Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ

23 Июл 2016, Шанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2016,  №7, мод.607)
 
 
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми июни соли   2016, № 473 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ) қабул гардидааст.
 
                                                           Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июли  соли 2016, №252    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардидааст.
 
Қонуни мазкур принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти ноширӣ ва полиграфиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи мазкур равона карда шудааст.
 
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— ношир (муассисаи нашриявӣ, нашриёт) – шахсе, ки интишори маҳсулоти чопиро амалӣ мегардонад, аз ҷумла ҷиҳатҳои ташкилӣ, молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва таъминоти дигари интишори онро ба уҳда дорад;
— худношир — шахси воқеӣ, ки дастнависи маҳсулоти чопиро таҳия ва таҳрир намуда, аз ҳисоби маблаѓҳои шахсӣ ба чоп месупорад;
— муаллиф – шахси воқеӣ, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии ў офарида шудааст;
— корхонаи полиграфӣ (матбаа, истеҳсолкунандаи маҳсулоти чопӣ-шахси ҳуқуқӣ, ки теъдоди муайяни маҳсулоти чопиро истеҳсол менамояд;
— маҳсулоти  чопӣ– китоб, брошура, албом, матбуоти даврӣ, плакат, буклет ва маҳсулоти дигари корхонаи полиграфӣ,новобаста аз адади чоп ва тарзи истеҳсоли он;
— маводи нашрӣ– маҷмўи маълумот (нусхаи асли дастнавис, мақола, тақриз, шарҳи мухтасар, сарсухан, ҷадвал, тасвир, акс, диаграмма), ки барои таҳияи дастнависи маҳсулоти чопӣистифода мешавад;
— фаъолияти ноширӣ– фаъолият вобаста ба омодасозии дастнависи маҳсулоти чопӣбарои чоп;
— фаъолияти полиграфӣ– фаъолият вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти чопӣ;
— фармоишгари маҳсулоти чопӣ – шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ, ки ҳуҷҷатгузории фармоиши маҳсулоти чопиро ба расмият дароварда, хароҷоти молиявии онро ба зимма мегирад ва соҳиби маҳсулот мегардад;
— фурўшандаи маҳсулоти чопӣ– шахсони ҳуқуқӣва соҳибкорони инфиродӣ, ки ба фурўши маҳсулоти чопӣ машѓул мебошанд;
— матбуоти даврӣ– рўзномаву ҳафтаномаҳо, маҷаллаҳо, моҳнома, солнома ва маҷмўаву буллетенҳое, ки номи доимӣ ва рақами ҷорӣ дошта, дар вақту замони муайян (на камтар аз як маротиба дар як сол) ба чопмерасанд;
— сензура – аз ҷониби мақомоти давлатӣё шахсони мансабдори онҳо, дигар шахсони воқеӣва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, аз ношир ё корхонаи полиграфӣ талаб намудани мувофиқаи пешакии маводи нашрӣ.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи
                 фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ноширӣва полиграфӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Мақсади фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ
Мақсади фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ:
— қонеъ намудани талаботи маънавии шахс, ҷомеа ва давлат;
— мусоидат намудан ба рушди фарҳанги миллӣбо роҳи афзоиши номгўй, адади нашр ва ҳаҷми маҳсулоти чопӣ;
— баланд бардоштани сатҳи фарҳангии аҳли ҷомеа тариқи дастрасӣ ба маҳсулоти чопӣ, муаррифии арзишҳои башардўстӣ, дар асл ва тарҷума чоп кардани асарҳои машҳури адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ;
— фароҳамсозии имконот барои худифодасозӣҳамчун муаллиф, сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи  сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк.
 
Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи 
                   фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ
Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ фароҳам овардани шароити баробар ва бозори рақобатпазир ҷиҳати рушди соҳибкорӣ дар соҳа ва мусоидат ба пешрафти он мебошад.
 
Моддаи 5. Озодии фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ
  1. Фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод буда, муассисаҳои нашриявӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва фурўшандагони маҳсулоти чопӣ дар муайян кардани самти фаъолият, доираи мавзўъ, интихоби муаллифон, адади нашр, нархи маҳсулоти чопӣ ва тахфифи он, муқаррар намудани шаклҳои робита бо якдигар ва бо дигар ташкилоту корхонаҳо мустақил мебошанд.
  2. Ба сензураи дастнависи маҳсулоти ба чоп омодашуда ва инҳисор дар фаъолияти ноширӣва полиграфӣроҳдода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
  3. Ҳеҷшахс ҳуқуқ надорад, ки ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопиро вазифадор намояд, ки маҳсулоти чопӣва маводи дигари қаблан радкардаи онҳоро чоп намояд ва ба фурӯш барорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 6. Маводи нашрие, ки чоп, фурӯш ва паҳнкунии онҳо манъ
аст
  1. Чоп, фурӯш ва паҳнкунии маҳсулоти чопии дорои сирри давлатӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зўрӣ сарнагун сохтан ё таѓйир додани сохтори конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зўроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиѓ ва ташвиқ мекунад,манъ аст.
  2. Чоп, фурўш ва паҳнкунии маводи нашрӣва маҳсулоти чопии дорои маълумоти бардурўѓ ё туҳматомезу иѓвоангез, ки шаъну эътибори шахсони воқеӣ, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро паст мезананд, ба ҳаёти шахсии шахсони воқеӣ дахолат мекунанд, манъ аст.
 
