Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон

26 Июл 2014, Шанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №7 қ1, мод.393; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 январи соли 2019, №1563)
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми июни соли   2014, №1520   (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2014  , № 6 , моддаи 288) қабул гардидааст.
                                                                  Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми июли  соли 2014,№682    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2014, №7қ.2, моддаи 438) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
 
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои  одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— айнияткунонии қурбониёни савдои одамон – муқаррар кардан ва санҷиши шахсияти қурбониёни эҳтимолии савдои одамон;
— асорати қарзӣ – ҳолат ё вазъияте, ки дар натиҷаи он қарздор барои кафолати қарз меҳнати шахсии худ ё меҳнати шахси ба вай вобастабударо ба гарав мегузорад, агар арзиши кори иҷрошаванда  барои пардохти қарз ҳисоб карда нашавад ва ё агар давомнокии ин кор бо ягон мўҳлат маҳдуд нагашта бошад ва ё агар хусусияти кор ва андозаи  музди меҳнат муайян карда нашуда бошад;
— вазъияти ноилоҷӣ – вазъияти вобастагӣ, тобеият, ки бо маҷбуркунии мунтазами ѓайриқонунии инсон ба содир намудани ягон ҳаракат ё беҳаракатӣ ба манфиати шахсони дигар, ба зисту зиндагонӣ дар ҷои муайян ё бо шахсони муайян, ба иҷрои корҳои муайян ё расонидани хизматрасонии муайян барои шахси дигар бо подош ё ройгон алоқаманд буда, дар натиҷаи асорати қарзӣ ё урфу одатҳо ба вуҷуд омадааст, ки тибқи онҳо занро ба шахси дигар ҳамчун мерос, бо подош ё бо дигар тарз бе ҳуқуқи инкор кардан аз ҷониби ў медиҳанд ва ё кўдак аз тарафи падару модар, дигар намояндаи қонунии ў ё шахси онҳоро ивазкунанда ба шахси дигар бо подош ё бидуни он бо мақсади истисмори кўдак дода мешавад;
— виктимизатсия – зиёд гардидани хатари ҷалби қурбонии имконпазир ба самти савдои одамон ва истифодаи қурбонӣ ба сифати объекти истисмор дар натиҷаи ба вуҷуд омадан ё қасдан ба вуҷуд овардани ҳолатҳои объективӣ ва субъективие, ки ба ин мусоидат мекунанд;
— ревиктимизатсия – зиёд гардидани хатари ҷалби такрории қурбонӣ ба самти савдои одамон ҳамчун объекти истисмор;
— ѓуломӣ — ҳолат ё вазъияти шахсе, ки нисбат ба вай новобаста аз розигии ў баъзе ё тамоми салоҳияти ба ҳуқуқи моликият хосбуда татбиқ карда мешавад, аз ҷумла соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани инсон;
— дигар аҳдҳои ѓайриқонунӣ нисбат ба қурбонии савдои одамон – супоридани инсон ба сифати предмети аҳди музднок ё бемузд ба шахси (шахсони) дигар, аз ҷумла ба сифати тўҳфа, ба ивази ягон сарватҳои моддӣ ва ё ба ихтиёрдорӣ ё истифодаи муваққатии музднок (кироя) ва ё ба сифати таъмини иҷрои уҳдадориҳо аз рўи аҳд (гарав) ё эквиваленти пардохти сарватҳои моддии додашуда, корҳои иҷрошуда (хизматрасониҳо) ва ё бо тартиби ҷуброни зарари ба дигар тараф расонидашуда; (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
— истисмор – истифодаи инсон ё меҳнати вай барои гирифтани фоидаи моддӣ ё дигар фоида аз ҷониби дигар шахсон ба воситаи қасдан ба вуҷуд овардан ва (ё) истифода бурдани ҳолати оҷизии инсон ва ё маҷбур кардани инсон барои ба манфиати шахси истисморкунанда ё дигар шахсон иҷро кардани корҳо, хизматрасониҳо ё содир намудани дигар амалҳо, новобаста ба хусусияти музднокӣ ё ройгон будани онҳо, аз ҷумла машѓул шудан бо фоҳишагӣ, хизматрасонии дигари дорои хусусияти шаҳвонӣ, машѓул шудан ба гадоӣ, меҳнат ё хизматрасонии маҷбурӣ, ѓуломӣ ё урфу одатҳои ба ѓуломӣ монанд, вазъияти ноилоҷӣ, ѓайриқонунӣ гирифтани узв ва (ё) бофтаҳои инсон, писархондии (духтархондии) ѓайриқонунӣ бо мақсади тиҷорат, ҳамчунин ѓайриқонунӣ истифода бурдани инсони дигар бо мақсадҳои репродуктивӣ ё дар таҳқиқоти биотиббӣ ва ё дар воҳидҳои мусаллаҳи ѓайриқонунӣ ва (ё) низоъҳои мусаллаҳона ва ё дар дигар фаъолияти ҷиноятӣ ё зиддиҳуқуқӣ;
— истисмори иқтисодӣ – истисмори инсон ё меҳнати вай бо мақсади гирифтани фоидаи моддӣ ё дигар фоида аз ҷониби дигар шахсон ба воситаи гузоштани ў дар асорати қарзӣ, ҳолати ѓуломӣ ё истифода бурдан барои меҳнати ѓуломона, меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ ва ё дар ҳолати ба ѓуломӣ монанд;
— истисмори шаҳвонӣ – гирифтани фоидаи моддӣ ё дигар фоида ба воситаи маҷбур кардани шахси дигар, аз ҷумла бо роҳи сўиистифода аз ҳолати оҷизии ў ба расонидани хизмати дорои хусусияти шаҳвонӣ ё ба содир намудани дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, аз ҷумла истифодаи ў барои машѓул шудан ба фоҳишагӣ, иштирок дар чорабиниҳои намоишии дорои хусусияти шаҳвонӣ, тайёр кардани мавод ё предметҳои порнографӣ ва ё нигоҳ доштан дар ѓуломии шаҳвонӣ;
— иръоб (шантаж) – маҷбуркунии қурбонии савдои одамон ба содир намудани ягон хел ҳаракатҳо ё рад кардани содир намудани онҳо зери таҳдиди паҳн кардани маълумоти бадномкунандаи қурбонӣ ё наздикони ў, ҳамчунин маълумоте, ки метавонанд ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбонӣ ва ё ба манфиатҳои қонунии наздикони ў зарари ҷиддӣ расонанд;
— кўдак- қурбонии савдои одамон – шахсе, ки то расидан ба синни ҳаждаҳ аз ҷиноятҳо дар самти савдои одамон зарар дидааст;
— қурбонии савдои одамон – шахси воқеии аз савдои одамон зарардида, аз ҷумла ба савдои одамон ҷалбшуда ё дар вазъияти ноилоҷӣ нигоҳдошташаванда, новобаста аз вазъи мурофиавии ў, инчунин мавҷуд будан ё набудани розигии ў ба пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан, фурўш, истисмор ва дигар ҳаракатҳое, ки ба савдои одамон вобастаанд;
— қурбониёни имконпазири савдои одамон – шахсони ба оворагардӣ, гадоӣ машѓулбуда, кўдакони ятим ва кўдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, кўдакони беназорат, шахсони мубталои машруботи алкоголӣ, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, инчунин дигар шахсоне, ки дар ҳолати аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок ё осебпазири барои нисбати онҳо содир гардидани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон мусоидаткунанда қарор доранд;
— маҷбуркунии инсон – таъсиррасонии ҷисмонӣ ё рўҳӣ ба дигар инсон бо мақсади водор намудани ў бар хилофи ё қатъи назар аз ирода ва розигиаш ба содир намудани ягон ҳаракатҳо ё рад кардани содир намудани онҳо ба фоидаи шахси маҷбуркунанда ё дигар шахсон бо роҳи одамрабоӣ ё бо роҳи зўрӣ маҳдудкунии озодии шахси маҷбуршаванда, нисбат ба вай истифода бурдани зўроварии ҷисмонӣ, шаҳвонӣ ё рўҳӣ ва ё дигар таҳдидҳо, иръоб (шантаж) ва ё бо мақсадҳои зикргардида истифода бурдани моддаҳои заҳролуд, сахттаъсир ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда, ҳамчунин ба воситаи қасдан фароҳам овардан ва (ё) истифода бурдани вазъияти ноилоҷӣ ё ҳолати оҷизии шахси маҷбуршаванда;
— меҳнати маҷбурӣ – ҳама гуна кор ё хизматрасонӣ, ки аз ҷониби шахс, қатъи назар аз хоҳиш ва иродаи ў зери таъсиррасонии маҷбурӣ ва (ё) бо истифода аз ҳолати оҷизии ў иҷро мешавад, аз он ҷумла бо вайронкунии қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва меъёрҳои пардохти музди меҳнат, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ мешаванд;
— муассисаи (маркази, паноҳгоҳи) махсус оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон – шахси ҳуқуқие, ки бо мақсади расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ ва (ё) дигар намуди кумак ба қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла ҷиҳати муваққатан таъмин ва ҷойгиркунӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст;
— муқовимат ба савдои одамон – фаъолият оид ба огоҳонидан, ошкор намудан, пешгирӣ кардан, ба ҳадди ақал расонидани оқибатҳои  савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни он;
— мутобиқгардонии иҷтимоии қурбонии савдои одамон – мувофиқгардонии фаъоли шахси аз савдои одамон зарардида ба қоидаҳо ва меъёрҳои рафтори дар ҷамъият қабулгардида, барқарор намудани раванди иҷтимоишавии аз таҷовуз вайроншуда, бартараф намудани оқибатҳои зарари равонӣ ё маънавӣ, ки ба ў дар рафт ё дар натиҷаи истисмори ў ва ё нисбат ба ў содир шудани дигар ҷиноятҳо дар самти савдои одамон расонида шудааст;
— расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон – маҷмўи чораҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи ҳифзи қурбониёни савдои одамон, мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо, аз ҷумла ба онҳо расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намудҳои  кумак;
— савдои кўдакон – ҳама гуна амал ё аҳде, ки ба воситаи онҳо кўдак ѓайриқонунӣ аз тарафи падару модар, дигар намояндаи қонунӣ ё дигар шахсе (гурўҳи шахсоне), ки кўдак доимӣ ё муваққатӣ дар парастории вай (онҳо) мебошад, ба дигар шахс (гурўҳи шахсон) бар ивази подоши моддӣ ё дигар ҷуброн, бо мақсади истисмори ў ва ё ба даст овардани фоидаи моддӣ ё дигар фоида, инчунин бо мақсади фарзандхондии ѓайриқонунии кўдак, новобаста аз тарзҳои ҳангоми он истифодашаванда супорида мешавад;
— савдои одамон – хариду фурўши одам ва ё нисбат ба ў анҷом додани дигар аҳдҳои ѓайриқонунӣ, ҳамчунин новобаста аз розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ў ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ѓайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сўиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сўиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ў қарор дорад; (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
— савдогари одамон – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки мустақилона ё бо гурўҳи шахсон савдои одамонро амалӣ менамояд, инчунин фаъолияти мазкурро маблаѓгузорӣ менамояд ва ё аз ҳисоби он  фоидаи моддӣ ё дигар фоида ба даст меорад, ҳамчунин шахси мансабдоре, ки бо амалҳои худ ба савдои одамон мусоидат менамояд ё ба он монеъ намешавад ё муқовимат намекунад, гарчанде вазифадор аст, ин корро мувофиқи ваколатҳои хизматии худ иҷро намояд;
— содир намудани ҷиноят бо истифода аз вазъи хизматии худ – содир кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ва ҷиноятҳои бо он алоқаманд аз ҷониби шахси мансабдор ё шахсе, ки ба зиммаи ў функсияҳои идоракунӣ, ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ ё маъмурию хоҷагидорӣ дар ташкилотҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо вогузошта шудаанд, инчунин дигар корманди мақомоти  ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ки бо мақсадҳои зикргардида вазъи хизматии худ ва ё ваколатҳои хизматии ба онҳо додашударо истифода мебаранд;
— тавонбахшии иҷтимоии қурбонии савдои одамон – чорабиниҳое, ки барои барқарор  намудани робита ва функсияҳои иҷтимоии аздастдодаи шахси аз савдои одамон зарардида, инчунин дигар чорабиниҳое, ки барои ба ҷамъият ва оила баргардонидани (реинтегратсияи) қурбониёни савдои одамон равона шудаанд;
— туризми шаҳвонии кўдакон – сафарҳои туристӣ, аз ҷумла ба хориҷи кишвар аз ҷониби шахсони ба балоѓатрасида бо мақсади алоқаи ҷинсӣ кардан бо кўдакон ё нисбат ба онҳо содир кардани дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, инчунин бо мақсади истифодаи онҳо ба сифати нақшофарандагон барои истеҳсол намудани мавод ё предметҳои порнографӣ ё ба сифати иштирокчиёни чорабиниҳои намоишии дорои хусусияти порнографӣ;
— хариду фурўши одам – анҷом додани аҳди дутарафаи музднок, ки ба супоридани одам аз ҷониби шахси ўро дар асоси қонунӣ ё ѓайриқонунӣ таҳти вобастагиаш қарордода ба шахси (шахсони) дигар бар ивази подош равона шудааст;
— ҳимояи давлатии ҷабрдидагон ва шоҳидон оид ба парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон (минбаъд — ҳимояи давлатӣ) – аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ намудани чораҳои амниятии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва (ё) молу мулки қурбониёни савдои одамон равона гардидаанд, инчунин чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсони номбурда бо сабаби иштироки онҳо дар мурофиаи судии ҷиноятӣ;
ҳифзи қурбонии савдои одамон – системаи чораҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашуда, ки барои таъмини бехатарӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва озодӣ, риояи дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахси аз ҷиноятҳо дар самти савдои одамон зарардида равона шудаанд;
— ҳолати (вазъияти) ба ѓуломӣ монанд – вазъ ё ҳолати шахси дар вазъияти ноилоҷӣ, аз ҷумла дар асорати қарзӣ қарордошта;
— ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон – вазъияти аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ё иқтисодӣ ҳифзнашуда будани инсон, ки бинобар ба вуҷуд омадан ё қасдан аз ҷониби шахси гунаҳгор ба вуҷуд овардани шароити вазнини зиндагӣ ба миён омадааст ва ё вазъияти вобастагии моддӣ ва дигар вобастагии инсон, аз ҷумла вобаста ба синни кўдакӣ ё пиронсолӣ, ҳомиладорӣ, бемории рўҳӣ ё ҷисмонӣ ва ё норасогии ҷисмонии инсон, ки ўро барои додани розигӣ ба маҷбуркунӣ ва (ё) истисмори ў водор кардаанд;
— ҷалб кардан – ҷустуҷўй, интихоб ва киро кардани шахсон бо роҳи ҳавасмандкунии моддӣ барои ба манфиати кирокунанда ё дигар шахсон иҷро намудани ягон кор, хизматрасонӣ ва ё анҷом додани дигар фаъолият, ҳамчунин фаъолияти зиддиҳуқуқӣ, аз ҷумла дар ҳудуди давлати хориҷӣ. (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
 
