Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо

31 Декабр 2014, Чоршанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №12  , мод.823 )
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли   2014, № 1666 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2014  , №11  , моддаи729 ) қабул гардидааст.
                                                                              Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз24-уми декабри соли 2014,№766    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №12, моддаи 834) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятировобаста ба ташкил ва  баргузор намудани маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо, пикетгузориҳова роҳпаймоиҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таъмини амалӣ шудани ҳуқуқи бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршудаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – шаҳрвандон) ба иштирок намудан дар чорабиниҳои мазкур равона шудааст.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— чорабинии оммавӣ – чорабинии ошкоро, осоишта ва ба ҳама дастрас, ки дар шакли маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, пикетгузорӣвароҳпаймоӣ ё дар пайвастшавиимухталифи ин шаклҳои чорабинии оммавӣбаргузор шуда, бо ташаббуси шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ амалӣ карда мешавад;
— маҷлис– иштироки якҷояи шаҳрвандон дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда барои муҳокимаи ошкоро ва ҳал намудани масъалаҳои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ё изҳоримуносибати онҳо ба амали шахсон ва (ё) фаъолияти ташкилотҳо, рўйдодҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоӣ, инчунин ҳалли масъалаҳои марбутба манфиатҳои умум;
— гирдиҳамоӣ– иштироки оммавии шаҳрвандон дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда барои изҳориошкоро ва (ё) муҳокимаи афкори ҷамъиятӣ дар бораи масъалаҳои мавҷуда, ҷалб намудани таваҷҷўҳи ҷамъият ва мақомоти давлатӣ ба масъалаҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоии ҳаёти шаҳрвандон, инчунин эътирознамудан ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба ин масъалаҳо;
— намоиш – изҳори оммавии муташаккили ақидаи умумӣ аз ҷониби гурўҳи шаҳрвандон ва (ё) эътироз намудан оидба масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, норозигӣ ё дастгирии ягон ташаббус, амал ё мавқеи мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор ё шаҳрвандон бо истифода аз плакатҳо, транспарантҳо ва дигар воситаҳои аёнии ташвиқот дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда;
— пикетгузорӣ– изҳори оммавии манфиатҳои ҷамъиятию сиёсӣ, гурўҳӣ, шахсӣ ва дигар манфиатҳо аз ҷониби шаҳрванд ё гурўҳи шаҳрвандон ё изҳоринорозигӣ (бе роҳпаймоӣ), аз ҷумла даршакли гуруснанишинӣ оид ба ягон масъала бо истифода ё бе истифодаи плакатҳо, транспарантҳо ва дигар воситаҳои аёнии ташвиқот бо роҳи ҷойгиршавии шаҳрванд ё гурўҳи шаҳрвандон дар назди объекти пикетшаванда дар ҷой ва вақти пешакӣ муайяншуда;
— роҳпаймоӣ– ҳаракати оммавии муташаккили шаҳрвандон дар хатсайри пешакӣ муайяншудаи қисми пиёдагард ё мошингарди кўча (роҳ), кўчабоѓ, хиёбон, майдон бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷўҳ ба ягон масъала ё изҳори оммавиирўҳияи иҷтимоӣ-сиёсии худ ваё эътирозовардан;
— ташкили чорабинии оммавӣ – хабардор намудани иштирокчиёни эҳтимолӣ, пешниҳод кардани ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бурдани ташвиқоти пешакӣ, тайёр ва паҳн намудани воситаҳои аёнии ташвиқот, инчунин дигар амалҳое, ки бо мақсади ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ содир карда мешаванд;
— дастури баргузор намуданичорабинии оммавӣ – ҳуҷҷате, ки ҷадвали вақтии (нақшаи соатии) марҳалаҳои асосии баргузор намудани чорабинии оммавиро бо нишон додани шахсони масъул барои ҳар як марҳала дарбар мегирад;
— ариза дар бораи баргузор намуданичорабинии оммавӣ – ҳуҷҷате, ки тавассути он ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ хабар дода мешавад;
— ташкилотчии чорабинии оммавӣ – шаҳрвандё гурўҳи шаҳрвандон,ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аризаро дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ пешниҳод менамоянд ва тартиби баргузор намудани онро (мақсад, сана, вақт, ҷой, шакли баргузор намудан ва дигар шартҳоро) муайян менамоянд;
— намояндагони ташкилотчии чорабинии оммавӣ –шаҳрвандоне, ки ба онҳо ташкилотчии чорабинии оммавӣ ваколатҳои муайян ва вазифаҳои амрдиҳии худ, аз ҷумла оид ба таъмини тартибот ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ,таъминоти техникии он ва дигар ваколатҳоро вогузор менамояд;
— иштирокчии чорабинии оммавӣ – шаҳрванде, ки ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар ҷои баргузории он ҳузур дошта, рафтор ва амалҳои ў бевосита аз дастгирӣ намудани чорабинии оммавии мазкур ва ниятҳои ташкилотчиёни чорабинии оммавӣ дарак медиҳанд;
— ҷои кушоди ҷамъиятӣ – заминҳои истифодаи умумӣ, ки майдонҳо, кўчаҳо, пайроҳаҳо, гузаргоҳҳо, роҳҳо, соҳилҳо, боѓҳо, гулгаштҳо, кўчабоѓҳо, аз ҷумла ҳудуди ба биноҳои мақомоти давлатӣ ва муассисаҳо ҳамшафатро дарбар гирифта, ба он ҷо даромадани озодона манъ ё маҳдуд нест;
— ҷойҳои махсус мутобиқгардонидашуда – биноҳо, иншоот ва ҳудудҳое, ки махсус барои баргузор намудани чорабиниҳои дахлдор таъин шудаанд, инчунин аз тарафи молик, иҷорагир ё дигар истифодабарандаи қонунии онҳо бо салоҳдиди худ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд;
— намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ– яке аз муовинони раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ё ноҳия, ки дар рафти баргузории чорабиниҳои оммавӣ бевосита иштирок намуда, амалҳоро оид ба чорабиниҳои оммавӣ мувофиқа менамояд;
— намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ– яке аз муовинони сардори мақомоти корҳои дохилӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ) ё сардори шўъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар минтақаи ў чорабинииоммавӣ доир мегардад ва оид ба ин масъала дар раёсат ё шўъбаи корҳои дохилии дахлдор фармон бароварда мешавад;
— намояндагони воситаҳои ахбори омма – намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ, ѓайридавлатӣ ё аккредитатсияшудаи хориҷӣ, ки дар чорабиниҳои оммавӣ ҳузур дошта, дар бораи он иттилоот паҳн менамоянд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳова роҳпаймоиҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳова роҳпаймоиҳоба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон иборат аст.
 
