Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ

19 Сентябр 2013, Панҷшанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №  8-9, мод. 653; соли 2018, №2, мод.69)
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  19–уми июни     соли   2013, №  1237   (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  соли 2013, №6 , моддаи 433) қабул гардидааст.
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми августи соли 2013, №561 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №8-9 , моддаи 662  ) ҷонибдорӣ гардидааст
 
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои  ташкили зотпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона карда шудааст.
 
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— ҳайвоноти кишоварзӣ– ҳама намуди чорво, парранда, моҳӣ, кирми пилла, занбўри асал, ки онҳороинсон парвариш менамояд ва ба истеҳсолоти кишоварзӣ муносибати бевосита доранд;
— зотпарварӣ–маҷмўи чорабиниҳои зоотехникӣ, биологию генетикӣ, ташкилию хоҷагидорӣ, ки барои офаридани зот ва гурўҳҳои нави селексионии ҳайвоноти  кишоварзӣ, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда равона шудаанд;
— маводи (маҳсулоти) зотӣ– ҷинсҳои нарина ва модинаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин нутфа ва ҷанинҳои аз онҳо гирифташуда;
— ҳайвоноти зотии кишоварзӣ–ҳайвоноти кишоварзии дорои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти авлодӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд ва барои офаридани зот истифода бурда мешаванд;
— арзиши зотӣ сатҳи иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва таъсири он ба аломатҳои фоиданокинасл;
— арзёбии сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ– муайян намудани сифати хушзотӣ, маҳсулнокӣ ва инкишофи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо додани дараҷаи дахлдор, инчунин маводи (маҳсулоти) дигаризотӣ, ки бо мақсади истифодаи минбаъда муайян карда мешавад;
— нишонагузорӣ– нишона кардани ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо роҳи гузоштани рақам, холкўбӣ, ки барои муайян кардани ҳаммонанди изот имкон медиҳад;
— зотиҳайвонотикишоварзӣ– гурўҳи сершумори як намуди ҳайвоноти кишоварзӣ, ки саршумори муайяни синну сол ва ҷинсҳои гуногуни дорои арзиши зотии ба наслҳои оянда гузарандаро дар бар гирифта, сифати муайяни муфид ва аз дигар зот фарқкунанда дорад ва таркиби он аз шумораи зарурии авлод (кросс) иборат мебошад;
— авлод гурўҳи муайяни ҳайвоноти кишоварзии якнасли таркиби зот, ки аз як ё якчанд ҷинси барҷастаи нарина пайдо мешаванд;
— кросс маҷмўи авлод ва дурагаҳои ҳайвонотизотии кишоварзӣ, ки дар доираи тартиби муайянгардида бо роҳи ҷуфткунонӣ ба вуҷуд омада, маҳсулнокии баланд ва қобилиятнокии ҳаётан устувор доранд;
— генофонди зоти камшумор – гурўҳи кам дучоршавандаи зоти ҳайвонотикишоварзӣ, ки бо хусусиятҳои ирсӣ ва селексионии худ фарқ мекунад ва зери хатари нобудшавӣ қарор дорад;
— феҳристи давлатии ҳайвонотизотиикишоварзӣ–маҷмўи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ, сифатҳои дигари ҳайвонотизотиикишоварзӣва арзиши зотии насли онҳо;
— гурўҳҳои дохилизотӣ – гурўҳҳои ҳайвонотикишоварзӣ, ки бо усулҳои дурагакунии зотҳои гуногун барои тез таѓйир додани аломатҳои авлодии ду ва зиёда зотҳо ба мақсади офаридани  зоти маҳсулнокиаш баланд ташаккул дода мешаванд;
— корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ субъекти хоҷагидор, ки ба парвариши саршумори ҳайвоноти зотии кишоварзӣ,офаридани зотҳои нав, такмили сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда, инчунин гирифтани нутфаи ҳайвонотизотии кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва фурўши он машѓул мебошад;
— заводи зотпарварӣкорхонае,киба парвариши ҳайвоноти кишоварзии хушзоти маҳсулнокиаш баланд машѓул аст;
— маркази зотпарварӣ – шахси ҳуқуқӣ, ки ба парвариши зотҳои сермаҳсули ватанию хориҷӣ ва зиёд кардани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни ҳайвонотикишоварзӣмашѓул мебошад;
фермаи ҳайвонотизотиикишоварзӣ–ҷузъи таркибии хоҷагии кишоварзӣ, ки ба парвариши ҳайвонотизотиикишоварзӣмашѓул мебошад;
— аттестатсия– арзёбии фаъолияти  субъектҳои соҳаи зотпарварӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ давра ба давра гузаронда мешавад; 
— шаҳодатнома дар бораи ҳайвонотизотии кишоварзӣ– ҳуҷҷате, ки мансубияти авлодӣ, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари ҳайвонотизотиикишоварзӣ, инчунин мансубияти нутфа ва (ё) ҷанинро тасдиқ менамояд;
— сертификат ҳуҷҷате, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигаримаводи (маҳсулоти) зотӣ барои офаридан ё озмоиши сифатҳои зотии ҳайвонотикишоварзӣдода мешавад;
— шиносномаи генетикӣ (генеалогӣ) ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки аз тарафи озмоишгоҳиташхиси генетикӣ  дар хусуси пайдоишиҳайвонотизотиикишоварзӣ дода мешавад;
— мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣмақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи ваколатҳои худ сиёсати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки  Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои обӣ барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ
Ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои обӣ, барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ тартиби додан ва реҷаи истифодаи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 4. Сертификатсияи маводи  (маҳсулоти) зотӣ
Сертификатсияи маводи (маҳсулоти) зотӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 5. Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ
Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ баъд аз гирифтани сертификат, ки он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, амалӣ карда мешавад.
 
