Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати содирот

31 Декабр 2014, Чоршанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №12, мод.822, соли 2017,№1-2,мод.15)
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз12-уми ноябри  соли   2014, № 1662 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2014  , №11  , моддаи 727 ) қабул гардидааст.
                                                                              Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз24-уми декабри  соли 2014,№765    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №12, моддаи 833 ) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ташкили назорати содирот, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи назорати содирот оид ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда танзим менамояд.
 
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— назорати содирот – маҷмўи чораҳое, ки амалӣ намудани тартиби дар Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаи татбиқи низоми назорати содирот ва фаъолияти иқтисодии хориҷиро таъмин менамоянд;
— молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда – ашёи хом, масолеҳ, таҷҳизот, маҳсулот, иттилооти илмию техникӣ, технология ва таъминоти барномавӣ, кору хизматрасонӣ, натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ (ҳуқуқ ба онҳо), молҳое, ки силоҳи қатли ом, воситаҳои таҳвили он ва дигар намудҳои аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ мебошанд, аз ҷумла маҳсулоти таъиноти дуҳадафа, ки бинобар хусусиятҳои худ метавонанд дар сохтани онҳо ё содир намудани амалҳои террористӣ ватахрибкорӣ (диверсия) ё ҷиноятҳои дигаристифода шаванд;
— маҳсулоти таъиноти дуҳадафа – маҳсулот, таҷҳизот, масолеҳ, ашёи хом, таъминоти барномавӣ, технологияҳо ва иттилооти илмию техникие, ки барои мақсадҳои ѓайринизомӣ истифодамегарданд ва метавонанд барои сохтани силоҳ, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ, аз ҷумла силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он истифода шаванд;
— силоҳи қатли ом – силоҳи ядроӣ, кимиёӣ, бактериологӣ (биологӣ);
— воситаҳои таҳвил – мушакҳо, дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин ва дигар системаҳое, ки барои таҳвили силоҳи қатли ом қодир мебошанд;
— иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ – шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти иқтисодии хориҷиро анҷом медиҳанд ё молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавӣ, иттилоот, натиҷаҳои фаъолияти зеҳниро (ҳуқуқ ба онҳоро) тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳанд, инчунин шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ.(RҶТ аз 24.02.2017с. №1392)
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати содирот
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати содирот ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат мебошад.(RҶТ аз 24.02.2017с. №1392)
 
Моддаи 3. Мақсадҳои назорати содирот
Мақсадҳои асосии назорати содирот аз инҳо иборатанд:
— ҳифзи манфиатҳо ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
иҷрои ўҳдадориҳо ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он, инчунин оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ ва дуҳадафа;(RҶТ аз 24.02.2017с. №1392)
— фароҳам овардани шароит барои ҳамгироии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ;
— муқовимат ба терроризм.
 
Моддаи 4. Принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати содирот
Сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати содирот мутобиқи принсипҳои зерин ташаккул меёбад:
— иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он, инчунин оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ ва дуҳадафа;
— қонуният, ошкорбаёнӣ ва дастрас будани иттилоот оид ба масъалаҳои назорати содирот;
— афзалияти манфиатҳои амнияти давлат;
— ҳамоҳангсозии расмиёту қоидаҳои назорати содирот бо меъёрҳо ва таҷрибаи эътирофгардидаи байналмилалӣ;
— ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи назорати содирот бо мақсади таҳкими амният ва суботи байналмилалӣ, пешгирӣ намудани паҳншавии силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он.
 
Моддаи 5. Усулҳои амалӣ намудани назорати содирот
Назорати содирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усулҳои зерин амалӣ карда мешавад:
— айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда;
— назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавии назоратшаванда, ки тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд;
— татбиқи чораҳои маҷбуркунии давлатии (муҷозотии) муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки тартиби амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷиро нисбат ба молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавии назоратшаванда, инчунин истифодаи онҳо вайрон кардаанд.
 
