Қонуни Ҷумҳурии дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ

29 Декабр 2010, Чоршанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, №12, қ-1, мод. 831, соли 2018, №1, мод.14)
 Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2010, № 204 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010 № 11, моддаи 740) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2010, № 106 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, № 12, моддаи 876) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
Қонуни мазкур ҳифзи ҳуқуқии навъҳои растаниро ба танзим дароварда, асосҳои ҳуқуқии пешниҳод ва ҳифзи ҳуқуқҳои селексионерро муайян менамояд.
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
— навъи растанӣ — гурўҳи набототии растаниҳое мебошад, ки ба табақаи (таксони) хурдтарини маълуми набототӣ мансуб буда, новобаста аз пурра қонеъ карда тавонистани шартҳо барои пешниҳоди ҳуқуқи селексионер метавонад аз рўи дараҷаи зоҳиршавии аломатҳое, ки натиҷаи татбиқи генотипи мазкур ё комбинатсияи гепотипҳо муайян гардад, аз ҳама гуна гурўҳҳои дигари растаниҳо бо дараҷаи зоҳиршавии ақаллан яке аз аломатҳо фарқ кунад, ҳамчун ҷузъи ягона аз нуқтаи назари қобилияти афзоиш ва ҳосилкунии растании комили ин навъи растанӣ баррасӣ шавад;
— селексионер – шахсе, ки навъи растаниро баровардааст ё навъеро кашф карда такмил додааст ё корфармои ў ва ё ворисони ҳуқуқии онҳо;
— шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер – ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи селексионерро барои ҳифзи навъи растанӣ тасдиқ менамояд;
— Феҳристи давлатии навъҳои ҳифзшавандаи растанӣ (минбаъд – Феҳрист) – махзани давлатии иттилоотӣ дар бораи навъҳои ҳифзшавандаи растанӣ, ки пешбурди он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ амалӣ карда мешавад; (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
— ҳуқуқи селексионер – ҳуқуқи селексионер ба навъи нави растанӣ, ки онҳоро Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд;
— Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ – иттиҳоди байналмилалие, ки онро давлатҳо ё ташкилотҳои байниҳукуматӣ – иштирокчиёни Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ бо мақсади расонидани кўмак дар рушди соҳаи кишоварзӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқи селексионерон таъсис додаанд;
   — аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ – давлатҳо ё ташкилотҳои байниҳукуматӣ – иштирокчиёни Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ;
— дархостдиҳанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои ба даст овардани ҳуқуқи селексионер ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ дархост пешниҳод намудааст;
   — вориси (ворисони) селексионер — шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вориси ҳуқуқии селексионер эътироф карда мешавад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур ба ҷинсҳо ва намудҳои растаниҳо, ки номгўи онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян мекунад, татбиқ мегардад ва он баъди на бештар аз 10 сол аз санаи мавриди амал қарор гирифтанаш нисбат ба тамоми ҷинсҳо ва намудҳои растаниҳо мавриди амал қарор дода мешавад.
 
Моддаи 4. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ
  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба санҷиш, бақайдгирӣ ва ҳифзи навъҳои растанӣ (минбаъд — мақоми ваколатдори давлатӣ) пешбурди сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи навъҳои растанӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Мақоми ваколатдори давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  2. Мақоми ваколатдори давлатӣ ба селексионери навъи растанӣ ҳуқуқи селексионери навъи растанӣ ва шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерро медиҳад, ки он ҳуқуқи ўро барои ҳифзи навъи растанӣ тасдиқ менамояд.
  3. Мақоми ваколатдори давлатӣ вобаста ба ҳифзи навъҳои растаниҳо дорои ваколатҳои зерин мебошад:
— пешбурди Феҳристро амалӣ месозад ва дастрас будани маълумоти онро таъмин менамояд;
— масъалаҳоро оид ба ташхиси (экспертиза)-и дархостҳо ҳал мекунад;
— дар ҳолати ба шартҳои пешбининамудаи моддаҳои 8-11 Қонуни мазкур ҷавобгў будани навъи растанӣ, шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерро медиҳад;
— тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ваколатҳоро амалӣ менамояд.
  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои ҳифзи навъҳои растанӣ, аз ҷумла оид ба расмиёти баррасии дархостҳо барои гирифтани ҳуқуқи селексионер, номи навъи растанӣ, ташхиси дархостҳо, нашри иттилооти даврӣ, расмиёти шикоят намудан ва санаи қайди навъи растанӣ дар Феҳрист қоидаю дастурамалҳо таҳия мекунад, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатии идоракунӣ дар соҳаи кишоварзӣ тасдиқ карда мешаванд. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
Моддаи 5. Пешниҳоди хизматрасонии музднок
Маблаѓи хизматрасоние, ки мақоми ваколатдори давлатӣ барои қабули дархост, гузарондани ташхиси навъи нави растанӣ, додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер, интишори иттилооти расмӣ, аз ҷумла ворид намудани таѓйирот ба дархост, пешниҳоди иқтибос аз Феҳрист, замима ва нусхаҳо анҷом медиҳад, аз ҷониби дархостдиҳанда бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
БОБИ 2.
ШАРТҲОИ ПЕШНИҲОДИ ҲУҚУҚИ СЕЛЕКСИОНЕР
 
