Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила

19 Март 2013, Сешанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №3, мод. 197)
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2012, № 1024 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №12 қ1, моддаи 1080) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми феврали соли 2013, № 478 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №2, моддаи 86) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
 
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила танзим намуда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— зўроварӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рўҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ў, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ў мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад;
— пешгирии зўроварӣ дар оила — маҷмўи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила амалишаванда, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, ба пешгирии зўроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд;
— зўроварии ҷисмонӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила, ки дар натиҷаи  истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ боиси расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ шудааст;
— зўроварии рўҳӣ дар оила — таъсиррасонии қасдонаи рўҳӣ, паст задани шаъну эътибори як узви оила аз ҷониби дигар узви оила бо роҳи  таҳдид, таҳқир, иръоб ва ё маҷбуркунӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфноканд, инчунин ба вайроншавии инкишофи рўҳӣ, ҷисмонӣ ё шахсият оварда мерасонад;
— зўроварии шаҳвонӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила, ки ба озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии дигар узви оила таҷовуз мекунад, инчунин ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, ки нисбат ба узви ноболиғи оила содир шудаанд;
— зўроварии иқтисодӣ дар оила – кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила вобаста ба маҳрум сохтан аз манзили истиқоматӣ, хўрок, либос, молу мулк ё воситаҳое, ки ҷабрдида тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо ҳуқуқ дорад ва ин кирдор метавонад боиси вайрон гардидани солимии ҷисмонӣ, рўҳӣ ё сар задани дигар ҳолатҳои ногувор гардад;
— ҷабрдида аз зўроварӣ дар оила (минбаъд — ҷабрдида) — узви оила, ки ба ў аз ҷониби дигар узви оила қасдан зарари ҷисмонӣ, маънавӣ ё моддӣ расонида шудааст;
— амрномаи муҳофизатӣ — ҳуҷҷате, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ ба шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда ё шахсе, ки таҳдиди содир намудани онро мекунад, дода мешавад;
— субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила — мақомоти давлатӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхона, муассиса, дигар ташкилотҳо ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои пешгирии зўроварӣ дар оила масъул мебошанд.
 
Моддаи 2.  Мақсадҳои Қонуни мазкур
Мақсадҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
— ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият;
— танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила;
— мусоидат намудан ба татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила;
— ташаккули вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба зўроварӣ дар оила;
— ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба зўроварӣ дар оила мусоидаткунанда;
— мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур
Амали Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат дошта, дар ақди никоҳ мебошанд ва аъзои оилаи онҳо, ҳамчунин нисбат ба шахсоне, ки бо пешбурди хоҷагии умумӣ якҷоя зиндагӣ мекунанд, татбиқ мегардад.
 
Моддаи 5. Принсипҳои пешгирии зўроварӣ дар оила
Пешгирии зўроварӣ дар оила ба принсипҳои зерин асос меёбад:
— эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
— қонуният;
— инсондӯстӣ;
— махфӣ будани иттилоот оид ба зўроварӣ дар оила;
— дастгирӣ ва таъмини пойдории оила;
— иштироки аҳли ҷомеа, мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ дар низоми иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳифзи ҳаёт ва саломатии аъзои оила;
— бартарии чораҳои пешгирикунанда нисбат ба чораҳои ҷавобгарӣ;
— ногузирии ҷавобгарӣ барои зўроварӣ дар оила.
 
Моддаи 6. Ҳуқуқҳои ҷабрдида
Ҷабрдида ҳуқуқҳои зеринро дорад:
— кўмаки тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро гирад;
— бо розигии хаттиаш дар марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон ҷойгир карда шавад;
— маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва дигар иттилоотро оид ба ҳифзи амнияташ гирад;
— ба мақомоти худфаъолияти  ҷамъиятӣ бо мақсади маҳкумкунии ҷамъиятии рафтори шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда муроҷиат намояд;
— ба мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура ё суд дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда муроҷиат намояд.
 
