Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Бонки Миллии Тоҷикистон

28 Июн 2011, Сешанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №6, мод. 435; соли 2014, №7қ.2, мод. 409; мод.410, соли 2018, №7-8, мод. 531.)
 Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми марти соли 2011, № 376 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, № 3, моддаи 231) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми июни соли 2011, № 174 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, № 6, моддаи 478) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
 
 
                                 БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мақоми ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон
  1. Бонки миллии Тоҷикистон бонки марказии эмиссионӣ ва захиравии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда аст.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мўҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ мебошад.
  3. Маҳалли воқеъ гардидани Бонки миллии Тоҷикистон шаҳри Душанбе мебошад.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо салоҳдиди худ дар мамлакат ва хориҷ аз он шўъбаҳо ва намояндагиҳояшро кушояд.
  5. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи ўҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон ба истиснои ўҳдадориҳое, ки бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад, Бонки миллии Тоҷикистон низ аз рўи ўҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе розигии Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудаанд, масъулият надорад.
 
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— ташкилотҳои қарзии молиявӣ – ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонун пешбинишударо амалӣ менамоянд;
— ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ – шахсони ҳуқуқие, ки ташкилотҳои қарзӣ (ташкилотҳои қарзии исломӣ) нестанд ва дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо амалӣ менамоянд;
— ташкилотҳои қарзӣ  — шахсони ҳуқуқие (бонкҳо, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ, аз ҷумла ташкилотҳои маблағгузории хурд), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
— ташкилотҳои қарзии исломӣ – шахсони ҳуқуқие (бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, аз ҷумла «равзанаи бонкии исломӣ»), ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳама ё баъзе аз амалиёти бонкии исломии дар қонун пешбинишударо иҷро менамоянд;
— бонк — ташкилоти қарзие, ки мақсади асосиаш гирифтани фоида буда, дорои сармояи оинномавии барои он муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳуқуқи иҷрои на камтар аз се амалиёти зерин: ҷалби амонат ва пасандозҳо, додани қарз, кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ мебошад;
— ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ — ташкилотҳои қарзие, ки ҳуқуқи иҷрои баъзе аз амалиёти бонкиро доранд. Номгўи амалиёти бонкиро барои ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
— қурби расмии асъор — қурби асъор, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст;
 бонки мутавассит – бонке, ки барои қабули дороиҳо, ўҳдадориҳо ва ё иҷрои вазифаҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, ки таҳти маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, таъсис дода шуда, амалиёти ҷудогонаи бонкиро анҷом медиҳад;
— ташкилоти идоракунии дороиҳо – шахси ҳуқуқие, ки барои қабул, харид, идоракунӣ ва ё бегонакунии дороиҳо ва ё ўҳдадориҳои ғайриамонатии (ғайрипасандозии) ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордоштатаъсис дода шудааст;
— амалиёти бонкӣ – амалиёте, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд;»;
— тавозуни пардохт — ҳисоботи оморие, ки амалиёти дар муддати муайян анҷомдодаи байни резидентҳо ва ғайрирезидентҳоро ҷамъбаст менамояд;
— меъёри бозтамвил — меъёри ҳадди ақалли фоизе, ки аз рўи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзӣ, қарз медиҳад ё меъёри даромаде, ки тибқи он Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии исломӣ қарз медиҳад;
— қарз  — маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзӣ ба қарзгир бо шартҳои пардохти фоиз ва баргардонидан ба мўҳлати муайян дода шудааства ё маблағе, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии исломӣ ба муштарӣ мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода шуда, метавонад шартҳои пардохти маблағи асосӣ, фоида, иҷора ё ҳаққи хизматрасониро дар бар гирад ё бидуни он;
— амонат — маблағ ва сарвати дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба ташкилоти қарзӣ барои нигаҳдорӣ супурда шудаанд;
— пасандоз – маблағе, ки ҳуқуқи истифодаи муваққатиашон ба ташкилотҳои қарзӣ бо шарти пардохти фоизи муайян вогузор шудааст ва ё маблағи пулию сарватҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои нигоҳ доштан ба ташкилоти қарзии исломӣ бо шарти пардохти пурра бо фоида ё бидуни он, ба соҳиби амонат ё намояндаи ў, бо дархост ё ба мўҳлатҳои мувофиқашуда бо риояи принсипҳои маблағгузории исломӣ дода мешаванд;
— пули миллӣ — сомонӣ аст, ки як воҳиди он ба 100 дирам баробар аст;
— фоидаи воқеии Бонки миллии Тоҷикистон— фоидае, ки бо роҳи ба суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон ворид шудани маблағ ба даст омадааст;
— асъор — пули миллии мамлакатҳои хориҷӣ;
— бозтамвил — додани қарз аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ, баҳисобгирӣ ва азнавбаҳисобгирии коғазҳои қиматнок, ки тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд;
— низоми пардохт — низоми бо ҳам алоқаманди технологияҳо, тартиб, қоида, воситаҳои пардохт ва низоми интиқоли маблағ, ки муомилоти пулро таъмин мекунад;
— низоми пардохтӣ – маҷмӯи ташкилотҳое, ки бо мақсади интиқоли маблағ мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ якҷоя амал менамоянд;
— хизматрасонии пардохтӣ – қабул ва додани маблағҳои нақд, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт ва хизматрасонии қабули пардохтҳо;
— низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дигари қарзии молиявии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда;
— низоми пулӣ — тартиби ба қонунҳо асосёфтаи ташаккул ва танзими муомилоти пул;
— меъёрҳои мақбул — меъёрҳои иқтисодие, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ муқаррар гардида, риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҳатмӣ мебошад;
— мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ – ҳисоботи омориеки дар муддати муайяни вақт арзиши дороиҳои молиявии резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз ҷумла дар шакли талабот ба ғайрирезидентҳо ва ўҳдадориҳои резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар назди ғайрирезидентҳо инъикос менамояд;
— қарзи маҷмӯии беруна – маблағи пардохтнашудаи ўҳдадориҳои маҷмӯии воқеии ҷории ғайришартии резидентҳо дар назди ғайрирезидентҳо мебошад, ки пардохти фоиз ва ё қарзи асосиро дар оянда талаб мекунад; (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 3.  Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи
                    Бонки миллии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 4. Муносибати Бонки миллии Тоҷикистон бо Маҷлиси
                    намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад, ки он чунин амалӣ карда мешавад:
— Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардани Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ў тасдиқ мекунад;
— Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати дигари аудиториро барои гузаронидани аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи моддаи 82 Қонуни мазкур дар сурати норозӣ будан аз натиҷаи аудити беруние, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шудааст, муайян мекунад;
— Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва хулосаи аудиториро пешниҳод менамояд;
— Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисоботро оид ба иҷрои он пешниҳод мекунад.
 
Моддаи 5. Мақсадҳои Бонки миллии Тоҷикистон
  1. Мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон ноил шудан, нигоҳ доштани сатҳи мўътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмўҳлат мебошад.
  2. Мақсадҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон инҳоянд:
—  таъмини устувории низоми бонкии давлат;
— мусоидат ба фаъолияти самаранок ва мунтазами низоми пардохт.
  1. Гирифтани фоида мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон намебошад.
 
Моддаи 6. Вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон
  1. Вазифаҳои асосии Бонки миллии Тоҷикистон:
— таҳия ва амалӣ намудани сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— таҳияи сиёсати макропруденсиалӣ ва назорати иҷрои он;
— таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмӯии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— таҳлили иқтисодӣ ва пулӣ ва дар асоси он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо, инчунин ба маълумоти ҷомеа расондани натиҷаҳои таҳлил;
— танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— батанзимдарории ташкилотҳои қарзии  молиявӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— амалигардонии фаъолият ба сифати қарздеҳи сатҳи охирин барои ташкилотҳои қарзии  молиявӣ;
— ташкил ва таъмини фаъолияти низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркунӣ, танзиму назорати фаъолияти низомҳои мазкур ва хизматрасониҳои пардохтӣ;
— ба таври монополӣ амалӣ намудани эмиссияи пули нақд, ба муомилот баровардан ва аз муомилот гирифтани пул;
— нигаҳдорӣ ва идораи захираҳои байналмилалӣ;
— иҷрои амалиёти бонкӣ;
— ташкили шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ ва ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ;
— аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зимма гирифтани ўҳдадориҳо ва иҷрои амалиёте, ки аз иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ бармеоянд.
  1. Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои дигари ба зиммааш гузоштаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади мубориза бар зидди қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мутобиқи қонун чораҳои зарурӣ андешад ва вобаста ба он фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро танзим ва назорат намояд. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 7. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон
  1. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар доираи салоҳияташ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул менамояд.
  2. Нисбат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
 
Моддаи 8. Ташкили фаъолият ва  молу мулки Бонки миллии
                    Тоҷикистон
  1. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро мустақилона ташкил ва амалӣ менамояд. Дахолати мақомоти давлатӣ дар ташкили фаъолияти он манъ аст.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон молики маблағ, биноҳо, иншоот, таҷҳизот, сарватҳои дигар буда, метавонад воситаҳои асосии аз истифода баровардашударо аз тавозунаш хориҷ намояд ва ба шахсони дигар ройгон диҳад ё фурўшад. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои худ ташкилотҳои дорои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳад, биноҳо, иншоот ё молу мулки дигарро харида гирад ба шарте, ки чунин молу мулк барои таъмини фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон зарур бошад.
  3. Давлат ҳимояи ҳуқуқи молу мулки қонунии Бонки миллии Тоҷикистонро кафолат медиҳад ва наметавонад молу мулк, фондҳо, маблағи онро мусодира намояд ё сармояи оинномавиашро кам кунад.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти фаъолияти худ, инчунин нигаҳдории молу мулку дороиҳо ва ҳифзи кормандонаш ҳуқуқ дорад хадамоти махсуси амниятӣ ва посбониро таъсис диҳад ва ҳамчунин тибқи қонун силоҳ ва воситаҳои махсуси ҳимоявӣ харидорӣ карда, нигаҳ дорад ва истифода барад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 9. Ҳамкории байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон
  1. Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлисҳои машваратии байниҳукуматӣ, дар шўроҳо ва ташкилотҳо дар бораи масъалаҳои сиёсат оид ба пул, додани иҷозатнома барои амалиёти бонкӣ, доир ба масъалаҳои назорати бонкӣ ва масъалаҳои дигар, ки аз салоҳияти онҳо мебошад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба муассисаҳои хориҷӣ, ҳукуматӣ, молиявӣ ва бонкӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар онҳо Бонки миллии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад, хизматҳои бонкӣ расонад.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ташкилотҳои байналмилалӣ, ки мақсадашон бо роҳи ҳамкории байналмилалӣ ба даст овардани суботи молиявӣ ва иқтисодӣ мебошад, иштирок намояд.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ ба сифати намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба зиммаи худ ўҳдадориҳоеро гирад, ки амалиёт ва иҷрои он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ вобаста мебошад.
 
БОБИ 2. САРМОЯ, ФОИДА ВА ФОНДҲОИ БОНКИ
                                      МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 10. Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон
  1. Сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон 500,0 млн. сомониро ташкил медиҳад ва то соли 2025 давра ба давра тибқи мўҳлатҳои бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда пурра карда мешавад(ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
  2. Сармояи оинномавиро ба дигарон додан ё ба гарав мондан мумкин нест.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва бо мақсади баробар кардани фоида ва зиёни аз ҳисоби азнавбаҳодиҳии арзиши металлҳои қиматбаҳо ва асъори хориҷии бадастомада, суратҳисоби арзиши азнавбаҳодиҳии истифоданагардида кушода, пешбурди онро анҷом медиҳад.
 
Моддаи 11. Сметаи солона
  1. Ҳамаи даромад ва хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистон дар сметаи даромад ва хароҷоте, ки Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд — Раёсат) тасдиқ кардааст, пешбинӣ мегардад.
  2. Сметаи даромад ва хароҷот дар давоми сол бояд таҳти назорати муҳосибӣ бошад, ки он аз тарафи аудити дохилӣ сурат мегирад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 12. Фоида ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон
  1. Фоидаи соф ва зиёни Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯи ҳисоботи молиявие, ки аз ҷониби аудити беруна аудит шудааст ва мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ таҳия гардидааст, муайян карда мешавад.
  2. Дар давоми сӣ рўзи баъди нашри ҳисоботи молиявии аудитшуда Бонки миллии Тоҷикистон фоидаи воқеан бадастовардашуда ва татбиқшудаи худро бо тартиби зерин тақсим менамояд:
— ба сармояи оинномавӣ — 10 фоиз то пурра ташаккул ёфтани он;
— ба фонди захиравӣ — 100 фоизи қисми боқимондаи фоида то ба 20 фоизи ўҳдадориҳои Бонки миллии Тоҷикистон баробар шудани ҷамъи сармояи оинномавӣ ва фонди захиравӣ;
— ба буҷети давлатӣ — қисми боқимондаи фоида баъди тасдиқи ҳисоботи солона аз тарафи Раёсат.
  1. Бонки миллии Тоҷикистон ба истиснои тақсимоти дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда, ба давлат дигар намуди тақсимотро анҷом намедиҳад.
  2. Зиёни Бонки миллии Тоҷикистон аз рўи натиҷаҳои солҳои гузашта дар соли ҷорӣ аз ҳисоби фонди захиравӣ ва дар ҳолати нокифоя будани он аз ҳисоби сармояи оинномавӣ ҷуброн карда мешавад.
  3. Дар ҳолати аз меъёр кам шудани сармояи оинномавии Бонки миллии Тоҷикистон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон доир ба ҷуброни каср аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд.
  4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми се моҳи баъд аз гирифтани дархости Раиси Бонки миллии Тоҷикистон оид ба пардохти маблағи каср ё барориши ба он баробари коғазҳои қиматноки мўҳлатнок бо фоизи на камтар аз меъёри бозтамвил қарори дахлдор қабул менамояд. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 13. Масунияти андозии Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон аз пардохти андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ озод мебошад.
 
