Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак

18 Март 2015, Чоршанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015, №3 , мод.218,соли 2018, №1, мод.21)
 
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми январи  соли   2015, № 1723 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2015  , №1  , моддаи 12 ) қабул гардидааст.
                                                                              Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми марти  соли 2015, №801    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2015, №3, моддаи 248 ) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ва кафолатҳои давлатии амалишавии онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
                Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— кўдакшахсе, ки ба синни ҳаждаҳнарасидааст;
— кўдаки маъюбкўдаке, дар натиҷаи нуқсёбии саломатӣ бо коҳиши устувори вазифаҳои организм аз беморӣ, ҷароҳат, иллати ҷисмонӣ ва ақлонӣ боиси маҳдуд шудани фаъолияти ҳаётӣ гардидааст ва ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёз дорад;
— кўдаки ятим –кўдаке, ки падару модараш, падар ё модари танҳояш вафот кардаанд;
кўдаки бепарастор– кўдаке, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояш аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ѓоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ѓайри қобили амал (дорои қобилияти маҳдуди амал) дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кўдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ў, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кўдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ — тарбиявӣ ва ё табобатӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳо бе парастории падару модар мондааст;
— намояндаи қонунии кўдак падару модар, фарзандхондҳо, васӣ, парастор ё дигар шахсони онҳоро ивазкунанда, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ѓамхорӣ, таълим, тарбия, ҳифзи ҳуқуқва манфиатҳои кўдак ба зиммаи онҳо гузошта шудаанд;
— оилаи (мураббии) парастор – оила ё шахсе, ки кўдаки ятим ё бепарасторро ба тарбия қабул кардааст;
— таъминоти моддӣваиҷтимоии пурраи давлатии кўдакони ятим ва бепарастор– аз ҷониби давлат ба таври  ройгон таъмин намудани кўдакони ятим ва бепарастор бо ҷойи зист, хўрок, либос, пойафзол, маблаѓҳои пулӣ дар шакли грант ва стипендияҳо, хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ  ва дигархизматрасонӣ;
хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба кўдакон– маҷмўитадбирҳои хизматрасонӣ ба кўдакон (дастгирии иҷтимоӣ, расонидани ёрии тиббӣ, педагогӣ, равонӣ,ҳуқуқӣ, барқарорсозии иҷтимоии кўдаконе, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор доранд ва таъмини шуѓли чунин кўдакон то ба синни ҳаждаҳрасидани онҳо) аз ҷониби корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон (минбаъд ташкилотҳо) ва шаҳрвандоне, ки бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкории инфиродии хизматрасонии тиббию иҷтимоиро барои кўдакон иҷро мекунанд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак
                Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур,дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.(ҚҶТ аз 02.01.2018. №1489)
 
БОБИ 2. СИЁСАТИ ДАВЛАТӣ ОИД БА ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КЎДАК
 
Моддаи 3. Ҳадафҳои сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак
  1. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак аз ҳадафҳои зерин иборат аст:
— таъминиҳуқуқва манфиатҳои қонунии кўдак, роҳ надодан ба поймолкунии онҳо;
— таҳкими кафолатҳои асосии ҳуқуқва манфиатҳои қонунии кўдак, инчунин барқарор кардани ин ҳуқуқҳо дар сурати поймол карда шудани онҳо;
— ташаккули асосҳои ҳуқуқии кафолатҳои ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кўдак;
— мусоидат намудан ба рушди ҷисмонӣ, зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии кўдак, тарбияи ў дар рўҳияи ватандўстӣ, ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва сулҳдўстӣ;
— дастгирии давлатӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кўдакони ятим ва бепарастор;
— таъмини фаъолияти мақсаднок оид ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маърифати ҳуқуқии кўдак;
— фароҳам овардани шароити мусоид барои тарбияи кўдакони ятим ва бепарастор аз ҷониби оилаи (мураббии) парастор.
  1. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак самти афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб рафта, бо тарзҳои зерин амалӣ карда мешавад:
— эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният ва инсондўстӣ;
— муқаррар намудани ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— дастгирии давлатии оила бо мақсади тарбияи ҳамаҷонибаи кўдак, ҳифзи ҳуқуқҳои ў, омода намудани кўдак ба зиндагии шоиста дар ҷомеа;
— афзалиятнокии хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба кўдак;
— муқаррар ва риоя кардани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кўдак;
— эътирофи афзалияти ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии кўдакони маъюб, ятим ва бепарастор, бо мақсади таъмини шароити мусоид барои  таълиму тарбияи онҳо;
— роҳ надодан ба табъизи кўдакон, новобаста ба мансубияти нажодӣ, миллӣ, ҷинсӣ, динӣ, забонӣ, ҳолати иҷтимоӣ ва молумулкӣ, вазъи саломатӣ ва дигар аломатҳо;
— дастгирии давлатии ташкилотҳое, ки ҳуқуқуманфиатҳои қонунии кўдаконро ҳифз менамоянд.
 
