Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 Апрел 2012, Душанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2012,№4,мод.278)
 
 
Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз21-уми декабри соли 2011, №627  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №12, моддаи916 ) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми марти соли 2012, №302  (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012, №3  моддаи169 ) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
 
Қонуни мазкур низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда, асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти онҳоро танзим менамояд.
 
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мавзўи танзим ва доираи амали Қонуни мазкур
  1. Мавзўи танзими Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатие, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд, инчунин асосҳои ташкили фаъолияти онҳо дар низоми идоракунии давлатӣ мебошад.
  2. Амали Қонуни мазкур нисбат ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби ташкил, салоҳият ва фаъолияти онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, татбиқ намегардад.
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— мақоми идоракунии давлатӣ – мақоми давлатие, ки вазифаҳои умумии идоракуниро тибқи принсипҳои идоракунии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ менамояд;
— мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ — шакли ташкилии амалисозии идоракунии давлатиест, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуда, фаъолият менамояд;
— низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ — маҷмўи мақомоте, ки таҳти тобеияти якдигар (муносибатҳои иерархӣ) қарор дошта, функсияҳои идоракунии давлатиро мустақилона ва дар ҳамкории мутақобила татбиқ менамоянд ва ба мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақсим мешаванд;
— мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ — мақоме, ки дар асоси ваколати ба он вогузорнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои таҳияву татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ва дигар функсияҳои иҷроияро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
— ҳамоҳангсозӣ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ — маҷмўи ваколат ва функсияҳое, ки бо мақсади таъмини сиёсати ягона дар соҳаи муайян тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ё шахсони мансабдори алоҳида вогузор карда шудаанд;
— ѓайритаҷаммўъсозии ҳокимияти иҷроия — раванди тибқи қонун танзимгардидае, ки дар ҷараёни он қисми функсияи мақоми иҷроияи болоии ҳокимияти давлатӣ ба зиммаи мақоми иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ вогузор карда мешавад;
— ѓайримутамарказгардонии ҳокимияти иҷроия — раванди дар асоси қонун вогузор намудани қисми ваколатҳои ҳокимият ва ё функсияҳо аз мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба зиммаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо ва тавсеаи доираи ваколатҳои мақомоти поёнии идоракунӣ аз ҳисоби мақомоти сатҳи болоӣ;
— шартномаи маъмурӣ – санади ҳуқуқие, ки дар асоси он мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи талабот ва шартҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои ҳокимияти давлатиро (ба истиснои функсияҳои назоратӣ) ба зиммаи мақоми иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳо вогузор менамояд;
— назорати дохилӣ — маҷмўи тадбирҳои мустақили мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ оид ба гузаронидани санҷиш ва арзёбии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва шахсони мансабдори ҳамин мақом, ки барои таъмини иҷрои талаботи қонуният, самаранокӣ ва мақсаднокии фаъолияти онҳо нигаронида шудааст;
— назорати хизматӣ — маҷмўи тадбирҳои мукаммале, ки қонуният, самаранокӣ ва мақсаднокиро дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин менамояд ва тавассути он мақоми иҷроияи болоии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба мақоми иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ функсияҳои назоратиро анҷом медиҳад.
 
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
 
 
Моддаи 4. Принсипҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ
Принсипҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ инҳоянд:
— волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— самарабахшии ҳокимияти давлатӣ ва самтгирӣ ба натиҷаҳои ниҳоӣ;
— риояи манфиатҳои ҷамъиятӣ (оммавӣ);
— ҳисоботдиҳии дақиқ дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
— ѓайритаҷаммўъсозӣ ва ѓайримутамарказгардонии ҳокимияти давлатӣ;
— кордонӣ ва риояи одоб дар амал ва қарорҳои хизматчиёни давлатӣ;
— асоснокӣ ва шаффофият зимни тақсиму истифодаи захираҳо ва молияи давлатӣ;
— шаффофият ва дақиқии ташкил ва фаъолият дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;
— ошкоро будани низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷалби қисми фаъоли аҳолӣ ба раванди идоракунии давлатӣ.
 
Моддаи 5. Низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ
  1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:
— Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— вазоратҳо ва кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам дода мешаванд.
  2. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва шумораи ниҳоии кормандони мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Ваколат ва функсияҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Низомномаи он муқаррар карда мешаванд.
  3. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблаѓгузорӣ мегарданд.
 
