоштани савияи дониш, аз бар кардани илмҳои муосир ва дар ин ҷодда саҳм гузоштан ба рушду нумӯи кишвар кӯшиш кунанд. Дар баробари ин, ҷавононро рӯҳбаланд кард, ки ватану миллат ҳама вақт барои дастгирӣ ба пешравии онҳо омода аст.
Чӣ тавре ки аз низоми идоракунии сиёсати ҷавонон бармеояд, аз рӯзҳои аввали ташаккулёбӣ масъалаҳои ташкилии фаъолияти ин соҳа ба ҳарду шохаи фаъолияти ҳокимияти давлатӣ – иҷроия ва қонунбарор равона гардид. Яъне идораи босамари ин низоми фаъолият метавонист иштироки ҷавононро дар ҳама зинаҳои идоракунии давлатӣ таъмин созад
Имрӯзҳо сиёсати пешгирифтаи Пешавои миллат аст, ки ҷавонони лаёқатманду баору номуси миллат дар тамоми самтҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ҳамчун роҳбар интихоб гардида, нерӯи бузурги ояндасозии худро пеш мебаранд. Ин аст мактаби ҷавонпарваронаи Сарвари давлат – Эмомалӣ Раҳмон!
Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ душвор аст, лекин нигоҳ доштани он аз он мушкилтар аст. Сарвари мо - Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд давлатро барқарор кунад, онро нигоҳ дошта, рушд диҳад. Сарвари адолатпарвари мо таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба худ ҷалб кард. Ҳамчун сиёсатмадори асил дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таклифу пешниҳод ва корҳои арзандаи худ ҳамчун ситораи дурахшон дурахшид. Сарвари моро дар байни кишварҳои дунё бо кори пурмаҳсулаш, фикру мулоҳизаҳои бунёдкоронаву навоварона ва дурандешонааш шинохтанд ва эътироф карданд.
Муддате сафари корӣ доштем, ба кишваре аз он тарафи уқёнус. Ҳангоме, ки бо ҳамроҳонам аз нуқтаи гумрукӣ мегузаштем, сӯҳбати моро як ҷавони болидарӯ халалдор карда гуфт: «Шумо тоҷикед, аз Тоҷикистонед?». Мо, ки дар он мулки дуру бегона лаҳни зебои тоҷикиро шунидем ҳама ба ваҷд омада якбора - «бале, тоҷикем ва аз Тоҷикистонем», гуфтем. Он ҷавон бо чашмони пур аз об гуфт: «Ман афғонписарам, падару модарам аз Афғонистон ба ин мулк фирор карда, ва ман дар ин ҷо ба дунё омадам. Ватани падариамро надидаам. Э кош, дар мулки мо ҳам чун Сарвари тоҷикон, Эмомалӣ Раҳмон - марди асил пайдо мешуд ва Афғонистонро ободу зебо мегардониду мо низ ба Ватани худ бармегаштем. Э кош, ман тоҷики тоҷикистонӣ мешудаму ба Тоҷикистон мерафтаму шумобарин меболидам, ки ман тоҷикаму аз Тоҷикистонам! Агар ба ман имконияти интихоб медоданд, ман шаҳрванди Тоҷикистон буданро интихоб мекардаму дар Тоҷикистон зиндагӣ мекардам».
Ин суханҳоро ба ҳамрохонаш ба забони англисӣ такрор карду ба мо ишора карда гуфт, ки инҳо хушбахттарин миллатанд, ки Худо ба онҳо ин гуна Сарварро раво дидааст. Суханони ҷавон тамоми гурӯҳи кории моро ба ваҷҳ оварда, сарбаланд кард. Мо рӯҳбаланд аз Сарвари худ ҳастем, аз нигоҳдории миллат, рушди Ватан ва аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатамон мефахрем ва пайваста шукргузорӣ аз он мекунем, ки тоҷикем ва аз Тоҷикистон ҳастем!
Ба ин марди Худо, эй халқи ман шукрона бояд кард,
Дуои давлату ҷонаш ба ҳар як хона бояд кард.
Ба роҳи сулҳ рафта, зидагӣ аҳлона бояд кард,
Ватан обод бо ин Сарвари фарзона бояд кард.
Шукр аз он, ки Ватани ободу озод дорем, шукри тамоми неъматҳои Ватани азизамон, шукри осоишу бунёдкорӣ, шукри он ки бо дили ором, табъӣ болида, бо фикрҳои неку ояндасоз сар ба болини ноз мегузорем, зеро ҳар як фарди кишварамон, аз хурд то бузург боварии комил дорад, ки нафаре ҳаст амнияти моро нигоҳ медорад, намегузорад, ки ба пои миллати азизаш хоре халад, амин аст, ки пуштибоне дорад, ки дар ҳама ҳолат нигоҳбонӣ аз миллат, сарзамин, фарҳанг, ватан ва муқаддасоти миллиамон мекунад.
Мо – тоҷикон, имрӯз соҳиб дорем, Сарвар дорем, Пешво дорем!
Ин аст Мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон!

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Абдухолиқзода Лутфия Абдулхолиқ

Илова кунед