Моддаи 6. Ҳуқуқ барои ҳифзи навъи растанӣ
  1. Селексионер барои ҳифзи навъи нави растание, ки дастоварди фаъолияти селексионии ў мебошад ва ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ҳуқуқ дорад.
  2. Ҳуқуқи селексионер бо додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ё дигар шакли ҳуҷҷати муҳофизатӣ, ки аз ҷониби давлати иштирокчии Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ дода шудааст, тасдиқ карда мешавад.
  3. Ҳуқуқи селексионер мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон татбиқ ва ҳифз карда мешавад.
  4. Селексионер ҳукуқ дорад барои офаридан ё кашф намуда такмил додани навъи нави растанӣ подош гирад. Дар шартнома бо истифодабарандагони навъи нави растанӣ андоза, шартҳо ва мўҳлати пардохти подош муайян карда мешаванд. Агар навъи нави растанӣ бо иштироки якчанд селексионер офарида ё кашф намуда такмил дода шуда бошад, подош тибқи созишнома байни онҳо тақсим карда мешавад.
  5. Ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи навъи нави растанӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар шахс ё шахсон (ворисон) дода мешавад ё мегузарад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
Моддаи 7. Меъёрҳо барои ҳифзи навъи растанӣ
  1. Ҳуқуқи селексионер дар ҳолати ҷавобгў будани навъи растанӣ ба меъёрҳои ҳифзи растанӣ дода мешавад.
  2. Меъёрҳои зерин барои додани ҳуқуқи ҳифзи навъи нави растанӣ асос мебошанд:
— навин будан;
— фарқкунандагӣ;
— ҳамгунӣ;
— устуворӣ. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  1. Додани ҳуқуқи селексионер аз шартҳои иловагӣ ё фарқкунандае, ки дар қисми 2 моддаи мазкур номбар шудаанд, вобаста намебошад, агар навъи растанӣ мутобиқи моддаи 22 Қонуни мазкур дорои ном бошад ва аз тарафи дархостдиҳанда расмиёти пешбининамудаи Қонуни мазкур риоя гардида бошад.
 
Моддаи 8. Навин будани навъи растанӣ
  1. Навъи растанӣ ҳангоме навин шуморида мешавад, ки агар маводи тухмӣ ё сабзонидашудаи ин навъи растанӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз як сол то санаи супоридани дархост ба мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи худи селексионер ё бо розигии ў фурўхта нашуда бошад ё бо баъзе роҳҳо ба шахсони дигар барои истифода дода нашуда бошад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  2. Навъи растанӣ ҳангоме навин шуморида мешавад, ки агар маводи тухмӣ ё сабзонидашудаи ин навъи растанӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта нашуда бошад ё бо дигар роҳҳо аз тарафи худи селексионер ба шахси дигар дода нашуда бошад ва ё бо розигии ў бештар аз чор сол (вобаста ба дарахтон ва токҳои ангур бештар аз шаш сол) то санаи ирсоли дархост ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои истифода дода нашуда бошад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
Моддаи 9. Фарқкунандагии навъи растанӣ
Навъи растанӣ дар ҳолате фарқкунанда ҳисобида мешавад, ки агар он дар вақти додани дархост аз ҳама навъҳои дигари растаниҳои маълуми мавҷудбуда ба таври назаррас фарқ кунад. Аз ҷумла, додани дархост барои гирифтани  ҳуқуқи селексионер ё дохил намудани навъи растанӣ ба Феҳрист дар ҳама давлатҳо навъи растаниро аз санаи супоридани дархост маълум мегардонад, ба шарте ки дар натиҷаи додани ин дархост ҳуқуқи селексионер дода шуда бошад ё навъи растанӣ ба Феҳрист дохил карда шуда бошад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
Моддаи 10. Ҳамгунии навъи растанӣ
Навъи растанӣ ҳамгун ҳисобида мешавад, агар он бо назардошти таѓйироти ҷузъие, ки дар натиҷаи хусусиятҳои афзоиш метавонад ба вуқўъ ояд ва аз рўи аломатҳои ҷинсии худ ба таври кофӣ якхела бошад.
 