БОБИ 2. АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ТАШКИЛИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ
 
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаиназорати содирот
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи назорати содирот, аз ҷумла нисбат ба низомҳои байналмилалии назорати содирот амалӣ менамояд;
— фаъолияти мувофиқашуда ва ҳамкории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи назорати содирот таъмин менамояд;
— бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот Номгўимолҳо, технологияҳо, таъминоти барномавии назоратшавандаро тасдиқ менамояд;
— тартиби амалӣ намудани фаъолияти иқтисодии хориҷиро вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда муайян менамояд;
— барои гузаронидани гуфтушунидҳо ва ба имзо расонидани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати содирот чораҳо меандешад;
— мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи назорати содирот муайян менамояд;
— дигар салоҳиятро дар соҳаи назорати содирот, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
(RҶТ аз 24.02.2017с. №1392)
 
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот
Мақоми ваколатдори давлатӣ:
— иҷрои муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсозии байниидоравиро дар соҳаи назорати содирот таъмин менамояд;
— дар асоси рўйхатҳои назоратии дахлдор дар доираи низомҳои байналмилалии назорати содирот бо ҷалби мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор (ассотсиатсияҳо, иттифоқҳо) Номгўи молҳо, технологияҳо, таъминоти барномавии назоратшавандаро таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
— барои амалӣ намудани фаъолиятоид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа иҷозатнома медиҳад, инчунин риояи меъёрҳо, қоидаҳо ва шартҳои амали иҷозатномаҳои додашударо назорат менамояд;(RҶТ аз 24.02.2017с. №1392)
— дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ корҳоро оид ба иттилоотонии иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар бораи мақсадҳо, расмиёт ва қоидаҳои назорати содирот ташкил менамояд;
— ошкор нагардидан, барои мақсадҳои шахсӣ истифода нашудан ё ба шахсони сеюм надодани иттилоотеро, ки дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошад, таъмин менамояд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— дигар ваколатҳоро дар соҳаи назорати содирот, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
 
Моддаи 8. Иҷозатномадиҳӣба фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 3. ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӣ ВОБАСТА БА МОЛҲО, ТЕХНОЛОГИЯҲО ВА ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВИИ НАЗОРАТШАВАНДА
 
Моддаи 9.         Талабот нисбат ба аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда
  1. Аҳдҳои иқтисодии хориҷие, ки ба шахси хориҷӣ додани молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшавандаро пешбинӣ менамоянд, бояд дар сурати мавҷуд будани ўҳдадории хаттӣ бо зикри мақсади истифодаи ниҳоӣ ва кафолат оид ба истифода нашудан барои сохтани силоҳи қатли ом, воситаҳои таҳвили он ва ба мақсадҳои террористӣ баста шаванд.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба шартҳое, ки дар асоси онҳо аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда бояд баста шаванд, талаботи иловагӣ муқаррар намояд, аз ҷумла санҷиши аз ҷониби шахси хориҷӣ мутобиқи ўҳдадориҳои эътирофнамуда истифода бурдани молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии аз рўи аҳд гирифташуда.
 
Моддаи 10. Экспертизаи давлатии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ
  1. Аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда бояд аз экспертизаи давлатӣ гузаронида шаванд. Экспертизаи давлатӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ гузаронида шуда, дар таҳлили ҳуҷҷатҳо ва иттилооти вобаста ба аҳди иқтисодии хориҷӣ бо мақсади муайян намудани мутобиқати он ба ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳо ва амнияти давлатӣ ифода мегардад.
  2. Тартиб ва шартҳои гузаронидани экспертизаи давлатии аҳдҳои иқтисодии хориҷиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
 
