Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо

03 Июл 2012, Сешанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012,№7, мод.688; соли 2013, №3, мод. 200)
 
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз16-уми майи соли 2012, №762  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №5, моддаи366 ) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми июни соли 2012, №351  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №6  моддаи503 ) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
 
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим карда, ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро ҷиҳати баҳрабардорӣ аз ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин ва ҳифз менамояд. (ҚҶТ аз 19.03.13с, №957)
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
— осорхона — муассисаи ғайритиҷоратии фарҳангӣ, ки бо мақсади дарёфт, бақайдгирӣгурўҳбандӣ, барқароркунӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва намоиши оммавии ашё ва коллексияҳои таърихию фарҳангӣ таъсис дода мешавад;
 — сарвати таърихию фарҳангӣ – ашёи осорхонавие, ки дорои аҳамияти умумибашарӣ, таърихӣ, илмию бадеӣ ва фарҳангӣ буда, дар осорхонаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва коллексияҳои шахсӣ ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда мешавад;
— ашёи осорхонавӣ – ашёи арзишманди қадимӣ ё муосир, ки таърих, сифат ё нишонаҳои махсусаш барои ҷомеа ҳифз, омўзиш ва намоиши оммавии онро зарур месозад;
— коллексияи осорхонавӣ — маҷмўи ашёҳои осорхонавӣ, ки аз рўи хусусиятҳои умумии пайдоиш, намуд ва дигар нишонаҳо дар фонди осорхона гурўҳбандӣ шудаанд;
— фонди осорхона — маҷмўи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ, ки ба таври доимӣ дар осорхона қарор доранд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд;
— Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҳуҷҷати баҳисобгирие, ки маълумоти заруриро дар бораи ҳар як ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад;
— комиссияи харидорӣ — мақоми машваратӣ-экспертии осорхона, ки масъалаи интихоб ё харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии дорои аҳамияти таърихию фарҳангиро  баррасӣ  менамояд;
— харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ — яке аз воситаҳои асосии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
— экспертизаи илмии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ  — намуди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба мавриди таҳқиқот, таҳлил ва арзёбии илмӣ қарор додани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ, ки арзиши таърихию фарҳангӣ ва зарурати харидории онҳоро бо хулоса тасдиқ менамояд;
— нигоҳдорӣ — яке аз намудҳои  асосии  фаъолияти осорхона, ки шароити моддӣ ва ҳуқуқии ҳифзи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро таъмин мекунад;
— табъу нашри ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ — яке аз шаклҳои асосии фаъолияти осорхона, ки ҳадафаш бо роҳи таҳия кардан ва ба табъ расондани маҳсулоти чопӣ, ташкили намоишҳои оммавӣ, интишор дар нашрияҳо ва дигар воситаҳо ба аҳли ҷомеа дастрас намудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ мебошад.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Назорати давлатии осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг мебошад.
  2.               Мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
БОБИ 2. ОСОРХОНАҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 4. Таъсис ва фаъолияти осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.
  2. Барои таъсиси осорхона инҳо заруранд:
— ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавие, ки шумора ва арзиши таърихию фарҳангиашон бо хулосаи экспертизаи илмӣ тасдиқ карда шудааст;
— бинои ҳифзшаванда ва таҷҳизоти барои нигоҳдорӣ ва намоиши ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ мувофиқ;
— сарчашмаҳои маблағгузорӣ.
  1. Фаъолияти осорхонаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаи онҳо ва қарорҳои муассис (муассисон) сурат гирифта, онҳо метавонанд фаъолияти даромадноки барои мақсадҳои оинномавиашон заруриро амалӣ намоянд. Осорхонаҳо ҳуқуқ доранд бевосита дар бинои осорхона фурўши расмҳо, суратҳо, китобҳо, тўҳфаҳо ва дигар ашё бо истифодаи тасвири бино ва иншоот, рамзҳои осорхона, ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии дар онҳо таҷассумёфтаро ба роҳ монанд(ҚҶТ аз 19.03.13с, №957)
  2. 4. Дар бинои осорхона фаъолияти дигар ташкилотҳо, ба истиснои фаъолияти муваққатии бо осорхона мувофиқашудаи муассисаҳои экспертӣ, таҳқиқотӣ ва барқарорсозӣ оид ба экспертиза, таҳқиқ ва барқарорсозии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ, манъ аст.
 
Моддаи 41. Осорхона-мамнўъгоҳ
  1. Осорхона-мамнўъгоҳ намуди махсуси осорхона мебошад, ки дар ҳудуди объектҳои мероси таърихию фарҳангии ба мамнўъгоҳи таърихию фарҳангӣ мансуббуда ва манзараҳои табиии ба онҳо алоқаманд таъсис дода мешавад. Дар мавриди зарурӣ дар ҳудуди чунин мамнўъгоҳ истеҳсолоти анъанавӣ ва дигар намуди фаъолият тибқи оинномаи он амалӣ карда мешавад.
  2. Осорхона-мамнўъгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди худ ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва дастрасии шаҳрвандонро ба онҳо таъмин менамояд, нигоҳдорӣ, омўзиш ва тарғиби объектҳои зикршударо ба роҳ мемонад, инчунин барои ҳифзи табиат ва туризм шароит фароҳам меорад. (ҚҶТ аз 19.03.13с, №957)
 
