Паёми Пешвои миллат – омили баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум

26 Август 2020, Чоршанбе

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ва маҷмӯан, дар инкишофи давлати соҳибистиқлоламон нақши бағоят муҳим дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми хеш ҷиҳати баланд бардштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат чораҳои судманд андешида, дар ин самт ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳои қатъӣ медиҳанд.
Бояд қайд кард, ки як анъана ва иқдоми неке роҳандозӣ гардидааст, ки дар асоси дастуру супоришҳое, ки аз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла, кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва нафақаву стипендияҳо зиёд карда мешаванд. Ва ҳамасола мардуми шарифи кишвар Паёми Пешвои муҳтарами хешро бесаброна интизор мешаванд, зеро ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳар як Паём дар пасманзари худ барои шаҳрвандон паёмадҳои нек дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат (26.12.2019) низ масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияро ба миён гузошта, таъкид намуд, ки «Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад». Аз ин рӯ, бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 - сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, ба онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи иҷтимоӣ таъйин шудааст, пешниҳод гардид, ки аз 1-уми сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар карда шавад. Зеро ба таъкиди Пешвои миллат - «Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад».
Ҳамзамон, Роҳбари давлат пешниҳод карданд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар аз 1-уми сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд. Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад.
Ҷиҳати амалӣ намудани талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» (4. 08. 2020, № 1580) ба тасвиб расид.
Мутобиқи фармони мазкур аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин ташкилоту муассисаҳое, ки музди меҳнаташон ба музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ баробар карда шудааст ва маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешаванд. Ҳамзамон, маоши вазифавии мансабҳои хизматчиёни граждании (кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мудофиа, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба андозаи 15 фоиз ва маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳайати шахсии қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 10 фоиз зиёд мегарданд.
Дар асоси фармони мазкур андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия (ба ғайр аз стипендияи президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба андозаи 15 фоиз зиёд карда мешавад.
Андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, нафақаи заминавӣ ва андозаи ҳадди ниҳоии нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол бошад 15 фоиз зиёд мегардад. Илова бар ин, андозаи нафақаҳои меҳнатии амалкунандаи нафақагироне, ки кор намекунанд (ба истиснои аъзои хоҷагии деҳқонӣ), бе дарназардошти нафақа барои хизматҳои дарозмуддат ва хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба андозаи 15 фоизи ҳадди ақали нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд мегардад.
Дар фармони зикргардида ба табақаҳои осебпазири ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гаридааст. Чунончи, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия намудаанд), кӯдакони маъюби то 18-сола, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин ниёз дошта, ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъйин шудааст, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад.
Чунин ташаббус ва иқдоми неки Пешвои муаззами миллат дар шароити феълӣ, ки бо сабаби паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 ҷаҳонро буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ фаро гирифтааст, хеле муҳимму саривақтӣ ва бидуни муболиға башардӯстона мебошад. Зеро дар чунин шароити вазнин бисёре аз мамлакатҳои ҷаҳон дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоияшон ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шудаанд. Аз ин лиҳоз, ин иқдоми ҳасана мардуми шарифи Тоҷикистонро хушҳолу хушнуд намуда, ҳисси меҳнатқариниву суботкории онҳоро меафзояд ва дар масири рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар мусоидат хоҳад намуд.
Қобили зикр аст, ки иқдомҳои сарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароити буҳронӣ вижагии фитрӣ дошта, борҳо шаҳрвандони кишварро бо баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендия хушнуд намудаанд. Бояд хотирнишон сохт, ки соли 2008 саросари ҷаҳонро буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ фаро гирифта, тибқи таҳлилҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ аз соли 2009 то соли 2013 бисёре аз кишварҳои ҷаҳон тадриҷан аз ин мушкили баромаданд ва дар баробари ин, таъсири манфии он ба баъзе аз кишварҳои дигар то соли 2016 идома кард.
Сарвари давлат дар ин давраҳои буҳрони молиявию иқтисодӣ, ки мутаассифона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири худро гузошт аз соли 2008 то соли 2013 шаш маротиба андозаи музди меҳнат, нафақа ва стипендияро зиёд намуда, дар ин хусус фармонҳо қабул намуд. Тавре Президенти мамлакат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми апрели соли 2008 дар иртибот ба буҳрони шадиди молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ зикр намуданд: «... мувофиқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ ва Фонди байналмилалии асъор ҳоло зиёда аз 33 кишвар ба буҳрони шадиди иқтисодӣ дучор шуда, ба онҳо қариб 1 триллион доллари амрикоӣ хисороти молӣ расидааст». Дар ҳамин Паём Пешвои миллат бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва беҳбудӣ бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолии кишвар таъкид  намуданд, ки «аз якуми июли соли ҷорӣ (соли 2008 – С.Ф.) музди меҳнати кормандони соҳаҳои илм, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилотҳои буҷетӣ, инчунин андозаи нафақаҳо зиёд карда мешавад. Дар соҳаи маориф музди меҳнати кормандон ва стипендияи донишҷӯёну аспирантҳо аз соли хониши нав (1-уми сентябри соли 2008 – С.Ф.) баланд бардошта, тафриқаи музди меҳнати ҳайати роҳбарикунанда ва омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ, омӯзишгоҳҳои касбиву техникӣ бартараф карда мешавад ва музди меҳнати онҳо бо маоши кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баробар мегардад.
Дар марҳалаи сеюми ислоҳоти музди меҳнат баланд бардоштани маоши хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар назар аст, ки он низ аз аввали июли соли ҷорӣ (соли 2008 – С.Ф.) амалӣ мегардад».
Дар натиҷа, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақаҳо ва стипендия» (аз 20-уми июни соли 2008, № 480) ба тасвиб расид. Ҳамин тавр, фармонҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия (аз 22-юми июни соли 2010, № 894; 6-уми сентябри соли 2010, № 923; 2-юми августи соли 2011, № 1126; 13-уми августи соли 2012, № 1313 ва 14-уми августи соли 2013, № 1493) қабул карда шуданд.
Мавриди ёдоварист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии шаҳрвандон ва таъмини шоистаи ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолии мамлакат 20 фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо ба тасвиб расидаанд, ки аксарияти онҳо дар заминаи дастуру супориш ва талаботи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд.
Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди неруи инсонӣ, ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардуми шарифи Тоҷикистон, дар умум, рушду инкишофи Ватани азизамон мусоидат менамояд.
 
 
 
Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
 

Илова кунед