Ба Кодекси ҳуқуқваӣронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағӣиру иловаҳо ворид гардид

12 Июн 2019, Чоршанбе

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ ва муҳокима гардиданд.

Вакилони мардумӣ дар оғози иҷлосия лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»-ро баррасӣ намуданд. Зимни баромади хеш вакили мардумӣ Ҳакимов Ориф иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии Қонуни конститутсионии зикргардида ба талаботи Кодекси гражданӣ, Кодекси шаҳрсозӣ дигар қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи забони давлатӣ”ва иҷрои тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ аз 19 декабри соли 2018 ва такмили фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод гардидааст.

Зимни муарифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»  муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим ва вакили Маҷлиси намояндагон Ҷобирзода Тоҳир афзуданд, ки лоиҳаи Қонун бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаи шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути беҳтар намудани шабакаҳои роҳи автомобилгард ва  таъмини бехатарии пайвастаи солонаи воситаҳои нақлиётӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанак бо коҳиш ёфтани арзиши хизматрасониҳои нақлиётӣ, коҳиш додани вақти интиқоли мусофирон ва борҳо мусоидат менамояд, амалӣ карда мешавад.

Ҳангоми баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» вакили мардумӣ  Азимзода Толибхон ва муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзода Нарзулло таъкид намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии Қонуни зикргардида ба талаботи кодексҳо ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии  ҳуқуқӣ» мебошад.

Инчунин зарурати истифодаи истилоҳу ибораҳои якхела ва  мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва зарурати мусоидат намудан барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонун мебошад.

Тибқи Кодекси гражданӣ (қисми 1, муқаррарот дар бораи шахсони ҳуқуқӣ) ва Кодекси андоз (17, 107,112 ва ѓайра) нисбати корхонаҳои давлатӣ фонди оинномавӣ, нисбати ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ (чамъиятҳои саҳомӣ, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд) сармояи оинномавӣ ва нисбати ширкатҳои хоҷагидорӣ сармояи шариконаро пешбинӣ намудаанд. Аз ҳамин лиҳоз, моддаҳои 8, 11 ва 27 Қонуни амалкунанда, тавассути ба шакли дигар иваз намудани калимаҳои «сармояи оинномавӣ» ба талаботи кодексҳои зикршуда мутобиқ карда шудаанд.

Вакили мардумӣ Мирзозода Мавлуда зимни баррасии масъалаи ниҳоии рӯзнома-лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани таѓйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз намуданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ гардонидани алоқамандии дохилии меъёрҳои алоҳидаи боби 7  бо муқаррароти умумии Кодекс, бо ҳам мутобиқгардонии меъёрҳои Кодекси мазкур бо Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва «Дар бораи маориф»;бартараф намудани ихтилофҳои алоҳида. Инчунин пешгирии ҷилавгирии бемориҳои сироятӣ, таъмини амнияти беҳдошти санитарӣ-эпидемиологӣ, сифатнокии маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи фармасевтиву доруворӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиѓон;мусоидати ҳуқуқии фаъолияти сохторҳои навтаъсиси назоратӣ дар соҳаҳои таъмини амнияти озуқворӣ, беҳдошти санитарӣ-эпидемиологӣ, сифатнокии маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи фармасевтиву доруворӣ таҳия гардидааст.

Дар фарҷоми иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Илова кунед