Моддаи 2. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур
  1. Қонуни мазкур ба таъсис додан ва баланд бардоштани самаранокии системаи муқовимат ба савдои одамон тавассути муайян кардани асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии сиёсати давлатӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур, муқаррар намудани принсипҳои умумии ҷавобгарии ҳуқуқии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкунӣ дар самти савдои одамон, муқаррар кардани мақоми ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон, кафолатҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва шаклҳои ҳимояю дастгирии онҳо, батанзимдарории қонунии ваколатҳои субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон, асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҳамкории байни онҳо, инчунин бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ равона шудааст.
  2. Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
— фароҳам овардани маҷмўи кафолатҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва мурофиавии самараноки ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлат аз ҳама шаклҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои бо он алоқаманд;
— танзими ҳуқуқии асосҳои системаи умумидавлатии маҷмўии муқовимат ба савдои одамон, ки чораҳои ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои ногувори онҳо, ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидани шахсоне, ки дар савдои одамон гунаҳгоранд, инчунин ошкор намудан ва айнияткунонии қурбониёни савдои одамон, расонидани кумак ба онҳо ва таъмини амнияти қурбониёни савдои одамон равонгардидаро дар бар мегирад;
— фароҳам овардани асосҳои ташкилию ҳуқуқии таъмини фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва дигар субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон;
— ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ѓайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон;
— ташаккули асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва иҷро намудани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон
— таъмини қурбониёни савдои одамон бо маҷмўи маъмулии ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла чораҳои вобаста ба расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намудҳои кумак;
— барқарор намудан ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон бо ҷудо кардани гурўҳҳои нисбатан осебпазири онҳо;
— мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии пурраи иҷтимоии  қурбониёни савдои одамон, ворид намудани  онҳо ба муҳити мўътадили иҷтимоӣ;
— ба қурбониёни савдои одамон пурра ҷуброн намудани зарари  маънавӣ ва моддии ба онҳо расонидашуда;
— аз ҷониби давлат андешидани маҷмўи чораҳои дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, таълимию маърифатӣ, иттилоотӣ ва чораҳои дигар ҷиҳати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла чораҳое, ки барои бартараф намудани сабабу шароитҳои ба виктимизатсия ва ревиктимизатсияи онҳо мусоидаткунанда равона шудаанд.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи
 муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои
                    одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои
                    одамон
  1. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо назардошти вазъияти дохилӣ ва берунии муқовимат ба савдои одамон, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгўии афзоиши ин намуди ҷинояткорӣ, инчунин ҳолати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ, савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни ҷиноятҳои зикргардида равона шудаанд, ташаккул меёбад.
  2. Давлат бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, хусусан занҳо ва кўдакон чораҳои зарурӣ андешида, ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва таъмини бехатарии онҳо, аз ҷумла тавассути таҳияи барномаҳои давлатии мақсаднок дар ин самт ва муттаҳид намудани фаъолияти субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ диққати махсус медиҳад.
  3. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
— таъмини аввалиндараҷаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, кафолати давлатии амнияти онҳо, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафи онҳо, ҳуқуқ ба махфиёна нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсияти онҳо;
— муносибати системавӣ ба ташкили муқовимат ба савдои одамон, аз ҷумла огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафкунии оқибатҳои онҳо, ҳифзу дастгирии қурбониёни савдои одамон, инчунин ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар савдои одамон гунаҳгоранд ва пешгирии ретсидиви чунин ҷиноятҳо;
— афзалияти пешгирии савдои одамон ва ҷиноятҳои бо он алоқаманд, аз ҷумла тадбирҳое, ки барои паст намудани талабот ба истисмори шаҳвонӣ, иқтисодӣ ва дигар намудҳои истисмори инсон, пешгирии виктимизатсияи қурбониёни савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд равона карда шудаанд;
— татбиқи маҷмўии чораҳои дорои хусусияти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, ҳуқуқӣ, мурофиавӣ, оперативӣ — ҷустуҷўӣ ва дигар хусусият  ҳангоми ташкили муқовимат ба савдои одамон;
— ногузирии ҷавобгарии шахсоне, ки дар савдои одамон гунаҳгоранд;
— ба ҳадди ақал расонидани даромадҳо аз фаъолияти ҷиноятӣ дар самти савдои одамон, тавассути татбиқ намудани ҷазоҳои ҷиноятӣ, пеш аз ҳама мусодираи молу мулк;
— шарикии иҷтимоӣ ва ҳамкории давлат бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ѓайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон ҳангоми ташкили муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон;
— ҳимояи давлатии кафолатдодашуда, барқарор кардани ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одамон, ҷуброни зарари ба онҳо расонидашуда, таъмини амнияти онҳо, новобаста аз рафтори онҳо то содир гардидани ҷиноят, ҳамчунин омодагии онҳо барои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми тафтишот ва баррасии судии ҷиноятҳои нисбати онҳо содиршуда;
— афзалияти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кўдакон-қурбониёни савдои одамон, аз ҷониби давлат таъмин намудани ҳифзи махсуси онҳо ва аз тарафи тамоми субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон ба онҳо расонидани кумаки ҳамаҷониба;
— муносибати фардӣ дар муайян кардани ҳаҷми хизматрасонӣ оид ба мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон вобаста ба розигии онҳо барои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
— ба ҷавобгарӣ накашидани шахсони аз савдои одамон зарардида барои кирдори зиддиҳуқуқие, ки ба ҷалби онҳо ба савдои одамон ба сифати қурбонӣ алоқаманд мебошад;
— роҳ надодан ба табъизи қурбониёни савдои одамон, муносибати одилона ва инсондўстона нисбат ба онҳо;
— таъмини дастрасии озод ва ройгони қурбониёни савдои одамон ба адолати судӣ;
— махфиёна будани иттилоот дар бораи қурбониёни савдои одамон ва наздикони онҳо.
  1. Давлат бо мақсади амалӣ гардонидани принсипҳои сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон инҳоро таъмин менамояд:
— мутобиқати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;
— дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос намудани хусусият ва дараҷаи барои ҷамъият хавфнокӣ, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгўии афзоиши ҷинояткорӣ дар самти савдои одамон, шакл ва намудҳои он;
— ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти муқовимат ба савдои одамон бо самтҳои омехтаи фаъолияти давлат дар соҳаи сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ, муҳоҷират, иттилоотӣ, таълимӣ ва иҷозатномадиҳӣ;
— таҳия ва татбиқи барномаҳои миллӣ оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани савдои одамон, оид ба тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни он, расонидани кумак ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлатӣ ба онҳо;
— амалӣ намудани назорати давлатӣ ба риояи қонунгузории Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон;
— такмили механизмҳои ҳамкории мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сарҳад, муҳоҷират, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм,  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо барои қабул намудани тадбирҳои мувофиқашудаи муқовимат ба савдои одамон, хусусан занон ва кўдакон;
— ҳамоҳангсозии амалҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ѓайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, табақаҳои васеи аҳолӣ оид ба огоҳонидан ва пешгирии савдои одамон.
  1. Сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҷабрдидагон ва шоҳидон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон таҳти назорати прокурорӣ дар асоси принсипҳои қонуният, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, масъулияти мақомоте, ки ҳифзи давлатии шахсони мазкурро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд, амалӣ мешавад.
 
                       БОБИ 2. АСОСҲОИ ТАШКИЛИИ МУҚОВИМАТ
                                        БА САВДОИ ОДАМОН ВА РАСОНИДАНИ
                                        КУМАК БА ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ
                                        ОДАМОН
 
Моддаи 5. Системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон
  1. Системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ѓайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон оид ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои иҷтимоии онҳо, оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро дар бар мегирад.
  2. Давлат самаранокии муқовимат ба савдои одамонро бо роҳи татбиқи чораҳои маҷмўӣ оид ба такмили кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон ваколатдор мебошанд, баланд бардоштани салоҳиятнокӣ ва ихтисоснокии кормандони онҳо, таъмини огоҳонидан, ошкор намудан, пешгирӣ кардан ва тафтиши ҳамаи ҳолатҳои савдои одамон, муқаррар ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда, ошкоркунии шахсони дар содиркунии ҷиноятҳои зикргардида гунаҳгор, ногузирии ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кашидани онҳо ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро кафолат медиҳад.
 
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти
                    муқовимат ба савдои одамон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— сиёсати давлатиро дар самти муқовимат бо савдои одамон амалӣ менамояд;
— таҳия, банақшагирӣ, маблаѓгузорӣ ва амалӣ намудани чораҳои маҷмўиро оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон таъмин мекунад;
— санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ташкил ва тартиби амалӣ намудани фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамонро танзим менамоянд, қабул мекунад;
— иҷрои санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба савдои одамон  таъмин мекунад;
— Низомномаи Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамонро тасдиқ менамояд;
— нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамонро тасдиқ менамояд ва татбиқи онро таъмин мекунад;
— барномаҳои давлатиро, ки барои муқовимат ба савдои одамон равона шудаанд, тасдиқ мекунад;
— оид ба таъмини фаъолияти субъектҳои системаи муқовимат ба  савдои одамон тадбирҳо меандешад;
— барои таъмини фаъолияти ташкилию ҳуқуқӣ, молиявӣ ва моддию техникии субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон дар самти расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон чораҳо меандешад;
— фонди расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро таъсис дода, тартиби ташкил ва фаъолияти онро муайян мекунад;
— номгўйи ҷиноятҳои бо савдои одамон алоқамандро муайян мекунад; (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
— номгўи мансабҳоро, ки бо фаъолияти омўзгорӣ, пешбурди вазифаҳои тарбиявӣ нисбати кўдакон алоқаманд мебошанд, инчунин касбҳои бо кори доимӣ бо кўдакон вобастабударо, ки ишѓоли онҳо аз ҷониби шахсони қаблан ҷиноятҳои ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсиро содирнамуда манъ аст, тасдиқ менамояд;
— дигар ваколатҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.
 
Моддаи 7. Субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои
                    одамонро амалӣ менамоянд
  1. Субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд, инҳо мебошанд:
— Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он;
— Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  1. Субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд, дар доираи ваколатҳои худ дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон, таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти мазкур, таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои мақсадноки давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон иштирок менамоянд.
  2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он:
— назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи муқовимат ба савдои одамон амалӣ намуда, дар доираи ваколатҳои худ оид ба пешгирии савдои одамон тадбирҳо меандешанд;
— фаъолияти мақомоти давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамонро ҳамоҳанг месозанд;
— ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷиҳати бартарафсозии чунин ҳолатҳо тадбирҳо меандешанд;
— ҳангоми аз мақомоти давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон, ташкилотҳо ва шаҳрвандон гирифтани маълумот дар бораи мавҷудияти ҳолатҳои ба савдои одамон вобаста, оид ба бартараф намудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо амр мебароранд, ки иҷрои он аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад ё бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд аризаро дар бораи дахл доштани ташкилотҳо ба савдои одамон, манъ кардани фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барҳам додани чунин ташкилотҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ё дар бораи қатъи фаъолияти намояндагии чунин ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, пешниҳод менамоянд. Аз лаҳзаи пешниҳоди ариза ба суд фаъолияти ташкилоти ба савдои одамон дахлдор боздошташуда ҳисобида мешавад;
— таъқиби ҷиноятии шахсонеро, ки савдои одамон ё ҷиноятҳои ба он алоқамандро содир намудаанд, амалӣ мекунанд;
— дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
  1. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ:
— дар асоси иттилооти аз субъектҳои давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон пешниҳодгардида, махзани ягонаи маълумот дар бораи савдои одамонро таъсис медиҳад;
— воҳидҳои махсусгардонидашуда оид ба муқовимат ба савдои одамон (минбаъд- воҳидҳои махсусгардонидашуда)-ро таъсис медиҳад;
— огоҳонидан, ошкор кардан ва пешгирӣ намудани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқамандро амалӣ менамояд;
— бо мақсади ошкор кардан ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба савдои одамон мусоидаткунанда чораҳои пешгирикунанда меандешад;
— дар асоси ариза ҳимояи қурбониёни савдои одамонро дар давраи  мурофиаи ҷиноятӣ таъмин менамояд ва ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар кумакро мерасонад;
— барои ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандоне, ки ба онҳо вобаста ба расонидани ёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон хатар таҳдид мекунад, тадбирҳо меандешад;
— фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, фаъолият оид ба таъқиби ҷиноятӣ, ҳамкории байналмилалӣ, айнияткунонии қурбониёни савдои одамон, таҳлили иттилоот, инчунин таъсиси марказҳо оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани савдои одамонро амалӣ менамояд;
— дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
  1. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ:
— огоҳонидан, ошкор кардан ва пешгирӣ намудани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқамандро амалӣ менамояд, чораҳои пешгирикунандаро оид ба ошкор ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба савдои одамон ва содир намудани ҷиноятҳои ба он алоқаманд мусоидаткунанда меандешад;
— муқовимат ба савдои одамонро ба воситаи ошкор намудани алоқаҳои ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо савдогарони одамон, огоҳонидан, ошкор кардан ва пешгирӣ намудани кўшишҳои савдогарони одамон ҷиҳати гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷойивазкунии ѓайриқонунии курбониёни савдои одамонро тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
— таъқиби ҷиноятии шахсонеро, ки савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои ба он алоқамандро содир намудаанд, амалӣ менамояд;
— дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
  1. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили маҷмўӣ ва арзёбии ҳолати мубориза бо ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ва алоқамандии чунин ҷиноятҳоро бо савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд мегузаронад. Дар ҳолати ошкор кардани ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқаманд, муайян кардани фаъолияти гурўҳҳои ҷинояткори нашъаҷаллобӣ, ки ба савдои одамон алоқаманданд ва дорои хусусияти байниминтақавӣ ва байналмилалӣ мебошанд, инчунин шахсоне, ки ба чунин ҷиноятҳо дахл доранд ва қурбонии имконпазири савдои одамон эътироф шудаанд, дар якҷоягӣ бо дигар субъектҳои муқовимат, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, барои гузаронидани фаъолияти минбаъдаи ошкор кардан, пешгирӣ намудан, қатъ кардан ва кушодани ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқаманд, ҳамкорӣ менамояд.
  2. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро оид ба ошкор кардан ва пешгирӣ намудани кўшишҳои аз ҷониби савдогарони одамон гузаштани сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин пешгирии рафтуомади ғайриқонунии қурбониёни савдои одамонро тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
  3. Субъектҳои давлатии бевосита амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон дар доираи салоҳияти худ дар самти расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
— пешгирии виктимизатсияи қурбониёни савдои одамон;
— амалӣ намудани чорабиниҳое, ки барои ошкор намудан ва айнияткунонии қурбониёни савдои одамон равона шудаанд;
— амалӣ гардонидани ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои системаи давлатӣ ва ѓайридавлатии муқовимат ба савдои одамон оид ба масъалаҳои расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон.
 
