11-март Рӯзи матбуоти тоҷик

11 Март 2020, Чоршанбе

11-март Рӯзи матбуоти тоҷик аст, ки ҳамасола дар саросари кишвар аҳли қаламу сухан ин рӯзро истиқбол менамоянд. Ин ҷашн ба ифтихори нашри нахустрӯзномаи тоҷикии “Бухорои шариф” пазируфта  шудааст, ки мақолаи зеринро ба ин сана мебахшем.

Заминаҳои пайдоиши нахустрўзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» аз масоиле мебошад, ки зиёд атрофи он андешаронӣ шудааст. Ва махсусан баъд аз расидан ба Истиқлолияти сиёсии кишвар таваҷҷуҳи муҳаққиқон ба ин масъала хеле зиёд шудааст. Бо ин вуҷуд ҳамоно ҳастанд нуктаҳое, ки пажўҳиши амиқу жарфтарро тақозо менамоянд.

Руҷуъ ба осори таълифшуда нишон медиҳад, ки муҳаққиқон нашри нахустрўзномаро ба ташаннуҷи авзои сиёсии Русияи подшоҳӣ, инқилобҳои Эрон, Афғонистону Туркия ва амсоли инҳо рабт додаанд, вале дар шароити буҳрони сиёсию маънавии Аморат як ё ду рўйдодро ба нашри «Бухорои шариф» сабаб донистан дар маҳдудаи сунъӣ нигоҳ доштани таърихи матбуоти як миллат аст.

Таҳқиқи сарчашмаҳои аввалия ба монанди осори устод Айнӣ, навиштаҳои шарқшиноси рус Умняков И., осори академик Раҷабов З. ва дигар манбаъҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки то нашри рўзномаи «Бухорои шариф» мардуми Аморат аз ҷумла, тоҷирону сайёҳон ва баъзе аз мударрисон ҳарчанд бо «бадмазҳабӣ»-ю «бидъатгарӣ» муттаҳам мешуданд, вале ба нашрияҳои «Қонун», «Тарҷумон», «Вақт», «Шўро», «Ҳабл-ул-матин», «Сироҷ-ул-ахбор-афғония» ва дигар рўзномаву маҷаллаҳои туркӣ-тоторӣ ва русӣ обуна будаанд. Новобаста аз масоили идеологию сиёсӣ ҳатто «Қозӣ Мир Бадриддини қозикалон ҳам яке аз хонандагони ҷаридаи «Тарҷумон»[1,с.30] гардида буд.

Масъала ин аст, ки дар баробари монеаҳо мардум ба нашрияҳо рағбат пайдо намуда, бо ҳар роҳу василаи имкон рўзномаҳои мухталифро дастрас мекарданд. Ҳатто рўзномаи «Қонун», ки соли 1890 аз ҷониби эрониҳои машрутахоҳи Англия ба табъ расида буд дар Бухоро паҳн мешуд.

Таблиғоти пайвастаи дарбориёни Аморати Бухоро намегузошт, ки мардум мустақиман ба рӯзнома рўй биоваранд. Рўзномахониро куфру бидъат меҳисобиданд. Табиист, ки барои исботи куфр набудани рўзнома ва «бадмазҳаб» нашудани рўзномахонҳо ба вуҷуд омадани таконҳои пайдарпай лозим буд.

Далелҳои пажўҳишӣ собит менамояд, ки ҷанги соли 1904, ки миёни Русия ва Ҷопон оғоз гардид бо навгониҳои техникаи ҷангӣ чун унсури таҳаввул таваҷҷуҳи мардуми Бухороро ба рўзномаҷот ҷалб намуд. Ин воқеа ҳамчун такони ҷиддӣ, боис гардид, ки мардум ба рўзномаҳо наздиктар шаванд. Дар ин хусус устод Айнӣ навиштааст: «вақте ки муҳорибаи Рус-Ёпун сар шуд, хонандагони ҷаридаи «Тарҷумон» дар Бухоро зиёд гардид, дар баъзе хонадонҳо ҷаридаҳои русӣ низ қироат меёфт»[1,с.140].

Воқеаҳои ҷанг матбуотро дар Бухоро ба таври комил машҳур намуд. Рўзномахонӣ то долонҳои Аморат ва ҳуҷраҳои мадорис расид. Яъне, ҷанги Русия ва Ҷопон, чун такони бузург, нашрияҳоро ба оммаи халқ муаррифӣ намуд ва собит гардид, ки матбуот ҳеҷ «бадмазҳабӣ» надорад.