Моддаи 7. Истеҳсол намудани ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои
                баҳисобгирию  ҳисоботии қатъӣ
Истеҳсоли ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгирию ҳисоботии қатъӣ, субъектҳои ба чопрасонандаи ин гуна маҳсулоти чопӣ ва паҳн намудани онҳо бо тартиби мақаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 8. Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ
Ношир ва корхонаи полиграфӣҳангоми истифодаи маводи нашрӣ уҳдадоранд муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳниро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, риоя намоянд.
 
Моддаи 9. Маълумотномаи маҳсулоти чопӣ
  1. Нусхаи китоби чопшуда бояд маълумоти зеринро дошта бошад:
— номи китоб (асосӣ, қиёсӣ, аслӣ, алтернативӣ);
— ном ва суроѓаи ҳуқуқии ношир, нашриёт;
— макон ва соли чопи китоб;
— ному суроѓаи ҳуқуқии корхонаи полиграфӣ;
— рақами фармоиш ва адади чоп;
— индексҳои таснифотӣ, таснифоти фаъолияти универсалии рақами байналмилалии стандартии китоб;
— нарх ё ишораи «нархи озод» ё «ройгон».
  1. Нусхаи маҳсулоти чопӣ бояд дорои маълумоти зерин бошад:
— ном ва суроѓаи ҳуқуқии ношир, нашриёт;
— макон ва соли чоп;
— ном ва суроѓаи ҳуқуқии корхонаи полиграфӣ, санаи ба қайд гирифта шудан ва рақами он;
— рақами фармоиш ва адади чоп.
 
Моддаи 10. Субъектҳои фаъолияти ноширӣва полиграфӣ
  1. Субъектҳои фаъолияти ноширӣва полиграфӣ ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ мебошанд.
  2. Муносибатҳо байни субъектҳои фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ,ҳамчунин муносибатҳои онҳо бо дигар субъектҳои фаъолият дар асоси оиннома ва шартнома (созишнома)-и тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон басташуда, танзим мешаванд.
 
Моддаи 11. Фаъолияти худноширӣ
Шахсони воқеӣҳуқуқдоранд, ки дастнавис ва ё маводи дигари худро, дар таҳрири бевоситаи худ ва аз ҳисоби маблағи шахсӣ чоп намоянд, агар муҳтавои он хилофи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.
 
БОБИ 2. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ НОШИРӣ
ВА ПОЛИГРАФӣ
 
Моддаи 12. Таъсиси муассисаи нашриявӣ, корхонаи
                    полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ
  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ таъсис диҳанд.
  2. Ба таъсиси муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣва фурўши маҳсулоти чопӣ ҳуқуқнадоранд:
— шахсони то ҳаждаҳсола ва шахсоне, ки бо ҳукми суд ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ адо мекунанд ё аз ҳуқуқи машѓул шудан бо фаъолияти мазкур маҳрум гаштаанд, ё бо ҳалномаи суд ғайри қобили амал ё қобилияти амалашон маҳдуд эътироф карда шудаанд;
— ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ва ё манъ карда шудааст.
 
 
Моддаи 13. Мақоми идоракунии фаъолияти муассисаи
нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ
  1. Мақоми идоракунии фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣва фурўшимаҳсулоти чопӣ муассисони онҳо мебошанд.
  2. Муассис самтҳои фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўшимаҳсулоти чопиро муайян ва оинномаи онҳоро тасдиқмекунад.
  3. Муассис ҳуқуқдорад ҳамчун ношир, истеҳсолкунанда ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ амал намояд.
  4. Муассис вазифадор аст:
— барои фаъолияти муътадили муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣва фурӯши маҳсулоти чопӣшароит муҳайё созад;
— барнома ва самтҳои асосии фаъолияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣва фурӯши маҳсулоти чопиро муайян намояд;
— бо роҳбарияти муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣва фурӯши маҳсулоти чопии таъсисдодааш шартнома бандад;
— талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, риоя намояд;
— бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳисобот ва маълумотро оид ба фаъолияти худ пешниҳод намояд.
 
Моддаи 14. Бақайдгирии давлатии ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ
  1. Бақайдгирии давлатии ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амалӣ мегардад.
  2. Мақомоти давлатӣ, судӣ, прокуратура, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ ҳуқуқ доранд маводҳои расмӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, маводи таъиноти истифодаи хизматиро бе қайди давлатӣ чоп намоянд.
  3. Қатъ гардидани фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
 
Моддаи 15. Баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ,  корхонаи полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ
Баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаи полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фарҳанг амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИИ НОШИР,   
КОРХОНАИ ПОЛИГРАФӣ ВА ФУРӮШАНДАИ МАҲСУЛОТИ ЧОПӣ
 
