Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон

13 Июл 2016, Чоршанбе

(АхбориМаҷлисиОлииҶумҳурииТоҷикистон,  соли 2016,  №7, мод.606)
 
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми майи соли   2016, № 453 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ) қабул гардидааст.
 
                                                                Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июли  соли 2016, №251   (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорї гардидааст.
Қонуни мазкур тартиби ба имзо расонидан, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, ҳамроҳшавї, бақайдгирї, интишор, иҷро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
 
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
  1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба хусусияти онҳо (байнидавлатї, байниҳукуматї ва байниидоравї) ва номашон (шартнома, созишнома, конвенсия, протокол, паймон, мубодилаи мактубҳо, ёддоштҳо ва ё шартномаҳои байналмилалии дигар), бо давлатҳои хориҷї ва созмонҳои байналмилалї паҳн мегардад.
  2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба созишномаҳои сармоягузорї, консессионї (имтиёздиҳї) ва созишномаҳои дигар, ки хусусияти хусусию ҳуқуқї дошта, бо санадҳои алоҳидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегарданд, паҳн намешавад.
 
Моддаи  2. Мафҳумҳои асосї
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-шартномаҳои байналмилалї) –яке аз санадҳоиҳуқуқиибайналмилалииэътирофнамудаиТоҷикистон, ки бо давлати хориҷї (давлатҳои хориҷї) ё созмони байналмилалї (созмонҳои байналмилалї) дар шакли хаттї ба имзо расонида шуда, бо ҳуқуқи байналмилалї танзим карда мешавад, сарфи назар аз он ки ин шартнома дар як ё якчанд ҳуҷҷати бо ҳам алоқаманд оварда шудааст, инчунин новобаста ба номи мушаххаси он;
— созмони байналмилалї созмони байнидавлатї (байниҳукуматї);
— парафгузорї баимзорасонии қаблии лоиҳаи мувофиқашудаи шартномаи байналмилалї ё меъёрҳои алоҳидаи он бо ишораи сарҳарфи насаб ва номи намояндагони ҷонибҳои дар гуфтушунидҳо иштироккунанда ҳамчун шаҳодати мувофиқа намудани матнилоиҳаи шартномаи байналмилалї ё яке аз тарзҳои муқаррар сохтани саҳеҳии матни лоиҳаи шартномаи байналмилалї;
— ваколат – ҳуқуқи намояндагї намудан аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси қарори шахси мансабдор ё мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалї гардида, ба таври дахлдор бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ваколати шахси мазкур ба расмият дароварда шудааст ва ба ҷониби иштирокчии гуфтушунидҳо ё маҳфуздоранда бо мақсади қабул намудани матни шартномаи байналмилалї ё муқаррар намудани саҳеҳии он, ба имзо расонидани шартномаи байналмилалї, изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмї будани шартномаи байналмилалї, иҷро намудани амалидигар, ки ба шартнома дахл дорад, супорида мешавад;
— бастани шартномаи байналмилалї – пайдарпайии марҳилаҳои (амалҳои ҳуқуқии) пешбининамудаи Қонунимазкуроид баташаккулдиҳии мазмунишартномаибайналмилалї, қабулиматнионва изҳориризоятиҶумҳурииТоҷикистонба ҳатмїбуданишартномаибайналмилалї;