Моддаи 8. Субъектҳои дигари давлатии амаликунандаи
                    муқовимат ба савдои одамон
  1. Субъектҳои дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон инҳо мебошанд:
— Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
— мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
— ташкилотҳои давлатӣ.
  1. Субъектҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда дар таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон, ошкор намудани ҳолатҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд иштирок намуда, оид ба бартарафсозии сабаб ва шароитҳои мусоидаткунандаи савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, ҳимоя ва расонидани кумаки иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ ва равонӣ чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, ислоҳнамоӣ, тавонбахшӣ ва дигар чораҳоро, ки барои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон, инчунин пешгирии виктимизатсияи онҳо равона шудаанд, меандешанд ва дар доираи салоҳияти худ ба субъектҳои давлатии бевосита амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон мусоидат менамоянд.
  2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— кори мақомоти давлатиро оид ба ташвиқу тарѓиб ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ташкил ва ҳамоҳанг месозад, ҳолати ташвиқу тарѓиби ҳуқуқӣ ва донишҳои ҳуқуқии аҳолиро дар ин самт таҳлил менамояд;
— риояи қонуниятро ҳангоми бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон ба муқовимат ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд равона шудааст, таъмин менамояд ва фаъолияти чунин иттиҳодияҳои ҷамъиятиро месанҷад;
-барномаҳои давлатиро оид ба расонидани кумаки махсусгардонидашуда ба шахсоне, ки аз иллати шаҳвонӣ азият мекашанд, аз ҷумла барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон маҳкум шудаанд, таҳия карда, татбиқи онро ташкил менамояд.
  1. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— барномаҳои таълимиро оид ба масъалаҳои ошкор кардани савдои одамон ва тарзҳои муқовимат ба он, ки барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва омўзиш дар муассисаҳои таълимӣ таъин гардидаанд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
-воситаҳои барномавӣ ва техникии маҳдудияти дастрасии кўдаконро ба маълумоти паҳнгардидаи Интернет, ки ба саломатӣ, инкишофи маънавӣ ва рўҳии онҳо метавонанд зарар расонанд, таҳия менамояд;
— барномаҳои таълимии ба гурўҳҳои гуногуни иҷтимоӣ нигаронидашуда, барои пешгирии виктимизатсияи аҳолӣ ва қурбониёни имконпазири савдои одамон равонагардида, аз ҷумла барои таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таъингардидаро, таҳия, тасдиқ ва  татбиқи онҳоро таъмин мекунад.
  1. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— барномаҳои ба қурбониёни савдои одамон расонидани кумаки тиббӣ ва равонӣ, инчунин  бо доруворӣ таъмин кардани муассисаҳои махсусро таҳия карда, иҷрои онҳоро таъмин менамояд;
— тавассути шўъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қурбониёни савдои одамон додани иттилоот ва машваратро таъмин менамояд, ба онҳо имкониятҳоеро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифзшаванда пешбинӣ шудааст, пешниҳод мекунад;
— барномаҳои давлатиро оид ба расонидани кумаки махсусгардонидашуда ба шахсоне, ки аз иллати шаҳвонӣ азият мекашанд, аз ҷумла ба шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон маҳкум шудаанд, таҳия карда, татбиқи онҳоро ташкил менамояд.
  1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— маълумотро дар бораи кўдакон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ба таври доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба фарзандхондӣ қабул шудаанд, ҷамъ оварда, шароитҳои зисти онҳоро меомўзад ва ҳар нимсола дар ин бора ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад;
— дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ба тавонбахшии қурбониёни савдои одамон кумакрасон фаъолиятро оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қурбонии савдои одамон гаштаанд ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, амалӣ менамояд ва барои ба Тоҷикистон баргардонидани онҳо мусоидат мекунад;
— ба мақомоти давлатии кишварҳои истиқомати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон маълумот пешниҳод менамояд, доир ба чораҳои муқовимат ба савдои одамон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, аз ҷумла дар бораи ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одамон иттилоот паҳн менамояд;
— барасмиятдарорӣ ва додани ҳуҷҷатҳои бозгаштро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қурбониёни савдои одамон — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони бешаҳрванди ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми гуреза ё паноҳгоҳи сиёсӣ дода шудааст, фавран таъмин менамояд.
  1. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— фаъолиятро оид ба иттилоотонии аҳолӣ дар бораи вазъи бозори меҳнат, тайёрии касбӣ, ҳавасмандгардонӣ оид ба бокортаъминкунӣ ба воситаи хизматрасонии иттилоотию машваратӣ дар бораи касб, хизматрасонӣ оид ба интихоби касб ва таълим, инчунин машварат ва кумак оид ба оғози фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамояд;
— тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ташкил ва ба роҳ мондани чунин фаъолиятро бо мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин ташкил ва гузаронидани чораҳои иттилоотию пешгирикунандаро, ки ба муқовимат ба савдои одамон мусоидат мекунанд, амалӣ менамояд;
— дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қурбонии савдои одамон гаштаанд ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, таъмин менамояд.
  1. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар субъектҳои дахлдори амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон барномаҳои иҷтимоию иқтисодиро, ки барои бартараф намудани сабаб ва шароитҳои хусусияти иқтисодидоштаи ба муҳоҷирати ѓайриқонунӣ, аз ҷумла савдои одамон мусоидаткунанда равона шудаанд, таҳия ва амалӣ менамояд.
  2. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
— дар якҷоягӣ бо дигар субъектҳои дахлдори амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон иҷрои барномаҳои давлатиро вобаста ба муқовимат ба савдои одамон ва ҷалб нагаштани занон ба сифати қурбонии имконпазири савдои одамон амалӣ менамояд;
— чораҳои вобаста ба огоҳонидан, маълумотдиҳӣ, маърифатнокӣ, машваратдиҳӣ, бозравонӣ ва дастгирии иҷтимоии қурбониёнро дар самти савдои одамон дар байни занон амалӣ мегардонад.
  1. Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
— дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таълимии диниро дар самти муқовимат ба савдои одамон таҳия менамояд;
— чораҳои вобаста ба огоҳонидан, маълумотдиҳӣ, маърифатнокӣ ва машваратдиҳиро дар самти савдои одамон дар байни аҳолӣ амалӣ мегардонад.
  1. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ якҷоя бо субъектҳои дигари дахлдори амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон чораҳои вобаста ба огоҳонидан, маълумотдиҳӣ, маърифатнокӣ, машваратдиҳӣ, шуѓл, фароѓат ва вақтхушӣ, инчунин бозравонӣ ва дастгирии иҷтимоии қурбониёни савдои одамонро дар байни ҷавонон амалӣ мегардонад.
  2. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ якҷоя бо субъектҳои дигари дахлдори амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон назорати фаъолияти танзимгарони сайёҳӣ ва агентиҳои сайёҳӣ, инчунин тиҷорати моделӣ, шуѓл ва намудҳои дигари фаъолият, ки метавонанд барои ҷалби қурбониёни имконпазири савдои одамон истифода шаванд, амалӣ менамояд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
  3. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои алоҳидаи давлатии аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба онҳо вогузоршаванда дар амалигардонии муқовимат ба савдои одамон иштирок менамоянд.
  4. Ташкилотҳои давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ амалисозии дар фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбонии савдои одамон иштирок мекунанд.
  5. Ташкилотҳои ѓайридавлатӣ ва шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
 
Моддаи 9. Фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти
                    муқовимат ба савдои одамон
  1. Бо мақсади пешгирӣ кардани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, ҳимоя ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолиятро дар ин самт амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд:
— бо мақомот ва ташкилотҳои давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон, ки дар моддаҳои 7  ва 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд ва ҳамчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ кунанд;
— маъракаҳои иттилоотиро оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон, аз ҷумла оид ба масъалаҳои хатарҳое, ки қурбониёни савдои одамон гирифтор шуда метавонанд, ташкил намоянд;
— муассисаҳои (марказҳои, паноҳгоҳҳои) махсусро оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (минбаъд-муассисаҳои махсуси ѓайридавлатӣ) ташкил кунанд;
— дигар фаъолиятро, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, амалӣ намоянд.
  1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мутобиқи оинномаи худ фаъолиятро оид ба муайян ва ошкор кардани қурбониёни савдои одамон амалӣ намуда, ба онҳо ҳимояи ҳуқуқӣ ва дигар ҳимояро пешниҳод мекунанд ва кумак мерасонанд, инчунин оид ба пешгирӣ кардани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд тадбирҳо меандешанд.
 
Моддаи 10. Фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ дар
                      самти муқовимат ба савдои одамон
Бо мақсади пешгирӣ кардани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, ошкор кардани қурбониёни савдои одамон, ҳимоя ва кумак кардан ба онҳо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷие, ки фаъолиятро дар самти муқовимат ба савдои одамон амалӣ мегардонанд, ҳуқуқ доранд бо мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои дар моддаҳои 7 — 9 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳамкорӣ кунанд, лоиҳаҳои ёрии техникии байналмилалиро, ки ба муқовимати савдои одамон равона карда шудаанд, аз ҷумла ба воситаи ташкили муассисаҳои махсуси ѓайридавлатӣ амалӣ намоянд.
 
Моддаи 11. Ҳамкории мақомоти давлатӣ бо  иттиҳодияҳои
                     ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва
                     ѓайридавлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон
  1. Мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ ҳамкориро бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ѓайридавлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон бо мақсади баланд бардоштани самаранокии огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирии савдои одамон, пешниҳоди ҳимоя ва кумак ба қурбониёни он, ҳамоҳангсозии корҳои профлактикӣ дар самти мазкур, инчунин пурзўр намудани назоратбарии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро аз рафт ва натиҷаҳои ин фаъолият таъмин менамоянд.
  2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ѓайридавлатӣ, ки дар самти муқовимат ба савдои одамон фаъолият менамоянд, бо қурбониёни имконпазири савдои одамон корҳои маърифатӣ мегузаронанд, онҳоро дар бораи хатарҳое, ки дар ҳолатҳои номусоиди ҳаётӣ дучор шуда метавонанд, хабардор менамоянд, дар ташкили муассисаҳои махсуси ѓайридавлатӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо иштирок менамоянд.
  3. Мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионии дастрасии кушода ва алоқаро дар фаъолияти онҳо оид ба пешгирии савдои одамон, аз ҷумла тавассути тадбирҳои зерин амалишавандаро дастгирӣ мекунанд:
— ташкили мониторинги иттилооте, ки бо иштироки онҳо пахш мешавад, ташкили «хатҳои оҷилӣ»;
— ҷорӣ намудани системаи таснифи мазмуни маҳсулоти иттилоотии аз ҷониби онҳо паҳншаванда;
— насби филтрҳои мазмунӣ ва мониторинги захираҳои иттилоотии аз ҷониби онҳо дастгиришаванда;
— истифодаи воситаҳои техникӣ ва барномавии муҳосира кардани иттилооте, ки паҳн намудани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
  1. Давлат аз тарафи операторони алоқаи мобилӣ ва алоқаҳои интернетӣ бастани созишномаҳои дохилидавлатӣ ва байнидавлатиро оид ба таъмини истифодаи бехатари хизматрасонии мобилӣ ва дигар намудҳои алоқаи телекоммуникатсионӣ аз тарафи кўдакон, аз ҷумла анҷом додани чораҳои зеринро ҳавасманд мегардонад:
— назоратбарии дастрасии кўдакон ба алоқаҳои мобилӣ ва электронӣ дар реҷаи «танҳо барои калонсолон»;
— гузаронидани маъракаҳои  маърифатӣ  барои омўзгорон, падару модарон ва кўдакон дар бораи тадбирҳои бехатарӣ ҳангоми истифодабарии алоқаи мобилӣ ва дигар намудҳои алоқаи электронӣ;
— ихтиёран гузаронидани таснифи синнусолии мазмуни маҳсулоти иттилоотӣ мутобиқи стандартҳои миллии бехатарии иттилоотии кўдакон;
— тавассути  шабакаҳои алоқаҳои мобилӣ ва интернетӣ иштирок дар огоҳонидан ва пешгирии паҳн кардани хабарҳое, ки мазмуни ѓайриқонунӣ доранд;
— ба истифодабарандагони алоқаҳои мобилӣ ва алоқаи  электронӣ пешниҳод кардани  хизматрасонии таъминоти барномавии назоратбарии падару модар ва омўзгорон, муҳосира ва ҷудо (селексия) намудани дастрасии кўдакон ба захираҳои иттилоотие, ки барои саломатӣ ва инкишофи ахлоқию рўҳии кўдакон хатар доранд.
  1. Ба иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё ташкилоти ѓайридавлатӣ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблаѓҳои буҷети давлатӣ дастгирии молиявӣ пешниҳод карда мешавад, дар ҳолате, ки агар мутобиқи озмуни кушодаи гузаронидашуда барномаҳои чорабиниҳои пешниҳодкардаи онҳо оид ба пешгирии савдои одамон ё таъсиси муассисаи махсуси ѓайридавлатӣ ба нақшаҳои (барномаҳои) идоравӣ ё маҳаллӣ дохил карда шуда, нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамонро инкишоф диҳанд ва мушаххас намоянд.
 
Моддаи 12. Механизми бозравонии қурбониёни савдои
                     одамон
  1. Ҳамкорӣ байни субъектҳои низоми давлатии муқовимат ба савдои одамон бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ѓайридавлатӣ ва байналмилалӣ дар доираи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон тибқи созишнома оид ба ҳамкорӣ амалӣ карда мешавад.
  2. Тартиби амалӣ намудани маҷмўи тадбирҳоро дар доираи механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
 
Моддаи 13. Мониторинги вазъият дар самти савдои одамон ва
                      муқовимат ба он
  1. Субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон мутобиқи салоҳияти худ мониторинги вазъият дар самти савдои одамон ва муқовимат ба онро амалӣ менамоянд.
  2. Асосҳо ва тартиби амалисозии мониторинг дар самти мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо истифодаи воситаҳои барномавӣ ва техникӣ, инчунин тартиб ва шартҳои ҳамбастагии операторони алоқа бо мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ, қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ ва дар бораи технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа танзим мешаванд.
  3. Мониторинги вазъият дар самти савдои одамон дар асоси аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин намудани пурра ва сари вақт ошкор намудан, баҳисобгирӣ ва бақайдгирии ҷиноятҳо дар самти зикргардида амалӣ мегардад.
  4. Мониторинги вазъият дар самти савдои одамон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мутобиқи салоҳияти онҳо бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:
— таҳлили омории ҳолат ва ҷараёни ҷиноятҳо дар самти савдои одамон;
— ташкили мониторинги интернет ва шабакаи алоқаи мобилӣ;
— ташкили шабакаи «хати оҷилӣ» ва телефонҳои боварӣ, аз ҷумла бо истифодаи шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва воситаҳои электронии алоқа;
— ҷамъ овардан, мураттабсозӣ ва таҳлили иттилооте, ки дар натиҷаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ворид мешаванд;
— ҷамъ овардан, мураттабсозӣ ва таҳлили иттилооте, ки аз мақомоту  муассисаҳои маориф ва илм, хизматрасонии тиббии кўдакон, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, дигар мақомоту  муассисаҳои ба кор бо кўдакон машѓулбуда воридшудае, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ҳолатҳои савдои кўдакон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, ки ба кормандони онҳо вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти касбӣ ё хизматӣ маълум шудаанд, иттилоот диҳанд;
— ҷамъ овардан, мураттабсозӣ ва таҳлили иттилоте, ки дар  ариза ва муроҷиатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандон мавҷуданд;
— мониторинги воситаҳои ахбори омма.
  1. Натиҷаҳои фаъолияти дар моддаи мазкур пешбинигардида бо мақсадҳои пешгўии вазъи ҷинояткорӣ дар самти савдои одамон, банақшагирӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон истифода бурда мешаванд.
  2. Ифшо кардани иттилооти махфиёна дар бораи қурбониёни савдои одамон, инчунин дигар иттилооти махфиёна, ки дар ҷараёни амалигардонии мониторинг ба даст оварда шудаанд, манъ аст.
 
Моддаи 14. Банақшагирии фаъолият оид ба муқовимат ба савдои
                      одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои
                      одамон
  1. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии муқовимат ба савдои одамон, инчунин ҳифзи курбониёни он, субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамонро таҳия менамоянд.
  2. Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон давра ба давра аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мўҳлати муайян тасдиқ гардида, амалисозии чораҳои маҷмўии ба муқовимат ба савдои одамон, инчунин ба ҳимоя ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳои ѓайридавлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ равонагардидаро пешбинӣ менамояд.
  3. Субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон мутобиқи ваколаташон нақшаи чорабиниҳои худро оид ба татбиқи нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон таҳия ва тасдиқ менамоянд.
 
