Шахсияти арзандаву созандаи миллат!

04 Сентябр 2020, Ҷумъа

Имрӯзҳо бо боварии комил метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути ҳидоятҳои ибратомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун неруи тавонои пешбар дар ташаккул ва татбиқи арзишҳои миллӣ нақши муассиру мондагор дорад.

Мақому манзалат ва шуҳрати мардумии ҲХДТ қабл аз ҳама, аз барномаҳои созанда, тадбирҳои судманди кулли аъзо ва ибтикороти роҳбарияти он маншаъ гирифта, авлавияти рисолаташро барои беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат равона намудааст. Маҳз ин вижагиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маърифатӣ аст, ки ҲХДТ дар як марҳилаи кӯтоҳи таърих тавонистааст дар қалбу руҳи миллат пойгоҳи эътимоду бовариро бунёд намуда, рисолати созандагии кишварро бар дӯш бигирад.

Агар ба таърихи таъсисёбии ин ҳизби мардумӣ назар афканем, пайдост, ки марҳилаҳои душвори тайкардааш дар масири давлатсозии миллиамон бо дастоварду натиҷаҳои намоён баҳогузорӣ карда мешавад.

Табиист, ки ҲХДТ фаъолияташро аз рӯзҳои нахустини корӣ дар асоси қонунҳои амалкунанда ва меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ба иҷро расонида, дар самти гуногунандешии сиёсиву идеологӣ, ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҳизбҳои сиёсӣ ба таври густарда ба роҳ мондааст.

Ҳизби мо дар заминаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муттаҳидсозии ҳамдигар, рушду инкишоф ва тақвияти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқро ба инобат гирифта, вобаста ба талабу тақозои ҷаҳони муосир муҳимтарин нақшаву барнома ва стратегияҳои миллии ояндадорро рӯйи даст гирифтааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муддати фаъолияти босамари худ чор марҳилаи таърихии ибратомӯзро паси сар намудааст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси охири Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб иброз доштанд: “...Нақши ҳизби мо дар муддати беш аз 25 соли фаъолияташ дар се самт – фурӯ нишондани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ба даст овардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, қадамҳои устувор гузоштан ба марҳалаи созандагиву бунёдкорӣ ва дар ин замина, беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа назаррас буд”.

 Гузашта аз ин, набояд фаромӯш кард, ки ҲХДТ дар асоси  барномаҳои қабулнамудаи хеш дар амалӣ гаштани чор ҳадафи стратегии мамлакат: Таъмини истиқлолияти энергетикӣ; аз бумбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат; таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар марҳала ба марҳала саҳми созгор гузоштааст.

Воқеан ҳам, ҳар як марҳилаи тайкардаи ҲХДТ, бо таваҷҷуҳ ба татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ, муаррифии Ватан ҳамчун кишвари пешоҳангу ташаббускор ва расидан ба марҳилаҳои сифатноки ҷомеа мактаберо мемонад, ки иқдомҳои омӯзандаи Пешвояш – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси дастгирии аҳли сайёра гардидааст.

Бо камоли тавонмандӣ метавон афзуд, ки бо гузашти беш аз 25-соли фаъолияташ ҲХДТ зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаи моро ба марҳилаҳои сифатан нав расонид.

Мусаллам аст, ки имсол барои мардуми тоҷик аз ҷиҳати фарҳангӣ бисёр соли таърихӣ ва аз ҷиҳати сиёсӣ бисёр муҳиму масъулиятнок мебошад. Зеро 6 августи соли ҷорӣ дар асоси қарори ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 октябр чорабинии муҳими сиёсӣ ва тақдирсози миллат Рӯзи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, ҳар як ҳизб бо тартиби пешбиникардаи қонун ҳуқуқ дорад номзади худро ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намояд.

ҲХДТ низ бо истифода аз ин ҳуқуқҳои қонунӣ санаи 3 сентябр дар анҷумани навбатияш номзадии Раиси муаззами ҲХДТ – Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати номзад дар интихоботи президентии 11 октябри соли 2020 пешбарӣ намуд. Номзадии Пешвои созандаву сулҳофари миллатро аз 990 вакиле, ки аз саросари кишвар дар анҷуман иштирок доштанд ҳамагӣ бо хушнудию фараҳ ва самимияти комил пазируфтанд.

Раванди баргузории анҷуман, суханронии вакилон ва мавқеъгирии қотеонаву самимонаи иштирокдорони анҷуман дар мавриди пешниҳоди номзад ба мақоми президентӣ ва тасдиқи барномаи пешазинтихоботии ӯ далолат аз шахсияти вораставу арзандаи Пешвои муаззами миллат буда, собит месозад, ки меҳру муҳаббати ӯ дар қалбу ҷон ва руҳу равони миллаташ бо созандагию бунёдкориҳо ва таъмини сулҳу суботи пойдор ҷой гирифтааст. Зеро аз оѓози маъракаҳои интихоботӣ то имрӯз Пешвои миллатро ду ниҳоди ҷамъиятию бузурги кишвар низ ба ҳайси номзади худ пешниҳод намудаанд, ки яке Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва дувумин Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мебошанд. Яъне бо таҳлили умқии вазъият метавон хулоса намуд, ки номзадии Эмомалӣ Раҳмон на танҳо вобаста ба як ҳизби сиёсӣ, балки ба кулли қишрҳои кишвар вобаста буда, хусусияти миллӣ касб намудааст.

 

РАҲМОНЗОДА Зоир Файзалӣ

вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон

Илова кунед