Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –пешвои миллат

14 Ноябр 2016, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2016,  №11, мод 872)

 

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2016, №580 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №10, мод.798) қабул гардидааст.

 

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2016, №290 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №11, мод.897) ҷонибдорӣ гардидааст.

  

Қонуни конститутсионии мазкур вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро ҳамчун бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, суботу пойдории давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия,таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон,муқаррар мекунад.

 

Моддаи 1. Мавзўи танзими Қонуни конститутсионии мазкур

Қонуни конститутсионии мазкур дар баробари  салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, инчунин мафҳум ва вазъи сиёсивуҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ўро дар давраи фаъолият ва баъди қатъ гаштани фаъолияти президентиаш муқаррар менамояд.

 

Моддаи2. Асосгузорисулҳуваҳдати миллӣПешвои миллат

  1. Асосгузорисулҳуваҳдати миллӣ–Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии ҶумҳурииТоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи КонститутсияиҶумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда,дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
  2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад.
  3. Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳоибузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.
  4. Нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат маҳдудияти бештар аз ду муҳлат пай дар пай интихоб шудан ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намегардад.

 

Моддаи 3. СалоҳиятиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат

  1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат вобаста ба хизматҳои бузурги таърихиаш дар назди халқу давлати Тоҷикистон чунин салоҳиятро якумра доро мебошад:

— ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба инобат гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошад;

— дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ваМаҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳоиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонва ҷаласаҳои Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, оид ба масъалаҳои баррасишаванда суханронӣ намояд;

— дар ҳолати ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳалли онҳо мусоидат намуда, машварату маслиҳат диҳад.

  1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат ҳамчун Президентисобиқ узви якумраи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РаисиҲаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон мебошад.
  2. Барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар толори ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тонва ҷаласаҳои Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи махсуси ифтихорӣ ҷудо карда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешавад.
  3. Масъалаҳои муҳимидавлатӣ ваҷамъиятӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат мувофиқа карда мешаванд.

 

Моддаи 4. Таъсиси орден ваҷоизаидавлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат

  1. Ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳоисодиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат дар назди Ватанчунин орден ва ҷоиза таъсис дода мешаванд:

— ордени «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон», ки барои хизматҳои шоёндар фаъолияти давлатӣ ва ҷамъиятӣаз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонсарфароз гардонида мешавад;

-ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат–Эмомалӣ Раҳмон», ки ҳар се сол барои ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дўстии байни халқҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда мешавад.

  1. Тасвири ордени «Пешвои миллат –Эмомалӣ Раҳмон» ва тартиби сарфарозгардонӣ бо онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  2. Ордени «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон» дорои имтиёзҳое мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
  3. Низомномаи ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат –Эмомалӣ Раҳмон» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 5. Дахлнопазирии Асосгузорисулҳуваҳдати миллӣПешвои миллат

  1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат ва аъзои оилаи ў ҳуқуқи дахлнопазирӣ доранд.
  2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои амалҳояшдар давраи иҷрои ваколатҳои Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон–Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва салоҳияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.
  3. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро дастгир намудан, ба ҳабс гирифтан, кофтуков кардан ва маҷбуран овардан манъ аст.
  4. Дахлнопазирӣбамоликият, ҳамчунин моликияти аъзои оила, ба манзили истиқоматӣ, бинои хизматӣ, нақлиёт, воситаҳои алоқа, мукотиба ваҳуҷҷатҳоиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ мегардад. Ба моликияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат ва аъзои оилаи ў ягон маҳдудият гузошта намешавад.
  5. Сирри бонкӣ ва дахлнопазирии ҳисобҳои бонкии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат ва аъзои оилаи ў кафолат дода мешавад.

 

Моддаи 6. Таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат

  1. Барои таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат баъди қатъ гаштани ваколати президентиаш бинои хизматӣҷудо карда шуда, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат таъсис дода мешавад.
  2. Сохтор ва басти вазифавии ДафтардорииАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ–Пешвои миллат муқаррар карда мешаванд. Кормандони Дафтардорӣмақоми хизматчии давлатиро доранд.
  3. Барои ДафтардорииАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат дар қисмати марказии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ва дар зодгоҳаш биноҳои алоҳидаи корӣҷудо карда мешаванд, ки онҳо бо таҷҳизоти зарурӣ, воситаҳои техникию коммуникатсионӣ, алоқа ва нақлиёт таъмин мегарданд.
  4. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат барои мулоқотҳои расмии худ ҳуқуқ дорад аз толорҳо ва қароргоҳҳои ҳукуматӣ истифода намояд.
  5. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо шиносномаи дипломатӣ ройгон таъмин карда мешавад.
  6. Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон толорҳои ҳайатҳои расмӣ ройгон хизмат мерасонанд.
  7. Бо дархости Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар радио ва телевизиони давлатӣ дар вақти ба ў мувофиқ вақти эфирии ройгон ҷудо карда мешавад.