Моддаи 15. Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба муқовимат ба
савдои одамон
  1. Бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон ва ташкили ҳамкории онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон (минбаъд – Комиссияи байниидоравӣ) ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои ҳудудии муқовимат ба савдои одамон (минбаъд – комиссияҳои ҳудудӣ) — ро таъсис медиҳанд.
  2. Комиссияи байниидоравӣ дар асоси доимӣ бевосита ё ба воситаи комиссияҳои ҳудудӣ ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамонро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
  3. Бо мақсади самаранок амалӣ намудани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва таъқиби ҷиноятӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон Комиссияи байниидоравӣ ҳамкории доимиро бо мақомоти амнияти миллӣ, хадамоти гумрук, хадамоти муҳоҷират, мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура, судҳо, дигар мақомоти давлатӣ, инчунин бо воситаҳои ахбори омма, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ѓайридавлатӣ амалӣ менамояд.
  4. Натиҷаҳои фаъолияти субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон ва ҳамоҳангсозии он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои марзию маъмурии он ва кишварҳои ҳамсарҳад дар ҳисоботи ҷамъбастии ҳарсола, ки аз ҷониби Комиссияи байниидоравӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби комиссияҳои ҳудудӣ бошад, ба Комиссияи байниидоравӣ, инчунин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии дахлдор пешниҳод мешаванд, нишон дода мешавад.
  5. Ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон дар самти муқовимат ба савдои одамон аз ҷониби Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 16. Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудии
                      муқовимат ба савдои одамон
  1. Комиссияи байниидоравӣ ваколатҳои ҳамоҳангсозандаи миллиро дар самти муқовимат ба савдои одамон иҷро менамояд. Тартиби ташкил ва фаъолияти он бо Низомномаи Комиссияи байниидоравӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.
  2. Комиссияи байниидоравӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
— ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба асосҳои сиёсати давлатӣ дар самти огоҳонидан ва пешгирӣ намудани савдои одамон таклифҳо, инчунин ҷиҳати такмили фаъолият оид ба ошкор кардан ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба ҷиноятҳои зикргардида мусоидаткунанда ва амалӣ намудани фаъолияти пешгирикунанда дар ин самт тавсияҳо пешниҳод менамояд;
— иҷрои нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамонро назорат мекунад, мониторинги татбиқи чораҳои дар он пешбинишударо ташкил менамояд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои нақшаи миллӣ ва иҷрои қонунгузорӣ дар  ин самт аз ҷониби субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон мунтазам иттилоот пешниҳод менамояд;
— ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон таклифҳо пешниҳод менамояд;
— ба Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар бораи натиҷаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсарҳад  ҳисобот пешниҳод менамояд;
— дар омода намудани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон иштирок менамояд;
— бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ѓайридавлатӣ санадҳо оид ба ҳамкориро ба тасвиб мерасонад.
  1. Бо мақсади таъмини дастрасӣ ва муроҷиати фаврии курбониёни савдои одамон, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои марбут ба савдои одамон, Комиссияи байниидоравӣ фаъолияти комиссияҳои ҳудудиро ҳамоҳанг месозад ва назоратро аз болои фаъолияти онҳо амалӣ менамояд.
  2. Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ дар доираи салоҳияти худ ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
— фаъолияти иттилоотию маърифатиро дар байни гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ оид ба хатари савдои одамон ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ, дар  бораи чораҳои пешгирикунанда ва ҳифзи ҳуқуқии дар самти мазкур мавҷудбуда ва имкониятҳои муроҷиат намудан барои кумак ба субъектҳои дахлдори системаи муқовимат ба савдои одамон ташкил менамоянд;
— омўзиш ва такмили дараҷаи ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои   одамон ташкил менамоянд;
— қабул, мураттабсозӣ, таҳлили ариза ва  муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои савдои одамон ташкил менамоянд;
— ҷорӣ намудан ва амалисозии системаи «хатҳои оҷилӣ» ва телефонҳои бовариро барои гирифтани иттилооти бештару пурра дар бораи  ҳолатҳои савдои одамон ва ҳуқуқвайронкуниҳои ба он алоқаманд  ташкил менамоянд;
— вобаста ба фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамон қарор қабул менамоянд;
— фаъолият оид ба пешгирии савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни  савдои одамонро ҳамоҳанг месозанд;
— ба муассисаҳои (марказҳои, паноҳгоҳҳои) махсуси давлатӣ оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (минбаъд — муассисаҳои махсуси давлатӣ) ва муассисаҳои махсуси ѓайридавлатии дар ҳудуди дахлдори онҳо воқеъгардида, дастгирии ташкилӣ ва методиро оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон таъмин менамоянд;
— дастгирии иттилоотӣ, ташкилӣ, методӣ ва дастгирии дигари фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ѓайридавлатиро, ки ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни он равона  шудааст, анҷом медиҳанд.
  1. Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ ваколатҳои ба зиммаи онҳо гузошташударо бо шаклҳои зерини кор амалӣ менамоянд:
— мунтазам дар ҷаласаҳои худ бо риояи системаи муқар-раргардидаи  махфият  иттилоот дар бораи ҳолати муқовимат ба савдои одамонро, ки бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои системаи муқовимат ба  савдои одамон пешниҳод гардидааст, баррасӣ менамоянд;
— иттилоот оид ба ҳолат, ҷараён ва тамоюли савдои одамонро дар сатҳи миллӣ (минтақавӣ) ҷамъ меоваранд, ҷамъбасту таҳлил мекунанд ва пешгўиҳои кўтоҳмуддату дарозмуддати рушди онро таҳия менамоянд;
— ариза ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои савдои одамон қабул, мураттаб ва таҳлил менамоянд;
— мунтазам ҷаласаҳои ҳамоҳангсозиро бо иштироки субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон баргузор менамоянд;
— барнома ва нақшаҳои фаъолияти субъектҳои  системаи муқовимат ба савдои одамонро таҳия менамоянд ва иҷрои онҳоро назоратбарӣ мекунанд.
  1. Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар самти муқарраргардидаи фаъолият ҳуқуқ доранд:
— гузаронидани таҳқиқот, экспертиза ва баҳодиҳии зарурӣ, аз ҷумла таҳқиқоти илмиро оид ба масъалаҳои амалӣ гардонидани ҳамоҳангсозӣ дар самти муқарраргардидаи фаъолият ташкил намоянд;
— ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳое, ки  ба салоҳияти комиссия мансубанд, тавзеҳот диҳанд;
— маълумотеро, ки оид ба масъалаҳои ба салоҳияти комиссия мансуббуда заруранд, дархост ва дастрас намоянд;
— бо тартиби муқарраргардида барои коркарди масъалаҳои самти  фаъолияти худ ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намоянд;
— мақомоти машваратӣ ва ташхисиро (шўроҳо, гурўҳҳо, комиссияҳоро) дар самти муқарраргардидаи фаъолият таъсис диҳанд.
  1. Қарор, талабот, муроҷиат, дархост, пешниҳод ва тавсияҳои Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, аз ҷониби мақомоти дахлдор баррасӣ ва иҷро гардида, аз натиҷаи он комиссияи дахлдор хабардор карда мешавад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
  2. Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ ҳуқуқ доранд ба ҷаласаҳои худ намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ѓайридавлатиро оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон бо ҳуқуқи овоздиҳӣ даъват намоянд.
 
Моддаи 17. Воҳидҳои махсусгардонидашуда оид ба муқовимат ба
                      савдои одамон
  1. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии татбиқи чорабиниҳое, ки дар нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон пешбинӣ шудаанд, дар мақомоти корҳои дохилӣ системаи мутамаркази воҳидҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, ки ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, молу мулк, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз ҷиноятҳо дар самти савдои одамон махсус гардонида шудаанд, таъсис дода мешаванд.
  2. Воҳидҳои махсусгардонидашуда дар доираи ваколатҳои худ ошкор кардан ва айнияткунонии қурбониёни савдои одамонро амалӣ намуда, муҳофизати онҳоро таъмин менамоянд, инчунин бо фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва таъқиби ҷиноятии шахсоне, ки ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқамандро содир намудаанд, машғул мешаванд.
  3. Вазифаҳои воҳидҳои махсусгардонидашуда иборатанд аз:
— ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон;
— ошкор ва муайян намудани шахсони ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқамандро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда;
— амалӣ намудани ҷустуҷўи савдогарони одамон, ки аз мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва суд пинҳон шудаанд, аз адои ҷазои ҷиноятӣ саркашӣ менамоянд;
— амалӣ намудани ҷустуҷўи шахсони бедарак гумшуда, ки  нисбат ба онҳо асосҳои эҳтимолияти қурбонии савдои одамон гаштани онҳо ҷой доранд; (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
— таъмини бехатарии қурбониёни савдои одамон, ташкили расонидани кумаки таъҷилӣ ба онҳо;
— ташкили ҷамъ овардан, захира намудан ва нигоҳдории маълумот оид ба шахсон, воқеият ва ҳолатҳое, ки ба савдои одамон алоқаманд мебошанд, дар маркази ягонаи иттилоотию ҳисоббарорӣ бо ҷалби мутахассисоне, ки аз тайёрии махсуси касбӣ гузаштаанд ва бо воситаҳои техникии муосир таҷҳизонида шудаанд;
— бақайдгирӣ ва санҷиши хабарҳо, аз ҷумла беном оид ба ҳолатҳои савдои одамон, аз он ҷумла савдои кўдакон, истисмори шаҳвонӣ ва дигар истисмори онҳо бо истифода аз технологияҳои навтарин.
  1. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ, таҳқиқ, тафтиши пешакӣ оид ба категорияи зикргардидаи парвандаҳои ҷиноятӣ дар воҳидҳои махсусгардонишудаи мақомоти корҳои дохилӣ махзани ягонаи иттилоотии маълумот дар бораи ҳолатҳои савдои одамон, шахсияти савдогарони одамон ва қурбониёни ҷиноятҳои мазкур барои захира кардан, мураттабсозӣ, таҳлил ва истифодаи маълумоти ҷамъовардашуда ташкил карда мешавад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
  2. Кормандони воҳидҳои махсусгардонидашуда дар асоси озмун, бо назардошти шаффофият ва интихоби объективонаи довталабон, ки онҳо дар баробари дигар меъёрҳои интихобкунии мувофиқати онҳо ба талаботи хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бояд ба таври иловагӣ дорои хислатҳои касбӣ ва шахсӣ буда, тайёрии махсус, сатҳи муайяни маълумоти махсус ва устувории равонӣ дошта бошанд, мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул карда мешаванд.
  3. Шахсоне, ки барои хизмат дар воҳидҳои махсусгардонидашуда қабул карда шудаанд, тайёрии иловагии махсусро мегузаранд.
 
Моддаи 18. Махзани ягонаи маълумот дар бораи
                            ҷиноятҳо дар самти савдои одамон
  1. Бо мақсади таъмини самараноки муқовимат ба савдои одамон, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани фаъолияти ҷиноятии савдогарони одамон, айнияткунонии қурбониёни савдои одамон ва мураттабсозии иттилооти дахлдор Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии дигар мақомоти давлатӣ таъсис дода, таъмини азнавкунии саривақтии махзани ягонаи маълумот дар бораи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон (минбаъд – махзани ягонаи маълумот)- ро ташкил менамояд.
  2. Тартиби ташкили махзани ягонаи маълумот, намуд ва мундариҷаи маълумоти ба он воридшаванда, инчунин номгўйи шахсоне, ки ба маълумоти дар он дарҷгардида дастрасӣ доранд, аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
  3. Ба махзани ягонаи маълумот иттилоот дар бораи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, савдогарони одамон ва қурбониёни савдои одамон (бо қайди иттилоот дар бораи занон ва кўдакон), аз ҷумла маълумоти зерин ворид карда мешаванд:
— оид ба ҳолатҳои ҷойивазкунии ѓайриқонунӣ, одамрабоӣ, истисмори иқтисодӣ, шаҳвонӣ ва дигар истисмори курбониёни савдои одамон;
— дар бораи савдогарони одамон ва шарикони онҳо;
— дар бораи  қурбониёни савдои одамон;
-дар бораи туризми шаҳвонии кўдакон;
— дар бораи шахсони бедарак гумшуда, эҳтимолан истисморшаванда ва ба истисмор гирифторшуда, аз ҷумла дар ҳудуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар  давлатҳо.
  1. Ба махзани ягонаи маълумот иттилооти зерин ворид карда мешаванд:
— иттилооти аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар натиҷаи аз ҷониби онҳо амалӣ намудани мониторинги вазъият дар самти савдои одамон, аз  ҷумла ба воситаи шабакаи «хатҳои оҷилӣ» ва телефонҳои боварӣ ҷамъкардашуда;
— иттилооти аз мақомот ва муассисаҳои маориф, хизматрасонии тиббии кўдакон, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, дигар мақомот ва муассисаҳои кор бо кўдакон воридшуда, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар бораи ҳолатҳои савдои кўдакон ва ҷиноятҳои вобаста ба он, ки ба кормандони онҳо вобаста ба иҷрои фаъолияти касбӣ ё хизматӣ маълум гаштаанд, хабардор намоянд;
— иттилооте, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои  оперативӣ-ҷустуҷўӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба ошкор намудан, пешгирӣ кардан, тафтиш ва кушодани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, аз ҷумла маълумот дар бораи онҳо, ки аз махзанҳои иттилоотии маълумоти дахлдори ҳудудӣ, аз Ташкилоти байналмилалии политсияи криминалӣ (Интерпол) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ гирифта шудаанд.
  1. Бо мақсади пайгирии мунтазам ва мубодилаи тарафайни иттилоот дар бораи ҳолат ва тамоюлҳои ѓайриқонунӣ ворид намудан, транзит, баровардан ва барнагардонидани одамон аз хориҷа бо мақсади савдои одамон, ҷустуҷўи саривақтӣ ва айнияткунонии қурбониёни савдои одамон, қисми дахлдори маълумот аз рўи намудҳои бештар хавфноки ҷиноятҳо дар самти савдои трансмиллии одамон аз махзани ягонаи маълумот бояд ба махзани барои давлатҳо ягонаи байнидавлатии маълумот оид ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон дода шаванд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
  2. Тартиби ба махзанҳои маълумотии дар ҳамин модда пешбинигардида супоридан ва ворид шудани маълумоти дахлдор инчунин аз онҳо додани маълумоти зарурӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  3. Иттилооте, ки ба махзани ягонаи маълумот ворид карда шудааст, махфиёна буда, дастрасӣ ба он ва додани он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  4. Ѓайриқонунӣ ифшо кардан, паҳн намудан ё истифода бурдани иттилооте, ки дар махзани ягонаи маълумот нигоҳ дошта мешавад, боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
 
             БОБИ 3. АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ЭЪТИРОФ НАМУДАН ВА
                             ДОДАНИ МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ҚУРБОНИИ
                             САВДОИ ОДАМОН
 
Моддаи 19 Ҳуқуқҳои шахси аз савдои одамон зарардида то
                     лаҳзаи қурбонии савдои одамон эътироф гардидани ў
  1. Шахси аз савдои одамон зарардида то лаҳзаи қурбонии савдои одамон эътироф шуданаш, ҳуқуқ дорад ба муассисаи махсуси давлатӣ ё ѓайридавлатӣ ҷиҳати ба ў ройгон расонидани маҷмўи ҳадди ақалли хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла додани сарпаноҳ ва ҷои шабгузаронӣ, маводи хўрока, ёрии таъҷилии тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва моддӣ, инчунин хизматрасонии санитарию беҳдоштӣ дар ҳаҷми муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми 24 соат аз лаҳзаи аз ҷониби шахси аз савдои одамон зарардида бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 21 Қонуни мазкур пешниҳод намудани ариза дар хусуси қурбонии савдои одамон эътироф гардиданаш, ҷиҳати ба таври ройгон ба ў пешниҳод намудани маҷмўи ҳадди ақалли хизматрасонии иҷтимоӣ дар ҳаҷми пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад.
  3. Паҳн намудани маълумоте, ки сирри шахсӣ ва оилавии шахсони аз савдои одамон зарардидаро ташкил медиҳанд, инчунин дигар маълумоте, ки ифшои он ба ҳаёт ё саломатии ин шахсон, инчунин барои амнияти наздикони онҳо хатар ба вуҷуд меорад, манъ аст.
 
