Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбўриасалпарварӣ

16 Апрел 2012, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012,№4,мод.270)
 
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз15-уми феврали соли 2012, №689  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №2, моддаи74 ) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми марти соли 2012, №293  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №3  моддаи160 ) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
 
 
Қонуни мазкур муносибатҳоро дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти занбўриасалпарварӣ, ҳифз, истифода ва афзоиши оилаҳои занбўри асал, самаранок истифода бурдани онҳо барои гардолуд кардани растаниҳои энтомофилӣ, фароҳам овардани шароит барои афзун гардонидани маҳсулоти занбўри асал, инчунин зироаткорӣ, таъмини кафолатҳои риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба занбўриасалпарварӣ машѓуланд, танзим менамояд.
 
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
              
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
 
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— занбўриасалпарварӣ – парвариш, ҳифз ва нигаҳдории занбўри асал, ки истифодаи он барои гардолуд намудани растаниҳои энтомофилӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо, гирифтани маҳсулоти занбўри асал равона шудааст;
— занбўрпарвар – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба занбўриасалпарварӣ машѓул мебошад;
— оилаи занбўри асал – воҳиди томи биологӣ, ки аз занбўрони корӣ, нарзанбўрон ва модарзанбўр иборат буда, дар як қуттии занбўри асал ё лона сукунат доранд;
— модарзанбўр — занбўри модинае, ки оилаҳои занбўри асалро афзун мегардонад;
— селаи занбўри асал — оилаи нави занбўри асал, ки аз оилаи асосии занбўри асал пайдо шуда, аз он ҳангоми оилаҷудокунии табиӣ мустақилона берун шудааст;
— гурўҳи занбўри асал — маҷмўи оилаҳои занбўри асал дар доираи зоти занбўри асал, ки дар ҳудуди муайян ташаккул ёфта, ирсияти  умумӣ дорад;
— қуттии занбўри асал – ҷиҳоз барои нигоҳдории оилаи занбўри асал;
— занбўрҷой – мавзеи муайяне, ки қуттиҳо бо оилаҳои занбўри асал ва таҷҳизоти барои занбўриасалпарварӣ зарур дар он ҷойгир карда шудаанд;
— занбўрҷойи доимӣ — мавзее, ки дар давоми сол қуттиҳо бо оилаҳои  занбўри асал дар он доимӣ ҷойгир карда шудаанд;
— занбўрҷойи сайёр – мавзее, ки қуттиҳо бо оилаҳои  занбўри асал тавассути кўчонидан ба манбаъҳои ҷамъоварии асал гузошта мешаванд;
— асал – маҳсулоти табиие, ки онро занбўри асал аз шираи растаниҳо ҷамъоварӣ менамояд;
— мум — маҳсулоте, ки онро занбўри корӣ аз ѓадудҳои мумҷудокуниаш хориҷ менамояд;
— гарди гул – маҳсулоте, ки занбўри корӣ аз гули наботот ҷамъоварӣ менамояд;
— ширеш – маҳсулоте, ки занбўри корӣ аз шираи гулҳо ҷамъоварӣ менамояд;
— шири занбўр – маҳсулоте, ки онро занбўри корӣ аз ѓадудҳои болоиаш истеҳсол менамояд;
— заҳри занбўр – маҳсулоте, ки онро занбўри корӣ аз нешаш ҷудо менамояд;
— мумварақ – варақчаҳои тунуки ба таври сунъӣ аз мум сохташуда, ки қолаби чашмакдори андозаҳояшон муайянро доранд;
— шиносномаи байторию санитарии занбўрҷой — ҳуҷҷате, ки мавзеи муваққатӣ ё доимии занбўрҷой, миқдори оилаҳои занбўри асал, зоти онҳо, мўҳлат ва амалиётҳои байториро бо мақсади пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи касалиҳои онҳоро дар бар мегирад;
— растаниҳои энтомофилӣ— растаниҳое, ки тавассути ҳашарот гардолуд мешаванд;
— манбаи асалѓундорӣ – шира ва гарди гули растаниҳое, ки барои занбўри асал ҳам манбаи ѓизои табиӣ ва ҳам  асалѓундорӣ мебошанд;
— хоҷагиҳои зотпарварӣ – субъектҳои хоҷагидорие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ аттестатсия шуда, оилаҳои занбўри асали зотӣ ва модарзанбўрҳои бордоршудаи зоти муайянро парвариш менамоянд ва мефурўшанд;
— мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ- мақоми давлатие, ки танзими давлатии соҳаи занбўриасалпарвариро дар доираи ваколатҳояш амалӣ менамояд.
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи
занбўриасалпарварӣ 
 
