Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гаравхона (ломбард)

22 Июл 2013, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №  7  , мод.   520 ; соли 2014,№11,мод.662.)
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз   27-уми  феврали   соли  2013    , № 1090  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,соли 2013, № 2 , моддаи 113) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4- уми   июли     соли 2013    , № 525    (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №7 , моддаи 567   ) ҷонибдорӣ гардидааст
 
                                                                                                                                                           
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба фаъолияти гаравхона (ломбард) оид ба додани қарзи кўтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандонро танзим  менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
                Моддаи 1.  Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин  истифода  мешаванд:
— гаравхона (ломбард, минбаъд — гаравхона) — шахси ҳуқуқӣ (ташкилоти махсусгардонидашуда), ки ба додани қарзи кўтоҳмуддат бар ивази гарави молу мулки манқули шаҳрвандон, инчунин нигаҳдошти молу мулки манқули шаҳрвандон машѓул аст;
— ҳудуди  гаравхона — ҳудуди махсуси таҳти муҳофизат қарордоштаи бинои асосӣ, ки барои қабули молгузорон, додани қарзи кўтоҳмуддат, нигаҳ доштани ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ, пули нақд, молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда таъин  гардидааст;
— молу мулки хурдҳаҷм — маснуоти заргариву ҷавоҳирот ва  ҳамчунин дигар молу мулки манқул, ки дар сандуқҳои (сейфҳои) насўзандаи дар  ҳудуди гаравхона ҷойгиркардашуда  нигаҳ дошта  мешаванд;
— молу мулки калонҳаҷм – молу мулки манқул, ки дар ҳудуди гаравхона нигаҳ дошта мешавад;
— ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт— шартномаи қарз, шартномаи нигаҳдошт, чиптаи (билети) гарав, квитансияи номии нигаҳдошт, ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— шартномаи қарз – шартномаи байни гаравхона ва молгузор  ба мўҳлати муайян бо додани  чиптаи (билети)  гарав;
— шартномаи нигаҳдошт – шартномаи байни гаравхона ва молгузор ба мўҳлати муайян барои нигаҳдошти молу мулки манқул бо пардохти подош ва  додани квитансияи номии  нигаҳдошт;
— чиптаи (билети) гарав (минбаъд — чиптаи гарав) — ҳуҷҷати ҳисоби гараве, ки зимни бастани шартномаи қарз  ба молгузор дода мешавад;
— квитансияи номии нигаҳдошт  — ҳуҷҷати ҳисоби гараве, ки зимни бастани шартномаи нигаҳдошт ба молгузор  дода мешавад;
— молу мулки дархостнашуда — молу мулки ба гаравхона  супурдашудаи молгузор, ки дар мўҳлати муайяннамудаи шартномаҳои  қарз  ва нигаҳдошт  дархост нашудааст.
 
        Моддаи 2.  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи
                             гаравхона (ломбард) 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гаравхона (ломбард) ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3.  Иҷозатномадиҳӣ  ба фаъолияти гаравхона
Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти гаравхона тибқи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 4. Шарт ва талаботҳои  асосӣ  ба фаъолияти  гаравхона
  1. Гаравхона бояд мўҳр дошта, номаш ба забони давлатӣ дарҷ гардида бошад ва дар матни он калимаҳои «гаравхона (ломбард)» ва ишорае ба шакли ташкилию ҳуқуқии он ифода ёбанд.
  2. Гаравхона дар раванди фаъолияташ метавонад маблаѓҳои худӣ ва қарзи аз ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтаашро мавриди  истифода қарор  диҳад.
  3. Гаравхона ҳуқуқ дорад аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз шаҳрвандони хориҷӣ ва  шахсони  бешаҳрванди синнашон ба 18 расида дар асоси шиноснома ва (ё) ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи  шахсияти молгузор бо мақсади додани қарзи кўтоҳмуддат молу мулки манқулро ба гарав гирад ва нигаҳдошти онро таъмин намояд, ба истиснои молу мулке, ки аз муомилот бароварда шудааст ва инчунин молу мулке, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  муомилоташ маҳдуд  карда шудааст.
  4. Гаравхона ҳуқуқ дорад танҳо ба фаъолияти пешбининамудаи Қонуни мазкур машѓул шавад.
  5. Гаравхона ба додани қарзи молӣ ҳуқуқ надорад.
  6. Гаравхона ҳуқуқи истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашударо, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинигардида, надорад.
  7. Гаравхона ўҳдадор аст молу мулки хурдҳаҷми багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашударо дар сандуқи (сейфи) насўзандаи гаравхона ва (ё) тибқи шартнома дар ташкилотҳои қарзие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва молу мулки калонҳаҷмро дар бинояш ва (ё) дар биноҳои иҷорагирифтааш, ки ҷавобгўи талаботи қисмҳои 8 ва 9 моддаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, нигаҳ дорад.
  8. Дар ҳудуди гаравхона бояд барои нигаҳ доштани молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда шароите муҳайё  карда шавад,  ки барои нигаҳдошти  молу мулки мазкур  мувофиқ  буда,  ба он осеб нарасад ва (ё) дастраси шахсони  бегона  набошад.
  9. Дар ҷойҳои нигаҳдошти молу мулки багаравмонда ва барои нигаҳдошт супурдашуда нигаҳдошти дигар молу мулк манъ аст.
  10. Муносибатҳои байни гаравхона ва молгузор бо Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномаҳои қарз ва нигаҳдошт  танзим  карда  мешаванд.
  11. Гаравхона метавонад дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳо ва намояндагиҳо  таъсис диҳад.
 