Моддаи 20Мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон
  1. Қурбониёни савдои одамон шахсони зерин эътироф карда мешаванд:
— шахсоне, ки аз тарафи савдогарони одамон ё шарикони онҳо бо мақсади содир намудани савдои одамон ё ҷиноятҳои ба он алоқаманд ё дар ҷараёни содиркунии ин ҷиноятҳо мавриди маҷбуркунӣ, сўиистифодаи боварии онҳо ва ё сўиистифодаи гунаҳгор аз вазъи хизматиаш қарор гирифтаанд;
— шахсоне, ки бо мақсади истифодаи минбаъдаи онҳо дар самти савдои одамон оид ба ниятҳои ҳақиқии савдогарони одамон мавриди фиреб қарор гирифтаанд, аз ҷумла шахсоне, ки аз ҷониби савдогарони одамон ҷиҳати бастани шартномаи (қарордоди) қалбакии меҳнатӣ ё дигар шартномаҳо (қарордодҳо), ки ба истисмори одам, истифодаи меҳнати ѓуломона ё маҷбурӣ вобаста намебошад, моил карда шудаанд;
— шахсоне, ки бо сабаби дар вазъяти ноилоҷӣ ё ҳолати оҷизӣ қарор доштанашон, новобаста ба дарки ниятҳои ҳақиқии савдогарони одамон, пешакӣ барои истисмор розигии худро додаанд.
  1. Қурбонии савдои одамон эътироф намудани шахс аз ҳолатҳои зерин вобаста намебошад:
— мавҷуд будан ё набудани шаҳрвандӣ;
— рафтори ба ҷабрдидагӣ моил (виктимӣ) ё зиддиҷамъиятии ин шахс дар давраи то ҷалб гардидани ў ба савдои одамон, инчунин нияти дар оянда таѓйир додани рафторашро доштан ё надоштани ў;
— мавҷуд будани розигии шахси мазкур ба ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, фурўш, истисмори ў ё дигар ҳаракатҳое, ки ба савдои одамон алоқаманданд, ки аз ҷониби савдогарони одамон бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сўиистифодаи боварии ў ё сўиистифодаи гунаҳгор аз вазъи хизматиаш нисбат ба қурбонии имконпазир, ҳамчунин бо истифодаи вазъияти ноилоҷӣ ё ҳолати оҷизии ў ба даст оварда шудааст;
— мавҷуд будани мақоми мурофиавии ҷабрдида оид ба парвандаи ҷиноятӣ, ки марбут ба ҳолати содир шудани ҷиноят (ҷиноятҳо) дар самти савдои одамон оѓоз карда шудааст;
— омода будани шахс барои ҳамкорӣ кардан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳангоми тафтиш ва муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҷинояте, ки нисбат ба ў содир шудааст.
  1. Бо тартиби пешбининамудаи моддаи 21 Қонуни мазкур ба шахс додани мақоми қурбонии савдои одамон ба ў аз лаҳзаи айнияткунонии вай ба сифати қурбонии савдои одамон то мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии пурраи иҷтимоӣ ҳуқуқ медиҳад, ки аз хизматрасонии маъмулии иҷтимоӣ дар ҳаҷми муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чораҳои ҳифзи иҷтимоӣ, расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намуди кумак, инчунин баргардонидани қурбониро ба оила, таъмин намудан бо ҷои кор ва таъминоти иҷтимоии ўро дар бар мегирад, истифода барад.
  2. Қурбонии савдои одамон барои кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ки ҳангоми қурбонии савдои одамон буданаш содир кардааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида намешавад.
  3. Додани мақоми қурбонии савдои одамон ба шахсе, ки барои кирдорҳои зиддиҳуқуқии марбут ба ҷалби ў ба сифати қурбонии савдои одамон ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида шудааст, барои аз ҷавобгарӣ озод намудани ў асос мегардад.
 
Моддаи 21. Тартиби додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон
  1. Ба шахс додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон аз ҷониби яке аз субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд, амалӣ карда мешавад.
  2. Қарор дар бораи қурбонии савдои одамон эътироф намудани шахс аз тарафи шахси ваколатдори субъекти давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамояд, қабул карда мешавад.
  3. Ариза дар бораи қурбонии савдои одамон эътироф намудан аз ҷониби худи шахси зарардида ё намояндаи қонунии ў бо розигии ин шахс ба яке аз субъектҳои амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ё ба муассисаи махсуси давлатӣ ва ѓайридавлатии дахлдор дода мешавад.
  4. Дар сурати ба комиссияи байниидоравӣ, комиссияҳои ҳудудӣ, субъекти дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон, муассисаи махсуси давлатӣ ё ѓайридавлатии дахлдор ворид шудани аризаи шахси аз савдои одамон зарардида, он дар давоми 24 соат аризаро ба яке аз субъектони давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамояд, барои ҳалли масъалаи ба чунин шахс додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон ирсол менамояд.
  5. Мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон ба шахси аз савдои одамон зарардида аз ҷониби субъекти давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамояд, баъди муайян ва дақиқ намудани ҳолатҳои зарурӣ, вале на дертар аз даҳ рўз пас аз муроҷиат дар хусуси ба шахс додани ин мақом дода мешавад.
  6. Ба қурбонии савдои одамон барои қабули қарор дар хусуси ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба ҷинояти нисбат ба ў дар самти савдои одамон содиршуда на камтар аз сӣ рўз муҳлат дода мешавад, ки аз рўзи муроҷиати шахс ба субъекти амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ё муассисаи махсуси давлатӣ ё ѓайридавлатии дахлдор ҳисоб карда мешавад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
 
Моддаи 22. Махфиёна будани маълумот дар бораи қурбониёни савдои одамон
  1. Иттилоот дар бораи қурбониёни савдои одамон ё ҳолатҳои ҷиноятҳои нисбат ба онҳо содиршуда, ки ифшои он ба ҳаёт ё саломатии қурбонии савдои одамон ё наздикони ў хатарро ба вуҷуд меорад, инчунин маълумот дар бораи чораҳои амниятии нисбат ба онҳо татбиқшаванда набояд паҳн шаванд. Ѓайриқонунӣ паҳн намудани чунин маълумот боиси ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
  2. Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ надоранд дар хабарҳо ва маводи паҳншаванда маълумотеро, ки бевосита ё бавосита ба шахсияти қурбонии савдои одамон дахл дорад, бе розигии ў, нисбат ба кўдак бошад, бе розигии худи кўдак-қурбонии савдои одамон, намояндаи қонунии вай ва мақомоти васоят ва парасторӣ ифшо намоянд.
 
Моддаи 23. Ҳуқуқҳои қурбонии савдои одамон, ки аз рўи
                      парвандаи ҷиноятии марбут ба ҷиноят дар самти
                      савдои одамон ҷабрдида ё шоҳид эътироф шудааст
  1. Иштироки қурбонии савдои одамон дар мурофиаи судии ҷиноятӣ ба сифати ҷабрдида ё шоҳид аз рўи парвандаи ҷиноятӣ марбут ба ҷиноят дар самти савдои одамон ба чунин шахс ба таври иловагӣ ҳуқуқ ба ҳимояи давлатиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба чораҳои амниятӣ ва дастгирии иҷтимоӣ медиҳад.
  2. Нисбат ба қурбониёни савдои одамон, ки аз рўи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон  ба сифати ҷабрдида ё шоҳид эътироф шудаанд,  ифшо накардани маълумот дар бораи чунин шахсон метавонад, ҳамчунин ба сифати чораи амниятӣ мутобиқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  татбиқ карда шавад.
  3. Чораҳои ҳимояи давлатӣ нисбат ба аризадиҳанда, шоҳид ё қурбонии ҷиноят дар самти савдои одамон то оѓози парвандаи ҷиноятӣ татбиқ шуда метавонанд, агар ин шахсон барои пешгирӣ ва кушодани ҷинояти   зикргардида  мусоидат намоянд.
  4. Розигии қаблии ҷабрдидаи ҷиноят дар самти савдои одамон, ки то оѓози истисмор барои ҷалбкунӣ, интиқол додан, супоридан, пинҳонкунӣ ё гирифтани ў дода шудааст, барои рад кардани таъин намудани чораҳои амниятӣ ва ба вай расонидани кумак,  инчунин   пешниҳоди маҷмўи ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоӣ, дар ҳаҷме, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, асос шуда наметавонад.
  5. Ба шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷабрдидаи ҷиноят дар самти савдои одамон эътироф шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмўи ҳадди ақалли хизматрасонии иҷтимоӣ пешниҳод карда мешавад, ки аз ҷумла, чунин ҳуқуқҳои иловагиро дар бар мегирад:
— истифодаи ройгон аз кумаки тарҷумон бо мақсади таъмини иштирок дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, инчунин барои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии самараноки онҳо (барои шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд ё ба таври кофӣ намедонанд);
— дар ҳолатҳои зарурӣ таъмин намудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда, ки қурбонии савдои одамон мебошанд, бо ҷойи зист дар хобгоҳ мутобиқи меъёрҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— расонидани кумаки афзалиятнок барои таъмин кардан бо ҷои кор, идома додани таҳсил, интихоби касб ва тайёрии касбӣ.
  1. Муҳлати ба қурбонии савдои одамон пешниҳод намудани маҷмўи зикршудаи хизматрасонии иҷтимоӣ мумкин аст аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё суд бо розигии ҷабрдида барои тамоми давраи пешбурди парванда ва бартараф кардани хатар ба ҳаёт ё саломатӣ ва ё таъмини амнияти наздикони ў дароз карда шавад.
(Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
Моддаи 24. Кафолатҳои махсуси мурофиавии ҳифзи ҳуқуқҳои
                      ҷабрдидагони ҷиноятҳо ва дигар  ҳуқуқвайронкуниҳо
                      дар  самти савдои одамон
  1. Ба ҷабрдидагони ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон кафолатҳои мурофиавии зерин пешбинӣ карда мешаванд:
— хусусиятҳои пурсиши онҳо бо назардошти ҳолати равонии онҳо, хусусият ва вазнинии ҳуқуқвайронкуниҳои нисбат ба онҳо содиршуда, инчунин дараҷаи вазнинии зарари ба онҳо расонидашуда;
— озод кардан аз ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои аз ҷониби онҳо чун қурбонии савдои одамон содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ;
— таъмини махфиёна будани иттилооте, ки аз ҷабрдидагони ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон ба даст оварда шудаанд;
— таъмини баррасии пўшидаи парвандаҳои ҷабрдидагони ҷиноятҳо (ҳуқуқвайронкуниҳо) дар самти савдои одамон;
— татбиқи қоидаҳои махсус, ки амнияти шахсони зикршударо ба сифати ҷабрдидагон, аз ҷумла ҳимояи ҷисмонии онҳо, инчунин баррасӣ ва ҳалли ҳатмии даъвоҳои граждании ҷабрдидагони савдои одамонро дар доираи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.
  1. Барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҷабрдидагон аз ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон, ки онҳо бинобар ҳолати ҷисмонӣ ё рўҳӣ ва ё ноболиѓӣ ё хурдсолии худ аз имконияти мустақилона ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон маҳруманд, ҳангоми баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ ҳатман намояндагони қонунӣ ё намояндагони дигари онҳо ҷалб карда мешаванд, ки ба онҳо ҳамаи он ҳуқуқҳое, ки шахсони онҳоро чун намоянда интихобкарда доранд, дода мешавад, нисбат ба кўдакон, инчунин рўҳшинос ва дар ҳолатҳои зарурӣ омўзгор ҷалб карда мешаванд.
 
Моддаи 25.Чораҳои амниятӣ нисбати ҷабрдидагон ва
                     шоҳидон аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба
                     ҷиноятҳо дар самти савдои одамон
  1. Нисбат ба ҷабрдидагон ва шоҳидон аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон мумкин аст дар як вақт як ё якчанд чораҳои амниятӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст, татбиқ карда шаванд. Бо мақсади таъмини пинҳон мондани шахсияти ҷабрдидаи савдои одамон, мумкин аст насаб, ном, номи падари ў, дигар маълумот, инчунин симои зоҳирии ў таѓйир дода шаванд.
  2. Татбиқи чораҳои амниятӣ нисбати ҷабрдидагон ва шоҳидон ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва назорати маводи нашъаовар аз рўи парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, ки дар пешбурди онҳо мебошанд, вогузор карда мешавад.
  3. Чораҳои амниятӣ нисбати ҷабрдидагон ва шоҳидон аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, ки дар баррасии суд ё прокуратура мебошанд, дар асоси қарори суд (судя) ё прокурор аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, гумрук, муҳоҷират, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва назорати маводи нашъаовари ҷои қарордошти ҷабрдида ё шоҳид татбиқ карда мешаванд.
  4. Амалӣ намудани чораҳои дигар оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба зиммаи мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомот бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад.
  5. Мақомоти таъқиби ҷиноятӣ махфиёна будани маълумот дар бораи қурбониёни савдои одамонро, ки дар рафти мурофиаи судии ҷиноятӣ ё фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷўӣ ба даст омадаанд, таъмин менамоянд.
 
БОБИ 4. РАСОНИДАИ КУМАК БА ҚУРБОНИЁНИ
                САВДОИ ОДАМОН
 
Моддаи 26. Фонди давлатии расонидани кумак ба қурбониёни
                      савдои одамон
  1. Бо мақсади маблаѓгузории самараноки чорабиниҳо оид ба ҳифз, мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон Фонди давлатии расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (минбаъд — Фонд) таъсис дода мешавад.
  2. Тартиби таъсис ва ташкили фаъолияти Фонд бо Низомнома, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад.
  3. Назорати давлатии фаъолияти Фонд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон амалӣ карда мешавад.
  4. Мақсади фаъолияти Фонд иштирок дар маблаѓгузории фаъолияти муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ѓайридавлатӣ, додани кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба қурбониёни савдои одамон, ки бо тартиби муқарраршуда аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқаманд ҷабрдида эътироф шудаанд, инчунин маблаѓгузориҳо ҷиҳати ҳифз, мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо ба шумор меравад.
  5. Сарчашмаҳои даромади Фонд инҳоянд:
— маблаѓҳои буҷети давлатӣ;
— воситаҳое, ки аз ташкилотҳои байналмилалӣ ворид шудаанд;
— хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
— дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
 
Моддаи 27. Ҷуброн намудани зарар ба қурбониёни савдои
                      одамон 
  1. Қурбониёни савдои одамон ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарари ҷисмонӣ, маънавӣ ва моддии ба онҳо дар натиҷаи ҷиноят ё дигар ҳуқуқвайронкунӣ дар самти савдои одамон расонидашударо талаб намоянд.
  2. Зарари ба қурбониёни савдои одамон расонидашуда аз ҷониби шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон гунаҳгор ҳисобида шудаанд, дар асоси қарори суд ҷуброн карда мешавад.
  3. Парвандаҳо оид ба ҷуброн намудани зарар ба қурбониёни савдои одамон метавонанд бо қарори суд дар маҷлиси пўшидаи судӣ баррасӣ карда шаванд.
 