Боби 2. субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила
 
Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила мансубанд:
— таъмини татбиқи сиёсати  давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила;
— тасдиқ намудани барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила;
— ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила;
— тасдиқ намудани низомнома ва оинномаи намунавии марказҳои ёрирасон;
— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
 
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила
Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
— таъмини иҷрои барномаҳои давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила;
— таҳия, тасдиқ ва амалӣ намудани барномаҳои маҳаллӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила;
— андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила;
— таъсис додани муассисаҳое, ки ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандонро аз зўроварӣ дар оила амалӣ менамоянд;
— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
 
Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти давлатии кор бо занон ва оила оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила
Мақомоти давлатии кор бо занон ва оила оид ба пешгирии  зўроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
— иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила;
— таҳлили сабаб ва шароитҳои ба зўроварӣ дар оила мусоидаткунанда;
— пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила;
— андешидани тадбирҳои иттилоотию таблиғотӣ оид ба пешгирии  зўроварӣ дар оила;
— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
 
Моддаи 10. Ваколатҳои комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кўдак доир ба пешгирии зўроварӣ дар оила
Комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кўдак доир ба пешгирии зўроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
— иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила;
— пешниҳоди таклифҳо ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳо оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар байни ноболиғон;
— татбиқи чораҳои зарурӣ нисбат ба ҷабрдидаи ноболиғ ва офиятбахшии ў дар ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила;
— намояндагӣ дар мақомоти тафтишоти пешакӣ ва суд ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои қонунии ноболиғоне, ки таҳти зўроварӣ дар оила қарор гирифтаанд;
— баррасии масъалаи ба хонаи кўдакон фиристодани кўдакони мунтазам таҳти зўроварӣ дар оила қарордошта;
— ҷиҳати андешидани тадбирҳои дахлдор ба мақомоти корҳои дохилӣ пешниҳод намудани маълумот оид ба шахсоне, ки нисбат ба узви ноболиғи оила зўроварӣ содир намудаанд ё таҳдиди содир намудани онро кардаанд;
— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
 
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила
Мақомоти корҳои дохилӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
— иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии  зўроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила;
— қабул, баррасии муроҷиатҳо ва дигар маълумот дар хусуси зўроварӣ дар оила ё таҳдиди содир шудани он бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ошкор намудани сабаб ва шароитҳои барои зўроварӣ дар оила мусоидаткунанда;
— ба қайд гирифтани шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда ва нисбати ў татбиқ намудани чораҳои тарбиявию пешгирикунанда;
— ҳангоми муроҷиат ба ҷабрдида фаҳмонидани ҳуқуқҳои ў ва дар ҳолати зарурӣ ба муоинаи тиббӣ фиристодани ҷабрдида;
— бо розигии хаттии ҷабрдида ба марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон фиристодани ў;
— додани амрномаи муҳофизатӣ ба шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда;
— тартиб додани мавод, оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ба қайд гирифтани оилаҳое, ки дар онҳо мунтазам ҳодисаҳои зўроварӣ ҷой доранд ва татбиқ намудани чораҳои пешгирикунанда ҷиҳати устувор намудани оила;
— пешбурди баҳисобгирии омории ҳодисаҳои зўроварӣ дар оила;
— ташкили курсҳои махсуси таълимӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зўроварӣ дар оила барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ;
— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
 
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти соҳаи маориф оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила
Мақомоти соҳаи маориф оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
— иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила;
— ҳамкорӣ бо падару модар ё дигар намояндаи қонунии ноболиғ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзандон;
— ошкор намудан ва ҷиҳати андешидани тадбирҳои мушаххас ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намудани маълумот оид ба тарбиягирандагон ва таълимгирандагоне, ки таҳти зӯроварӣ дар оила қарор гирифтаанд;
— андешидани тадбирҳои иттилоотию таблиғотӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила;
— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
 
Моддаи 13. Ваколатҳои мақомоти соҳаи тандурустӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила
Мақомоти соҳаи тандурустӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
— иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила;
— таҳия ва дар амалияи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ҷорӣ намудани тавсияҳои методӣ оид ба расонидани кўмаки аввалияи тиббию равонӣ ба ҷабрдидагон;
— расонидани кўмаки аввалияи тиббӣ, ҳамчунин расонидани кўмаки равонӣ, равонпизишкӣ, наркологӣ ва пешгирию табобатӣ ба ҷабрдида ва шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда;
— пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муроҷиати ҷабрдида ва кўмаки тиббии ба ў расонидашуда;
— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
 