Дар масъалаи заминаҳои ташаккули матбуоти тоҷикӣ «пантуркизм» ва ҳаракати «ҷадидия» низ таъсири амиқ дорад, зеро нашрияҳои ба Аморат воридшуда василаи таблиғоти навгароёни Русия, Туркия, Миср, Ҳиндустон, Афғонистон ва Эрон буданд. Ташаккули ин ҷараёнҳо, ки бо арзишҳои исломӣ, иттиҳоди мусалмонони минтақа, рушди фарҳанги исломӣ – туркӣ, вусъати нажоди турк ва донишу маърифат амал менамуд, турктаборон – мусулмонони Русияро ба мавҷи таблиғоти худ ҳамроҳ сохт. Умняков дар ин хусус чунин навиштааст: «маншаи наҳзати нави мусалмонӣ дар Туркия дар симои ҷавонтуркон, ки нахустин ҷонибдорони ғояҳои либералӣ буданд, зоҳир шуда буд. Онҳо алайҳи сохти давлатдории онвақтаи Туркия, ҳамчунин зидди ҷаҳолат ва ҷудоиҳои миёни мусалмонон … таблиғот мебурданд. Ин ба халқиятҳои мусалмони Русия зуд таъсир намуд»[4,с.81].

Ин ҳаракатҳо дар асл на иттиҳоди мусулмонон, балки хостори барқарор намудани шаҳомати давлати Усмонӣ буданд. Онҳо иттиҳоди мусулмононро дар атрофи хилофат иқтидор дониста, мехостанд худро ҳокими минтақа гардонанд. Ба ин мақсад онҳо барои таблиғи ғояҳои худ аз эҳсосоти динию миллӣ кор гирифта, аз камбуду норасоиҳо дар ҳаёти мусулмонон сухан мегуфтанд.

Ин ҳадафҳо аз ҷониби тоторҳои Русия хуш истиқбол шуда, натанҳо дар ҳудуди Русия, балки дар манотиқи зери нуфузи он низ паҳн мегардид. Осиёи Марказӣ низ аз аҳдофи аслии ин ҳаракатҳои туркгароёна маҳсуб мешуд. Ва дар роҳи таблиғоти худ ҳеҷ чизро сарфи назар намесохтанд. Ҳам шарқшиноси рус Умняков И.И. ва ҳам Зариф Шарифович Раҷабов нашри рўзномаи «Тарҷумон»-ро дастгоҳи таблиғотии пантуркистон хондаанд. Махсусан Раҷабов З. нашрияи «Тарҷумон»-ро «органи марказии пантуркистони Россия ҳисоб кардан мумкин аст» [3,с.376-377] гуфта буд.
Вобаста ба муштаракоти нажодӣ, динӣ, таърихӣ ва зиндагию таҳсиле, ки Ғаспаронӣ солҳои 1874-1875 дар Туркия дошт ин назария метавонад дуруст бошад, зеро рўзномаҳои воридаи пантуркистон, асосан, бо забонҳои туркӣ – тоторӣ буд, ки аслан, аз шаҳомати нажоди турк мавод нашр мекарданд. Гузашта аз ин онҳо хоҳони нашри рўзнома ба забони тоҷикӣ дар худи Бухоро низ буданд.

Вобаста ба ин муҳаққиқи тоҷик Валӣ Самад зикр намудааст, ки 25 декабри соли 1892 аз ҷониби Зоҳир Бегиев – нависандаи тотор перомуни нашри рўзнома бо забони форсӣ дар Бухоро ба амир Абдулаҳад дар Растови лаби Дон мактуб супорида шудааст. Ў менависад: «нависандаи тотор … аз ҷавоби мактуб умедашро канда, роҳи Бухороро пеш мегирад ва ниҳоят 11 июли соли 1893 дар ҳузури амир ва Остонақул шуда, масъалаи чопи рўзномаро … ба миён мегузорад. Амир хомўш мемонад ва Остонақул … изҳор мекунад, ки «ҳануз барои дар Бухоро таъсис намудани рўзнома заминае муҳайё нест»[2,с.142].