БОБИ 3. СИЁСАТИ ПУЛӣ  ВА  ҚАРЗӣ
 
Моддаи 14. Сиёсати пулӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон масъули таҳия ва татбиқи сиёсати пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади мусоидат ба ҳамкории байниидоравӣ, аз ҷумла мубодилаи иттилоот ва баҳодиҳии вазъи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи сиёсати пулӣ таъсис медиҳад. Кумитаи сиёсати пулӣ мақоми машваратии байниидоравӣ буда, ба Раёсат тавсияҳо пешниҳод мекунад.
  3. Ҳайат, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти Кумитаи сиёсати пулӣ бо низомномаи он, ки аз ҷониби Раёсат тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад.
  4. Бо мақсади истифодаи босамари фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва рушди мўътадили нишондиҳандаҳои пулӣ Бонки миллии Тоҷикистон дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли оянда таҳия намуда, ҳар сол то 1 ноябр ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
  5. Бонки миллии Тоҷикистон ҳар се моҳ оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва масъалаҳои татбиқи сиёсати пулӣ дар воситаҳои ахбори омма маълумот нашр менамояд.
 
Моддаи 15. Воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ
Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои худ дар соҳаи сиёсати пулию қарзӣ воситаю  усулҳои зеринро истифода мебарад:
— меъёрҳои фоизӣ аз рўи амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон;
— меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ;
— амалиёт дар бозори озод;
— қарздиҳӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
— танзими асъор ва амалиёти асъорӣ;
— муқаррар кардани ҳудуди афзоиши ҳаҷми пул;
— маҳдудкуниҳои миқдории бевосита. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 16. Муқаррар кардани меъёрҳои фоизӣ
  1. Бо мақсади нигаҳдории сатҳи мўътадили нархҳо дар давраи дарозмўҳлат Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати фоизиро барои таъсиррасонӣ ба меъёрҳои фоизи бозорӣ истифода мебарад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ барои ҳар як намуди амалиёташ меъёри фоизро муқаррар менамояд.
 
Моддаи 17. Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз рўи пасандозҳо ва ўҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд захираҳои ҳатмӣ муқаррар намояд.
  2. Меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ аз тарафи Раёсат муқаррар карда шуда, метавонанд барои шаклҳои гуногуни ташкилотҳои қарзии молиявӣ фарқ дошта бошанд.
  3. Дар сурати аз тарафи ташкилотҳои қарзии молиявӣ риоя нагардидани меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ Бонки миллии Тоҷикистон маблағи камомадро аз суратҳисоби онҳо меситонад.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад ташкилотҳои қарзии молиявиро барои риоя накардани меъёрҳои захираҳои ҳатмӣ тибқи Қонуни мазкур ҷарима бандад.
  5. Дар сурати бозхондани иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявӣ барои иҷрои амалиёти бонкӣ маблағи захираҳои ҳатмии дар Бонки миллии Тоҷикистон буда барои иҷрои ўҳдадориҳои ҳамин ташкилоти қарзии молиявӣ истифода мешаванд. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 18. Амалиёт дар бозори озод
  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад коғазҳои қиматноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматноки қарзии худ, инчунин дигар коғазҳои қиматноки қарзиро дар бозорҳои молиявӣ хариду фурўш намояд.
  2. Ҳудуди амалиёт дар бозори озод аз ҷониби Раёсат муқаррар карда мешавад.
  3. Тартиби барориши коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон ва гузаронидани амалиёт бо онҳоро Раёсат муқаррар менамояд.
 
Моддаи 19. Маҳдудкунии миқдории бевосита
  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои истисно бо мақсади амалӣ кардани сиёсати пулию қарзӣ маҳдудкунии миқдории бевоситаро ба кор барад.
  2. Маҳдудкунии миқдории бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намудани меъёрҳои бозтамвил, маблағи умумии қарз ба иқтисодиёт, манъи иҷрои баъзе амалиёти бонкиро аз тарафи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифода мекунад. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 20. Муқаррар намудани ҳадди афзоиши ҳаҷми пул
Бонки миллии Тоҷикистон ҳадди афзоиши як ё якчанд нишондиҳандаҳои миқдори пулро мувофиқи дурнамои сиёсати пулию қарзӣ муқаррар менамояд.
 
Моддаи 21. Амалиёти бозтамвил
  1. Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати пулӣ ва қарзӣ Бонки миллии Тоҷикистон бо шартҳое, ки давра ба давра аз тарафи Раёсат муқаррар карда мешаванд, метавонад:
1) таҳти таъмини воситаҳои зерин ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ қарзҳои кўтоҳмўҳлат диҳад:
— коғазҳои қиматноке, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст;
— коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст;
— векселҳои оддӣ ё интиқолии дорои ду ва зиёда паснавишт (индоссамент), ки яке аз онҳо ақаллан ба яке аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ тааллуқ дошта, мўҳлати пардохташон аз рўзи онҳоро ба даст овардани Бонки миллии Тоҷикистон на зиёда  аз даҳ моҳ мебошад;
— пасандоз, асъори нақди хориҷӣ, металҳои қиматбаҳо ва дороиҳои дигар дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки онҳоро Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун дороиҳои бозоргир  эътироф мекунад.
2) баҳисобгирӣ ва азнавбаҳисобгирии коғазҳои қиматноки зерини ташкилотҳои қарзии молиявиро анҷом диҳад:
— коғазҳои қиматноки дар доираи эмиссияи давлатӣ баровардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— коғазҳои қиматноке, ки Бонки миллии Тоҷикистон баровардааст.
  1. Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ва шартҳоеро, ки мувофиқи онҳо ташкилотҳои қарзии моливӣ барои гирифтани қарз ба озмун роҳ дода мешаванд, мунтазам ба маълумоти аҳли ҷомеа мерасонад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон коғазҳои қиматнокро ба ҳисоб ё аз нав ба ҳисоб намегирад, ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ қарз, кафолатнома ва ё замонати бевосита ё бавосита намедиҳад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешбинӣ кардааст.
  3. Нисбат ба талаботи Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи баргардонидани қарзҳои додашуда мўҳлати даъво татбиқ намегардад. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 22. Қарздиҳӣ дар ҳолатҳои фавқулодда
  1. Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулодда ҳамчун қарздеҳи сатҳи охирин метавонад тибқи қарори Раёсат ба ташкилоти қарзии молиявӣ барои таъмини пардохтпазирӣ ба мўҳлати то се моҳ қарз диҳад.
  2. Қарз мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур дар асоси қоида ва шартҳои муқарраркардаи Раёсат, аз ҷумла пешниҳоди нақшаи чорабиниҳои талабнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон бо зикри тадбирҳои ислоҳие, ки ташкилоти қарзии молиявии дахлдор меандешад, дода мешавад, агар:
— ташкилоти қарзии молиявӣ имкониятҳои дигари қарзгирӣ надошта бошад, қобили пардохт ва дорои молу мулки муносиб барои таъмини қарз бошад; 
— чунин қарз барои нигаҳдории устувории низоми молиявӣ зарур бошад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардондани қарзро ба Бонки миллии Тоҷикистон кафолат дода бошад.
  1. Ҳангоми дар мўҳлати муайяншуда барнагардонидани қарз Раёсат метавонад мўҳлати пардохти онро то се моҳи дигар тамдид намояд, агар ташкилоти қарзии молиявӣ дархост ва нақшаи асосноки чорабиниҳоро, ки мақомоти иҷроияаш тасдиқ намудааст, бо нишон додани шартҳои зерин пешниҳод намояд:
— усули баргардонидани қарз;
— чораҳои ислоҳи вазъ барои пешгирии зарурати минбаъдаи қарзгирӣ дар ҳолатҳои фавқулодда.
  1. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи Қонуни мазкур ва қонунҳои дигар нисбат ба ташкилотҳои қарзии молиявие, ки нақшаи чорабиниҳои пешбиникардаро иҷро намекунанд ё ба натиҷаҳои нақшавӣ ноил намегарданд, тадбирҳои дахлдор меандешад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
 
 
БОБИ 4. ҲАМКОРИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҚОМОТИ ДАВЛАТӣ
 
Моддаи 23. Принсипҳои асосии ҳамкорӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳое, ки қонун ба вай додааст, мустақил мебошад. Аъзои Раёсат ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, ки барои қабул кардани қарор ваколат доранд, аз ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, аз ҷумла аз мақомоти давлатӣ супориш намегиранд.
  2. Ҳар гуна мудохила ба фаъолияти онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои ба зимааш гузошташуда дар таҳияи сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунад. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё бо супориши вай яке аз муовинонаш дар ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амалҳои эҳтимолии худ, ки дорои аҳамияти умумидавлатӣ мебошанд, ба якдигар ахборот медиҳанд, кори худро ҳамоҳанг месозанд, машваратҳо мегузаронанд.
  5. Бонки миллии Тоҷикистон ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҷалб намудани қарзҳо аз тарафи давлат, пардохти қарзи давлатӣ бо дарназардошти таъсири он ба вазъи низоми бонкӣ ва ҳадафҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлат машварат медиҳад.
 
Моддаи 24. Муносибатҳои қарзӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии
                     Тоҷикистон
  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулоддаю ғайричашмдошт ва нарасидани маблағи буҷети давлатӣ метавонад барои ҷуброни фарқи зиёни он аз Бонки миллии Тоҷикистон қарз гирад. Маблағи умумии қарзи барои ин мақсад гирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки миллии Тоҷикистон набояд аз 10 фоизи маблағи қисми даромади умумии буҷети давлатии соли гузашта зиёд бошад. Қарзҳои гирифта дар давоми 12 моҳ пардохт карда мешаванд.
  2. Ба Бонки миллии Тоҷикистон мустақиман харидани коғазҳои қиматноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақомоти давлатӣ дар давраи аввали барориши онҳо манъ аст.
 
Моддаи 25. Хизматрасонии қарзи давлатӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амалиёти ҷойгиронии вомбаргҳои давлатӣ, адои онҳо ва пардохти фоиз аз рўи онҳо хизмат расонад.
Моддаи 26. Амонатҳо ва амалиёти кассавӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон ба сифати амонатнигоҳдорандаи давлат ба хазинадории давлатӣ ва мақомоти дигари давлатӣ хизматҳои бонкӣ мерасонад. Бонки миллии Тоҷикистон пардохтҳоро мувофиқи ҳаҷми маблағҳо дар суратҳисобҳои дахлдор амалӣ месозад.
  2. Дар ҳолати зарурӣ Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тибқи қарори Раёсат як қисми маблағи буҷети давлатиро мутобиқи шартнома бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мўҳлати муайян ҳамчун пасандоз қабул намояд ва барои он фоиз пардохт кунад.
 
Моддаи 27. Вазифаҳои намояндаи молиявӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили хизматрасонии коғазҳои қиматноки давлатиро бо тартиби зерин ба роҳ мемонад:
— маркетинги коғазҳои қиматноки давлатӣ;
— пардохти маблағи асосии коғазҳои қиматнок, фоизҳо ва дигар подошҳои комиссионӣ;
— иҷрои дигар амалҳое, ки мувофиқи мақcаду вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд.
  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳамчун намояндаи молиявӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ барои нигоҳдории маблағи онҳо бо пули миллӣ, асъор ва коғазҳои қиматнок хизмат расонад. Тартиби хизматрасонии мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян ва дар асоси созишномаҳои дуҷониба амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 29. Бонки миллии Тоҷикистон — бонкдор, мушовири
                      молиявӣ ва намоянда
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун бонкдор, мушовири молиявӣ,  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари давлатӣ оид ба масъалаҳои низоми захира ва масъалаҳои дигар мебошад, ки бо фаъолияти бонкӣ ва фаъолияти бонкии исломӣ вобастаанд. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
 
 
 
БОБИ 5. НИЗОМИ ПАРДОХТ
 
Моддаи 30. Низоми пардохт
Бонки миллии Тоҷикистон масъули ташкили низоми пардохт буда, роҳбарии ташкил ва таъмини фаъолияти самараноку боэътимоди низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркуниро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ўҳда дорад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон: (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
— ба ҳамкории низомҳои ҳисоббаробаркунӣ ва клиринг бо низомҳои дахлдори дигар, ки ба биржаҳо, бозорҳои коғазҳои қиматнок алоқаманданд, мусоидат менамояд;
— таҳияи усулу технологияҳои нави ҳисоббаробаркуниҳо ва интиқоли коғазҳои қиматнокро ба роҳ мемонад;
— барои ҳамкории байни иштирокчиён дар рушди низоми пардохт ва хизматрасониҳои пулӣ шароит фароҳам меоварад.
 
Моддаи 31. Ташкили ҳисоббаробаркунӣ дар байни бонкҳо
  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати анҷом додани пардохтҳои байнибонкӣ хизмат расонида, барои ташкили низоми клиринги байнибонкӣ ва дигар шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардааш мусоидат намояд. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
  2. Бонки миллии Тоҷикистон барои риояи мўҳлати пардохтҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.
 
Моддаи 32. Танзим ва назорати низоми пардохтӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади таъмини эътимоднокии низоми пардохтӣ:
1) хизматрасониеро, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба ҳисоббаробаркунӣ, интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт ва хизматрасонии қабули пардохтҳо пешниҳод менамоянд, танзим ва назорат намояд;
2) низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркуниҳоро ташкил ва фаъолияти онҳоро таъмин намояд;
3) тартиби ташкилу фаъолияти низомҳои пардохтӣ, клиринг ва ҳисоббаробаркуниро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар намуда, барои анҷом додани фаъолияти оператори низоми пардохтӣ иҷозатнома диҳад, инчунин бақайдгирӣ ва назорати онҳоро ба роҳ монад;
4) шаклҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдиро муайян кунад ва намунаҳои ҳуҷҷатҳои пардохтиро, ки барои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд, тасдиқ намояд;
5) талаботи ҳадди ақал оид ба эътимоднокӣ ва таъмини амнияти иттилооти бонкӣ, ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ ва интиқоли маблағҳоро муқаррар намояд.
  1. Тартиби ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.Тартиби анҷом додани интиқоли фаромарзии маблағҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад ва мониторинги амалӣ гардидани онро анҷом медиҳад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 33. Стандартҳои байналмилалӣ
Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ оид ба ташкилу танзими низоми пардохт стандартҳои байналмилалиро истифода намуда, бо мақсади таъмини амният ва самаранокии он бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои дигар ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд.
 
Моддаи 34. Хизматрасонӣ ба ташкилотҳои қарзи молиявӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, суратҳисобҳо кушода, барои бақияи онҳо фоиз ё фоида диҳад ё барои хизматрасониаш ҳаққи муайян гирад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
БОБИ 6. РОБИТАҲОИ ИҚТИСОДИИ ХОРИҶӣ ВА
АМАЛИЁТИ АСЪОРӣ
 
Моддаи 35. Ваколатҳои Бонки миллии Тоҷикистон  дар соҳаи
                      фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ ва созишномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дар муносибат бо бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои хориҷӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ намояндаи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз номи он муомила ва додугирифт мекунад.
 
