Мулоқоти Усмонзода бо нозирони Созмони ҳамкориҳои Байнипарлумонӣ

28 Феврал 2020, Ҷумъа

28 феврал дар шаҳри Душанбе мулоқоти нозирони интихоботии  Созмони ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар баргузор гардид.

Дар мулоқот вобаста ба масоили интихоботи вакилони Маҷлиси намоняндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, равандҳои таблиғотии номзадҳо, имкониятҳои аҳзоби сиёсӣ, нақшаву барномаҳои вакилон ва ҳизбҳо, мавқеъи аҳзоб доир вазъияти иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва сиёсатҳои минтақавӣ ва муносибатҳои байналмилаллӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Аснои муколама Саидҷаъфар Усмонзода ба суоли нозирони созмони мазкур таъкид намуд, ки «мо мулоқоту суҳбатҳо ва васоити ахбори омма барномаву ҳадафҳои ҳизби худро ба интихобкунандагон пешниҳод намудем ва дар раванди таблиғоти интихоботӣ ҳеҷ монеае барои мо пеш наомадаааст ва шароити фаъолиятҳои сиёсии мо комилан фароҳам аст».

Ёдрас мешавем, ки 1 марти соли равон интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад ва барои назорати раванди интихобот нозирони созмону ташкилот ва иттиҳодияҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон омадаанд.

Илова кунед