Моддаи 3.Доираи амали Қонуни мазкур
  1. Амали Қонуни мазкур ба ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ берун аз ҳудуд ё биноҳои ба ташкилотчии чорабинии оммавӣ тааллуқдошта, ба иҷора гирифташуда ё дар истифодаи дигари қонунии ў қарордошта, инчунин ба иштирок кардани шаҳрвандон дар онҳо паҳн мегардад.
  2. Маҳдудиятҳо вобастаба ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, инчунин иштироки шаҳрвандон дар онҳо тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
  3. Амали Қонуни мазкур паҳн намегардад:
— ба чорабиниҳое, ки дар ҷойҳои махсус мутобиқгардонидашуда баргузормешаванд;
— ба маҷлисҳо (конференсияҳо) ва гирдиҳамоиҳои коллективҳои меҳнатӣ, маҷлисҳои (пленумҳо, анҷуманҳо, кoнференсияҳoи) иттифоқҳои касаба, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ва низомномаҳои онҳо баргузор мешаванд;
— ба корпартоиҳои дар ҳудудикорхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо баргузоршаванда, ки тартиби баргузор намудани онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат муайян кардааст.
  1. Чорабиниҳое, ки дар доираи маъракаи интихобот баргузормешаванд, анҷом додани маросимҳои динӣ ва дигар чорабиниҳое, ки манъ карда нашудаанд, бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
 
Моддаи 4. Мақсадҳои баргузор намудани чорабинии оммавӣ
Чорабинии оммавӣ бо мақсадҳои изҳори озодона ва ташаккули афкори ҷамъиятӣ, пешниҳоди талабот дар бораи масъалаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, масъалаҳои сиёсати хориҷии давлат, ҷалб намудани таваҷҷўҳи шаҳрвандон, мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба ин масъалаҳо, инчунин барои ҳимоя ё дастгирии ягон ташаббуси дороиаҳамияти иҷтимоӣ баргузор мешавад.
 
Моддаи 5. Принсипҳои баргузор намуданичорабинии оммавӣ
Баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
— қонуният;
— эҳтиром ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
— шаффофияти қабули қарорҳо;
— ихтиёрӣ будани иштирок дар чорабинии оммавӣ.
 
Моддаи 6. Ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори оммаҳангоми баргузории чорабиниҳои оммавӣ
  1. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳангоми баргузории чорабиниҳои оммавӣ бо мақсадитаъмини ошкорбаёнии равандҳои ҷамъиятӣ метавонанд ҳузур дошта бошанд.
  2. Намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки дар чорабинии оммавӣ ҳузур доранд, бояд:
— бо худ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ваколатҳояшонро дошта бошанд;
— ба рафти чорабинии оммавӣ дахолат накунанд ва ба амалҳои ташкилотчии чорабинии оммавӣ ва намояндагони ў монеъ нашаванд;
— талаботи қонунии ташкилотчии чорабинии оммавӣ, намояндагони ў, намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ,намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти давлатиро иҷро намоянд.
 