Моддаи 28. Мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии
                                шахсони аз савдои одамон зарардида
  1. Шахсе, ки бо тартиби муқарраргардида қурбонии савдои одамон эътироф карда шудааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи таъмин будан бо ҷои зисти муваққатии бехатар дар муассисаи махсуси давлатӣ ё ѓайридавлатӣ, инчунин ҳуқуқи ройгон гирифтани кумакҳои зеринро дорад:
— кумаки ҳуқуқӣ ва кумак дар барқарор намудан ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла аризаҳо ва иттилоот вобаста ба  ҷинояти дар самти савдои одамон содиршуда;
— иттилоот дар бораи мавҷуд будани расмиёти судӣ ва маъмурӣ, ки барои ҳимоя ва расонидани  кумак  ба шахсони аз савдои одамон зарардида равона шудаанд;
— кумаки иҷтимоӣ ва моддӣ, дар давраи ҷобаҷокунӣ, таъмин намудан бо хўрока, маҷмўи рахти хоб ва воситаҳои санитарию беҳдоштӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ бошад, бо либос, пойафзол ва дигар ашёи таъминоти молӣ аз рўи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— кумаки тиббӣ дар шакли муоинаи тиббӣ, табобат (аз рўи нишондодҳо) ва расонидани кумаки махсуси тиббӣ вобаста ба ҷароҳат ва бемориҳое, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят дар самти савдои одамон гирифтаанд;
— кумаки зарурии равонӣ, аз ҷумла дар самти интихоби касб;
— кумак дар таъмини  кор, гирифтани таҳсилот ва  тайёрии касбӣ;
— кумак дар баргардонидан ба оила ва ҷамъият, аз ҷумла кумак дар ташкили ҷустуҷўи хешовандон, нисбат ба кўдакони қурбониёни савдои одамон бошад, ҷустуҷўи дигар намояндагони қонунии онҳо.
  1. Ҳангоми амалӣ намудани мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон ба ҳеҷ гуна шакл маҳдуд намудани ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, роҳ дода намешавад.
  2. Чораҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон бо риояи пурра махфиёна будан ва розигии ихтиёрии қурбонии савдои одамон амалӣ гардонида мешаванд.
  3. Иттилоот дар бораи чораҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии нисбат ба қурбониёни савдои одамон татбиқшаванда фавран ба вай дар шакли дастрас аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдор ё муассисаҳое, ки барои гузаронидани чораҳои зикргардида ваколатдор карда шудаанд, пешниҳод карда мешавад.
  4. Мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон, хусусан кўдакон бо назардошти синну сол, ҷинс ва талаботи махсуси онҳо, нисбат ба қурбониёни болиѓи савдои одамон бошад, бо назардошти омодагии онҳо ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рўи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои нисбат ба онҳо содиршуда амалӣ карда мешаванд.
  5. Дар сурати аз ҷониби қурбонии савдои одамон изҳори омодагӣ намудан ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рўи парвандаҳо оид ба ҷиноятҳо нисбат ба онҳо мўҳлати амалӣ намудани чораҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ мумкин аст дар тамоми давраи мурофиаи судии ҷиноятӣ дароз карда шавад.
 
 
Моддаи 29. Тартиби тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни
                      савдои одамон ва ба онҳо расонидани кумак 
  1. Бо мақсади таъмини амнияти қурбонии савдои одамон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии вай аз ҷониби давлат ба шахси мазкур новобаста аз омодагии ў ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд дар таъқиби ҷиноятии савдогарони одамон маҷмўи хизматрасонӣ оид ба мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ, аз ҷумла муваққатан, ба мўҳлати то ду моҳ дар муассисаҳои махсуси давлатӣ ё ѓайридавлатӣ истиқомат кардан кафолат дода мешавад.
  2. Ҷой кардани шахсе, ки бо тартиби муқарраркардаи Қонуни мазкур қурбонии савдои одамон эътироф карда шудааст, дар ҷойҳои дастгиркунӣ, ҳабси пешакӣ, муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, инчунин дигар ҷойҳои ҷудо нигоҳдорӣ роҳ дода намешавад.
  3. Мақомоти маориф ва илм бо розигии қурбониёни савдои одамон иштироки онҳоро дар барномаҳои таҳсилоти умумӣ ва касбӣ ва дигар барномаҳои таълимӣ, ки барои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ ва огоҳонидани ревиктимизатсияи қурбониёни савдои одамон таҳия гардидаанд, якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки барои амалигардонии ваколатҳои назоратбарӣ дар самти тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуѓл ваколатдор карда шудаанд, таъмин менамоянд.
  4. Мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон аз ҳисоби буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, Фонд, инчунин аз дигар манбаъҳои маблаѓгузорӣ амалӣ карда мешавад.
  5. Субъектҳои амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон чораҳоро барои огоҳонидани ревиктимизатсияи қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла бо роҳи амалигардонии назоратбарии иҷтимоии рафт ва натиҷаҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон, ки муассисаҳои махсусро тарк кардаанд ва дар ҳолати зарурӣ чораҳои иловагиро барои  расонидани кумак  ба онҳо меандешанд.
 
Моддаи 30. Муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ѓайридавлатӣ оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон
  1. Бо мақсади расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон бо назардошти талаботи мавҷуда муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ѓайридавлатӣ таъсис дода мешаванд.
  2. Тартиби таъсисёбӣ, маблаѓгузорӣ ва ташкили фаъолияти муассисаҳои махсуси давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд мутобиқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон — муассисаҳои махсуси ѓайридавлатиро, ки аз ҳисоби маблаѓҳои хусусӣ ё ҷалбшудаи онҳо маблаѓгузорӣ мешаванд, таъсис диҳанд.
  4. Назоратбариии фаъолияти муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ѓайридавлатиро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи салоҳияти худ Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, амалӣ менамоянд.
  5. Муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ѓайридавлатӣ вазифаҳои зеринро оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон амалӣ менамоянд:
— муносибати инсондўстона, ки шаъну шарафи инсониро паст намезанад;
— пешниҳоди паноҳгоҳи ройгон барои истиқомати муваққатӣ;
— таъмин намудан бо хўрока, рахти хоб ва воситаҳои санитарию беҳдоштии ройгон ва дар ҳолатҳои зарурӣ, бо либос;
— бо тарҷумон ройгон таъмин намудани қурбониёни савдои одамон бо мақсади мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо (барои шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд ё ба таври кофӣ намедонанд);
— ба қурбонии савдои одамон дар шакли соддаю фаҳмо расонидани иттилоот оид ба мақсадҳои будубоши ў дар муассисаи махсус, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ў, қоидаҳои асосӣ, ки тартиботи дохилӣ дар муассисаи мазкур ба танзим медароранд;
— дар шакли соддаю фаҳмо пешниҳод намудани иттилоот оид ба тарзҳои ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони аз савдои одамон зарардида, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
— пешниҳод намудани кумаки ройгони тахассусии равонӣ;
— гузаронидани муоинаи аввалияи тиббӣ, ташкили расонидани кумаки таъҷилии тиббӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар марказҳои саломатӣ, дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо, аз ҷумла ба занҳо дар давраи ҳомиладорӣ, дар давраи таваллуд ва пас аз таваллуд;
— расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ дар ҳаҷме, ки барои таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон заруранд;
— мусоидат намудан барои ба оила ва ҷамъият баргардонидан, аз ҷумла расонидани кумак дар ташкил намудани ҷустуҷўи хешовандонашон;
— пешгирӣ намудани ревиктимизатсияи  қурбониёни савдои одамон.
  1. Муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ѓайридавлатӣ барномаҳои кўтоҳмўҳлат ва дарозмўҳлати мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ ва пешгирии ревиктимизатсияи қурбониёни савдои одамонро, ки дар муассисаҳои мазкур нигоҳ дошта мешаванд, таҳия ва дар амал татбиқ менамоянд.
 
 
 
Моддаи 31. Баргардонидани (репатриатсияи) шаҳрвандони
                      хориҷӣ ва  шахсони бешаҳрванд, ки қурбонии
                      савдои одамон гардидаанд
  1. Дар ҳолате, ки агар шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд шахси аз ҷиноят дар самти савдои одамон ҷабрдида эътироф шуда бошад, ўро дар тамоми давраи мурофиаи ҷиноятӣ оид ба парвандаи марбут ба ҷинояти нисбат ба вай содиршуда аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маъмурӣ берун кардан мумкин нест.
  2. Дар ҳолате, ки агар қурбонии савдои одамон хоҳиши тарк намудани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, ба ў дар таъмин гардидан бо ҳуҷҷатҳои дахлдор, пардохти хароҷоти нақлиётӣ ва дигар хароҷоти зарурӣ мусоидат карда шуда, оид ба кам намудани хатари дар давлати қабулкунанда қурбонии савдои одамон гардиданаш тавсияҳо дода мешаванд.
  3. Шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ки ҷабрдидаи ҷиноят дар самти савдои одамон эътироф шудаанд, дар тамоми давраи мурофиаи ҷиноятии парванда оид ба ҷинояти дар самти савдои одамон нисбат ба онҳо содиршуда ҳуқуқ доранд, барои гирифтани гувоҳномаи иқомат ба мақомоти дахлдори давлатӣ, бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
  4. Ҳангоми баррасии муроҷиат барои гирифтани гувоҳномаи иқомат ҳолатҳои ҳамкории қурбонии савдои одамон бо мақомоти таъқиби ҷиноятӣ, хусусият ва дараҷаи вазнинии зарар, ки ба қурбонии савдои одамон аз ҷиноятҳои зикргардида расонида шудааст, мўҳлати дар мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон қарор доштани шахс, инчунин мавҷуд будани хатари воқеии баргаштани қурбонии савдои одамон ба ҳолати аввала ё мавриди таъқиби савдогарони одамон дар давлати баромад ё ҷои иқомати доимиаш қарор гирифтани ў ба инобат гирифта мешаванд.
  5. Дар асоси дархости хаттии шахси ба сифати ҷабрдидаи ҷиноят дар самти савдои одамон эътирофшуда ва хулосаи хаттии мақомоти дахлдори таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва суд дар хусуси ҳамкории ў бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир ба парвандаҳои ҷиноятии вобаста ба савдои одамон, мўҳлати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон будани вай метавонад то 1 сол аз лаҳзаи ба охир расидани мурофиаи судӣ оид ба парванда дароз карда шавад.
  6. Гувоҳномаи иқомат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қурбониёни савдои одамон, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди болиѓ мебошанд, вале шахсияти онҳоро муқаррар намудан ѓайриимкон аст, дода намешавад. Нисбат ба шахсони мазкур чораҳо ҷиҳати берун кардани онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи маъмурӣ андешида мешаванд.
  7. Ҷабрдидаи ҷиноят дар самти савдои одамон, ки ба ў гувоҳномаи иқомат дода шудааст, мақоми муҳоҷирро соҳиб шуда, дорои тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳое мебошад, ки аз ин мақоми ҳуқуқӣ бармеоянд.
  8. Баргардонидани (репатриатсияи) қурбониёни савдои одамон ба давлате, ки шаҳрванди он мебошанд ё давлати ҷои истиқомати доимиашон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, сурат мегирад.
 
    БОБИ 5. ХУСУСИЯТҲОИ РАСОНИДАНИ КУМАК БА
                     КУДАКОН — ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ ОДАМОН 
 
Моддаи 32. Хусусиятҳои мақоми ҳуқуқии кўдакон —
                     қурбониёни савдои одамон 
  1. Ба кўдакон-қурбониёни савдои одамон ҳуқуқу озодиҳои кафолатдодаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, ки ҳуқуқи кўдак ва кафолати амалӣ намудани онро танзим менамоянд, таъмин карда мешавад.
  2. Давлат ҳифз ва расонидани кумакро ба кўдак-қурбонии савдои одамон аз лаҳзаи нисбати ў содир шудани ҷиноят дар самти савдои одамон, аз ҷумла баъд аз айнияткунонии ў ба сифати қурбонии савдои одамон то мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии пурраи иҷтимоии кўдак, новобаста аз хоҳиши ў барои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои ошкор намудан ва кушодани ҷинояти нисбат ба вай содиршуда ва таъқиби ҷиноятии савдогарони одамон таъмин менамояд.
  3. Баъди ба кўдак додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон ў фавран ба мақомот ва муассисаҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифз ва расонидани кумак ба кўдакони аз савдои одамон зарардида ваколатдор карда шудаанд, фиристода мешавад. Дар ҳолате, ки агар синни қурбонии савдои одамон маълум набошад, вале асосҳои воқеие барои тахмин намудан мавҷуд бошанд, ки вай ба синни ҳаждаҳ нарасидааст, то қатъиян муқаррар намудани синни воқеии шахси мазкур нисбат ба ў кафолатҳои махсуси ҳуқуқӣ, ки бо Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кумак ба кўдакон-қурбониёни савдои одамон пешбинӣ шудаанд, паҳн мегарданд.
  4. Ба кўдаконе, ки аз савдои одамон зарар дидаанд, мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон дар асоси муроҷиати худи кўдак, муроҷиати намояндаи қонунии ў ё намояндаи мақомоти васоят ё парасторӣ ва ё намояндаи муассисаи махсуси дахлдор новобаста аз розигии кўдак, нисбат ба кўдакони ба синни понздаҳ расида бошад, дар асоси муроҷиати худи кўдак ё шахсони дар ҳамин қисм пешбинигардида дар асоси розигии ихтиёрии огоҳонаи кўдак дода мешавад.
  5. Чораҳои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии кўдакон-қурбониёни савдои одамон новобаста аз хоҳиши онҳо, нисбат ба кўдакони ба синни понздаҳ расида бошад, бо розигии онҳо ва (ё) розигии намояндагони қонунии онҳо ва ё мақомоти васоят ва парасторӣ амалӣ карда мешаванд.
  6. Дар ҳолатҳое, ки кўдак – қурбонии савдои одамон падару модар ё дигар намояндагони қонунӣ надошта бошад, мақомоти васоят ва парасторӣ фавран мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ў васӣ таъин мекунад, ки вай қабули ҳамаи қарорҳоро ба манфиати кўдак таъмин карда, аз номи кўдак ариза пешниҳод менамояд ва якҷоя бо ў дар тамоми рафти мурофиаи ҷиноятӣ ва то қабули қарор ба манфиати кўдак иштирок мекунад.
  7. Ба кўдак-қурбонии савдои одамон барои то 6 моҳ ё дар тамоми давраи муҳокимаи судии парвандае, ки оид ба он вай ба сифати ҷабрдида баромад мекунад, ҳангоми зарурат бошад, баъди анҷоми он то мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии пурраи иҷтимоӣ ҳуқуқи истиқомат кардан дар муассисаи махсуси давлатӣ ё ѓайридавлатӣ, дигар муассисаи махсуси хизматрасонии иҷтимоӣ, ки ба кўдакони дар вазъияти хатарноки иҷтимоӣ ё дигар вазъияти душвори ҳаётӣ қарордошта кумаки иҷтимоӣ мерасонад, дода мешавад. Кўдакон – қурбониёни савдои одамон дар муассисаҳои зикршудаи махсус дар шароити барои онҳо махсус, ки ба талаботи иҷтимоию синни онҳо мувофиқ аст, ҷой дода шуда, дар манзилҳои  аз қурбониёни калонсоли  савдои одамон ҷудо нигоҳ дошта мешаванд.
  8. Кўдакон-қурбониёни савдои одамон, ки дар муассисаҳои махсуси дар қисми 7 ҳамин модда пешбинишуда нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқ доранд ба тариқи иловагӣ аз хизматрасонии зерин ройгон истифода баранд:
— хабардор намудани падару модар (дигар намояндагони қонунӣ) дар хусуси ҷойгир намудани онҳо дар муассисаҳои махсуси дахлдор;
— нигоҳ доштани робита бо оила тавассути мукотибот, сўҳбатҳои телефонӣ ва мулоқотҳо, ки агар ин ба амнияти онҳо зарар нарасонад;
— гирифтани кумак дар ташкили ҷустуҷўи падару модар ё дигар намояндагони қонунӣ;
— гирифтани хўрока, либос, пойафзол ва дигар ашёе, ки аз рўи  меъёрҳои муқарраргардида барои нигоҳдошти саломатӣ ва таъмини фаъолияти ҳаётии кўдакон зарур мебошанд;
— гирифтани таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ;
— гирифтани маҷмўи хизматрасонии иловагӣ, ки инкишофи ҷисмонӣ ва рўҳии кўдакро бо назардошти хусусиятҳои физиологӣ ва рўҳию синнусолӣ  таъмин менамоянд.
  1. Ҳуқуқҳои иловагӣ барои кўдакон-қурбониёни савдои одамон, ки бо қисми 8 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин ба шахсони синнашон муқарраркарданашуда, то айнияткунонии онҳо ба сифати шахсони болиѓ, ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ дар хусуси он, ки ин шахсон ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд, паҳн мегардад.
  2. Муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ѓайридавлатӣ, ки дар қисми 7 ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, дар амалияи худ барномаҳои махсуси айнияткунонӣ, мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии кўдакон — қурбониёни савдои одамонро, ки дар муассисаҳои зикргардида нигоҳ дошта мешаванд, таҳия ва амалӣ намуда, амнияти онҳоро таъмин мекунанд, махфиёна будани иттилоотро дар хусуси шахсияти кўдак ва мақоми ў ҳамчун қурбонии савдои одамон қатъиян риоя менамоянд.
  3. Ба кўдакон — қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла ба онҳое, ки дар муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ѓайридавлатӣ нигоҳ дошта мешаванд, дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ ё дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи тарбиявӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф ҳуқуқ ба таҳсил таъмин карда мешавад.
  4. Дар ҳолатҳое, ки кўдакон-қурбониёни савдои одамон бе парастории падару модар мондаанд ё маҳалли будубоши падару модари худро намедонанд, мақомоти давлатӣ, ки барои расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ваколатдор карда шудаанд, уҳдадоранд фавран ҷустуҷўи оилаи кўдакро оѓоз намуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба расмият даровардани васоят ё парасторӣ ба ў чораҳо андешанд.
 