Моддаи 5. Нархгузории  молу мулки  багаравмонда ва (ё) барои
нигаҳдошт супурдашуда   
Молу мулки багаравмонда ва (ё) барои  нигаҳдошт супурдашуда бо мувофиқаи тарафҳо аз рўи нархҳои дар савдо истифодашаванда  нисбат ба чунин  намуду сифати молу мулк дар вақт ва маҳалли қабули он ба гарав ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда ё тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда нархгузорӣ карда  мешавад.
 
Моддаи 6. Суѓурта кардани  молу мулки   багаравмонда ва (ё)
                    барои нигаҳдошт супурдашуда
  1. Гаравхона ўҳдадор аст молу мулки ба гарав ва (ё) барои нигаҳдошт гирифтаашро ба манфиати молгузор аз [исоби худ бо арзиши пуррааш аз рўи нархҳои чунин молу мулк ва чунин сифати дар савдо истифодашавандаи он [ангоми ба гарав ва (ё) барои нигаҳдошт гирифтан муайян карда мешавад, суuурта намояд.
  2. Гаравхона ҳуқуқи аз ҳисоби молгузор маҷбуран суѓурта кардани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашударо надорад.
 
БОБИ 2. ТАРТИБИ ҚАРЗДИҲӣ ВА НИГАҲДОШТИ МОЛУ МУЛК ДАР ГАРАВХОНА
 
Моддаи 7. Шартномаи қарз
  1. Шартномаи қарз мутобиқи моддаҳои 10 ва 13 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо додани чиптаи  гарав ба молгузор аз ҷониби гаравхона ба  расмият  дароварда  шуда, дар ҳар як ҳолати додани қарз чиптаи гарави нав тартиб дода мешавад.
  2. Гаравхона тибқи шартҳои шартномаи қарз ба молгузор ба мўҳлати муайян бо асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи кўтоҳмуддат медиҳад.
  3. Ҳангоми бастани шартномаи қарз гаравхона бо шарти дар мўҳлати на бештар аз як сол баргардонидан ба молгузор бо подош маблаѓ қарз медиҳад. Молгузор бошад, ба гаравхона молу мулкеро месупорад, ки предмети  гарав аст.
  4. Шартномаи қарз ба таври хаттӣ тартиб дода шуда, аз лаҳзаи имзо шуданаш, инчунин ба молгузор додани маблаѓи қарз ва ба гаравхона додани молу мулки багаравмонда  басташуда  ҳисоб  меёбад.
  5. Шартҳои муҳими шартномаи қарз номгўйи молу мулки багаравмонда, тибқи моддаи 5 Қонуни мазкур маблаѓи нархгузоришудаи он, маблаѓи қарз, меъёри фоизи қарз ва мўҳлати супурдани он маҳсуб мешаванд.
 
Моддаи 8. Шартномаи  нигаҳдошт
  1. Молгузор тибқи шартҳои шартномаи нигаҳдошт молу мулкашро ба гаравхона барои нигаҳдошт месупорад. Гаравхона дар навбати худ ўҳдадор мешавад, ки молу мулки барои нигаҳдошт супурдашударо аз рўи шартҳои дар моддаи 4 Қонуни мазкур пешбинишуда бо подош нигаҳдошт кунад.
  2. Гаравхона тибқи моддаи 11 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми аз молгузор гирифтани молу мулк квитансияи номии нигаҳдоштро ба расмият медарорад.
  3. Шартҳои муҳими шартномаи нигаҳдошт номгўйи  молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда, тибқи моддаи 5 Қонуни мазкур маблаѓи нархгузоришудаи он, мўҳлати нигаҳдошти он, андозаи подоши нигаҳдошт  ва  тартиби  пардохти он ба  ҳисоб мераванд.
  4. Шартномаи нигаҳдошт мутобиқи моддаҳои 11 ва 14 Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо додани квитансияи номии нигаҳдошт ба расмият дароварда мешавад.
 