— баимзорасонї – марҳилаи бастани шартномаи байналмилалї ё тарзи изҳори ризояти ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳатмї будани шартномаи байналмилалї, дар сурате, агар шартномаи байналмилалї пешбинї намояд, ки баимзорасонї чунин эътибор дорад ё ба тарзи дигар созиш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирокчиёни дигари гуфтушунид дар хусуси он муқаррар шудааст, ки баимзорасонї бояд чунин эътиборро дошта бошад ё нияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати додани чунин эътибор ба баимзорасонї аз ваколати намояндаи он бармеояд ва (ё) ҳангоми гуфтушунид изҳор шудааст;
— расмиёти дохилидавлатї – тасдиқ (ратификатсия) ё тасдиқи шартномаи байналмилалї аз ҷониби Маҷлиси намояндагони МаҷлисиОлии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— тасдиқ (ратификатсия) –тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмї будани шартномаи байналмилалї, ки дар Қонунимазкурваёшартномаибайналмилалї пешбинїшудааства аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расонда шудааст;
— тасдиқ –тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмї будани шартномаи байналмилалї, ки аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расида, тарзи дигари тасдиқи иловагии онро аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ѓайр аз баимзорасонї, пешбинї менамояд;
— ҳамроҳшавї –тарзи изҳори ризояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатмї будани шартномаи байналмилалии эътиборпайдонамуда, ки аз ҷониби намояндаи ваколатдори он ба имзо расонда нашудааст;
—  тавзеҳот  –  изҳороти якҷониба бо ифода ва номи дилхоҳ, ки аз ҷониби давлат ё созмони байналмилалї ҳангоми баимзорасонї, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаи байналмилалии бисёрҷониба ё ҳамроҳшавї ба он арз ёфтааст, ки тавассути он ин давлат ё созмони байналмилалї мехоҳад амали ҳуқуқии муқаррароти алоҳидаи шартномаи байналмилалї дар мавриди татбиқи онҳо нисбат ба ин давлат ё ин созмони байналмилалї истисно карда шавад ё таѓйир дода шавад;
— бекор кардан (денонсатсия) – дасткашї бо тартиби муқарраргардидаи ба расмият даровардашудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шартномаи байналмилалии басташуда ва яке аз тарзҳои қатъ гаштани амали шартномаи байналмилалї;
— маҳфуздоранда – давлат, созмони байналмилалї ё шахси мансабдори асосии иҷрокунандаи  он, ки ба онҳо барои нигоҳдорї нусхаи аслии шартномаи байналмилалї супорида шуда, нисбат ба ин шартномаи байналмилалї вазифаи дар меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалї пешбинишударо иҷро менамоянд;
— Феҳристи давлатии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон – низоми ягонаи давлатии бақайдгирї, баҳисобгирї ва нигоҳдории шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  нусхаҳои аслї ва нусхаҳои аз ҷониби маҳфуздоранда расман тасдиқшудаи шартномаҳои байналмилалї, маълумотҳои ҳатмї ва дигар тафсилоти иттилоотӣ оид ба онҳоро дар бар мегирад.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои  байналмилалї
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалї ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
 