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи занбўриасалпарварӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
 
БОБИ 2. ФАЪОЛИЯТ ДАР СОҲАИ ЗАНБЎРИАСАЛПАРВАРӣ
 
Моддаи 3. Фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ
 
  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд фаъолияти соҳибкориро дар соҳаи занбўриасалпарварӣ амалӣ намоянд.
  2. Шахсони воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошанд, ҳуқуқ доранд фаъолиятро дар соҳаи занбўриасалпарварӣ барои қонеъ гардонидани талаботи шахсиашон амалӣ намоянд.
  3. Занбўрпарварон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкил кардани иттиҳодияҳои занбўриасалпарвариро доранд.
  4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд маълумотро дар соҳаи занбўриасалпарварӣ аз мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ талаб карда гиранд.
 
Моддаи 4. Шумораи оилаҳои занбўри асал
 
  1. Шумораи оилаҳои занбўри асали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маҳдуд намебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд.
  2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд ҷойгиронии шумораи оилаҳои занбўри асали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар доираи сарҳади минтақаҳои наздишаҳрию кабудизорҳо вобаста ба шароити нигаҳдории занбўри асал мутобиқи меъёр ва қоидаҳои байторию санитарӣ муқаррар намоянд.
  3. Ҷойгиронии шумораи оилаҳои занбўри асал дар ҳудудҳои дахлдори ташкилотҳои ѓайритиҷоратии боѓдорию полезкории коллективӣ аз ҷониби маҷлиси умумии ин ташкилотҳо муайян карда мешавад.
 
Моддаи 5. Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии оилаҳои занбўри асал
 
Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии оилаҳои занбўри асал бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
 
Моддаи 6. Ҷойгиронии қуттиҳо бо оилаҳои  занбўри асал
 
  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қуттиҳо бо оилаҳои занбўри асалро дар қитъаҳои замини мавриди истифодаашон бо риояи меъёр ва қоидаҳои зоотехникӣ ва байторию санитарии нигоҳдории занбўри асал ҷойгир менамоянд.
  2. Занбўрпарвар қуттиҳо бо оилаҳои занбўри асалро аз муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фароѓатию фарҳангӣ дар масофае ҷойгир менамояд, ки ба одамон зарар нарасонанд. Тартиби ҷойгиронии бехатари қуттиҳо бо оилаҳои занбўри асал бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқа карда мешавад.
  3. Қуттиҳо бо оилаҳои занбўри асал дар қитъаи замин дар масофаи на камтар аз панҷ метр аз сарҳади қитъаи замин ва дар баландии на камтар аз ду метр ҷойгир карда мешаванд ё аз қитъаи замини ҳамсоя бо бино, иморат, иншоот, девори яклухт ё буттазори зичӣ баландиашон на камтар аз ду метр ҷудо карда мешаванд.
 
Моддаи 7. Ҷудо кардани қитъаҳои замин барои фаъолият дар
соҳаи занбўриасалпарварӣ
 
  1. Қитъаҳои замин барои фаъолият дар соҳаи занбўриасалпарварӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷудо карда мешаванд.
  2. Истифодабарандагони қитъаҳои замине, ки барои ҷойгиронии қуттиҳо бо оилаҳои занбўри асал бештар мувофиқ мебошанд, ҳуқуқ доранд ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии машѓули занбўриасалпарварӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гулкунии манбаъҳои асалѓундорӣ, ҷойгиронии қуттиҳо бо оилаҳои занбўри асалро, новобаста ба макони бақайдгирии оилаҳои занбўри асал, иҷозат диҳанд.
  3. Занбўрҷойҳои сайёр дар назди манбаъҳои асалѓундорӣ дар чунин масофае ҷойгир карда мешаванд, ки барои нигоҳдории пурмаҳсули оилаҳои занбўри асал ва гардолуд шудани растаниҳои кишоварзии энтомофилӣ мусоидат намоянд.
  4. Занбўрҷойҳои сайёр бояд дар назди манбаъҳои асалѓундорӣ дар масофаи на камтар аз якуним километр яке аз дигараш ва се километр аз занбўрҷойи доимӣ воқеъ гардида бошанд.
  5. Интихоб намудани занбўрҷойҳои сайёр дар роҳи парвози занбўри асал аз занбўрҷойи дигари пештар ба манбаи асалѓундорӣ ҷойгиршуда манъ мебошад.
  6. Занбўрпарварон ўҳдадоранд, ки пас аз ҷойгиронии занбўрҷойи сайёр ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба он маълумот диҳанд ва шиносномаи байторию санитарии занбўрҷойро пешниҳод намоянд.
  7. Дар занбўрҷойҳо бояд танҳо зотҳои занбўри асали ба ин ё он маҳал мутобиқгардида мувофиқи нақшаи ноҳиябандӣ, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ тасдиқ намудааст, нигоҳ дошта шавад.
 