Моддаи 4. Муқаррар кардани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кўдак
Меъёрҳои давлатии ҳадди ақалииҷтимоӣ ҳаҷми муқаррарнамудаи ҳадди ақали хизматрасонии зерини иҷтимоиро дар бар мегиранд:
— таъмини кафолатноки таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбии ройгон;
— таъмини таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— хизматрасонии ройгони тиббӣ ба кўдак мутобиқи меъёрҳои ҳадди ақали иҷтимоӣ;
— таъмини кафолатноки кўдак бо ҳуқуқи интихоби ихтисос ва соҳаи фаъолият, ҳифзи меҳнат, пардохти музди меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла дастгирии кафолатноки моддии кўдакони маъюб, ятим ва бепарастор бо роҳи пардохти кўмакпулиҳои давлатӣ, инчунин чораҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии кўдаконе, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд;
— таъминиҳуқуқи кўдак ба манзил мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ташкили тадбирҳои солимгардонӣ ва истироҳат, аз ҷумла барои кўдаконе, ки дар шароити хатарнок, инчунин дар минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ номусоид зиндагӣ мекунанд;
— ба назар гирифтани манфиатҳои кўдакони маъюб, ятим ва бепарастор дар мавриди таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иҷтимоию иқтисодии кишвар;
— мусоидат намудан ба рушди ҷисмонӣ, ақлонӣ, равонӣ, маънавӣ ва ахлоқии кўдакони маъюб, ятим ва бепарастор;
— расонидани кўмаки ҳуқуқӣ ва равонӣ ба кўдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак 
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакмансубанд:
— таҳия, татбиқ ва назорати барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак;
— муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак;
— ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак;
— иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии давлат оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон ва ҳифзи манфиатҳои онҳо дар ташкилотҳои байналмилалӣ;
— муқаррар кардани меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоӣ барои кўдак;
— маблаѓгузории чорабиниҳои давлатӣ ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак аз ҳисоби маблаѓҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;
— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак
Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак дорои ваколатҳои зерин мебошад:
— таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак дар доираи ваколатҳои худ;
— ҳамоҳанг намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак;
— таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак бо тартиби муқарраргардида;
— пешниҳод намудани ҳисоботи солона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак;
— гузаронидани мониторинги меъёрҳои давлатии ҳадди ақали иҷтимоии нишондиҳандаҳои ҳаёти кўдакон;
— пешниҳод намудани иттилоот оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ба воситаҳои ахбори омма, ҷомеа ва мақомоте, ки ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак машѓуланд;
— ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак;
— ташкил ва пешбурди Махзани ягонаи давлатии маълумот оид ба  кўдакони маъюб, ятим ва бепарастор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— дар доираи ваколатҳои худ амалӣ намудани назорати таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кўдакони ятим ва бепарастор;
— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 7Ваколатҳои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кўдак
Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (комиссияи миллӣ оид ба ҳуқуқи кўдак) ва комиссия оид ба ҳуқуқи кўдаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кўдак) ваколатҳоеро амалӣ менамоянд, ки низомномаи онҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кўдакон муқаррар менамоянд.
 
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак
  1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак мутобиқан дорои ваколатҳои зерин мебошанд:
— таъмини амалишавии сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак, барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак;
— таъмини рушд ва мустаҳкам  намудани заминаи моддию техникии шабакаи муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин муассисаҳои таълимии томактабӣ, ки фаъолияташон ба ташкили таълим, тарбия, фароѓат ва тандурустии кўдакон равона шудааст;
— таъмини фаъолияти комиссияи маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кўдак, фарогирии кўдакони маъюб, ятим ва бепарастор бо таълиму тарбия ва тавонбахшию солимгардонӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки давлатӣ, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатии кўдакони ятим ва бепарастор;
— ҳалли масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ѓайримолумулкӣ, ташкили шароити мусоид барои ҳаёт ва фаъолияти кўдакон, инчунин оид ба муқаррар намудани васоят ва парасторӣ ба кўдакони ятим ва бепарастор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— таъмини хонандагони мактаб — интернатҳо бо хўроки ройгон дар доираи маблаѓҳои пешбининамудаи буҷети маҳаллӣ;
— ҳалли масъалаҳо дар хусуси ба кўдакони маъюб, ятим, бепарастор додани имтиёзҳо ва кўмаки давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— назорати риояи меъёрҳои ахлоқ ва тартиботи ҷамъиятӣ нисбат ба  кўдакон дар муассисаҳои фароѓатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ;
— қабул ва татбиқи барномаҳои маҳаллии  таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кўдакони маъюб, ятим, бепарастор ва мониторинги иҷрои онҳо;
— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
  1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тавассути мақомоти васоят ва парасторӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии кўдакони ятим ва бепарасторваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
— дар ҳамкорӣ бо мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои таълимӣ муайян намудани кўдакони ятим ва бепарастор ва  санҷиши шароити манзилию маишии шахсоне, ки оилаи (мураббии) парастор гардидан мехоҳанд;
— таъмин намудани кўдакони ятим ва бепарастор бо манзили истиқоматӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— бастани шартнома дар бораи ба тарбияи оилаи (мураббии) парастор додани кўдакони ятим ва бепарастор;
— ба суд муроҷиат намудан дар бораи  бекор кардани шартнома дар бораи ба оилаи (мураббии) парастор додани кўдакони ятим ва бепарастор бинобар поймол шудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳо;
-баҳисобгирии кўдакони ятим ва бепарастор, оилаҳои (мураббиёни) парастор, ки барои ба тарбия гирифтани кўдакони мазкур муроҷиат намудаанд;
— назорати таъмини шароити муносиб барои кўдакони ятим ва бепарастор дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ ва муассисаҳои дигар;
— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
 
Моддаи 9. Иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак
  1. Шахсони воқеӣва ҳуқуқӣбо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак, беҳбудии вазъи кўдакон, аз ҷумла ташкили низоми муосири ба парасторӣгирифтани кўдакони ятим ва бепарастор, чорабиниҳое, ки ба таъмини шароити муносиб барои тарбия, таълим, инкишофи ҳамаҷонибаи кўдак равона шудаанд, метавонанд иштирок намоянд.
  2. Давлат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки фаъолияташон ба беҳбудии вазъи кўдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо равона шудааст, мусоидат карда, рушди ҳамаи шаклҳои хайрия, ба парасторӣ гирифтан ва сарпарастиро нисбат ба кўдакон бо роҳи додани имтиёзҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ менамояд.
 