Моддаи 14. Ваколатҳои мақомоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила
Мақомоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила ваколатҳои зеринро доранд:
— иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила;
— ҳангоми муроҷиат ба ҷабрдида фаҳмонидани ҳуқуқҳои иҷтимоии ў ва расонидани кўмаки иҷтимоӣ ба ҷабрдида;
— дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ андешидани тадбирҳо ҷиҳати бо ҷои кор таъмин намудани ҷабрдида ва шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда;
— амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
 
Моддаи 15. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила
  1. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оиларо дар ҳудуди шаҳрак ва деҳот ҳамоҳанг сохта, дар таҳия ва татбиқи барномаҳои маҳаллӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила иштирок мекунанд, барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои он тадбирҳои заруриро меандешанд.
  2. Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳудуди дахлдор оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила корҳои фаҳмондадиҳӣ, таблиғотӣ ва ташвиқотиро амалӣ намуда, ҷиҳати пойдории оила тадбирҳо меандешанд.
  3. Корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, ҷиҳати пешгирии зўроварӣ дар оила ва бартарафсозии оқибатҳои он тадбирҳои заруриро меандешанд ва метавонанд ба ҷабрдидагон, ки кормандон ё аъзои онҳо мебошанд барои барқарорсозии саломатиашон кўмак расонанд.
 
Моддаи 16. Марказҳои ёрирасон
  1. Марказҳои ёрирасон аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ дар шакли муассиса таъсис дода мешаванд. Марказҳои ёрирасон шахси ҳуқуқӣ буда, ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мансубанд ва фаъолияти худро дар асоси низомнома ё оиннома амалӣ менамоянд.
  2. Марказҳои ёрирасон оид ба пешгирӣ ва ҳифзи иҷтимоию ҳуқуқӣ аз зўроварӣ дар оила вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
— иштирок дар татбиқи барномаҳо оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила ва ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила;
— қабули ҷабрдидагон;
— ба таври ройгон ба ҷабрдида расонидани кўмаки зарурии тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ;
— додани паноҳгоҳ барои будубоши муваққатии ҷабрдида;
— ба мақомоти корҳои дохилӣ бо розигии ҷабрдида пешниҳод намудани  маълумот дар бораи далелҳои ошкоршудаи таҳдиди воқеии содир намудани зўроварӣ дар оила ё далелҳои содир шудани чунин зўроварӣ;
— таҳлил ва ҷамъбасти сабаб ва шароитҳои ба зўроварӣ дар оила мусоидаткунанда;
— андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳсозии аҳолӣ оид ба масъалаҳои пешгирии зўроварӣ дар оила;
— бо дархости дигар субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила пешниҳод намудани  маълумот доир ба ҳолатҳои зўроварӣ дар оила;
— вазифаҳои дигаре, ки низомнома ё оинномаи маркази ёрирасон пешбинӣ намудаанд.
 
 
Моддаи 17. Марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои  ҷабрдидагон
  1. 1. Марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон вобаста ба эҳтиёҷоти мушаххас бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти соҳаи тандурустӣ дар беморхонаҳои марказии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ё дармонгоҳҳои марказии шаҳрӣ, ноҳиявӣ таъсис дода шуда, шахси ҳуқуқӣ намебошанд. Реҷаи кории марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон бояд ба реҷаи кории беморхона ва дармонгоҳ мувофиқ бошад.
  2. Хароҷоти офиятбахшии тиббию иҷтимоии ҷабрдида аз ҷониби шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда тибқи нархномаи барои муассисаҳои тандурустӣ муқарраргардида ҷуброн карда мешавад.
  3. Ҷабрдида дар марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ дар асоси аризаи ў ё роҳхати мақомоти дахлдори давлатӣ ҷойгир карда мешавад. Барои дар марказҳои мазкур ҷойгир кардани ҷабрдидаи ноболиғ розигии падар, модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда, мақомоти васоят ва парасторӣ зарур мебошад.
  4. Ҷабрдида дар марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ дар давоми мўҳлате, ки барои муолиҷаи тиббӣ ва офиятбахшии равонию иҷтимоии ў зарур аст, нигоҳ дошта мешавад.
  5. Марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон вазифаҳои зеринро иҷро менамоянд:
— расонидани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, иҷтимоӣ, равонӣ ва дигар намудҳои кӯмак;
— ҳангоми зарурат фиристодани ҷабрдида барои муолиҷаи дахлдор;
— ҳангоми зарурат бо розигии ҷабрдида ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод намудани  маълумот дар бораи зўроварии содиршуда;
— бо дархости дигар субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила пешниҳод намудани  маълумот доир ба ҳолатҳои зўроварӣ дар оила.
 