 
БОБИ 2. САЛОҲИЯТ, ВАКОЛАТ ВА ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ  ДАВЛАТӣ ДАР ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲО ДАР СОҲАИ ЗОТПАРВАРӣ
 
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ мансубанд:
— амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ;
— муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ;
— тасдиқи барномаҳои давлатии соҳаи зотпарварӣ оид ба офаридани зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда нигоҳдорӣ ва истифодаи генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ(ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
— тасдиқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия ва тартиби ба субъектони хоҷагидорӣ додани мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ;
— тасдиқи шабакаи заводҳо, хоҷагӣ, ассотсиатсия, кооператив ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар соҳаи зотпарварӣ;
— амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар оид ба масъалаҳои зотпарварӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
 
 
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ (минбаъд –мақоми ваколатдори давлатӣ) дорои ваколатҳои зеринро мебошад:
— назорати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд;
— барномаҳои рушди соҳаи зотпарвариро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
— дастур, меъёр ва қоидаҳои фаъолият дар соҳаи зотпарвариро таҳия ва тасдиқ менамояд;
— қоида ва шаклҳои баҳисобгирии ҳайвоноти зотии кишоварзиро  таҳия намуда, баҳисобгирии маълумотро дар соҳаи зотпарварӣ анҷом медиҳад;
— гузаронидани озмоиш ва тасвиби расмии дастовардҳои нави селексиониро дар соҳаи зотпарварӣ таъмин менамояд(ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
— амали шаҳодатномаи зотӣ ё ҳуҷҷати ба он ҳамарзиши маводи (маҳсулоти) зотии воридшавандаро, ки мақомоти расмии давлати содиркунанда додаанд, эътироф менамояд;
— ба субъектҳои соҳаи зотпарварӣ шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ медиҳад ва амали шаҳодатнома ё ҳуҷҷати ба он ҳамарзиши маводи (маҳсулоти) зотии воридшавандаро, ки мақоми дахлдори давлати содиркунанда додааст, эътироф менамояд;
— номгўи намудҳои ҳайвонотизотии кишоварзиродар корхонаҳо (хоҷагиҳо) -и зотпарварӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки ҷинсҳои наринаи он барои офаридани зотҳои нав ё беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда истифода мегарданд, муайян мекунад; (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
— содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзиро танзим менамояд;
       — ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи зотпарпарӣ амалӣ менамояд;
 — назорати сифати маводи (маҳсулоти) зотиро таъмин мекунад;
— барои дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузарондани корҳои селексионӣ фоиданок, чораандешӣ менамояд. (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
 