Моддаи 10. Кўмаки давлатӣ ба оила
Бо мақсади муҳайё кардани шароити муносиби моддӣ барои тарбияи кўдак дар оила давлат ба падару модарё дигар намояндаи қонунии ўкўмаки иҷтимоӣ ва имтиёзҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, дастрас менамояд.
 
 
БОБИ 3. ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲОИ КЎДАК
 
Моддаи 11.  Ҳуқуқи кўдак ба зиндагӣ, озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣ
  1. Ҳар як кўдак ба зиндагӣ ва шароите ҳуқуқ дорад, ки барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣва маънавию ахлоқии ў заруранд. Кўдак ба озодӣ, дахлнопазирӣ, шаъну эътибор ва ҳаёти шахсӣҳуқуқдорад.
  2. Ҳамаи кўдакон, новобаста ба баромади иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ ва мазҳабӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, нажод, ҷинс, забон, таҳсилот, эътиқоди динӣ, ҷойи зист, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳои ба кўдак ва падару модар ё дигар намояндагони қонунии ў дахлдошта, ҳуқуқҳои баробар доранд.
  3. Давлат ба кўдак барои фароҳам овардани шароити мусоид тавассутимаҷмўи чорабиниҳои иҷтимоию иқтисодӣ тадбирҳо меандешад.
 
Моддаи 12. Ҳуқуқи кўдак ба шахсият
Кўдак аз лаҳзаи таваллуд шуданаш ба насаб, ном ва номи падар, миллат ва шаҳрвандӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад.
 
Моддаи 13. Ҳуқуқи кўдак ба ҳифзи саломатӣ
  1. Кўдак ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорад.
  2. Давлат бо мақсади таваллуди кўдаки солим барои ҳифзи саломатии падару модар шароити мусоид муҳайё мекунад.
  3. Ҳуқуқи кўдак ба ҳифзи саломатӣ бо тадбирҳои зерин таъмин карда мешавад:
— қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи саломатии кўдак;
— тарѓибу ташвиқ ва ҳавасмандгардонӣ ба тарзи ҳаёти солими кўдак;
— дастгирии давлатии таҳқиқоти илмии соҳаи ҳифзи саломатии кўдак;
— назорати вазъи саломатии кўдак ва пешгирии бемориҳои кўдакона;
— расонидани ёрии  тиббӣ;
— фароҳам овардани шароити мусоиди зист, ки барои инкишофи солими кўдак зарур аст;
— назорати истеҳсол ва фурўши маводи ѓизоии хушсифат барои кўдакон.
  1. Давлат ба кўдак ёрии тиббии ройгонро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
  2. Ҳама гуна озмоишҳои тиббӣ ва илмӣ нисбат ба кўдак манъ аст.
 
Моддаи 14. Ҳуқуқи кўдак ба озодии сухан ва виҷдон, иттиллоот ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ
  1. Ҳар як кўдак ба озодии сухан ва изҳори ақидаи худ, озодии виҷдон ва инкишофи фаъолнокии ҷамъиятӣ, ба гирифтан ва интишор кардани иттиллооти ба синни ў мувофиқ, иштироки ихтиёрӣ дар ташкилотҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад.
  2. Мақомоти давлатӣ ба ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба инкишоф додани шахсияти кўдак, фаъолнокии ҷамъиятӣ ва эҷодкории ў дар соҳаи илм, техника, адабиёт, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг ва варзиш, инчунин ташкили истироҳати кўдак равона шудааст, мусоидат менамоянд.
 
Моддаи 15. Ҳуқуқи кўдак ба моликият
  1. Ҳуқуқи кўдак ҳамчун соҳибмулк барои ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ба ў тааллуқдошта мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  2. Маблаѓе, ки барои кўдак ба сифати алимент, кўмакпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ муқаррар шудааст, ба ихтиёри падару модар ё дигар намояндаи қонунии ў дода шуда, он барои зисту зиндагонӣ, таълим ва тарбияи кўдак харҷ карда мешавад.
  3. Кўдак метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ё ба воситаи намояндаи қонунии худ шартномаҳо бандад, дар бонкҳо суратҳисоб дошта бошад, музди кор, стипендия ё дигар даромад ва объектҳои ҳуқуқи моликияти зеҳниашро ихтиёрдорӣ намояд ва ҳуқуқҳои дигари молумулкиашро амалӣ гардонад.
  4. Падару модар ё дигар намояндаи қонунии кўдак, инчунин шахсони алоҳида ҳуқуқ доранд ба номи кўдак дар бонкҳо маблаѓ гузоранд ва ҷиҳати дастгирии моддии кўдакони маъюб, ятим ва бепарастор тадбирҳои зарурӣ андешанд.
 
Моддаи 16. Ҳуқуқи кўдак ба манзил
  1. Кўдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзил ҳуқуқ дорад.
  2. Ҳуқуқи кўдакони маъюб, ятим ва бепарасторидар хона-интернатҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ ё тиббӣқарордошта ба манзил нигоҳ дошта мешавад, инчунин онҳо ҳуқуқ доранд аз манзили истиқоматӣ (хобгоҳ) истифода баранд ва дар сурати мавҷуд набудани ҷойи зист мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гирифтани манзил ҳуқуқ доранд.
  3. Баровардани кўдакони маъюб, ятим ва бепарастораз манзили истиқоматиашон бе додани манзили дигар манъ аст.
 
