Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

04 Апрел 2019, Панҷшанбе

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии раванди берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро муайян  намуда, ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ равона гардидааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

— берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бе уҳдадории баргардондани онҳо;

— ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бе уҳдадории баргардондани онҳо;

— муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ  тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо уҳдадории дар муҳлати муқарраргардида баргардондани онҳо;

— муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо уҳдадории дар муҳлати муқарраргардида баргардондани онҳо;

— сарватҳои таърихию фарҳангӣ – ашёи моддии дорои арзиши миллӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ, бадеӣ, илмию маърифатӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ, ки сарватҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ ба ҳисоб мераванд;

— экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ – аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаифарҳанг, коршинос (мутахассис) ё  гурўҳи коршиносон (мутахассисон) омўхтани ашёи таҳқиқшаванда бо мақсади муайян намудани он ҳамчун арзиши миллӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ, бадеӣ, илмию маърифатӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангӣ, инчунин дар ҳолати зарурӣ андешидани чораҳои таҳлилии илмӣ ва техникӣ.

Моддаи 2. Қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан  ва  ворид   намудани сарватҳои  таърихию                фарҳангӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур

  1. Ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ, новобаста ба шакли моликият, ки таҳти амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, мансубанд:

— асарҳои офаридаи шахсони алоҳида ё гурӯҳи шахсоне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;

— асарҳои офаридаи  шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд;

— бозёфтҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— асарҳои дар осорхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, хазинаҳо, китобхонаҳо, мамнӯъгоҳҳо, бойгониҳо, аз ҷумла бойгониҳои сабти овозӣ ва навори видеоӣ, нигористонҳои бадеӣ, коллексияҳо ва махзанҳои дигар ҷамъовардашуда;

— бозёфтҳои экспедитсияҳои иктишофӣ, бостоншиносӣ, фолклорӣ, табиӣ ва илмӣ;

— асарҳоидар натиҷаи мубодилаи ихтиёрӣ бадастовардашуда;

— асарҳоибозёфтшуда, ба сифати мерос ва ҳадя бадастовардашуда ё бо роҳи дигари қонунӣ бадастовардашуда, аз ҷумла дар ҳудуди давлатҳое, ки онҳоба вуҷуд омадаанд;

— асарҳоиаз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ ба ҳудудиҶумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда;

— коллексияҳои хусусӣ.

  1. Берун баровардан ва ворид намудани силоҳе, ки сарвати таърихию фарҳангӣ маҳсуб меёбад, инчунин сарватҳоитаърихиюфарҳангиидороиметаллҳовасангҳоиқиматбаҳобо тартиби муқаррарнамудаиқонунгузорииҶумҳурииТоҷикистонамалӣ кардамешавад.
  2. Доираи амали Қонуни мазкур гардиши маснуоти муосири армуғонӣ ва ашёи таъиноти фарҳангии истеҳсоли силсилавӣ ва оммавиро фаро намегирад.

 

 

 

Моддаи 4.  Сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо манъ аст

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангии зерин, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаиҚонунимазкур, манъ аст:

— ашёи моддии дорои арзиши миллӣ, таърихӣ, бостоншиносӣ, бадеӣ, илмию маърифатӣ, маънавию ахлоқӣ ва фарҳангие, ки сарватҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дарРўйхати сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун баровардани онҳо манъ аст ё дар Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ номбар карда шудаанд;

— сарватҳое, ки ба таври доимӣ дар осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо, мамнӯъгоҳҳо ва махзанҳои дигари давлатию ҷамъиятӣ нигоҳдорӣ мешаванд;

— сарватҳои нодири таърихию фарҳангие, ки зиёда аз панҷоҳ сол пеш офарида шудаанд.

Моддаи 5. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки ворид намудани онҳо манъ аст

  1. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангие, ки мавриди кофтуков ё баҳси судӣ қарор доранд, ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, манъ аст. Сарватҳои таърихию фарҳангии ғайриқонунӣ ба ҳудуди кишварворид гардида тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда,барои экспертизаи давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.
  2. Ворид намудани маводи дорои мазмуни фаҳшу бадахлоқона, ашёи дигар дар намуди сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки бо мақсади тағйир додани сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, тарғиби ҷанг, терроризм, экстремизм, зўроварӣ, нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ истифода мешаванд, манъ аст.

Моддаи 6. Ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун бароварда мешаванд

   Аз ҷониби молики сарватҳои таърихию фарҳангӣ гузашт намудани салоҳият нисбат ба соҳибият, истифодабарӣ, фурўш ва ихтиёрдории сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки он боиси ғайриқонунӣ берун баровардан ва ворид намудани онҳо мегардад, манъ аст.