Моддаи 8. Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ  
Вазифаҳооид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ аз инҳо иборат мебошанд:
— пешбурди корҳои селексионию зотпарварӣ барои беҳсозии мақсадноки маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари фоиданоки ҳайвонотизотии кишоварзӣ;
— офаридани зотҳои нав, авлод ва кросс, нигоҳдории генофонди зотҳои мавҷудаи ҳайвонотикишоварзӣ;
 
— бақайдгирӣ ва муайян намудани ҳаммонандии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва гузарондани санҷиши маводи (маҳсулоти) зотӣ;
— такмиливоситаваусулҳоизотпарварӣ;
— нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузаронидани корҳои селексионӣ фоиданок;
— ҷорӣ намуданитехнологияи муосири селексияи ҳайвоноти кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ;
— истифодаи оқилона ва ҳифзи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ,солимӣ ва наслдиҳии онҳо;
— ба вуҷуд овардани таркиби генетикӣ ва генеалогии зот ва намудҳои ҳайвонотизотии кишоварзӣ;
— гузарондани аттестатсияи фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ. (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
 
 
Моддаи 9. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ
  1. Роҳбарони сохторҳои марказӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии мақоми ваколатдори давлатӣ, инчунин муовинони онҳо аз рўи вазифа нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ ба ҳисоб мераванд.
  2. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ барои ташкили зотпарварӣ дар минтақаи дахлдор масъул мебошанд.
  3. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ мустақил буда, фаъолияти худро тибқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
  4. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ, ҳуқуқ доранд:
— иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи зотпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба зотпарварӣ машѓуланд, назорат намоянд;
— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки ба зотпарварӣ машѓуланд,  санҷида, аз онҳо иттилооти зарурӣ  гиранд;
— ба субъектони соҳаи зотпарварӣ доир ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ амрнома диҳанд ва иҷрои онҳоро назорат намоянд;
— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маводи (маҳсулоти) зотиро ҳангоми риоя накардани тартиби баҳисобгирии зот ва технологияи истеҳсолот аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ боздоранд;
— истифодаи технология, олот, таҷҳизот ва маводро дар офаридани зотҳои нав, гурўҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифатизотҳои мавҷуда назорат намоянд; (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
— ба сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ истифода бурдани ҳайвоноти кишоварзӣ ва маҳсулоти онҳоро, агар онҳо ба талаботи муқарраргардида мутобиқ набошанд, манъ намоянд;
— дар сурати ошкор намудани камбудиҳо оид ба пешбурди нақшаҳои таҳқиқоти селексионӣ дар назди Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ дар бораи маҳрум  намудани хоҷагиҳо аз мақоми хоҷагии зотпарварӣ масъалагузорӣ намоянд; (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
— ба суд даъвоҳо пешниҳод карда, дар мурофиаи судӣ аз номи Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ иштирок намоянд;
— дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.
 
Моддаи 10. Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
  1. Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи зотҳои ҳайвонҳои зотии кишоварзӣ дар асоси маълумотҳои ҳисоботие, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба зотпарварӣ машѓул пешниҳод мегарданд, пеш бурда мешаванд.
  2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин ворид намудани маълумот оид ба зотҳои алоҳидаи аз рӯи мансубият, маҳсулнокӣ ва дигар сифатҳо афзалияти бештар доштаро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд.
(ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
Моддаи 11. Дастгирии давлатии зотпарварӣ
  1. Дастгирии давлатии зотпарварӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷетӣ дар асоси барномаҳои рушди зотпарварӣ амалӣ карда мешавад. Шаклҳои асосии дастгирии давлатӣ инҳо мебошанд:
— кўмаки молиявии чорабиниҳо оид ба такмил ва офаридани зотҳои нав, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла зотҳои генофондашон маҳдуд;
— кўмаки молиявии чорабиниҳо оид ба таъмини дастрасии маводи (маҳсулоти) зотӣ барои молистеҳсолкунандагони кишоварзии ватанӣ.
  1. Самтҳои дастгирии давлатии зотпарварӣ, меъёрҳои кўмаки молиявӣ барои ҳар як намуди маводи (маҳсулоти) зотӣ, чорабиниҳо оид ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин офаридани зотҳои нав аз ҳисоби маблаѓҳои буҷетӣ амалишаванда тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
  2. Барномаҳои таҳқиқоти илмии соҳаи зотпарварӣ аз ҳисоби маблаѓҳои буҷетӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи зотпарварӣ, кўмакҳои башардўстона ва маблаѓҳои хайрияи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблаѓгузорӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 12. Таъминоти илмии соҳаи зотпарварӣ
  1. Таъминоти илмии соҳаи зотпарвариро Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
  2. Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ корҳои зеринро амалӣ менамоянд:
— таҳияи барномаҳои илмӣ — техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ;
— коркарди усул, восита ва услубҳои баланд бардоштани самаранокии офаридани зотҳои нав ва гурӯҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ, бозтавлид, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда(ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
— ворид намудани усул ва технологияи нав доир ба баҳодиҳӣ ва назорати генетикии маводи  (маҳсулоти) зотӣ;
— муайян кардани низоми таъминоти иттилооти зотпарварӣ.
 