Моддаи 16. Ҳуқуқҳои ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўшандаи 
                 маҳсулоти чопӣ
  1. Ношир ва корхонаи полиграфӣ ҳуқуқ доранд:
— нақшаи чопи маҳсулоти чопиро мустақилона таҳия ва тасдиқ намоянд;
— барои омодасозии маҳсулоти чопӣ ба чоп ва фурўши он аз мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ фармоиш қабул намоянд;
— дар хусуси истифода ва чопи асарҳои муаллифони ватанӣ дар хориҷа ва асарҳои муаллифони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ шартномаҳо банданд;
— аз муаллиф ва ё вориси ў дар мавриди чопи асарҳояш ҳуқуқ ва ваколатҳои дахлдор ба даст оранд;
— асарҳои илмӣ, бадеӣ ва санъатро дар мувофиқа бо муаллиф барои дарёфти мукофотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣва байналмилалӣпешниҳод намоянд;
— дар чорабиниҳои байналмилалии нашриявӣ иштирок карда,  маҳсулоти чопии худро дар мувофиқа бо муаллиф ба намоишгоҳҳо, озмунҳои миллӣ ва байналмилалӣ пешниҳод намоянд.
  1. Фурўшандаи маҳсулоти чопӣ ҳуқуқ дорадаз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣмаҳсулоти чопиро барои фурўш қабул намояд ва бо онҳо шартнома бандад.
 
Моддаи 17. Уҳдадориҳои ношир, корхонаи полиграфӣ
                                      ва фурўшандаи маҳсулоти чопӣ
  1. Ношир уҳдадор аст:
— фаъолиятро танҳо дар асоси бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатӣ ба роҳ монад;
— маҳсулоти чопиро мутобиқи стандартҳои байналмилалӣва миллӣба чоп таҳия созад;
— ба воқеият ҷавобгў ва ба муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ будани муҳтавои маҳсулоти чопиро риоя намояд;
— талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, риоя намояд;
— дастнависи маҳсулоти чопиро ҳатман бо рамзи (грифи) ношир, маълумоти чопӣ ва бо рақами стандарти байналмилалии китоб ба чоп пешниҳод намояд;
— дастнависи маҳсулоти чопии дорои моҳияти илмӣ, таълимӣ ва диниро танҳо пас аз гирифтани тавсиянома ва иҷозати расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ ба чоп омода созад.
  1. Корхонаи полиграфӣ уҳдадор аст:
— фаъолиятро танҳо дар асоси бақайдгирӣ ва баҳисобгирии давлатӣ ба роҳ монад;
— маҳсулоти чопиро мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣчоп намояд;
— талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки фаъолияти соҳаро танзим менамоянд, риоя намояд;
— маҳсулоти чопиро ҳатман бо розигии ношир, фармоишгари маҳсулоти чопӣ ҳамчунин бо рамзи (грифи) ношир ва маълумотномаи маҳсулоти чопӣ чоп намояд;
— бо тавсия ва ё иҷозати расмии мақомоти ваколатдори давлатӣ маҳсулоти чопии дорои моҳияти илмӣ, таълимӣ ва диниро чоп намояд;
— бо иҷозати муаллиф (мураттиб) ва ношир, нусхаи аслии маводи нашриро пурра ё қисман чоп ё нусхабардорӣ намояд;
— нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопиро ба мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, саривақт ва ройгон дастрас намояд.
  1. Фурўшандаи маҳсулоти чопӣ уҳдадор аст, ки маҳсулоти чопиеро, ки дар он муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, талаботи стандартҳои байналмилалӣ, миллӣва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя нашудаанд, бе рамзи (грифи) ношир, маълумотномаи маҳсулоти чопӣ ба чоп расидаанд, инчунин бар хилофи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баҶумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, ба фурўш набарорад.
 
БОБИ 4. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАССИСАИ
НАШРИЯВӣ, КОРХОНАИ ПОЛИГРАФӣ
  ВА ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ ЧОПӢ
 
Моддаи 18. Ҳамкориҳои байналмилалӣ
  1. Ҳамкориҳои байналмилалии муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, амалӣкарда мешаванд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд муассисаи нашриявӣ, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ таъсис диҳанд.
 
Моддаи 19. Содирот ва воридоти маҳсулоти чопӣ
Содирот ва воридоти маҳсулоти чопӣ аз ҷониби ношир, корхонаи полиграфӣ ва фурўши маҳсулоти чопӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣкарда мешаванд.
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
 
 
 
 
Моддаи 20. Тартиби баррасии баҳсҳо оид ба фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ
Баҳсҳо вобаста ба фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи 21. Ҷавобгарӣбарои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣва хуқуқӣбарои риоя накардани талаботиҚонуни мазкурбо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣкашида мешаванд.
 
Моддаи 22. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 «Дар бораи  табъу нашр» (Ахбори  Шўрои  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, с. 1994,                № 1,  мод. 28;  Ахбори  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, № 3, мод. 48; с. 1997, № 9, мод. 117; с. 1999, № 12, мод. 329; с. 2002, №11, мод.726; с. 2004, №5, мод. 338; с. 2005, №12, мод.656) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 23. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
        Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                 Эмомалӣ Раҳмон
 
 
Ш.Душанбе
23июли соли 2016
№1327
 

Илова кунед