БОБИ 2. ТАРТИБИ БАСТАНИ ШАРТНОМАҲОИ
БАЙНАЛМИЛАЛЇ
 
Моддаи 4. Мувофиқасозї ва экспертизаи ҳуқуқии шартномаҳои байналмилалї, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади иштирокчии онҳо шудан дорад, инчунин лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалї
  1. Шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади иштирокчии онҳо шуданро дорад, инчунин лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалї, бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.
  2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси мақсаднок будани бастани шартномаҳои байналмилалї аз нигоҳи сиёсати хориҷї хулоса медиҳад.
  3. Шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсади иштирокчии онҳо шуданро дорад, инчунин лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалї аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди экспертизаи ҳуқуқї қарор мегиранд.
 
Моддаи 5. Таклифҳо дар бораи баимзорасонї, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалї ва ҳамроҳшавї ба онҳо
  1. Мақомоти давлатї тавассути Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ таклифҳои зерин пешниҳод менамоянд:
— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баимзорасонї, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалї ва ҳамроҳшавї ба онҳо  аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баимзорасонї, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалї ва ҳамроҳшавї ба онҳо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  шартномаҳои дорои хусусияти байниидоравї.
  1. Таклифҳо дар бораи бастани шартномаҳои байналмилалї ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати на дертар аз чордаҳ рўзи тақвимї то санаи ба имзо расонидани онҳо пешниҳод карда мешаванд.
  2. Таклифҳо дар бораи баимзорасонї, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалї ва ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо то пешниҳод шуданашон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатии дахлдор дар доираи ваколатҳои онҳо мувофиқа карда мешаванд.
  3. Таклифҳо дар бораи баимзорасонї, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалї ва ҳамроҳшавї ба онҳо бо тартиби дар моддаҳои 7, 10, 12-15 Қонуни мазкур пешбинишуда амалї карда мешаванд.
  4. Таклифҳо дар бораи баимзорасонї, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, қабули шартномаҳои байналмилалї ва ҳамроҳшавї ба онҳо иборатанд аз:
— лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи баимзорасонї, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалї ва ҳамроҳшавї ба онҳо;
— асосноккунии мақсаднок будани баимзорасонї, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ ва ҳамроҳшавї ба онҳо;
— хулосаи Вазорати корҳоихориҷииҶумҳурииТоҷикистондар хусуси мутобиқати бастанишартномаибайналмилалӣба мақсадҳоисиёсатихориҷӣ;
— хулосаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистондарбораи мутобиқати лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалї ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— арзёбии оқибатҳои эҳтимолии сиёсї, ҳуқуқї, молиявию иқтисодї ва оқибатҳои дигари бастани шартномаҳои байналмилалї;
— нусхаҳои ба таври расмї тасдиқшудаи матни шартномаҳои байналмилалї;
— тарҷумаи матни шартномаҳои байналмилалї ба забони давлатї, ки бо муҳри мақомоти давлатии барои бастани онҳо масъул тасдиқ шудаанд;
— номгўи давлатҳои иштирокчии шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба;
— номгӯисанадҳоимеъёрииҳуқуқииҶумҳурииТоҷикистон, ки бо сабаби эътибор пайдо кардани шартномаи байналмилалӣ зарурати баонҳо ворид намудани тағйируиловаҳо ба миён меояд;
— ҳангоми зарурат лоиҳаҳо ва асосноккунии тавзеҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба, инчунин матни тавзеҳот ба шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба, ки аз ҷониби дигар давлатҳо изҳор шудаанд.
 
Моддаи  6. Забони шартномаҳои байналмилалї
  1. Шартномаҳои байналмилалии дуҷониба ба забонҳои давлатии ҷонибҳои иштирокчии гуфтушунидҳо баста мешаванд. Бо розигии ҷонибҳо забони дигар низ ҳамчун забони шартномаҳои байналмилалї интихоб шуда метавонад.
  2. Шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба бо забонҳое, ки аз ҷониби тарафҳо иштирокчии гуфтушунидҳо муайян гардидаанд, баста мешаванд.
  3. Таѓйиру иловаҳо ба шартномаҳои байналмилалї бо забонҳое, ки онҳо баста шудаанд, ворид карда мешаванд.
 
                   Моддаи 7. Қарорҳо дар бораи қабули  матн, баимзорасонии шартномаҳои байналмилалї ва  додани ваколат барои иҷро намудани амалҳои мазкур, инчунин ба анҷомрасонидани парафгузорӣ
  1. Қарорҳо дар бораи қабули матнҳо ва баимзорасонии шартномаҳои байналмилалї, инчунин дар бораи додани ваколат барои иҷро намудани амалҳои мазкур, дар намуди санадҳои зерин қабул карда мешаванд:
— нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи мақомоти давлатї баста мешаванд, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  1. Парафгузорїазҷонибинамояндаимақомотидавлатї, ки бароибастанишартномаибайналмилалїмасъул мебошад, бо назардошти хулосаҳоивазоратуидораҳоидахлдор сурат мегирад.
 