 
Моддаи 8. Истифодаи оилаҳои занбўри асал барои гардолуд
намудани растаниҳои энтомофилӣ 
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти парвариши растаниҳои энтомофилиро амалӣ менамоянд, бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии онҳо метавонанд оилаҳои занбўри асали дар моликияти шахсони дигар қарордоштаро бо пардохти ҳаққи хизмати ташкили гардолуд намудани растаниҳои энтомофилӣ дар асоси шартномаҳо тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
 
Моддаи 9. Маҳсулоти соҳаи занбўриасалпарварӣ
 
  1. Маҳсулоти соҳаи занбўриасалпарварӣ тавассути хусусиятҳои ҷамъоварӣ ва физиологии занбўри асал дастрас мешавад.
  2. Маҳсулоти асосии соҳаи занбўриасалпарварӣ аз асал иборат буда, ба маҳсулоти дуюмдараҷаи он мум, мумварақҳо, гарди гул, ширеш, шири занбўр ва заҳри занбўр дохил мешаванд.
 
БОБИ 3. МАСЪАЛАҲОИ МОЛИКИЯТ ДАР СОҲАИ ЗАНБЎРИАСАЛПАРВАРӣ
 
Моддаи 10. Объекти моликият дар соҳаи
  занбўриасалпарварӣ
 
Объекти моликият дар соҳаи занбўриасалпарварӣ оилаи занбўри асал, селаи занбўри асал ва дигар таҷҳизоти барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи занбўриасалпарварӣ зарурӣ мебошад.
 
Моддаи 11. Ҳуқуқ барои баргардонидани селаи занбўри
 асали паридарафта
 
Шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки селаи занбўри асалро аз даст додааст, барои баргардонидани он ҳуқуқ дорад. Дар ин маврид шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки селаи занбўри асалро аз даст додааст, ҳуқуқ дорад онро ҷамъ намояд, агар селаи занбўри асал дар ҳудуди бегона маскан гирифта ё дар қуттии холии бегона ҷойгир шуда бошад.
 
Моддаи 12. Ҳуқуқи ҷуброни арзиши селаи занбўри
 асали паридарафта
 
  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки селаи занбўри асалро аз даст дода, онро бе танаффус ҷустуҷў намудаанд, барои ҷуброни арзиши селаи занбўри асали паридарафта ҳуқуқ доранд, ба шарте, ки селаи занбўри асал ба қуттии занбўри асале даромада бошад, ки дар моликияти шахси дигари воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ қарор дорад.
  2. Арзиши селаи занбўри асали паридарафта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
 
Моддаи 13. Селаи занбўри асали бесоҳиб
 
  1. Селаи занбўри асале, ки аз ҷониби шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ҷустуҷў карда намешавад ё селаи занбўри асали пайдоишаш номаълум бесоҳиб ҳисобида мешавад.
  2. Ҳуқуқи моликият ба селаи занбўри асали бесоҳиб тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 
 
БОБИ 4. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӣ ДАР СОҲАИ ЗАНБЎРИАСАЛПАРВАРӣ
 
Моддаи 14. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар
  соҳаи занбўриасалпарварӣ
 
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи занбўриасалпарварӣ инҳоянд:
— тасдиқи барномаҳои ҷумҳуриявии мақсадноки рушди занбўриасалпарварӣ, барномаҳои дахлдори минтақавӣ;
— тасдиқи меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи занбўриасалпарварӣ;
— муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ;
— ҳавасмандгардонии иқтисодии соҳаи  занбўриасалпарварӣ;
— мусоидат барои ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи занбўриасалпарварӣ;
— ҳамоҳангсозии фаъолият доир ба тарбияи мутахассисон ва такмили ихтисоси онҳо дар  соҳаи занбўриасалпарварӣ;
— амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 15. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар
 соҳаи занбўриасалпарварӣ
 