БОБИ 2. КАФОЛАТИ ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН БА БАРГУЗОР НАМУДАНИЧОРАБИНИҲОИ ОММАВӣ
 
Моддаи 7Ҳуқуқи шаҳрвандон ба баргузор намуданичорабиниҳои оммавӣ
  1. Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар чорабиниҳои оммавие, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ихтиёран иштирок намоянд. Маҷбур намудани шаҳрвандон барои иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ манъ аст.
  2. Давлат ҳуқуқи шаҳрвандонба баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ ва иштирок дар онҳоро бо роҳҳои зерин кафолат медиҳад:
— ба шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо пешниҳод намудани майдонҳо, кўчаҳо, пайроҳаҳо, гузаргоҳҳо, роҳҳо, соҳилҳо, боѓҳо, гулгаштҳо, кўчабоѓҳо ва дигар ҷойҳои кушоди ҷамъиятӣ барои баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ;
— паҳннамудани иттилоот тавассути воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ;
— мусоидати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдор дар муташаккилона баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ.
  1. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқ надоранд ба чорабиниҳои оммавие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баргузор мешаванд, монеъ шаванд.
  2. Маҳдудкунии иштироки шаҳрвандон дар чорабиниҳои оммавӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур,манъ аст.
 
Моддаи 8.Кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодона изҳор кардани андешаҳо ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ
Ташкилотчии чорабинии оммавӣ, шахсони мансабдор ва дигар шаҳрвандон ҳуқуқ надоранд ба иштирокчиёни чорабинии оммавӣ барои изҳори андешаҳои худ, ки ба мақсадҳои чорабинии оммавӣ мухолиф набуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва тартиби муқаррарнамудаи ташкилотчиро дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавии мазкур вайрон намекунанд,монеъ шаванд.
 
БОБИ 3. ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА БАРГУЗОР НАМУДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ОММАВӣ
 
