Қонуни Ҷумҳурии дар бораи амнияти озуқаворӣ

29 Декабр 2010, Чоршанбе

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, №12, қ-1, мод. 830, соли 2014,№11,мод.667; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 апрели соли 2019, №1591)
 Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 октябри соли 2010, № 192 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010 № 8-10, моддаи 669) қабул гардидааст.
 
Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2010, № 105 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010, № 12, моддаи 875) ҷонибдорӣ гардидааст.
 
Қонуни мазкур самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамчун қисми таркибии амнияти давлат, тибқи принсип ва меъёрҳои байналмилалии эътирофшуда муайян менамояд.
 
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӣ
 
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
— амнияти озуқаворӣ – вазъи иқтисодии давлат мебошад, ки аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бехатарии озуқавории кишвар таъмин гардида, дастёбии воқеӣ, ки барои ҳаёти солиму фаъол ва рушди демографии ҳамаи аҳолӣ зарур аст, кафолат дода мешавад;
— таъмини амнияти озуқаворӣ – таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва чорабиниҳои дигаре, ки асосан аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим дар сатҳи меъёрҳои муносиби илман асоснок барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва пешгирии бўҳронҳои озуқаворӣ равона шудаанд; (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
— озуқаи ҳаётан муҳим – озуқае, ки аз рўи таркиб ва ҳаҷм асоси меъёри ғизои аҳолии кишварро ташкил медиҳад; (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
-меъёрҳои физиологии истеъмоли озуқа — меъёрҳои илман асоснок ва аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқшудаи  истеъмоли моддаҳои ғизоӣ ва нерў, ки талаботи ҳамаи шахсони солимро бо ғизо ва нерўи зарурӣ қонеъ менамоянд; (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
-бўҳрони озуқаворӣ — вазъияте, ки таъмини аҳолӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим тибқи меъёрҳои физиологии истеъмоли озуқа дар ҳудуд ё қисми зиёди ҳудуди давлат таҳти хатар қарор дошта, хатари мазкур танҳо бо истифодаи чораҳои танзими давлатӣ, дар мавриди зарурат бошад, бо иштироки ташкилотҳои байналмилалӣ бартараф карда мешавад; (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591) 
-истиқлолияти озуқаворӣ — шароити таъмини амнияти озуқавории давлат, ки дар сурати қатъ гардидани интиқоли озуқа аз беруни давлат бўҳрони озуқаворӣ ба амал намеояд;
— сатҳи зарурии истеҳсоли озуқа — сатҳи истеҳсоли озуқа ва ашёи хоми асосии хўрокворӣ аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватанӣ, ки дар асоси талаботи миёнаи сарикасии аҳолӣ ба озуқаи ҳаётан муҳим, бо назардошти тақсимоти аҳолӣ аз рўи синну сол, ҷинс, шароити меҳнат, иқлим, инчунин дигар хусусиятҳои вояи ғизо ва ҳаҷми ҳисобкардашудаи содироти амнияти озуқавории давлатро кафолат медиҳад;
— дастёбии воқеии озуқа- интиқоли мунтазами озуқа ба ҷойҳои истеъмоли он дар ҳаҷме, ки барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ кифоя мебошад;
— дастёбии иқтисодии озуқа- имконияти аз ҷониби аҳолӣ тибқи  меъёрҳои физиологии истеъмоли озуқа харидорӣ намудани озуқа дар шароити мавҷудаи тариқи истеъмол, системаи нарх, сатҳи даромад, кўмакпулиҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳои ҷойдошта; (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
— захираи давлатии озуқа – қисми таркибии захираи моддии давлатӣ, ки бо мақсади пешгирии бўҳрони озуқаворӣ ва (ё) бартараф кардани оқибатҳои он барои истифода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул дода мешавад. (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
 
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти озуқаворӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти озуқаворӣ ба Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
 