Моддаи 17. Ҳуқуқи кўдак ба таҳсил
  1. Кўдак ба таҳсил ҳуқуқ дорад ва ба ў таҳсилоти умумии миёна ва ибтидоии касбии ройгон ва таҳсилоти ройгони миёна ва олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода мешавад. Кўдак аз муассисаи таълимии давлатӣ то гирифтани таҳсилоти умумии миёна ё ибтидоии касбӣ танҳо бо розигии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак бо риояи тартиби умумӣ хориҷ карда мешавад.
  2. Ба кўдаки маъюбе, ки ба муносибати махсуси педагогӣ эҳтиёҷ дорад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсилот кафолат дода мешавад.
 
Моддаи 18. Ҳуқуқи кўдак ба меҳнат
  1. Кўдак ба меҳнат, интихоби озодонаи намуди фаъолият ва касбу ҳунар ҳуқуқ дорад.
  2. Кўдак тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷозати падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҳуқуқ дорад дар вақтҳои фориѓ аз таҳсил бо коре машѓул шавад, ки ба саломатию инкишофи зеҳнии ў мувофиқ буда, ба ҳолати ҷисмонӣ, маънавӣ ва равониаш зарар нарасонад.
  3. Тартиби бастан ва қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ ва дигар хусусиятҳои муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла меъёри зарурии рўзи кор, истироҳат, музди кор ва шароити кори кўдакро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат муқаррар мекунад.
  4. Кўдакро ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок қабул ва ҷалб намудан манъ аст.
 
Моддаи 19. Ҳуқуқи кўдак ба истироҳат ва фароѓат
  1. Кўдак мувофиқи синну сол, вазъи саломатӣ ва талаботаш ба истироҳат ва фароѓат ҳуқуқ дорад.
  2. Падару модар ё дигар намояндаи қонунии кўдак аз рўи имконият барои нигоҳубин ва инкишофи ҳаматарафаи ў шароити зарурӣ муҳайё месозанд.
  3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмўи чорабиниҳоро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи кўдакон барои фароѓат, солимгардонӣ ва истироҳат, аз ҷумла машѓулиятҳои эҷодию фароѓатӣ доир мекунанд, майдончаҳои варзишӣ, лагеру осоишгоҳҳо таъсис дода, ташкили фароѓати кўдаконро дастгирӣ менамоянд.
  4. Давлат маҷмўи чорабиниҳоро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқи кўдакон ба истироҳату солимгардонӣ ва фароѓат амалӣ мегардонад.
 
Моддаи 20. Ҳуқуқи муттаҳидшавӣ дар ташкилотҳои ҷамъиятии кўдакон ва ҷавонон
  1. Кўдак ҳуқуқи муттаҳидшавиро дар ташкилотҳои ҷамъиятии кўдакон ва ҷавонон дорад, ба шарте ки фаъолияти онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошад, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти давлат, ҳуқуқу озодиҳои дигар шахсонро халалдор насозад.
  2. Ташкилотҳои ҷамъиятии кўдакон метавонанд бо ташкилотҳои ҷамъиятии кўдакони дигар мамлакатҳо робита намоянд ва ба ташкилотҳои байналмилалии кўдакон дохил шаванд.
  3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба фаъолияти ташкилотҳои кўдакон ва ҷавонон мусоидат менамоянд.
 
Моддаи 21. Ҳуқуқи кўдак ба зиндагӣ ва тарбия дар оила
  1. Кўдак ҳуқуқ дорад дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, падару модарашро шиносад, аз ѓамхорӣ ва тарбияи онҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки бар хилофи манфиатҳои ў мебошанд, баҳраманд шавад.
  2. Кўдак ҳуқуқ дорад бо падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҳамроҳ зиндагонӣ кунад.
  3. Кўдакро аз падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҷудо кардан манъ аст. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ барои аз падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҷудо кардани ў қарор қабул карда мешавад.
  4. Кўдак дар оила аз ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад.(ҚҶТ аз 02.01.2018. №1489)
  5. Тарбия дар оила асоси инкишофи шахсияти кўдак ба ҳисоб рафта, ҳар як падару модар ё дигар намояндаи қонунии кўдак барои тарбия, таълим ва инкишофи ў мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баробар доранд.
 
Моддаи 22. Ҳуқуқи кўдак дар муносибат бо падар ё модаре, ки ҷудо зиндагӣ мекунанд
  1. Кўдак ҳуқуқ дорад дар бораи падар ё модаре, ки аз ў ҷудо зиндагӣ мекунанд, иттилоъ гирад, бо онҳо вохўрад ва муносибат намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин вохўрию муносибатҳо ба ҳаёт ва саломатии ў таҳдид намоянд.
  2. Падару модар, дигар аъзои оила ва хешовандон барои татбиқи ҳуқуқи кўдак ба мулоқот бо онҳо набояд мамониат намоянд ва ўҳдадоранд, ки баъди мулоқот кўдакро ба ҷойи истиқоматаш баргардонида, ба иваз намудани ҷойи истиқомати ў роҳ надиҳанд.
  3. Падару модаре, ки аз кўдак ҷудо зиндагӣ мекунанд, барои иштирок дар тарбияи ў ўҳдадор буда, ҳуқуқ доранд, ки бо кўдак робита дошта бошанд, агар чунин робита ба тарбияи мўътадили ў халал нарасонад.
  4. Баҳсҳо оид ба ҳолатҳои маҳдудкунии ҳуқуқи кўдак, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
  5. Ҷойи истиқомати кўдак ҳангоми ҷудо зиндагонӣ кардани падару модар бо ризоияти онҳо ва дар сурати розӣ набудан — ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад.
 
