Истиқлолияти энергетикӣ - таҳкимбахши истиқлолияти давлатӣ

04 Сентябр 2020, Ҷумъа

Тоҷикистони азизи мо дар арафаи ҷашни шукуҳманди истиқлолият қарор дорад. Инак 29 сол мешавад, ки давлати мо ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, сиёсати иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат сол ба сол дастовардҳои сокинони кишварамон афзун гашта, Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан ба марҳилаҳои нави тараққиёт ворид шуда, ба сӯи пешрафту тараққиёт қадамҳои устувор мегузорад. Сулҳу суббот, сарҷамъиву ҳамдигарфаҳмӣ дар мамлакат густариш ёфта, дар ин замина сатҳи зиндагии мардум баланд ва рушди озодии шаҳрвандон таъмин гардида истодааст.
Дастовардҳои сиёсии солҳои охири Тоҷикистон, ки дар маҷмӯъ аз ваҳдати миллӣ ва муҳити солими сиёсӣ иборат мебошад, ҳамчун омили асосии ризоияти ҷомеа ва нишонаи маърифату фарҳанги баланди сиёсӣ арзёбӣ мегардад.
Дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сохтмони шоҳроҳҳо, пулу нақб, эҳёву рушди соҳаҳои саноат, энергетика, металлургияи ранга ва бунёди дигар иншоотҳои ҳаётан муҳим шароити муносиби зиндагиро барои сокинон ва пешрафту ободии ҷумҳурӣ фароҳам оварда, кишварро ба ҷодаи музаффариятҳои навин раҳнамун месозад.
Бунёди ин навъ зербиноҳо на танҳо аҳамияти бузурги иқтисодиву тиҷоратӣ дорад, балки барои устувор гардидани пояҳои истиқлолияти сиёсии ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд. Дар маҷмӯъ, файзи истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти мадании кишварамон дигаргуниҳои бунёдӣ ба вуҷуд оварда, баланд шудани иқтидор ва нуфузу эътибори ҷумҳуриямонро дар сиёсатҳои байналмилалӣ таъмин намуд.
Агар мо ба таърихи 29 солаи Истиқлолияти Ватанамон назар афканем, таи ин солҳо мо ба дастовардҳои муҳими иқтисодиву сиёсӣ, илмию фарҳангӣ ва техникиву истеҳсолӣ ноил гардидаем. Имрӯз дар кишвари мо шароите ба миён омадааст, ки ҳар як шаҳрванди ин сарзамин метавонад, дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеи хешро бо хости худ муайян намояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми қонунҳои амалкунандаи мамлакат баҳри зиндагии арзанда ва ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон шароити муносибу мусоидро ба миён овардаанд.
Бомаврид аст аз дастовардҳои соҳаи энергетика, ки ҳадафи стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, барои таҳкими истиқлолияти сиёсӣ ва рушду устувории он заминаҳои боэътимод фароҳам меоваранд  ёдовар шавем.
Воқеан ҳам, шароити солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки мардуми кишварро ба душвориҳо рӯ ба рӯ гардонида буд, дарёфти роҳҳои судманду муассирро  дар ин самт тақозо менамуд. Ҳамин буд, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ба ин соҳа таваҷҷӯҳи  бештар зоҳир намуда, тадбирҳои зиёдеро дар ин бахш роҳандозӣ намуд.
Бо ибтикори Пешвои миллат ноил шудан ба Истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои  стратегии мамлакат эълон гардид, ки дар партави ин иқдоми бузург корҳои зиёде анҷом ёфтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар давраҳои солҳои 2013 – 2020 ба муваффақиятҳои зиёд ноил гардида, иншоотҳои бузурге аз қабили “Неругоҳи барқии обии Сангтуда – 2” бо иқтидори 220 МВт,  “Маркази барқу гармдиҳии  Душанбе – 2» марҳилаи аввал бо иқтидори 100 МВт, марҳилаи дуюми “Маркази барқу гармдиҳии Душанбе – 2” бо иқтидори 300 мегаватт неруи барқ ва 167 гигакалория гармӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд.