Моддаи 9. Ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ
  1. Ба ташкиличорабинии оммавӣ инҳо мансубанд:
— огоҳкунии иштирокчиёни эҳтимолии чорабинии оммавӣ ва пешниҳоди ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор;
— бурдани ташвиқоти пешакӣ;
— тайёр ва паҳн кардани воситаҳои аёнииташвиқот;
— ҷамъоварии маблаѓи пулӣ барои гузаронидани чорабинии оммавӣ;
— таъминоти моддию техникии баргузор намудани чорабинии оммавӣ;
— дигар амалҳое, ки бо мақсади тайёр кардан ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ анҷом дода шуда, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонмухолифат намекунанд.
  1. Ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ мумкин аст рамзҳои гуногун, нишонаҳои махсусва дигар воситаҳои изҳори оммавии афкори ҷамъиятӣ ё шахсӣ, инчунин воситаҳои аёнии ташвиқотистифода бурда шаванд.
Моддаи 10.Ташкилотчии чорабинии оммавӣ
  1. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ шаҳрванд ё гурўҳишаҳрвандон, ки ба синни 18 расидаанд, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки ўҳдадории ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавиро ба зимма гирифтаанд, буда метавонанд.
  2. Ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки ташкилотчии чорабинии оммавӣ мебошанд, шахси (шахсони) барои ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ масъулро аз ҳисоби ҳайати роҳбарикунандаи онҳомуайян мекунанд. Шахсе (шахсоне), ки ҳуҷҷатҳоироҳбариятиҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динирооид ба масъули ташкил ва баргузории чорабинии оммавӣ таъин шудани ў(онҳо) пешниҳоднамудааст (намудаанд) ва дар ариза оид ба баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба ҳамин сифат зикр гардидааст (гардидаанд), ўҳдадориро оид ба тибқи Қонуни мазкур ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣдар шакли хаттӣ қабул мекунад (мекунанд).
  3. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ ҳуқуқ дорад аз баргузор намудани он даст кашад ва роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро, ки дар бораи додани иҷозат барои баргузор намудани чорабинии оммавии мазкур қарор қабул кардааст, ба таври хаттӣ огоҳ намояд ва дар ин хусус иштирокчиёни онро хабардор кунад.
  4. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ шуда наметавонанд:
— шахсе, ки суд ўро ѓайри қобили амал донистааст ё қобилияти амалашро маҳдуд кардааст;
— шахсе, ки барои содир намудани ҷиноят ба муқобили амнияти ҷамъиятӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ё қасдан содир намудани ҷиноят ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат доѓи судӣ дорад ваё шахсе, ки нисбати ўду ва зиёдамаротиба барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар моддаҳои 106, 460, 479 ва 480 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷазои маъмурӣ таъин шудааст, дар давоми мўҳлате, ки шахс ба ҷазои маъмурӣ кашидашуда ҳисоб меёбад;
— шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;
— ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ки фаъолияташон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт, манъ ё барҳам дода шудааст.
  1. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ ҳуқуқ дорад:
— талаб намояд, ки чорабинии оммавӣ дар ҷой ва вақти дар ариза зикргардида баргузор  шавад, агар талаботи дар аризаи мазкур дарҷгардида ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат накунад;
— дар сурати ѓайриқонунӣ манъ кардани чорабинии оммавӣ товони зарари ба ташкилотчии чорабинии оммавӣ расонидашударо талаб намояд;
— аз ҳамаи иштирокчиёни чорабинии оммавӣ риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тартиби баргузор намудани  чорабинии оммавиро, ки ў муқаррар кардааст, талаб намояд ва дар ҳолати ба талаботи қонунии ў итоат накардани иштирокчиён аз намояндаиваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷои баргузор намудани чорабинии оммавӣ дур кардани ин шахсонро хоҳиш намояд;
— дар сурати аз тарафи иштирокчиёни чорабинии оммавӣ содир намудани амалҳои зиддиҳуқуқӣ, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунанд, инчунин вайрон кардани тартиби баргузор намудани чорабинии оммавӣ, ки ў муқаррар кардааст, чорабиниро боздорад ё онро қатъ намояд;
— намояндагони худро барои иҷрои вазифаҳои амрдиҳӣ оидба ташкил ва баргузориичорабинии оммавӣ ваколатдор намояд ва дар ҳолати ҷамъоварии маблаѓҳои пулӣ ва таъминоти моддию техникии баргузор намудани чорабинии оммавӣ, ваколатҳои намояндагонашро, ки ба ин масъалаҳо машѓуланд, ба таври хаттӣ ба расмият дарорад;
— бо роҳиистифодаи воситаҳои ахбори омма, паҳн кардани варақаҳо, тайёр намудани шиорҳо ва дигар шаклҳои таблиѓот барои дастгирии мақсадҳои чорабинии оммавӣ ташвиқоти пешакӣ барад.
  1. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ ўҳдадор аст:
— дар чорабинии оммавиибаргузоршавандадоимоҳузур дошта бошад;
— дар бораи вақт, ҷой, шумораи иштирокчиёни эҳтимолӣ ва тартиби баргузор намудани чорабинии оммавӣ тибқи талаботи моддаи 12 Қонуни мазкур ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор ариза пешниҳод намояд;
— нишони фарқкунандаи ташкилотчии чорабинии оммавиро дошта бошад ё шахсеро, ки барои иҷрои вазифаҳои амридиҳӣваколатдор намудааст, бояд бо нишони фарқкунанда таъмин намояд, ки бо талаби намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ва корманди мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод карда мешаванд;
— риояи шартҳои гузаронидани чорабинии оммавиро, ки дар ариза дар бораи баргузор намудани  чорабинии оммавӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин намояд;
— дар ҳолати аз ҷониби иштирокчиён риоя нагардидани талаботи ташкилотчӣ чорабинии оммавиро боздорад ё онро қатъ намояд;
— талаботи қонунии намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва кормандони  мақомоти корҳои дохилиро иҷро кунад;
— ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ риояи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддисўхториро таъмин намояд;
— ҳифзу нигоҳдории биноҳо, иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом ва дигар молу мулк, инчунин дарахтонубуттаҳоро дар ҷои баргузор намудани  чорабинии оммавӣ таъмин намояд;
— дар сурати манъ кардан ё боздоштани чорабинии оммавӣ қарорро дар ин бора ба маълумоти иштирокчиёни он расонад;
— аз иштирокчиёни чорабинии оммавӣ талаб намояд, ки рўи худро пинҳон накунанд, аз ҷумла ниқоб, воситаҳои пинҳонкардан,дигар ашёеро, ки махсус барои душвор гардонидани муқаррар кардани шахсият таъин гардидаанд, истифода набаранд;
— аз иштирокчиёни чорабинии оммавӣ риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва дастури баргузор намудани чорабинии оммавӣ, инчунин қатъ намудани вайронкуниро талаб намояд;
— шахсеро, ки талаботи қонунии ташкилотчии чорабинии оммавиро иҷро намекунад, аз ҷои баргузории чорабинии оммавӣ дур намояд;
— дар мўҳлати на дертар аз 10 рўз баъд аз баргузор шудани чорабинии оммавӣ хароҷотро вобаста ба таъмини ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии тиббӣ ва тоза намудани ҳудуде, ки тибқи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар қаламрави он чорабинии оммавӣ баргузор шудааст, пардохт намояд.
  1. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ дар ҳолати иҷро накардани ўҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 6 ҳамин модда, барои зарари расонидаи иштирокчиёни чорабинии оммавӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
 