Моддаи 33. Тартиби хабар додан дар бораи кўдакон —
                      қурбониёни савдои одамон 
  1. Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак Комиссияи байниидоравӣ ё комиссияҳои ҳудудӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ѓайридавлатӣ ва дигар ташкилотҳо, ки дар хусуси ҷои қарордошти кўдакон-қурбониёни савдои одамон иттилоот доранд, уҳдадоранд фавран дар ин бора падару модари (намояндагони қонунии) кўдак, мақомоти васоят ва парасторӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро хабардор намоянд.
  2. Дар ҳолати дар мақомот ва ташкилоту муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида мавҷуд будани иттилоот дар хусуси ҷои истиқомат ё ҷои будубоши падару модар ё дигар намояндагони қонунии кўдак — қурбонии савдои одамон, иттилоот дар бораи ҷои будубоши кўдак дар давоми 12 соат аз лаҳзаи ёфт гардидани ў ба падару модар, инчунин ба мақомоти васоят ва парастории ҷои охирини истиқомати кўдак фиристода мешавад. Агар иттилоот дар хусуси падару модар ва дигар намояндагони қонунӣ мавҷуд набошад, иттилооти дахлдор ба мақомоти васоят ва парастории ҷои охирини истиқомати кўдак фиристода мешавад.
  3. Мақомот ва ташкилотҳои низоми пешгирии бепарасторӣ ва ҳуқуқвайронии ноболиѓон дар доираи ваколатҳои худ уҳдадоранд риояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кўдакон — қурбониёни савдои одамонро таъмин карда, ҳифзи онҳоро аз ҳама гуна шаклҳои табъиз, зўроварии ҷисмонӣ ва рўҳӣ, таҳқир, муносибати даѓалона, истисмори шаҳвонӣ ва дигар шаклҳои истисмор таъмин намоянд, кўдакон-қурбониёни имконпазири савдои одамонро маълум намоянд, инчунин дар хусуси ҳама гуна вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, ки вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти касбӣ ё хизматӣ ба онҳо маълум шудааст, ба мақомоти зерин хабар диҳанд:
— ба мақомоти прокуратура-дар хусуси вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои кўдакон-қурбониёни савдои одамон;
— ба Комиссия оид ба  ҳуқуқи кўдак – дар хусуси ҳолатҳои ошкоршудаи вайронкунии ҳуқуқҳои кўдакон-қурбониёни савдои одамон  ба таҳсил, меҳнат, истироҳат, манзил ва дигар ҳуқуқҳо;
— ба мақомоти васоят ва парасторӣ – дар хусуси ошкор намудани кўдакон-қурбониёни имконпазири савдои одамон, аз ҷумла кўдакони бе  парастории падару модар ё намояндагони қонунӣ монда ва ё кўдакони дар вазъияти барои ба самти савдои одамон ҷалб намудани онҳо мусоидаткунанда қарордошта;
— ба мақомоти корҳои дохилӣ – дар хусуси муайян намудани падару модар ё  намояндагони қонунии кўдакон, ки нисбат ба кўдакон кирдорҳои зиддиҳуқуқиро дар самти савдои одамон содир менамоянд;
— ба мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — дар бораи ошкор намудани кўдакон — қурбониёни имконпазири савдои одамон, ки бо сабаби нисбат ба онҳо содир гардидани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон ба муоина, назорати табиб ё табобат эҳтиёҷ доранд, инчунин бинобар бепарасторӣ ва бесаробонӣ ба кумаки давлат эҳтиёҷ доранд, ҳамчунин дар бораи ошкор кардани оилаҳое, ки дар вазъияти хатарноки иҷтимоӣ қарор доранд;
— ба мақомоти маориф ва илм — оид ба ошкор намудани кўдакон — қурбониёни имконпазири савдои одамон, ки бинобар худсарона тарк намудани хонаҳои кўдакон, мактаб — интернатҳо ва дигар муассисаҳои кўдакона ё бинобар бе сабабҳои узрнок қатъ намудани таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба кумаки давлат эҳтиёҷ доранд;
— ба мақомот оид ба корҳои ҷавонон ва варзиш – дар хусуси ошкор намудани кўдакон-қурбониёни имконпазири савдои одамон, ки дар вазъи хатарноки иҷтимоӣ қарор дошта, вобаста ба ин ба ташкили  истироҳат, фароѓат ва таъмин бо шуѓл мўҳтоҷ мебошанд;
— ба мақомоти рушди сайёҳӣ дар бораи ошкор намудани кўдакон — қурбониёни имконпазири савдои одамон, ки бинобар ба амал баровардани фаъолияти танзимгарони сайёҳӣ ва агентиҳои сайёҳӣ, инчунин фаъолияти моделӣ, шуѓл ва намудҳои дигари фаъолият дар вазъи хатарноки иҷтимоӣ қарор доранд. (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
  1. Ба мақомоти дар қисмҳои 1-3 ҳамин модда пешбинигардида хабар надодани иттилооти дахлдор дар хусуси кўдакон-қурбониёни савдои одамон барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ асос мегардад.
  2. Иттилооти дар қисмҳои 1-3 ҳамин модда пешбинигардида бояд бо тартибе нигоҳдорӣ ва истифода шавад, ки махфиёна будани онро таъмин намояд. Ѓайриқонунӣ паҳн намудани ин иттилоот барои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор асос мегардад.
БОБИ 6. ПЕШГИРИИ САВДОИ ОДАМОН
 
Моддаи 34. Ташкили пешгирии савдои одамон
  1. Пешгирии савдои одамон тавассути истифодаи чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, тавонбахшӣ ва дигар чораҳо амалӣ мешавад ва ба ошкор намудан ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба савдои одамон мусоидаткунанда, ошкор намудан, айнияткунонӣ, мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон равона шудаанд, ки дар маҷмўъ бо чораҳои махсуси пешгирикунандаи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амалӣ мегарданд.
  2. Ба системаи чорабиниҳо оид ба пешгирии савдои одамон чораҳои зерини ошкоркунии саривақтии ҳолатҳои савдои одамон дохил мешаванд:
— ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки баҳисобгирӣ ва бақайдгирии ҷиноятҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршавандаро танзим менамоянд, ворид намудани тартиби ҳатмии бақайдгирӣ ва санҷиши ҳамаи хабарҳо, инчунин дар шакли беном дар бораи ҳолатҳои савдои одамон, аз ҷумла савдои кўдакон, истисмори шаҳвонии онҳо бо истифодаи технологияҳои  навтарин;
— ташкили шабакаи «хатҳои оҷилӣ» ва телефонҳои боварӣ  барои хабардиҳии фаврӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла дар шакли беном,  дар бораи аз ҷониби онҳо ошкор намудани ҳолатҳои савдои одамон, аз ҷумла дар шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва интернетӣ;
— таҳия ва амалигардонии барномаҳои иҷтимоие, ки ба бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба савдои одамон мусоидаткунанда равона шудаанд;
— аз ҷониби давлат кафолат додани татбиқи маҷмўи чораҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии қурбониёни имконпазири савдои одамон, махсусан занон ва кўдакон;
— амалӣ намудани мониторинг, таҳлили амиқ ва баҳодиҳии маҷмўии зуҳурот ва равандҳое, ки ба савдои одамон сабаб шудаанд, бо мақсадҳои такмил додани таҷрибаи пешгирии савдои одамон;
— дар байни қурбониёни имконпазири савдои одамон гузаронидани  кори иттилоотию маърифатӣ, аз ҷумла маълумотдиҳӣ дар бораи хатарҳои эҳтимолӣ дар самти савдои одамон, чораҳои ҳимояи аз ҷониби давлат таъминшаванда, инчунин чораҳои маъмурӣ, ҳуқуқии ҷиноятӣ ва дигар чораҳои муқовимат ба савдои одамон, ки аз ҷониби давлат амалӣ мешаванд;
— гузаронидани таҳқиқоти илмии маҷмўӣ, байнисоҳавӣ оид ба проблемаҳои муқовимат ба  савдои одамон, аз ҷумла ҷанбаҳои гендерии он;
— аз рўи тахассус ҷудо намудани кормандони мақомоти амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон, ташкили тайёрии  таълимӣ ва касбии онҳо.
  1. Муқовимат ба савдои кўдакон бо назардошти хусусияти фаъолияти зикргардида ба сифати фасли мустақили нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон ҷудо карда мешавад, ки аз ҷумла ташкили системаи чораҳои ташкилӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, омўзгорӣ ва дигар чораҳои барои ошкор намудан ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба бепарастории кўдакон, беназоратӣ ва ятимии онҳо мусоидаткунанда равонашударо пешбинӣ менамояд, аз ҷумла:
— ташкили системаи давлатии ошкор намудани оилаҳое, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ дар вазъияти хатарнок қарор доранд ва кўдаконе, ки ба ҳифзи давлат мўҳтоҷанд ва ба онҳо расонидани кумаки ҳаматарафа;
— ташкили системаи давлатии ошкор намудани падару модароне (шахсони онҳоро ивазкунандае), ки аз иҷрои уҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда оид ба тарбияи кўдакон ва назорати  онҳо саркашӣ менамоянд ва нисбат ба чунин шахсон  андешидани чораҳои ислоҳи иҷтимоӣ, тавонбахшии иҷтимоӣ ва равонӣ, назорати иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ;
— тавассути қонунгузорӣ манъ кардани дастрасии кўдакон ба ҷойҳои ҷамъиятие, ки барои фурўши маҳсулот ва  хизматрасониҳое таъин  шудаанд, ки ҳавасмандиро ба шаҳват ба вуҷуд меоранд, дигар чорабиниҳои намоишии дорои хусусияти беҳаёӣ ва порнографӣ;
— тавассути қонунгузорӣ маҳдуд кардани ҳузури кўдакон бе ҳамроҳии падару модарон ё дигар намояндагони қонунӣ дар вақти шабона дар дигар ҷойҳои ҷамъиятие, ки барои истифодаи вақтхушӣ ва (ё) фароѓатӣ ва ё дастрасӣ ба Интернет пешбинӣ шудаанд.
  1. Бо мақсади пешгирии ревиктимизатсияи қурбониёни савдои одамон аз ҷониби субъектҳои дахлдори муқовимат ба савдои одамон чораҳои зарурӣ оид ба ташкил ва инкишофи системаи муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ѓайридавлатӣ, инчунин маҷмўи дигар чораҳое, ки барои тавонбахшӣ ва мутобиқгардонии иҷтимоии онҳо равона шудаанд, андешида мешаванд.
 
Моддаи 35. Механизми татбиқи чораҳои профилактикӣ оид
                      ба пешгирии савдои одамон
  1. Давлат маҷмўи чораҳои профилактикӣ оид ба пешгирии савдои одамонро ҳангоми ташаккули сиёсати дохилӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои иттилоот, маориф, расонидани кумаки иҷтимоӣ ба аҳолӣ, шуѓли аҳолӣ, иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои алоҳидаи фаъолият, пешгирии беназоратӣ ва ҳуқуқвайронкунии кўдакон пешбинӣ менамояд.
  2. Амалишавии чораҳои профилактикӣ оид ба пешгирии савдои одамон аз ҷониби давлат бо маҷмўи чораҳои дорои хусусияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маъмурӣ ва дигар хусусият таъмин карда мешавад, аз ҷумла:
— иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (корҳо, хизматрасониҳо), ки ҳангоми амалигардонии онҳо имкониятҳои мусоид барои савдои одамон ва истисмори онҳо ҷой доранд;
— таъмини возеҳӣ, шаффофият ва пешгўии  бастани  шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ, сайёҳӣ, таълимӣ, ақди никоҳ ва дигар шартномаҳо  бо шахсоне, ки аз маҳалли истиқомати доимии худ берун мебароянд;
— таъмини назоратбарии давлатӣ ва ҷамъиятии соҳаҳое, ки дар онҳо эҳтимолияти хатари объекти савдои одамон, истисмори иқтисодӣ ё шаҳвонии тиҷоратӣ гаштани аҳолӣ хеле калон аст;
— сари вақт муайян ва бартарафсозии сабабҳо ва шароитҳои ба савдои одамон мусоидаткунанда;
— таъминоти ташкилӣ, молиявӣ ва захиравии иҷрои барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии муқовимат ба савдои одамон.
  1. Давлат оид ба таъминоти моддию техникӣ ва ташкилию ҳуқуқии чорабиниҳои дар боби мазкур зикргардида тадбирҳо андешида, аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои мақсадҳои зикршуда маблаѓҳои буҷетиро пешбинӣ менамояд.
 