Боби 3. ЧОРАҲОИ Фардии ПЕШГИРии зўроварӣ дар оила.  Маблағгузории фаъолият вобаста ба пешгирии зўроварӣ дар оила
 
Моддаи 18. Чораҳои фардии пешгирии зўроварӣ дар оила
  1. Чораҳои фардии пешгирии зўроварӣ дар оила барои таъсиррасонии мақсаднок ба шуур ва рафтори шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда ҷиҳати пешгирии содир намудани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби ў ва таъмини амнияти ҷабрдида татбиқ карда мешаванд.
  2. Чораҳои фардии пешгирии зўроварӣ дар оила аз инҳо иборат мебошанд:
— сўҳбати хусусияти тарбиявидошта;
— ба мақомоти корҳои дохилӣ овардани шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда;
— амрномаи муҳофизатӣ;
— дастгиркунии маъмурӣ;
-татбиқи чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла чораҳои маҷбуркунии дорои хусусияти тиббӣ;
— бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум кардан аз ҳуқуқи падарию модарӣ, бекор кардани фарзандхондӣ, васоят ё парасторӣ;
— ҷойгир кардани ҷабрдида дар марказҳои ёрирасон, марказҳо ё бахшҳои офиятбахшии тиббию иҷтимоӣ барои ҷабрдидагон.
  1. Чораҳои фардии пешгирии зўроварӣ дар оила бо назардошти хислатҳои фардии шахсе, ки нисбат ба ў ин чораҳо татбиқ карда мешаванд ва хавфнокии кирдори содирнамудаи ў интихоб карда мешаванд.
  2. Шахсони манфиатдор метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои қарор дар бораи татбиқи чораҳои фардии пешгирии зўроварӣ дар оила шикоят кунанд.
 
Моддаи 19. Асосҳои татбиқи чораҳои фардии пешгирии зўроварӣ дар оила
  1. Асосҳо барои татбиқи чораҳои фардии пешгирии зўроварӣ дар оила
ҳолатҳои зерин шуда метавонанд:
— аризаи ҷабрдида ё маълумоти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
— ошкор намудани ҳолати зўроварӣ дар оила аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ;
— маълумоте, ки аз ҷониби дигар субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила пешниҳод шудаанд.
  1. Ариза ва маълумот оид ба содир шудани зўроварӣ дар оила ё таҳдиди содир шудани он аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.
 
Моддаи 20. Сўҳбати хусусияти тарбиявидошта
  1. Сўҳбати хусусияти тарбиявидошта бо шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда ва ҷабрдида аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила бо мақсади ошкор кардани сабаб ва шароитҳое, ки боиси содиршавии зуроварӣ дар оила шудаанд, фаҳмонидани оқибатҳои иҷтимоию ҳуқуқии он, барқарорсозӣ ва таҳкими устувории оила гузаронида мешавад.
  2. Сўҳбати хусусияти тарбиявидошта дар бинои хизматии субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила, инчунин дар ҷои зист, таҳсил ё ҷои кор гузаронида мешавад.
  3. Шахсе, ки бо ў сўҳбати хусусияти тарбиявидошта гузаронида мешавад, дар бораи қатъ кардан ва минбаъд такрор накардани кирдори зиддиҳуқуқӣ огоҳонида мешавад.
  4. Сўҳбати хусусияти тарбиявидошта бо ноболиғон дар ҳузури падару модар, омӯзгор ё дигар намояндаи қонунии онҳо гузаронида мешавад.
 