Моддаи 5. Мақсади таъсиси осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зерин таъсис дода мешаванд:
— нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
— пуррагардонии фонди осорхонаҳо бо роҳи харид ва ташкили экспедитсияҳо ва ҳафриёт;
— омўзиш ва таҳқиқи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
— нашри маълумот дар бораи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
— омўзиш ва таҳқиқи мероси таърихию фарҳангӣ берун аз осорхона;
— мунтазам ташкил кардани намоишҳои оммавии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
— тарғиби ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва ташкили намоиши ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ташкили мунтазами намоиши ашёи касбу ҳунарҳои қадима, малака ва таҷрибаи истеҳсоли ашёи арзиши таърихию фарҳангидоштаи муосир.
 
Моддаи 6. Барҳамдиҳии осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода мешаванд.
  2. Ҳангоми барҳамдиҳии осорхонаҳои давлатӣ ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар осорхонаҳои давлатӣ вобаста карда мешаванд ва дар ин хусус мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг қарор қабул менамояд.
 
БОБИ 3. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Моддаи 7. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  
  1. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ иборат буда, қисми таркибии мероси таърихию фарҳангии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
  2. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
 
Моддаи 8. Шаклҳои моликият ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  
  1. Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти давлатӣ ва хусусӣ буда метавонанд.
  2. Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусӣ гардонида намешаванд.
 
Моддаи 9. Тартиби харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ
  1. Харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ тавассути комиссияи харидорӣ амалӣ мегардад.
 
  1. Вазифаи комиссияи харидорӣ бо роҳи харидан, таъмини ҳифз, нигоҳдорӣ, барқароркунӣ ва ба шаҳрвандон дастрас кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ мебошад.
  2. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ дар асоси хулосаи экспертизаи илмӣ ва санади комиссияи харидорӣ бо имзои ҳамаи аъзои он барои Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ мешаванд. Хулосаи экспертизаи илмӣ бо мўҳри осорхона ва имзои эксперт тасдиқ карда мешавад.
  3. Воситаҳои молиявие, ки барои харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ пешбинӣ шудаанд, ба дигар мақсадҳо истифода бурда намешаванд.
 
Моддаи 10. Дохил кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ дар асоси хулосаи экспертизаи илмӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.
  2. Тартиби ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ бо Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, муайян карда мешавад.
  3. Ба молики ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг шаҳодатномаи дахлдор дода мешавад. (ҚҶТ аз 19.03.13с, №957)
 
Моддаи 11. Хориҷ кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ аз Фонди осорхонаҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ дар асоси хулосаи экспертизаи илмӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг аз Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда мешаванд.
  2. Тартиби аз Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  3. Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ аз Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзи дар Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифтани маълумот дар бораи хориҷ намудани онҳо хориҷ кардан мешаванд.
 
Моддаи 12. Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг тартиб медиҳад.
  2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
 
Моддаи 13. Воридот ва содироти ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ
  1. Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби молик ё шахси ваколатдори он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шаҳодатномаи дахлдори мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд.
  2. Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд.
  3. Сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешаванд.
 
БОБИ 4. Қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Моддаи 14. Қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон
  1. Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавие, ки осорхонаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағи муассисон ва дигар воситаҳо харидорӣ мекунанд, ба қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.
  2. Қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсимнопазир аст.
 
Моддаи  15. Дастгирии давлатии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  
  1. Дастгирии молиявӣ, шароити нигоҳдорӣ ва истифодаи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг бо мақсади ҳифзи ашёи осорхонавии нодири таърихию фарҳангӣ, беҳдошти фаъолияти осорхонаҳои бузург, ки ашёи осорхонавии муҳимро ҳифзу нигоҳдорӣ мекунанд ва ҷиҳати харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавие, ки аҳамияти сарвати таърихию фарҳангӣ доранд, қарорҳои дахлдор қабул карда метавонанд. (ҚҶТ аз 19.03.13с, №957)
 
Моддаи 16. Бегона кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 
  1. Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бегона карда намешаванд.
  2. Дар ҳолатҳои нобуд ё гум шудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дар бораи хориҷ кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул менамояд.
 
Моддаи 17. Идоракунии оперативии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   
  1. Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади идоракунии оперативӣ ба осорхонаҳои давлатӣ ва дигар муассисаҳои давлатӣ вобаста карда мешаванд.
  2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба осорхонаҳои давлатӣ ё дигар муассисаҳои давлатӣ додани ҳуқуқи идоракунии оперативии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.
  3. Осорхонаҳои давлатӣ ё дигар муассисаҳои давлатие, ки ба онҳо ҳуқуқи идоракунии оперативии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, вазифаҳои зеринро амалӣ менамоянд:
— ҳифз ва таъмини бехатарии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
— таҳия ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
— истифодаи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ бо мақсадҳои илмӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва эҷодию истеҳсолӣ.
 
Моддаи 18. Назорати давлатии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорати давлатии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дар шаклҳои зерин амалӣ  мегардад:
— санҷиши ҳолати ҳифз ва шароити нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
— ирсоли дархост ва дарёфти маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ, ки барои амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.
 