Моддаи 11. Устувории навъи растанӣ
Навъи растанӣ устувор ҳисобида мешавад, агар аломатҳои он баъди афзоиши чандкарата ё дар давраи махсуси афзоиш дар охири ҳар як чунин давра бетаѓйир монад.
 
БОБИ 3.
ДАРХОСТ БАРОИ ГИРИФТАНИ ҲУҚУҚИ СЕЛЕКСИОНЕР
 
Моддаи 12. Пешниҳоди дархост барои гирифтани ҳуқуқи селексионер
  1. Дархостдиҳанда барои гирифтани ҳуқуқи селексионер дархости шакли дахлдорро пур карда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод мекунад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  2. Шакли дархост, номгўи хизматрасонӣ, номгўи маълумот, ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ барои гирифтани ҳуқуқи селексионер ва мўҳлати супоридани онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.
  3. Санаи супоридани дархост барои гирифтани ҳуқуқи селексионер санаи қабули дархост, ки он аз рўи тартиби муқарраршуда пешниҳод шудааст, ба ҳисоб меравад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  4. Селексионер метавонад дархостро барои гирифтани ҳуқуқи селексионер ба воситаи шахси дигари боваринок супорад.
  5. Мақоми ваколатдори давлатӣ, дар асоси он ки ҳифзи чунин навъи растанӣ зарур намебошад ё пешниҳод барои ҳифзи он рад карда шуда буд ва ё мўҳлати фаъолияти он дар дигар давлат ё ташкилоти байниҳукуматӣ гузаштааст, наметавонад пешниҳоди ҳуқуқи селексионерро рад кунад ё мўҳлати фаъолияти ўро маҳдуд намояд.
 