Моддаи 36. Бонки миллии Тоҷикистон — мақоми танзими асъор
                               ва назорати асъор
Бонки миллии Тоҷикистон мақоми давлатии танзими асъор ва назорати асъор буда, вазифаи худро мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» амалӣ менамояд.
 
Моддаи 37 хориҷ шуд бо ҚҶТ 26.07.14,№1113
 
Моддаи 38. Захираҳои асъории байналмилалии давлат
  1. Бонки миллии Тоҷикистон дар тавозуни худ ҳамаи захираҳои асъории байналмилалии давлатро нигоҳ медорад.
  2. Дар сурати камшавии захираи асъории байналмилалии давлат ё аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон мушоҳида гардидани тамоюли камшавии он то дараҷае, ки барои гузаронидани сиёсати пулию қарзӣ ё сари вақт иҷро намудани амалиётҳои байналмилалии давлат зиён расонида метавонад, Бонки миллии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъияти ин захираҳо ва сабабҳое, ки боиси камшавии онҳо шудаанд ё шуда метавонанд, ҳисобот, инчунин оид ба ислоҳи ҳолат тавсияҳо пешниҳод мекунад.
 
 
Моддаи 39. Захираҳои байналмилалии Бонки миллии
                      Тоҷикистон
  1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои вазифаҳо ва ўҳдадориҳои хориҷии худ ва ҳимояи сармояи оинномавиаш аз тағйирёбии қурби асъор, як қисми маблағи худро бо асъор ва дигар дороиҳои асъорӣ, ки арзиши онҳо дар бозорҳои байналмилалӣ устувор аст, нигоҳ медорад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон аз рўи шарт ва ба мўҳлатҳое, ки Раёсат муқаррар мекунад, захираи байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис медиҳад.
  3. Захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
— тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳо, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ё аз номи вай дар дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷумла ўҳдадориҳои шахсони дигар, ки аз тилло ва дигар  металлҳои  қиматбаҳо  иборат мебошад;
— асъори мубодилаи озод, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон ё аз номи вай дар дигар ташкилотҳои қарзии молиявӣ нигоҳ дошта мешавад;
— ўҳдадории шахсони дигар ва пасандозҳои байнибонкии аз рўи дархост ё дар мўҳлати кўтоҳ пардохтшаванда, ки аз асъори мубодилаи озод иборат буда, дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон ё дар тавозуни бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ қарор доранд;
— коғазҳои қиматноки қарзии бозоргири иборат аз асъори мубодилаи озод, ки ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баровардаанд ё коғазҳои қиматноки қарзие, ки пурра бо даромад ва қарзҳои эмитент таъмин шудаанд;
— талабот ба ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ки дар асоси амалиёти фурўшу бозхарид ва созишнома оид ба қарз додани коғазҳои қиматноки дар  сархати чоруми қисми 3 моддаи мазкур зикршуда ба миён меояд;
— ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ, ки дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор мавҷуданд;
— маблағҳои асъории Бонки миллии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии асъор.
  1. Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои асъории байналмилалии худро бо дарназардошти ҳифз, таъмини пардохтпазирӣ ва даромаднокии онҳо бо тартиби зикршудаи афзалиятнокӣ идора мекунад. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 40. Амалиёт бо асъори хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбии асъорро муайян ва амалӣ намуда, ҳуқуқ дорад:
— ҳар гуна амалиётро бо асъори хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он ки онҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар таҷрибаи бонкии байналмилалӣ қабулшуда мувофиқ мебошанд, иҷро намояд;
— векселҳои хазинавӣ ва дигар коғазҳои қиматноки аз тарафи давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ баровардашуда ва кафолат додашударо харад ва фурўшад, инчунин аҳдҳои дигарро, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд ва дар таҷрибаи бонкии байналмилалӣ қабул карда шудаанд, имзо намояд;
— дар бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкилотҳои молиявии давлатҳои дигар ҳисобҳо кушояд;
— барои бонкҳои хориҷӣ, бонкҳои марказӣ (миллӣ) ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ суратҳисобҳо кушода, инчунин манфиати онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоя кунад.
 
Моддаи 41. Фоида ва зиёни асъорӣ (воқеан гирифтанашуда)
Фоида ва зиёни асъории (воқеан гирифтанашуда) дар тавозуни солонаи Бонки миллии Тоҷикистон инъикосгардида, ки ба тағйирёбии баҳои дороиҳо ва ўҳдадориҳо дар шакли асъор, металлҳои қиматбаҳо ва ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ алоқаманд аст ва вобаста ба тағйирёбии нарх ё қурби мубодилавии ин дороиҳо ва ўҳдадориҳо нисбат ба пули миллӣ ба вуҷуд омадаанд, тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар суратҳисоби махсус (азнавбаҳогузорӣ кардани асъор) ба ҳисоб гирифта мешаванд ва ба даромад ва хароҷоти татбиқшуда дохил карда намешаванд(ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
БОБИ 7. ТАНЗИМУ НАЗОРАТ ВА БАТАНЗИМДАРОРИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗИИ МОЛИЯВӣ
 
Моддаи 42. Бонки миллии Тоҷикистон — мақоми танзиму назорат ва батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон:
— ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ иҷозатнома медиҳад, онҳоро дар феҳристи бақайдгирӣ сабт мекунад, стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои худро муқаррар менамояд;
— ташкилотҳои қарзии молиявиро бо қувваи кормандони худ ё мутахассисони ба ин мақсад ҷалбгардида, аз ҷумла амалиёт, феҳристҳо, ҳуҷҷатҳо ва суратҳисобҳои онҳоро санҷида, риояи талаботи Қонуни мазкур, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»,  «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва қонунҳои дигари ба фаъолияти бонкӣ дахлдоштаро мунтазам назорат менамояд;
— аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешниҳоди иттилооти заруриро барои танзим ва назорати фаъолияти онҳо, инчунин оид ба ислоҳи вазъи кунунии онҳо чора диданро  талаб мекунад;
— меъёрҳои мақбулро, ки риояи онҳо барои ташкилотҳои қарзии  молиявӣ ҳатмӣ  мебошад, муқаррар мекунад ва аломатҳои анҷом додани  амалияи носолиму хатарноки бонкиро муайян менамояд;
— барои ба даст овардани ҳар гуна иттилоот дорои ҳуқуқи дастрасии бавосита ё бевосита, аз ҷумла фосилавӣ ба таъминоти барномавию техникӣ, инчунин низомҳои автоматонидашудаи бонкии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебошад;
— нисбат ба ташкилотҳои қарзии  молиявӣ дар ҳолатҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасониро татбиқ менамояд;
— чораҳои батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявиро бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳонтаъмини суботи низоми бонкӣ ва идомаи вазифаҳои ниҳоят муҳим бо истифодаи ками маблағҳои буҷетӣ амалӣ менамояд;
  1. Мақсади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ мебошад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои қарзии молиявӣ мудохила намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ кардааст.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ барои ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ тартиби ҳатмии ҳисобдорӣ, таҳия, пешниҳоди ҳисоботи молиявӣ ва маълумоти омориро муқаррар мекунад.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ тартиби гузарондани амалиёти бонкӣ, ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилӣ, инчунин талабот ба таъминоти барномавию техникӣ, аз ҷумла низомҳои автоматонидашудаи бонкии ташкилотҳои қарзии молиявиро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар намояд.
 (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 43. Ҳамкории иттилоотӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон барои таҳияи омори бонкӣ, молиявӣ ва таҳлили вазъи иқтисодӣ бо мақомоти давлатӣ дар ҷамъоварӣ ва нашри маълумоти оморӣ ва дигар маълумот ҳамкорӣ менамояд ва метавонад аз мақомоти давлатӣ иттилооти даркориро дархост ва дастрас намояд.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон маводи зеринро нашр менамояд:
— иттилооти умумии оморӣ ва таҳлилӣ дар бораи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— ҳуҷҷатҳо оид ба усулҳои ҷамъоварӣ ва пешниҳоди маълумоти оморӣ;
— маълумоти дахлдори оморӣ ва консепсияе, ки ба гузарондани таҳқиқу санҷиши берунии омории анҷомдодаи Бонки миллии Тоҷикистон имкон медиҳанд.
 