Моддаи 3. Таъмини амният ва истиқлолияти озуқаворӣ
  1. Амният ва истиқлолияти озуқаворӣ бо роҳи муҳайё намудани кафолати дастрасии озуқа ба аҳолӣ аз ҳисоби маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи меъёрҳои физиологии истеъмоли озуқа тавассути амалигардонии маҷмўи тадбирҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ таъмин карда мешаванд.
  2. Самтҳои асосии таъмини амният ва истиқлолияти озуқавории кишвар инҳоянд:
— муқаррар намудани номгўи озуқаи ҳаётан муҳим;
— таъмини дастёбии воқеӣ ва иқтисодии озуқаи ҳаётан муҳим;
— таъмини сатҳи зарурии истеҳсоли озуқа ва ташаккули захираи давлатии озуқа, новобаста ба таъсири манфии омилҳои дохилӣ ва беруна;
— ташкили низоми идоракунии бахши кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли озуқаи рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда;
стандартҳо ва меъёрҳо;
— рушди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, аз ҷумла мувофиқ намудани содирот ва воридот;
— татбиқи сиёсати самарабахши аграрӣ;
— ташкили хариди фаврӣ, интиқол ва тақсими озуқаи ҳаётан муҳим барои аҳолӣ ҳангоми ба вуҷуд омадани бўҳрони озуқаворӣ ё хатари ба вуҷуд омадани он;
— мониторинги вазъи бозори озуқа ва ашёи хоми кишоварзӣ;
— рушди технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионии савдои озуқа ва ашёи хоми кишоварзӣ;
 амалӣ намудани назорати давлатии бозори озуқа, аз ҷумла баҳисобгирӣ ва назорати истеҳсол, таҳвили дохилию берунӣ ва ташаккули захираи озуқа;
— таъмини рушди бозори озуқа ва бартараф намудани монеаҳои савдои байниминтақавӣ, аз ҷумла дар хариди маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа барои ташкилотҳои буҷетӣ;
— ташаккули низоми дастрасии озуқа ба гурўҳҳои ниёзманди аҳолӣ.
  1. Ҳангоми ба вуҷуд омадани бўҳрони озуқаворӣ ё хатари он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонанд ба мўҳлати муайян аз рўи меъёр тақсим кардани озуқаро муқаррар намоянд. (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
 
Моддаи 4. Принсипҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ
Принсипҳои асосии таъмини амнияти озуқаворӣ инҳоанд:
— таъмини дастёбии баробари бозори озуқаворӣ ба ташкилоту корхонаҳо новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
— роҳ надодан ба пастравии сатҳи кунунии таъмини амнияти озуқаворӣ дар сатҳи давлатӣ;
— истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаро дар асоси рақобат дастгирӣ кардани давлат;
— ташаккули захираҳои озуқа аз рўи барномаҳои мақсаднок;
— бо мақсади ташаккул ва дастгирии мувозанати бозори дохилии озуқа дар асоси мониторинг қабул намудани қарорҳои идоракунӣ;
— баланд бардоштани аҳамияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, соҳавӣ ва ғайра дар соҳаи истеҳсол, интиқол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа;
— шаффофияти иттилоот оид ба вазъи бозори озуқа;
— созгории пурраи талабот ба маҳсулоти хўрокворӣ;
— ба қонунгузорӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ мутобиқ будани сифати озуқавории истеҳсолшаванда, воридшаванда ва фурўхташаванда;
— ташаккул, азнавкунӣ ва пуррагардонии захираҳои давлатии озуқа новобаста ба таъсири омилҳои дохилӣ ва берунӣ;
— ташкили истеҳсолоти самарабахши аграрӣ дар асоси истифодаи мақсаднок ва идоракунии захираҳои табиӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо озуқа ва саноат бо ашёи хоми кишоварзӣ дар ҳаҷми зарурӣ барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат.
 
Моддаи 5. Тадбирҳои дастгирии давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ
  1. Мақсади дастгирии давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ таъмини талаботи аҳолии давлат ба озуқаи ҳаётан муҳим аз ҳисоби истеҳсоли он аз ҷониби истеҳсолкунандагони ватании маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа мебошад. (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
  2. Тадбирҳои асосии дастгирии давлатӣ инҳоанд:
— рушди заминаи моддию техникии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ бо назардошти фаъолияти самараноки иншоотҳои мелиоративӣ ва обёрикунанда дар асоси лизинги техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ;
— маблағгузории барномаҳои таъмини илмии пешбурди соҳа, мукаммалгардонии механизмҳои ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои кишоварзӣ ва коркард оид ба рушди тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ, селексияи растанӣ ва зотпарварӣ;
— мусоидат ҷиҳати истифодаи технологияҳои пешқадами истеҳсолот, коркард, нигаҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи озуқа;
-мусоидат барои таъсиси иншоотҳои замонавии савдои яклухт (марказҳои тақсимкунӣ, бозорҳо ва маҷмааҳои яклухти озуқа);
— ташаккули системаи самараноки аз истеҳсолкунанда ба истеъмолкунандаи ниҳоӣ расонидани маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хоми кишоварзӣ ва озуқа;
— рушди инфрасохтори нақлиёти анборҳои савдои яклухти озуқа;
— дастгирии илмии мониторинги амнияти озуқаворӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои дигаре, ки тибқи қонунгузорӣ пешбинӣ шудаанд.
 