Моддаи 23. Ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон дар муассисаҳои махсуси таълимӣ- тарбиявӣ барои ноболиѓон 
  1. Кўдаконе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шароити махсуси таълиму тарбия эҳтиёҷ доранд, дар муассисаҳои махсуси таълимӣ- тарбиявӣ барои ноболиѓон ҷойгир карда мешаванд.
  2. Кўдаконе, ки нўшокиҳои спиртдор, маводи нашъадор ва моддаҳои мадҳушкунанда истеъмол мекунанд, инчунин кўдаконе, ки аз рўи вазъи саломатӣ дар муассисаҳои махсуси таълимӣ- тарбиявӣ барои ноболиѓон ҷойгир намуданашон имконнопазир аст, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат ба муассисаҳои табобатӣ фиристонида мешаванд.
  3. Кўдаконе, ки дар муассисаҳои зикршуда нигоҳ дошта мешаванд, ба гирифтани таҳсилот, омодагии касбӣ, рухсатӣ, мукотиба, мулоқот бо падару модар ё дигар намояндаи қонуниашон, гирифтани фиристаҳо, дастовезҳо ва бастаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
 
Моддаи 24. Ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакони гуреза 
  1. Давлат тавассути мақомоти давлатии дахлдор ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакони гуреза чораҳои заруриро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон меандешад.(ҚҶТ аз 02.01.2018. №1489)
  2. Мақомоти давлатии дахлдлор барои ҷустуҷўи падару модар ё дигар намояндагони қонунии кўдакони гуреза, ки аз оилаҳояшон ҷудо шудаанд, ҷобаҷокунии чунин кўдакон дар муассисаҳои дахлдори кўдакона ё оилаи (мураббии) парастор мусоидат менамоянд.
 
Моддаи 25. Ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакони аз офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ зарардида
Ба кўдаконе, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва садамаҳои техногенӣ зарар дидаанд, давлат кўмаки моддӣ мерасонад. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кўдакон аз минтақаи хавфнок кўчонида мешаванд ва ба онҳо расонидани кўмаки ройгони тиббӣ, иҷтимоӣ, таъминоти нафақа, ҷуброни молу мулки гумшуда ё зарардида ва манзили вайроншуда кафолат дода шуда, барои якҷояшавӣ бо аъзои оилаашон чораҳо андешида мешаванд.
 
Моддаи 26. Манъи иштироки кўдакон дар амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳои мусаллаҳона 
  1. Иштироки кўдакон дар амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳои мусаллаҳона, инчунин таъсиси ташкилот ва воҳидҳои ҳарбикунонидашудаи кўдакон, тарѓиби ҷанг ва зўроварӣ дар байни онҳо манъ аст.
  2. Давлат барои таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакони дар минтақаи амалиётҳои ҷангӣ ва низоъҳои мусаллаҳона қарордошта ва нигоҳубини онҳо ҳамаи чораҳои имконпазирро меандешад. Ба онҳо кўмаки моддӣ, тиббӣ ва кўмакҳои дигар расонида шуда, ҳангоми зарурат онҳо дар муассисаҳо барои кўдакони ятим ва бепарастор ва ё дар муассисаҳои соҳаи маориф ҷойгир карда мешаванд.
 
Моддаи 27. Ҳифзи кўдакон аз интиқоли ѓайриқонунии онҳо аз сарҳади давлатӣ
Давлат оид ба мубориза бар зидди интиқоли ѓайриқонунии кўдакон аз сарҳади давлатӣ, баровардан ва барнагардонидани кўдакон аз хориҷа, рабудан, савдо ва қочоқи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад.
 
Моддаи 28. Шиносоии кўдак бо фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ
  1. Давлат имконияти шиносоии кўдакро бо фарҳанги миллӣ, таърих, анъанаву арзишҳои маънавии халқи Тоҷикистон ва комёбиҳои фарҳангии ҷаҳонӣ бо роҳи додани имконияти истифодаи фондҳои китобхонаҳо, толорҳои намоишӣ, осорхонаҳо, таъсиси шабакаи муассисаҳои махсуси кўдаконаи фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ таъмин менамояд.
  2. Давлат ба истеҳсол ва таъмини дастрасии филмҳои бадеӣ ва видеоӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радио, асарҳои чопӣ, инчунин паҳнкунии иттилооти дигари муфид, ки барои инкишофи қобилияти эҷодӣ ва зеҳнии кўдакон пешбинӣ шудаанд, мусоидат менамояд.
  3. Дар воситаҳои ахбори омма, адабиётва чорабиниҳои оммавии фарҳангию фароѓатӣ тарѓиб намудани парастиши зўроварӣ ва бераҳмӣ, паҳн кардани порнография ва иттилооте, ки шаъну эътибори инсониро паст зада, ба тарбияи кўдак зарар мерасонад, манъ аст.
 