Моддаи 44. Пешниҳоди иттилоот
  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тавассути дархости хаттӣ аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешниҳоди ҳама гуна иттилоот ва маълумотро дар бораи фаъолияташон, тавзеҳи онҳо ё пешбиниҳои зеринро талаб намояд:
— оид ба масъалаҳои идоракунии корпоративӣ, молиявӣ, меъёрҳои мақбул ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолият ва идоракунии ташкилоти қарзии молиявӣ;
— оид ба дороиҳо ва ўҳдадориҳо, даромад ва хароҷот, аз ҷумла меъёри фоизии гирифташаванда ва пардохтшаванда, ҳаққи хизмати гирифташаванда ва пардохтшаванда, ўҳдадориҳо ва тамоми хавфҳои ба вай таҳдидкунанда;
— нисбати ҳар гуна шахси алоқаманди ташкилоти қарзии молиявӣ ва ё ҳар гуна шахси ҳуқуқии мутобиқи қонунгузорӣ бақайдгирифташуда, ки дар ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии молиявӣ нуфузи калон дорад.
  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад иттилооти пешниҳодшударо, ки ба феҳристи иттилоот ё маълумоти махфӣ дохил намешавад, мувофиқи категорияҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва аз рўи навъи фаъолияташон дараҷабандӣ шудаанд, пурра ё қисман нашр намояд.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад шабакаи иттилоотиро барои зарурати низоми бонкӣ таъсис диҳад ва нигоҳ дорад.
  3. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ вазифадоранд, ки ҳама гуна маълумоти аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дархостшавандаро саривақт пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 45. Ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо мақомоти
                      назоратӣ ва батанзимдарории дохилию хориҷӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо дигар бонкҳои марказии (миллии) хориҷӣ ё мақомоти назоратӣ ва батанзимдарории дохилию берунӣ шартнома баста, дар асоси он мубодилаи маълумот намояд. Мубодилаи чунин маълумот метавонад маълумоти махфиро дар бар гирад, ба шарте ки шартномаи басташуда махфиятро талаб кунад ва Бонки миллии Тоҷикистон боварӣ дошта бошад, ки барои таъмини махфияти чунин маълумот чораҳои оқилона андешида шудаанд. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 46. Меъёрҳои мақбул
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ  меъёрҳои мақбул тибқи қонун муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 47. Санҷиши фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон назорати маҷмўии фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро бо тартиби зерин анҷом медиҳад:
— ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот, далелҳо ва маълумоти аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи Қонуни мазкур пешниҳодшударо баррасӣ мекунад;
— аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ҳар гуна бонкҳои фаръӣ, ҷамъиятҳои вобастаи онҳо дар шакли хаттӣ пешниҳод ва тасдиқ намудани ҳар гуна маълумоти иловагӣ, ҳисобот, ҳуҷҷатҳо, тавзеҳот, баёнот ва ё далелҳоро талаб мекунад;
— дар хусуси вазъи молиявӣ, манбаи маблағҳои пулӣ, нуфузу эътибори саҳмдорони бевосита ё бавоситаи ташкилоти қарзии молиявӣ ва оид ба шахсе, ки барои ба даҳ ва зиёда фоизи саҳмияҳои ташкилоти қарзии молиявӣ соҳиб шудан муроҷиат менамояд, маълумот талаб мекунад;
— санҷиши ташкилоти қарзии молиявӣ, ҷамъиятҳои вобастаи он ва бонкҳои фаръиро тавассути корманди (кормандони) худ ё шахсоне, ки бо ин мақсад аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъин шудаанд, анҷом медиҳад.
  1. Санҷиш баррасии фаъолияти ташкилоти қарзии молиявиро барои муайян кардани вазъи молиявии он, инчунин мувофиқати фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ ба талаботи Қонуни мазкур, қонунҳои дигар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, санадҳо ва сиёсати дохилии ташкилоти қарзии молиявиро дар бар мегирад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон на камтар аз як маротиба дар як сол ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявиро аз санҷиш мегузаронад, ба истиснои намояндагиҳои онҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд ва ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ, ки на камтар аз як маротиба дар ду сол санҷида мешаванд.
  3. Шахсони тибқи моддаи мазкур барои гузаронидани санҷиш таъиншуда, барои риояи талаботи махфияти маълумот масъул мебошанд. Кормандони роҳбарикунанда, кормандон ва намояндаи ташкилоти қарзии молиявӣ ё бонки фаръӣ ва ҷамъиятҳои вобастаи он вазифадоранд дастрасии ҳамаи утоқҳои корӣ, аз ҷумла хазинаҳо ва ганҷхонаҳо, китобҳои ҳисобдорӣ, суратҳисобҳо, ҳуҷҷатҳо, сабтҳои электрониро ба шахсони мазкур таъмин намоянд.
  4. Ҳар гуна маълумот, аз ҷумла маълумоти дорои сирри бонкӣ, ки санҷишгарон талаб мекунанд, бояд аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ сари вақт пешниҳод карда шавад. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ вазифадоранд ба гузаронидани санҷиш ҳамаҷониба мусоидат намоянд.
  5. Бонки миллии Тоҷикистон Шўрои нозирони ташкилоти қарзии молиявиро оид ба натиҷаҳои санҷиш огоҳ месозад.
  6. Тартиби гузаронидани санҷиш, ҷамъбаст ва пешниҳоди натиҷаҳои он бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
 (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 48. Чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ҳар гуна чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасонии дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишударо татбиқ намояд, агар ба он маълум гардад, ки ташкилоти қарзии молиявӣ, кормандони роҳбарикунанда ё кормандони дигари он:
— талаботи Қонуни мазкур, қонунҳои дигар, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистонро риоя накардаанд;
— ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти муқарраршударо сари вақт пешниҳод накардаанд ё онро носаҳеҳу нопурра пешниҳод намудаанд;
— амалияи носолиму хатарноки бонкиро пеш мебаранд, ки ба субот ва устувории ташкилоти қарзии молиявӣ ва ё низоми бонкӣ хавф дорад ё ба манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ таҳдид менамояд;
— ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии низоми бонкиро риоя накардаанд.
  1. Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда Бонки миллии Тоҷикистон метавонад нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ як ё якчанд чораҳои ислоҳӣ ё таъсиррасонии зеринро татбиқ намояд:
— ба ташкилоти қарзии молиявӣ амрнома фиристад;
— ба ташкилоти қарзии молиявӣ дастур диҳад;
— аз ташкилоти қарзии молиявӣ таҳия ва пешниҳоди нақшаи чорабиниҳоро ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳо ва ислоҳи вазъи баамаломада ё маълумотро оид ба чораҳои андешидашуда талаб намояд;
— кушодани филиал ва воҳиди дигари сохториро барои ташкилоти қарзии молиявӣ манъ намояд;
— аз ташкилоти қарзии молиявӣ боздоштани фаъолият ё бастани филиал ва ё воҳиди дигари сохтории онро талаб намояд;
— меъёрҳои фоизиро барои анҷомдиҳии баъзе амалиёти бонкӣ маҳдуд намояд;
— аз ташкилоти қарзии молиявӣ талаб кунад, ки иҷрои баъзе амалиёти бонкӣ ва ё фаъолияти муайянро бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқа намояд;
— аз ташкилоти қарзии молиявӣ қатъ кардани анҷомдиҳии баъзе амалиётро талаб намояд;
— тақсим ё пардохти  ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳоро манъ намояд;
— ҳама гуна маҳдудиятро барои додани қарз муқаррар намояд;
— илова ба маблағи захираҳои ҳатмие, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд, дар мўҳлат ва ба маблағи муайян зиёд кардани онҳоро аз ташкилоти қарзии молиявӣ талаб намояд;
— аз ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи шартҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон гузаронидани санҷиши мавзӯии дахлдорро бо ҷалби ташкилоти аудиторӣ талаб намояд;
— аз раиси Шўрои нозирон даъват намудани ҷаласаи ғайринавбатии Шўрои нозиронро бо иштироки намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баррасии ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади бартараф кардани онҳо талаб намояд;
— аз ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи шартҳои муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон муваққатан ба кор қабул намудани коршиносро бо додани ваколат оид ба ҷонибдории амалҳои вобаста ба фурӯш, бегонакунӣ ё интиқоли дороиҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, додани қарз ё сармоягузории маблағҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, қабули ҳар гуна қарз ё ўҳдадорӣ ва пардохти суди саҳмияҳо талаб намояд;
— аз ташкилоти қарзии молиявӣ солимгардонии молиявӣ, аз ҷумла иҷрои як ё якчанд чораҳои нақшаи барқарорсозии фаъолиятро, ки тибқи моддаи 48Қонуни мазкур омода шудааст, талаб намояд;
— аз ташкилоти қарзии молиявӣ қатъ кардани анҷомдиҳии ҳар гуна амалиётро бо шахсони вобаста талаб намояд;
— аз ташкилоти қарзии молиявӣ зиёд намудани сармояро дар мўҳлати муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон талаб намояд;
— ҳуқуқи овоздиҳии саҳмдорони (иштирокчиёни) дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнокро боздорад;
— зиёд намудани музди меҳнат, пардохти мукофотпулӣ ва ҷубронпулиро ба кормандони роҳбарикунанда ё шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии молиявӣ манъ намояд;
— аз ташкилоти қарзии молиявӣ муваққатан ё пурра аз вазифа барканор кардани як ё якчанд корманди роҳбарикунанда ва ё корманди дигари масъулро талаб намояд;
— аз ташкилоти қарзии молиявӣ аз вазифа озод намудани раис ё дигар узви Шўрои нозиронро талаб намояд;
— барои ташкилоти қарзии молиявӣ меъёрҳои мақбулро ба мўҳлати то дувоздаҳ моҳ тағйир диҳад;
— иҷрои баъзе амалиёти дар иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявӣ муайяншударо ба мўҳлати то дувоздаҳ моҳ боздорад;
— барои ташкилоти қарзии молиявӣ қабул ва интиқоли дороиҳоро маҳдуд намояд;
— мутобиқи қонун кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявиро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашад;
— ташкилоти қарзии молиявиро ба андозаи то як фоиз аз ҳадди ақалли сармояи оинномавии муқарраршуда ҷарима бандад;
— ваколатҳои мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии молиявиро  боздорад;
— иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявиро бозхонд намуда, мутобиқи қонун раванди барҳамдиҳии онро оғоз намояд.
  1. Дар ҳолати талаботи Бонки миллии Тоҷикистонро иҷро накардани ташкилоти қарзии молиявӣ, ҷаримабандӣ мутобиқи қисми 2 моддаи мазкур то бартараф кардани камбудиҳо идома меёбад.
  2. Маблағи ҷарима аз суратҳисоби муросилотии (корреспондентии) дар Бонки миллии Тоҷикистон кушодаи ташкилоти қарзии молиявӣ бе супориши он ситонида мешавад. Дар сурати вуҷуд надоштани чунин суратҳисоб дар Бонки миллии Тоҷикистон, маблағи ҷарима аз ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи қонунгузорӣ ситонида мешавад.
  3. Тартиби татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ аз ҷониби Раёсат муайян карда мешавад.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар моддаи мазкур пешбинишударо дар мўҳлати на дертар аз шаш моҳ баъди ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ татбиқ менамояд.
  5. Татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, масъулияти ташкилоти қарзии молиявиро тибқи дигар қонунҳо истисно намекунад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
Моддаи 481. Чораҳои батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ
  1. Батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо роҳи солимгардонӣ, ки тавассути таҷдиди сохтори ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷониби маъмурияти муваққатӣ тибқи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад ё барҳамдиҳии онҳо тибқи қонун амалӣ шуда метавонад.
  2. Батанзимдарории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
— зарари мутобиқи батанзимдарорӣ эътирофшударо аввалан саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба зимма мегиранд;
— боқимонда зарари мутобиқи батанзимдарорӣ эътирофшударо, агар ҷой дошта бошад, қарздеҳон бо тартиби қонеъгардонии талаботи қарздеҳон мутобиқи қонунгузории барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба зимма мегиранд;
— зарари дар ҷараёни батанзимдарорӣ ба зиммагирифтаи саҳмдорон (иштирокчиён) ва қарздеҳон набояд аз зараре, ки онҳо ҳангоми барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзии молиявӣ мебинанд, зиёд бошад;
— талаботи муштариён ва ўҳдадориҳои ҳаммонанд (якнавъ) дар асоси баробарӣ ва якхела баррасӣ мегарданд, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон риоя накардани усули мазкур барои пешгирии таъсири манфии эҳтимолии батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ ба низоми бонкӣ ё барои зиёд намудани арзиши талабот ба манфиати ҳамаи пасандоздорон ва қарздеҳон дар умум, қатъиян зарур муқаррар шуда бошад. 
  1. Барои истифодаи чораҳои батанзимдарорӣ нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ, қаблан нисбат ба он татбиқ шудани чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии дар қисми 2 моддаи 48 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳатмӣ нест. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
Моддаи 482. Нақшаи барқарорсозӣ ва батанзимдарорӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ давра ба давра омода ва пешниҳод намудани нақшаи барқарорсозии фаврӣ ва мураттаби фаъолиятро бо дарназардошти ҳолатҳои (сенарияҳои) гуногуни мушкилоти молиявӣ ва ё ноустувории молиявӣ, дар алоҳидагӣ ё барои ташкилотҳои қарзии молиявие, ки аъзои гурӯҳ мебошанд, ба таври маҷмӯӣ барои мувофиқа талаб менамояд. Нақша бояд чораҳои дахлдор, тарзу захираҳои барқарорсозии фаъолияти устувор ва муътадили ташкилотҳои қарзии молиявиро пешбинӣ намояд. Ҳангоми муайян намудани камбудиҳо дар нақшаи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар мўҳлати муқарраршуда барои мувофиқа такроран пешниҳод кардани нақшаро талаб менамояд.
  2. Талабот оид ба таҳияи нақшаи барқарорсозии фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон нақшаи батанзимдарории ташкилоти қарзии низомсози молиявиро омода намуда, дар он роҳҳои батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявиро тарзе муайян менамояд, ки иҷрои бефосилаи вазифаҳои ниҳоят муҳим таъмин мегардад. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад барои ташкилотҳои қарзии молиявии дигар низ нақшаи батанзимдарориро омода намояд.
  4. Агар Бонки миллии Тоҷикистон дар амалӣ намудани нақшаи барқарорсозӣ ва ё батанзимдарории мураттаби ташкилотҳои қарзии молиявӣ монеаҳои ҷиддиро муайян намояд, он гоҳ ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бартараф намудани онҳо дастур медиҳад, ки иҷрои он барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳатмӣ мебошад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
Моддаи 49. Маъмурияти муваққатӣ
  1. Маъмурияти муваққатӣ идоракунии махсуси ташкилоти қарзии молиявӣ мебошадки он бо қарори Раёсат тибқи моддаи 50 Қонуни мазкур ба мўҳлати то дувоздаҳ моҳ барои ноил шудан ба мақсадҳои батанзимдарории дар сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 42 Қонуни мазкур пешбинишуда ҷорӣ карда мешавад.
  2. Мўҳлати фаъолияти маъмурияти муваққатӣ метавонад аз ҷониби Раёсат то дувоздаҳ моҳ тамдид карда шавад ва он дар маҷмӯъ наметавонад аз ду сол зиёд бошад.
  3. Қарори Раёсат дар бораи таъин намудани маъмурияти муваққатӣ ё тамдид кардани мўҳлати ваколатҳои он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар мўҳлати на дертар аз панҷ рўз аз санаи қабули он дар ду рўзномаи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда мешавад.