Валӣ Самад андешаи ташкили рўзномаро дар Бухоро ба Шариф Махдуми Муътасим – яке аз пайравони андешаҳои Аҳмади Дониш рабт медиҳад. Ба пиндори ў, Муътасим баъд аз он ки дар Бухоро аз ҷониби амир Музаффар ба қатл маҳкум шуд ба Туркия фирор намуда, онҷо оила барпо мекунад. Баъд аз реҳлати ҳамсараш «ба воситаи Боғчасарой ба Қазон омада, дар матбааи «Харитонов» ба кор даромад ва китобҳои арабӣ, форсӣ ва туркии чопи Қазонро таҳрир карда, байни аҳли илму адаби Қазон эътибори баландро соҳиб шуд»[2,с.143]. Муҳаққиқ омадани Муътасим ба Қазон ва кор дар нашриёти «Харитонов»-ро ба солҳои 1892-1916 тахмин карда, қаробати Муътасимро бо Бегиев ба он рабт медиҳад, ки «чанд китобаш дар ҳамон матбааи «Харитонов» ба табъ расидааст, шояд бо илтимоси Муътасим масъалаи чопи рўзномаи форсиро пеши амиру аркони давлати вай гузошта бошад»[2,с.143].

Вобаста ба ин андеша моро зарур аст, ки ба чанд нуктаи муҳим равшанӣ андозем: Аввалан, соле, ки Зоҳир Яруллоуғли Бегиев ба амири Бухоро мактуб супорид ва пасон ба Бухоро омада ҷавоби мактубро пайгирӣ кард (25.12.1892-11.07.1893) умуман дар Қазон матбааи «Харитонов» вуҷуд надошт. Дуюм, ташкил шудани матбааи «Харитонов» ба соли 1896 рост меояд. Сеюм, чопи китобҳои форсию арабӣ дар ин матбаа солҳои 1903-1904 ба роҳ монда шуд, ки дар он солҳо З.Я. Бегиев дигар дар қайди ҳаёт набуд. Панҷум, китоби З. Бегиев на аз ҷониби худаш, балки аз ҷониби бародари файласуфаш Мусо Бегиев соли 1908 бо номи «Саёҳати Мовароуннаҳр» ба нашр расонда шуд.

Бо назардошти далоили боло, гуфтан мумкин аст, ки пайгирӣ намудани нашри рўзнома дар Бухоро аз тарафи З. Бегиев ба Махдуми Муътасим ҳеҷ рабт надорад. Он як талоши пантуркистон барои нашри рўзнома дар Бухоро мебошад. Яъне пантуркизм ба воситаи рўзномаву маҷаллаҳо, мактабҳои усули ҷадида ва ҳатто муносибатҳои шахсӣ низ таблиғоти густурдаи миллатгароёна менамуд.

Ин раванд афкори миллиро миёни равшанфикрони тоҷик низ бедор менамуд, зеро дар саҳафоти рўзномаҳо масъалаҳои маорифу фарҳанг, иқтисоду тиҷорат, сиёсату иҷтимоъ ва амсоли инҳо низ бозтоб меёфт. Маводи ин рўзномаҳо алангае дар тафаккури яхбастаи ҷамъияти Бухоро буд. Ҳукумати Аморат аз ин раванд ба ташвиш афтода, хостори пешгирии вуруди нашрияҳо ба Бухоро ва садди роҳи мутолиаи онҳо мешуд. Кўшишҳои зиёд низ дар ин роҳ натиҷаи дилхоҳ намедод.

Генерал-губернатори Туркистон низ ҳавасманди вуруди нашрияҳо ба Осиёи Марказӣ набуд, зеро дар ин матбуот музаффарияти коргару деҳқон дар баробари хонадони шоҳӣ ба таври комил инъикос меёфт. Пантуркистон бошанд ҷанги номуваффақи Русияи шоҳӣ бо Ҷопон, инқилоби аввали Русия, корпартоиҳои коргарон дар корхонаҳо ва таъсиси ҳаракатҳои иҷтимоиро тариқи матбуот таблиғ менамуданд.