БОБИ 2.
Салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба
таъмини амнияти озуқаворӣ
 
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ салоҳияти зеринро дорост:
— амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ;
— таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки амнияти озуқаворӣ;
— таъмин намудани мувофиқати озуқаи дар ҳудуди давлат истеҳсол ва фурўхташаванда ба талаботи ҳатмии стандартҳои сифат ва бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ;
— муайян намудани меъёри истеъмоли озуқаи ҳаётан муҳим барои аҳолӣ; (Қ ҶТ аз 27.11.14с., №1158), (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)    
-идора кардани захираи давлатии озуқа ва масъул будан оид ба нигаҳдорӣ, истифода ва барқароршавии он;
-ташкил намудани ташхис ва таҳлили илмии маълумот оид ба таъмини аҳолӣ бо озуқаи ҳаётан муҳим, инчунин омода кардани дурнамои вазъияти амнияти озуқаворӣ; (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
-муайян намудани тартиби гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ дар шароити бўҳронҳои озуқаворӣ;
-таъмин ва гузаронидани мониторинги вазъияти амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани боҷҳои содиротию воридотии мавсимӣ барои озуқаи ҳаётан муҳим;
— амалӣ намудани салоҳиятҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
 
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ
  1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқавориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад ва фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг месозад.
  2. Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дохил мешаванд:
— ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани тартиби ташаккулёбии номгўй ва ҳаҷми захираи зарурии камнашавандаи озуқа;
— амалӣ намудани фаъолият дар самти таъмини бехатарии озуқа;
— таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низоми чорабиниҳо оид ба дастрасии озуқа ба гурўҳҳои ниёзманди аҳолӣ;
— мусоидат ба рушди инфрасохтори бозори дохилии маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа;
— дар шароити буҳрони озуқаворӣ ва таҳдиди он пешниҳод намудани таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани меъёри тақсими озуқаи ҳаётан муҳим;
— якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ муайян намудани нархҳои кафолатноки хариди маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа барои захираи давлатии озуқа;
— амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
 
Моддаи 8. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
-татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба амнияти озуқаворӣ дар ҳудуди худ бо назардошти шароити маҳал;
-таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки минтақавӣ оид ба амнияти озуқаворӣ;
-ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ки амнияти озуқавориро дар вилоят, шаҳр ва ноҳия таъмин менамоянд.
 
Моддаи 9. Чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ дар шароити бўҳрони озуқаворӣ
Дар шароити бўҳрони озуқаворӣ ва ё таҳдиди он мақомоти давлатии ваколатдор:
-аз рўи меъёр тақсим кардани маҳсулоти асосии озуқаро барои мўҳлати муайян муқаррар менамояд;
-нархи кафолатноки ашёи хомро муқаррар намуда, онро барои захираи давлатӣ бевосита аз истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ фавран мехарад;
-чорабиниҳои дигареро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
 
Моддаи 10. Барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ
  1. Барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ таҳия ва бо тартиби дар қонунгузорӣ пешбинигардида тасдиқ карда мешаванд. (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
  2. Барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ чорабиниҳоро доир ба татбиқи маҷмўи чораҳои дастгирии давлатӣ, ки дар қисми 2 моддаи 5 Қонуни мазкур муқаррар шудаанд, пешбинӣ менамоянд.
 
Моддаи 11. Захираи давлатии озуқа
  1. Захираи давлатии озуқа барои пешгирии таъмини номўътадили аҳолӣ бо озуқа, инчунин барои расонидани кўмаки башардўстона мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад.
  2. Захираи давлатии озуқа иборат аст аз:
— фонди захиравии озуқа;
— маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаи дар доираи ҷойгиронии фармоиши давлатӣ харидашуда;
— маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқаи дар гардиш қарордошта. (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
 
БОБИ 3.
ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТӣ ОИД БА АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӣ
 