Моддаи 36. Сиёсати иттилоотӣ дар самти пешгирии савдои
                      одамон
  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тарѓибу ташвиқи савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, инчунин рекламаи хизматрасонии ба савдои одамон алоқаманд, манъ аст.
  2. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ба кўдакон пешниҳоди хизматрасонии дастрасӣ ба Интернет аз тарафи ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ, фароѓатӣ, аз ҷумла интернет-кафе, клубҳо ва толорҳои компютерӣ баъди ҷиҳозонидани компютерҳои алоҳида бо воситаҳои техникӣ ва барномавии махсуси ҳимояи кўдакон аз иттилооте, ки барои ҷалб намудани онҳо дар самти савдои одамон мусоидат менамоянд, иҷозат дода мешавад.
  3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуѓли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам дар воситаҳои ахбори омма нашр ва дар Интернет ҷой додани рўйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро, ки барои амалигардонии фаъолият оид ба берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кор таъмин намудани шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванди ба таври доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда иҷозатнома доранд, таъмин менамоянд.
  4. Субъектҳои давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон ва дигар ташкилотҳои дар моддаҳои 7-10 Қонуни мазкур пешбинигардида дар доираи ваколатҳои худ ба шаҳрвандон дар хусуси хатари савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, шаклҳои он, чораҳои бехатарии дахлдори андешидашуда, воситаҳои пешгирии савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, иттилоъ медиҳанд.
Моддаи 37. Сиёсати таълимии давлат дар самти пешгирии
                      савдои одамон
  1. Сиёсати таълимӣ дар самти пешгирии савдои одамон бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:
— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъи додани иҷозат ба фаъолияти омўзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба шахсоне, ки чунин фаъолият ба онҳо бо ҳукми суд ё хулосаи тиббӣ манъ шудааст, инчунин шахсоне, ки барои ҷиноятҳо дар самти савдои одамон доѓи судӣ доранд;
— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани экспертизаи ҳатмии барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва таълимию методӣ, ки барои истифодабарӣ дар раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ таъин шудаанд, аз ҷумла дар онҳо мавҷуд будани ташвиқи ошкоро ё пинҳонии кирдорҳои ба савдои одамон алоқаманд ва ё рекламаи хизматрасониҳо дар самти мазкур;
— таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимие, ки проблемаҳои савдои одамон ва тарзҳои муқовимат ба онро ошкор намуда, ба гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ (аз ҷумла қурбониёни имконпазири савдои кўдакон, падару модари кўдакон, мураббиён ва омўзгорони онҳо, ҷавонон, кормандони воситаҳои ахбори омма, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) нигаронида шудаанд, инчунин барномаҳое, ки барои таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ пешбинӣ шудаанд;
— ба барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти  касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ  дохил кардани курсҳои махсус оид ба пешгирии савдои одамон;
— таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои махсус оид ба пешгирии  савдои одамон дар муассисаҳои тарбиявии махсусгардонидашуда барои кўдакон, дигар мақомот ва муассисаҳо, ки пешгирии оворагардӣ ва ҳуқуқвайронкунии кўдаконро амалӣ менамоянд;
— ташкили тайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирӣ  ва мубориза бо савдои одамон;
— амалӣ намудани назоратбарӣ аз рўи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ оид ба ташкил кардани коромўзӣ, таълим, азнавтайёркунӣ, таҷрибаомўзӣ, гузаронидани озмунҳо, олимпиадаҳои хонандагон, донишҷўён ва аспирантҳо дар хориҷа.
  1. Ҳангоми ташаккули сиёсати таълимӣ вазъ, ҷараён ва пешгўии инкишофи ҷинояткорӣ дар самти савдои одамон, роҳҳои муосири муқовимат ба он, аз ҷумла механизмҳои пешгирикунанда ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин воситаҳои барномавӣ ва иттилоотии муосир ба инобат гирифта мешаванд.
 
 
Моддаи 38. Пешниҳоди ҳатмии иттилоот
  1. Бо мақсади пешгирии истисмори иқтисодӣ ва шаҳвонии шахсоне, ки ба давлатҳои хориҷӣ  барои кор равона карда мешаванд, корфармо ҳангоми интихоби кормандон ва бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо онҳо вазифадор аст мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шароити фаъолияти меҳнатии ояндаи онҳо, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳо, кафолати ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии шароити меҳнат маълумоти  пурра ва дақиқ  пешниҳод намояд.
  2. Бо мақсади пешгирии истисмори иқтисодӣ ва шаҳвонии кўдакон ташкилот ва агентиҳои сайёҳӣ, ки хизматрасониро ҷиҳати дар хориҷа ташкил намудани таҳсил, истироҳат ва табобати кўдакон бе ҳамроҳии падару модар пешниҳод менамоянд, ҳангоми бастани шартнома барои расонидани чунин хизматрасониҳо уҳдадоранд ба падару модар маълумоти пурра ва дақиқро оид ба шартҳои будубоши кўдакони онҳо дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ, кафолатҳои ҳифзи саломатӣ ва таъмини амнияти шахсӣ   пешниҳод намоянд.
  3. Бо мақсади ошкоркунӣ ва пешгирии саривақтии ҷиноятҳо дар самти савдои кўдакон мақомот ва муассисаҳои маориф ва илм, хизматрасонии тиббии кўдакон, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, дигар мақомоту муассисаҳои кор бо кўдакон машѓулбуда, шахсони мансабдори онҳо ва дигар кормандоне, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо уҳдадорӣ оид ба тарбия, таҳсил, ҳифзи саломатӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоии кўдакон ё назорати онҳо вогузор шудааст, уҳдадоранд фавран мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба ҳолатҳои савдои кўдакон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти касбӣ ва хизматӣ ба онҳо маълум гаштаанд, хабардор намоянд.
  4. Хабар надодан, сари вақт пешниҳод накардан ё пешниҳоди хабарҳои носаҳеҳ (аз ҷумла дар ҳаҷми нопурра) оид ба маълумоти дар ҳамин модда пешбинигардида мувофиқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
 
Моддаи 39. Манъи истифодабарии шабакаҳои алоқаи
                      истифодаи умум барои содир намудани ҷиноятҳо
                     дар самти савдои одамон
  1. Истифодабарии шабакаҳои алоқаи истифодаи умум барои амалӣ намудани фаъолияти ба савдои одамон алоқаманд, аз ҷумла барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ё фароҳам овардани шароитҳо барои содир намудани онҳо, гирифтани розигии қурбонии имконпазири истисмори банақшагирифташудаи ў, ҳамчунин барои паҳн намудани маводи тарѓиботии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон манъ аст.
  2. Дар ҳолати истифодабарии шабакаи алоқаи истифодаи умум барои амалӣ намудани фаъолияти дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида, чораҳои пешгирии он татбиқ гардида, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар содир намудани ҳаракатҳои зикргардида гунаҳгоранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  3. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳо ва шахсоне, ки хизматрасониро оид ба додани иттилоот ба воситаи шабакаҳои алоқаи барқӣ ё дастрасиро  ба Интернет ва алоқаи мобилӣ анҷом медиҳанд, аз ҷумла бо провайдерҳо, дар бораи  аз ҷониби онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фавран пешниҳод намудани маълумот дар бораи аз ҷониби онҳо ҳангоми анҷом додани уҳдадории хизматӣ ё касбӣ ошкор намудани ҳаракатҳои истифодабарии шабакаи алоқаи барқӣ барои анҷом додани фаъолияти вобаста ба  савдои одамон созишнома мебандад.
  4. Аз ҷониби шахсони зикргардида пешниҳод накардани маълумоти дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо риоя накардани шартҳои созишнома, ки дар қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
 
БОБИ 7. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ ДАР САМТИ
                       МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН
 
Моддаи 40. Асосҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти
                      муқовимат ба савдои одамон
  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи онҳо, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бар зидди савдои одамон мубориза мебаранд, дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, ҳамкорӣ менамояд.
  2. Расонидани кумаки ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба савдои одамон тибқи шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  3. Савдогарони одамон ва дигар шахсоне, ки дар содир намудани кирдорҳои бо савдои одамон алоқаманд иштирок менамоянд, метавонанд ба давлатҳои  хориҷӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё  иҷрои ҷазои таъиншуда  мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон иштирокчии онҳо мебошад, супорида шаванд.
  4. Намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи қонунгузории кишварҳои ҷойгиршавии онҳо ошкор кардан ва ҳифзи муносиби ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қурбониёни савдои одамон шудаанд, амалӣ намуда, ба онҳо барои баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.
  5. Дар ҳолати гум кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қурбонии савдои одамон мебошад ва ё имконнопазирии гирифтани онҳо аз савдогарони одамон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлори давлатӣ дар мўҳлати кўтоҳтарин чунин шаҳрвандонро бо ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанро медиҳад, таъмин мекунанд.
 
Моддаи 41. Ҳамкорӣ бо мақомоти  ваколатдори давлатҳои
                      хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии давлатӣ ва
                      ѓайридавлатӣ дар самти муқовимат ба савдои
                     одамон
  1. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии огоҳонидан ва пешгирӣ кардани савдои одамон, ҳифз ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни он, инчунин ташкили ҳамкории байнидавлатӣ дар омодасозӣ ва амалигардонии чорабиниҳои бо Қонуни мазкур пешбинигардида ва барномаҳои якҷояи мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон бо давлатҳои хориҷӣ ва мақомоти ваколатдори онҳо, инчунин бо ташкилотҳои байналмилалии давлатӣ ва ѓайридавлатӣ, ки фаъолиятро оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди савдои одамон пеш мебаранд, ҳамкорӣ намуда, ба ҳифзи ҳуқуқҳои курбониёни чунин ҷиноятҳо мусоидат менамоянд.
  2. Самтҳои асосии ҳамкориҳои байналмилалӣ инҳо мебошанд:
-таҳия ва бастани шартномаҳои дутарафа ва бисёртарафаи байни давлатҳо оид ба масъалаҳои муқовимат ба  савдои одамон;
-мўътадилгардонии ҳамкориҳои мақомоти дахлдори махсусгардонидашудаи наздисарҳадии давлатҳои  ҳамсоя оид ба мубориза бар зидди  савдои  одамон;
-ҳамоҳангсозии амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла чораҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо мақсади саривақт ва пурра ошкор кардан, пешгирӣ намудан ва кушодани ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқаманд;
— таъсис ва рушди якҷояи системаи иттилоотӣ, воситаҳои хабаррасонии фаврӣ, вокуниш ва назоратбарӣ, ки барои баланд бардоштани самаранокии муқовимат ба савдои одамон нигаронида шудаанд.
 
   БОБИ 8. ҶАВОБГАРӣ БАРОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО
                    ДАР САМТИ САВДОИ ОДАМОН
 
Моддаи 42. Намуд ва принсипҳои ҷавобгарӣ барои
                      ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон
  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон алоқамандӣ доранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии граждании ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.
  2. Ҳаракат ё беҳаракатии шахси мансабдор, ки барои савдои одамон шароит фароҳам меоварад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ба ҷавобгарӣ кашидани ў мебошад.
  3. Рафтори қурбонии савдои одамон, ки дар надоштани хоҳиш ё имконнопазирии таѓйир додани рафтори виктимӣ, зиддиҷамъиятӣ ё зиддиҳуқуқии худ, ки ба савдои одамон алоқаманд аст, ифода меёбад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии савдогарони одамонро истисно намекунад.
 
Моддаи 43. Ҷавобгарии шахсони ҳуқуқӣ барои дахл доштан
                      ба  савдои одамон
  1. Бо тартиби судӣ муқаррар кардани дахлдории ташкилот ба савдои одамон, ки баръало ба содиркунӣ ва пинҳонкунии ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ё қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи содир кардани чунин ҷиноятҳо бадастоварда мусоидат кардааст, дар асоси карори суд боиси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва ё бекор кардани иҷозатномаи ў барои амалӣ намудани намуди дахлдори фаъолият, ки амалисозии он бо содиршавии ҷиноятҳои зикргардида алоқаманд мебошад, мегардад.
  2. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилот (шахси ҳуқуқӣ) амалӣ намудани фаъолияти ба савдои одамон алоқаманд, ки боиси вайрон гаштани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, расонидани зарар ба шахсият, саломатии шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ гардидааст ё таҳдиди воқеии расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад, фаъолияти он бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 7 Қонуни мазкур то аз ҷониби суд қабул намудани қарор оид ба дахлдории ташкилоти (шахси ҳуқуқии) мазкур ба фаъолияти зикргардида муваққатан боздошта мешавад.
  3. Қарор оид ба боздоштани фаъолияти шахси ҳуқуқӣ бо асосҳое, ки дар қисми 2 моддаи мазкур зикр гардидаанд, то аз ҷониби суд баррасӣ намудани масъалаи барҳамдиҳии он ва ё манъи фаъолияти ў, метавонад ба суд бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди шикоят қарор гирад. Агар суд қарорро оид ба барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва ё манъи фаъолияти он қабул накунад, шахси ҳуқуқии мазкур фаъолияти худро баъди ба қувваи қонунӣ даромадани қарори суд аз нав барқарор менамояд.
  4. Дар ҳолати аз ҷониби суд эътироф гардидани алоқамандии ташкилоти байналмилалӣ (шўъба, филиал, намояндагии он), ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, ба савдои одамон, фаъолияти чунин ташкилоти байналмилалӣ (шўъба, филиал, намояндагии он) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қарори суд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.
 
Моддаи 44. Ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои паҳн
                      намудани маводи тарѓиботии ҷиноят ва дигар
                      ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон 
  1. Тавассути воситаҳои ахбори омма паҳн намудани маводи тарѓиботии ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон, ҳамчунин ифшои маълумоти махфиёна дар хабару маводи паҳншаванда дар бораи қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла маълумоте, ки бевосита ё бавосита ба шахсияти курбонии савдои одамон ишора менамоянд, бе розигии онҳо ва нисбат ба кўдак-қурбонии савдои одамон бошад, бе розигии худи кўдак, намояндаи қонунии ў, инчунин мақомоти васоят ва парасторӣ манъ карда мешавад.
  2. Дар ҳолати аз ҷониби воситаи ахбори омма паҳн намудани маводи дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида, ки боиси вайрон гардидани ҳуқуқ ва озодиҳои қурбонии савдои одамон, расонидани зарар ба саломатӣ, шаъну шарафи вай, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти ҷамъиятӣ гардидааст ё таҳдиди воқеии расонидани чунин зарарро ба вуҷуд овардааст, фаъолияти воситаи ахбори оммаи дахлдор метавонад бо қарори суд дар асоси пешниҳоди мақоми давлатии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шавад.
  3. Бо мақсади роҳ надодан ба идомаи паҳн намудани маводи дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида суд метавонад то баровардани қарор аз рўи парванда фурўши шумораи дахлдори нашрияи даврӣ ва ё нусхаи сабти аудиоӣ ё сабти видеоии барнома ва ё пахши барномаи  дахлдори телевизионӣ, радиоӣ ё видеоиро бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боздорад.
  4. Қарори суд барои гирифтани қисми фурўхтанашудаи нусхаи маҳсулоти воситаи ахбори омма, ки маводи дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардидаро дар бар мегирад, аз  маҳалли  нигоҳдорӣ, савдои яклухт ва чаканаи маҳсулоти зикргардида, ҳамчунин аз китобхонаҳои оммавӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки ба он дастрасии озод доранд, асос мебошад.
 
Моддаи 45. Хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир
                      намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон
Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии қурбонии савдои одамон барои истисмори ў асоси истиснокунанда ё сабуккунандаи ҷавобгарии ҷиноятии савдогари одамон шуда наметавонад. (Қ ҶТ аз 02.01.2019с., №1563)
 
 
БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 46. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи
                      Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 47. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни
                     Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба
                      муқобили хариду фурўши одамон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурўши одамон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №7, мод. 454; с.2007, №7,           мод. 658; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 2) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 48. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни
                      мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ Раҳмон
 
         Ш.Душанбе
         26 июли соли 2014
         №1096
 

Илова кунед