Ин ҷо масъалаи дигар низ пайдо мешавад: матбуоти ба Осиёи Миёна воридшуда аслан, туркию тоторӣ, русӣ ва форсӣ буд. Ҷуз нашрияҳои форсӣ, ҳамагӣ аз бузургии нажоди турк сухан мегуфтанд. Академик З.Ш. Раҷабов порае аз мақолаи журнали туркиро, ки дар бораи тоҷикон аст, намуна овардааст: «Тоҷикон худашон гарчанд эронӣ ва забонашон форсист, аммо мазҳабашон суннӣ мебошад, бо душмании сахти худ бо шиаҳо номашон баромадааст. Симоашон мунтазам ва мутаносиб, занҳояшон дар хушрўӣ машҳур, боғайрат ва дар кор моҳир, аммо одамони фиребгар ва хулқашон паст мебошанд» [3,с.381]. Ҳамчунин дар китоби «Таърихи матбуоти тоҷик» вобаста ба ин масъала ба чунин ишора вомехӯрем: «нашароти Мунаввар Қорӣ аз ҷумла «Хуршед» ақидаи амиқи зиддитоҷикӣ дошт ва мавҷудияти тоҷиконро дар Осиёи Миёна инкор мекард»[5,с.29]. Яъне матбуоти хориҷа, ки ба Бухоро ворид мешуд, хусусияти шовинистӣ ва зиддитоҷикӣ дошт.

Баррасии иҷмоли ин масъала ба мо имкон медиҳад, ки чунин хулосаҳоро ҳосил намоем:

1. Вуруди рўзномаву маҷаллаҳо дар қаламрави Осиёи Марказӣ раванди табиӣ буда, равшанфикрон ин равандро ба таҳрик даровардаанд.

2. Дастраси омма намудани рўзномаву маҷаллаҳо натиҷаи таблиғоти ҷавонтуркон аст, ки нахуст дар Русия (1884) ва пасон ба воситаи пайравони худ ба Осиёи Марказӣ равона шудааст.

3. Инқилоби аввали Русия (соли 1905) ва эълони Манифест барои нашри рўзномаҳо заминаи ҳуқуқиро фароҳам овард ва ба рушди публитсистика боис гардид.

4. Таҳаввули маорифпарварии Афғонистон, Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва Миср ҳувияти миллии тоҷикиро бедор кард ва онро ба афкори навин моил намуд.

5. Ҷанги Русияву Ҷопон барои наздик шудани мардум ба матбуот мусоидат кард, зеро рўзномаҳо аз майдонҳои муҳориба хабару гузоришҳо нашр намуда, диққати аҳолиро ба худ мекашиданд.

6. Рушди афкори тоҷикбадбинӣ, таҳқиру тавҳини миллат ва поймол гардидани ҳуқуқҳои таърихии он дар нашрияҳои пантуркистӣ боиси қувват гирифтан ва ташаккули афкори миллии тоҷикӣ дар Аморат гардид.

Ин воқеаву рӯйдод аз умдатарин масоиле буданд, ки барои таъсиси як рўзнома бо забони тоҷикӣ равшанфикрони Бухороро ба андеша водор намуд.

Бо назардошти масоили мазкур гуфтан мумкин аст, ки «Бухорои шариф», қабл аз ҳама, барои дифоъ аз манфиатҳои миллати тоҷик ва посух гуфтан ба тавҳиноте, ки дар матбуоти пантуркистӣ нашр мешуд, рўи чоп омадааст. Ин ҳадафҳои аслии нашрияро дар шумораи аввали рўзномаи «Бухорои шариф» бараъло мушоҳида намудан мумкин аст. Муассисон дар нахустшумораи худ нигоштаанд: «ҷаридаи ҳар миллат забони гўёи ҳамон миллат аст ва миллате ки ҷарида надорад гўё забон надорад ва ҳоли одами безабон ҳам ба ҳама кас маълум аст чунончи ҳар гоҳ як миллатеро он дигар бе сабаб ва ё босабаб таън ва ё ҳақорат кунад ба воситаи ҷаридаи худ адо хоҳад кард ва тарафи муқобил ҳам агар ҷарида дошта бошад ҷавоб гуфта зиммаи худро барӣ намуда, аз таън ва ҳақорат халос мешавад ва илло хомўш буда, абадуддаҳр зери бори таъну маломати дигарон хоҳад монд. Бинобор он доштани ҷарида аз барои ҳар қавм яке аз лавозимоти дунёдорӣ аст»[6,с.2].

Ин нуктаи муҳим, собит менамояд, ки таҳоҷуми иттилоотии пантуркистон ба миллати тоҷик ва арзишҳои миллливу таърихии он, равшанзамирони миллати тоҷикро водор намудааст, ки нахустрўзномаи тоҷикиро ба арсаи нашр бароранд ва бо ҳамин рўҳия «Бухорои шариф» 4 рабеъ-ус-сонии 1330-и ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 11 марти соли 1912, дар Когон ё худ Бухорои нав рўи чоп омад.

Атозода Муҳаммадиқбол
Муовини мудири шуъбаи матбуоти
Дастгоҳи 
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Илова кунед