Моддаи 9. Махфияти  ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт
  1. Гаравхона махфияти маълумоти ҳуҷҷатҳои қарздиҳии зимни бастани шартномаи қарз ва (ё) шартномаи нигаҳдошт аз молгузор гирифтаашро, ки фош гардидани он метавонад ба молгузор зиёни моддӣ ва (ё)  маънавӣ  расонад,  кафолат медиҳад.
  2. Гаравхона ва кормандони он вазифадоранд махфияти маълумоти дар қисми 1 моддаи мазкур зикршударо риоя намоянд ва дар сурати фош гардидани он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба  ҷавобгарӣ кашида  мешаванд.
  3. Гаравхона ҳуҷҷатҳои қарздиҳӣ ва нигаҳдошт ва (ё) маълумоти дар онҳо дарҷёфтаро дар мавридҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба  мақомот  ва шахсони зерин пешниҳод мекунад:
— ба мақомоти давлатии дахлдор бинобар зарурати иҷрои ваколатҳои  назоратӣ;
— ба суд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо тартиби пешбининамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблаѓгузории терроризм оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок; (Қ.Ҷ.Т. №1153, 27.11.14.)
— ба шахсони ваколатдорнамудаи молгузор  ва идораи  нотариалӣ  оид ба  масъалаҳои  мерос.
  1. Мақомот ва шахсони дар қисми 3 моддаи мазкур зикршуда махфияти маълумоти бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо пешниҳодшударо  кафолат медиҳанд.
 
Моддаи 10. Тартиби ба расмият даровардани чиптаи гарав
  1. Чиптаи гарав аз ҷониби гаравхона дар ду нусха тартиб дода мешавад. Ҳар нусхаи чиптаи гарав рақамгузорӣ гардида, ба он мўҳри гаравхона гузошта мешавад. Як нусхаи чиптаи гарав  дар гаравхона  нигаҳ дошта шуда, нусхаи дигараш ба молгузор дода мешавад.
  2. Чиптаи гарав бояд  маълумоти  зеринро дар бар гирад:
—  ному  суроѓаи (маҳалли ҷойгиршавии)  гаравхона;
— насаб, ном ва номи падари молгузор, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ, маълумоти шиноснома ё ҳуҷҷати дигаре, ки шахсияти  ўро  мутобиқи  қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
— номгуй ва тавсифи молу мулки багаравмонда, ки имкон  медиҳанд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон он ҳаммонанд карда шавад;
—  маблаѓи  нархгузоришудаи  молу мулки багаравмонда;
—  маблаѓи  қарзи  додашуда;
—  сана ва мўҳлати  қарзи  додашуда  бо зикри  санаи пардохти он;
— фоизи қарз (бо зикри ҳатмии фоизи қарзе, ки барои як рўзи  тақвимӣ  ҳисоб  карда шудааст).
  1. Чиптаи гарав метавонад дигар маълумотеро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дар бар гирад.
  2. Чиптаи гарав тибқи талаботи қисми 2 моддаи мазкур ба расмият дароварда шуда, ҳар нусхааш аз ҷониби намояндаи гаравхона ва молгузор имзо ва ба онҳо мўҳри гаравхона гузошта мешавад.
  3. Чиптаи гарав бояд на камтар аз панҷ сол баъд аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ нигоҳ дошта шавад. (Қ.Ҷ.Т. №1153, 27.11.14.)
 