Моддаи 29. Ҳифзи кўдак аз таъсири манфии муҳити иҷтимоӣ
  1. Мақомоти давлатӣ, падару модар ё дигар намояндаи қонунии кўдак, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд кўдакро аз таъсири манфии муҳити иҷтимоӣ, иттилоотӣ, нўшокиҳои спиртӣ, маҳсулоти тамоку, маводи нашъадор ва психотропӣ, ки ба саломатӣ, рушди маънавӣ ва ахлоқии ў зарар мерасонанд, ҳифз намоянд.
  2. Барои кўдакон намоиш додан, фурўхтан, тўҳфа кардан, нусхабардорӣ намудан ва ба кироя додани бозичаҳо, кинофилмҳо, фитаҳои сабти овоз ва видео, интишори адабиёт, маҷаллаву рўзнома ва дигар воситаҳои ахбори омма, ки мақсади онҳо ба вуҷуд овардани адовати нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад, ҷангҷўӣ ва маҳалгароиро тарѓиб намуда, ба зўран таѓйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мекунанд, инчунин ба оворагардӣ, гадоӣ, фоҳишагӣ ҷалб намудани кўдак, интишор, реклама ё ба кўдак фурўхтани мавод, расму тасвирҳо, нашрияҳои чопӣ, кино ё видеофилмҳои хусусияти порнографидошта манъ аст.
 
 
 
Моддаи 30. Манъи маҳдудияти ҳуқуқҳои кўдак
Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои кўдак, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, манъ аст.
 
Моддаи 31. Хусусияти ҷавобгарии кўдак
  1. Дастгир намудан ва ҳабси кўдак ҳамчун чораи истисноӣ танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд. Дар бораи дастгир ва ҳабс намудани кўдак мақомоти давлатии дахлдор фавран ба падару модар ё дигар намояндаи қонунии ў, инчунин мақомоти прокуратура хабар медиҳанд. Якҷоя нигоҳ доштани кўдак дар як ҳуҷра бо дастгиршудагон, ба ҳабс гирифташудагон ё маҳкумшудагони калонсол манъ аст.
  2. Дар ҳолати озод намудани кўдак аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё аз ҷазо ба ў мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тарбиявидошта таъин карда шаванд.
 
БОБИ 4. ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КЎДАКОНИ ЯТИМ ВА
БЕПАРАСТОР
 
Моддаи 32. Васоят ва парасторӣ
  1. Ба кўдакони ятим ва бепарастор барои ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ѓайримолумулкӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васоят ва ё парасторӣ муқаррар карда мешавад.
  2. Давлат барои ҳамаи кўдакони ятим ва бепарастор шароити баробар муҳайё менамояд.
 
Моддаи 33. Фарзандхондӣ
Бо мақсади муҳайё кардани шароити рушду камол ва тарбияи кўдаки бепарастор дар оила ўро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон ба фарзандхондӣқабул кардан мумкин аст.
 
Моддаи 34. Нигоҳубин ва тарбияи кўдакони ятим ва бепарастор дар муассисаҳои таълимӣ,тарбиявӣ, табобатӣ  ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд
  1. Кўдакони ятим ва бепарастор, дар сурати мавҷуд набудани имконияти дар оила тарбия ёфтан, дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ё дигар муассисаҳои ба онҳо монанд ҷойгир карда мешаванд.
  2. Алимент, кўмакпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба суратҳисоби шахсии кўдакони ятим ва бепарастор гузаронида шуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешаванд.
  3. Ба кўдакони ятим ва бепарасторе, ки дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд ҷойгир карда шудаанд, шароити ба муҳити оила монанд муҳайё карда мешавад. Дар ин муассисаҳо кўдак ба таъминот, таълиму тарбия, рушду камоли ҳамаҷониба, эҳтироми шаъну эътибор, таъмини манфиатҳои худ, ҳифзи забони модарӣ, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои миллӣҳуқуқдорад.
  4. Кормандони муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд, ки нигоҳубини кўдакони ятим ва бепарасторро ба зимма доранд, барои иҷро накардани ўҳдадориҳои вазифавиашон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  5. Ҳуқуқу манфиатҳои кўдакони ятим ва бепарасторро, ки дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ва дигар муассисаҳои ба онҳо монанд қарор доранд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳимоя намуда, барои бо кор таъмин кардани онҳо мусоидат мекунанд.
 
Моддаи 35. Кафолатҳои давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кўдакони ятим ва бепарастор
  1. Давлат сатҳи шоистаи зиндагиро ба кўдакони ятим ва бепарастор кафолат дода, ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии онҳоро ҳимоя менамояд.
  2. Амалигардонии ҳуқуқ ва кафолату ҷубронҳое, ки қонунгузорӣ барои кўдакони ятим ва бепарастор муқаррар намудааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
  3. Кафолату ҷубронҳое, ки барои кўдакони ятим ва бепарастор муқаррар шудаанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба балоѓат расидани онҳо низ нигоҳ дошта мешаванд.
  4. Дар амалигардонии кафолати давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кўдакони ятим ва бепарастор ташкилотҳо ва шаҳрвандон низ метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд.
 
Моддаи 36. Кафолати  давлатии амалӣ намуданиҳуқуқи кўдакони ятим ва бепарастор ба меҳнат
  1. Давлатамалӣ намудани ҳуқуқи кўдакони ятим ва бепарасторро ба меҳнаткафолат медиҳад.
  2. Ҳангоми муроҷиат намудани кўдакони ятим ва бепарастори аз 15 то 18- сола мақомоти давлатии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ майлу раѓбати онҳоро омўхта, бо назардошти вазъи саломатӣ ва лаёқатмандиашон самти касбии онҳоро муайян менамоянд.
  3. Ба кўдакони ятим ва бепарастор, ки кор меҷўянд ва дар мақомоти давлатии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ ҳамчун бекор ба қайд гирифта шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмакпулӣ барои бекорӣ дода мешавад.
  4. Кўдакони ятим ва бепарастор, ки ба синни 15 расидаанд, бо роҳхати мақомоти давлатии меҳнат ва шуѓли аҳолӣ аз ҳисоби квотаи ҷойҳои корӣ дар ташкилотҳо дар навбати аввал ва дар сурати маъюб будан, бенавбат бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
  5. Мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, ки мутахассисони ҷавонро аз ҷумлаикўдакони ятим ва бепарастор бо роҳхати мақомоти дахлдори давлатӣ ба кор қабул мекунанд, ўҳдадоранд барои онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам оваранд.
 