БОБИ 5. Қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Моддаи 19. Қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қисми давлатии он мансуб нестанд, қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.
 
Моддаи 20. Дохил кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи молики онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.
 
Моддаи 21. Хориҷ кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ аз қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳолатҳои нобуд ё гум шудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавии осорхонаи  ғайридавлатӣ  мақоми  ваколатдори  давлатии  соҳаи
фарҳанг тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро аз қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мекунад.
 
Моддаи 22. Нигоҳдорӣ ва бақайдгирии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тибқи Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, нигоҳдорӣ карда шаванд.
 
Моддаи 23. Назорати давлатии ҳолати нигоҳдории қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти осорхонаҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорати давлатии ҳолати нигоҳдории қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти осорхонаҳои ғайридавлатиро мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дар шаклҳои зерин амалӣ менамояд:
— санҷиши ҳолати ҳифз ва шароити нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
— аз молики ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ талаб намудани тағйири макон ё беҳбуди шароити ҳифзу нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
— ирсоли дархостҳо ва дарёфти маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии осорхонаҳои ғайридавлатӣ, ки барои амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.
 
Моддаи 24. Дастгирии давлатии осорхонаҳои ғайридавлатӣ ва қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ метавонанд дастгирии давлатии осорхонаҳои ғайридавлатӣ ва қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаклҳои зерин амалӣ намоянд:
— ҷалб намудани муассисаҳои давлатӣ ба барқарорсозии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
— дар ҳолатҳои зарурӣ дар хазинаҳои давлатӣ нигоҳдорӣ намудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
— қисман ҷуброн намудани хароҷоти таъмини бехатарии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ.
 
Моддаи 25. Аҳдҳо оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Ҳангоми иҷрои аҳдҳо оид ба ихтиёрдорӣ кардани (тўҳфа кардан, хариду фурўш) ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тўҳфагир ё харидор ўҳдадор аст, ки ўҳдадориҳои дар шартнома ё қонун нисбат ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ пешбинишударо ба зимма бигирад. Дар ин маврид давлат ҳуқуқи афзалиятноки харидорӣ дорад. Татбиқи ҳуқуқи афзалиятноки харидории  ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро аз номи давлат мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг амалӣ менамояд.
  2. Ҳангоми ба мерос гирифтани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон меросгиранда ўҳдадор аст, ки тамоми масъулияти меросгузорро нисбат ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба зимма гирад. Агар дар васиятнома муқаррароти дигар пешбинӣ нашуда бошад, баъди ба мерос гирифтани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ меросгир ҳуқуқ дорад, ки ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро тибқи салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ намояд. (ҚҶТ аз 19.03.13с, №957)
  3. Агар меросгир ўҳдадориҳои худро нисбат ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии бамеросгирифтааш иҷро накунад ё ба таври номатлуб иҷро кунад, давлат ҳуқуқ дорад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро харидорӣ намояд.
  4. Аҳдҳо оид ба тўҳфа кардан, хариду фурўш ё ба мерос гирифтани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзи бақайдгирӣ дар Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор пайдо мекунанд.
 
БОБИ 6. ТАЪМИНИ ДАСТРАСИИ ФОНДИ ОСОРХОНАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 26. Дастрасӣ ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас мебошанд.
  2. Тартиби дастрас намудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 27. Нашри маълумот дар бораи ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавӣ
  1. Ҳуқуқи нашри нахустини маълумот дар бораи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба осорхонае дода мешавад, ки ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба он вобаста шудаанд. (ҚҶТ аз 19.03.13с, №957)
  2. Осорхонаҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои илмию таҳқиқотӣ ва илмию маърифатӣ дар нашри маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии худ мустақил ва масъуланд.
  3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи моддӣ фароҳам меорад.
 
 
 
Моддаи 28. Истифодаи тасвири бино ва иншоот, рамзҳои осорхона, ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истеҳсолот
Истеҳсоли расмҳо, суратҳо, китобҳо, тўҳфаҳо ва дигар молҳои ниёзи мардум бо истифодаи тасвири бино ва иншоот, рамзҳои осорхона, ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии осорхонаи дахлдор ва иҷозати мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг амалӣ мегардад.
 
БОБИ 7.  Ҳамкориҳои байналмилалӣ
 
Моддаи 29. Ҳамкориҳои байналмилалӣ
  1. Осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаҳои осорхонашиносӣ, таърихнигорӣ, бостоншиносӣ, иттилоотӣ, инчунин дар ҷаласа ва конференсияҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти осорхонаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат меварзанд.
  2. Осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ба созмонҳои фарҳангии байналмилалӣ ҳамроҳ шуда, дар татбиқи барномаҳои марбут ба масъалаҳои соҳа иштирок намоянд.
 
БОБИ 8. Муқаррароти хотимавӣ
 
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 47; с. 2007, №5, мод. 373) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
                              
 
Президенти  
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                           Эмомалӣ Раҳмон
 
Ш.Душанбе
3 июли  соли 2012
№838

Илова кунед