  4. Маъмурияти муваққатии ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон амалӣ карда шуда, тибқи Қонуни мазкур Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорадки ваколатҳои мудири муваққатиро барои таъмин намудани мақсадҳо ва вазифаҳои он бевосита амалӣ намоядБонки миллии Тоҷикистон метавонад маъмурияти муваққатиро тавассути мудири муваққатиеки бо қарори раёсат таъин шудааст ва аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ бе ваколатнома амал мекунаданҷом диҳад.
  5. Мудири муваққатӣ аз ҳисоби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ё мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон нестанд, таъин карда мешавад ва:
        — намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба дастурҳои он итоат мекунад ва дар тамоми давраи иҷрои ўҳдадориҳояш ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот медиҳад;
        — ба муқаррароти Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, дастурамалу амрномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ташкилоти қарзии молиявӣ итоат менамояд. Мутахассисоне (коршиносоне), ки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон нестанд, бояд ба талаботи тахассусии тибқи қонун нисбат ба роҳбарони ташкилотҳои қарзии молиявӣ татбиқшаванда ҷавобгў бошанд. Бонки миллии Тоқикистон метавонад  дар ҳолатҳои зарурӣ мудири муваққатиро иваз ё аз вазифа барканор намояд.
  1. Музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатӣ аз тарафи ташкилоти қарзии молиявӣ пардохта мешавадАндозаи музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатиро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунадМузди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатӣ пеш аз талаботи дигар нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ пардохта мешавадДар ҳолати мавҷуд набудани маблағи зарурӣ барои пардохти музди меҳнати ҳайати маъмурияти муваққатӣон аз ҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон пардохт ва аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ ҷуброн карда мешавад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
Моддаи 50. Асосҳо барои татбиқи чораҳои батанзимдарорӣ
Бонки миллии Тоҷикистон метавонад чораҳои батанзимдарорӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани маъмурияти муваққатиро бо салоҳдиди худ ҳангоми мавҷудияти як ё якчанд ҳолатҳои зерин татбиқ  намояд: 
— ташкилоти қарзии молиявӣ мунтазам ўҳдадориҳои худро оид ба анҷом додани пардохтҳо иҷро намекунад ё имконияти иҷро намудани талаботи пасандоздорон ё қарздеҳони дигарро надорад;
— ташкилоти қарзии молиявӣ фаъолияти молиявӣ ва тиҷоратии ноустуворро амалӣ менамояд ва чораҳои танзимкунандаи минбаъда наметавонанд устувории молиявии ташкилоти қарзии молиявиро барқарор намоянд ё нигоҳ доранд;
— меъёри кифоятии сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ аз 50 фоизи меъёри ҳадди ақалли бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқарраршуда кам бошад;
— имконияти саҳмдорони (иштирокчиёни) ташкилоти қарзии молиявӣ барои таъмини риояи меъёри кифоятии сармоя дар мўҳлати муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар гумон аст;
— ташкилоти қарзии молиявӣ барои нигоҳ доштани фаъолияти худ  аз кўмаки молиявии давлатӣ, аз ҷумла ба қарздеҳи сатҳи охирин вобаста мебошад;
— ташкилоти қарзии молиявӣ дилхоҳ меъёри мақбули тибқи қонун муқарраршударо тарзе вайрон карда бошад, ки он қобилияти фаъолият кардани ташкилоти қарзии молиявиро зери шубҳаи асоснок қарор диҳад;
— Бонки миллии Тоҷикистон далелҳои асоснок дошта бошад, ки ташкилоти қарзии молиявӣ ё роҳбарони он ба фаъолияти ҷиноятӣ машғул шудаанд, ки дар натиҷаи он манфиатҳои пасандоздоронро зери хатари ҷиддӣ мегузоранд;
— ташкилоти қарзии молиявӣ аз ўҳдаи иҷрои талаботи Бонки миллии Тоҷикистон набаромада, ба иҷрои вазифаҳои назоратии он, аз ҷумла тавассути пинҳон кардан ё пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ, баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо барои санҷиш монеъ гардад;
— хавфнок будани фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.».
  1. Зербандҳои а) ва б) банди 2) қисми 1 моддаи 53 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«а) солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ бо роҳи таҷдиди сохтори он ва бо истифодаи ваколатҳои дар моддаҳои                   55- 58Қонуни мазкур пешбинишуда;
б) бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзии молиявӣ.».
  1. Ба қисми 1 моддаи 54 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Мораторияи қонеъгардонии талаботи пасандоздорон, ўҳдадории ташкилоти қарзии молиявиро барои пардохти пасандозҳои шахсони воқеӣ ба андозаи на зиёда аз маблағи ҷубронпулии бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» муайяншуда маҳдуд наменамояд. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 51. Натиҷаҳои таъин намудани маъмурияти муваққатӣ
Баъди таъин гардидани маъмурияти муваққатӣ:
— ҳамаи ҳуқуқу ваколатҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла он ҳуқуқу ваколатҳое, ки саҳмдорон, пасандоздорон ё кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ доранд, боздошта шуда, ба мудири муваққатӣ дода мешаванд. Касе ҳақ надорад барои додани ҳуқуқҳо ба мудири муваққатӣ ё амалӣ намудани онҳо аз тарафи вай монеъ гардад;
— ҳар гуна амал ё қароре, ки аз тарафи ташкилоти қарзии молиявии дар итоати маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё аз номи он (ё аз тарафи саҳмдорон ё роҳбарони он) қабул мешавад, беэътибор мебошад,  агар он аз тарафи мудири муваққатӣ ё таҳти роҳбарии вай қабул нашуда бошад, аз ҷумла интиқоли пул ё коғазҳои қиматнок, ки бонкҳо тавассути низоми ҳисоббаробаркунии пардохт ё низоми ҳисоббаробаркунии коғазҳои қиматнок анҷом додаанд ва онҳо қабл аз ба кор оғоз кардани маъмурияти муваққатӣ бебозхонд шудаанд;
— мўҳлати муқарраркардаи қонун, шартнома ё ба таври дигар муқарраршуда, ки баъди ба охир расидани он ҳар гуна талабот ё ҳуқуқи ташкилоти қарзии молиявӣ қатъ меёбад ё пардохт карда мешавад, худ аз худ аз рўзи сипаришавии он ба мўҳлати шаш моҳ тамдид карда мешавад. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 52. Вазифаҳои маъмурияти муваққатӣ
Маъмурияти муваққатӣ нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ фавран чораҳои зеринро меандешад:
— ҳамаи кўшишҳои худро софдилона барои таъмини нигоҳдории дороиҳои ташкилоти қарзии молиявӣ ба харҷ медиҳад;
— ҳисобрасии муфассали (инвентаризатсияи) дороиҳо, аз ҷумла дороиҳои воқеӣ ва ўҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявиро оғоз менамояд;
— ба тамоми воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии молиявӣ оид ба ҷорӣ намудани маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ огоҳиномаро бо зикри санаи ба иҷрои ўҳдадориҳои худ оғоз кардани маъмурияти муваққатӣ, ки он набояд аз санаи ирсоли огоҳинома пештар бошад, ирсол менамояд;
— тавассути рўзномаҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ, он ҷойҳое, ки воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии молиявӣ ҷойгиранд, оид ба оғози фаъолияти маъмурияти муваққатӣ дар ташкилоти қарзии молиявӣ эълон менамояд;
— ҳамаи молу мулки воқеӣ, сабтҳо ва дигар дороиҳои ташкилоти қарзии молиявиро, аз ҷумла аз бонкҳои фаръии он бозпас мегирад;
— ҳуқуқ дорад кормандони роҳбарикунанда ва кормандони дигари ташкилоти қарзии молиявиро аз вазифа барканор ва ё озод намояд;
— иваз намудани ҳамаи қулфҳо, маҳдуд намудани иҷозати гирифтани калидҳои онҳо, тағйир додани рамзҳои истифодаи компютерҳо, додани рухсатномаҳои нав, бекор кардани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ амал мекарданд, инчунин муқаррар намудани маҳдудиятҳои дигарро барои дастрасии  объектҳо ва дороиҳои ташкилоти қарзии молиявӣ анҷом медиҳад;
— ташкилотҳои қарзии молиявӣ, бақайдгирандагон, намояндаҳо ва агентҳо, ки ба коғазҳои қиматнок сару кор доранд, инчунин идоракунандагони дороиҳои берунии ташкилоти қарзии молиявиро дар бораи тағйир ёфтани ваколатҳои шахсоне, ки аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ дастурҳо медоданд, огоҳ менамояд;
— ҳама гуна пардохтҳоро ба моликон, саҳмдорон ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ ба истиснои музди меҳнати онҳо бозмедорад;
— дар тамоми филиалҳои ташкилоти қарзии молиявӣ намояндаҳои худро таъин менамояд. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 53. Ҳисоботи мудири муваққатӣ
  1. Мудири муваққатӣ дар давоми сӣ рўз пас аз санаи таъин шуданаш ба Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи вазъи молиявӣ ва нақшаи солимгардонии ташкилоти қарзии молиявӣ ҳисоботи пешакӣ пешниҳод мекунад, ки иборат аз:
1) ҳисоботи тавозунии ташкилоти қарзии молиявӣ, ки аз ҷониби мудири муваққатӣ таҳия гардида, дар он вазъи воқеии молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ нишон дода мешавад;
2) тавсияи андешидани яке аз чораҳои зерин нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ:
а) солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ на танҳо бо роҳи таҷдиди сохтори он, балки бо истифода аз ваколатҳои дар моддаҳои 55-58 пешбинишуда;
б) бозхонди иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти қарзии молиявӣ.
  1. Бонки миллии Тоҷикистон баъди баррасии ҳисоботи мудири муваққатӣ дар муддати понздаҳ рўз қарори дахлдор қабул мекунад.
  2. Мудири муваққатӣ вазифадор аст, ки ҳар моҳ оид ба фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот диҳад. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 54. Мораторияи қонеъгардонии талаботи пасандоздорон
                      ва иҷрои ўҳдадориҳои дигари ташкилоти қарзии молиявӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ, ки дар он маъмурияти муваққатӣ ҷорӣ шудааст, метавонад пардохти маблағро аз рўи ҳар гуна ўҳдадории ташкилоти қарзии молиявӣ то як моҳ боздорад ва дар ҳолатҳои зарурӣ ин мўҳлатро ба як моҳи дигар тамдид намояд, вале ин мўҳлат набояд аз се моҳ зиёд бошад.
  2. Дар давраи мораторияи пардохтҳо ба оғози парвандаи судӣ, идомаи парвандаҳои оғозшуда ё таъқиби судӣ барои иҷрои маҷбурӣ ё ба иҷро кардани ҳуқуқи гарав нисбат ба молу мулки ташкилоти қарзии молиявӣ роҳ дода намешавад. Дар ин давра бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ташкилоти қарзии молиявӣ ҳамчун гарав, соҳиб шудани қарздеҳ ба ҳуқуқи қонеъгардонии афзалиятнок аз ҳисоби молу мулки ғайриманқули ташкилоти қарзии молиявӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои мавҷуд будани санадҳои судӣ, ки қабл аз таъини маъмурияти муваққатӣ қабул шудаанд, манъ аст. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
Моддаи 541. Муваққатан боздоштани ҳуқуқҳои талаби баҳисобгирии тарафайн ва қатъи пеш аз мўҳлат
Татбиқи батанзимдарорӣ ва ҷараёни амали он, барои нисбат ба ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта истифодаи ҳуқуқи талаби баҳисобгирии тарафайн, ки бо қонун ё шартнома пешбинӣ гардидааст, асос шуда наметавонад, инчунин ба ҳар гуна тарафи дигари ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта истифодаи ҳуқуқи талаби пеш аз мўҳлати иҷро ё қатъ намудани шартномаро намедиҳад, агар аз рӯи чунин шартнома ўҳдадориҳои асосӣ ба таври дахлдор иҷро шуда истода бошанд. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 55. Амалӣ намудани нақшаи солимгардонии вазъи
                     молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ
  1. Ҳангоми аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қабул шудани қарор дар бораи солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ бо истифода аз ваколатҳои махсус, мудири муваққатӣ метавонад таҷдиди сохтори ташкилоти қарзии молиявиро тибқи моддаҳои 56-582 Қонуни мазкур тариқи зайл анҷом диҳад:
— пурра кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ;
— ҳамроҳшавӣ ё муттаҳидшавии ташкилоти қарзии молиявӣ бо дигар ташкилоти қарзии молиявӣ ё додани ҳуқуқи соҳибмулкии ташкилоти қарзии молиявӣ ба ташкилоти қарзии молиявии дигар;
— интиқол ё фурӯши ҳама ё як қисми дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё ўҳдадориҳои ғайриамонатӣ (ғайрипасандозӣ) ба ташкилоти идоракунии дороиҳо;
— интиқол ё фурӯши ҳама ё як қисми дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё ўҳдадориҳо, аз ҷумла амонатҳои (пасандозҳои) ташкилоти қарзии молиявӣ ба ташкилотҳои қарзии молиявии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит.
  1. Муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ваколатҳои назорат ё имтиёзҳои саҳмдорон (ҳуқуқи афзалиятнок) харид нисбат ба барориши саҳмияҳо, талаботи аз ҷониби саҳмдорон тасдиқ шудани амалиёте, ки ба сармоя ё молу мулки ташкилоти қарзии молиявӣ таъсир мерасонад ва ғайра) ба таҷдиди сохтор, ки мутобиқи Қонуни мазкур анҷом дода мешавад, монеъ намегарданд.
  2. Ўҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, ки аз рўи созишномаҳояш сари вақт иҷро нашудаанд ва ё бекор карда шудаанд, ҳангоми татбиқи чораҳо оид ба таҷдиди сохтор ба инобат гирифта намешаванд. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
Моддаи 551. Муқаррароти махсус оид ба суботи молиявӣ
  1. Агар Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намояд, ки барои нигаҳдории суботи низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи механизмҳои маблағгузории фавқулоддаи давлатӣ зарур аст, он гоҳ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ машварат менамояд. Баъд аз машварати мазкур, дар асоси пешниҳоди Бонки миллии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад барои солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ дар бораи истифодаи механизмҳои маблағгузории фавқулоддаи давлатӣ ба таври фаврӣ қарор қабул намояд. Механизмҳои маблағгузории фавқулоддаи давлатӣ метавонанд аз инҳо иборат бошанд:
а) харидории саҳмияҳои (ҳиссаи) ташкилоти қарзии молиявӣ;
б) маблағгузорӣ барои таъсиси бонки мутавассит ва ё ташкилоти идоракунии дороиҳо;
в) додани қарз ё грантҳо ба ташкилоти қарзии молиявӣ;
г) додани кафолат аз рӯи ўҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ;
д) додани кафолат бо шартҳои муқарраркарда барои пардохти қарз ё хати қарзие, ки Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намудааст ё менамояд.
  1. Баъди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани қарор дар бораи истифодаи механизмҳои маблағгузории фавқулоддаи давлатӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ваколатҳои худро ҷиҳати батанзимдарории ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи қисми 4 моддаи 49 ва моддаи 55 Қонуни мазкур амалӣ менамояд.
  2. Механизми маблағгузории фавқулодаи давлатии дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда бояд танҳо баъди аз ҳисоб хориҷ кардани арзиши дороиҳои беқурбшуда ва мутаносибан кам кардани саҳмияҳои (ҳиссаҳои) саҳмдорон (иштирокчиён), манъ кардани тақсими ҳар гуна фоида ё суди саҳмияҳо ва аз вазифа озод кардани як ё якчанд аъзои Шӯрои нозирон, раиси ташкилоти қарзии молиявӣ, муовинони ӯ, раиси Раёсатаъзои дигари он, сармуҳосиб ва сараудитори ташкилоти қарзии
молиявӣ татбиқ гардад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 56. Пурра кардани сармоя
Бо мақсади пурра кардани сармояи ташкилоти қарзии моливие, ки дар он маъмурияти муваққатӣ таъин шудааст, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мудири муваққатиро барои андешидани чораҳои зарурӣ ё қобили қабули зерин ваколатдор намояд:
— аз ҳисоб хориҷ кардани арзиши дороиҳои беқурбшуда ва мутаносибан кам кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ;
— барориши саҳмияҳои иловагии навъҳои мавҷуда ё саҳмияҳои нав ё ҳар ду;
— ба саҳмияҳои оддӣ (ҳисса) табдил додани қарзи субординарӣ, ё ўҳдадориҳои таъминнабудаи ташкилоти қарзии молиявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи 481 Қонуни мазкур бе розигии қарздеҳон. Ўҳдадориҳои таъминнабудаи ба саҳмияҳои оддӣ (ҳисса) табдилшаванда набояд маблағи ҷуброншавандаи пасандозҳои суғурташударо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» ва дигар ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар бар гирад;