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
— татбиқи  барномаҳои соҳавии рушди занбўриасалпарварӣ;
— таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ дар доираи ваколатҳои худ;
— таъмини назорати риояи меъёрҳо ва қоидаҳои зоотехникӣ ва байторию санитарии нигоҳдории занбўри асал, сифати маҳсулоти занбўри асал;
— таъмини амалӣ намудани тадбирҳо оид ба пешгирии касалиҳои занбўри асал, табобат, мубориза бо ҳашароти зараррасони оилаҳои занбўри асал ва пешгирии заҳролуд гардидани занбўри асал аз  пеститсид ва дигар маводи кимиёвӣ;
— назорати фаъолияти хоҷагиҳои зотпарварӣ, минтақаҳои зотпарварӣ ва занбўрҷойҳои селексионӣ;
— ҳамоҳангсозии фаъолияти селексионию зотпарварӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ, мусоидат ба рушди репродукторҳои зотпарварӣ (занбўрҷойҳои селексионӣ) ва парваришгоҳҳои занбўри асал;
— ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ;
— ташкили таҳқиқотҳои илмие, ки ба ҳифз ва афзоишдиҳии занбўри асал равона гардидаанд.
 
Моддаи 16. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии
 ҳокимияти давлатӣ
 
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамоянд:
— назорат оид ба рушд ва ҳифзи соҳаи занбўриасалпарварӣ дар қаламрави  дахлдор;
— ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба тарбияи мутахассисон ва такмили ихтисоси онҳо дар соҳаи занбўриасалпарварӣ.
 
Моддаи 17. Тадбирҳои дастгирии давлатӣ дар соҳаи
    занбўриасалпарварӣ   
 
  1. Мақсади дастгирии давлатӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ таъмини талаботи аҳолии кишвар бо маҳсулоти соҳаи занбўриасалпарварӣ аз ҳисоби истеҳсоли онҳо аз ҷониби молистеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад.
  2. Дастгирии давлатӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:
— ҷудо намудани маблаѓҳои давлатӣ;
— додани қарзҳои имтиёзнок;
— андешидани чораҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ;
— инвеститсия ба соҳаи занбўриасалпарварӣ.
 
 
 
 
 
БОБИ 5. ҲИФЗИ ЗАНБЎРИ АСАЛ
 
Моддаи 18. Ташкили ҳифзи занбўри асал, назорати зоотехникӣ
ва байторию санитарӣ дар соҳаи  занбўриасалпарварӣ
 
  1. Ташкили ҳифзи занбўри асал аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Назорати риояи меъёрҳо ва қоидаҳои зоотехникӣ ва байторию санитарии нигоҳдории занбўри асал тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
Моддаи 19. Талаботи асосӣ барои ҳифзи занбўри асал
 
Талаботи асосӣ барои ҳифзи занбўри асал инҳоянд:
— таъмини хизматрасонии аз ҷиҳати илмӣ асосноки зоотехникӣ, истифода ва афзоишдиҳии  занбўри асал;
— ҳифзи муҳити табиии зисти занбўри асал, мавзеъҳои ҷойгиршавӣ  ва роҳҳои кўчонидани занбўри асал;
— таъмини хизматрасонии байторию санитарии занбўри асал.
 