Моддаи 11. Иштирокчиёни чорабинии оммавӣ
  1. Иштирокчиёни чорабинии оммавӣ шаҳрвандон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣэътироф мешаванд, ки дар он ихтиёран иштирок доранд.
  2. Иштирокчиёни чорабинии оммавӣ ҳуқуқ доранд:
— дар таҳия ва қабули қарорҳо, дигар амалҳои дастҷамъона мувофиқи мақсадҳои чорабинии оммавӣ иштирок намоянд;
— ҳангоми баргузор намудани  чорабинии оммавӣ рамзҳоигуногун ва дигар воситаҳои изҳори оммавии афкори коллективӣ ё фардӣ, инчунин воситаҳои ташвиқотро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, истифода баранд;
— қарорҳо, талабномаҳо ва дигар муроҷиатномаҳоро қабул карда, ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо пешниҳод намоянд.
  1. Иштирокчиёни чорабинии оммавӣ ўҳдадоранд:
— талаботи қонунии ташкилотчии чорабинии оммавӣ, намояндагони ў, намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро иҷро намоянд;
— тартиботи ҷамъиятӣ ва дастурибаргузор намудани чорабинии оммавиро риоя намоянд;
— талаботи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бехатарии ҳаракат ва истифодаи воситаҳои нақлиётродар сурати баргузор намудани чорабинии оммавӣ бо истифодаи воситаҳои нақлиёт риоя намоянд.
  1. Ба иштирокчиёни чорабинии оммавӣ манъ аст:
— пинҳон кардани рўи худ, аз ҷумла истифода бурдани ниқоб, воситаҳои пинҳон кардан, дигар ашёе, ки махсус барои душвор гардонидани муқаррар кардани шахсият таъин гардидаанд;
— бо худдоштани силоҳи оташфишон, газӣ, сард, дигар намуди силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои оташзананда, тарканда, заҳролудкунанда, заҳролуд, предметҳои силоҳмонанд ва предметҳое, ки ба сифати силоҳ истифода мешаванд;
— халал расонидан ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардҳо;
— ба вуҷуд овардани монеаҳо барои кори муназзами ташкилотҳо;
— ҷойгир кардани хаймаҳо ва дигар иншооти муваққатӣ;
— таъсир расонидан дар ин ё он шакл ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мақсади халал расонидан ба иҷрои ўҳдадориҳои хизматиашон, инчунин ба намояндагони ҷамъиятие, ки ўҳдадориҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро мекунанд;
— истифодаи плакатҳо, транспарантҳо ва дигар воситаҳои аёнии ташвиқот, ки даъвати бо роҳи зўроварӣ таѓйир додани сохти конститутсионӣ ё таблиѓоти ҷанг, хусумати иҷтимоӣ, миллӣ, динӣ ё нажодӣ ва паст задани шаъну шарафи шахсиятро дар бар мегиранд;
— амал намудан бо методҳое, ки ба амнияти ҷамъиятӣ, ҳаёт ва саломатии иштирокчиёни чорабиниҳои мазкур ё дигар шахсон таҳдид мекунанд;
— бо худ овардани машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо ва дигар моддаҳои мадҳушкунанда, истеъмол намудани онҳо ва ё дар ҳолати мастӣ қарор доштан.
  1. Баррасии муроҷиатҳои иштирокчиёни чорабинии оммавӣ ва қабули қарорҳо вобаста баонҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
 
Моддаи 12.Ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ
  1. Ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби ташкилотчии(ташкилотчиёни)онба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатие, ки дар ҳудуди он гузаронидани чорабинии оммавӣ ба нақша гирифта шудааст, дар мўҳлати на дертар аз понздаҳ рўз то санаи баргузории он пешниҳод карда мешавад.
  2. Агар баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар ҳудуди якчанд воҳидҳои марзиву маъмурӣ пешбинӣ шавад ва ё миқдори эҳтимолии иштирокчиёни он зиёда аз 1000 нафарро ташкил диҳад, ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод карда мешавад.
  3. Дар ариза нишон дода мешаванд:
— мақсад, шакл ва ҷои баргузор намудани чорабинии оммавӣ;
— санаи баргузоршавӣ, вақти оѓоз ва анҷоми чорабинии оммавӣ;
— самти ҳаракат;
— шумораи эҳтимолии иштирокчиён;
— насаб, ном, номи падари ташкилотчӣ (ташкилотчиён), шахси (шахсони) дар ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ масъул,ҷои истиқомат, кор ва ётаҳсили онҳо;
— чораҳо оид ба таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузор намудани чорабинии оммавӣ;
— чораҳое, киба хизматрасонии тиббӣ ва тоза намудани ҳудуд баъд аз баргузор шудани чорабинии оммавӣ алоқаманданд;
— санаи пешниҳоди ариза ва рақами телефонҳои иртибот.
  1. Ба ариза дар шакли хаттӣ ўҳдадории ташкилотчии(ташкилотчиёни) чорабинии оммавӣ ё шахси(шахсони) дар ташкил ва баргузор намудани он масъул оид ба ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ тибқи Қонуни мазкур замима карда мешавад.
  2. Ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммавӣ ё шахси (шахсони) дар ташкил ва баргузор намудани он масъул имзо карда мешавад.
  3. Аризаи тибқи қисмҳои 3-5ҳамин модда тартибдодашударо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор дар рўзи пешниҳод шуданаш ба қайд мегирад.
  4. Мўҳлати пешниҳоди ариза аз рўзи бақайдгирии он дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.
 
