Таҷдиди сомонаи Маҷлиси намояндагон

02 Март 2020, Душанбе

Имрӯз бо иштироки Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мизроб Кабиров сомонаи расмии ин ниҳод - parlament.tj, ки солҳои тӯлонӣ ҷомеаро бо ахбори парлумонӣ таъмин менамуд бо шаклу намо ва тарзу усули муосир ба фаъолият оғоз кард.

Сомонаи ҷадид дар доираи ҳамкориҳо бо дигар рукунҳои ҳокимияти давлатӣ, дар иртибот бо ташкилотҳои баӣналмилалии бонуфуз ва бо мақсади дастрасии қулаӣ ба маълумоти шаффофу дақиқу муътамад ва бо ҷалби мутахассис аз Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба талаботи замони муосир мутобиқ карда шудааст.

Сомонаи Маҷлиси намояндагон дар баробари ҷоӣгир намудани ахборотҳои соҳавӣ, маълумотҳои алоҳидаро аз дастоварду муваффақиятҳои ватани маҳбубамон, фаъолияти таърихии шахсиятҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин иттилоотро аз мавзеъҳои саӣёҳию таърихӣ, меросию маънавӣ ва дигар арзишҳову муқаддасоти миллату Тоҷикистони беназирамон дар рубрикаву равзанаҳои алоҳидаи худ ҷоӣгир намуда пешкаши мардум менамояд.

Дар ин торномаи парлумонӣ www.parlament.tj рубрикаҳои паӣваста  аз cиёсати муваффақонаи иктисодӣ, иҷтимои, фархангӣ ва сулҳофарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагон  пешбурди таблиғоту ташфиқоти паӣвастаи ин санади барои ҷомеа раҳнамунсоз, инчунин маълумотҳои муосир дар бораи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Қарор ва қонунҳои навқабулкардаи Маҷлиси намояндагон”, “Барномаи рушди миёнамӯҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, инчунин равзанаҳое чун  “Мулоқотҳо”, “Баррасии қонунҳо”, “Сафарҳои дохилию хориҷӣ”, “Ташрифот”, “Саволу ҷавоб”, “Маълумоти муфид”, “Шарҳи қонунҳо”, “Хабарҳо”, “Тамос”, “Аз Шӯрои Маҷлиси намояндагон”, “Аз иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагон”, “Робитаҳои баӣнипарлумонӣ”, “Қабули маҷозӣ”, “Китобхона”, “Аз фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон” “Таърихи Маҷлиси намояндагон”, “Ҳизбҳо ва фраксияҳои Маҷлиси намояндагон”, “Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон” ва дигар бахшҳои ҷолиб таҳия гардидааст, ки корбаронро бо маводи саҳеҳу саривақтӣ таъмин менамояд. Ҳамчунин барои дастрас намудан эълонҳо ва дигар ахбороти фаврӣ сарлавҳаи махсус ҷоӣ дода шудааст.

Муҳимтарин навгонии сомонаи таҷдидшуда, дар он аст, ки шаҳрвандон метавонанд саволу дархост ва арзу  шикояти худро аз тариқи утоқи “Қабули маҷозӣ” ба вакилони худ пешниҳод намоянд.

Инчунин дар сохтори сомона харитаи электронии поӣтахт, ки барои саӣёҳон як василаи муосиру қулаю маълумотдиҳӣ  мебошад, ҷоӣгир шудааст. Ҳамзамон галереяи видеоӣ ва аксҳо таъсис шудааст, ки он имкон медиҳад наворҳо аз раванди иҷлосияҳои парлумон ва роликҳои таблиғотӣ оид ба мавзеъҳои назаррабои Тоҷикистонро манзури хонандагон намояд.

Сомонаи таҷдидшуда имконият медиҳад, ки корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ тариқи телефонҳои мобилӣ, планшет ва дигар воситаҳои техникӣ аз сомонаи Маҷлиси намояндагон самаранок истифода баранд.

Таҷдид гардидани сомонаи расмии Маҷлиси намояндагон, ки падидаи даврони муосир мебошад, саривақтӣ буда, барои қавӣ намудани фазои иттилоотӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷомеа нақши муассир дорад.

 

Илова кунед