Моддаи 20. Таъмини ҳифзи занбўри асал
 
Ҳифзи занбўри асал тавассути тадбирҳои зерин таъмин мегардад:
— аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя намудани меъёрҳо ва қоидаҳои зоотехникӣ ва байторию санитарии нигоҳдории занбўри  асал ва ҷойгиронии қуттиҳо бо оилаҳои  занбўри асал дар назди манбаъҳои асалѓундорӣ;
— аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ иҷро намудани талаботи ҳифзи муҳити зист, мавзеъҳои ҷойгиршавӣ ва роҳҳои кўчонидани  занбўри асал;
— ҳифзи қуттиҳо бо оилаҳои занбўри асал аз вайронкунӣ, пешгирии заҳролудшавии онҳо аз пеститсид ва дигар маводи кимиёвӣ;
— ҳифзи оилаҳои занбўри асал аз паррандаҳо ва дигар ҳашароти занбўрхўр дар маҳалҳои зисти мавсимӣ;
— пешгирӣ намудани касалиҳои занбўри асал, табобати онҳо, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони оилаҳои занбўри асал;
— мусоидат барои ҳамлу нақли бемонеаи оилаҳои занбўри асал;
— ташкили таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳифзи занбўри асал;
— рекламаи занбўриасалпарварӣ тавассути воситаҳои ахбори омма;
— тарбияи муносибати эҳтиёткоронаи шаҳрвандон ба занбўри асал, инчунин  ҳавасмандгардонии онҳо дар ин соҳа.
Моддаи 21. Пешгирии заҳролудшавии занбўри асал аз
  пеститсид ва дигар маводи кимиёвӣ
 
  1. Истифодаи пеститсид ва дигар маводи кимиёвӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Номгўи воситаҳои муҳофизати растанӣ, маводи кимиёвӣ ва дигар доруҳои барои коркарди растанӣ дар занбўрҷойҳо истифодашавандаро, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
  3. Пеститсид ва дигар маводи кимиёвӣ барои коркарди киштзор, алафзор, ҷангал, қитъаҳои муҳофизатии ҷангал ва дарахтзорҳо дар давраи гулкунии манбаъҳои асалѓундорӣ бо тартиби дар моддаи 26 Қонуни мазкур муайянгардида истифода карда мешаванд.
 
Моддаи 22. Ҳифзи занбўри асал дар мавриди истифодабарии
 ҷангал
 
  1. Чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани маҳсулнокии ҷангалҳо бо назардошти талаботе, ки самаранокии фаъолиятро дар соҳаи занбўриасалпарварӣ таъмин менамоянд, амалӣ карда мешаванд.
  2. Буридани дарахтон ва буттаҳо – манбаъҳои асалѓундорӣ, дар ҳудудҳое, ки аз занбўрҷойҳои доимӣ дар масофаи наздиктар аз се километр воқеъ шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои беҳтар намудани вазъи санитарии ҷангалҳо ва зиёд кардани шумораи ниҳолҳо манъ аст.
 
Моддаи 23. Ҳифзи занбўри асал дар шароити муҳити
 табиии зисти он
 
  1. Фаъолият оид ба истифодаи хусусиятҳои фоидаовари занбўри асал ва ҷамъоварии маҳсулоти занбўри асал дар шароити муҳити табиии зисти он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Вайронкунии ковокии дарахт ва дигар ҷойҳои зисти оилаҳои занбўри асал дар шароити муҳити табиии зисти он манъ аст.
  3. Агар оилаи занбўри асал дар шароити муҳити табиии зисташ ба фаъолияти ҳаётии инсон халал расонад, чунин оилаи занбўри асал бо иштироки намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ кўчонида ё нобуд карда мешавад.
 
 
 
Моддаи 24. Пешгирии касалиҳои занбўри асал, табобати онҳо, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони оилаҳои занбўри асал
 
  1. Бо мақсади ба ҳисоб гирифтани занбўрҷойҳо ва гузаронидани тадбирҳои байторӣ шиносномаи байторию санитарии занбўрҷойҳо дода мешавад. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ўҳдадоранд, ки шиносномаи байторию санитарии занбўрҷойҳоро дошта бошанд.
  2. Шакли шиносномаи байторию санитарии занбўрҷой ва тартиби додани онро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ муқаррар менамояд.
  3. Пешгирии касалиҳои занбўри асал, табобати он, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони оилаҳои занбўри асал тибқи қонунгузории байтории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешаванд.
  4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ўҳдадоранд, ки оид ба пешгирии касалиҳои занбўри асал, табобати он, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони оилаҳои занбўри асал чораҳо меандешанд.
  5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои амалӣ намудани чораҳои пешгирии касалиҳои занбўри асал, табобати он, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони оилаҳои занбўри асал метавонанд мутахассисони соҳаи байториро ҷалб намоянд.
  6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сурати пайдошавии бемориҳои сироятӣ вазифадоранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ маълумот пешниҳод намоянд.
 