 
 
Моддаи 8. Ваколат барои иҷро намудани амалҳои вобаста ба бастани шартномаҳои байналмилалї
  1. Дар асоси қарорҳои тибқи муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур қабулшуда ваколат ба иҷро намудани амалҳои вобаста ба бастани шартномаҳои байналмилалї аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ба расмият даровардани ваколатҳо дар шакли хаттї тасдиқ карда мешавад.
  2. Агар ҳуқуқи баимзорасонии шартномаи байналмилалї мутобиқи сархати якуми қисми 1 моддаи 7 Қонуни мазкур аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахси мансабдори дигар бевосита пеш аз баимзорасонї дода шавад, ваколати чунин шахси мансабдор аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттї бе қабули қарори дар моддаи 7 Қонуни мазкур пешбинишуда тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи9. Бидунибарасмиятдарорииваколатнома иҷро намудани амалҳои вобаста ба бастани шартномаҳоибайналмилалї
  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад тамоми амалҳои вобаста ба бастани шартномаҳои байналмилалиро бе барасмиятдарории ваколатнома иҷро намояд.
  2. Дар асоси қарорҳои тибқи моддаи 7 Қонуни мазкур қабулгардида шахсони зерин бе барасмиятдарории ваколатнома Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагї менамоянд:
— Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади анҷом додани тамоми амалҳое, ки ба бастани шартномаҳои байналмилалї вобастаанд;
— роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷї бо мақсади қабул намудани матни шартномаҳои байналмилалї байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлате, ки дар назди он аккредитатсия шудаанд;
— намояндагоне, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати намояндагї намудан дар конференсияҳои байналмилалї ё созмонҳоибайналмилалї, ё яке аз мақомоти он бо мақсади қабули матни шартномаи байналмилалї ваколатдор шудаанд.
 
 
БОБИ 3. ТАРТИБИ ТАСДИҚИ (РАТИФИКАТСИЯИ) ШАРТНОМАҲОИБАЙНАЛМИЛАЛЇ, ТАСДИҚВАҲАМРОҲШАВЇБАОНҲО
 
Моддаи  10.  Тасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалї
Шартномаҳои байналмилалї аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонтасдиқ (ратификатсия) карда мешаванд.
 
Моддаи 11. Шартномаҳоибайналмилалие, кимавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор дода мешаванд
Шартномаҳоибайналмилалиизеринмавридитасдиқ (ратификатсия) қарордодамешаванд:
— шартномаҳое, ки мавзўионҳоҳуқуқуозодиҳоиасосииинсонвашаҳрвандмебошад;
— шартномаҳое, ки иҷрои онҳо таѓйирдодани қонунҳои амалкунанда ё қабули қонунҳои навро талаб менамояд, ин чунин қоидаҳои дигарро нисбат ба қоидаҳои дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шуда муқаррар менамоянд;
— шартномаҳо дар бораи муайян намудани сарҳади ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои дигар, аз ҷумла шартномаҳои байналмилалї дар бораигузаштан аз СарҳадидавлатииҶумҳурииТоҷикистон;
— шартномаҳодар бораиасосҳоимуносибатҳоибайнидавлатї, дар бораимасъалаҳоихалъисилоҳ ё назоратибайналмилалииаслиҳа, таъминисулҳваамниятибайналмилалї, инчунин дар бораисулҳ, дўстї, вакумакимутақобилавашартномаҳоибайналмилалї дар бораиамниятидастҷамъона;
— шартномаҳо дар бораииштирокиҶумҳурииТоҷикистон дар иттиҳодияҳоибайнидавлатївасозмонҳоибайналмилалї, агарчуниншартномаҳоибайналмилалї ба онҳосупориданиқисмиҳуқуқҳоисоҳибихтиёрии (ё қисмиваколатҳои) Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намоянд ё ҳатмияти ҳуқуқии қарорҳои мақомоти онҳоро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намоянд;
— шартномаҳо дар бораипешниҳодвагирифтаниқарзҳоидавлатї, кумакииқтисодї, имтиёзҳоиандозбандївакумакҳоидигар;
— шартномаҳо дар бораиистифодаизахираҳоитабиї аз ҷонибисубъектониҳуқуқибайналмилалї;
— шартномаҳо дар бораимасъалаҳоивобаста ба иқтидоримудофиавииҶумҳурииТоҷикистон;
— шартномаҳое, киҳангомибаимзорасониданионҳоҷонибҳоииштирокчиигуфтушунидҳо дар бораитасдиқи (ратификатсияи)минбаъдаионҳоқарорқабулнамудаанд.
 