Моддаи 121. Додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер
  1. Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер ба селексионер (селексионерҳо), вориси ў (ворисони онҳо), дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар дархости ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳоднамудаи селексионер (селексионерҳо) ё вориси ў (ворисони онҳо) нишон дода шудааст, дода мешавад.
2.Мақоми ваколатдори давлатӣ дар сурати пешниҳод намудани дархост аз ҷониби якчанд дархостдиҳанда ба онҳо як Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер медиҳад.
  1. Агар селексионер ҳангоми иҷрои вазифаи хизматиаш навъи нави растаниро офарида ё онро кашф намуда, такмил дода бошад ва дар шартномаи (қарордоди) меҳнатии байни ў ва корфармо тартиби истифодаи навъи нави растанӣ баён нагардида бошад, Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер ба корфармо дода мешавад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
Моддаи 13. Ҳуқуқи афзалият
  1. Селексионере, ки бо тартиби муқарраршуда барои гирифтани ҳуқуқи селексионер ба яке аз аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ дархост додааст («дархости аввал»), дар давоми 12 моҳ аз ҳуқуқи афзалият ҷиҳати супоридани дархост ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои додани ҳуқуқи селексионер ба ин навъи растанӣ истифода мебарад. Ин мўҳлат аз санаи додани дархости аввал ҳисоб карда мешавад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  2. Барои он ки селексионер аз ҳуқуқи афзалият истифода барад, вай дар дархости ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳоднамудааш афзалияти дархости аввалро баён менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз селексионер талаб мекунад, ки вай дар давоми се моҳ аз санаи додани дархост нусхаи ҳуҷҷатҳои дархости аввалро, ки мақоми ваколатдори давлатии дархости аввалро қабулнамуда тасдиқ кардааст, инчунин намуна ё дигар маводи шаҳодатдиҳандаи он, ки ин навъи растанӣ ифодагари ҳар ду дархост мебошад, пешниҳод менамояд. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  3. Ба селексионер барои ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудани ҳама гуна маълумот, ҳуҷҷатҳо ё дигар маводи зарурӣ барои гузаронидани ташхисе, ки дар моддаи 14 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, баъди ба охир расидани мўҳлати ҳуқуқи афзалият ду сол мўҳлат ё дар ҳолати рад ва ё бозхонд карда шудани дархости аввал, баъди чунин раддия ё бозхонд мўҳлате дода мешавад, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ муайян мекунад.
  4. Додани дархости дигар ё нашри он ва ё истифодаи навъи растанӣ, ки матлаби дархости аввал мебошад, дар ҳолате ки агар он ба мўҳлати дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда мувофиқ бошад, наметавонад барои рад намудани дархости баъдина ва пайдо шудани ҳуқуқи шахсони сеюм асос гарданд. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
Моддаи 14. Ташхиси дархост
  1. Қарор оид ба додани ҳуқуқи селексионер баъди гузаронидани ташхис ҷиҳати мутобиқ будани навъи растанӣ ба шартҳои дар моддаҳои 8-11 Қонуни мазкур пешбинишуда қабул карда мешавад. Дар рафти ташхис мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад навъи растаниро сабзонад ё дигар санҷишҳои зарурӣ гузаронад, аз селексионер талаб намояд, ки навъи растаниро сабзонида дигар санҷишҳои заруриро гузаронад ё натиҷаҳои санҷишҳои гузаронидашударо ба эътибор гирад.
  2. Ҳангоми ташхис ҳамаи маълумоти расмӣ оид ба истифодаи қаблии навъи нави растанӣ, инчунин эътирози шахсони сеюм дар бораи ба қайди давлатӣ гирифтани навъи нави растанӣ ва нашри расмии давлатҳои иштирокчии Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растанӣ ба инобат гирифта мешаванд. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  3. Барои мақсадҳои ташхис мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад аз селексионер пешниҳод намудани тамоми маълумот, ҳуҷҷатҳо ё дигар маводи заруриеро талаб намояд, ки номгўи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
 
Моддаи 15. Ҳифзи муваққатӣ
  1. Бо мақсади таъмини манфиатҳои селексионер дар давраи аз санаи додани дархост барои гирифтани ҳуқуқи селексионер ва нашри он то додани чунин ҳуқуқ ҳифзи муваққатӣ таъин карда мешавад. Дар ин давра мақоми ваколатдори давлатӣ барои таъмини манфиатҳои селексионер чораҳо меандешад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  2. Дархостдиҳанда ҳуқуқ дорад ҳангоми дар давраи зикргардидаи қисми 1 моддаи мазкур аз ҷониби дигар шахсон бе иҷозат иҷро гардидани амалҳои пешбининамудаи моддаи 16 Қонуни мазкур, ки ҳуқуқҳои дархостдиҳандаро поймол мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброни зарарро талаб намояд. Ҳифзи муваққатӣ нисбат ба амалҳое эътибор дорад, ки ҳангоми додани ҳуқуқ, гирифтани иҷозати селексионерро талаб менамоянд. Агар ҳуқуқи селексионер дода нашавад, ҳифзи муваққатӣ татбиқ карда намешавад.
 (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
БОБИ 4.
ҲУҚУҚҲОИ СЕЛЕКСИОНЕР ВА ДАВОМНОКИИ ҲИФЗИ НАВЪИ РАСТАНӣ
 