Моддаи 13.Тартиби баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ва қабули қарор дар бораи он
  1. Роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё муовини ў ўҳдадоранд, ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавиро баррасӣ намуда, на дертар аз 5 рўз пеш аз рўзи баргузор наму­дани чорабинии оммавӣ ба шакли хаттӣ ба ташкилотчии (ташкилот­чиёни) чорабинии оммавӣ дар бораи қарори қабулгардида хабар диҳанд.
  2. Баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ бояд ошкоро сурат гирад. Барои баррасии аризаи мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкилотчии чорабинии оммавӣ даъват карда мешавад. Дар ҳолати ҳозир нашудани ташкилотчии чорабинии оммавӣ, баррасии ариза бе иштироки ў сурат мегирад.
  3. Расмиёти баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар гардида, ба ташкилотчиёни он ҳуқуқи пешниҳоди мавқеи худ дода мешавад.
  4. Агараризаи аз ҷониби ташкилотчии чорабинии оммавӣ пешниҳодгардида ба талаботи Қонуни мазкурҷавобгўй набошад,дар вақти баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммавӣ ё шахси (шахсони)барои ташкил ва баргузор намудани он масъул дар бораи номутобиқатиҳои ошкоргардидамаълумоти муфассалропешниҳодменамояд.
  5. Аз рўи натиҷаи баррасии ариза дар бораибаргузор намудани чорабинии оммавӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ яке аз қарорҳои зеринро қабул менамояд:
— бачорабинии оммавӣ иҷозат дода шавад;
— ба ташкилотчии чорабинии оммавӣ барои таѓйир додани вақт ва ҷои баргузор намудани чорабинӣ ё самти ҳаракати иштирокчиён таклиф пешниҳод карда шавад;
— чорабинии оммавӣ манъ карда шавад.
  1. Тартиби пардохти хароҷот вобаста ба таъмини ҳимояи тартиботи ҷамъиятӣ, хизматрасонии тиббӣ ва тоза намудани ҳудуди дахлдор пас аз гузаронидани чорабинии оммавӣ бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар қаламрави он гузаронидани чорабинии оммавӣ ба нақша гирифта шудааст, муайян карда мешавад.
  2. Роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё муовини ў дар вақти баррасии ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амнияти ҷамъиятӣ,ҳаракати мўътадили нақлиёт ва фаъолияти ташкилотҳо ҳуқуқ доранд дар мувофиқа бо ташкилотчии (ташкилотчиёни) чорабинии оммавӣ сана, ҷой ва вақти гузаронидани онро таѓйир диҳанд.
 
Моддаи 14.Ҷой ва вақти баргузор намудани чорабинии оммавӣ
  1. Чорабинии оммавӣ дар ҷойҳои махсус мутобиқгардонидашуда ва ҷойҳои кушоди ҷамъиятӣ, ба истиснои ҷойҳое, ки истифодаи онҳо бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи дахлдор мутобиқи моддаи 15 Қонуни мазкур маҳдуд ё манъ гардидааст, баргузор мешавад.
  2. Чорабинии оммавӣ метавонад аз соати 8 то соати 18 баргузор гардад.
 
Моддаи 15. Ҷойҳое, ки барои баргузор намудани чорабинии оммавӣ маҳдуд ё манъ карда шудаанд
  1. Ба ҷойҳое, ки дар онҳо баргузор намудани чорабинии оммавӣ маҳдуд ё манъ карда шудааст, мансубанд:
— ҳудудҳо, биноҳо, иншооте, ки амнияти шаҳрвандонро таъмин намекунанд;
— ҷойҳои наздик ба истеҳсолот ва объектҳои хатарнок ва зарарнок, бунгоҳҳои нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ, фурудгоҳҳо, пулҳо, нуқтаҳои ҷудошавии роҳҳои оҳан, қубурҳои нафтугазгузар ва хатҳои баландшиддати барқ, нерўгоҳҳо, объектҳои дорои хатари сўхтору таркиш;
— ҳудудҳое, ки ба қароргоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, биноҳое, ки судҳо ҷойгир карда шудаанд, ҳудуд ва биноҳои муассисаҳои иҷрои ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ бевосита ҳамшафат мебошанд;
— қисмҳои ҳарбӣ ва дигар объектҳое, ки дар онҳо силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда нигоҳ дошта мешаванд;
— ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, зиёратгоҳҳо, қабристонҳо ва иншооти маросимҳои динӣ, мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва боѓҳои миллӣ;
— ҷойҳое, ки бо фаъолияти объектҳои таъминоти ҳаёт, инфрасохтори нақлиёт ё иҷтимоӣ алоқаманд буда, ҳаракати пиёдагардон, воситаҳои нақлиёт, дастрасии шаҳрвандонро ба биноҳои истиқоматӣ ё объектҳои инфрасохтори нақлиёт ё иҷтимоӣ таъмин мекунанд;
— беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ,муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ.
  1. Баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар назди биноҳое, ки дар онҳо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷой гирифтаанд, набояд ба кори мўътадили ин мақомот мамониат намояд. Ҳадди имконпазири масофаҳои байни биноҳои зикргардида ва ҷойҳои баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ бо қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдор муайян карда мешавад.
 