Моддаи 12. Тартиби пешниҳод намуданит аклифҳо дар бораи тасдиқи (ратификатсияи)шартномаҳои байналмилалӣ
  1. Мақомоти давлатӣ тавассути ВазоратикорҳоихориҷииҶумҳурииТоҷикистонботартиби дар моддаи 5 Қонуни мазкур пешбинишуда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ваколати худ дар бораи тасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ таклифҳо пешниҳод менамоянд.
  2. Таклифҳо дар бораитасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
 
Моддаи  13. Тасдиқи шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор намегиранд
Шартномаҳои байналмилалї, ки гузаронидани расмиёти дохилидавлатиро пешбинї намуда, мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор намегиранд, ба тариқи зайл тасдиқ мегарданд:
— шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудаанд, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудаанд ва шартномаҳои байниидоравӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 14. Таклифҳо дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шартномаҳои байналмилалї
  1. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ бо тартиби дар моддаи 5 Қонуни мазкур пешбинишуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳамроҳшавї ба шартномаҳои байналмилалї таклифҳо пешниҳод менамоянд.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо дар бораи ҳамроҳшавї ба шартномаҳоибайналмилалиро баррасї намуда, пешниҳодҳои зерин менамояд:
— шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуда, мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор намегиранд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуда, мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор мегиранд, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шуда, мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор мегиранд, ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 15. Қарорҳо дар бораи ҳамроҳшавї ба шартномаҳои байналмилалї
Қарорҳо дар бораи ҳамроҳшавї ба шартномаҳои байналмилалї қабул карда мешаванд:
— нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор мегиранд ва ҳамроҳшавї ба онҳо аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад — аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор нагирифта, ҳамроҳшавї ба онҳо аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад — аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор нагирифта, ҳамроҳшавї ба онҳо аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 16. Татбиқи муваққатии шартномаҳои байналмилалї аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Шартномаҳои байналмилалї ё муқаррароти алоҳидаи онҳо дар қисме, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, то эътибор пайдо намудани онҳо муваққатан татбиқ мегарданд, агар чунин тартиб дар шартномаҳои байналмилалї пешбинї шуда бошад.
  2. Агар дар шартномаҳои байналмилалї тартиби дигар пешбинї нашуда бошад ва ё оид ба ин тартиб бо давлатҳои хориҷї ё созмонҳои байналмилалии шартномаҳои байналмилалиро баимзорасонида созиш ба даст оварда нашуда бошад, Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи муваққатии шартномаҳои байналмилалї ё муқаррароти алоҳидаро аз рўзи ирсоли огоҳинома ба давлатҳои хориҷї ё созмонҳои байналмилалие, ки нисбат ба онҳо шартномаҳои байналмилалї муваққатан татбиқ мешаванд, оид ба нияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иштирокчии шартномаҳои байналмилалї нагаштан, ки дар асоси қарорҳои дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинї шудааст, қатъ менамояд.
  3. Қарор дар бораи иштирокчии шартномаҳои байналмилалии муваққатан татбиқшаванда нагардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муқаррароти алоҳидаи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
  4. Татбиқи муваққатии шартномаҳои байналмилалии эътиборпайдонакарда аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд аз як сол зиёд бошад.
 