Моддаи 16. Ҳуқуқҳои селексионер
  1. Селексионер ба навъҳои нави растанӣ ҳуқуқи истисноӣ дорад, агар истифодаи онҳо ҳуқуқи дигар дорандагони Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионерро поймол накунад. Ҳуқуқи селексионер инчунин ба навъи нави растанӣ, ки аз маводи тухмии ҳифзшаванда офарида шуда, бе иҷозати селексионер мавриди истифода қарор гирифтааст, татбиқ карда мешавад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  2. Барои амалҳои зерин бо маводи тухмии навъи растании ҳифзшаванда гирифтани иҷозати селексионер талаб карда мешавад:
— истеҳсол ё такрористеҳсолкунӣ;
— хушсифат намудан бо мақсади афзоиши он;
— барои фурўш пешниҳод кардан;
— фурўш ё ба тарзи дигар ба гардиши тиҷоратӣ ворид сохтан;
— содирот;
— воридот;
— нигоҳдорӣ барои мақсадҳои зикршуда.
  1. Барои додани чунин иҷозат селексионер метавонад риояи шартҳо ва маҳдудиятҳои муайянро талаб намояд.
  2. Амалҳои дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда нисбат ба маводи навъи растанӣ, аз ҷумла растаниҳои яклухт ва қисмҳои онҳо, ки дар натиҷаи бе иҷозат истифода намудани маводи тухмии навъи растании ҳифзшаванда сабзонида шудаанд, гирифтани иҷозати селексионерро талаб менамоянд, агар селексионер имконияти кофии истифодаи ҳуқуқи худро нисбат ба маводи тухмӣ надошта бошад.
  3. Муқаррароти қисмҳои 2 ва 4 моддаи мазкур инчунин дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд:
— барои навъҳои растаниҳое, ки аслан аз навъи растании ҳифзшаванда сабзонида шудаанд, агар худи навъи растании ҳифзшаванда аз дигар навъи растанӣ сабзонида нашуда бошад;
— барои навъҳои растаниҳое, ки мутобиқи моддаи 9 Қонуни мазкур аз навъи растании ҳифзшаванда чандон фарқияти назаррас надоранд;
— барои навъҳои растаниҳое, ки истеҳсоли онҳо истифодаи бисёркаратаи навъи растании ҳифзшавандаро талаб мекунад.
  1. Маводи тухмии навъи нави растанӣ аз дигар навъи растанӣ (навъи ибтидоӣ) сабзонида ҳисоб мешавад, агар он: (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
— бештар аз навъи ибтидоии растанӣ ё аз навъи растании дигар сабзонида шуда бошад, ки он аз навъи ибтидоии растанӣ сабзонида шудааст ва зимнан дараҷаи зоҳиршавии аломатҳои асосиро, ки натиҷаи татбиқи генотип ё комбинатсияи генотипҳои навъи ибтидоии растанӣ мебошанд, нигоҳ дорад;
— аз навъи ибтидоии растанӣ ба таври назаррас фарқ кунад;
— аз рўи дараҷаи зоҳиршавии аломатҳои асосӣ, ки натиҷаи татбиқи генотип ё комбинатсияи генотипҳои навъи ибтидоии растанӣ мебошанд, ба навъи ибтидоии растанӣ мувофиқат кунад, ба истиснои фарқиятҳое, ки сабабгори пайдоиши онҳо мегарданд.