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ БЕРУН БАРОВАРДАН            ВА ВОРИД НАМУДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӣ

 

Моддаи 7. Танзими давлатии берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Танзими давлатии берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг (минбаъд — мақоми ваколатдори давлатӣ) ва мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳоифаъолияти гумрукӣ амалӣ менамоянд.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ:

— Шӯро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳоитаърихиюфарҳангиротаъсисмедиҳад;

— Рўйхати сарватҳои таърихию фарҳангиро, ки берун баровардани онҳо манъ аст, тасдиқ ва пешбурди онро амалӣ менамояд;

— Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангиро таҳия намуда, пешбурди онро таъмин менамояд ва ба объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба Феҳристи мазкур воридкардашуда шиноснома медиҳад;

— оид ба берун баровардан ё муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ қарор қабул намуда, шаҳодатномаи дахлдор медиҳад;

— сарватҳои таърихию фарҳангии берун баровардашаванда ва воридшаванда, инчунин муваққатан берун баровардашаванда ва воридшавандаро ба қайд мегирад;

— ташкили экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки барои берун баровардан, муваққатан берун баровардан, инчунин ҳангоми баргардондани онҳо баъди муваққатан берун баровардан пешниҳод гардидаанд, таъмин менамояд;

— сарватҳои таърихию фарҳангиеро, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ мусодира гардиданд ва ба моликияти давлатӣ гузаронда шудаанд, қабул мекунад ва тартиби истифодабарии онҳоро тибқиқонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

— дархостро оид ба иҷозати фурўши сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун баровардани онҳо манъ аст, мавриди баррасӣ қарор дода, розигии хаттӣ медиҳад;

— дар бораи ҳолатҳои гум шудан ва дуздии сарватҳои таърихию фарҳангӣ эълонмедиҳад;

— тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор кардани ҳуқуқи моликони сарватҳои таърихию фарҳангии ғайриқонунӣ берун баровардашуда ё воридгардида чораҳо меандешад.

  1. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳоифаъолияти гумрукӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангиро назорат мекунад.
  2. Тартиби берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ (аз ҷумла муваққатан) ва ташкил кардани экспертизаи давлатии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Моддаи 8. Шӯро оид ба ҳифз ва мубодилаибайналмилалии сарватҳоитаърихиюфарҳангӣ

  1. Бо мақсади мусоидат намудан батанзимимеъёрию ҳуқуқии масъалаҳо оид ба берунбаровардан, экспертизава арзёбии сарватҳоитаърихиюфарҳангии берун баровардашаванда, ҳифзи сарватҳоитаърихиюфарҳангӣ, рушди ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ,дарназдимақомиваколатдоридавлатӣ Шӯро оид ба ҳифз ва мубодилаибайналмилалиисарватҳоитаърихиюфарҳангӣ (минбаъд– Шӯро) таъсисдодамешавад.
  2. Шӯро аз ҳисоби намояндагони мақомотидавлатӣ, мутахассисони осорхонаҳо, китобхонаҳо, ташкилотҳои  ғайритиҷоратие,  ки дар соҳаифарҳангфаъолиятмекунанд, коллексионеронисарватҳои таърихию фарҳангӣ, бостоншиносон, ходимонитеатр, илмвафарҳанг, коршиносон, фарҳангшиносон таъсис дода мешавад.
  3. Низомномаи Шӯро аз ҷониби мақомиваколатдоридавлатӣтасдиқкардамешавад.
  4. Шӯро дар доираи ваколатҳои худ вазифаҳоизеринро амалӣ менамояд:

— ба мақомиваколатдоридавлатӣбароибаррасӣтаклифҳоро  оид ба такмили Қонуни мазкур  пешниҳод менамояд;

— ба мақомиваколатдоридавлатӣ  коршинос (мутахассис)-ро оид ба сарватҳоитаърихиюфарҳангӣ тавсия медиҳад;

— муроҷиатиосорхонаҳо, китобхонаҳо, ташкилотҳои ғайритиҷоратие, кидарсоҳаифарҳангфаъолиятмекунанд, коллексионеронисарватҳоитаърихиюфарҳангӣ, бостоншиносон, ходимонитеатр, илмвафарҳанг, коршиносон (мутахассисон) ва шахсони дигарро оид ба ҳифз ва мубодилаи байналмилалии сарватҳоитаърихиюфарҳангӣ баррасӣменамояд;

— тибқи низомнома вазифаҳои дигарро иҷро менамояд.

