Манам доротарин одам…

03 Сентябр 2020, Панҷшанбе

Бале, ҳамватани гиромӣ ман доротарин одамам ва шумо низ чун дар ватан ҳастеду барои ободиву зебогии он, гул-гул шукуфоиву пояндагиаш ҳамчун давлати соҳибистиқлолу дунявӣ заҳмат мекашед, доротарин одам дар рӯи оламед. Зеро барои ватан - модар хизмат кардан фарз аст ва ҷони ширинро баҳри озодиву ободиаш нисор кардан қарзи фарзандии ҳар кадоми мо ватандорон мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ки инсоният дар рӯи олам метавонад яке аз шахсиятҳои хушбахтарин бошанд ё баракс аз инсон будан ва дар дунё умр ба сар бурдани худ хеле дар ташвиш, андуҳ ва саргардониҳо гирифтору пушаймони он аст, ки ҳамчун инсон ба дунё омадаву ягон эҳтиром, муқаддасот ва ё хотираи хубу дилпазире дошта наметавонад, ба ҷуз саргардониву сарсонӣ ва ғуломиву хизматгорӣ.
Беватанӣ ин бадбахтӣ буда, дӯстдории ватан бошад, аз гӯшаи имондорӣ аст. Ҳамватани гиромӣ агар аз хотираҳои таърихии Амири Бухоро - Амир Олимхон ёд биоварем, ҳангоми аз дасти аскарони сурх ба Афғонистон фирор карданаш бо худ борҷомае дошту онро ба касе бовар намекард бидиҳад, чун бемор шуду тарки ин дунёи гузарон кард, аз борљомааш хишти тиллоиеро пайдо карданд, ки дар он навишташуда буд:
Амири беватан хору фақир аст,
Гадо гар дар ватан мирад, Амир аст.
 
Инсонҳо аз дороии хеш, аз ҳусну ҷамоли беҳамто, аз бозуву тавоноии оламгирашон, аз шуҳрату шони доштаашон меболанд, бехабар аз онанд, ки ин дороӣ даргузар буда, метавонад гоҳе одамро ба ниёзмандӣ рӯ ба рӯ намояд, ба ғайр аз ватандорӣ. Бузурге фармудааст, ки «дар ватан будаи бе ёди ватан, беватан аст», ки ҳақ бар ҷониби ин гӯяндаи закӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, бузургии инсонҳо ва дороии нодиртарини мову шумо ҳамватанони азиз, дар ватандорист. Ватане, ки барои ту азизу муқаддас аст, ватане, ки барои ту озодиву оромиро эҳдо кардааст, ватане, ки аз ҷабри душманон борҳо ғарқи хуни шаҳидони шаҳираш аз ҳисоби фарзандони љонсупораш гаштаву имрӯз ҳам метавонад туро ба оғӯши гармаш бигираду ифтихор аз он дошта бошад, ки тавонистааст новобаста аз тохтутозҳои аҷнабиёни хунхор, ки мехостанд ин ватану ин диёри биҳиштиро пора-пора созанд, фарзандҳои асилро ба воя расонида тавонистааст.
Ватан-модар низ аз доштани фарзандҳои қобилу доно, хирадманду закӣ, зираку ҳушёри худ сарфароз аст. Сарфарозии ин хоку ин сарзаминро мо дар сарбаландии мардуми шариф, заҳматкашу шукргузораш дарк кардаем. Имрӯзҳо мардуми шарифи Тољикистони азиз паҳлу ба паҳлуи ҳам истода аз паи ободӣ ва рушду нумӯъи кишвари азиз камари ҳиммат бастаанд.
Бо заҳматҳои зиёд, саргардониву дар ғарибҳо ҷон бохтани мардуми тоҷик ба хотири ба даст овардани истиқлолияти миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик рӯйдоди нодири таърихӣ буда, он барои ҳамаи мо имконият фароҳам овард, ки тавонем соҳиби давлати мустақилу ҳуқуқбунёд бошему таҳти хидоятҳои мубораки Пешвои муаззами миллат, фарҳангу забон, таъриху тамаддун ва асолати миллии худро химоят намоем.
Чист истиқлол? Иззат доштан,
Бар диёри худ муҳаббат доштан.
Бале, ин иззату шараф, нангу номус, ҳайсияту салобати миллӣ аз истиқлолияти сиёсии кишввар сарчашма мегирад, ки дар равандҳои фарҳангхори ҷаҳон моро зинда медорад ва дар ростои рӯйдодҳои сиёсию иқтисодӣ моро ягонаву якмаром мегардонад. Ин муҳаббату самимият аст, ки имрӯз пояҳои  истиқлолияту озодии кишварамон устувор аст. Барои пешрафти ҳамаи ҷараёнҳои ҳаёти кишвари азизамон дар безавол нигоҳ доштани давлатдории навинини тоҷикон ва мустаҳкам нигоҳ доштани ғояҳои миллӣ ва муосири ба рушду нумӯ ва тараққиёти ҷомеаи навин нақши боризе дошта метавонад.
Ман ифтихор аз он дорам, ки Ватане бо таърихи куҳан дорам, ки таърихнигорон онро фарҳангию ирфонӣ муаррифӣ намуда, бунёдгузорашро аз тухмаи мардони оқилу доно, хирадманду закӣ, созандаву ободкор гуфтаанд, ки ҳақ бар љониби онҳост. Зеро миллатам ҳамчун миллати баруманд, фарҳангӣ шаҳрдору шаҳрсоз дар гузаштаи дури таърих ва имрӯзаи он шинохта шуда, зиёда аз 200 кишвари олам онро ҳамчун давлати тољикон эътиф кардааст. Магар ин дороӣ нест?
Имрӯзҳо, ки дар арафаи истиқлолияти сиёсӣ қарор дорем аминам, ки ин санаи муқаддас тантанаи хираду озодӣ ва тулуъи созандагии тоҷикон, оғози марҳилаи нави ҳаёти сиёсии давлатдории мо буда, ҳадафҳои олии миллӣ, таърихӣ ва инсонии мардумро асос гузошта, миллатро сарҷамъиву иттиҳодӣ даъват намуда, ташаккулу такомули фарҳангу маънавиёти қадимии миллат, ғоя ва андешаи миллии тољиконро асос гузоштааст.
 Пас, ифтихори милливу ватандорӣ дар шарёнҳои хуни ҳар кадоми мо ҳамватанони гиромӣ љорӣ буда, он аз ин озодиву ободии диёр ба ваҷҳ омада мерасояд:
Манам доротарин одам, ватан дорам ватан дорам,
Ками худро нагӯям кам, ватан дорам, ватан дорам
 
Гавҳар Шарофзода
Вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
                                                                    Аъзои фраксияи ҲХДТ

Илова кунед