Моддаи 25. Парвариш, истифодаи зотҳо ва гурўҳҳои
  бештар арзишдори занбўри асал
 
  1. Фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба парвариш, истифодаи зотҳо ва гурўҳҳои бештар арзишдори занбўри асал, инчунин оид ба беҳтаргардонии зотҳо ва гурўҳҳои занбўри асал тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
  2. Бо мақсади таъмини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо зотҳо ва гурўҳҳои бештар арзишдори занбўри асал, инчунин беҳтаргардонии зотҳо ва гурўҳҳои занбўри асал дар ҳудудҳои муайян (муҳити табиии зисти он) хоҷагиҳои зотпарварӣ ва репродукторҳои зотӣ (занбўрҷойҳои селексионӣ) таъсис дода мешаванд.
  3. Дар атрофи хоҷагиҳои зотпарвар ва репродукторҳои зотӣ (занбўрҷойҳои селексионӣ) минтақаҳои муҳофизатӣ дар доираи на камтар аз понздаҳ-бист километр муайян карда мешаванд, ки дар ҳудуди онҳо ворид намудани оилаҳои занбўри асал ё модарзанбўрҳои зотҳо ва гурўҳҳои дигари занбўри асал, инчунин оилаҳои занбўри асал ё модарзанбўрҳои авлодашон номаълум манъ аст.
 
Моддаи 26. Огоҳонидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи
  ҳолатҳои барои занбўри асал хатарнок
 
  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрас намудани иттилооти саривақтӣ, пурра ва саҳеҳ дар бораи вазъи муҳити зист, инчунин оид ба ҳолатҳои барои занбўри асал хатарнок ҳуқуқ доранд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи вазъи муҳити зист, инчунин оид ба ҳолатҳое, ки барои занбўри асал хатарнок мебошанд, тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳонида мешаванд.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои коркарди растаниҳои киштзор ва ҷангал пеститсид ва дигар маводи кимиёвиро истифода мебаранд, ўҳдадоранд на дертар аз се шабонарўз то оѓози чунин коркард шахсан дар шакли хаттӣ ё тавассути воситаҳои ахбори омма шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки занбўрҷойҳояшон дар масофаи камтар аз панҷ километр аз киштзору ҷангал коркардшаванда воқеъ гардидаанд, огоҳ намоянд. Дар баробари ин санаи коркарди растаниҳои киштзор ва ҷангал, тарзи коркарди онҳо, сатҳи заҳрнокии пеститсид ва (ё) маводи кимиёвии истифодашаванда қайд карда мешавад.
 
Моддаи 27. Мусоидат ба ҳамлу нақли куттиҳо бо оилаҳои
занбўри асал
 
  1. Ҳамлу нақли қуттиҳо бо оилаҳои занбўри асал тавассути ядакҳо, платформаҳо ва дўкончаҳои сайёр, ки ба таҷҳизоти кишоварзии технологӣ мансуб мебошанд, аз рўи хатсайрҳои бо мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ мувофиқашуда анҷом дода мешавад.
  2. Барои пешгирии фавти оилаҳои занбўри асал дар сурати якбора баландшавии ҳарорат ва рутубати ҳавои қуттиҳои занбўри асал, аз ҷониби мақомоти дахлдори ваколатдори давлатӣ ба мўҳлати беш аз 15 дақиқа боздоштани воситаҳои нақлиёте, ки қуттиҳо бо оилаҳои занбўри асалро ҳамлу нақл мекунанд, роҳ дода намешавад, ба шарте, ки боздошти мазкур ба назорати риояи қоидаҳои ҳамлу нақли онҳо ва (ё) ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт вобаста набошад.
  3. Дар мавриди зарурӣ мақоми дахлдори ваколатдори давлатӣ ҷиҳати бемонеа ҳамлу нақл намудани қуттиҳо бо оилаҳои занбўри асал мусоидат менамояд.
 
Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар соҳаи занбўриасалпарварӣ
 
  1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи занбўриасалпарварӣ мусоидат менамояд.
  2. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи занбўриасалпарварӣ мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
 
 
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи
  Қонуни мазкур
 
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни
Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи
занбўриасалпарварӣ”
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 “Дар бораи занбўриасалпарварӣ” (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2003, №12, мод. 679; соли 2008, №12, қисми 2, мод. 1003) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 31. Тартиби мавриди амал қарор додани
  Қонуни  мазкур
 
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии  Тоҷикистон                                                   Эмомалӣ Раҳмон
 
      ш.Душанбе
16-апрели соли 2012
        №820

Илова кунед