Моддаи 6. Ҳисоботдиҳанда будан ва ҳамоҳангсозӣ дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ
  1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд. Тартиби ҳисоботро Дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамоянд.
  2. Ҳисоботдиҳанда будани мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар ҷараёни назорати хизматӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, амалӣ карда мешавад.
  3. Мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дахлдор ҳамоҳанг месозад.
  4. Мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар ҷараёни татбиқи функсияҳои ҳамоҳангсозӣ нисбат ба дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ дорад:
— аз дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ маълумоти дахлдорро ба даст орад;
— ба дигар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳое, ки таҳти салоҳияташ қарор доранд ва вобаста ба онҳо фаъолияти ҳамоҳангсозӣ сурат мегирад, дастур диҳад;
— дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намояд.
 
Моддаи 7. Назорати хизматӣ
  1. Дар низоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои таъмини қонуният ва мақсаднокии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ назорати хизматӣ вобаста ба ҳисоботдиҳанда будан амалӣ карда мешавад. Тартиби амалӣ намудани назорати хизматиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  2. Назорати хизматиро роҳбари мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ таъмин менамояд.
  3. Назорати хизматӣ тибқи тартиби тобеият мутобиқи Қонуни мазкур, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки назорати хизматиро танзим менамоянд, амалӣ карда мешавад.
  4. Роҳбаре, ки назорати хизматиро амалӣ менамояд, метавонад аз мақомоти иҷроияи поёнии ҳокимияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дигар ҳуҷҷатҳоро талаб намояд, аз шахсони мансабдор тавзеҳот ва хулоса гирад. Мақомоти дахлдор бояд ҳуҷҷат ва тавзеҳоти зикргардидаро дар мўҳлати на дертар аз се рўзи корӣ пешниҳод намоянд, агар мақоми анҷомдиҳандаи назорати хизматӣ мўҳлати нисбатан дарозтарро муқаррар накарда бошад.
 
 
 
БОБИ 2. АСОСҲОИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ МАҚОМОТИ
ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӣ
 
Моддаи 8. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Дастгоҳи иҷроия) мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, фаъолияти он бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои конститутсионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дастгоҳи иҷроия инчунин дигар вазифаҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро менамояд.
  2. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи иҷроияро таъсис ва барҳам медиҳад, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия, муовини якум ва муовинони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроия Низомнома ва Сохтори Дастгоҳи иҷроияро тасдиқ мекунад.
  3. Функсияҳои асосии Дастгоҳи иҷроия аз инҳо иборатанд:
— таъмини фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти машваратию маслиҳатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— назорат ва санҷиши иҷрои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод намудани маълумот оид ба рафти иҷрои онҳо;
— ҳамоҳангсозии таҳияи сиёсат дар соҳаи таъмини амнияти миллӣ ва рушди миллӣ, суботи дохилии сиёсӣ дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, дигар самтҳои мубрами рушди давлат ва таъмини таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаҳои мазкур;
— ҳамоҳангсозии банақшагирии стратегӣ, гузаронидани мониторинги татбиқи сиёсати мувофиқашуда ва нақшаҳои стратегии қабулгардида, таҳияи пешниҳодот оид ба такмили онҳо;
— таҳлили самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба такмили минбаъдаи фаъолияти онҳо ва роҳбарии ислоҳоти идоракунии давлатӣ;
— ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷалби онҳо ба раванди таҳия ва татбиқи сиёсат оид ба масъалаҳои мубрами рушди давлат;
— ҳамоҳангсозии омодагӣ ба ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ҳамоҳангсозии ҳамкории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳокимияти судӣ;
— иттилоотонии ҷомеа оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вобаста ба натиҷаҳои татбиқи сиёсат дар самтҳои мубрами рушди кишвар;
— амалӣ намудани дигар функсияҳое, ки Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
 
Моддаи 9. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  1. Роҳбари Дастгоҳи иҷроия роҳбарии умумии фаъолияти Дастгоҳи иҷроияро дар асоси яккасардорӣ анҷом дода, барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои ба зиммаи Дастгоҳи иҷроия гузошташуда дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти шахсӣ дорад.
  2. Ваколатҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроия дар Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
 
Моддаи 10. Вазорат
  1. Вазорат мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатие мебошад, ки татбиқи сиёсати давлатӣ ва идоракуниро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ намуда, инчунин дар доираи пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти дигар мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро дар ҳамин соҳа ҳамоҳанг месозад.
  2. Вазорат функсияҳои худро мустақиман ё тавассути мақомоти ҳудудии худ анҷом медиҳад.
  3. Вазоратро дар низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва барҳам медиҳад. Низомномаи вазоратро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
  4. Ба фаъолияти вазорат вазир роҳбарӣ менамояд, ки ў аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад ва фармон дар ин хусус ба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.
  5. Вазир муовини якум ва муовинон дорад, ки бо пешниҳоди ў аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
  6. Теъдоди муовинони вазир, воҳидҳои сохтории вазорат ва функсияҳои асосии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
  7. Муовини якум ва муовинони вазир дар назди вазир