Моддаи 21. Амрномаи муҳофизатӣ
  1. Барои баровардани амрномаи муҳофизатӣ муроҷиат оид ба ҳолати содир шудани зўроварӣ дар оила ё таҳдиди содир намудани он асос мебошад.
  2. Шахсе, ки амрномаи муҳофизатиро гирифтааст, ўҳдадор аст талаботи дар он пешбинишударо иҷро намояд. Дар ҳолати иҷро накардани талаботи зикргардида шахси мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.
  3. Амрномаи муҳофизатӣ ба шахси мукаллафи зўроварӣ дар оиларо содирнамуда, ки ҳангоми баровардани он ба синни 16- солагӣ расидааст, дода мешавад.
  4. Амрномаи муҳофизатӣ ба шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда аз ҷониби сардор ё муовинони сардори мақомоти корҳои дохилии маҳалли содир шудани зўроварӣ дар оила дар муддати 24 соат аз лаҳзаи содир шудани зўроварӣ дар оила ё ҷой доштани таҳдиди содиршавии он ё аз лаҳзаи додани ариза дар бораи содир шудани зўроварӣ дар оила дода мешавад.
  5. Амрномаи муҳофизатӣ ба мўҳлати то 15 рўз дода мешавад. Дар асоси аризаи ҷабрдида ё намояндаи қонунии ў мумкин аст мўҳлати амрномаи муҳофизатӣ бо дархости сардори мақомоти корҳои дохилӣ ва розигии прокурор то 30 рўз дароз карда шавад.
  6. Дар амрномаи муҳофизатӣ насаб, ном ва номи падари шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда ё таҳдиди содир кардани онро намуда, вақт ва ҷойи додани амрнома, ҷой, вақт ва ҳолати содир кардани  зўроварӣ дар оила ё таҳдиди содир кардани он,  талаботи пешбинишуда  ва мўҳлати амали онҳо, оқибатҳои  ҳуқуқӣ дар сурати давом додани ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ ва риоя накардани талаботи амрномаи мазкур, мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси амрномаи муҳофизатиро бароварда зикр мегарданд.
  7. 7. Амрномаи муҳофизатӣ нисбати шахси зўроварӣ дар оиларо содирнамуда метавонад талаботи зеринро пешбинӣ намояд:
— манъ кардани ҳама гуна зӯроварӣ нисбати ҷабрдида,  бар хилофи хоҳиши ҷабрдида анҷом додани ҷустуҷӯ, пайгирӣ, ташриф, муошират ва дигар муносибатҳое, ки ҳуқуқу озодиҳои ҷабрдидаро маҳдуд месозанд;
— тавсия барои дар вақти муайян ба манзили истиқоматӣ ҳозир шудан;
— манъ кардани истеъмоли нўшокиҳои спиртӣ ва моддаҳои мадҳушкунанда дар вақти амали амрномаи муҳофизатӣ.
  1. Иҷро накардани талаботи дар қисми 7 моддаи мазкур зикргардида, ки боиси ҷавобгарии маъмурӣ гардидааст, мўҳлати амали амрномаи муҳофизатиро бознамедорад.
  2. Аз болои амрномаи муҳофизатӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст. Шикоят дар мўҳлати то се шабонарўз бояд баррасӣ гардад. Шикоят ба суд амали амрномаи муҳофизатиро бознамедорад.
  3. Нусхаи амрномаи муҳофизатӣ ба ҷабрдида дода мешавад.
  4. Назорати иҷрои талаботи амрномаи муҳофизатӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилие, ки онро баровардааст, амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 22. Дастгиркунии маъмурӣ
Бо мақсади пешгирии зўроварӣ дар оила, ки таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дорад ва кофӣ набудани амрномаи муҳофизатӣ ҷиҳати таъмини амнияти ҷабрдида, шахси мансабдори мақомоти корҳои дохилӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгиркунии маъмурии шахси зўроварӣ дар оила содирнамударо анҷом медиҳад.
 
Моддаи 23. Маблағгузории фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила
Фаъолияти субъектҳои пешгирикунандаи зўроварӣ дар оила аз ҳисоби буҷети давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.
 
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 24. Риояи махфияти маълумот вобаста ба зўроварӣ дар оила
Маълумот дар бораи ҳаёти шахсӣ ва оилавии ҷабрдидагон иттилооти махфӣ буда, бояд ифшо нашаванд. Ифшо намудани иттилооти мазкур аз ҷониби шахсе, ки вобаста ба вазъи хизматӣ аз зўроварӣ дар оила бохабар шудааст, боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
 
Моддаи 25. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Эмомалӣ Раҳмон
Ш. Душанбе
19 марти соли 2013
№954

Илова кунед