БОБИ 3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТОНИ
СОҲАИ ЗОТПАРВАРӣ
 
Моддаи 13. Ҳуқуқ ба амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
  1. Фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста ба шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар сурати пешбурди баҳисобгирии маҳсулнокӣ ва мансубияти ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз тарафи онҳо парваришёбанда амалӣ карда мешавад.
  2. Субъектони соҳаи зотпарварӣ баҳисобгирии маълумотро пеш бурда, ҳисоботро аз рўи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамоянд.
  3. Шахсони мансабдор ва мутахассисони Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ, инчунин мутахассисони зотпарварӣ корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ, ба истиснои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), бояд таҳсилоти зоотехникӣ ё байторӣ дошта бошанд.
  4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба зотпарварӣ машѓуланд, ҳуқуқ доранд:
— шаклҳои фаъолиятро дар соҳаи зотпарварӣ мустақилона интихоб намоянд;
— ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маводи  (маҳсулоти) зотиро дар сурати доштани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ фурўшанд ва ба даст оранд; (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
— ба ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо оид ба парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ, амалисозии тадбирҳои зотпарварӣ, хариду фурўши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулоти онҳо дохил шаванд;
— дар намоишҳо, музоядаҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулоти зотӣ иштирок намоянд;
— дигар ҳуқуқҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.
 
Моддаи 14. Намудҳои субъектони соҳаи зотпарварӣ
  1. Ба субъектони соҳаи зотпарварӣ дохил мешаванд:
— корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ (заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии парранда фермаҳои чорводории хоҷагиҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ, стансия ва марказҳои зотпарварӣ); (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
— ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо;
— муассисаҳои таҳқиқоти илмие, ки бо масъалаҳои зотпарварӣ машѓул мебошанд;
— шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки хизматрасониро оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ амалӣ менамоянд.
  1. 2. Таъсисдиҳӣ, фаъолият ва таѓйир додани шакли фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 15.  Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ 
  1. Вобаста ба сифат ва шумораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва зотҳои онҳо, сатҳи маҳсулнокии ин ҳайвоноти кишоварзӣ корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ ба заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ тақсим мешаванд. Ҳамчунин бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъсиси хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) зотпарварӣ иҷозат дода мешавад.
  2. Ба гурўҳҳои дахлдори зотӣ мансуб донистани корхонаҳо (хоҷагиҳо), инчунин ба хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) додани мақоми хоҷагии зотпарварӣ,ки тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар асоси натиҷаҳои аттестатсия муайян карда мешавад. Дар ин маврид саршумор ва сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, таҷрибаи кор ва тахассуси кормандон, таҷҳизонии техникӣ ва технологияи истеҳсолӣ, мутобиқатии истеҳсолот ба меъёрҳои стандартию байторӣ ба назар гирифта мешаванд. Аз рўи натиҷаҳои аттестатсия ба хоҷагӣ мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ дода мешавад. (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
  3. Фаъолияти зотпарварӣ инчунин аз тарафи стансияҳо ва марказҳои зотпарварӣ, ки корхонаҳои (хоҷагиҳои) махсусгардонидашудаи кишоварзӣ мебошанд ва бо мақсади беҳтар намудани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни ҳайвоноти кишоварзӣ маводи ҷинсҳои наринаробарои бордоркунии сунъӣ захира ва (ё) истифода менамоянд,амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
  4. Заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ таҳти ҳифзи давлат қарор доранд ва моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
  5. Мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотӣ, маводи (маҳсулоти) зотӣ машѓуланд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.
 