 

Моддаи 9. Экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Сарватҳои таърихию фарҳангии берун баровардашаванда, аз ҷумла муваққатан берун баровардашаванда, аз экспертизаи давлатӣ гузаронда мешаванд.
  2. Экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо мақсадизерингузаронда мешавад:

 — арзёбии сарватҳоитаърихиюфарҳангӣ;

   — муайянсозии мансубияти ашёи таҳқиқшавандаба сарватҳоитаърихиюфарҳангӣ ва нодир;

   — муайянсозии мансубияти ашёи таҳқиқшавандабаФеҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ;

   — муайян намудани асолат ва ҳолати ҷории сарватҳоитаърихиюфарҳангие, ки пас аз муваққатан берун баровардан ба ҶумҳурииТоҷикистонбаргардонда мешаванд.

  1. Муҳлати гузарондани экспертизаи давлатии сарватҳоитаърихиюфарҳангӣ 15 рӯзитақвимӣ муқаррар карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи тартиби гузарондани экспертизаи давлатии сарватҳоитаърихиюфарҳангӣ.
  2. Пешниҳод накардани ашёи берун баровардашаванда ба экспертизаи давлатӣ асос барои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ қабул кардани қарор дар бораи иҷозат надодан барои берун баровардани он мебошад.
  3. Ҳангоми берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ, агар дар натиҷаи экспертизаи давлатӣ барои дохил намудани ашёи пешниҳодшуда ба Рўйхати сарватҳои таърихию фарҳангӣ, ки берун баровардани онҳо манъ аст, инчунин барои ворид намудани онҳо ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ асос пайдо гардад, ашёи мазкур аз муроҷиаткунанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шуда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ супорида мешавад.
  4. Зарари моддии молик ҳангоми аз ӯ гирифтани ашёи ба Рӯйхати сарватҳои таърихию фарҳангӣ дохилшуда, ки берун баровардани онҳо манъ аст, инчунин ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ворид гардидааст, тибқиқонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистонҷуброн карда мешавад.
  5. Баҳсҳо оид ба натиҷаҳои экспертизаи давлатии сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо тартиби судӣҳал карда мешаванд.

Моддаи 10. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ тибқи муқарраротиҚонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бе пешниҳодишаҳодатномаи дахлдор манъ аст.
  3. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби муаллиф, новобаста ба он, ки ў барои истиқомати муваққатӣ ё доимӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунад, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
  4. Берун баровардани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи шаҳрвандонимукофотонидашуда дар асоси пешниҳоднамуданиҳуҷҷатитасдиқкунандаимукофотонидан амалӣкардамешавад.
  5. Ворисони шахсони фавтидаи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфарозшуда, ки барои истиқомати доимӣбахориҷикишварсафар мекунанд, ҳуқуқ доранд танҳо ҳуҷҷатҳо дар бораи бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардондани ин шахсонро бо худ баранд.
  6. Берун баровардани сарватҳое, ки мавриди кофтуков қарордоранд, танҳобомақсадибамоликониқонуниашон баргардондани онҳо амалӣ мегардад, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Моддаи 11. Муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зерин муваққатан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бароварда мешаванд:

— муаррифӣ ва ташкил намудани намоишгоҳҳо;

— гузарондани корҳои барқарорсозӣ ва таҳқиқоти илмӣ;

— вобаста ба фаъолияти консертӣ, театрӣ, фаъолияти  дигари ҳунарӣ;

— гузарондани чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ, барқарор ва густариш додани муносибатҳои фарҳангӣ.

  1. Муҳлати дар хориҷи кишвар қарор гирифтани сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берун баровардашуда набояд аз шаш моҳ зиёд бошад.
  2. Қарор дар бораи муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ дар асоси натиҷаи экспертизаи давлатӣ қабул гардида, ба дархосткунанда шаҳодатномаи дахлдор бо уҳдадории баргардондани онҳо дар муҳлати муқарраргардида дода мешавад.
  3. Бе пешниҳодишаҳодатномаи дахлдор муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ манъ аст.