Моддаи 16Ташвиқоти пешакӣ
  1. Ташкилотчии чорабинии оммавӣ ва дигар шаҳрвандон ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи гирифтани иҷозат барои баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар байни шаҳрвандон бе мамониат ташвиқотбурда, ба онҳо ҷой, вақт, мақсадҳои баргузор намудани чорабинии оммавӣ ва дигар маълумоти бо тайёр кардан ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ алоқамандро хабар диҳанд, аз ҷумла, дар бораи риояи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, инчуниншаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳоро барои иштирок кардан дар чорабинии оммавии баргузоршаванда даъват намоянд.
  2. Барои бурдани ташвиқотипешакӣ мумкин аст воситаҳои ахбори омма ва даъватҳои шифоҳӣ истифода гардида, варақаҳо, плакатҳо ва эълонҳо тайёр ва паҳн карда шаванд. Воситаҳои ахбори омма бо тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар бораи чорабинии оммавии баргузоршаванда иттилоот паҳн намоянд.
  3. Ташвиқотипешакӣ дар шаклҳое, ки шаъну шарафи инсон ва шаҳрвандро паст мезананд, инчунин бар зидди пойдории тартиботи ҷамъиятӣ равона шудаанд, роҳ дода намешавад.
 
Моддаи 17.Таъминоти моддию техникӣ ва ташкилии баргузор намудани чорабинии оммавӣ 
  1. Таъминоти моддию техникии баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби ташкилотчиён ва иштирокчиёни он аз ҳисоби маблаѓҳои худӣ ва маблаѓҳое, ки барои баргузор намудани чорабинии мазкур ҷамъоварӣ карда шудаанд, анҷом дода мешавад.
  2. Дар ҳолатҳои зарурӣ масъалаҳои таъминоти ташкилии баргузор намудани чорабинии оммавӣ аз ҷониби ташкилотчиёни чорабиниҳои оммавӣ бо намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ мувофиқа карда мешаванд.
  3. Истифодаи маблаѓҳои буҷети давлатӣ, ташкилотҳои ѓайридавлатие, ки аз ҳисоби давлатҳои хориҷӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣмаблаѓгузорӣ мешаванд, инчунин воситаҳои моддию техникӣ ва молиявии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ барои таъмини баргузор намудан ва маблаѓгузории чорабиниҳои оммавӣ манъ аст.
Моддаи 18. Тартиб ва асосҳои манъ кардани баргузории чорабинии оммавӣ 
  1. Баргузор намудани чорабинии оммавӣ бо асосҳои зерин манъ карда мешавад, агар:
— мақсади чорабинии оммавии баргузоршаванда таблиѓи амал ва ё худи амале бошад, ки бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд;
— баргузории чорабинии оммавӣ дар ҷой ё вақти барои баргузор намудани дигар чорабинии оммавии пешакӣ таъиншуда ё дар ҷои барои баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ манъ ё маҳдудкардашуда пешбинӣ карда шавад;
— чорабинии оммавӣ ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва шаҳрвандон халал расонад ё барои фаъолияти муназзами ташкилотҳо монеаҳо ба вуҷуд орад;
— чорабинии оммавӣ барои ҳаёт, саломатӣ ва амнияти  шаҳрвандон хатари воқеӣ ба вуҷуд оварад, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро вайрон намояд;
— чорабинии оммавӣ бо вайронкардани муқаррароти Қонуни мазкур баргузор шавад.
  1. Дар сурати мавҷуд будани асосҳои дар сархатҳои дуюм ва сеюми қисми 1 ҳамин модда пешбинишудаба ташкилотчии чорабинии оммавӣ таклиф карда мешавад, ки чорабинии оммавӣ дар ҷои дигар, дар вақти дигар ё дар дигар шакл баргузор шавад.
  2. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилотчии чорабинии оммавӣ қабул намудани таклиф, розигии ў бояд дар шакли хаттӣ изҳор гардида, ба роҳбари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор дар мўҳлати на дертар аз даҳ рўз то санаи баргузор намудани чорабинии оммавии мазкур пешниҳод карда шавад.
 
Моддаи 19.Шикоят овардан ба қарорҳо ва амалҳо (беамалӣ), ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ба баргузор намудани чорабинии оммавӣ вайрон мекунанд
Нисбат ба қарорҳо ва амалҳои (беамалии) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ба баргузор намудани чорабинии оммавӣ вайронмекунанд, мумкин аст бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷyмҳypии Тоҷикистон ба суд шикоят оварда шавад.
 
Моддаи 20. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
  1. Намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ дорад:
— аз ташкилотчиёни чорабинии оммавӣ риояи тартиби ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ ва тартиботи чамъиятиро ҳангоми баргузории онҳо талаб намояд;
— дар бораи боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ бо асосҳо ва тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур қарор қабул намояд.
  1. Намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ўҳдадор аст:
— дар чорабинии оммавӣ ҳузур дошта бошад;
— ба ташкилотчии чорабинии оммавӣ барои баргузор намудани он муосидат намояд;
— дар якҷоягӣ бо ташкилотчиёни чорабинии оммавӣ ва намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ, риояи қонуниятро ҳангоми баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ таъмин намояд.
 