Моддаи17.  Тавзеҳот ба шартномаҳоибайналмилалиибисёрҷониба
  1. Ҳангоми ба имзорасонӣ, тасдиқ (ратификатсия), тасдиқи шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба ё ҳамроҳшавӣ ба онҳо тибқи шартҳои шартномаҳои байналмилалии бисёр ҷониба ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тавзеҳотизҳор намудан мумкин аст.
  2. Тавзеҳотроҳарвақт, ботартибиизҳоршудабекор кардан мумкинаст, агар шартномаи байналмилалии бисёрҷониба тартиби дигарро пешбинїӣ  накунад.
  3. Қабул намудани тавзеҳотии брознамудаи дигарҷониби аҳдкунанда ба шартномаи байналмилалии бисёрҷониба ё изҳоринорозигӣ ба он тибқи шартҳои шартномаи байналмилалии бисёрҷониба ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар асоси хулосаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ваколатҳои он мавзўи танзими тавзеҳот мансубаст, анҷом дода мешавад.
 
БОБИ 4. ИҶРОИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
 
Моддаи18. Таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ
  1. Шартномаи байналмилалӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди иҷрои ҳатмӣ ва бо виҷдонона қарор мегирад.
  2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ чораҳо андешида, шахси мансабдор ё мақомотеро, ки ба зиммаи он вазифаи назорати иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ вогузор мешавад, муайян менамояд.
  3. Мақомоти давлатї дар доираи ваколатҳои худ иҷрои уҳдадорї ва амалисозии ҳуқуқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз шартномаҳои байналмилалї бармеоянд, таъмин менамоянд, инчунин иҷрои уҳдадориҳои иштирокчиёни дигари шартномаҳои байналмилалиро мушоҳида менамоянд.
  4. Мушоҳидаи умумии иҷрои шартномаҳои байналмилалиро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалї менамояд.
  5. Мониторинги таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалї бо тартиби муайяннамудаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
 
Моддаи 19. Андешидани чораҳо дар сурати риоя накардани шартномаҳои байналмилалї аз ҷониби иштирокчиёни дигар
  1. Дар сурати риоя накардани уҳдадориҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалї аз  ҷониби  иштирокчиёни  он,  Вазорати  корҳои  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ё якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатї ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андешидани чораҳои зарурї  мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалї ва талаботи  худи  шартнома  таклифҳо  пешниҳод  менамояд.
  2. Дар сурати риоя накардани муқаррароти шартномаҳои байналмилалї аз ҷониби иштирокчиёни он, инчунин дар ҳолатҳои дигари бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалї пешбинигардида амали чунин шартномаҳои байналмилалї бо тартиби муқарраргардида қатъ ё боздошта шуда метавонад.
 
Моддаи  20.  Эътибор пайдо намудани шартномаҳои байналмилалї
Шартномаҳои байналмилалї барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиб ва дар  муҳлатҳое, ки шартномаи байналмилалї ва қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинї кардаанд, эътибор пайдо мекунанд.
 
 
БОБИ 5. ИНТИШОР, БАҚАЙДГИРЇ, БАҲИСОБГИРЇ ВА НИГОҲДОРИИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ
 
Моддаи 21. Интишори шартномаҳои байналмилалї
  1. Шартномаҳои байналмилалии эътиборпайдонамуда бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои расмӣ интишор мегарданд.
  2. Шартномаҳои байналмилалии эътиборпайдонамуда, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда шудаанд, бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нашрияҳои расмӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор мешаванд.
  3. Агар шартномаҳои байналмилалї ба забони давлатї матни саҳеҳ надошта бошанд, яке аз матнҳои саҳеҳи онҳо бо забони баимзорасида, инчунин тарҷумаи шартномаҳои байналмилалї ба забони давлатї дар маҷмўаи «Бюллетени шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» интишор мегарданд.
 