                Моддаи 11. Тартиби барасмиятдарории квитансияи номии 
                                нигаҳдошт
  1. Квитансияи номии нигаҳдошт бевосита ҳангоми ба нигаҳдошт супурдани молу мулк дар ду нусха тартиб дода мешавад. Ҳар нусхаи квитансияи номии нигаҳдошт аз рўи тартиб рақамгузорӣ гардида, ба он мўҳри гаравхона гузошта мешавад. Як нусхаи квитансияи номии нигаҳдошт дар гаравхона нигаҳ дошта шуда, нусхаи дигараш ба молгузор дода мешавад.
  2. Квитансияи номии нигаҳдошт бояд маълумоти зеринро  дар бар  гирад:
—  ному суроѓаи  (маҳалли ҷойгиршавии) гаравхона;
— насаб, ном ва номи падари молгузор, санаи таваллуд, шаҳрвандӣ,  маълумоти  шиноснома ё  ҳуҷҷати  дигаре, ки шахсияташро  мутобиқи қонунгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ мекунад;
— номгўй ва тавсифи молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда, ки  имкон медиҳанд мутобиқи талаботи қонунгузориии Ҷумҳурии  Тоҷикистон он ҳаммонанд карда  шавад;
— маблаѓи нархгузоришудаи молу мулки ба нигаҳдошт  супурдашуда;
— санаи ба нигаҳдошт супурдани молу мулк ва мўҳлати нигаҳдошт;
— шартҳои  технологии нигаҳдошт;
—  подоши нигаҳдошт ва тартиби пардохти он.
  1. Квитансияи номии нигаҳдошт метавонад ҳамчунин маълумоти дигареро, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дошта бошад.
  2. Квитансияи номии нигаҳдошт тибқи талаботи қисми 2 моддаи мазкур ба расмият дароварда шуда, ҳар нусхааш аз ҷониби намояндаи гаравхона ва молгузор имзо ва ба онҳо мўҳри гаравхона гузошта мешавад.
 
БОБИ 3. МАҶБУРАН  ГИРИФТАНИ МОЛУ МУЛКИ
                  БАГАРАВМОНДА ВА (Ё) БАРОИ НИГАҲДОШТ
                  СУПУРДАШУДА ВА  РЎЁНДАНИ ҚАРЗ АЗ МОЛУ
                   МУЛКИ ДАРХОСТНАШУДА
 
Моддаи 12. Маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё )                       
                       барои нигаҳдошт супурдашуда
  1. Маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда танҳо дар асоси талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Дар мавриди маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда амали шартномаи қарз ва (ё) шартномаи нигаҳдошт тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад.
  3. Дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолати пешбининамудаи  қисми 2 моддаи мазкур гаравхона дар давоми се рўзи корӣ  баъд аз  маҷбуран гирифтани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда ўҳдадор аст дар ин бора ба молгузор  огоҳиномаи хаттӣ  фиристад. Огоҳиномаи мазкур аз тариқи почта ҳамчун мактуби фармоишӣ бо лифофа ва зикри номгўйи замима ба огоҳинома дар бораи супурдан фиристода мешавад, ки дар он маълумоти зерин дарҷ  мегардад:
—  санаи маҷбуран гирифтани  молу мулк;
— асосҳои маҷбуран гирифта  шудани  молу мулк;
— номи  мақомоти  давлатие (бо  зикри  шахси  мансабдоре), ки  молу мулкро маҷбуран  гирифтаанд.
  1. Молгузор аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи дар қисми 3 моддаи мазкур пешбинишуда тибқи шартҳои шартномаҳои қарз ва нигаҳдошт дар рўзи маҷбуран гирифтан ё дарёфт кардани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда ва (ё) дар рўзи гузаштани мўҳлати имтиёзноки муқаррарнамудаи моддаҳои 13 ва 14  Қонуни мазкур,  дар  назди  гаравхона ўҳдадор мегардад.
  2. Гаравхона дар мавриди ўҳдадориҳои  тибқи талаботи қисми 3 моддаи мазкур ба зиммааш гузошташударо иҷро накардан ё номатлуб иҷро кардан, аз ҳуқуқи қонеъ кардани талаби худ нисбат ба молгузор   маҳрум  мешавад.
  3. Агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани молу мулки маҷбуран гирифташуда шарт бошад, он бояд ба молгузор баъди иҷро кардани ўҳдадориҳои дар назди  гаравхона доштааш баргардонида шавад.
  4. Агар молгузор ўҳдадориҳояшро иҷро накарда бошад ва (ё) номатлуб иҷро карда бошад, талаби гаравхона дар бораи рўёндани қарз аз молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо тартиби судӣ, инчунин  бо тартиби ѓайрисудӣ қонеъ гардонида  мешавад.
  5. Гаравхона барои гум кардан ва осеб дидани молу мулки багаравмонда ва (ё) барои нигаҳдошт супурдашуда  масъулият дорад, агар исбот карда натавонад, ки гум кардан ва (ё) осеб дидани он ба қувваи рафънопазир вобаста аст.
 
Моддаи  13. Мўҳлати  имтиёзноки шартномаи  қарз
  1. Агар молгузор қарзашро дар мўҳлати муқарраргардида пардохт накарда бошад, гаравхона ҳуқуқ надорад онро дар давоми мўҳлати  имтиёзноки якмоҳа  аз молу мулки багаравмонда рўёнад.
  2. Рўзи оѓози мўҳлати имтиёзноки якмоҳа рўзе ба шумор  меравад, ки баъди рўзи пардохти қарзи дар чиптаи гарав зикршуда фаро  мерасад.
  3. Дар давоми мўҳлати имтиёзноки якмоҳа ва  минбаъд то рўзи  ба фурўш баровардани молу мулки багаравмонда, гаравхона ҳуқуқ  надорад  фоизи қарзи дар шартномаи қарз пешбинишударо  зиёд кунад,  шароити  нигаҳдошти молу мулки багаравмондаро бадтар кунад, инчунин подоши нигаҳдоштро ситонад.
 