— кам кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ тавассути бозхариди саҳмияҳо (ҳиссаҳо) ё беэътибор донистани саҳмияҳо (ҳиссаҳо) мутаносибан ба зарари ҳамин ташкилоти қарзии молиявӣ;           — дигар ваколатҳое, ки барои пурра кардани сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ аз ҷониби Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дода мешаванд. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 57. Харидан, ҳамроҳшавӣ ё муттаҳидшавӣ
Харидани ташкилоти қарзии молиявӣ аз тарафи маъмурияти муваққатӣ идорашаванда аз ҷониби дигар ташкилоти қарзии молиявӣ (ё ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавии он бо дигар ташкилоти қарзии молиявӣ) имкон дорад бо роҳи интиқол додани қисми зиёди саҳмияҳои ташкилоти қарзии молиявӣ ба дигар ташкилоти қарзии молиявӣ ба ивази саҳмияҳо ё маблағҳои пулии он ё ба ивази ҳар ду анҷом дода шавад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 58. Интиқол ё фурӯши дороиҳо ва ўҳдадориҳо
  1. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мудири муваққатиро барои интиқол ё фурӯши ҳама ё як қисми дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё ўҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявие, ки таҳти идоракунии маъмурияти муваққатӣ қарор доранд, ба ташкилотҳои қарзии молиявии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит ва ё ба ташкилоти идоракунии дороиҳо ваколатдор намояд. Интиқоли амонатҳо (пасандозҳо) ба ташкилоти идоракунии дороиҳо манъ аст.
  2. Интиқол ё фурӯши дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё ўҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи қисми 1 моддаи мазкур бе тасдиқ, ҷонибдорӣ ё гирифтани розигии пешакии ҳар гуна шахси дигар, аз ҷумла саҳмдорон (иштирокчиён), пасандоздорон, қарздеҳон, дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ ва қарздорон, инчунин бе огоҳсозӣ, нашр, барасмиятдарорӣ ва пардохти хироҷ амалӣ карда мешавад.
  3. Саҳмдорон (иштирокчиён), қарздеҳон, дорандагони суратҳисобҳои сармоягузории ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ва ё шахсони сеюме, ки дороиҳо ва ўҳдадориҳои онҳо ба ташкилоти қарзии молиявии дигар, аз ҷумла бонки мутавассит ва ташкилоти идоракунии дороиҳо, интиқол ё фурӯхта нашудаанд, ягон ҳуқуқ ба дороиҳо ва ўҳдадориҳои интиқолшуда ва ҳуқуқи дахолат ба фаъолияти ин ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла бонки мутавассит ва ташкилоти идоракунии дороиҳоро надоранд.
  4. Шартҳо ва тартиби интиқол ё фурӯши дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ўҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ба ташкилоти қарзии молиявии дигар, бонки мутавассит ё ташкилоти идоракунии дороиҳо, инчунин намуди дороиҳо ва ўҳдадориҳои интиқолшаванда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян шуда метавонанд.
(ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
Моддаи 581. Бонки мутавассит
  1. Бонки мутавассит барои як ё якчанд мақсадҳои зерин таъсис дода мешавад:
— қисман ё пурра қабул намудани амонатҳо (пасандозҳо) ва ё дигар ўҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта;
— қисман ё пурра қабул намудани дороиҳо ва ё ҳуқуқи талаби ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта;
— муваққатан иҷро кардани вазифаҳои дигар ва ё амалиётҳои бонкии ҷудогонае, ки Бонки миллии Тоҷикистон  мувофиқи мақсад мешуморад.
  1. Бонки мутавассит фаъолияти худро, аз ҷумла анҷом додани амалиёти бонкии ҷудогонаро, дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба мўҳлати се сол дода шуда, тамдид намегардад, амалӣ менамояд.
  2. Сармояи бонки мутавассит аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 55Қонуни мазкур, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ё дигар сармоягузорон ташкил ё пурра мегардад. Андозаи зарурии маблағи сармоя ва ё пардохтпазириро барои бонки мутавассит Раёсат муқаррар менамояд.
  3. Талабот нисбат ба таъсис, иҷозатномадиҳӣ, идоракунӣ ва фаъолияти бонки мутавассит, аз ҷумла тартиби танзими он, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон метавонад муқаррар карда шавад.
  4. Бонки мутавассит бе мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон наметавонад дороиҳо, ҳуқуқи талаб, ўҳдадориҳо ё сармояи худро бегона намояд ва ё дар чунин аҳдҳои дигар иштирок намояд.
  5. 6. Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми таъсиси бонки мутавассит дороиҳо, ўҳдадориҳо ва ё ҳуқуқи талаби дигареро, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ба бонки мутавассит интиқол дода мешаванд, муайян менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад баъд аз таъсиси бонки мутавассит ҳуқуқи талаби дигар, дороиҳо ва ё ўҳадориҳои чунин ташкилоти қарзии молиявиро, ки бояд ба бонки мутавассит интиқол дода шаванд, муайян намояд.
  6. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дороиҳо, ўҳдадориҳо ва ё ҳуқуқи талаби дигареро, ки аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ба бонки мутавассит интиқол дода шуда буданд, баргардонад. Ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта ўҳдадор аст дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ўҳдадориҳоеро, ки қаблан ба бонки мутавассит интиқол шуда буданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон қабул намояд.
  7. Пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ, ки ба бонки мутавассит гузаронида мешаванд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» суғурташуда ҳисобида мешаванд. Бонки мутавассит баъди гирифтани иҷозатнома узви Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҳисобида шуда, аз пардохти ҳаққи узвият озод мебошад.
  8. Қисми дороиҳо ва ўҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ, ки ба бонки мутавассит интиқол нашудаанд, дар ташкилоти қарзии молиявии мавриди барҳамдиҳии маҷбурӣ қароргиранда боқӣ мемонад.
  9. Бонки мутавассит вориси ҳуқуқии ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта намебошад, ба истиснои ворисӣ аз рӯи дороиҳо ва ҳуқуқи талаби ба он интиқолшуда ва танҳо вобаста ба ўҳдадориҳое, ки ба он аз ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта тибқи қонун интиқол дода шудаанд, масъулият дорад.
  10. Саҳмдорони (иштирокчиёни) бонки мутавассит дар давоми фаъолияти он бояд:
— дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё ўҳдадориҳои бонки мутавасситро ба ташкилоти қарзии молиявии дигар фурӯшанд ва ё интиқол диҳанд;
— саҳмияҳои (ҳиссаҳои) бонки мутавасситро ба ташкилоти қарзии молиявии дигар ва ё дигар шахсон, ки мақсади табдилдиҳии бонки мутавасситро ба ташкилоти қарзии молиявӣ доранд, фурӯшанд.
  1. Ҳангоми иҷро нагардидани талаботи қисми 11 моддаи мазкур, Бонки миллии Тоҷикистон бояд иҷозатномаи бонки мутавасситро барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ то ба охир расидани мўҳлати амали иҷозатномаи дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда бозхонд намуда, мутобиқи қонун раванди барҳамдиҳии онро оғоз намояд.
(ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 582Ташкилоти идоракунии дороиҳо
1.Ташкилоти идоракунии дороиҳо бо мақсади қабули дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ё ўҳдадориҳои ғайриамонатии (ғайрипасандозии) ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 551 Қонуни мазкур таъсис дода мешавад. Ташкилоти идоракунии дороиҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад якҷоя бо сармоягузорони дигар таъсис дода шавад.
2.Ташкилоти идоракунии дороиҳо дороиҳои интиқолшударо бо мақсади то ҳадди ниҳоӣ баланд бардоштани арзиши онҳо идора менамояд.
  1. Бонки миллии Тоҷикистон назорати фаъолияти ташкилотҳои идоракунии дороиҳоро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ, ки тартиби таъсис, идоракунӣ, анҷом додани фаъолият ва маблағгузории ташкилоти идоракунии дороиҳо, инчунин талаботро нисбат ба кормандони роҳбарикунанда, арзёбии дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ўҳдадориҳои ғайриамонатие (ғайрипасандозие), ки ба онҳо гузаронида мешаванд, муқаррар менамоянд, амалӣ мекунад.
  2. Ташкилоти идоракунии дороиҳо пеш аз оғози фаъолият тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон оиннома, маълумот оид ба кормандони роҳбарикунанда, музди меҳнат ва ўҳдадориҳои вазифавии онҳо, инчунин стратегияи фаъолият ва сохтори хавфҳоро барои мувофиқа ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон андозаи ҷуброни дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ўҳдадориҳои ба ташкилотҳои идоракунии дороиҳо додашударо, ки бояд ба фоидаи ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта пардохт карда шаванд, муайян менамояд.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад ба ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ўҳдадориҳои ғайриамонатиеро (ғайрипасандозиеро), ки ба ташкилоти идоракунии дороиҳо интиқол шуда буданд, баргардонад. Ташкилоти қарзии молиявӣ ўҳдадор аст дороиҳо, ҳуқуқи талаб ва ўҳдадориҳоеро, ки қаблан ба ташкилоти идоракунии дороиҳо интиқол шуда буданд, бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон қабул намояд.
  5. Ташкилоти идоракунии дороиҳо вориси ҳуқуқии ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта намебошад, ба истиснои ворисӣ аз рӯи дороиҳо ва ҳуқуқи талаби бо он интиқолшуда ва танҳо вобаста ба ўҳдадориҳое, ки ба он аз ташкилоти қарзии молиявии таҳти маъмурияти муваққатӣ қарордошта ё қаблан қароргирифта тибқи қонун интиқол дода шудаанд, масъулият дорад.
  6. 8. Ташкилоти идоракунии дороиҳо ба мўҳлати то панҷ сол таъсис дода мешавад ва тибқи дархости ҳамин ташкилот мўҳлати он метавонад ба ду соли дигар аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тамдид карда шавад.
(ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 59. Ҳимояи қарздеҳ ва тартиби пардохти ҷуброн
  1. Интиқоли дороиҳо ҳангоми таҷдиди сохтор дар ҳолатҳои зерин манъ аст:
— интиқоли молу мулки таҳти гарав қарордошта (дар доираи ҳабс ё ҳуқуқи нигоҳдории ҳар гуна дороӣ ё молу мулк, гарави молу мулки ғайриманқул ё ҳар гуна намуди дигари ҳуқуқи гарав), агар дар баробари он ўҳдадории ташкилоти қарзии молиявӣ ва манфиати ба ҳуқуқи гарав вобастаи он  низ интиқол дода нашавад;
— додани танҳо як қисми ҳуқуқу ўҳдадориҳое, ки дар қарордод ҷиҳати ҳисоббаробаркунии талаботи мутақобила зикр шудаанд.
  1. Агар мутобиқи арзёбии мустақил қарздеҳи ташкилоти қарзии молиявие, ки таҳти идоракунии маъмурияти муваққатӣ қарор дорад, бинобар таҷдиди сохтор дар ҳолати бадтар аз ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзии молиявӣ қарор дошта бошад, он гоҳ қарздеҳи мазкур барои гирифтани ҷубронпулӣ ва маблағе, ки қарздеҳро дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилоти қарзии молиявӣ баробар мекунад, ҳуқуқ дорад. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 60. Ваколатҳои мудири муваққатӣ
  1. Мудири муваққатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) давом додани иҷрои амалиёти бонкӣ аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ ё қатъ намудани онҳо;
2) ҷалби қарзҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон;
3) иҷрои ўҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ ё маҳдуд кардани онҳо;
4) тағйир додани меъёрҳои фоизӣ аз рўи ўҳдадориҳои ташкилоти қарзии молиявӣ то меъёрҳои дахлдори дар бозор  амалкунанда;
5) ба кор ҷалб кардани шахсони  мансабдор, кормандон ва мушовирони зарурӣ;
6) қатъ намудани шартномаи кироя барои хизматрасонӣ ё шартномаи иҷора, ки ташкилоти қарзии молиявӣ иштирокчии он мебошад;
7) ифшои иттилоот дар бораи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва амалиёти онҳо, аз ҷумла иттилооти дорои хусусияти махфӣ бо мақсади солимгардонии вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ;
8) хариду фурўши мол, хизматрасонӣ ё молу мулки дигар аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ;
9) барориши ҳама гуна воситаҳои пардохтӣ аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ;
10) ба сифати даъвогар ва ҷавобгар баромад намудан аз номи ташкилоти қарзии молиявӣ дар суд;
11) анҷом додани амалҳои зерин дар бораи баргардонидани маблағҳои мўҳлати пардохташон гузашта:
а) фурўши молу мулки ба гарав гирифташуда;
б) аз қарздорон талаб намудани пардохти қарзҳои мўҳлаташон гузашта, пешниҳоди таъминот ва  кафолатҳои иловагӣ;
12) ба имзо расондани қарордод бо қарздорон дар бораи пеш аз мўҳлат пардохт намудани қарз;
13)  пешниҳод намудани харидории қарзҳои пардохтанашуда ба шахсони дигар;
14) андешидани чораҳо дар бораи баргардонидани дигар қарзҳои қарздорони ташкилоти қарзии молиявӣ;
15) анҷом додани чораҳои зарурии дигар на танҳо тавассути азнавташкилдиҳии ташкилоти қарзии молиявӣ  бо роҳи тағйир додани шакли ташкилию ҳуқуқии он ва табдилдиҳии он ба ташкилоти қарзии молиявии ғайрибонкӣ ва ё қарзии ғайрибонкии исломӣ.
  1. Мудири муваққатӣ ҳуқуқи боздоштан ё бекор кардани ҳар гуна қарори мақомоти идоракунии ташкилоти қарзии молиявиро, ки мухолифи манфиати муштариён ва пасандоздорон аст, дорад. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 601. Кўмак ва ҳамкорӣ бо маъмурияти муваққатӣ
Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзии молиявӣ, ки аз ҷониби маъмурияти муваққатӣ муваққатан аз вазифа барканор ё озод шудаанд, дар ҳолатҳои зарурӣ ўҳдадоранд ба маъмурияти муваққатӣ кўмак расонида, бо он ҳамкорӣ намоянд.
(ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
Моддаи 61. Анҷоми фаъолияти маъмурияти муваққатӣ
  1. Фаъолияти маъмурияти муваққатӣ баъди ба охир расидани мўҳлати ваколатҳо (ё мўҳлати тамдиди он) ё қабл аз ба охир расидани ин мўҳлат (ё мўҳлати тамдиди он) бо қарори Бонки миллии Тоҷикистон ба анҷом мерасад, агар Бонки миллии Тоҷикистон муайян кунад, ки асосҳои таъин шудани он бартараф шудаанд ё мутобиқи моддаи 53 Қонуни мазкур барқарор кардани ташкилоти қарзии молиявӣ имконнопазир аст.
  2. Баъди ба анҷом расидани фаъолияти маъмурияти муваққатӣ бинобар беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ:
— тамоми маҳдудиятҳое, ки нисбат ба ташкилоти қарзии молиявӣ, мақомоти идоракунӣ, кормандони роҳбарикунандаи он муқаррар шуда буданд, бекор мегарданд;
— ҳамаи тағйиру иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, мақомоти идоракунӣ ва ҳайати кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ, ки тибқи қонун ҳангоми фаъолияти маъмурияти муваққатӣ ворид шудаанд, амал мекунанд. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 62. Барҳам додани ташкилоти қарзии молиявӣ
Агар фаъолияти маъмурияти муваққатӣ боиси беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилоти қарзии молиявӣ нагардад, Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатнома барои иҷрои амалиёти бонкии онро бозхонда, ба суд бо ариза дар бораи барҳам додани ташкилоти қарзии молиявӣ тибқи қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муроҷиат менамояд.
(ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
БОБИ 71. ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ТАШКИЛОТҲОИ ҒАЙРИҚАРЗИИ МОЛИЯВӢ
Моддаи 621. Вазифаҳои танзиму назоратии Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои ғайриқарзии молиявиро мутобиқи  қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти онҳоро танзим менамоянд, анҷом медиҳад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолияти ҷории ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ дахолат намекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
(ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
БОБИ 8. НИЗОМИ ПУЛӣ ВА ТАШКИЛИ
                МУОМИЛОТИ   ПУЛӣ
 