 

   Моддаи 12. Рад намудани дархости муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

Дархост оид ба муваққатан берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо асосҳои зерин рад карда мешавад:

— пешниҳод накардани  кафолат аз ҷониби  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳифз, нигоҳдорӣ ва дар муҳлати муқарраргардида баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангӣ;

— дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доштани ашёи берун баровардашаванда;

— дар кофтукови байналмилалӣ ва давлатӣ қарор доштани сарватҳои таърихию фарҳангӣ;

— муайян набудани молики сарватҳои таърихию фарҳангӣ ё  мавриди баҳси судӣ қарор доштани онҳо;

— таъмин нашудани ҳифзу нигоҳдории сарватҳои таърихию фарҳангии берун баровардашаванда бо сабаби офатҳои табиӣ, низоъҳоиҳарбӣ ё монеаҳои дигар дар кишваре, ки онҳо муваққатан ба он бароварда мешаванд;

— мавҷуд набудани муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишваре, ки ба он сарватҳои таърихию фарҳангӣ бароварда мешаванд.

Моддаи 13. Муваққатан ворид намудани сарватҳоитаърихиюфарҳангӣ

  1. Муваққатан ворид намудани сарватҳоитаърихиюфарҳангӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Барои ба ҳудудиҶумҳурии Тоҷикистон муваққатанвориднамудани сарватҳоитаърихиюфарҳангӣшаҳодатномаи дахлдоримақомотиваколатдоридавлатии кишваре, ки ин сарватҳодар ҳудуди он ба вуҷуд омадаанд, пешниҳод карда мешавад.
  3. Мансуб будани ашёи воридшаванда ба сарватҳоитаърихиюфарҳангӣазрӯинатиҷаиэкспертизаидавлатӣ муайян карда мешавад.

Моддаи 14. Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан берун баровардашуда

Ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангие, ки аз ҳудудиҶумҳурии Тоҷикистон муваққатан берун бароварда шудаанд, аз ҷониби шахсони онҳоро ба берун бароварда ва муассисаҳои хориҷииҶумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори кишвари  қабулкунанда таъмин карда мешавад.

Моддаи 15. Кафолати ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан воридшуда

Додани кафолати ҳифзи сарватҳои таърихию фарҳангии муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 16. Фурўши сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Фурўши сарватҳои таърихию фарҳангие, ки берун баровардани онҳо манъ аст, танҳо баъди ба тариқи хаттӣ огоҳ намудани мақоми ваколатдори давлатӣамалӣ карда мешавад.
  2. Ба фурўш гузоштани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба тариқи музояда дар асоси розигии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 17. Транзит ва ирсол намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ тавассути шуъбаҳои алоқа

  1. Ҳангоми транзити сарватҳои таърихию фарҳангӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳоифаъолияти гумрукӣ ҳуҷҷатҳои дахлдори муайяннамудаи мақомоти мазкур пешниҳод карда мешаванд.
  2. Берун баровардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ бо роҳи ирсол намудани онҳо тавассути шуъбаҳои алоқа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Моддаи 18. Баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

  1. Давлат тибқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангии дуздидашуда ва ё ғайриқонунӣ берун баровардашуда чораҳо меандешад.
  2. Нисбат ба талабот оид ба баргардондани сарватҳои таърихию фарҳангии аз ҳудудиҶумҳурии Тоҷикистонғайриқонунӣ баровардашуда муҳлати даъво татбиқ намегардад.

 

Моддаи 19. Тартиби истифодаи сарватҳои таърихию фарҳангии мусодирашуда

  1. Сарватҳои таърихию фарҳангии аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусодирашуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади нигоҳдорӣ, гузарондани экспертизаи давлатӣ дода шуда, рӯйхати онҳо ба воситаҳои ахбори омма барои нашр супорида мешавад.
  2. Дар сурати бо тартиби судӣ муқаррар намудани ҳуқуқи моликият ба сарватҳои таърихию фарҳангӣ онҳо ба моликон ё намояндагони қонунии онҳо баргардонда мешаванд. Хароҷоти вобаста ба нигоҳдорӣ ва гузарондани экспертизаи давлатӣ аз ҷониби моликон пардохт карда мешаванд, агар бо қарори суд тартиби дигар пешбинӣ карда нашавад.
  3. Дар ҳолати тибқи санади судӣ ба моликияти давлат гузарондани сарватҳои таърихию фарҳангии мусодирашуда онҳо бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ барои нигоҳдории доимӣ ба хазинаҳои давлатии осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо ё ташкилотҳои дигар супорида мешаванд.

Моддаи 20. Боҷу  пардохтҳо ҳангоми берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ

Боҷу пардохтҳо ҳангоми берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд.

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ

 

Моддаи 21. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 22. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 511; с.2008, №12, қ.2, мод. 1014; с. 2014, №12, мод. 825) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

      Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                 Эмомалӣ Раҳмон

 

     ш.Душанбе

04апрели соли 2019

         №1593

Илова кунед