Дар соли 2018 агрегати якумии НБО-и Роғун ва соли 2019 агрегати дуюмии НБО-и Роғун ба кор дароварда шуд. Ҳамзамон, неругоҳҳои барқии обии хурд, ки 16 ададашон бо иқтидори 11,4 МВт таҳти назорати ШСХК «Барқи тоҷик” қарор доранд, ба истифода дода шуданд.
Маҳз ин ташаббусҳои созанда буд, ки имрӯз мардуми шарифи кишварамон аз мушкилоти энергетикӣ раҳо шуда, дар баробари таъминоти дохилӣ ҳамсояҳои ниёзмандро низ бо барқ таъмин менамоем. Маҳз ин худтаъминнамоӣ боис гардидааст, ки амалӣ намудани лоиҳаи минтақавии CASA– 1000 шурӯъ гардида, сохтмони он айни замон  идома  дорад.
Ба кишварамон аз давлатҳои Фаронса, Итталия, Испания ва Олмон таҳҷизоти асосии дастгоҳи тақсимкунандаи пушидаи элегазии 500 кВт, кабелҳои баландшидат, таҷҳизоти муҳофизатию назоратӣ аз системаи телекоммуникатсионӣ ворид гардида, ба НБО-и Норак насбу васл ва санаи 27 апрели соли 2016 мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар санаи 27 апрели соли 2015 зеристгоҳи барқии Шаҳринав бо иқтидори 2 х 150 МВт, зеристгоҳи Хонақоҳ бо иқтидори 2 х 25 МВт, хатти интиқоли барқӣ 110 кВт барои пайвастани зеристгоҳ дар доираи лоиҳаи «Сохтмони дуюми Маркази барқу гармдиҳии дуюми шаҳри Душанбе бо иқтидори 300 МВт» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Ғайр аз ин, хатти интиқоли барқӣ 220 кВт «Гулистон» дар ноҳияи Ашт амалӣ гардид.
Таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» дар соли 2019 ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ оғоз гардида, татбиқи чунин лоиҳа дар НБО “Сарбанд” ба маблағи 1,3 млрд сомонӣ идома дорад. Дар назар аст, ки таҷдиди НБО “Сарбанд” аввали соли 2021 ба анҷом расида, дар натиҷа иқтидори он қариб 45 мегаватт зиёд карда мешавад.
Айни замон, кор дар самти оғози бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ босуръат идома дошта, ба он беш аз 470 млн сомонӣ сармояи давлатӣ равона гардидааст. Дар назар аст, ки ин иншооти муҳим соли 2022 ба истифода дода шавад.
Зимнан таъкид бояд кард, ки ояндаи кишвари азизамонро бе соҳаи энергетика тасаввур намудан ғайриимкон аст. Амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат тавассути рушди энергетика ба даст хоҳад омад.
Чуноне Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид кардаанд: “Барои расидан ба ҳадафи истиқлолияти энергетикаи кишвар дар давоми ҳафт соли минбаъда сохтмони НБО-и «Роғун» идома ёфта, ба истифода додани НБО-и «Себзор», хати интиқоли барқи байналмилалии Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ – «CASA - 1000» анҷом хоҳад ёфт. Дар ин бахш  таҷдиди НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум» ва «Сарбанд», оғози лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии «Фон - Яғноб» ва дигар неругоҳҳои барқи обӣ дар нақшаҳои минбаъдаи мо пешбинӣ шудаанд”.
Бо итминон метавон таъкид намуд, ки рушди энергетика  муҳаррики иқтисодиёти мамлакат, омили ғанӣ гардидани буҷаи кишвар ва тавсеабахши саноати мост.
Татбиқи ин тарҳҳои бузург Тоҷикистони азизи моро боз ҳам шукуфон намуда, барои пешрафтҳои бузург ва таҳкими решаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва маданию маърифатии истиқлолияти Ватан заминаҳои мусоид фароҳам хоҳад овард.
Маҳмудзода Музаффарҷон Ҷусуп
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
узви Кумита оид ба энергетика, саноат,
сохтмон ва коммуникатсия

Илова кунед