Моддаи 37. Кафолати давлатииамалӣ намудани  ҳуқуқи кўдакони ятим ва бепарастор ба манзил
  1. 1. Давлатамалӣ намуданиҳуқуқи кўдакони ятим ва бепарасторро ба манзил тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
  2. Ҳуқуқи кўдакони ятим ва бепарастор ба манзили истиқоматии ба онҳо тибқи мерос гузашта дар давоми будубошашон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ё муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин дар муассисаҳои тамоми намудҳои таҳсилоти касбӣ, новобаста ба шакли моликият, дар давраи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, адои ҷазои маҳрум намудан аз озодӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешавад.
  3. Ба кўдакони ятим ва бепарастори манзили истиқоматӣ надошта, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд,барои сохтмони манзили шахсӣ дар қитъаи замини ба онҳо ҷудокардашуда қарзҳои имтиёзноки мақсаднок дода мешавад. Тартиби додан ва андозаи чунин қарзҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.2018.№1489)
 
Моддаи 38. Кафолати давлатииамалӣ намудани  ҳуқуқи кўдакони ятим ва  бепарастор  ба ҳифзи саломатӣ
  1. Давлатамалӣ намудани ҳуқуқи кўдакони ятим ва бепарасторро ба ҳифзи саломатӣ кафолат медиҳад.
  2. Ба кўдакони ятим ва бепарастор хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла гузаронидани диспансеризатсия, солимгардонӣ, азназаргузаронии мунтазами тиббӣ дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳури Тоҷикистон ба таври ройгон расонида мешавад.
  3. Кўдакони ятим ва бепарастор бо мақсади барқарор намудани саломатӣ ҳуқуқ доранд соле як маротиба аз имкониятҳои истироҳатгоҳҳои варзишию солимгардонӣ ё муассисаҳои санаторию курортии давлатӣ ройгон истифода баранд.
  4. Кўдакони ятим ва бепарастори маъюб ҳуқуқи дар муассисаҳои иҷтимоию табобатӣ ба таври ройгон ҷойгир шуданро доранд.
  5. Кўдакони ятим ва бепарастор аз пардохти маблаѓ барои доруворӣ дар ҳудуди меъёрҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, инчунин аз пардохти хизматрасонии муассисаҳои тиббии давлатӣ ҷиҳати сохтану тармим кардани дандонҳои сунъӣ, аз ҷумла барои таъмин кардан  бо  навъҳои  дигари  ёрии протезию ортопедӣ, ба истиснои онҳое, ки аз металлҳои қиматбаҳо сохта шудаанд, озоданд.
  6. Кўдакони ятим ва бепарастори маъюб бо таҷҳизоти тиббии протезию ортопедӣ, аз ҷумла аробаи маъюбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон таъмин карда мешаванд.
 
Моддаи 39. Кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кўдакони ятим ва  бепарастор  ба таҳсил
  1. Давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кўдакони ятим ва  бепарасторро  ба таҳсил кафолат медиҳад.
  2. Кўдакони ятим ва бепарастор ба интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
  3. Таҳсилоти умумии кўдакони ятим ва бепарастор ба таври ройгон тавассути муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ мегардад. Рад намудани қабули кўдакони ятим ва бепарастор ба муассисаҳои таълимии мазкур манъ аст. Таҳсили иловагии кўдакони ятим ва бепарастор низ дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ройгон аст.
  4. Кўдакони ятим ва бепарастор, китаҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ таҳсил менамоянд, аз ҳисоби давлат бо либос, пойафзол, адабиёт ва асбобу таҷҳизоти таълимӣ, ҷойи хоб, инчунин бо кўмакпулии яквақта мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуда, истироҳати онҳо дар лагерҳои мактабии тобистона ба таври ройгон ба роҳ монда мешавад.(ҚҶТ аз 02.01.2018.№1489)
  5. Давлат ба кўдакони ятим ва бепарастор, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд,дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии давлатӣ як маротиба гирифтани таълими ройгонро кафолат медиҳад. Қабули кўдакони ятим ва  бепарастор  ба муассисаҳои таълимии мазкур дар асоси квотаҳои муқарраргардида бо тартиби тасдиқнамудаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.(ҚҶТ аз 02.01.2018.№1489)
  6. Қабул ва таҳсили кўдакони ятим ва бепарастор  дар муассисаҳои таълимии ѓайридавлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ метавонад ба таври ройгон тибқи фармоиши давлатӣ сурат гирад.
  7. Муассисаҳои таълимие, ки дар қисмҳои 4 ва 5 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ўҳдадоранд кўдакони ятим ва бепарасторро бо хобгоҳ, либос, пойафзол, хўрокворӣ ва стипендия таъмин намоянд. Дар муддати бинобар вазъи саломатӣ дар рухсатии академӣ будани таълимгирандагон, аз ҷумлаи кўдакони ятим ва бепарастор, нисбат ба онҳо таъминоти моддӣ ва иҷтимоии пурраи давлатӣ нигоҳ дошта шуда, ба шахсони мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кўмакпулӣ дода мешавад.
  8. Донишҷўёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷумлаи кўдакони ятим ва бепарастор мебошанд ва дар хобгоҳҳои муассисаҳои мазкур истиқомат доранд, аз пардохти хизматрасонии коммуналӣ ва ҳаққи манзили ишѓолнамудаашон озод мебошанд.
  9. Кўдакони ятим ва бепарастор, ки дар муассисаҳои таълимии вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар вазорату идораҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, таълим мегиранд, дар таъминоти пурраи давлатӣ қарор доранд.
 