Моддаи 22. Бақайдгирї, баҳисобгирї ва нигоҳдории шартномаҳои байналмилалї
  1. Бақайдгирї, баҳисобгирї ва нигоҳдории шартномаҳои байналмилалї тибқи Феҳристидавлатии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Пешбурди феҳристи мазкурро Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалї менамояд.
  2. Шакл ва тартиби пешбурди Феҳристи давлатии шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  3. Бақайдгирии шартномаҳои байналмилалї дар мақомоти дахлдори созмонҳои байналмилалї аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалї мегардад.
  4. Нусхаҳои асл ё расман аз ҷониби маҳфуздоранда тасдиқшудаи шартномаҳои байналмилалї, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, дар муддати ду ҳафта аз рўзи баимзорасонии онҳо ё аз маҳфуздоранда гирифтани нусхаҳои аз ҷониби маҳфуздоранда расман тасдиқшуда барои нигоҳдорї ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд. Нусхаҳои шартномаҳои байналмилалии аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман тасдиқшуда (дар асоси нусхаҳои расман аз ҷониби маҳфуздоранда тасдиқшудаи шартномаҳои байналмилалї) бо забонҳои басташудаи онҳо дар муддати ду ҳафта аз рўзи баимзорасонї ё аз маҳфуздоранда гирифтан аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори давлатї барои нигоҳдории доимї ирсол мегарданд.
  5. Нусхаҳои асли шартномаҳои байналмилалї, ки аз номи мақомоти давлатї баста шудаанд, дар бойгонии мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Нусхаҳои расман тасдиқшудаи ин шартномаҳои байналмилалї дар муддати ду ҳафта аз рўзи баимзорасонї ё аз маҳфуздоранда гирифтани нусхаҳои расман тасдиқшуда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегарданд.
 
Моддаи  23.  Иҷро намудани вазифаҳои маҳфуздоранда
  1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои маҳфуздорандаи шартномаҳои байналмилалии бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамояд, агар мутобиқи шартҳои шартномаҳои байналмилалии мазкур чунин вазифаҳо ба уҳдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуда бошанд.
  2. Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои маҳфуздорандаи шартномаҳои байналмилалии бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз номи онҳо баста шудаанд, иҷро менамоянд, агар тибқи шартҳои шартномаҳои байналмилалии мазкур чунин вазифаҳо ба уҳдаи онҳо вогузор шуда бошад.
  3. Мукотиба бо мақомоти давлатҳои хориҷї, созмонҳои байналмилалї ё шахсони мансабдори асосии иҷрокунандаи онҳо, ки вазифаҳои маҳфуздорандаи шартномаҳои байналмилалии бисёрҷонибаро иҷро мекунанд, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
 
БОБИ 6. ТАЃЙИР ДОДАН, ҚАТЪ НАМУДАН ВА БОЗДОШТАНИ АМАЛИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛЇ
 
Моддаи 24. Тартиби ворид намудани  таѓйирот ба шартномаҳои байналмилалї
  1. Ворид намудани таѓйирот ба шартномаҳои байналмилалї мутобиқи шартҳои дар шартномаҳои байналмилалї зикршуда, меъёрҳои ҳуқуқи байнамилалї ва муқаррароти Қонуни мазкур амалї мегардад.
  2. Таклифҳо дар бораи ворид намудани таѓйирот ба шартномаҳои байналмилалї бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 4 ва 5 Қонуни мазкур пешниҳод карда мешаванд.
  3. Қарорҳо дар бораи ворид намудани таѓйирот ба шартномаҳои байналмилалї аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд.
  4. Таѓйироти ба шартномаҳои байналмилалї воридшуда мутобиқи шартҳо ва бо тартиби эътибор пайдо намудани шартномаҳои байналмилалї эътибор пайдо мекунанд.
  5. Қарорҳо дар бораи тасдиқ (ратификатсия) ё тасдиқ намудани таѓйирот ба шартномаҳои байналмилалї мутобиқи шартҳои дар шартномаҳои байналмилалї зикршуда ва бо тартиби дар моддаҳои 10 ва 13 Қонуни мазкур пешбинишуда қабул мегарданд.
 