  1. Маводи тухмии навъи нави растанӣ баровардашударо бо истифодаи интихоби табиӣ, индуксияи мутагенез, таѓйироти сомаклонӣ, интихоб аз растаниҳои алоҳидаи навъи ибтидоӣ, беккросс ё таворуди (трансформатсияи) генҳо бо усули муҳандисии генӣ ба даст овардан мумкин аст. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
Моддаи 17. Истисноҳо аз ҳуқуқҳои селексионер
1.Хуқуқи селексионер ба истифодаи маводи тухмии навъи нави растанӣ, ки бо мақсадҳои шахсии ѓайритиҷоратӣ, барои гузарондани таҷриба ва офаридани навъҳои нави растанӣ, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 5 моддаи 16 Қонуни мазкур зикргардида истифода шуда ё амалҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 4 моддаи 16 Қонуни мазкур, ки нисбат ба ҳамин гуна навъҳои нави растанӣ иҷро мешаванд, татбиқ карда намешавад.
  1. Ҳуқуқи селексионер бо мақсади таъмини манфиатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ нисбат ба навъҳои ҳифзшавандаи растанӣ, ки хоҷагиҳои кишоварзӣ барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маводи тухмӣ истифода менамоянд, метавонад маҳдуд карда шавад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
Моддаи 18. Қатъ гардидани ҳуқуқи селексионер
  1. Ҳуқуқи селексионер ба амалҳо нисбат ба ҳар гуна маводи навъи растании ҳифзшаванда ё навъи растание, ки муқаррароти қисмҳои 5-7 моддаи 16 Қонуни мазкур фаро гирифта, аз ҷониби селексионер ё бо розигии ў дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта шудааст ё ба тарзи дигар ба гардиши тиҷоратӣ ворид шудааст ва ё ҳар гуна маводе, ки аз маводи зикршуда сабзонида шудааст, татбиқ намегардад, агар онҳо бо амалҳои зерин алоқаманд набошанд: (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
— афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маводи тухмии навъи нави растании ҳифзшаванда; (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
— бо содироти маводи навъи растанӣ, ки барои афзоиши навъи растанӣ дар кишваре, ки навъи растании чунин авлод ё намуди наботот ҳифз карда намешавад, ба истиснои содирот бо мақсади истеъмоли ниҳоӣ.
  1. Барои мақсадҳои қисми 1 моддаи мазкур нисбат ба навъи растанӣ ҳамчун мавод фаҳмида мешаванд:
— маводи тухмии ҳама гуна намуди растанӣ;
— маводи растанӣ, инчунин худи растанӣ ва қисмҳои он;
— ҳама гуна маҳсулоте, ки бевосита аз маводи растанӣ гирифта шудааст.
 