Моддаи 12. Иттилоот ва мониторинг оид ба амнияти озуқаворӣ
  1. Иттилоот оид ба амнияти озуқаворӣ аз маълумоти зерин иборат мебошад:
-вазъияти истеҳсоли озуқа, таъминот ва истеъмоли он, ҷараёни тағйирёбии нишондиҳандаҳо;
-тавозуни ҷумҳуриявӣ ва минтақавии сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа;
-вазъияти рушди маҷмааи агросаноатӣ, саноати хўрокворӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, ҷангал ва шикор;
-маълумот оид ба озуқаи истеҳсол ва воридгардида, ҳаракат, нарх ва сифати он, инчунин ҷараёни тағйирёбии истеъмоли он дар давоми соли тақвимӣ;
— маълумот оид ба ҳолати захираи давлатии маҳсулоти кишоварзӣ;
— вазъият ва равандҳои рушди бозорҳои дохилӣ ва хориҷии маҳсулот ва ашёи хоми кишоварзӣ;
— маълумот оид ба иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ;
-маълумот дар бораи муқаррар намудани регламентҳои техникӣ, стандарт ва меъёрҳои давлатӣ оид ба таъмини сифат ва бехатарии озуқа;
— даромади гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ;
-хароҷоти воқеии истеъмоли озуқа;
-сатҳи бекорӣ.
  1. Тартиби пешниҳоди маълумотро дар соҳаи амнияти озуқаворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
 
Моддаи 13. Тавозуни сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа
  1. Тавозуни сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа асоси системаи ҳисоби арзёбии сатҳи амнияти озуқаворӣ ва истиқлолияти озуқаворӣ, инчунин заминаи банақшагирии истеҳсол ва таҳвили озуқаи ҳаётан муҳим мебошад.
  2. Тавозуни солонаи сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ тартиб дода мешавад.
  3. Дар асоси таҳлили вазъият ва дурнамои сатҳи зарурӣ ва воқеии истеҳсоли озуқа ва истеъмоли он мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ:
— ҳаҷми зарурии таҳвили озуқаи ҳаётан муҳим;
-сатҳи пасттарини ҷоизи захираи маҳсулоти озуқаи ҳаётан муҳим дар бозори маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқа;
— сатҳи баландтарини ҷоизи хароҷоти хариди озуқаро тасдиқ менамояд. (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
 
Моддаи 14. Сифат ва бехатарии озуқа барои истеъмол
  1. Сифат ва бехатарии озуқа барои истеъмол, ки дар ҳудуди давлат аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ истеҳсол, ворид ва фурўхта мешаванд, бояд ба талаботи регламентҳои дахлдори техникӣ, меъёр ва қоидаҳои санитарӣ, байторӣ, фитосанитарӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда мувофиқ бошанд.
  2. Назорати давлатии таъмини бехатарии озуқа барои истеъмол ва сифати он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон амалӣ карда мешавад.
  3. Маҳсулоти кишоварзӣ, ашёи хом ва озуқавории ба ҳудуди давлат воридшаванда бояд дар бораи дар таркиби онҳо мавҷуд будан ё набудани манбаи ирсии тағйирёфта маълумот дошта бошанд. (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
 
Боби 4.
Муқаррароти хотимавӣ
 
Моддаи 15. Шўрои амнияти озуқаворӣ
  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозии идоракунӣ ва қабули қарорҳои стратегӣ ва фаврӣ вобаста ба таъмини мўътадил ва мунтазами аҳолӣ бо озуқаворӣ Шўрои амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис медиҳанд. (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
  2. Шўрои амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми машваратӣ буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шўрои амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи худро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, ба роҳбарӣ мегирад.
 
Моддаи 16. Таъмини амнияти озуқаворӣ
Амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳолатҳо таъмингардида ҳисобида мешавад, агар:
— истеҳсоли солонаи озуқаи ҳаётан муҳим на камтар аз 80 фоизи талаботи солонаи аҳолиро ба намудҳои озуқа ташкил диҳад;
— сифат, ғизонокӣ ва бехатарии озуқаи ҳаётан муҳими ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардашуда тибқи қонунгузорӣ ба регламентҳои техникӣ ва талаботи меъёрҳои физиологӣ ҷавобгў бошанд;
— дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини кафолатноки аҳолӣ бо озуқаворӣ дар ҳаҷми на камтар аз миқдори тавсияшавандаи истеъмол мавҷуд бошад. (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
 
Моддаи 17. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (Қ ҶТ аз 04.04.2019с., №1591)
 
Моддаи 18. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                Эмомалӣ Раҳмон
 
           ш. Душанбе, 29 декабри соли 2010,
           № 671

Илова кунед