Моддаи 14. Мўҳлати имтиёзноки шартномаи  нигаҳдошт
  1. Агар молгузор молу мулки ба нигаҳдошт супурдашударо дар мўҳлати муқаррарнамудаи шартномаи нигаҳдошт дархост накарда бошад, гаравхона вазифадор аст онро дар давоми мўҳлати имтиёзноки семоҳа нигаҳдошт кунад.
  2. Рўзи оѓози мўҳлати имтиёзноки семоҳа рўзе ҳисоб меёбад, ки  баъди рўзи анҷоми мўҳлати нигаҳдошти дар квитансияи номии нигаҳдошт  зикршуда  фаро  мерасад.
  3. Гаравхона ҳуқуқ надорад дар давоми мўҳлати имтиёзноки семоҳа, инчунин дар мўҳлати нигаҳдошти минбаъда то ба фурўш баровардани молу мулки ба нигаҳдошт супурдашуда шароити нигаҳдошти онро бадтар кунад. Барои нигаҳдошти молу мулк дар муддати зикргардида  подоши мутаносиб  ситонида  мешавад.
  4. Гаравхона дар мавриди ба фурўш рафтани молу мулки дархостнашуда аз маблаѓи аз фурўши он бадастомада метавонад хароҷоти нигаҳдошт ва дигар пардохтҳои марбут ба гаравхонаро пўшонад ва ўҳдадор аст маблаѓи боқимондаро ба молгузор баргардонад.
 
Моддаи 15. Рўёндани қарз аз молу мулки  дархостнашуда
  1. Бо анҷом ёфтани мўҳлати имтиёзноки муқаррарнамудаи моддаҳои 13 ва 14 Қонуни мазкур, ба шарте ки молгузор ўҳдадории пешбининамудаи шартномаҳои қарз ва нигаҳдоштро дар назди гаравхона иҷро накарда бошад ва (ё) молу мулки барои нигаҳдошт супурдаашро дархост накарда бошад, ин гуна молу мулк дархостнашуда ҳисоб  меёбад.
  2. Гаравхона ҳуқуқ дорад қарзи додашударо аз ҳисоби молу мулки дархостнашуда рўёнад.
  3. Қарз аз молу мулки дархостнашуда дар асоси навиштаҷоти иҷроияи нотариус рўёнда мешавад. Дар шартномаи қарз имконияти аз молу мулки дархостнашуда бе навиштаҷоти иҷроияи нотариус рўёндани қарзро пешбинӣ кардан мумкин аст.
  4. Молгузор ҳуқуқ дорад ҳар вақт пеш аз ба фурўш баровардани  молу мулки дархостнашудааш  ўҳдадориҳояшро  дар назди гаравхона, ки мутобиқи муқарарроти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда  шудаанд, иҷро карда, аз молу мулки ў рўёндани қарзро қатъ гардонад.
 
         Моддаи 16. Фурўши молу мулки дархостнашуда 
  1. Фурўши молу мулки дархостнашудаи молгузор мутобиқи шартҳои шартномаҳои қарз ва (ё) нигаҳдошт дар рўзи ба фурўш баровардани молу мулк амалӣ  карда  мешавад.
  2. Молу мулки дархостнашудае, ки аз он маблаѓи қарз рўёнда мешавад, бо роҳи фурўши он, аз ҷумла савдои умумӣ сурат мегирад. Савдои умумӣ оид ба фурўши молу мулки дархостнашуда дар шакли музоядаи ошкоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
  3. Пас аз фурўши молу мулки дархостнашуда талаботи гаравхона ба молгузор, новобаста ба нокифоягии маблаѓи фурўши молу мулки дархостнашуда барои пардохти қарз, қонеъгардида ҳисоб меёбад.
 
    БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
                Моддаи 17. Ҷавобгарӣ  барои  риоя  накардани  талаботи Қонуни
                                 мазкур
Шахсони воқеӣ ва  ҳуқуқӣ барои риоя  накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида  мешаванд.
 
 
Моддаи 18. Тартиби  мавриди  амал қарор  додани  Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                   Эмомалӣ Раҳмон
 
ш.Душанбе
22 июли 2013 сол,
№992

Илова кунед