Моддаи 16. Самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
  1. Самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ инҳо мебошанд:
— муайян кардани арзиши зотии ҷинсҳои наринаи зотӣ аз рўи сифати насл;
— гирифтан, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва фурўши нутфаи ҷинсҳои наринаи зотӣ;
— дастрас намудан, нигоҳдорӣ ва фурўши ҷанинҳо;
— бақайдгирии натиҷаҳои истифодаи нутфа ва ҷанинҳо, пешбурди бонки маълумотҳо дар бораи онҳо;
— амалӣ намудани мубодилаи генофонд;
— афзоиш, такмил ва бозтавлиди зоти муайяни ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла зоти генофондаш маҳдуд, инчунин фурўши маводи (маҳсулоти) зотии истеҳсолшуда;
— беҳтар намудани иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла нигоҳдориигенофонди зоти камшумордар доираи барномаҳои соҳавӣ ва дастовардҳои илмӣ. (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
  1. Таркиби зотӣ ва шуморавии ҷинсҳои наринаи зотӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ якҷоя бо Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар доираи барномаи рушди зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  муайян карда мешавад.                                                  (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
Моддаи 17. Кафолатҳо ба корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
1.Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар амалӣ намудани фаъолияти худ мустақил буда, барои афзун намудани саршумори ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулнокии он масъул мебошанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  1. Ҳуқуқи моликият ва тартиби истифодаи маводи (маҳсулоти) зотӣ дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
                                                         (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
Моддаи 18. Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ
Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ, муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва сифати маводи (маҳсулоти) зотӣ, ҳаммонандкунии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад.
Моддаи 19. Аттестатсияи фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ
Аттестатсияи субъектони соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
 
Моддаи 20. Бақайдгирии давлатии маводи зотӣ
  1. Маводи (маҳсулоти) зотие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст, бояд ба қайди давлатӣ гирифта шавад.
  2. Маълумотҳои субъектони соҳаи зотпарварӣ дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бештар арзишнок аз рўи мансубият, шумора, сифатҳои зотӣ ва маҳсулнокӣ ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотӣ аз рўи намуд ва зоти ҳайвоноти кишоварзӣ дохил карда мешаванд.
  3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дошта, субъектони соҳаи зотпарварӣ намебошанд, метавонанд ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дохил кардани ҳайвоноти зотии доштаашон маълумот пешниҳод намоянд. Маълумоте, ки ба Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дохил карда шудааст, ба шахсони манфиатдор дастрас мебошад.
БОБИ 4. ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ МАВОДИ (МАҲСУЛОТИ) ЗОТӣ ВА БАҲОДИҲИИ ОН
 
Моддаи 21. Эътироф намудани маводи  (маҳсулоти) зотӣ ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
  1. Мавод (маҳсулот) ҳамчун мавод (маҳсулоти) зотӣ дар ҳолатҳои зерин эътироф карда мешавад, агар:
— шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дошта бошад; (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
— нутфа ва ҷанинҳо дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ аз ҳайвоноти зотии кишоварзӣ гирифта ва коркард шуда, дорои шаҳодатномаи зотӣ бошанд;
— шаҳодатномаи байторӣ дар бораи офият аз бемориҳо ва олудагиҳои бактериявӣ дошта бошад.
  1. Маводи (маҳсулоти) зотии воридшуда ба шарте ҳамчун мавод (маҳсулоти) зотӣ эътироф карда мешавад, ки агар шаҳодатномаи зотӣ ё ҳуҷҷати ба он ҳамарзиши мақомоти расмии давлати содиркунанда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ эътироф гардида, ин мавод (маҳсулоти) зотӣ ба меъёрҳои стандарти байналмилалӣ мутобиқ бошад.
 