Моддаи 19. Маҳдудияти истифодаи ҳуқуқи селексионер
Амалисозии озодонаи ҳуқуқи селексионерро танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардан мумкин аст. Дар ҳолате ки агар чунин маҳдудият зимни аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба шахсони сеюм пешниҳод намудани иҷозат оид ба иҷрои амале, ки барои он гирифтани иҷозати селексионер зарур аст, ба вуҷуд ояд, он гоҳ селексионер подоши моддӣ мегирад.
 
Моддаи 20. Чораҳои танзимкунандаи фаъолияти тиҷоратӣ
Ҳуқуқи селексионер аз ҳама гуна чораҳое, ки бо мақсади ба танзим даровардани истеҳсол, сертификатсия, савдо ё воридоту содироти маводи навъҳои растанӣ пешбинӣ мешаванд, вобаста намебошад, ба истиснои чораҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи навъи растанӣ пешбинӣ шудаанд.
 
Моддаи 21. Мўҳлати амали ҳуқуқи селексионер
Ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи навъи растанӣ ба мўҳлати 20 сол (нисбат ба дарахтон ва токҳои ангур ба мўҳлати 25 сол) аз санаи додани чунин ҳуқуқ амал мекунад.
 
БОБИ 5.
НОМИ НАВЪИ РАСТАНӣ
 
Моддаи 22. Номи навъи растанӣ
  1. Навъи растанӣ бояд ном дошта бошад, ки он аз ҷониби селексионер ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод гардида, ҳамзамон бо дода шудани ҳуқуқи селексионер дар Феҳрист ба қайд гирифта мешавад. Бо назардошти қисми 4 моддаи мазкур ҳеҷ гуна ҳуқуқ нисбат ба номгузорӣ, ки ба сифати номи навъи растанӣ қайд гардидааст, барои истифодаи озоди чунин номгузорӣ вобаста ба навъи растании мазкур ҳатто пас аз гузаштани мўҳлати амали ҳуқуқи селексионер монеъ намешавад.
  2. Номи навъи растанӣ бояд имкон диҳад, ки навъи растанӣ фарқ карда шавад. Номи навъи растанӣ наметавонад танҳо аз рақамҳо иборат бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки он ба таҷрибаи қабулшудаи номи навъи растанӣ мувофиқат намояд. Он набояд нисбат ба аломатҳо, сифатҳо ва мушаххасоти навъи растании мазкур ё шахсияти селексионер ба иштибоҳ барад ё ба нофаҳмиҳо оварда расонад. Аз ҷумла номи навъи растанӣ аз ҳама гуна номе, ки бо он навъи растании мавҷудаи ҳамин намуд ё намуди ба он наздик дар ҳудуди яке аз аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ номгузорӣ шудааст, бояд фарқ дошта бошад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  3. Агар ошкор гардад, ки номи гузошташуда ба талаботи қисми 2 моддаи мазкур ҷавобгўй намебошад, он гоҳ мақоми ваколатдори давлатӣ бақайдгирии онро рад менамояд ва талаб мекунад, ки селексионер дар мўҳлати аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муайяншуда номи дигарро пешниҳод намояд.
  4. Ба ҳуқуқҳои пештар бадастовардаи шахсони сеюм дахолат карда намешавад. Агар мутобиқи ҳуқуқҳои пештар бадастомада, истифодаи номи навъи растанӣ ба шахсе, ки онро бояд мутобиқи қисми 1 моддаи 23 Қонуни мазкур истифода барад манъ бошад, пас мақоми ваколатдори давлатӣ талаб менамояд, ки селексионер ба навъи растанӣ гузоштани номи дигарро пешниҳод намояд.
  5. Навъи растанӣ бояд ба ҳамаи аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ бо як ном пешниҳод гардад. Мақоми ваколатдори давлатӣ номи бо чунин тартиб пешниҳодшударо ба қайд мегирад, танҳо ба истиснои ҳолате, ки агар номи пешниҳодшударо қобили қабул нашуморад. Дар ин ҳолат мақоми ваколатдори давлатӣ бояд аз селексионер талаб кунад, ки номи дигарро пешниҳод намояд.
  6. Мақоми ваколатдори давлатӣ тамоми мақомоти салоҳиятдори аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растаниро оид ба масъалаҳои номи навъи растанӣ, аз ҷумла дар бораи пешниҳод, бақайдгирӣ ва бекор намудани ном бо маълумоти дахлдор таъмин менамояд. Ҳама гуна мақомоти салоҳиятдори зикргардида метавонанд эродҳои худро дар хусуси бақайдгирии номи навъи растанӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ ирсол намоянд.
 
Моддаи 23. Истифодаи номи навъи растанӣ
  1. Ҳар шахсе, ки маводи тухмии навъи растании дар Тоҷикистон ҳифзшавандаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурўш пешниҳод менамояд ё ба гардиши тиҷоратӣ мебарорад, ўҳдадор аст, ки номи навъи растаниро ҳатто пас аз ба охир расидани мўҳлати амали ҳуқуқи селексионер истифода намояд, ба шарте ки агар мутобиқи қисми 4 моддаи 22 Қонуни мазкур ҳуқуқҳои пешакӣ бадастомада барои чунин истифода мамоният накунанд. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  2. Ҳангоми ба фурўш ё ба гардиши тиҷоратӣ баровардани навъи растанӣ мумкин аст, ки номи бақайдгирифташудаи навъи растанӣ якҷоя бо аломати молӣ, номи тиҷоратӣ ё дигар рамзи ба ин монанд истифода бурда шавад. Дар ҳолатҳои истифодабарии якҷоя бояд номи навъи растанӣ ба осонӣ шинохташаванда бошад.
 