Моддаи 21. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ
  1. Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ дорад:
— дар ҳолати аз ҳадди муқарраргардида зиёд шудани шумораи иштирокчиён аз ташкилотчии чорабинии оммавӣ қатъ намудани ҳамроҳшавиишаҳрвандонро ба чорабинии оммавӣ талаб намояд;
— аз ташкилотчиён ва иштирокчиёни чорабиниҳои оммавӣ риояи тартиби ташкил ва баргузор намудани онҳо ва тартиботи ҷамъиятиро талаб намояд;
— бо хоҳиши ташкилотчии чорабинии оммавӣ шахсонеро, ки талаботи қонунии ўро иҷро намекунанд, аз ҷои баргузории чорабинии оммавӣ дур намояд;
— нисбат ба шахсоне, ки дар ҷои баргузор намудани чорабинии оммавӣ дар ҳолати мастӣ қарор доранд ё тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятиро даѓалона вайрон мекунанд, чораҳо андешад.
  1. Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ўҳдадор аст:
— дар доираи ваколатҳои худ ба баргузор намудани чорабинии оммавӣ мусоидат намояд;
— дар якҷоягӣ бо ташкилотчиёни чорабинии оммавӣ ва намояндаи ваколатдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, инчунин риояи қонуниятро ҳангоми баргузории чорабинии оммавӣ таъмин намояд.
 
Моддаи 22.Боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ бо талаби намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ
  1. Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ҳуқуқ дорад ба баргузории чорабинии оммавӣ роҳ надиҳад, боздоштан ё қатъ кардани онро дар ҳолатҳои зерин талаб намояд:
— вайрон карданитартиби ташкил ва баргузор намудани чорабинии оммавӣ, ки Қонуни мазкур муқаррар кардааст;
— дар асоси қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи манъи баргузор намудани чорабинии оммавӣ;
— ба миён омадани асосҳо барои манъ кардани чорабинии оммавӣ, ки дар моддаи 18 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд;
— аз тарафи ташкилотчии чорабинии оммавӣ иҷро накардани ўҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи 10 Қонуни мазкур;
— аз тарафи ташкилотчӣ ва иштирокчиёни чорабинии оммавӣ содир гардидани амалҳое, ки қонунгузории ҶумҳурииТоҷикистон манъ кардааст.
  1. Намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ то боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ ўҳдадор аст аз ташкилотчии чорабинии оммавӣ бартараф намудани вайронкуниҳое, ки ба баргузор намудани чорабинии оммавӣ монеа мешаванд, талаб кунад. Агар ин вайронкуниҳо дар муддати муқарраргардида бартараф нашуда бошанд, намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ тибқи талаботи қисми 1 моддаи 23 Қонуни мазкур чорабинии оммавиро қатъ менамояд.
  2. Баъд аз бартараф гардидани вайронкуниҳо, бо мувофиқаи байни ташкилотчии чорабинии оммавӣ ва намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ чорабинии оммавӣ метавонад давом дода шавад.
 
Моддаи 23.Тартиби боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ аз тарафи намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ
  1. Дар ҳолати боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ:
— ба ташкилотчӣ дар хусуси боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ бо асосноккунии сабабҳои боздоштан ё қатъ намудани он супориш медиҳад;
— барои иҷро кардани супоришмўҳлат муқаррар менамояд;
— дар сурати аз тарафи ташкилотчии чорабинии оммавӣ иҷро накардани супориш дар бораи боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ бевосита ба иштирокчиёни чорабинии оммавӣ муроҷиат менамояд;
— барои иҷро кардани супориши такрорӣ мўҳлат муқаррар менамояд.
  1. Дар ҳолати иҷро нагардидани супориши такрорӣ дар бораи боздоштан ё қатъ намудани чорабинии оммавӣ намояндаи ваколатдори мақомоти корҳои дохилӣ ташкилотчии чорабинии оммавиро дар бораи истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ огоҳ мекунад ва дар ҳолати зарурат ҳуқуқ дорад қувваи ҷисмонӣ ва воситаҳои махсусро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд.
  2. Тартиби боздоштан ё қатъ кардани чорабинии оммавӣ, ки дар
    қисми 1 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, ҳангоми рўй додани бетартибиҳои оммавӣ, харобкорӣ, сўхтор ва дигар ҳодисаҳое, ки амалиёти фавриро талаб мекунанд, татбиқ намегардад. Дар ин ҳолатҳо қатъ намудани чорабинии оммавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои вайронкарданимуқаррароти Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани муқаррароти Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 25. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» (Ахбори Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №10, мод. 109; с. 2011, №6,
мод. 446; с. 2013, №7, мод. 512; с. 2014, №7, қ.2, мод. 403) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Эмомалӣ Раҳмон

Ш.Душанбе
31 декабри соли 2014
№1169

Илова кунед