Моддаи 25. Қатъ гаштани амали шартномаҳои байналмилалї
Амали шартномаҳои байналмилалї мутобиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалї ё дар ҳар вақт бо ризояти ҳамаи иштирокчиён қатъ мегардад.
 
Моддаи 26. Таклифҳо дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалї
  1. Боздоштани амали шартномаҳои байналмилалї ё бекор кардани (денонсатсияи) онҳо тибқи шартҳои шартномаҳои байналмилалї, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалї ва муқаррароти Қонуни мазкур амалї мегардад.
  2. Мақомоти давлатї дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалї дар доираи ваколатҳои худ таклифҳо пешниҳод мекунанд.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳоро дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалї, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, баррасї намуда:
— ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалї, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, таклифҳо пешниҳод менамояд;
— дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда (ратификатсияшуда), ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, таклифҳо пешниҳод менамояд;
— ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда (ратификатсияшуда), ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд, пешниҳод менамояд.
  1. Мақомоти давлатї дар доираи ваколатҳои худ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи онҳо баста шуда, бо мақомоти давлатии дахлдор ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудаанд, таклифҳо пешниҳод менамояд.
  2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳоро дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи мақомоти давлатї баста шудаанд, баррасї менамояд ва ба онҳо дар хусуси мувофиқи мақсад будани боздоштани амал ё бекор кардан (денонсатсия) хулоса медиҳад.
 
 
Моддаи 27. Қабул намудани қарорҳо дар бораи боздоштани амал ё бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалї
  1. Қарорҳо дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) шартномаҳои байналмилалии тасдиқшуда (ратификатсияшуда) аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мегарданд.
  2. Қарорҳо дар бораи боздоштани амали шартномаҳои байналмилалї ё бекор кардани (денонсатсияи) онҳо қабул мегарданд:
— нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд — аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд — аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— нисбат ба шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи мақомоти давлатї баста шудаанд  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВЇ
 
Моддаи 28. Амалигардонии санадҳои байналмилалие, ки тавассути онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ризояти худро ба ҳатмї будани шартномаи байналмилалї ё нияти худро ҷиҳати боздоштан ё қатъ гардонидани амали шартномаи байналмилалї изҳор мекунад
  1. Агар дар шартномаҳои байналмилалї мубодила ва ё супоридани тасдиқномаҳо барои нигоҳдорї ба маҳфуздоранда пешбинї шуда бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарорҳо дар бораи тасдиқи (ратификатсияи) шартномаҳои байналмилалї тасдиқномаҳоеро ба имзо мерасонад, ки онҳо бо муҳри ў, инчунин имзои вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
  2. Мубодилаи тасдиқномаҳо, ҳуҷҷатҳо дар бораи тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ ё қабули шартномаҳои байналмилалї ё супоридани чунин тасдиқномаҳо барои нигоҳдорї ба маҳфуздоранда, ҳуҷҷатҳои дар бораи тасдиқ (ратификатсия), тасдиқ, қабул ё ҳамроҳшавї, ирсоли ҳуҷҷатҳо дар бораи қатъ гардонидан, боздоштани амали шартномаҳои байналмилалї ё дар бораи бекор кардани (денонсатсияи) онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо супориши он аз ҷониби намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилалї амалї карда мешаванд.
 
Моддаи  29. Ҷавобгарї барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқїбарои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҷавобгарї кашида мешаванд.
Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор соқит донистани ҚонуниҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи шартномаҳоибайналмилалииҶумҳурииТоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  с. 1999, №12,  мод. 348; с. 2001, №7,                 мод. 484; с. 2005, №12, мод. 654; с. 2013, №7, мод. 539) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи  31. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмї мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
ҶумҳурииТоҷикистон                                     Эмомалӣ Раҳмон
 
 Ш. Душанбе, 23 июли соли,
№1326
 
 

Илова кунед