Моддаи 63. Низоми пулӣ
Низоми пулии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 64. Воситаи қонунии пардохт ва эмиссияи пули миллӣ
  1. Пули миллии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон баровардашуда ва дар гардиш қарордошта воситаи ягона ва истисноии пардохти ҳар гуна ўҳдадориҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо буда, қабули он бо арзиши номиналиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи тамоми пардохтҳои пулӣ ҳатмӣ мебошад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи истисноии эмиссияи (барориши) пули коғазӣ (банкнота) ва танга ҳамчун воситаи қонунии пардохт дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
 
Моддаи 65. Тавсифи пули миллӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бо меъёрҳои худ арзиши номиналӣ, андоза, вазн, ороиш ва дигар хусусиятҳои пули коғазӣ ва тангаҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи пардохт мебошанд, муқаррар мекунад.
 
Моддаи 66. Чопи пули миллӣ ва тадбирҳои таъмини амнияти он
  1. Бонки миллии Тоҷикистон чопи пулҳои коғазӣ ва сикказании тангаҳоро ташкил мекунад ва барои таъмини амнияти нигоҳдории нишонаҳои пулӣ, ки ба муомилот бароварда нашудаанд, инчунин дар хусуси аз муомилот гирифтан ва нобуд кардани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои аз муомилот гирифташуда тадбирҳо меандешад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон тартиби муайян намудани коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо муқаррар мекунад. Тартиби муайянсозии коршоямии нишонаҳои пулӣ ва иваз намудани онҳо дар матбуот чоп карда мешавад.
  3. Иваз намудани пули миллии дар муомилотбуда аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон пулҳои коғазӣ ва тангаҳои фарсударо аз муомилот гирифта, нобуд мекунад ва ба ивази онҳо ба муомилот пулҳои коғазӣ ва танга мебарорад.
  5. Агар ороиши пулҳои ивазшаванда ба меъёрҳои муқарраршуда мутобиқ набошад, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад онҳоро иваз накунад.
 
Моддаи 67. Таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ
Бонки миллии Тоҷикистон бояд ҳангоми пайдо шудани талаботи иқтисодиёт ба пул онро бо нишонаҳои пулӣ дар ҳаҷми муқарраркардаи худ таъмин намояд.
 
Моддаи 68. Аз муомилот баровардани нишонаҳои пулӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори Раёсат метавонад ҳар гуна пули коғазӣ ва тангаҳои дар муомилотбударо аз муомилот гирифта, ба ивазашон пулҳои ҳамарзиши дигари коғазӣ ва тангаҳо барорад.
  2. Баъди ба охир расидани давраи ивазкунӣ, ки ба гирифтани пулҳои коғазӣ ва танга аз муомилот ва ба дигар пулҳои коғазӣ ва тангаҳо иваз намудани онҳо вобаста аст, пулҳои коғазӣ ва тангаҳои ҳамин тавр аз муомилот баровардашуда дигар воситаҳои пардохтӣ буда наметавонанд.
 
БОБИ 9. ҲИСОБОТДИҲӣ ВА НАЗОРАТИ МУҲОСИБӣ
 
 Моддаи 69. Соли молиявӣ
Соли молиявии Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 январ оғоз ёфта,  31 декабр ба охир мерасад.
 
Моддаи 70. Ҳисоботи солона
Баъди ба охир расидани соли молиявӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот тартиб медиҳад, ки он ҳуҷҷатҳои зеринро дар бар мегирад:
— ҳисоботи тавозунӣ, ҳисобот оид ба фоида ва зиён, ҳисобот оид ба тағйирёбии сармоя ва ҳисоботи зарурии дигар;
— усулҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми тартиб додани ҳисоботи молиявӣ аз он истифода намудааст;
— шарҳи мухтасари вазъи макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, арзёбии вазъият ва рушди ояндаи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
 
Моддаи 71. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ
  1. Пешбурд ва тартиб додани баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ анҷом дода мешаванд.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад баъди анҷом ёфтани ҳар моҳи ҳисоботӣ, ҳисоботи тавозунии мухтасаршударо, ки вазъи молиявии Бонки миллии Тоҷикистонро дар рўзи кории охирини моҳи анҷомёфта инъикос мекунад, дар сомонаи худ нашр намояд.
  3. Бонки миллии Тоҷикистон ҳар се моҳ оид ба вазъи макроиқтисодӣ ва масъалаҳои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ маълумот нашр менамояд.
 
Моддаи 72. Ўҳдадориҳои шартӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон дорои ўҳдадориҳои муайян мебошад, ки қисме аз онҳоро ўҳдадориҳои шартӣ (кафолатномаҳо, маблағҳои муштариён дар суратҳисобҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва ўҳдадориҳое, ки дар асоси баҳсҳои судӣ пайдо шудаанд) ташкил медиҳанд.
  2. Охири ҳар сол Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ўҳдадориҳои шартиаш иттилоъ медиҳад, агар:
— маблағи ўҳдадориҳои шартӣ аз панҷ фоизи дороиҳои софи он зиёд бошад;
— маблағи дар суратҳисоби Бонки миллии Тоҷикистон мавҷуда дар давоми 3 соли охир аз ҷониби муштарӣ талаб карда нашуда бошад.
  1. Бо дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз зарурати баррасии мукаммали ўҳдадориҳои шартӣ бармеояд, Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти иловагӣ пешниҳод менамояд.
 
Моддаи 73. Пешниҳод ва нашри ҳисобот
Бонки миллии Тоҷикистон ҳар сол на дертар аз 1 август ҳисоботи солонаи худро бо хулосаи аудиторӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, дар воситаҳои ахбори омма нашр мекунад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
БОБИ 10. ИДОРАКУНИИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 74. Сохтор ва мақомоти идоракунӣ
  1. Бонки миллии Тоҷикистон аз Дастгоҳи марказӣ ва шўъбаҳои минтақавӣ иборат аст.
  2. Идоракунии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути Раёсат ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад. Раёсат мақоми олии коллегиалӣ буда, самтҳои асосии фаъолият, роҳбарӣ ва идоракунии Бонки миллии Тоҷикистонро муайян ва амалӣ шудани онҳоро назорат мекунад.
  3. Раёсат аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон, се нафар муовинони ў ва се нафар аъзои мустақил, ки бо пешниҳоди раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, иборат мебошад.
  4. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ў бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда шуда, фармонҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз рўи вазифа ба ҳайати Раёсат дохил мешавад.
  5. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ў ва аъзои Раёсат бояд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва таҷриба дар соҳаи бонкдорӣ бошанд, доғи судӣ надошта, ба ташкилотҳои муфлисшуда роҳбарӣ накарда бошанд.
  6. Маоши вазифавии раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ў аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  7. Аъзои Раёсат ба мўҳлатҳои зерин таъин карда мешаванд:
— раиси Бонки миллии Тоҷикистон — ба мўҳлати ҳафт сол;
— муовинони раиси Бонки миллии Тоҷикистон — ба мўҳлати панҷ сол;
— аъзои мустақили Раёсат — ба мўҳлати чор сол.
  1. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ў ва аъзои дигари Раёсат метавонанд аз нав ба вазифаҳои худ таъин карда шаванд.
  2. Аъзои мустақили Раёсат аз ҳисоби омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, муассисаҳои илмии иқтисодӣ ва собиқадороне, ки аз соҳаҳои иқтисод, молия ва бонкдорӣ ба нафақа баромадаанд, таъин карда мешаванд. Ба шахсони мазкур аз ҷониби раиси Бонки миллии Тоҷикистон подошпулӣ муқаррар карда мешавад.
  3. Дар сурати аз вазифа озод шудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон ё муовинони ў, онҳо иҷрои вазифаҳои худро то тасдиқ шудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давом медиҳанд.
 
Моддаи 75. Асосҳои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат
  1. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинони ў ва аъзои дигари Раёсат дар ҳолатҳои зерин аз вазифа озод карда мешаванд:
— бинобар гузаштани мўҳлати ваколат;
— иҷро карда натавонистани вазифаҳои хизматӣ бо сабаби бад шудани вазъи саломатӣ, ки бо хулосаи комиссияи тиббӣ тасдиқ шудааст;
— додани аризаи шахсӣ дар бораи истеъфо;
— нисбат ба онҳо баровардани ҳукми айбдоркунии суд ва эътибори қонунӣ пайдо кардани он;
— риоя накардани маҳдудиятҳое, ки дар Қонуни мазкур муқаррар карда шудаанд;
— суиистифода аз вазифа;
— иштирок накардан дар маҷлисҳои Раёсат дар муддати тўлонӣ (зиёда аз се моҳ) бе огоҳ кардани Раёсат.
  1. Ҷойи холӣ дар Раёсат бояд бо таъин намудани узви нав дар давоми 60 рўзи тақвимӣ пур карда шавад.
  2. Аъзои Раёсат ҳуқуқ доранд дар бораи истеъфои худ дар муддати на дертар аз се моҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намоянд.
 
Моддаи 76. Ваколатҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон
  1. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон:
— аз  номи Бонки миллии Тоҷикистон бе ваколатнома амал мекунад ва манфиатҳои онро дар муносибат бо мақомоту ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳои дигар, ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилотҳои давлатҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, аз рўи ҳамаи масъалаҳои фаъолияти он, ба истиснои масъалаҳое, ки ба салоҳияти Раёсат тааллуқ доранд,  қарорҳо  қабул  мекунад;
— барои таъмини иҷрои қарорҳои Раёсат масъул аст;
— ваколатҳоеро, ки Раёсат ба зиммаи ў вогузор намудааст, амалӣ менамояд;
— амалиёти ҳаррўзаи Бонки миллии Тоҷикистонро назорат мекунад;
— дар ҷаласаҳои Раёсат раисӣ мекунад;
— ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, қарорҳо ва протоколҳои маҷлиси Раёсат, шартномаҳо ва қарордодҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон мебандад, имзо мегузорад;
— вазифаҳоро дар байни муовинон тақсим мекунад;
— хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро ба кор қабул ва аз кор озод мекунад;
— фармонҳо мебарорад ва амрҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ва шўъбаҳои он ҳатмӣ мебошад;
— барои фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон комилан масъул буда, амалӣ намудани вазифаҳои онро таъмин мекунад.
  1. Дар вақти набудани раиси Бонки миллии Тоҷикистон вазифаҳои ўро муовини якум, дар набудани муовини якум, яке аз муовинон иҷро менамояд. (ҚҶТ аз 3 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 77. Ваколатҳои Раёсат
  1. Раёсат ваколатҳои зеринро дорост:
— сиёсати пулию қарзии давлатро таҳия менамояд, аз ҷумла маҳдудкунии амалиётро дар бозори озод, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон сурат мегирад, меъёри фоизӣ аз рўи амонатҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон, шартҳои додани қарзҳо, намудҳо ва маблағи захираҳо, ки бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзии молиявии ғайрибонкӣ бояд онҳоро дар Бонки миллии Тоҷикистон нигоҳ доранд, муқаррар мекунад;
— дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  баррасӣ менамояд;
— сиёсати асъории давлатро татбиқ менамояд, аз ҷумла тартиби муқаррар намудани қурби расмии асъорро муайян мекунад;
— санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро барои истифодаи умум қабул ва тасдиқ менамояд;
— гузориш ва ҳисоботро, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд, баррасӣ менамояд;
— дар бораи иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ қарорҳо қабул менамояд;
— арзиши номиналӣ, ороиши пулҳои коғазӣ ва тангаҳо, тартиби ба муомилот баровардани онҳо ва шарту шароити аз муомилот гирифтани онҳоро муайян мекунад;
— сиёсати идоракунии захираҳои байналмилалии Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;
— дар бораи додани иҷозатнома ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ қарор қабул мекунад;
— ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
— дар бораи мушаххасоти баровардани ўҳдадориҳои қарзии Бонки миллии Тоҷикистон қарор қабул мекунад;
— сохтори Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад, маоши вазифавии хизматчиён, талаботи тахассусиро ба онҳо ва дигар пардохтҳои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
— мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ва шароити ба кор қабул намудани хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистонро муайян мекунад;
— шўъбаҳо ва намояндагиҳои Бонки миллии Тоҷикистонро таъсис ва барҳам медиҳад;
— сметаи даромад ва хароҷоти Бонки миллии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
— ҳар гуна айбдоркуниро оид ба суиистифода аз ваколатҳои  мансабӣ ва иҷро карда натавонистани вазифаҳои аъзои Раёсатро баррасӣ намуда, дар сурати асоснок донистани онҳо, бо хулосаю тавсияҳои худ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш мефиристад;
— шартҳо ва ҳолати муфассали хизматрасонии Бонки миллии Тоҷикистонро ҳамчун бонкдор, мушовир ва намояндаи молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни мазкур муайян мекунад;
— аудитори берунии Бонки миллии Тоҷикистонро бо тавсияи кумитаи аудит таъин мекунад;
— низоми назорати дохилиро барои Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
— масъалаҳои дигари ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон алоқамандро, ки мувофиқи Қонуни мазкур дар ваколатҳои раиси Бонки миллии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, баррасӣ менамояд.
  1. Раёсат барои иҷрои вазифаҳои худ бо мақсади татбиқи самарабахши сиёсати пулию қарзӣ, таъмини рушди низоми бонкӣ ва устувории молиявӣ, инчунин барои назорати дохилӣ метавонад кумитаҳо таъсис дода, тартиби фаъолияти онҳоро муқаррар намояд. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 78. Маҷлиси Раёсат
  1. Маҷлиси Раёсат аз тарафи раиси Раёсат ё муовини ў на камтар аз як маротиба дар як моҳ даъват карда мешавад. Маҷлисҳоро бо аризаи хаттии се нафар аъзои Раёсат низ даъват кардан мумкин аст.
  2. Агар масъалаи барои баррасии Раёсат гузошташаванда ба манфиатҳои шахсӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ ё дигар манфиатҳои аъзои Раёсат, аз ҷумла ба раис ё муовинони ў дахл дошта бошад, шахсони мазкур ба Раёсат дар бораи вуҷуд доштани чунин манфиатҳо бояд хабар диҳанд ва онҳо ҳақ надоранд дар овоздиҳӣ аз рўи ин масъала иштирок намоянд.
  3. Дар бораи даъват намудани маҷлис на дертар аз се рўзи корӣ хабар дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар ин сурат маҷлисҳои Раёсат фаврӣ даъват шуда метавонанд. Ба аъзои Раёсат рўз, ҷойи гузаронидани маҷлис ва рўзномаи он хабар дода мешавад.
  4. Маҷлис он гоҳ босалоҳият аст, агар дар он аз нисф зиёди аъзои Раёсат, аз ҷумла раиси Раёсат ҳузур дошта бошанд.
  5. Маҷлисҳои Раёсат бо қарори раис метавонад ба таври пўшида гузаронида шаванд.
  6. Ҳар як узви Раёсат, ки дар маҷлис ҳузур дорад, дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошад, аз ҷумла раиси Раёсат ва муовини ў ҳуқуқи як овозро дорад, ба истиснои тақсими баробари овозҳо, ки дар он ҳолат раиси маҷлис дорои овози ҳалкунанда мебошад.
  7. Дар ҳолатҳои махсус, агар барои қабул намудани қарор зарурат бошад, чунин қарор ба таври пурсиш, бе даъват намудани маҷлис қабул карда мешавад.
  8. Дар ҳама ҳолатҳо қарори Раёсат бо аксарияти овозҳои аъзои Раёсат, ки аз рўи масъала ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, қабул карда мешавад.
  9. Қарори Раёсат бо имзои раисикунандаи маҷлис бароварда мешавад.
  10. Қарори Раёсат бо сабаби пурра набудани ҳайати он беэътибор дониста шуда наметавонад.
  11. Дар маҷлиси Раёсат протокол тартиб дода мешавад, ки ба он раисикунандаи маҷлис ва котиби Раёсат имзо мегузоранд.
  12. Тартиби омодасозии мавод ба баррасии маҷлиси Раёсат ва барасмиятдарории қарорҳои он бо Дастури Раёсат, ки аз ҷониби Раёсат тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад.
 