Моддаи 11. Баҳисобгирии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ
  1. Иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ўҳдадоранд, ки баҳисобгирии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшавандаро барои мақсадҳои назорати содирот амалӣ намоянд.
  2. Ҳуҷҷатҳои вобаста ба аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда бояд дар давоми се сол нигоҳ дошта шаванд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.
  3. Тартиб ва шакли баҳисобгирии аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда барои мақсадҳои назорати содирот аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 12. Айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда
  1. Айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда, инчунин амалӣ намудани тамоми амалҳои зарурии вобаста ба гирифтани иҷозатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда ўҳдадории иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебошад.
  2. Иштирокчии фаъолият метавонад бо роҳи бастани шартномаи дахлдор бо ташкилоти экспертие, ки барои анҷом додани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа иҷозатнома гирифтааст, гузаронидани айнияткунонии маҳсулоти таъиноти дуҳадафаро ба чунин ташкилоти экспертӣ супорад. Масъулият барои дурустӣ ва асоснокии натиҷаҳои айнияткунонии маҳсулоти таъиноти дуҳадафа ба ташкилоти экспертӣ вогузор мегардад.(RҶТ аз 24.02.2017с. №1392)
 
Моддаи 13. Манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда
  1. Бо мақсади таъмини амният, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва иҷрои ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда муқаррар карда шаванд.
  2. Манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшавандае, ки нисбатба шахсон ва давлатҳои алоҳидаи хориҷӣ муқаррар карда мешаванд, аз манфиатҳои таъмин намудани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.
  3. Манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратша­ван­дае, ки аз ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
  4. Манъкунӣ ва маҳдуд намудани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда нисбат ба шахсон ва давлатҳои алоҳидаи хориҷии бо фаъолияти ба принсипҳои паҳн накардани силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он мухолиф машѓулбуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
 
БОБИ 4. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ
ДАР СОҲАИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ
 
Моддаи 14. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи назорати содирот
  1. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати содирот бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:
— ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо давлатҳои хориҷӣ оид ба пешгирӣ намудани паҳншавии силоҳи қатли ом ва воситаҳои таҳвили он, инчунин технологияҳои сохтани онҳо;
— мусоидат ба ташаккули низоми бехатар ва устувори муносибатҳои байналмилалӣ;
— фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар асоси баробарҳуқуқӣ ва фоидаи мутақобила;
— фаъол гардонидани иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубодилаи байналмилалии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда, васеъ намудани имкониятҳо барои дастрасии иштирокчиёни ватании фаъолияти иқтисодиихориҷӣ ба бозорҳои ҷаҳонии технологияҳои пешқадам;
— такмили механизмҳои байналмилалӣ ва дохилидавлатии назорати содирот, ошкор намудани далелҳои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати содирот ва шахсони онҳоро содиркарда.
  1. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати содирот тавассути иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми байналмилалии назорати содирот ва форумҳои байналмилалӣ, гузаронидани гуфтушуниду машваратҳо бо давлатҳои хориҷӣ, мубодилаи мутақобилаи иттилоот, инчунин татбиқи барномаҳои муштарак ва дигар чорабиниҳо дар соҳаи назорати содирот дар асоси дуҷониба ва бисёрҷониба амалӣ мегардад.
  2. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ дар соҳаи назорати содирот бо ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ѓайридавлатии хориҷӣ ҳамкорӣ менамоянд.(RҶТ аз 24.02.2017с. №1392)
  3. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки механизмҳои дохилидавлатии назорати содирот ба рушди робитаҳо ва мубодилаи иттилоот байни иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мусоидат менамояд.
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 15. Шикоят аз болои амали (беамалии) мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот ва шахсони мансабдори онҳо
Оид ба амали (беамалии) мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот ва шахсони мансабдори онҳо ҳангоми амалӣ намудани назорати содирот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.(RҶТ аз 24.02.2017с. №1392)
 
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 17. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 1997 «Дар бораи назорати давлатии экспорти аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва маҳсулоти дуҳадафа» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997,           №23-24, мод. 354; с. 2013, №7, мод. 514) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                          Эмомалӣ Раҳмон
 
Ш.Душанбе
31 декабри соли 2014
№1168
 

Илова кунед