Моддаи 40. Кафолати давлатӣ ба кўдаконе, ки падар ё модар надоранд
Бакўдаконе,кипадар ё модар надоранд,ботартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолати давлатӣ пешбинӣ карда мешавад.
 
Моддаи 41. Кафолати давлатии расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба кўдакони ятим ва бепарастор
Давлат ба кўдакони ятим ва  бепарастор  ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонуниашон ёрии ҳуқуқии ройгонро кафолат медиҳад.
 
Моддаи 42. Кафолати давлатииамалӣ намудани  дигар ҳуқуқҳои кўдакони ятим ва  бепарастор 
  1. Кўдакони ятим ва бепарастор ба чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишии муассисаҳои давлатӣ, инчунин намоишгоҳҳо ва осорхонаҳои пурра ё қисман аз ҳисоби давлат маблаѓгузоришаванда ҳуқуқи ройгон даромаданро доранд.
  2. Кўдакони ятим ва бепарастор ҳуқуқ доранд дар муассисаҳои таълимию варзишии давлатӣ ройгон ба варзиш машѓул шаванд.
  3. Кўдакони ятим ва бепарастор, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, ҳуқуқ доранд ройгон аз нақлиёти ноҳиявӣ, байниноҳиявӣ, шаҳрӣ ва байнишаҳрии истифодаи ҷамъиятӣ (ба ѓайр аз таксӣ), инчунин нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд. (ҚҶТ аз 02.01.2018.№1489)
 
Моддаи 43. Муайян ва ҷобаҷокунии  кўдакони ятим ва бепарастор
Муайян ва ҷобаҷокунии кўдакони ятим ва бепарастор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 44. Оилаи (мураббии) парастор
  1. Оилаи (мураббии) парастор таҳти ҳимоя ва ѓамхории давлат қарор дошта, ба он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд имтиёзҳо пешбинӣ карда шаванд. Давраи нигоҳубини кўдакони ятим ва бепарастортибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба собиқаи кории оилаи (мураббии) парастор дохил карда мешавад.
  2. Шартҳо ва тартиби барои тарбия ба оилаи (мураббии) парастор додани кўдакони ятим ва бепарастор, маҳдудиятҳо, талабот нисбат ба шахсоне, ки кўдакони ятим ва бепарасторро ба тарбия мегиранд, инчунин ҳуқуқу ўҳдадориҳои онҳо, қоидаҳои ҳатмии шартнома дар хусуси барои тарбия ба оилаи (мураббии) парастор додани кўдакони ятим ва бепарастор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
БОБИ5. ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КЎДАКИ МАЪЮБ
 
Моддаи 45. Ҳуқуқи кўдаки маъюб
  1. Кўдаки маъюб ба ҳаёти мукаммал дар шароите, ки шаъну эътибори ўро таъмин намуда, барои фаъолона шомил шудан ба ҳаёти ҷамъиятӣ ба ў мусоидат мекунад, бо кўдакони солим ҳуқуқи баробар дорад.
  2. Бо мақсади ба кўдаки маъюб таъмин намудани ҳаёти мукаммал ва мувофиқ ба шароите, ки мустақилияти пурра ва ҳамгироии иҷтимоиро таъмин мекунад, ў вобаста ба қобилияти ҷисмонӣ ва зеҳнии худ ҳуқуқ дорад аз нигоҳубин, таҳсил ва тайёрии махсус бархурдор бошад.
  3. Кўдаки маъюб ҳуқуқ дорад мувофиқи қобилияти худ намуди фаъолият ва касберо интихоб кунад, дар фаъолияти ҷамъиятӣ ва эҷодӣ иштирок намояд.
  4. Табъизи кўдак бинобар маъюб буданаш манъ аст.
 
Моддаи 46. Кафолатҳои давлатӣ оид бамашѓулияти кўдакони маъюб
  1. Давлат ба ташкили шароити зарурӣ ба кўдаки маъюб барои ҳаёти мукаммал ва инкишоф бо назардошти имконият ва манфиатҳои фардӣ мусоидат намуда, ба ў додани кўмаки моддии дахлдор, ба яке аз падару модари кўдаки маъюб ё дигар намояндаи қонунии ў муқаррар намудани имтиёзҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, кафолат медиҳад.
  2. Ба кўдаки маъюб таъминоти моддӣ, маишӣ, иҷтимоӣ, инчунин таъминоти доруворӣ, воситаҳои техникӣ ва дигар воситаҳои тавонбахшӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон кафолат дода мешавад.
  3. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд барои таҳсил, тайёрии касбӣ, интихоби шуѓли муносиб ва бо кор таъмин намудани кўдакони маъюб бо назардошти вазъи саломатӣ, талабот ва имкониятҳояшон чораҳои дахлдор андешанд.
  4. Барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияташон ба таъмин намудани машѓулияти кўдакони маъюб, ташкили таҳсилоти касбӣ ва бозомўзии онҳо равона шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо муқаррар карда мешаванд.
 
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 47. Маблаѓгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак
Маблаѓгузории чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдаказ ҳисоби буҷети давлатӣ, манбаъҳои ѓайрибуҷетӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣкарда мешавад.
 
Моддаи 48. Ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак
Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудааш дар ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак иштирок менамояд.
 
Моддаи 49. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 50. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ Раҳмон
 
Ш. Душанбе
18  марти соли 2015
№1196
 

Илова кунед