БОБИ 11. КОРМАНДОНИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 79. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон
  1. Кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро роҳбарият (раис ва муовинони ў) ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
  2. Шартҳои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод кардан, ҳуқуқ ва вазифаҳои хизматӣ, муҷозоти интизомии хизматчиён ва пардохтҳои иловагиро барои кормандони Бонки миллии Тоҷикистон Раёсат муқаррар менамояд. Корманди Бонки миллии Тоҷикистон бояд танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
  3. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ў дар давоми як моҳи баъди ба вазифа таъин шуданашон ва аввали ҳар сол дар шакли хаттӣ ба Раёсат бо тартиби муқаррарнамудаи он дар бораи манфиатҳои бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ (қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, саҳмияҳо ва коғазҳои киматноки дигари ташкилотҳои қарзии молиявӣ), ки молики онҳо худашон ва ё фарзандону шахсони дигаре мебошанд ва бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, маълумот пешниҳод менамоянд. Раёсат ин маълумотро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
  4. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон, ки вазифаҳои рўйхаташ аз тарафи Раёсат тасдиқшударо ишғол мекунанд, метавонанд танҳо аз Бонки миллии Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти шахсӣ қарз гиранд. Шахсони мазкур ўҳдадоранд дар бораи қарзе, ки қаблан то ба вазифаҳои ишғолкардаи худ таъин шуданашон аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ гирифтаанд, Раёсатро огоҳ намоянд.
  5. Хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон ўҳдадоранд оид ба ҳар қарзи аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ гирифтаашон ба Департаменти аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
  6. Раёсат тартиби додани қарзро ба кормандони Бонки миллии Тоҷикистон барои хариди манзил, пардохти хизмати тиббӣ, таҳсил ва дигар мақсадҳои оилавӣ муқаррар менамояд.
  7. Раёсат метавонад андозаҳои ниҳоии қарзеро, ки кормандон аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ мегиранд, муқаррар намояд.
  8. Хизматчиёни алоҳидаи Бонки миллии Тоҷикистон, ки кори онҳо бо хавфи таҳдид ба ҳаёташон алоқаманд аст, мутобиқи номгўи тасдиқнамудаи Раёсат бо суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 791. Ҳимояи ҳуқуқӣ
  1. Аъзои Раёсат, корманднамоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи Бонки миллии Тоҷикистон, агенти аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъиншуда, узви маъмурияти муваққатӣ, мудир, ки тибқи қонун таъин шудаандаз ҷумла шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд, барои зарар ё оқибати дигар бо амал ё беамалие, ки мутобиқи вазифаю ўҳдадориҳои хидматӣ ва дар рафти иҷрои онҳо аз номи Бонки миллии Тоҷикистон расонидаанд, ҷавобгар намебошанд, агар бо санади судӣ исбот нашавад, ки ин гуна амал ё беамалӣ беэҳтиётии дағалона мебошад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон ба шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда, ки ўҳдадориҳои вазифавии худро бовиҷдонона иҷро намудаанд, ҷуброни ҳар гуна хароҷоти марбут ба ҳимояи онҳоро аз даъвои судӣ кафолат медиҳад, ба истиснои ҳолатҳои дар содир намудани ҷиноят гунаҳкор эътироф шудани онҳо, инчунин дар сурате, ки аз болои чунин қарор дар ҳолатҳои муайян шикоят оварда шудааст. Кафолат ҷуброни ҳама гуна пардохтро аз рӯи созиши оштӣ, мутобиқи қарори суд ё ҳуҷҷати иҷро, ки нисбат ба шахсони мазкур бароварда шудааст, низ фаро мегирад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 80. Бархӯрди манфиатҳо
  1. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни дигари Бонки миллии Тоҷикистон наметавонанд ягон хел манфиатҳои кориро, ки дорои хусусияти тиҷоратӣ, қарзӣ ё хусусияти дигаранд, намояндагӣ кунанд ва дар қабули қарор оид ба ин масъалаҳо иштирок намоянд, агар онҳо хилофи вазифаҳои хизматиашон бошанд.
  2. Аъзои Раёсат ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон бояд аз ҳар гуна ҳолате, ки сабаби ба вуҷуд омадани бархўрди манфиатҳо мегардад, канораҷўӣ намоянд.
  3. Роҳбарият ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд:
— кори дигари музднокро, ба истиснои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омўзгорӣ иҷро намоянд;
— узви мақоми идоракунии (назоратии) ташкилотҳои қарзии молиявӣ бошанд;
— молик ё идоракунандаи бовариноки зиёда аз панҷ фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ташкилотҳои қарзии молиявӣ бошанд.
  1. Ба узви Раёсат ё корманди Бонки миллии Тоҷикистон аз ягон шахс гирифтани тўҳфа ё қарз барои худ, ки ин рафтор барои беғаразона иҷро намудани вазифаҳои ў дар Бонки миллии Тоҷикистон халал мерасонад, манъ аст. Риоя накардани тартиби мазкур аз тарафи аъзои Раёсат ё хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон вайронкунии ҷиддии интизоми меҳнат ҳисоб мешавад. Чунин қоидавайронкунӣ аз тарафи хизматчиён метавонад барои истифодаи ҷазои интизомӣ, аз ҷумла аз кор озод намудан бе пардохтани ҷубронпулӣ асос шавад.
  2. Вақте ки масъалаи вобаста ба манфиатҳои шахсии молиявӣ ба муҳокимаи Раёсат гузошта мешавад, узви Раёсат, ки масъала бевосита ба манфиатҳои шахсии молиявии вай дахл дорад, дар оғози муҳокима онро ифшо карда, дар муҳокима иштирок намекунад. Муҳокимаи масъалаи мазкур ва қабули қарор бе иштироки ў сурат мегирад. Бо мақсади ташкили кворум иштироки ин узви Раёсат ба ҳисоб гирифта намешавад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 81. Махфият
  1. Аъзои Раёсат, аз ҷумла аъзои собиқи он, кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони собиқи он ҳуқуқ надоранд маълумотеро, ки сирри Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад ва ҳангоми иҷрои вазифаашон дар Бонки миллии Тоҷикистон ба онҳо маълум шудааст, фош намоянд ва маълумоти мазкурро ба мақсадҳои шахсӣ истифода баранд.
  2. Шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур қайдгардида метавонанд маълумотеро, ки сирри Бонки миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, дар ҳолатҳои зерин фош намоянд:
— дар сурати розигии ошкорои шахсе, ки ин маълумот ба вай тааллуқ дорад;
— агар манфиатҳои Бонки миллии Тоҷикистон фош намудани чунин маълумотро дар мурофиаи судӣ талаб кунанд;
— ҳангоми аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон, бо талаби аудиторон;
— дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун(ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
 
БОБИ 12. АУДИТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
 
Моддаи 82. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон
  1. Ба ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон бояд хулосаи аудиторӣ дода шавад. Аудити берунии Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи стандартҳои байналмилалии аудит гузаронида мешавад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати эътирофшудаи аудиторӣ, ки ғолиби озмун гардидааст, қарордод мебандад ва ҳисоботу иттилооти барои гузаронидани аудит заруриро пешниҳод мекунад.
  3. Қарордод дар бораи гузаронидани аудит бояд ҳаҷми иттилооти ба ширкати аудиторӣ пешниҳодшаванда, инчунин масъулияти онро барои ба шахсони сеюм додани иттилооти гирифташуда пешбинӣ кунад.
  4. Як ширкати аудиторӣ наметавонад пайваста бештар аз панҷ сол аудити Бонки миллии Тоҷикистонро гузаронад.
  5. Муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» нисбат ба ширкатҳои аудитории хориҷие, ки аудити Бонки миллии Тоҷикистонро мегузаронанд, татбиқ намегардад.
  6. Аудити Бонки миллии Тоҷикистон оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ, хизматрасонии буҷети ҷумҳуриявӣ, гардиши маблағҳои буҷетӣ ва қарзи давлатиро Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад. (ҚҶТ 26.07.14,№1112)
 
Моддаи 83. Аудити дохилӣ
  1. Аудити дохилии Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Департаменти аудити дохилӣ амалӣ гардонда мешавад.
  2. Ба Департаменти аудити дохилӣ сараудитори Бонки миллии Тоҷикистон, ки ўро раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо розигии Раёсат ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, роҳбарӣ мекунад. Сараудитор ба мўҳлати панҷ сол таъин гардида, метавонад ба ин вазифа боз аз нав таъин шавад. Сараудитор бояд шахси дорои таҷрибаи кофии касбӣ дар соҳаи ҳисобдорӣ ва аудити бонкӣ бошад.
  3. Сараудитор аз вазифа тибқи асосҳое, ки барои аз вазифа озод кардани аъзои Раёсат пешбинӣ шудаанд, озод карда мешавад.
 
Моддаи 84. Кумитаи аудити Бонки миллии Тоҷикистон
  1. Раёсат бо мақсади огоҳии саривақтӣ аз вазъи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, баҳодиҳии низоми назорати дохилӣ ва идорасозии хавфҳо, таҳлили кори аудити дохилӣ ва берунӣ, инчунин пешниҳоди тавсияҳо доир ба масъалаҳои баррасишаванда кумитаи аудитро таъсис дода, тартиби фаъолияти онро муайян менамояд.
  2. Кумитаи аудит аз се нафар аъзои Раёсат иборат буда, аксари онҳо, аз ҷумла раиси он аз ҳисоби аъзои мустақили Раёсат интихоб мегардад.
 
 
 
БОБИ 13. ОМОР  ВА  ИТТИЛООТ
 
Моддаи 85. Таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмўии беруна
  1. Бо мақсади таҳияи тавозуни пардохт, мавқеи сармоягузориҳои байналмилалӣ ва қарзи маҷмўии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ аз субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пешниҳоди маълумотро оид ба амалиёти иқтисодии хориҷии онҳо талаб мекунад.
  2. Субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
Моддаи 86. Ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва иттилоот
Бонки миллии Тоҷикистон:
— маълумоти оморӣ ва иттилоотро, ки бо иҷрои вазифаҳояш алоқаманданд, ҷамъоварӣ, таҳия, таҳлил ва нашр менамояд;
— феҳрист ва шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва дигар маълумоти зарурии омории ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳодшаванда ва мўҳлати пешниҳоди онро муайян мекунад;
— тартиби махфият ва масъулиятро мутобиқи қонун дар ҳолати риоя накардани тартиботи пешниҳоди маълумоти оморӣ муайян мекунад;
— дар ҷамъоварӣ, таҳия ва нашри маълумоти оморӣ ва иттилоот, қабули меъёрҳои байналмилалии паҳнкунии маълумот бо мақомоти  давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамкорӣ менамояд.
 
Моддаи 87. Интишори маълумоти оморӣ ва иттилоот
Бонки миллии Тоҷикистон инҳоро ба нашр мерасонад:
— маълумоти оморӣ ва иттилоот;
— методологияе, ки барои ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва иттилооти дахлдор истифода бурда мешавад.
 
БОБИ 14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 88. Ҷавобгарӣ барои риоя  накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани  Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
             Моддаи 881. Баррасии баҳсҳо
Новобаста ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дар рафти дилхоҳ баррасии судӣ ё арбитражӣ бо ҷавобгарии Бонки миллии Тоҷикистон, аъзои Раёсат, корманд, намоянда, мушовир ё машваратдеҳи берунаи Бонки миллии Тоҷикистон, агенти аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таъиншуда, узви маъмурияти муваққатӣ ё мудир, ки тибқи қонун таъин шудаанд ва вазифаҳояшонро дар назди Бонки миллии Тоҷикистон иҷро карда истодаанд, инчунин шахсоне, ки қаблан чунин вазифаҳоро ишғол мекарданд:
а) суд ё арбитраж барои қабули қарори худ ғайриқонунӣ, худсарона ё беасос амал кардани ҷавобгарро дар заминаи  далелҳои мавҷуда ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор метавонад санҷад;
б) дар давраи баррасии судӣ ё арбитражӣ, инчунин баррасии шикоятҳо дар ҳама марҳилаҳои минбаъда ё баррасии дигари судии бо шикоят алоқаманд, амали қарори таҳти баҳс қарордоштаи Бонки миллии Тоҷикистон бе маҳдудият идома меёбад ва ба таъхир гузошта, боздошта, ё бекор карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои исбот шудани аломати ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунии қасдона дар амалҳои Бонки миллии Тоҷикистон;
в) агар суд ё арбитраж муайян намояд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо амалҳои худ ба шахсони сеюм зарар расондааст ва барои ин амалҳо ҷавобгар  мебошад, барои тарафи ҷабрдида ҷуброни моддӣ мерӯёнад. (ҚҶТ аз 03 авг соли 2018 №1548)
 
 
Моддаи 89. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1996, №24, мод. 410; с.2001, №4, мод. 173; с.2002, №11, мод. 672; с.2004, №12, қ.1, мод. 690; с.2007, №7, мод. 680; с.2009, №7-8, мод. 502) аз эътибор соқит  дониста шавад.
Моддаи 90. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
 
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                Эмомалӣ Раҳмон
 
ш. Душанбе 28 июни соли 2011
№722

Илова кунед