 

Моддаи 7. Таъмини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат бо воситаҳои алоқа

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат ҳуқуқ дорад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон якумра аз воситаҳои алоқаи ҳукуматӣ ва дигар намуди алоқа ройгон истифода намояд. Тамоми намудҳои хизматрасонииалоқа дар доираи хизматрасонии ҳукуматӣ амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи8.Таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат

  1. Ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллаттаҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат суиқасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  2. Таъмини амнияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат ба мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
  3. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллатдар ҷойи будубоши доимӣ ва муваққатӣ боҳимояи якумраи давлатӣ таъмин карда мешавад.
  4. Аъзои оилаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат бо ҳимояи давлатӣ таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 9. ТаъминиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат бо манзили истиқоматӣ

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст,хонаи истиқоматӣҳамчун моликияти хусусӣ ва бўстонсарои давлатӣ бо хизматрасонии зарурии давлатӣҷудо карда мешаванд.

 

Моддаи 10. Таъмини Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣПешвои миллат бо нақлиёт

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат баъди қатъи ваколати президентиаш якумра бо автомашинаи хизматӣ ва ронанда таъмин карда мешавад.

 

Моддаи 11. Хароҷот вобаста банамояндагӣ ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат ба давлатҳои хориҷӣ

  1. Хароҷот вобаста банамояндагӣ ва ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт кардамешаванд.
  2. Ташкил ва омодасозии ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба давлатҳои хориҷиро Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

 

Моддаи 12. Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат

  1. Бо мақсади амалӣ намудани иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат таъсис дода мешавад.
  2. Ҳаҷми Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар буҷети давлатӣ барои соли тақвимӣмуайян карда мешавад.
  3. Тартиби ихтиёрдорӣ намудани маблаѓҳои Фондро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 13. Осорхона, китобхона,бойгонӣ ва муҷассамаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат

  1. Дар давраи иҷрои ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат таъсис дода мешаванд.
  2. Осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат сарвати миллӣ буда, моликияти давлатӣ ба шумор мераванд.
  3. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат осорхонаҳо таъсис дода мешаванд.
  4. Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зодгоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат пас аз вафоташ муҷассамаи ў гузошта мешавад.

 

 

 

Моддаи 14. Таъмини хизматрасонии тиббӣ ва табобатию истироҳатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат пас аз қатъи ваколати президентиаш якумра хизматрасонии ройгони тиббӣ ва табобатию истироҳатӣ, ки дар давраи иҷрои ваколати президентиаштаъмин карда мешуд, нигоҳ дошта мешавад.

 

Моддаи 15. Таъмини нафақа, суѓуртаи ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат

  1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, бо нафақаи ҳармоҳа ба андозаи 80 фоизи музди меҳнати моҳонаи Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад.
  2. Ҳаёт ва саломатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, ки ваколати президентиаш қатъ гардидааст, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи музди меҳнати солонаи Президенти амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суѓуртаи ҳатмии давлатӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 16. Сарчашмаҳои маблаѓгузорӣ ва дигар масъалаҳои таъмини фаъолиятиАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат

  1. Хароҷоти дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда, азҷумла барои орден ва ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат –Эмомалӣ Раҳмон», Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, нигоҳдории Дафтардорӣ, осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ–Пешвои миллат, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣпардохт карда мешаванд.
  2. Хизматрасонии тиббӣ, табобатию истироҳатӣ, манзилӣ, нақлиётӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣтаъмин карда мешавад.

 

Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 18. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015 «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №12, қ.1, мод. 1105) аз эътибор соқит дониста шавад.

 

 

Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур

Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амалқарор дода шавад.

 

 

 

Президенти

ҶумҳурииТоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон

 

Ш.Душанбе

14 ноябри соли 2016

№1356

Илова кунед