Моддаи 22. Баҳодиҳии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
  1. Маводи (маҳсулоти) зотӣ бояд баҳодиҳӣ карда шавад, ки он бо мақсади муайян кардан ва ба таври ҳуҷҷатӣ тасдиқ намудани мансубият, маҳсулнокии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, дар онҳо мавҷуд набудани нуқсонҳои генетикӣ, инчунин мансубият ва сифати нутфа ё ҷанинҳо гузаронида мешавад. (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
  2. Ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки барои бозтавлиди зот интихоб гардидааст, бояд аз рўи сифати насл ва маҳсулнокии худ санҷиш ва баҳодиҳӣ карда шаванд.
  3. Баҳодиҳии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва санҷиши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии аттестатсиякардашуда ҷиҳати хизматрасонӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ гузаронида мешавад.
  4. Маводи (маҳсулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зоти кишоварзӣ бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ санҷида, баҳогузорӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 23. Истифода ва фурўши маводи (маҳсулоти) зотӣ  
  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки маводи (маҳсулоти) зотиро истифода мебаранд, бояд чорабиниҳоро доир ба зотпарварӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд.
  2. 2. Маводи (маҳсулоти) зотӣ дар сурати доштани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ зотӣ, ки ба соҳибони маводи (маҳсулоти) зотӣ дода мешавад, фурўхта мешавад.
  3. Воридот ва содироти маводи (маҳсулоти) зотӣ ҳангоми доштани сертификат ва шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ё ҳуҷҷатҳои ба он ҳамарзиш амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
 
 
Моддаи 24. Офаридани зотҳои нав, бозтавлидва беҳтар намудани сифатизотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ
  1. Офаридани зотҳои нав (авлодҳо,кроссҳо), бозтавлидва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ амалӣ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
2.Офаридани зотҳои нав, бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ дар  корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ бо роҳи бордоркунии сунъӣ ва истифодаи бевоситаи  ҷинсҳои наринаи зотӣ, ки дорои шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ мебошанд, сурат мегирад.  (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
  1. Тартиби истифодаи ҷинсҳои наринаи зотӣ ё нутфаи он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
  2. Ҷинсҳои наринаи зотӣ, ки дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ истифода мешаванд, бояд шиносномаи генетикӣ (генеологӣ) дошта бошанд. (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
 
Моддаи 25. Бордоркунии сунъӣ ва  пайвандсозии  ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
  1. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ аз ҷониби корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
  2. Корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ, ки бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳоро амалӣ менамояд, барои бақайдгирии захира, коркард, назорати сифат ва фурўши нутфа ва ҷанинҳо ўҳдадор мебошад.
  3. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳо аз ҷониби мутахассисе, ки дорои ҳуҷҷати дахлдори аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ додашуда мебошад, амалӣ карда мешавад.
(ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
Моддаи 26. Шартҳои истифодаи нутфа ва ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо мақсади парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ
Нутфа ва ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд, агар:
— мувофиқан аз тарафи субъектони соҳаи зотпарварӣ гирифта шуда бошанд;
— аз ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо тартиби муқаррашуда қайдгардида гирифта шуда бошанд;
— бо мақсади ҳаммонандкунӣ аниқ ишора шуда бошанд (дар сурати ҷойгир будани ҷанин дар ҳайвон он бояд тамѓагузорӣ карда шавад);
— шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дошта бошанд. (ҚҶТ аз 21.02.2018сол № 1513)
 
Моддаи 27. Такмили зотҳои мавҷуда ва офаридани зотҳои нав
Такмили зотҳои мавҷуда ва офаридани зотҳои нав (кроссҳо, авлодҳо) мувофиқи барномаи давлатие, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, пеш бурда мешавад.
 
 
 
 
 
 
 
 
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ
  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ мусоидат менамояд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар амалӣ намудани лоиҳаҳои соҳаи зотпарварӣ фаъолият менамоянд, ҳуқуқ доранд бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон шартномаҳо банданд.
 
Моддаи 29. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
Баҳсҳое, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
 
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 «Дар бораи зотпарварӣ» (Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994,             №15-16, мод. 237; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,                    соли 1996, №3, мод. 48; соли 2004, №2, мод. 52) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон
 
ш.Душанбе
19 сентябри соли 2013
№1020

Илова кунед