БОБИ 6.
БЕЭЪТИБОР ДОНИСТАН ВА БЕКОР КАРДАНИ ҲУҚУҚИ СЕЛЕКСИОНЕР
 
Моддаи 24. Беэътибор донистани ҳуқуқи селексионер
  1. Ҳуқуқи селексионер дар ҳолатҳои зерин аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ беэътибор дониста мешавад:
— агар муқаррар гардад, ки шартҳои дар моддаҳои 8 ё 9 Қонуни мазкур пешбинишуда дар лаҳзаи додани ҳуқуқи селексионер иҷро нашуда бошанд;
— дар ҳолатҳое, ки ҳуқуқи селексионер дар асоси маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи селексионер дода шуда бошад, вале шартҳои дар моддаҳои 10 ё 11 Қонуни мазкур пешбинишуда дар лаҳзаи додани ҳуқуқи селексионер иҷро нашуда бошанд;
— агар ҳуқуқи селексионер ба шахсе дода шуда бошад, ки ў ба ин ҳуқуқ надошта бошад, ба шарте ки чунин ҳуқуқи селексионер ба шахси ҳуқуқдошта гузаронида нашавад.
  1. Беэътибор донистани ҳуқуқи селексионер ё вориси ў аз рўи ҳолатҳои дигаре, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ карда нашудаанд, манъ аст. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
Моддаи 25. Бекор намудани ҳуқуқи селексионер
  1. Агар муқаррар гардад, ки шартҳои дар моддаҳои 10 ё 11 Қонуни мазкур пешбинишуда иҷро намешаванд, мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад ҳуқуқи селексионерро бекор намояд.
  2. Ҳуқуқи селексионер ё вориси ў бекор карда мешавад, агар тибқи дархости дахлдор ва дар мўҳлати муқаррагардида селексионер: (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
— ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот, ҳуҷҷатҳо ё маводеро, ки барои санҷиши нигоҳдории ҳифзи навъи растанӣ заруранд, пешниҳод накарда бошад;
— ҳаққи хизматрасониро вобаста ба нигаҳдории ҳуқуқи ў напардохта бошад;
— дар ҳолате, ки номи навъи растанӣ баъди пешниҳоди ҳуқуқи селексионер бекор карда шуда, номи дигари мувофиқро пешниҳод накарда бошад.
  1. Ҳуқуқи селексионер бо дигар асосҳое, ки дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, наметавонад бекор карда шавад.
 
Моддаи 26. Пеш аз мўҳлат қатъ гардидани ҳуқуқи селексионер
  1. Агар дорандаи ҳуқуқи селексионер ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар хусуси пеш аз мўҳлат қатъ намудани ҳуқуқи селексионер дархост пешниҳод намояд, пас ҳуқуқи селексионер то ба охир расидани санаи муқарраршуда қатъгардида ҳисобида мешавад(RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  2. Агар санаи қатъ гардидани ҳуқуқи селексионер дар дархост нишон дода нашуда бошад, пас санаи қабули дархост дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ намудани ҳуқуқи селексионер аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ҳамчун санаи хотимаёбии ҳуқуқи селексионер муайян карда мешавад(RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
БОБИ 7.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӣ
 
Моддаи 27. Ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ оид ба ҳифзи навъҳои растанӣ
  1. Шахрвандони давлатҳои аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ, инчунин шахсони воқеӣ, ки дар ҳудуди аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ манзили зист доранд ё шахсони ҳуқуқӣ, ки дар қаламравӣ аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ намояндагии бақайдгирифташуда доранд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои он ҳуқуқҳое мебошанд, ки мутобиқи Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
  2. Барои мақсадҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, мафҳуми «шаҳрванд» дар ҳолате, ки агар аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ давлат бошад – барои шаҳрвандони ин давлат ва агар аъзои Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи навъҳои нави растанӣ ташкилоти байниҳукуматӣ бошад – барои шаҳрвандони давлатҳои аъзои ин ташкилот истифода мешавад.
 
Моддаи 28. Ҳифзи ҳуқуқи селексионер
Ҳуқуқи селексионер ба навъи нави растанӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
Моддаи 29. Нашри даврии иттилоот
  1. 1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи ба қайди давлатӣ гирифтани навъи нави растанӣ дар нашриёти даврӣ ва сомонаи интернетии худ иттилооти расмӣ интишор менамояд. Иттилооти расмӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
— дархости аз ҷониби дархостдиҳанда воридшуда барои гирифтани ҳуқуқи селексионер, натиҷаи мусбати ташхиси навъи нави растанӣ, ном ва афзалиятҳои навъ, ному насаб ва номи падари селексионер;
— қарори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба додани Шаҳодатномаи ҳуқуқи селексионер.
  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар нашриёти даврӣ ва сомонаи интернетии худ, инчунин оид ба дигар намудани номи навъи нави растанӣ, беэътибор будани Шаҳодатномаи ҳукуқи селексионер ва маълумоти дигаре, ки ба ҳифзи навъи нави растанӣ дахл дорад, иттилоот интишор менамояд. (RҶТ аз 2.01.2018с. № 1482)
 
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
 
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастовардҳои селексионии зироат»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи дастовардҳои селексионии зироат» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №22, мод. 257; с. 2002, №11, мод. 732) аз эътибор соқит дониста шавад.
 
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                 Эмомалӣ Раҳмон
 
           ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010,
           № 672

Илова кунед